31 Dec 2024
Submitted by Admin
107

Аз шоирони форсизабон дар девони Носири Хусрави Қубодиёнӣ (1004-1088) аз ду маликушшуаро, яке сарҳалқаи шоирони дарбори Ғазнавӣ Унсурии Балхӣ (970/980-1039) чор бор, дигаре ба сарвари шоирони Наср ибни Аҳмади Сомонӣ Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) ду бор ёд шудааст ва аз шоири ҳамоину ҳамақидаи худ - Кисоии Марвазӣ (17.03.953 -1000) даҳ бор дар байтҳои охири қасидаҳо аз сифатҳои ин шоири ҳамаҳди Рӯдакӣ сухан рафтааст, ки баррасии ин қайду сабтҳои шоирона аз чанд ҷиҳат ҳоизи аҳаммият ва пеш аз ҳама барои шинохти диди адабии Носири Хусрав аз шеър ва афкори мундариҷ дар шеър ва ҳам барои донистани назари ӯ бар ашъори дигарон муҳим мебошанд.

Ҳоло нуқтаи назари шоирро дар бораи шеъри Унсурӣ ва Кисоӣ ба вақти дигар гузошта, ба баёни яке аз ду ишорати ӯ дар мавриди Рӯдакӣ мепардозем, ки дар баробари донистани дидгоҳи Носири Хусрав дар бораи шеъру шоирӣ барои дарки вижагиҳо ва аносири сабкӣ ва балоғии шеъри Рӯдакӣ ҳам дорои арзиши адабӣ ва ҳунарӣ мебошанд. Дар бораи ин ду ишорати Носири Хусрав дар адабиётшиносии тоҷик донишмандони шеършинос Худоӣ Шарифзода дар рисолаи “Рози ҷаҳон” (нақд ва баррасии шеъри Носири Хусрав) дар фаслҳои “Сухан расули дилу ҷон” ва “Дарахти тубои шеър” [14, с. 128-167], Абдунабӣ Сатторзода дар мақолаи Хубсухани Носири Хусрав: Андешаҳои ӯ дар перомуни шеър [10, с. 446-467], ки бори нахуст дар соли 1988 дар Кобул ба чоп расидааст, Субҳон Амирзода дар мақолаи “Носири Хусрав ва шинохти устод Рӯдакӣ” [12, с.184-202], Ҳоким Қаландаров дар рисолаи “Рӯдакӣ ва исмоилия” [13, 83-89] ҳамчунин Носири Хусравшиноси муосири эронӣ устод Маҳдии Муҳаққиқ ҳам дар китоби “Шарҳи сӣ қасидаи Носири Хусрав” [15, с. 273-282] изҳори назар ва бардошту баррасиҳои хешро аз байтҳои 51 ва 52 қасидаи 20-уми девони Носири Хусрав:

Ин фахр бас маро, ки ба ҳар ду забон

Ҳикмат ҳаме мураттабу девон кунам.

Ҷонро зи баҳри мидҳати Оли расул

Гаҳ Рӯдакию гоҳе Ҳассон кунам [15, қасидаи бистум, с. 272-274; 7, с. 232],

баён доштаанд, ки ҳар кадом дар мавқеи хеш ҷолиб ва мувофиқ мебошанд.

Аммо дар ҳамин қасида байтҳои дигаре ҳам ҳастанд, ки бо шеъри Рӯдакӣ ва афкори адабии Рӯдакӣ бе муносибат нестанд ва сухани мо дар ин навишта аз ҳамин боб аст.

Қасидаи мазкур бо байтҳое дар боби ҳолати эҷоди осори бадеӣ бо калимаҳо, тасвирҳои воқеӣ ва сувари хаёли маҳсусу ошное офарида шудаанд, ки хоси сабки хуросонӣ ва зебоии он беназир аст:

Шояд ки ҳолу кор дигарсон кунам,

Ҳар-ч он беҳ аст, қасд суи он кунам.

Олам ба моҳи найсон хуррам шудаст,

Ман хотир аз тафаккур найсон кунам.

Ман боғу роғ дафтари девони хеш

Аз насру назму сунбулу райҳон кунам.

Меваву гул аз маонӣ созам ҳама,

В-аз лафзҳои хуб дарахтон кунам.

Чун абр рӯйи саҳро бӯстон кунад,

Ман низ рӯйи дафтар бӯстон кунам.

Дар маҷлиси мунозира бар оқилон,

Аз нуктаҳои хуб гулафшон кунам.

Гар бар гуле-ш гард хато бигзарад,

Он ҷо зи шаҳри равшан борон кунам.

Қасре кунам қасидаи худро бар ӯ

Аз байтҳо-ш гулшану айвон кунам [15, қасидаи бистум, с.232; 7, 272].

Чанд нукта дар ин байтҳо сабт шудаанд, ки барои зебоишиносии шеъри Носири Хусрав муҳим мебошанд, аввалан найсон –моҳи ҳафтуми соли румиён аст, ки дар ин замон офтоб дар бурҷи ҳамал аст, ки ба Наврӯз рост меояд ва гулафшон ҳам маросиме будааст, ки Усмон Мухторӣ гуфтааст:

Дар орзӯи рӯзи гулафшони подшоҳ,

Чашми фалак сапед шуд аз интизори гул.

Гул чун Масеҳ майл ба гардун чаро кунад,

Акнун ки шуд зи Қорун афзун ясори гул [5, с.300].

Аммо қасре хондани асари офаридаи хешро –дар ин ҷо қасидаро “ва ин ташбеҳи қасида ба қаср, ки аҷзои байтҳо бошанд, монанди боғу айвони боғу айвони он қаср аст. Ибни Рашиқи Қайрувонӣ он ҷо, ки барои фарқи байни “қасида ” ва “раҷаз” –ро баён менамояд ва мегӯяд: “Алқасиду мо толат абётуҳо”[7, с.158].-Қасида он аст, ки абёти он бисёр дароз бошад”. Абуҳотами Розӣ дар “Ал-зинату” [6, ҷ. 1, с.85], овардаааст, ки иҷтимои қофияҳоро қасида номанд. Бо лафзи “қасида” калимаеро ирода карда, ки бо маонии пуршуда ва алфози неку дар он ба кор рафтаааст”. Бино ба ташреҳи Маҳдии Муҳаққиқ ваҷҳи тасмияи шеър ба “байт” ба маънии хона ин аст, ки шеър монанди хонаест, ки мумкин аст, бинои он устувор ё суст бошад, Ибни Рашиқ низ дар ин бора мегӯяд, ки “валбайту мин аш –шеъри кал байти мин алабнияти (байте аз шеър ҳамчун байте, яъне утоқе дар сохтмон аст)” [6, с.151]. Дар ин ҷо Носири Хусрав ба пешиниёни адаби форсӣ Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ рӯйи назар доштааст, ки аввалӣ:

К-аз шоирони наванд манам навгувора,

Як байти парниён кунам аз санги хора [4, с.95].

гуфта офаридаҳои хешро ба байти парниёне монанд кардааст, бо ҳунари беназири хеш аз санги хоро, ки носуфта ва ва дағал аст, сохтааст. Навгувораро муаллифони фарҳангҳо -гӯяндаи суханҳои тозаву гуворо ва пурмаҳсул, сермаҳсул [2,161] шарҳ додаанд. Вобаста ба тафсиру ташреҳи ин байт муҳаққиқон ба тафсил сухан ронда аҳаммияту арзиши адабии онро бозгӯ кардаанд [11, 77-93; 3, 5-12]. Ва дувумӣ:

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд [1, с. 283].

кохи баланд меномад. Ва аз ҳамин дидгоҳ Пушкин:

Я памятник себе воздвиг нерукотворный,

К нему не зарастет народная тропа,

Вознесся выше он главою непокорной

Александрийского столпа [16],

мегӯяд , ки комилан мантиқӣ ва мувофиқ мебошад.

Дар идомаи байтҳои қасидаи Носири Хусрав омадааст:

Бар даргаҳаш зи нодира баҳри аруз,

Яке амини доно дарбон кунам:

Мафъӯлу фоъилоту мафоъилу фаъ,

Бунёди ин муборакбунён кунам.

В-он гаҳ мар аҳли фазли ақолимро

Дар қасри хеш яксара меҳмон кунам.

То андар ӯ наёяд нодон, ки ман

Хона ҳаме на аз дари нодон кунам.

Хоне ниҳам марди хирадмандро,

Аз хӯрданаш оҷизу ҳайрон кунам.

Андар тани сухан ба мисоли хирад

Маънии хубу нодираро ҷон кунам.

Гар ту надидаӣ зи сухан мардумӣ,

Ман бар сухан-т сурати инсон кунам [15, қасидаи бистум, с. 272-274; 9, с. 232].

Хулоса ин қасида то охир аз муҳассаноти ҳунари шеър ва камоли шоирии суханвари ҳаким ороста шудааст, ки ҳар байте ҳикмате ва донишеро дар шинохтани шеъри ӯ дар худ ниҳуфтааст ва бинобар ишорати шоир ба устод Рӯдакӣ ва баркашидани шеъри худ бо эҷодиёти ӯ гувоҳу далели муътамад бар эътибори шеъри устод ва маҳаку меъёри офариниши олӣ будани он мебошад.

Китобнома

Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома, ҷилди 5. / Фирдавсӣ, Абулқосим. -Душанбе: Адиб, 2008. -480 саҳ.

Амон Нуров. Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ./ Нуров, Амон. -Душанбе: Маориф, 1990. -368 саҳ.

Бобо-Назар Ғафор. Шарҳи як байти Рӯдакӣ// Ғафор, Бобо-Назар. Суханшиносӣ, №2, 2018, саҳ.5-12.

Девони Рӯдакӣ.-Душанбе: Бухоро, 2015. / Қодири Рустам. Таҳийя, тасҳеҳ ва сарсухану ҳавошии Қодири Рустам. –334 саҳ.

Девони Усмон Мухторӣ,ба эҳтимоми Ҷалолиддини Ҳумоӣ./ Мухторӣ, Усмон. -Теҳрон, 1341, с.300.

Китобу аз-зайинату фил-калимоту-л-исломията-л-арабията./ Шайх Абуҳотам Аррозӣ. -Санъо 1415/1994, ҷузъи аввал ва сонӣ. - 424 саҳ.

Ибни Рашиқи Қайрувонӣ. Алумдаҳ./ Қайрувонӣ, Ибни Рашиқ. ҷилди 1,Қоҳира 1353.

Маҳдии Муҳаққиқ. Шарҳи сӣ қасидаи Носири Хусрав. /Муҳаққиқ Маҳдӣ. –Теҳрон: Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1384, саҳ. 273-282.

Носири Хусрав. Девони ашъор. Таҳияи матн ва шарҳи луғот аз Нурмуҳаммад Амиршоҳӣ ва Мубашшир Акбарзод. / Носири Хусрав. –Душанбе: Адиб, 2010. -480 саҳ.

Сатторзода Абдунабӣ. Баргузидаи навиштаҳо. Бахши 2. / Абдунабӣ, Сатторзода. –Душанбе: Дониш, 2021, саҳ. 446-467.

Субҳон Амирзода. “Байти парниён” ва ё маромномаи Рӯдакӣ/Субҳон Амирзода. Падидаи нодир. / Амирзода, Субҳон. -Душанбе: Адиб, 2008. -104 саҳ., саҳ.77-93.

Субҳон Амирзода. Рӯдакӣ –аввалин шоири миллӣ ва ҷаҳонӣ. / Амирзода, Субҳон. –Душанбе: чопхонаи ДМТ, 2015, саҳ.184-202.

Ҳоким Қаландаров. Рӯдакӣ ва исмоилия. / Қаландаров, Ҳоким. -Душанбе: Эр-граф, 2012. -236 саҳ., саҳ.83-89.

Шарифзода Худоӣ. Рози ҷаҳон. / Худоӣ, Шарифзода. –Дешанбе: Эр-граф, 2022, саҳ. 128-167.

Шарҳи сӣ қасида аз Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Вирости ҷадид бо изофот ва тарҷумаи ибороти арабӣ. Аз дуктур Маҳдии Муҳаққиқ./ Муҳаққиқ, Маҳдӣ. –Теҳрон: Анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1384. -436 саҳ. қасидаи бистум, саҳ. 272-274.

https://ru.wikisource.org/.../%D0%AF_%D0%BF%D0%B0%D0%BC... таърихи муроҷиат 01.10.2024.

Шамсиддин Муҳаммадиев

муовини директор оид ба илм ва таълими

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات