23 Oct 2024
Submitted by Admin
415

Достони “Чароғи абадӣ” дар соли 1956 таълиф гардида дар он симои асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба тасвир кашида шудааст. Дар меҳвари достони мазкур ду лаҳзаи муҳимми зиндагӣ; интизории таваллуди фарзанд ва интизори дидори шахсияти азизу муътабар қарор дошта, шоир ба таври намодин ин ду лаҳзаро ба таври мувозӣ ва ҳунармандона инъикос менамояд. Ба қавли мунаққиду адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ: “дар асар симои устод Айнӣ, зиндагии сахту сангини ӯ, ҷойгоҳи вай дар таърихи адабу фарҳанги тоҷик тавсиф карда шуда, ба намоди рӯшноӣ пайваста мешавад ва устод ба сифати рӯшангари роҳи фарзанди нав ва куллан миллати тоҷик ба тасвир меояд”:

Худи устод машъал шуд алав шуд,

Чароғи равшани дунёи нав шуд.

Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,

Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам…

Муҳтавои достони мазкур бо ҳамин ду сужа маҳдуд намешавад, балки шоир бо пардозиши ин ду лаҳзаи муҳимм масъалаҳои бузургтар, аз ҷумла сарнавишти имрӯзу ояндаи қитъаҳои Осиёву Африқо ва Тоҷикистонро низ матраҳ намуда, хулосаҳои ҷолиб ба даст меорад. Ҷамъи масоили мутаззод дар як достони лирикӣ аз огоҳӣ ва маҳорати шоирии устод Мирзо Турсунзода далолат мекунад.

Дар бораи достони “Чароғи абадӣ” муҳаққиқони осори Мирзо Турсунзода таҳқиқоти арзишманде анҷом дода, ҷузъиёти онро ба тафсил барои хонандагон пешниҳод кардаанд.

Хабари тозаи гузориши мо дар ин замина ба кашфи чанд пораи чопнашудаи достони “Чароғи абадӣ” иртибот дорад. Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ин рӯзҳо саргарми таҳияи “Куллиёт”-и 6 ҷилдаи осори Мирзо Турсунзода аст. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва муқоисаи дастнависҳои устод дар осорхонаи адабии ӯ порчаҳои шеърие ба даст омад, ки то кунун чоп нашудаанд. Баъди таҳлилу баррасӣ муайян гардид, ки ин порчаҳои шеърӣ марбут ба достони “Чароғи абадӣ” ҳастанд. Дар ин 19 байти тоза бадастомада шоир симои устод Айниро дар ҳолатҳои гуногун тасвир кардааст. Инак, байтҳои аз чашмафтода бори аввал пешкаши дӯстдорони каломи мавзун мегарданд:

Гаҳе дар идҳо мешуд ғазалхон,

Гаҳе бо кӯдакон мегашт гирён,

Гаҳе дар ҷангҳо шамшер мешуд,

Гаҳе дар маслиҳатҳо пир мешуд,

Гаҳе мекард он ошиқнавозӣ,

Гаҳе метофт рӯ аз ишқбозӣ,

Гаҳе монанди дарё ҷӯш мезад,

Гаҳе дам зери лаб хомӯш мезад.

Гаҳе мешуд аён монанди моҳе,

Гаҳе борон, гаҳе абри сиёҳе,

Гаҳе мекард дунёро тамошо,

Гаҳе бо ҳоли худ мемонд танҳо.

Ба ҳар доне, ки мерезад ба анбор

Ба ҳар бехе, ки сар шуд оби ҷӯбор.

Ба ҳар боғе, ки боғи навниҳол аст,

Ба ҳар шохе, ки дар авҷи камол аст.

Ба ҳар даште, ки бо зӯри тавоно,

Дигар кардаст симои заминро,

Ба ҳар фарзанди боақлу хирадманд,

Ба ҳар насле, ки бо халқ аст пайванд.

Ба фатҳу нусрати эҷодкорон,

Ба шаъну шуҳрати пирон, ҷавонон.

Суруди хешро мекард инъом,

Намегардид аммо боз ором.

1V

Қалам, коғаз, сиёҳӣ буд дар пеш,

Адиб, устод бо андешаи хеш.

Нишаста фикри худро харҷ мекард,

Ба коғаз сатрҳоро дарҷ мекард.

Хаёлаш мепарид аз хонаи танг,

Ба ҳосилхез водӣ, кӯҳ, бар санг.

Гаҳе аз чашмасорон об мехурд,

Гаҳе бар марғзорон тоб мехурд.

Гаҳе чун мурғи дар парвоз мешуд,

Гаҳе бо дӯстон дамсоз мешуд.

Гаҳе бо коргарҳо ҳамнишин буд,

Гаҳе бо пахтакорон пахтачин буд.

Гаҳе аз боғҳо гулдаста мечид,

Гаҳе дар пои гулҳо хор медид...

Ёдовар мешавем, ки устод Мирзо Турсунзода ашъори худро дар дафтару коғаз ва блокнотҳое, ки ҳангоми ширкат дар анҷуману ҷаласаҳои муҳимми давлатӣ дар Душанбеву Маскав баргузор мешуданд, иншо мекард ва эҳтимолан ин мисраҳо дар миёни анбӯҳи навиштаҳо аз чашми мураттибон пинҳон монда бошанд.

Беҳрӯзи Забеҳулло,

мудири шуъбаи адабиёти муосири

Институти забон ва адабиёти ба номи

Абубдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات