11 Oct 2024
Submitted by Admin
274

Директори Институти забон ва адабиёти

ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ., д.и.ф., профессор

Шарифзода Фарангис Худоӣ

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

Андар чигунагии ҷашни Меҳргон

Меҳргон омад, гирифта фолаш аз некӣ мисол

Неквақту некҷашну некрӯзу некҳол.

Унсурӣ

Меҳргон яке аз маросимҳои аҷдодии мо аст, ки дар оғози фасли тирамоҳ – ҳангоми эътидоли шабу рӯз баргузор мешуд ва дар тӯли таърих, бино бар тафовут дар тақвимҳои гуногун, замони он иваз шудааст. Меҳр ба рӯзи шонздаҳуми ҳар моҳ аз тақвими хуршедӣ ва моҳи ҳафтуми он гӯянд ва ба ҳам омадани рӯзи Меҳр бо моҳи Меҳрро Меҳргон (аз Меҳр ва пасванди ҷамъбандии -гон) хонанд. Меҳр баргирифта аз авестоии miθra, дар ориёӣ miθrakāna - ҷашни Митро (Mithra) ва рӯзи 16-уми моҳи Меҳр (меҳррӯз) ҷашни Меҳргони хурд ва Меҳргони омма ва рӯзи 21-уми моҳи Меҳр (ромрӯз) ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хосса барпо мешуд. Ва низ “Меҳргони бузург ва Меҳргони хурдак” номи пардаест дар илми мусиқӣ (Фарҳанги Низом). Дар забони арабӣ муарраби ин вожа Меҳрҷон ба маънии ид, ҷашнвора, фестивал истифода мешавад. Арманиҳо маросими диниеро бо номи Меҳекон – рӯзи пирӯзии паҳлавон Георг ва гурҷиҳо маросими Меҳраканисайро баргузор мекунанд.

Аз куҳантарин сарчашмаҳо дар бораи ҷашни Меҳргон “Китоб-ут-тоҷ”-и Ҷоҳиз, “Таърихи Табарӣ”-и тарҷумаи Балъамӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ буда, дар бархе аз мутуни зардуштӣ ҳам гузоришҳое аз моҳи Меҳр то замони мо расидаанд. Дар осори зардуштӣ Меҳри эзад ва фариштаи муваккили рушанӣ ва паймонҳо ситоишу парастиш шудааст, аз ҷумла дар Меҳряшти Авесто (банди 13) омадааст, ки “Меҳр эзади нигаҳбони фурӯғ ва посдори паймон, нахустин эзадест, ки пеш аз дамидани Хуршед аз кӯҳи Ҳара ба саросари сарзаминҳои эронӣ менигарад” (Авесто, 625). Инчунин ин ҷумла бар таърифу тамҷиду парастиши фариштаи Меҳр дар Авесто борҳо омадааст: “Меҳр – шаҳриёри ҳама сарзаминҳоро меситоем, ки Аҳура Маздо ӯро фаррамандтарини эзадони менуӣ биофарид” (Авесто, 437). Ё дар асари паҳлавии “Сирӯзаи кӯчак, сирӯзаи бузург” дар бахши андар ситоиши ”Меҳри фарохчарогоҳи ҳазоргӯши беварчашм” чунин омадааст: “Эй Меҳр, андар гетӣ ва мену, касе фаррухтар аст, ки ба ҳеҷ ойина меҳрдуруҷӣ накунанд на бо ҳамдинон ва на бо друвандон ва низ на бо он кас, к-аш аз паймон шикастан зиён кам аст. Чи ҳар ду меҳр (паймон) аст <бо> ашавон ва низ <бо> друвандон. Ба василаи ту, эй меҳртухмаи мардумон, дар гетӣ ороста аст, ки пайванди ҷаҳониён ба роҳи ту биравад”. Ва дар андарзҳои зардуштӣ дар бораи фазилатҳои рӯзи Меҳр омадааст, ки дар ин рӯз шафоат хостан дуруст аст: “меҳррӯз агарат аз касе гиламандие абар расидааст, пеши Меҳр-эзад аз Меҳр доварӣ хоҳ ва гила кун!” (Аша Р. Озарбоди Маҳраспандон).

Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” андешаҳои мухталифу ҷолиберо аз донишмандон ва ашхоси муътабар ба монанди Салмони Форс, Эроншаҳрӣ, Саид ибни Фазл, Кисравӣ овардааст, ки ривоятҳое ҳастанд дар бораи номи Меҳргон ва пайдоиши ин ҷашн ва фазилатҳои он:

- Меҳр номи офтоб аст “ва чун дар ин рӯз Офтоб барои аҳли олам пайдо шуд”, ин рӯзро Меҳргон номиданд ва “то сӣ рӯзи тамом барои табақоти мардум монанди он ки дар Наврӯз гуфта шуд, ид қарор доданд. Ва барои ҳар табақе панҷ рӯз ид донистанд”.

- Рӯзи 16 Меҳрмоҳ, ки меҳррӯз ном дорад иди Меҳргон баргузор мешавад.

- Дар рӯзи 16-уми Меҳрмоҳ, яъне дар Меҳргон “ҳар чизе, ки дорои сабзиш бошад, дар ин рӯз ба охири сабзиши худ мерасад ва маводи сабзиш аз он қатъ мешавад”.

- Дар ин рӯз Худованд “барои зинати бандагони худ ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард..., аз нуру зулмат байни Наврӯзу Меҳргон паймон гирифт... ва моҳро, ки курае сиёҳ ва бефурӯғ буд, баҳо ва ҷило бахшид. Ва бад-ин сабаб гуфтаанд, ки моҳи Меҳргон аз Офтоб бартар аст ”.

- “Ҳар касе бомдоди Меҳргон қадре анор бихӯрад ва гулоб бибӯяд, офати бисёр аз ӯ дур хоҳад шуд”.

- Ба ривояти дигар пас аз ҳазор соли тарсу ранҷи мардум аз Беварасп, ки тозиён ӯро Заҳҳок хонанд, аз ҷониби Фаридун мағлуб шуда, ба кӯҳи Дамованд фиристода шуд ва он рӯз ҷашни Меҳргон баргузор шуд.

- Дар рӯзи Меҳргон “ба сипоҳиёну хидматгорон чизу чораи тирамоҳию зимистонӣ медиҳанд”.

Дар “Таърихи Табарӣ” низ ривояте аз ҷашни Меҳргон ва пайванди он бо пирӯзии Фаридун ва бар тахт нишастанаш омадааст: “Афридун зафар ёфт ва Заҳҳокро бигирифту бикушт ва ҳамон рӯзгор тоҷ бар сари Афридун ниҳода, ҷаҳон бар вай супурд ва он меҳррӯз буд аз меҳрмоҳ ва онро Меҳргон ном карданд ва Афредун ба мулк нишаст” (Таърихи Табарӣ, Фарҳанги Низом).

Дар “Шоҳнома”-и ҳаким Фирдавсӣ низ ҷашни Меҳргонро ба рӯзи ба тахт нишастани Фаридун мансуб дониста, аз ойинҳои кеши ӯ будани Меҳргон таъкид шудааст:

Чунон чун Фаридуни Фаррухнажод,

Дар ин Меҳргон тоҷ бар сар ниҳод.

***

Бикард андар он кишвар оташкада,

Бад-ӯ тоза шуд Меҳргону Сада.

***

Парастидани Меҳргон дини ӯст,

Таносониву хӯрдан ойини ӯст.

Муаллифи “Фарҳанги Низом” Сайид Алӣ Низом дар бораи арзиши ҷашни Меҳргон мегӯяд, ки “агарчи баъд аз Ислом иди Меҳргон аз аҳамияти динӣ афтода буд, валекин аз ҷиҳати ин ки ёдгори фатҳи Фаридуни Пешдодӣ – подшоҳи қадими афсонаии Эрон буда ва дар аввали поиз ҳам воқеъ шуда буд, ки ҳаво муътадил ва муқтазии ишрат аст, муддате нигоҳ дошта шуд ва баъд матрук гардид”. Дар аксари ривоятҳои ҷойдошта ҷашни Меҳргонро мисли ҷашни Наврӯз ба шоҳони Эрони бостон нисбат додаанд ва Рӯдакӣ дар ин маврид гуфта:

Малико ҷашни Меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону хусравон омад.

Манобеи дигаре, ки аз ривоҷи ин ҷашн ва дигар ойинҳо дар замонҳои бостон маълумот медиҳад, осори тарҷумашудаи бостонии эронӣ ба забони арабӣ дар аҳди хилофати арабҳо мебошад. Яке аз қадимтарин гузориш дар бораи Наврӯз ва Меҳргонро дар асари “Китоб-ут-тоҷ” дармеёбем, ки аз ҷониби дабире порсӣ дар қарни VIII навишта шудааст ва иштибоҳан онро ба Ҷоҳиз (159/766-255/869) мансуб донистаанд. Маълумоти ин китоб дар бораи вижагиҳои ҷашнҳои бостонии мо хеле ҷолиб ва дар баробари он хеле қадимтар аз маъхазҳои дастрас мебошад. Матн мансуб ба даврони Сосониён аст ва дар он сухан аз ҷашни Наврӯз – эътидоли тобистонӣ ва ҷашни Меҳргон – оғози зимистон рафта, далели рушани вуруди ин ойинҳо ба ҷомеаи мухталифақвоми хилофат аз арзиши байналмилалии ин ҷашнҳо дар замонҳои бостон гувоҳӣ медиҳад. Дар китоб матни порсиг (паҳлавӣ) бо тарҷумаи арабии он омадааст. Дар боби “Ҳадоёи Наврӯз ва Меҳргон” (dāšnīhā ī mihragān ud nōgrōz) омадааст: “Дар ҷашни Наврӯз ва Меҳргон месазад, шоҳ ҳадяҳо бахшад, зеро ду замони (фасли) сол зуҳур меёбад. Меҳргон расидани зимистон ва фасли сард аст ва Наврӯз – навиди оғози фасли гарм. Дар Наврӯз кору назм чандон зиёд аст, ки дар Меҳргон нест: чунонки пазироии сол ва кушодани хироҷ, задани сиккаи дираму динор, гуморидан (таъйин)-и коргарон, покиза кардани оташкадаҳо ва пошидани об ва ниёиш кардан (хондани дуо), бун афкандани хону мон (хонатаконӣ) ва ин аст (тафовути) равиши баргузории Наврӯз аз Меҳргон.

Дар Наврӯз ва Меҳргон ҳадя додани шоҳ суннат аст, ба хурду бузург, бисёр ё андак ва агар аз шоҳ подоше ба даст наовардед, чӣ аз барои бадкорӣ, чӣ аз барои ақибмонӣ бошад... Ардашери Бобакон ва Баҳроми Гӯр ва Хусрави Анӯшервон дар ҷашни Меҳргону Наврӯз суннат аст аз ганҷина баровардани ҳама чиз ба назди шоҳ ва наздикони шоҳ ва бахшидан ба мардумон мувофиқи мартабаашон. Ба рӯзи Меҳргон шоҳ аз ганҷина ҷомаи нав ба бар кунад аз риштаи бофтаи ду пуд (бо тори абрешим ва тори нах) ”.

Дар китобхонаи Навсории Ҳинд дастнависи F 61 (Навсорӣ, Ҳинд ), 77-119 маҳфуз аст, ки рисолаи хурде ба форсӣ дар бораи тақвим ва расму ойинҳои порсиёни бостон аст. Муаллифи он кашиши порсӣ (дастур) аз баъзе сарчашмаҳои дуюмдараҷаи порсӣ, ба хусус «Наврӯзнома» (-и Хайём) маълумот гирифтааст. Манекҷӣ Рустамҷӣ Унвала дар бораи ҷашнҳои форсӣ, ки дар рисолаи фавқ оварда шудааст, бар асоси нусхаи хаттии қадимии Рустами Гуштоспи Ардашер дар соли 1087ҳ.қ. (1718м.) гузориш додааст, ки онро донишманди маъруф Раҳом Аша бознависӣ кардааст. Дар фасли “Дар чигунагии ҷашни Меҳргони омма, ки рӯзи Меҳрҷон хонанд” омадааст: “Ва ин ҷашнро рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр бошад. Ва Меҳрро ба забони порсӣ офтоб хонанд. Ва дар ин рӯз хусравони Каён шодӣ ва нишот кардандӣ, ин рӯзро нек бузург доштандӣ, ва ҷашни шоҳ Офаридун хондандӣ, азеро, ки дар ин рӯз Беварсп, ки араб ӯро Заҳҳок мехонанд, бигирифт ба замини Бобил, аз он ҷой банд карда ва ба Дамовандкӯҳ фиристод. Ва дар ин рӯз ҷашн будӣ ва ҳамаи мардумон рӯз ба шукри неъмати ҳаққ субҳона таоло машғул шудандӣ ва ҳар сол дар ин рӯз замзама кардандӣ”.

Дар фасли “дар чигунагии Меҳргони хосса, ки баъд аз Меҳргони омма буд” бахшҳои ҷашн чунин тафсир шудааст: “ва ин ҷашнро рӯзи Меҳр ва моҳи Меҳр бошад. Ва ин рӯз буд, ки шоҳ Офаридун бар тахти подшоҳӣ бинишаст. Ва порсиён ин рӯзро бисёр бузургу арҷманд доштанд ва ишрату тараб кардандӣ. Ва мубадон гуфтаанд, ҳар ки аз бомдод ва пагоҳ рӯзи Меҳрҷон нон бихӯрд ва мурд (дарахти ҳамешасабзи хушбӯ)-ро бибӯянд, аз ҳама балоҳо эмин бишавад”.

Суғдиён дар рӯзи дувуми Нимсард (Nēm-sarδ), яъне нимсол пас аз оғози соли нави хуршедӣ – Наврӯз, ҷашне доранд бо номи Манядхора (mn‘yd xvāra), ки дар оташкадаҳои худ ҷамъ мешаванд ва хӯроки хоссе мехӯранд, ки аз орди арзан, равғани маска ва шакар таҳия мешавад. Бархе Нимсардро панҷ рӯз пештар, яъне аввалин рӯзи Меҳр баргузор мекарданд, то бо тақвими порсиён мутобиқат кунад.

Аз гузоришҳои кӯтоҳ бармеояд, ки рӯзи 16 – меҳррӯзи моҳи ҳафтуми тақвими шамсӣ – Меҳр (баробар ба 8 октябр) ҷашни Меҳргони хурд ё Меҳргони омма ва рӯзи 21 (ромрӯз)-уми моҳи Меҳр ҷашни Меҳргони бузург ё Меҳргони хосса барпо мешуд, ки минбаъд ин ду ҷашн ягона шудаанд. Вожаи меҳр (офтоб) дар аҳди бостон исми эзади аҳду паймону рушаноӣ, покиву беолоишӣ ва фаришта буда, реша бар ойини митроизм- меҳрпарастӣ дорад, ки бар пояи парастиши Митро – меҳрпарастӣ, то даврони зардуштия бунёд ёфтааст. Ва ин рӯз пирӯзии некӣ бар бадӣ – Фаридун бар Заҳҳок аст ва моҳ рушантару пурҷилотар аз Офтоб шуда, рустаниҳо аз сабзиш мемонанд. Аз фазилатҳои ин ҷашн хӯрдани нону анору ширинӣ (ҳавло аз орди арзану равғану шакар) ва бӯйдани гулоб ва ниҳоли хушбӯй ба монанди мурд аст, то офати бисёр аз ӯ дур шавад. Инчунин шодмониву сурур ва суруд хондан, додани ҳадоё ба якдигар ва шукргузориву ситоиш аз яздони пок рукни муҳимми ин ҷашни бостонӣ аст. Аз сайри таърихии ойинҳо маълум аст, ки Меҳргон аз куҳантарин ҷашнҳои суннатии фарҳанги ориёиён аст ва қидмати чандҳазорсола дорад ва дар тули таърих бо дину ойин ва фарҳангҳои мардумони мухталиф даромехта, дар худ розу ҳикмати офариниши гетӣ, гардиши аҷроми осмонӣ ва табиат, фалсафаи некӣ ва ҷовидонагиро нигоҳ доштааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон қайд карданд, ки “Меҳргон дар баробари ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Тиргон аз ҷумлаи ойинҳои куҳантарини аҷдоди мо ба ҳисоб меравад... Аз ин хотир эҳтиром гузоштан ба суннату ойинҳои миллӣ, бахусус, ҷашни Меҳргон, арҷгузорӣ ба миллату давлат, сарзамини муқаддас ва таъриху фарҳанги куҳанбунёди халқи тамаддунсозамон мебошад”. Маҳз ба шарофати Истиқлоли кишвар ва ибтикори Президенти фарҳангсолорамон ин ойини бостонӣ дубора эҳё шуд ва ҷашни он гувоҳи ворисони аслии фарҳангу тамаддуни қадимӣ будани мо – тоҷикон аст ва арҷ гузоштан ба ин фарҳангу тамаддуни бостонӣ вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Турост неъмат, парварданӣ ҳаме парвар,

Турост фармон, фармуданӣ ҳаме фармой.

Муборакат бод, ин ҷашни Меҳргони бузург,

Насиби шодӣ аз ин ҷашни баргузар бирабой!

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات