21 Nov 2022
Submitted by Admin
1396

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шўравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва ҷумҳурии шўравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд аз он рост меояд. То даврони шўравӣ халқҳои сарзамини Осиёи Миёна (на танҳо, балки дар ҳайати халқҳои дигари давлати шўравӣ) аз рўи аломати миллӣ тақсимбандӣ нашуда буданд ва ин таҷриба ҳам барои бори аввал дар Иттиҳоди Шўравӣ ва баъди ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Югославия дар амал пиёда гардид. Пайдо шудани чунин баҳсҳо дар давраи шаклгирии Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон ва баъд аз он табиӣ буд, зеро акнун ҳар як давлати дар асоси хусусиятҳои миллӣ пайдошуда мекўшид, ки асоси пояҳои давлати миллии худро аз замонҳои гузашта ва ҳарчи қадимтар биҷўяду пайдо кунад, то ифтихори давлатдории милливу худшиносии миллатҳои хешро баланд бардорад ва бо ҳамин васила пояҳои давлатдории хешро таҳқим бахшанд. 
Бинобар ин давлати Тоҷикистон аз устод Айнӣ хоҳиш намуд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» -ро таҳия намояд ва давлати Узбекистон ҳам аз Фитрат талаб намуд, ки «Намунаи адабиёти узбек»-ро нависад. Бобоҷон Ғафуров баъдан барои таҳкими давлати миллии тоҷикон шоҳасари худро бо номи «Тоҷикон» навишт. Охиин асаре, ки комилан ба масъалаҳои забонии таҳкими давлатдории миллӣ бахшида шудааст. Китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»-и Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки китоби якуми он бо номи «Ба сўйи пояндагӣ» соли 2016 аз чоп баромад. Албатта, дар асарҳои дигари Сарвари тоҷикон, инчунин дар суханрониҳои гуногуни ў аз ибтидои ба сари кор омаданаш то имрўз масъалаи халқи тоҷик, фарҳангу таърихи он ва забони тоҷикӣ мавқеи меҳвариро ишғол мекунад. Донишмандони тоҷику ғайритоҷик ҳам дар ин бора мақолаву асарҳои зиёде навиштаанд, ки ҳар кас аз рўйи мавқеъ ва дидгоҳи худ ва гоҳе кам аз назари фармоишӣ ба ин масъалаҳо дахл намуда назари хешро баён намудаанд. 
Дар аввали соли 2015 як мақолаи Иброҳим Усмон бо номи «Сарнавишти тоҷик» дар ҳаҷми 30 саҳифа бо пешгуфтори муфассали адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода аз чоп баромад ва дар атрофи ин мақола матбуоти ғайридавлатӣ сару садоҳое баланд кард. Азбаски дар пешгуфтори Абдунабӣ Сатторзода баъзе масъалаҳои муҳимми тоҷикшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, зарурат пеш омад, ки роҷеъ ба бархе аз масъалаҳои мубрами он андешаҳое ва он ҳам хеле мухтасар баён намоем. Зеро масъалаи тоҷикшиносӣ ба андозае гуногунҷабҳа ва сербуъда аст, ки онро наметавон ҳатто дар чаҳорчўби ду-се китоб баррасӣ намуд.
Дар пешгуфтори адабиётшинос Абдунабӣ Сатторзода раванди тоҷикшиносӣ то андозае даврабандӣ (шаш давра) шудааст. Вале даврабандии Абдунабӣ Сатторзода оид ба пажўҳишҳои тоҷикшиносӣ дар даврони истиқлол, ки ба ду давра тақсим кардааст, аз лиҳози мантиқӣ дуруст ба назар намерасад. Дар даврони истиқлол, баъди иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Шўрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди фарҳанг низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд ва масъалаҳои густариши забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, таҳкими пояҳои тоҷикшиносӣ, тамаддуни таърихи пурифтихори мо мавриди таваҷҷуҳи давлат ва махсусан Президенти кишвар қарор гирифт. Асарҳову мақолаҳои пурарзиши Президенти ҷумҳурӣ оид ба таърихи тамаддуни халқи тоҷик, забони тоҷикӣ, пайдоиши миллат ва ташаккули он, этноними тоҷик имрўз пойдевори илми тоҷикшиносӣ гардидаанд, ки мутаассифона, Абдунабӣ Сатторзода дар ин бора сукут ихтиёр кардааст. 
Боз як нуктаи муҳимме, ки аз назари Сатторзода дур мондааст, дастовардҳои тоза оид ба пажўҳиши вожаи «тоҷик» аз тарафи пажўҳишгарони хориҷӣ аст. Имрўз дар Аврупо се маркази пажўҳишӣ  мавҷуд аст, ки онҳо оид ба масъалаҳои тоҷикшиносӣ низ пажўҳиш анҷом медиҳанд. Ин марказҳо дар Олмон (Академияи илмҳо ва маркази Турфоншиносӣ), дар Франсия (Париж) ва Англия (маркази Халилӣ) қарор доранд. Аз тарафи ин марказҳо бар асари пажўҳишҳои тоза оид ба вожаи «тоҷик» дар таърихи пешазисломии мо маълумотҳои нав пайдо шуд. Донишманди тоҷиктабори олмонӣ Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо ҳамроҳи устоди худ Ҳ.Ҳумбох дар натиҷаи бозхонии матнҳои сиккаҳои даврони Ҳайтолиён (сиккаҳои кўшониву-сосонӣ) ва матнҳои сангнавиштаҳо дар шимоли Афғонистон навиштаҳои бохтарие пайдо карданд, ки дар онҳо вожаи «тоҷик» ба маънои «халқи тоҷик, мардуми тоҷик» истифода шудааст. Ба маънои «забони тоҷикӣ, лаҳни тоҷикӣ» дар навиштаҳои портии монавӣ (яъне матнҳои монавӣ, ки ба забони портӣ навишта шудааст) дар Турфон ҳуҷҷате пайдо гардид, ки мутааллиқ ба садаи VIII аст. Ин дастовардҳои тоза дар ҳақиқат дар пажўҳишҳои тоҷикшиносӣ инқилобе барангехт. Онҳоро худи устод Ғулом Ҷелонии Доварӣ ба Душанбе омада (соли 2013) дар конференсияи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо зимни суханронӣ намоиш дода буд. 
Абдунабӣ Сатторзода бо овардани феҳристи китобу мақолаҳои як идда аз муҳаққиқон, ки бештар хусусияти дувумдараҷа доранд, иктифо кардааст. «Марҳилаи нави баҳси забони тоҷикиву тоҷик»-ро устоди муҳтарами мо аз чопи мақолаи Обиди Шукурзода «Забони тоҷикӣ пояи таърихӣ надорад» («Нигоҳ», 10 октябри соли 2012) оғоз кардааст, ки аз ҳар лиҳоз бемантиқ ба назар мерасад. Аввалан, мақолаи Обиди Шукурзода як мақолаи рўзномавӣ буда, бештар хусусияти таблиғӣ дорад ва аз муҳтавои илмӣ фарсахҳо дур аст. Оё мешавад, ки дар асоси як пешниҳоди подарҳаво як марҳилаи нав дар баҳсе монанди «баҳси забони тоҷикиву тоҷик» оғоз шавад. Оё ин ба ном «марҳилаи нав» номгузорӣ кардани Абдунабӣ Сатторзода аз сарфаҳм нарафтани умқи масъалаи тоҷикшиносӣ ва ба таври сатҳӣ баҳо додан ба ин масъалаи мубрами илмӣ нест?
Абдунабӣ Сатторзода дар тақсимбандии хеш давраи шашумро «аз оғози даҳаи дувуми асри XX» (дурусташ асри XXI аст. –С.Н.) нишон дода, минбаъд менависад: «Мутаассифона, ҳам О.Шукурзода ва ҳам С.Назарзода, яке камтар ва дигаре бештар, ба ифроту тафрит роҳ дода, ҳалли масъалаи мавриди баҳсашонро саҳл пиндоштаанд. Бар хилофи пиндошти онҳо масъалаи мазкур хеле печидатар аст ва онро наметавон бо равиши «сиёҳу сафед» ҳал кард…» (аз саҳ. 7). Мураккабу мушкил ва «печидатар» будани баррасии ин масъала ба тамоми пажўҳишгарони ин масъала бе таъкиди Сатторзода А. ҳам маълум аст. Инчунин ифроту ифротгароии Обиди Шукурзода дар мавзўи «забони тоҷикӣ» ба ҳамагон маълум аст, вале тафрити Назарзода С. агар ба устоди муҳтарами мо Абдунабӣ Сатторзода маълум бошад, бигузор бо далелу рақамҳои мушаххас исбот кунад. Дар акси ҳол ин навиштаи Абдунабӣ Сатторзода дурўғеро беш намемонад ва якҷонибаву яксўя ва тарафдору ҷонибдори Обиди Шукурзодаву ҳамроҳонаш будани ўро ба субут мерасонад.
Аз тарафи дигар худи Абдунабӣ Сатторзода муҳтавои мақолаи Иброҳим Усмонро баррасӣ карда, дар саҳифаи 8 менигорад: «Муаллифи «Сарнавишти тоҷик» барои равшанӣ андохтан ба ин баҳсҳои расонаӣ бо истифода аз навиштаҳои тоҷикшиносони худию хориҷӣ, мисли устод Садриддин Айнӣ, аллома Бобоҷон Ғафуров, А. Шишов, В.В. Бартолд, Н.В. Хаников, М.С. Андреев, А.Д. Гребенкин, Карл Риттер, Й.К. Майендорф, Г.Вамберӣ, Фома Матсебский, А.А. Гаритский, Маликушшуаро Баҳор ва дигарон, ҳамчунин таълифоти пешинаи хеш исбот карданист, ки номи умумӣ ва ё, ба қавли ў, исми ҷомеи тамоми халқҳои эрониасл ва ё ориёӣ аз азал «тоҷик» буда, номи забони онҳоро, ки дарӣ («порсӣ», «тоҷикӣ») буд, арабҳо аз рўйи ғаразҳои мазҳабию сиёсии хеш «форсӣ» хонданд ва бо ҳамин «боиси аз байн рафтани калимаи «тоҷик» гардиданд…».
Бархе дигар  ақида доранд, ки гӯё забони тоҷикӣ асос ва заминаи илмӣ ва таърихӣ надорад ва он гӯё барои тақсимбандии забони ягонаи форсӣ ба таври сунъӣ номгузорӣ шудааст. Ин ақида бештар дар байни фарҳангиён ривоҷ дорад ва онҳо гӯё тарафдори ягонагии забони мо бо гунаҳои дигари он дар Афғонистону Эрон мебошанд. Агар баъзеҳо забони тоҷикии моро бештар дар қаламрави Тоҷикистон маҳдуд намоянд, дигарҳо ба ягонагӣ ва ваҳдати форсизабонон ва тоҷикзабонони дунё зарба мезананд. Дар байни мардуми мо ва халқҳои Эрону Афғонистон мухолифат меандозанд. Ҳол он ки барои ҳар як равшанфикри каму беш аз таърихи забони мо бохабар маълум аст, ки агар қабилаҳову халқҳои сомиву аврупоӣ бо фарҳангу тамаддуни мо ба воситаи форсиёну форсизабонон ошно шуда забони моро «форсӣ» номида бошанд, халқҳои туркзабону мардуми Чину Ҳиндустон ба воситаи мардуми тоҷик бо фарҳанги мо-ориёиҳо ошно шуда забони моро «тоҷикӣ» хондаанд.
Дар мақолаи «Забони миллии тоҷикон порсӣ аст!»-и Дориюши Раҷабиён (15.12.2017) гуфта мешавад, ки «Истилоҳи сиёсии «Забони тоҷикӣ» 89 сол бештар ъумр надорад». Дар шумораи 17 сентябри соли 2014 рӯзномаи “Озодагон” суҳбати рӯ ба рӯйи Сафар Абдуллоҳ, яке аз муҳаққиқони фаъоли фарҳангу адаби тоҷик таҳти унвони “Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад” чоп шуд, ки дар он ду ақидаи муҳтарам Сафар Абдуллоҳ пешниҳод шудааст, ки яке аз Эрони Ғарбӣ ба Хуросону Суғду Бохтар омадани забони имрӯзаи мо ва дигаре вуҷуд надоштани номи “тоҷикӣ” дар забони мо мебошад.  
Ӯ аз ҷумла мегӯяд: “Ҳамин забоне, ки “дарӣ” мегӯем, забони дарбори Сосониён буд, ки онро “порсиг” мегуфтанд.”Аввалан, забони дариро дар ҳеҷ вақту замон “порсиг” нагуфтаанд ва истилоҳи “порсиг” ба забони форсии миёна ё паҳлавии сосонӣ сидқ мекунад. Дар ин бора донишмандону муҳаққиқони зиёде баҳсу мунозира карда, фикру назарҳои худро ироа кардаанд. “Порсӣ” ё “форсӣ” баъдан дар даврони исломӣ ба вожаи “дарӣ”афзуда шудааст. Нигаред ибораи “дарии роҳи рост” дар аввалин намунаҳои тарҷумавӣ ба ин забон (“Тафсири Табарӣ”). 
Агар ба таърихи забонамон ба таври иҷмолӣ назар афканем, донишмандони забоншинос марҳилаҳои тайкардаи забони тоҷикиро ба се давраи калони таърихӣ тақсим кардаанд: форсии бостон, ё забони аҳди Ҳахоманишӣ, форсии миёна ё паҳлавӣ ва ниҳоят форсии нав, ки дар таърихҳо ва матнҳои классикӣ бо номи форсӣ, порсӣ, порсии дарӣ, тоҷикӣ ёд гардидааст.
Албатта, ин тақсимот то ҷое маснӯӣ ва шартист, зеро равшан аст, ки мардумон ҳеҷ гоҳ аз сухан гуфтан боз наистодаанд ва чунин ҳам набудааст, ки онҳо пагоҳӣ бархоста ба ҷои забони форсии қадим ба паҳлавӣ сухан гуфта ва ё рӯзи дигар ба порсии дарӣ гуфтугӯ карда бошанд. Аз ин ҷост, ки дар бораи саргаҳу сапедадамии давраи сеюми забони мо то имрӯз баҳс идома дорад ва то ба ҳол посухи ягона мавҷуд нест. Албатта, аз ин гуфта набояд пиндошт, ки ин саҳифа ба куллӣ торик ва нохонда мондааст. Тамоми муҳаққиқоне, ки ба ин мавзӯъ даст задаанд, бар онанд, ки умри ин забон ба маротиб аз он чи менависанд (1100-1200) бештар аст.
Аз фасоҳат ва устувории забони нахустин китобҳое, ки аз оғози марҳилаи нави забони мо боқӣ мондаанд, Маликушшуаро Баҳор ба чунин хулоса омадааст: «Аз пухтани иборат ва истеҳкоми таркибот ва ширинии лафзу маънӣ пайдост, ки насри қадим парваришёфтаи солиён ва балки қарнҳои дуру дароз аст ва ба маротиб аз китобҳои паҳлавӣ, ки шояд баъзе дар ҳамон қарн таълиф ёфтааст, пухтатар ва ҷомеътар ва аз лиҳози татаввур комилтар аст (Сабкшиносӣ, ҷ.1, с. 22).
Дар таърихҳо ва фарҳангҳо далелҳои дигаре низ пайдо кардан мумкин аст, ки аз таърихи қадимтари забони мо гувоҳӣ медиҳад. Масалан, Ибни Қутайба дар «Табақот - уш-шуаро» ва Табарӣ дар «Таърихи Табарӣ» ба ихтисор нақл кардаанд, ки Ибни Муфаррағ – шоири араб муддате дар Хуросон ва Исфаҳон зиндагӣ карда, дар соли 60-и ҳиҷрӣ (681 -мелодӣ), яъне пас аз 21 соли инқирози давлати Сосонӣ ба тоҷикӣ-форсӣ шеър гуфтааст. Ин далел бори дигар тасдиқ мекунад, ки ҳанӯз дар он давра забони тоҷикӣ аллакай забони инкишофёфтае будааст, ки як шоири бегона дар муддати кутоҳ онро хуб омӯхта ва ба он шеър сурудааст, на як забоне будааст дар ҳоли ба вуҷуд омадан. Ё, Муҳаммад Муҳити Таботабоӣ дар мақолаи худ бо номи «Кори фарҳангистон аз забон то форсии дарӣ» муътақид аст, ки «забони форсии дарӣ… собиқаи истеъмолии ҳаштсадсолаи пеш аз ислом дорад». 
Бояд гуфт, ки шарқтарин вилояти Сосониҳо Марв ҳисоб мешуд ва Бохтар танҳо ду дафъа, як бор дар асри III ва дафъаи дуюм дар асри VI – аниқтараш дар солҳои 563-564 мелодӣ таҳти тасарруфи Сосониён афтода буд. Ва он ҳам бо машварати пинҳонии Сосониёну Ҳоқони Туркони ғарбӣ дар бораи шикаст додани давлати Ҳайтолиён (аз «Шоҳнома» қиссаи набарди хунини шашрӯза ё ҳафтрӯзаи Ҳайтолиён бо роҳбарии Ғотифарро бо туркон дар наздикии Бухоро, агар хонда бошед, ба ёд биёред ва агар нахонда бошед, мутолиа кунед) ва тақсими ҳудуди онҳо байни Сосониён ва Ҳоқони туркони ғарбӣ сурат гирифта буд, ки дар натиҷа тахминан 60-70 сол то ҳуҷуми араб ва шикасти Сосониҳо марзи Эрони сосонӣ ва Ҳоқонигарии  туркони ғарбӣ дарёи Ому қарор гирифт.  Суғд умуман дар тасарруфи сосониҳо набуд ва дар тақсимоти ҳудудии ҳар ду минтақа байни сосониҳо ва туркҳо он  моли туркҳо гардид. Бохтару Суғд вилоятҳои марказии аввал давлати Кушониён ва сипас Кидориёну Ҳайтолиён буданд ва тавсеаи забони форсии паҳлавӣ ва портӣ (таъсири ин забон дар ташаккули забони тоҷикӣ пажӯҳиши алоҳида талаб мекунад) ба ин минтақаҳо бештар хусусияти фарҳангӣ дошта, аз наздикии забонҳои бохтарӣ, суғдӣ, паҳлавӣ ва портӣ дарак медиҳанд. Доир ба ин масъала донишманди мумтоз Е.Э.Бертелс мақолаи хубе дорад, бо номи «Форсӣ/дарӣ/тоҷикӣ», ки оид ба мавҷуд будани забоне дорои хат дар Бухоро ба ғайр аз суғдӣ ишорат кардааст. 
То ҳамлаи араб ва ҳатто баъд аз чандин соли истилои араб дар ин минтақа забонҳои маҳаллӣ ривоҷ доштанд ва забони суғдӣ ҳатто то қарни XI мелодӣ забони ҳам навишторӣ ва ҳам гуфтории деҳоти Суғд буд. Бинобар ин ҷойи ин забонҳоро гирифтани забони паҳлавӣ ва табдил ёфтани он ба забони дарӣ бепоя ва бедалел ба назар мерасад.
Ақидаи дигаре, ки ӯ солҳост такрор мекунад, чунин аст, ки «Забоне бо номи тоҷикӣ вуҷуд надошту надорад». 
Ин ақидаро Сафар Абдуллоҳ як сол пештар дар рӯзномаи “Миллат” (16.01.2013) тарафдорӣ карда, чунин навишта буд: “...Номи забони тоҷикиро ба мо душманонамон таҳмил кардаанд ва ин ном бештар таъбири сиёсӣ аст, на таъбири илмӣ”.
Яке аз тарафдорони ӯ дар ҳафтаномаи “Нигоҳ” (10.10.2012) менависад: “Чӣ агар “Хусрав”-ро “Каҷрав” ном бурдан зишт бошад, низ “форсӣ”-ро “тоҷикӣ” гуфтан зишттар аз он аст”. Ин рӯзноманигори “босавод” донишу саводнокии худро дар бораи таърихи пайдоиши ибораи “забони тоҷикӣ” нишон доданӣ шуда менависад: “Забони мо, ки форсӣ буд, аз соли 1938 ин ҷониб бо диктаи (дасти зӯр)-и мутаҷовизини рус “тоҷикӣ” кунонида шуд” ва боз илова мекунад: “таъбири “забони тоҷикӣ” бофтаи душман аст ва тавҳине ба исми забони модарии мост”, ки ин амалро  имрӯз ҳам душманони мо доман зада истодаанд.
Номи забон одатан аз номи халқҳои соҳиби ин забон пайдо мешавад. Забони форсӣ ҳам аз номи қабилаҳои ориётабори порсҳо (форс-муарраби порс) гирифта шудааст. Ин қабилаҳо ҳудуди 3-4 -ҳазор сол пеш аз сарзаминҳои Осиёи Марказӣ ба Ғарб  кӯч баста, дар қарнҳои XII-XI пеш аз мелод дар сарзамини ҳозираи Озарбойҷони Эрон ва як бахши Туркия қарор дошта, аз қисмати Ғарб бо модҳо ҳамсарҳад буданд. Баъд аз ду қарн ин қабилаҳо ба сарзамини ҳозираи худ-вилояти  Порси Эрон омада дар он ҷо сокин шуда, халқҳои маҳаллии ин минтақа иломиҳоро оҳиста-оҳиста ба фарҳангу тамаддуни худ ҳамроҳ намуданд. Ин гуфтаҳо бо далелҳои зиёд исбот шудаанд.
Минбаъд бо пайдо шудани ду хонадони бузурги шоҳаншоҳӣ- Ҳахоманишиниён ва Сосониён номи ин халқи эронитабор ба минтақаҳои дигар паҳн шуд ва хусусан номи забони форсӣ баъд аз интишори ислом ва футуҳоти араб ба қисмати шарқии Эрон бештар паҳн гардид ва оҳиста-оҳиста ба ҷои «дарӣ» ва «тоҷикӣ» истифода гардид. Ин ақида, ки забони форсӣ асосан забони вилоятҳои ҷанубу ғарбии Эрон аст, дар тамоми фарҳангҳои муътабари форсии даврони исломӣ бо андаке тағйирот вомехӯрад. Масалан, дар “Бурҳони қотеъ” дар ин бора чунин омадааст: “Ва порсӣ забонеро гӯянд, ки дар вилояти Порс, ки дорулмулки Истахр аст, мардумон бад-он сухан гӯянд”. Дар ҳамин ҷо ӯ нисбат ба хусусиятҳои хоси забони дарӣ мефармояд: “Ва дарӣ он аст, ки дар он нуқсоне набувад, ҳамчу абрешум ва испед ва ишкам ва шутур ва бираву бигӯ ва бишнав ва амсоли онҳо. Пас бирешум ва сапед ва шикаму уштур ва раву дав ва гӯву шунав дарӣ набошад”. Ҳар ду вожа, ҳам «тоҷикӣ» ва ҳам «форсӣ» (дар давраи форсии миёна дар шакли “parsig») аз давраҳои бостонӣ (ҳадди ақал аз асри II мелодӣ) мавриди истифода буданд ва аз номи қавму халқҳои ориёнажоди тоҷику форс сарчашма гирифтаанд.
Номи забони тоҷикӣ ҳам ба номи халқи тоҷик ва қавмҳои ориёии ба он наздик алоқаманд буда, таърихи дерина дорад. Бар хилофи қабилаҳои форсӣ ин қавмҳо ба таври доимӣ дар Ватани аслии худ-ду тарафи дарёи Аму боқӣ монданд ва аз рӯи ривояти таърихии мардуми ориёитабор номи худро аз номи яке аз сарқабилаҳои ориёӣ бо номи Тоҷ гирифтаанд ва ҳамвории бузурги имрӯзаи назди баҳри Хазар-дашти Тӯрон дар аҳди қадим дашти Тоҷик ном дошт. Тавре ки номи Арал дар замонҳои пеш бо номи баҳри Вахш машҳур буд. 
Агар ибораи «забони тоҷикӣ» «сирф таъбири сиёсӣ» бошад ва ба ақидаи Обиди Шукурзода таъбири «забони тоҷикӣ бофтаи душман» бошад, пас дастандаркорони рӯзномаи «Бухорои шариф», ки парчами равшанфикрони Бухорои ибтидои асри XX буд, чӣ касоне бошанд ва дар доми кадомин «мутаҷовизин» афтода бошанд, ки дар шумораи сеюми «Бухорои шариф» чунин навиштаанд: «Ҳанӯз шумораи аввали «Бухорои шариф»-ро нашр надода будем, ки баъзе оқоён ҳозир шуда, дар матбаа нигоҳ ба мақолаҳо карда ва фармуданд: «Ин ҷо забони умумӣ забони тоҷикӣ аст. Рӯзнома ба забони тоҷикӣ бошад, беҳтар аст».
 Сад сол пештар аз чопи матлаби “Бухорои шариф”дар ибтидои асри XIX, аниқтараш дар соли 1813 Миризотуллоҳи Ҳиндӣ дар “Сафарнома”-и хеш оид ба забони тоҷикӣ маълумоте овардааст, ки ин даъвои бепояи Сафар Абдуллоҳро рад менамояд. Ӯ менависад: “Забони Қуқан (яъне Қуқанд-С.Н.) туркӣ мебошад, аҳли шаҳр тоҷикӣ, яъне форсӣ мегӯянд.”
Намунаи дигар ба оғози даврони исломӣ, ки дар ин давра ба омадани арабҳову маволиҳову дини ислом дар сарзамини Осиёи Марказӣ истилоҳи “форсӣ” аз вожаҳои “тоҷикӣ” ва “дарӣ” дида бештар ривоҷ пайдо мекунад, иртибот дорад. Дар сарчашмаи туркӣ-уйғурӣ ё қарлуқии давраи Буғрохон (ба қавли Кононов А.Н. «Баграханский язык») «Кутатғу билик» (Дониши бахтовар), ки дар соли 1070 аз тарафи Юсуфи Балосоғунӣ навишта шудааст, дар бораи забони тоҷикӣ ба таври равшан маълумот дода шудааст. Ӯ дар яке аз байтҳои худ чунин менависад: «Ин гуна китобҳои хуб ба арабӣ ва тоҷикӣ кам нест, вале ба суханони мо ин аввалин аст» (тарҷумаи таҳтуллафз). Намунаи дигар ба сарчашмаҳои тибетӣ марбут аст. Дар Тибет дар маъхазҳои динии ин кишвар ба номи Бонпо кишвари Тагзик ва забони тагзик вомехӯрад, ки гӯё ин кишвар дар сарзамини Осиёи Марказӣ воқеъ будааст. Л.Н. Гумилёв дар асари худ «Величие и падение древнего Тибета» (Сууд ва суқути Тибети қадим) менависад, ки «Священная книга Бон была написана Шэнрабмибо на языке тагзик и переведена на другие языки». Яъне «Китоби муқаддаси Бон аз тарафи Шенрабмибо (пайғомбари дини Бонпо, ки аслан эронитабор будааст.- С.Н.) ба забони тагзик (тоҷикӣ) навишта шуда, сипас ба забонҳои дигар тарҷума шудааст».
Дар яке аз нусхаҳои хаттии монавӣ-портӣ (нусхаи хаттии шумораи 339 м., ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), кашфшуда аз Турфон, ки марбут ба қарни ҳашти мелод мебошад, номи забони тоҷикӣ дар ибораи par tazigane awak - «ба забони тоҷикӣ”, ё айнан “ба овои тоҷикона” омадааст. Дар ин нусхаи кӯчак омадааст, ки роҳибони монавӣ дар вақти ибодат ба забони тоҷикӣ ниёиш мекарданд.
Дар бораи ин нусхаи хаттӣ, ки аз рўйи гуфтаи баъзеҳо, аз ҷумла Дориюши Раҷабиён «як матни суғдии монавист, ки ба соли 1000 мелодӣ бармегардад» гуфтанӣ ҳастем, ки ин матн ба забони портӣ аст, на ба забони суғдӣ. Инчунин ин матн ба садаи VIII мелодӣ дахл дорад, ки дар ин давра забони портӣ аз истифода баромада буд ва забони тоҷикӣ ба ҷойи ин забон истифода мегардид ва ҳеҷ гуна тардид ва шакку шубҳа дар бораи қаробату наздикии забони портӣ ва забони тоҷикӣ (ҳар ду аз гурўҳи ғарбии забонҳои эронӣ) дар байни пажўҳишгарони эроншинос вуҷуд надорад. Дар ин бора таваҷҷўҳ шавад ба нуқтаи назари донишмандон: «Донишманди олмонӣ оқои Вернар Зандерман дар пушти яке аз нусхаҳои хаттии монавӣ – портӣ (нусхаи хатти шумораи М 339, ин нусха дар Олмон нигаҳдорӣ мешавад), ки марбути қарни ҳаштуми мелодӣ аст, номи тоҷиконро дар ҷумлаи «par tāžīgānē āwāk», яъне «ба овози тожигона»  (ба овози тожигӣ) кашф кард, ки бо ҳарфи «ж» ва «г» мебошад.» 
Дар бораи ин нусха таъкид менамоем, ки бо сабаби аҳамияти баланди илмӣ доштан нависандаи ин сатрҳо бо устод Д.Саймиддинов (равонашон шод бод) дар соли 2010 ба Академияи илмҳои Олмон рафта ин нусхаро бо чашми сар дидем ва аз он аксбардорӣ кардем. Дар ҳақиқат дар асоси гуфтаҳои муҳаққиқони олмонӣ ин нусха ба забони портӣ навишта шудааст ва мутааллиқ ба садаи VIII мебошад. 
Ин ибора, яъне «par tāžīgāne āwāk» дар ин нусха бо ранги норинҷӣ дар сатри ҳафтум омадааст. худи матн бо ранги сиёҳ навишта шуда, аз 17 сатр иборат буда, аз сатри 11 то сатри 17 қисман хароб шуда аз байн рафтааст. Ғулом Ҷелонии Доварӣ чор сатри аввалро чунин бозхонӣ кардааст: сатрҳои 1-3: «āўād pad nog nēw muvvā, nōg ǰug ud nēw pēšāy nog» сатри чорум «par tāgžīgānē āwāk»
Тарҷумаи таҳтулафзии сатрҳо чунинанд: «Умед аст, нек ояд ба фоли нав, ҷўги наву ояндаи неки нав» сатри чорум «Ба овози (ба таронаи) тоҷикӣ (Ғулом Ҷелонии Доварӣ. Таҳлили забони ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда. – Душанбе, 2016. – С.130).      
Вожаи «тоҷик» ба шакли «tāzyk» ва ба шакли «tāzykānak» (тоҷиконак) дар осори суғдӣ ҳам дида мешавад, ки ба қавли Доварӣ «аз тарафи Лившитс ва Ғариб ба ҳайси араб» ва «арабӣ» таъбир шуда, ки иштибоҳ мебошад. (Ғулом Ҷелонии Доварӣ. Таҳлили забони ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда. – Душанбе, 2016. – С.130). Ин ақида ба Зандерман В. ҳам сидқ мекунад, зеро вожаи «tāžīkānē» дар матни ба забони портӣ таҳияшуда замоне навишта шудааст, ки дини монавӣ таърихи ҳаштсадсолаи ниёиш дошта, ба ниёишу тарзи намозгузории арабҳову мусулмонҳо эҳтиёҷ надоштааст ва шояд аз тарзи ниёиши онҳо бехабар ҳам буданд. Аз тарафи дигар дини Монӣ ҳамроҳ бо забони портӣ ба шарқи Эронзамин паҳн шуд ва суғдиҳо ҳам ин динро ба воситаи дини портӣ қабул карда буданд ва маросимҳои дини монавияро бештар ва асосан ба забони портӣ иҷро мекарданд. Аз ин рў дар ин матн аслан забони тоҷикӣ ва лаҳни тоҷикӣ дар назар аст, на забони арабӣ ё мусулмонҳо.
Ин гуна намунаҳо оид ба умри забони мо, меҳан ва хостгоҳи он низ дар адабиёту осори то ба давраи мо расида хеле зиёданд. Вале ҳанӯз осори кашфношуда ва пажӯҳишношуда низ дар осорхонаву бойгониҳои гуногун зиёд нуҳуфтаанд, ки пажӯҳишгарони худро мунтазиранд.
Албатта, бо боварӣ ва итминони комил метавон гуфт, ки илми тоҷикшиносӣ, ки акнун пажӯҳиши таҳқиқот дар ин бахш оғоз гардидаву маълумоти хеле зиёде ҷамъоварӣ шудааст, дар оянда оид ба забони тоҷикӣ, миллати тоҷик, таърихи мардуми тоҷик садҳо далели нав пешниҳод намояд, то ҷавоби устувори маҳкаме шавад ба душманони забони тоҷикӣ ва соҳибони он.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات