26 Sep 2024
Submitted by Admin
458

Забон ҳам дар “Маснавӣ” монанди дигар категорияҳои дигари фалсафӣ корбурди дугона дорад. Ҳамон гуна, ки маълум аст Мавлоно орифу қутби маънавии даврони худ буд ва забонро зарфе медонист, ки бояд дар хидмати маъно бошад. “Ҳарф зарф омад дар ӯ маънӣ чӯ об” далолат бар ҳамин бардошти Мавлоно аз забон дорад. Аз ин лиҳоз, забон дар дасти Мавлоно мисли мум нарм аст ва шоир он гуна ки худ мехоҳад, забонро тобеи андешаи худ менамояд. Мавлоно аз андак шоирони классик аст, ки худро тобеи қавоиди дастурии забон намедонад, балки бо қолабшиканӣ роҳро барои баёни мақсади хеш боз менамояд.

Умуман “Маснавӣ” китоби оштии зидҳост. Таззодҳо аз назари Мавлоно асосу пояи олами ҳастӣ ҳастанд. Дунё бар асоси таззодҳо бино шудааст. Забон ҳам дар назди Мавлоно аз ин муаммо истисно нест. Забон қолаби сухан аст ва олам аз сухан пайдо шудааст. Ба гуфтаи Мавлоно “Ин сухан барои он кас аст, ки ба сухан муҳтоҷ аст, ки идрок кунад. Аммо он ки бесухан идрок кунад бо вай чи ҳоҷати сухан аст? Охир, осмонҳову заминҳо ҳама сухан аст пеши он кас ки идрок мекунад ва зойида аз сухан аст, ки “Кун фаякун”. Пас пеши он ки овози пастро мешунавад машғалаву бонг чӣ ҳоҷат бошад[1]?”

Эй забон, ҳам оташу ҳам хирманӣ,

Чанд ин оташ дар ин хирман занӣ?...

Эй забон, ҳам ганҷи бепоён туӣ,

Эй забон, ҳам ранҷи бедармон туӣ.

Ҳам сафиру худъаи мурғон туӣ,

Ҳам аниси ваҳшати ҳиҷрон туӣ.

Мавлоно мегӯяд забон ҳам маншаи хайр аст ва ҳам маншаи шарр, гоҳе ҷаҳонсоз асту гоҳе ҷаҳонсӯз. Гаҳе захм асту гоҳе марҳам ва лаҳзае гулшан асту лаҳзае гулхан. Мавлоно бо такя ба каломи ҳазрати Алӣ, ки фармуда: “Одамӣ дар зери забони худ пинҳон аст”, мегӯяд, ки забон оинаи ботини инсонҳост. Танҳо аз тариқи забон аст, ки метавон ба ботину нияти одамизод пай бурд:

Одамӣ махфист дар зери забон,

Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон.

Чунки боде пардаро дарҳам кашид,

Сирри саҳни хона шуд бар мо падид.

К-андар он хона гуҳар ё гандум аст?

Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст?

Ё дар ӯ ганҷ асту море бар карон?

З-он ки набвад ганҷи зар бе посбон.

Забон кашшофи замири инсон аст. Мисли ханҷар корбурди дугона дорад. Гоҳе сабаби наҷот асту гоҳе боиси мамот. Пас аз ситоиши забон Мавлоно дар идома ба офоти забон ҳам ишораи зиёде кардааст. Ӯ забонро гоҳе ба хирман ва гоҳе ба оташ ташбеҳ мекунад. Ин забон барои инсон метавона дарди сарҳо калоне эҷод кунад:

Ин забон чун сангу ҳам оҳанваш аст

В-он чи биҷҳад аз забон, чун оташ аст.

Сангу оҳанро мазан бар ҳам газоф

Гаҳ зи рӯйи нақлу гоҳ аз рӯйи лоф.

З-он ки торик асту ҳар сӯ пунбазор,

Дар миёни пунба чун бошад шарор?

Золим он қавме, ки чашмон дӯхтанд,

З-он суханҳо оламеро сӯхтанд.

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.

Ба қавли Мавлоно як сухани ноҷо метавонад оламеро вайрон кунад, аз ин рӯ, ӯ пайравони худро барои риояти одоби сухангӯйӣ пандҳои судманд додааст. Ӯ суханро ба тире ташбеҳ мекунад, ки вақте аз камон ҷаст, дигар қобили баргашт нест. Аз ин ҷиҳат, одам қабл аз он ки сухане бигӯяд бояд паҳлӯҳои гуногуни онро низ дар назар бигирад:

Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,

Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.

Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!

Банд бояд кард селеро зи сар,

Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,

Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.

Сухани газофу беҳуда умри инсонро талаф мекунад ва аз тариқи забон розҳои пинҳон ошкор хоҳад шуд. Мавлоно лафзҳову номҳоро доме дар роҳи одамӣ медонад, магар сухане, ки аз сари хираду камол барояд, ки он ҳам бисёр кам аст:

Лафзҳову номҳо чун домҳост,

Лафзи ширин реги оби умри мост.

Он яке реге, ки ҷӯшад об аз ӯ,

Сахт камёб аст, рав, онро биҷӯ...

Манбаи ҳикмат шавад ҳикматталаб,

Фориғ ояд ӯ зи таҳсилу сабаб.

Мавлоно дар “Маснавӣ” ба шеваҳои аҷибу ғариб таъсироти забонро шарҳу тавзеҳ додааст. Дар маҷмӯъ ӯ забонро ҳиҷоби ҳақиқат медонад ва муътақид аст, ки бо забон ҳаргиз ҳақиқати кул ошкор намешавад.

З-он ки ин асмову алфози ҳамид

Аз калобай одамӣ омад падид.

«Аллама-л-асмо» буд Одамро имом,

Лек на андар либоси «айн»-у «лом».

Чун ниҳод аз обу гил бар сар кулоҳ,

Гашт он асмои ҷонӣ рӯсиёҳ,

Ки ниқоби ҳарфу дам дар худ кашид,

То шавад бар обу гил маънӣ падид.

Гарчи аз як ваҷҳ мантиқ кошиф аст,

Лек аз даҳ ваҷҳ парда-в мукниф аст.

Мавлоно мегӯяд гарчанде забон василаи баёни ҳақиқат аст, аммо қолаби ӯ барои ифшои рози ҳастӣ тангӣ мекунад. Агар одам идроки хосе надошта бошад, ҳаргиз аз тариқи лафзу калимот дарёи ҳақиқатро дарк нахоҳад кард. Забон мисли аломатҳои сари роҳ аст, ки мусофиронро ба сӯйи мақсад раҳнамоӣ мекунад, аммо расидан ба мақсад ба дарки худи равандагони роҳ вобастагӣ дорад. Аз дидгоҳи ӯ ин аломатҳо ҳам раҳнамо ҳастан ва ҳам раҳзан. Мавлоно суханро ба пӯст ва маъниро ба мағз ташбеҳ кардааст.

Ин сухан чун пӯсту маънӣ мағз дон,

Ин сухан чун нақшу маънӣ ҳамчу ҷон.

Пӯст бошад мағзи бадро айбпӯш,

Мағзи некӯро зи ғайрат ғайбпӯш.

Чун қалам аз об буд, дафтар зи об,

Ҳар чӣ бинвисӣ, фано гардад шитоб.

Дар ҷаҳонбинии Мавлоно ҳар маъние, ки ба сурат даромадаст, худ барои кашфи ҳақиқат ҳиҷобест. Ӯ ҳатто қолаби алфозро ҳиҷоби маънову ҳақиқат медонад. Танҳо роҳи дарки ҳақиқат қолабшиканист. Мавлоно ҳамагуна сабабу далелу воситаро барои дарки ҳақиқат гумроҳкунанда мехонад:

Ҳарф гуфтан бастани он равзан аст,

Айни изҳори сухан пӯшидан аст.

Булбулона наъра зан дар рӯйи гул,

То кунӣ машғулашон аз бӯйи гул.

То ба «қул» машғул гардад гӯшашон,

Сӯйи рӯйи гул напаррад ҳушашон.

Пеши ин хуршед, к-ӯ бас равшанест,

Дар ҳақиқат ҳар далеле раҳзанест.

Мавлоно дарки ҳақиқати воқеиро дар гарави берун омадан аз ҳиҷоби алфозу калимаҳо медонад. Агар инсон дар доми алфоз гирифтор гардад, ба олами ҳақиқат наздик нахоҳад шуд. Қолабҳоро бояд шикаст, аз ҷумла қолаби алфозро. Ӯ мегӯяд бисёре аз одамон саргарми алфозу калимаҳо шуда, умри худро сарфи баҳсу муҷодилаҳои бефоида мекунанд. Ин саргармӣ ҳам аз назари ӯ як навъ гумроҳӣ маҳсуб мешавад:

Бод каҳро з-оби ҷӯ чун во канад,

Об якрангии худ пайдо кунад.

Шохҳои тозаи марҷон бибин,

Меваҳои руста з-оби ҷон бибин.

Чун зи ҳарфу савту дам якто шавад,

Он ҳама бигзораду дарё шавад.

Ҳарф гӯву ҳарф нӯшу ҳарфҳо

Ҳар се ҷон гарданд андар интиҳо.

Мавлоно муътақид будааст, ки ҳақиқат дар пушти алфоз нуҳуфтааст ва агар инсон аз ин марҳала убур накунад, ба кашфи ҳақиқат намерасад. Аз назари Мавлоно ҳар чи дар ин олам ҳаст нишона, аломат ё воситае барои дарки ҳақиқат ҳастанд, на худи ҳақиқат. Бинобар ин дармондан дар воситаву аломатҳои зоҳирӣ, нишонаи гумроҳӣ хоҳад буд:

Рафтани ин об фавқи осиёст,

Рафтанаш дар осиё баҳри шумост.

Чун шуморо ҳоҷати тоҳун намонд,

Обро дар ҷӯйи аслӣ бозронд.

Нотиқа сӯйи даҳон таълимрост,

В-арна, худ он нутқро ҷӯйе ҷудост.

Меравад бе бонгу бе такрорҳо

Таҳтаҳа-л-анҳор то гулзорҳо.

Эй Худо, ҷонро ту бинмо он мақом,

К-андар ӯ беҳарф мерӯяд калом.

Мавлоно дар саросари осори худ, чи “Маснавии маънавӣ” ва чи “Девони кабир” борҳо аз қолаби танги забон ва маҳдудиятҳои бархоста аз он шикоятҳо кардааст. Ӯ мегӯяд, ки расидан ба ҳақиқат аз тариқи забону калимаву алфоз номумкин аст, балки ҳақиқат танҳо ба воситаи шуҳудоти қалбӣ муяссар мегардад:

Эй дареғо! Вақти хирмангоҳ шуд,

Лек рӯз аз бахти мо бегоҳ шуд.

Вақт танг асту фарохий ин калом,

Танг меояд бар ӯ умри давом.

Найзабозӣ андар ин куҳҳои танг

Найзабозонро ҳамеорад ба танг.

Вақт тангу хотиру фаҳми авом

Тангтар сад раҳ зи вақт аст, эй ғулом!

Мавлон мегӯяд, ки ҳақиқатҳое, ки ба воситаи калом баён мешаванд, нисбӣ ҳастанд, зеро маънӣ ҳаргиз дар зарфи лафз намегунҷад. Ӯ забонро барои баёни машҳудоти қалбӣ нотавон медонад. Мавлоно танҳо ба идроки шуҳудӣ бовар дорад, ки он дар қолаби забон ҷой намешавад:

Он ки як «дидан» кунад идроки он,

Солҳо натвон намудан аз забон.

Он ки як дам бинадаш идроки ҳуш,

Солҳо натвон шунидаш он ба гӯш.

Сабаби гилаи Мавлоно аз забон ин аст, ки калом як зарфи маҳдуд аст, вале ҳақиқат олами номаҳдуд, бинобар ин чигуна номаҳдуд дар зарфи маҳдуд мегунҷад? Баҳрро чигуна метавон дар куза ҷой кард?:

Он ду уштур нест он як уштур аст,

Танг омад лафз, маънӣ бас пур аст.

Лафз дар маънӣ ҳамеша норасон,

З-он паямбар гуфт: – «Қад калла лисон».

Нутқ устурлоб бошад дар ҳисоб,

Чӣ қадар донад зи чарху Офтоб?

Хоса чархе, к-ин фалак з-ӯ парраест,

Офтоб аз Офтобаш зарраест.

Сипас, Мавлоно ба шарҳи моҳияти сухан мепардозад. Сухан аз назари ӯ арзишӣ ва зидди арзишӣ мешавад. Сухани накӯ калиди дарҳои биҳишт ва сухани бад калиди дарҳои дузах аст.

Дар “Маснавӣ” ба ғайр аз шарҳи моҳияти фалсафии забон барои кашфи ҳақиқат, Мавлоно ҳамчунин ба нақши иҷтимоии забон низ ишораҳои нағзе кардааст. Аз ҷумла, ин ки шунавандаи хуб гӯянда ё худ соҳибсуханро ба ваҷд меорад:

Ин сухан шир аст дар пистони ҷон,

Бе кашанда хуш намегардад равон.

Мустамеъ чун ташнаву ҷӯянда шуд,

Воиз ар мурда бувад, гӯянда шуд.

Мустамеъ чун тоза омад бемалол,

Сад забон гардад ба гуфтан гунгу лол.

Мавлоно ҳамчунин инсонҳоро аз офати пургӯйи огоҳ намуда, онҳоро ба муъҷазбаёнӣ ҳидоят кардааст. Аз назари ӯ одам на танҳо аз баёни сухани носавоб парҳез намояд, балки сухани некуро ҳам ба дарозо накашад:

Ҷазби самъ аст, ар касеро хуш лабест,

Гармию ҷидди муаллим аз сабист.

Чангиеро, к-ӯ навозад бисту чор,

Чун наёбад гӯш, гардад чангбор.

На ҳарора ёдаш ояд, на ғазал,

На даҳ ангушташ биҷунбад, на амал.

Гар набудӣ гӯшҳои ғайбгир,

Ваҳй н-овардӣ зи гардун як башир.

В-ар набудӣ дидҳои сунъбин,

На фалак гаштӣ, на хандидӣ замин.

Мавлоно ҳақиқатро ҳаргиз дар қолабҳо намеҷӯяд, балки бузургтарин орифи қолабшикан будааст. Аз ҳамин ҷиҳат ӯ дар “Маснавӣ” он гуна ки салоҳ дидааст, қолабшикании забонӣ кардааст. Ӯ иштирокоти лафзиро гумроҳкунанда медонад, чунончи мегӯяд ваҷҳи муштараки муъмин кофар тани онҳост. Мавлоно мегӯяд, ки сухани ҳақ аз ботил фарқ дорад, агарчи дар зоҳир бояд алфози ба ҳам монанд баён мешаванд. Аз ин ҷиҳат, суханони ростин шунавандаро мисли оҳанрабо ба худ ҷазб менамоянд ва гапи дурӯғ баръакс анҷуманро пароканда хоҳад кард, зеро дар каломи дурӯғ ҳеч ҷазбаву кашише вуҷуд надорад:

Ҷӯши нутқ аз дил нишони дӯстист,

Бастагии нутқ аз беулфатист.

Дил, ки дилбар дид, кай монад туруш?

Булбуле гул дид, кай монад хамуш?

Мавлоно муътақид буда, ки аҳли дил ҳатто бидуни калом ҳам метавонанд бо якдигар иртибот барқарор намоянд. Ӯ дар ҳамин иртибот ҳамдилиро аз ҳамзабонӣ бартар хондааст:

Ҳамзабонӣ хешию пайвандӣ аст,

Мард бо номаҳрамон чун бандӣ аст.

Эй басо ҳиндуву турки ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ғайри нутқу ғайри имову сиҷил

Садҳазорон тарҷумон хезад зи дил.

Мавлоно алфозро ба колбад ва маъониро ба рӯҳ ташбеҳ карда, муътақид будааст, ки қолаби алфоз барои баёни аҳвол ва маъноҳои хос нотавон ҳастанд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар саросари осори худ аз тангии қолаби алфоз барои баёни ҳақиқати маъно шикоятҳо кардааст. Ӯ мегӯяд ҳамон гуна, ки деворҳои атрофи боғ монеи ворид шудани хоҳишмандон мешаванд, алфозу калимаҳо низ монеи дохил гардидани одам ба боғҳои маънавӣ гардидаанд. Мавлоно аз ангуштшумор шоирони классики форсу тоҷик аст, ки дар корбурди забон маҳорату сабки хоси худро дорад. Шоир худро тобеи қоидаҳои грамматикӣ намедонад, балки дастури забонро тобеи майли худ месозад. Ин худсозиҳои Мавлоно гарчанде дар ҳеч қолабе нагунҷад ва тобеи ҳеч қоидае ҳам набошад, боз бар латофати баёну каломи ӯ таъсири манфӣ намерасонад.

Яке аз омилҳои шахсият бахшидан ба забон, сохтани калимаҳои тоза мебошад. Шоирони дигар ба монанди Низомӣ ва Хоқонӣ низ дар маснавиҳои худ даст ба калимасозӣ задаанд, аммо бештар ба калимаҳои фохир ва классикӣ такя доранд. Аммо Мавлоно аз сари ниёзи отифӣ ва бар асоси таҷрибаҳои шахсии худ вожасозӣ кардааст. Ҳар шоире дар ин замина таҳти таъсири омилҳои гуногун будааст. Аммо Мавлоно бо нигариши хосе, ки ба забон ва истифода аз ҳамаи имконоти забонӣ ва завқи навҷӯӣ дар лафзу маъно ва тасвир боиси офариниши калима ва таъбирҳои бештар шудааст. Дар ин роҳ забони Мавлоно камтар таҳти таъсири гузаштагон буда, балки бештар натиҷаи халлоқиятҳои ҳунарии худи шоир будааст.

Беҳрӯзи Забеҳулло, - мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

[1] Фийҳӣ мо фийҳӣ, саҳ 15

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات