04 Nov 2024
Submitted by Admin
234

Рӯзи 6 ноябри соли 1994, яъне сӣ сол аз ин муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ин сана бошукӯҳ таҷлил мегардад.
Воқеан, Конститутсия хатти тақдир ва санади сарнавиштсозест, ки ҳар миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни ҷаҳон онро бо дарки масъулияти амиқ дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва ояндааш бо дасти худ менависад.

Ба баёни дигар, Истиқлоли давлатӣ моро тақдирнависи миллату давлати худ кард ва таҳияву тасвиби бахтномаи миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзгори файзбори Истиқлол ба ибтикори Пешвои муаззами миллат бозгӯйи ҳамин ҳақиқат аст.

Конститутсияи Тоҷикистон истиқлоли давлати тоҷиконро ба расмият дароварда, асосҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ояндаи онро мутобиқи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ муайян сохт.

Дар Конститутсия таъкид шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, дар он барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона фароҳам оварда мешавад. Ин ҷавҳари конститутсионӣ дар баробари соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани давлат мазмуни иҷтимоӣ доштани онро комилан ифода менамояд.

Яке аз талаботи муҳимми Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳои дигар мебошад. Зеро қонунмандӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва пешрафту созандагии он ба шумор меравад.

Барои ноил гаштан ба ин мақсад пеш аз ҳама зарур аст, ки эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонунҳо ба ҳукми анъана дароварда шавад.

Конститутсия аслан истилоҳи лотинист, ки “ташкил додан”, “барпо намудан”, “бунёд гузоштан”, “эҷод ва таъсис кардан” маънидод мешавад ва таърихи чандсадсола дорад. Ба ин маънӣ, Конститутсия қонуни асосии давлат мебошад, ки дорои эътибори олии ҳуқуқист ва асосҳои сохтори давлатӣ, ташкили ҳокимияти давлатӣ ва авзои ҳуқуқии шахсро муайян месозад.

Ёдоварӣ мебояд, ки баъзе меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла озодии динию дунявии инсон ва шаҳрванд реша дар умқи таърих дорад ва аз ҷӯйи хиради ниёгони бузурги мо об мехӯрад.

Ба ибораи дигар, нахустин санади таърихие, ки дар он баробарии ҳамаи инсонҳо таъкид шудааст, муқаррароти ҳуқуқии бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир аст ва яке аз боғҳои зебои Душанбешаҳри мо дар шафати Театри опера ва балети ба номи устод Айнӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудааст.

Соли 539 то милод бунёдгузори сулолаи подшоҳии Ҳахоманишиён Куруши Кабир (солҳои давлатдорияш 559-530 то милод) шаҳри Бобилро, ки қавми яҳуд дар ин шаҳр дар асорат қарор дошт, ба даст овард ва ин қавмро аз бандагию бардагӣ озод кард. Ӯ ҳамчунин бори нахуст дар таърих баробарии нажодии инсонҳоро эълон намуд.

Ин муқаррарот бо дастури Куруши Кабир барои наслҳои пасин бо хатти мехӣ дар устувонаи сафолие сабт гардид ва дар Бобилистон нигаҳдорӣ мешуд. Хушбахтона, соли 1879 ҳангоми ковишҳои бостоншиносӣ дар Бобилистон ин устувонаи сафолӣ ошкор карда шуд ва аз ҳамон таърих то ба имрўз дар Осорхонаи Британияи Кабир нигаҳдорӣ мешавад.

Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ метавон гуфт, ки муқаррароти ҳуқуқии Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар аст. Ин муқаррарот бо шаш забони расмии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума ва муҳтавои аслии он дар чор моддаи аввали Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мунъакис шудааст.

Дар «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ низ ҳамин ғоя, яъне баробарии инсонҳо, қатъи назар аз рангу пӯст, дар қиссаи накӯҳиш кардани Зол падараш Соми Наримонро, ки фарзанди худро ба хотири сапедии мӯй, дар кӯҳ пинҳон карда буд, сареҳан таъкид шудааст. Зол ба падараш Соми Наримон мегӯяд:

Зи модар бизодам, бияндохтӣ,

Ба кӯҳ андарам ҷойгаҳ сохтӣ.

На гаҳвора дидам, на пистони шир,

На аз ҳеч хубӣ маро буд вир...

Туро бо ҷаҳонофарин буд ҷанг,

Ки аз чӣ сапеду сиёҳ аст ранг?!

Ҳамин ғояи баробарии ҳуқуқи инсон, қатъи назар аз рангу пӯст, ки аз ҳикмати азалии ниёгони мо маншаъ мегирад, баъдан аз сарзамини пешиниёни мо ба сарзаминҳои Ҳинду Юнон ва ниҳоят ба Рими Қадим густариш пайдо карда, дар Рим ташаккули бештар ёфт ва имрӯз бунмояи Конститутсияи аксари кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.

Конститутсия воқеан бахтномаи ҳар як миллати озодандеши соҳибхираду соҳибфарҳанг аст. Вай рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдорию бақои давлату миллат мебошад. Зеро, дар дунёи пуртазоди муосир фақат миллате соҳиби ному эҳтиром шуда метавонад, ки дар заминаи Конститутсияи худ дорои истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақил бошад ва музаффариятҳои онро азизу гиромӣдорад ва чун гавҳари чашм ҳифз намояд.

Ҳасани СУЛТОН, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات