05 Jul 2024
Submitted by Admin
699

Ватан дар луғати Деҳхудо ба маънои ҷои бошиш, ҷои иқомат, маҳали иқомат ва маскан, ҷое ки шахс зода шуда, нашву намо карда ва парвариш ёфта бошад, зодгоҳ ва меҳан омадааст [3, 23209 ].

Ватан дар ашъори форсу тоҷик, аз гузашта то кунун, маъноҳои мутанаввеъ доштааст. Дар адабиёти қадим ватан маъмулан ба ду маънои аслӣ дида мешавад: Яке ватан ба маънои сарзамин, хона ва кошона, ки шоир эҳсосоти шахсии худро нисбат ба он баён мекунад. (намуна) Маънои дигаре аз ватан, ки фаротар аз ватани замини аст, ватани осмонӣ ё ирфонист. Мо ин навъ маънои ватанро дар адабиёти ирфони метавонем, бубинем. Дарунмояе шеъри Румӣ нимоди чунин мафҳуме аст.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷуяд рӯзгори васли хеш [2, 21 ].

Маъно ва мафҳуми дигаре аз ватан, ки дар шеъру адабиёти муосир дида мешавад, ватан ба маънои сиёсии он аст. Ва ин низ ба ду маъно ҳузур дорад. Яке ватан ба маънои «ҷаҳонватанӣ», ки ҷилваҳои чунин мафҳуме аз ватанро дар шеъри Иқболи Лоҳурӣ метавон дид. Дувуми садои меҳанпарастӣ ё интиқоди иҷтимоъист, ки аз замони Машрута дар Эрон оғоз меёбад. «Дарунмояҳои шеъри машрута, масоилест, аз қабили Озодӣ, ватан, зан, ғарб ва санъати ғарб, интиқодҳои иҷтимоӣ ва то ҳадди зиёде дурӣ аз нуфузи дин ва…аст» [4, 35].Тавваҷуҳ ба чунин мафҳум, яъне ватан ба маънои сиёсии он дар адабиёти Тоҷикистон аз давраи шуравӣ ба шакли ҷидди ва мустақил дар адабиёти мактуб оғоз меёбад. Чунин мафҳуме аз маънои ватанро дар адабиёти омиёнаи тоҷик низ метавон дид. Монанди шеъри зер:

Дар даври қадим, дӯсто,

Меҳнат мекарданд халқо,

Роҳатша намедидан асло.

Роҳаташ буд ба фойдаи муфтхуро,

Намехостан он зулмгаро

Дасти меҳнаткашо шава боло

Доим кори халқро мезадан қафо…

…Халқ бедору мамлакат шуд ба по.

Душмани халқмон шид фано

Озодии халқ омад ба ҷо

Колхоз ташкил шид дар хоки мо

Савхозу МТС дар ҳама ҷо [3, 26].

Мавзӯи «ватан» дар ин мақола аз манзарҳои гуногун, дар яке аз жанрҳои роиҷ дар байни мардуми оммии Афғонистон, яъне дубайтиҳои омиёнаи тоҷикзабонони Афғонистон таҳлил ва баррасӣ шудааст. Равиши кор дар ин мақола чунин аст, ки пас аз ҷамъоварии маводи лозим, маъно ва мафҳуми ватанро бо зершохаҳои он дастабандӣ карда ва авомили корбурди чунин мафоҳимро дар дубайтиҳои омиёна шарҳ додаем. Баррасӣ ва ҳифзи ин осор дар ҷуғрофиёи сарзаминҳои ҳамсояамон, метавонад арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, фикрӣ ва забонии як миллатро дар мероси фарҳангии муштарак байни тоҷикзабонон бо ҳамдигар ошно созад. Маҳсули дубайтиҳои ин мақола аз сомонаҳо ва дӯстони афғонистонист, ки аз тариқи Интернет ҷамъоварӣ шудаанд ва номи ҳар манбаъ дар охири мақола дарҷ шудааст.

Дар дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон мафҳуми ватан бо абъоди гуногун ва тасвирҳои мутанаввеъ ҳузур меёбад, тасвирҳое, ки аз гӯшаву канори ватан дар ин навъ осор дида мешавад, худ навъи аҳаммият бар мафҳуми ватан аст. Яъне, дар тамоми дубайтиҳо, чи ошиқона, чи иҷтимоӣ, чи баҳорӣ ва ..., мо шоҳиди таҷрибаҳое аз мардуми оддӣ нисбат ба зиндагӣ ва ҳаёташон ҳастем, ки чунин мафоҳим ва таҷориб танҳо дар иқлим ва ҷуғрофиёи Афғонистон иттифоқ афтодааст. Монанди номҳои шаҳрҳои Афғонистон, маконҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, кӯчаҳо, бозорҳо, ҳатто номҳои паҳлавонони мардуми афғон ва номи духтаракон - маъшуқ ва..., ки ҳамаи ин вожагон дар тасвирсозии дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон сибғаи фарҳангии иқлими он кишварро нишон медиҳад. Бино бар ин, чунин осореро бо чунин вижагӣ ва хусусиёт мунҳасир ба ҷуғрофиёи Афғонистон кардааст. Илова бар чунин вижагии ин осор, ки ҷанбаи меҳанӣ дорад, худи мафҳуми «меҳан» бо зершохаҳояш дар ин осор ба сурати мустақим ҳузур меёбад. Яке аз мазомини бунёдӣ, ки барҷастатар аз дигар мавзуъоти меҳанӣ дар ин осор ба ҳисоб меояд, мафҳуми романтикӣ-меҳандӯстӣ ҳамроҳ бо нолаву фарёд ва эҳсоси ғурбат ва дурӣ аз ватан аст, ки дигар мавзуъҳои меҳанӣ даври ин мазмун мечарханд. Гӯяндагони дубайтиҳо ё аз дурии ватан меноланд, ё бо ӯ ҳамчун як маъшуқа ишқ меварзанд, ё машғули ситоиши ватананд, ё бо ӯ фахр мекунанд, ё тасвирҳое аз вайронии шаҳрашон, ба хотири чанд даҳа ҷанг дар Афғонистон дар ин сурудаҳо дида мешавад, ки хеле ҷолибанд.

Ситоиш аз ватан

Ситоиш аз ватан ва таҳсину тавсиф аз он дар шеъри шоирони ҳар миллат як амри табист. Ва чунин мафоҳимеро низ дар осори шифоҳӣ, бахусус дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон метавон мушоҳида кард. Ситоиш ва таҳсин аз ватан, бартарии шаҳрҳои ватан аз дигар шаҳрҳои ҷаҳон ва меҳри ватану ватандӯстӣ ва ишқ ба ватан ба таври густарда дар ин осор ҳузур доранд.

Дилам бо Ландану Маскав намеша,

Ба Порису Суис як ҷав намеша.

Тамоми мулки оламро бигардӣ,

Тамошоҳои Шаҳринав намеша [6].

*

Зи ғамҳои ту дилро фикри ман нест,

Ба олам беҳтар аз рӯйи Ватан нест.

На боле дораму на фикри парвоз,

Чу ман озода мурғе дар чаман нест [8].

Дурӣ аз ватан

Дурӣ аз ватан барои ҳар шахсе мумкин аст, иттифоқ биафтад. Дурӣ аз ватан навъи нӯстолжӣ аст. Вақте аз ватан дур ҳастӣ, он гоҳ мафҳуми воқеии ватанро дарк хоҳӣ кард. Ба қавли Доктор Шафеии Кадканӣ: Эй кош одаме ватанашро / мисли бунафшаҳо / (дар ҷаъбаҳои хок) / як рӯз метавонист / ҳамроҳи хештан бибарад, ҳар куҷо, ки хост [5, 169]. Мафҳуми дурӣ аз ватан, ки маъмулан шомили дубайтиҳои ғарибона ҳам мешавад, ба бахшҳои мухталиф дар ин осор тақсим мешавад. Яке афроде, ки бо ихтиёри худ ба далоили таҳсил, тиҷорат, ва…тарки ватан кардаанд ва оянда имкони баргаштан ба кишварашонро доранд. Дуюм афроде, ки ба далели хатари ҷони худ ё таҳдиди хатар ба хотири ҷанге, ки дар Афғонистон тайи чаҳор даҳа дар ҷараён аст, муҳоҷират кардаанд ва муҳоҷир ба ҳисоб меоянд ва имкони баргаштан ба ватанашон барояшон муяссар нест. Ин ду бахши муҳимро дар дубайтиҳои омиёнаи мардуми Афғонистон метавон дид. Дубайтиҳои зер навъи муноҷотнома бо ватан аст.

Ғами дурии ватан:

Худовандо, Худовандо, карам кун!

Ғами дури ватан дур аз сарам кун.

Ба ҳар сӯ меравам ашкам равон аст,

Нигоҳе бар ду чашмони тарам кун [9].

*

Ватан мегӯяму уммедворам,

Зи дасти бекасӣ ҳайрону зорам!

Агар дар хоб бинам ман ватанро,

Ҳалоки хештан созам ватанро! [7].

*

Мусофирӣ аҷоиб сахт кор аст,

Агар шаҳзода бошад хору зор аст.

Ҳазорон тушаку қолича бошад,

Ки зери паҳлуят монанди хор аст [6].

Муҳоҷират:

Муҳоҷират ё дохилӣ (даруншаҳрӣ) ё хориҷӣ (берун аз кишвар) аст. Дар қарни ҳозира муҳоҷират як падидаи роиҷест, ки маъмулан ба чанд ҳадаф сурат мегирад. Ё ба хотири кор, ё ба хотири буҳрон ва мушкилоте, ки дар шаҳр ё кишвар вуҷуд дорад. Монанди надоштани имконоти хуб, ё ба далели ҷанг ё ҳар чизи дигар. Имрӯза бахши зиёде аз мардуми Афғонистон дар кишварҳои ҷаҳон муҳоҷир ҳастанд, яъне, муҳоҷираташон хориҷист. Далели аслии муҳоҷирати мардуми Афғонистон ҷанг ва ҳузури гуруҳҳои ифротгаро дар ин кишвар аст. Ба ҳамин далел ағлаби ин мардум ба хотири чунин вазъияти вазнин дар кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир ҳастанд. Тасовире аз ин нооромиро мо ҳам дар ашъори шоирони касбияшон ва ҳам дар дубайтиҳои омиёнаи мардуми ин кишвар метавонем бубинем.Чунин дубайтиҳо илова бар доштани мафҳуми муҳоҷират, мафҳуми ҷангро ҳам дар бар доранд.

Ватандорон ватан оташфишон шуд,

Насиби мардумон оҳу фиғон шуд.

Ба ҳар сӯ марду зан, тифлу ҷавон бин,

Ки саргардон ба мулкои ҷаҳон шуд [9].

Албатта, мафҳуми «ҷанг» дар ин осор, метавонад мавзуи мустақиле бошад, вале ба хотири таъсир гузоштан ба кишвар ва зиндагии мардум метавонад яке аз зершохаҳои марбут ба ватан ҳам бошад, ки ҳамроҳ бо соири мафоҳими дигар, мисли муҳоҷират, дурӣ аз ватан, ва мушкилоти дигари зиндагӣ баён шавад. Ҷанг дар ватан боис мешавад, ки нигоҳ ва диди мардум ва таҷрибиёти онҳоро нисбат ба мафҳуми ватан дар ин осор мушоҳида кард.

Ало Кобул, чӣ тур вайрон гаштӣ,

Хароб аз бомбу аз овон гаштӣ.

Туро гуфнанд, ки қалби Осиёӣ,

Дар ин солҳо чаро беҷон гаштӣ [9].

*

Да Кобулҷон чӣ тур ҷанг ас, Худоҷон!

Сари қалбам магар санг ас, Худоҷон.

Дилам меша кунам фарёд аз ғам,

Дилам танг ас, дилам танг ас, Худоҷон! [9].

*

На барқ асту на тилу нони хӯрдан,

Намонда чорае ба ғайри мурдан.

Агар кушта шавӣ да хонаи ҷанг,

Намегира касе хунат ба гардан [9].

*

Худоё, мардуми Кобул куҷо шуд?

Зану мардаш гирифтори бало шуд.

Ба ғам биншаста дидам модаронро,

Табоҳий Кобул аз дасти сиё шуд [10].

Ва дубайтиҳоеро низ метавон дид, ки дар баёни озодии миҳан, ободии ватан ва дар баёни сулҳу оромиш ва шодии мардум суруда шудааст. Монанди:

Илоҳӣ, меҳанам озод гардон,

Зи сар вайронаро обод гардон.

Миёни мардумон сулҳу сафо ор,

Дили хунини мардум шод гардон [7].

Ҳамон гуна, ки дидед мафҳум ва маънои ватан ва зершохаҳои он дар дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон ҳузури барҷаста дорад. Аз миёни мафоҳим ва маъноҳои ватан, ки дар оғози мақола зикр шуд, ғайр аз мафҳуми ҷаҳонватанӣ, ватан ба маънои ирфонӣ тақрибан маъноҳои дигаре аз ватан дар ин сурудаҳо истифода шудаанд. Аммо мизони истифода аз чунин маъноҳо мутафовит аст. Мизони истифода аз ватан ба маънои дурӣ ва ғурбат бештару барҷастатар аст. Ватан ба маънои мафоҳими ҳамчун ҳисси ватандӯстӣ, таҳсин ва васф аз ватан, фахр бо ватан, озодихоҳии ватан, мавзуоти роиҷ дар ин осор аст. Ҳисси ностолжии ғурбат ва дурӣ аз ватан ҳам, ки бо далоиле гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ, ба вуҷуд омадааст, дида мешавад. Эҳсоси ғурбат дар ин осор нисбат ба шаҳр, хонавода ва ватан аст. Мо ғурбати ирфонии монанди зиндонии рӯҳ дар қолаби тан ё ҳикояти найи руҳ аз ҷудоиҳо, ки ҷону руҳ аз ватани аслияш дур аст ва дар шоирони касбӣ ба хусус дар ашъори классик ҳузури барҷаста дорад, дар ин осор намебинем. Ватан дар ин осор зодгоҳи шоири оммист, ки аз он дуру ҷудо афтодааст. Авомили ин ғурбат ҳам чаҳор даҳа ҷанг дар Афғонистон аст, ки таъсири мустақиме рӯйи ин осор гузоштааст, ва боиси ғурбату муҳоҷирати мардуми ин кишвар шудааст. Шоирони ин осор нисбат ба мафҳуми ҷанг дар кишварашон ҳам бетафовут набудаанд. Тасовире аз ҷанг, вайронии шаҳрҳо, ҳолу рӯзи мардум ва даъват ба созиш ва тафоҳуму ободии ватан мафоҳимест, ки ҳузури мустақим дар ин осор дорад. Ҳосили чунин мафоҳим дар дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон натиҷаи тағйироти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсист, ки дар шеъри омиёна ҳам таъсир гузоштааст. Албатта, ин нукта ҳам мавриди таваҷҷуҳ аст, ки шеъри шоирони касбии Афғонистон ихтисоси бештаре ба мавзуи ватан ва муҳоҷирату ғурбат дорад, чаро, ки дар адабиёти мактуби муосири Афғонистон ҳатто мо шоҳиди ҷараёни насле аз шоирони муҳоҷири Афғонистон ҳастем, ки ба номи «насли шоирони муҳоҷир» шинохта мешаванд. Дар сурудаҳои мардуми одии Афғонистон, ки ба шакли ҳирфаӣ шеър намесароянд, маъмулан авотифи дарунии худро нисбат ба ҳар мавзуъ ва мазмуне дар қолаби дубайтӣ ё рубоӣ баён мекунанд. Пас, ҷойи тааҷҷуб нест, ки мавзуоти иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ бозтоби густардае дар осори омиёнаи мардуми Афғонистон дошта бошад ва чунин мафоҳим ағлаб бо забони сода ва тасвиру тавсифҳое, ки бо зиндагии онҳо гиреҳ хӯрдааст, баён шавад.

Рустам Оймаҳмадов ходими калони илмии шуъбаи фолклори

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

КИТОБНОМА

1. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатномаи Деҳхудо. Ҷ. 15. / Алиакбар Деҳхудо. – Теҳрон: Муассисаи интишорот ва чопи донишгоҳӣ, 1377. − 23209 саҳ.

2. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Маснавии маънавӣ. Дафтари аввал ва дувум / М.Ҷ.М. Балхӣ. – Душанбе: Адиб, - 2013, - 480 саҳ.

3. Турсунзода М, ва Болдьрев А. Н. Фолклори тоҷик / М Турсунзода ва А. Н. Болдьрев. –. Сталинобод Нашриёти давлатии Тоҷикистон –1954. − 516 саҳ.

4. Шафеии Кадканӣ, Муҳаммадризо. Адвори шеъри форсӣ / Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. – Теҳрон: Сухан, 1390. – 175 саҳ.

5. Шафеии Кадканӣ, Муҳаммадризо. Оинае барои садоҳо / Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ. −Теҳрон: Сухан, 1388. – 169 саҳ.

Рӯйхати гӯяндаҳо:

6. Мақсуд Ҳайдариён, Таваллуд 1364, шамсӣ – Кобул –Шоир – Таҳсилкарда.

7. Фурӯзон Каримӣ, Таваллуд 1374, Кобул – Таҳсилкарда.

8. Шабнам Вораста, Таваллуд 1370, Кобул – Таҳсилкарда.

9. www.srodeeshgh.blogspot.com/2012/07/1.html?m=1.

10. www.24sahat.com/1391/09/16/7729/.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات