پیغام خطا

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
29 Sep 2025
Submitted by Admin
94

Дар бораи Мавлонои Балхӣ муаллифи «Маснавии маънавӣ» ва Девони Шамс рисолаву мақола ва тадқиқоти бешумори мондагоре аз тарафи муҳаққиқону донишмандони ҷаҳон навишта шудааст. Тамоми муҳаққиқин бузургии Мавлоноро ба субут расониданӣ шудаанд ва хостаанд сирри мондагории осори безаволи ӯро боз намоянд.Танҳо дар бораи сирру асрори “най”-и Мавлоно муҳаққиқон чандин ҷилд тадқиқот навиштаанд.

Аммо ҳақиқат ин аст, ки осори Мавлонои бузург чун баҳри паҳноварест, ки ҳар муҳаққиқе ба андозаи кӯзаи дониши тафаккури хеш ба қавли худи Мавлонои Балхӣ:

Гар бирезӣ баҳрро дар кӯзае,
Чанд гунҷад? Қисмати якрӯзае!
 

Аз он дурри маъниҳои рангину сара ба даст меорад. Ва ин баҳри нопайдоканори маънӣ ҳамоно муҳаққиқи амиқандешу жарфнигари худро меҷӯяд, то мазмунҳои тозае аз он берун орад.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ шоири навангезу тозапардози ориф ва андешапарвари нотакрор аст. Тозапарварӣ ва навангезиҳои Мавлонои Балхӣ аз андешапарварӣ ва баёни фикрҳои бикри орифонаи ӯ ба вуҷуд омадааст.

Навовариҳои Мавлонои Балхӣ дар Девони Шамс аз суханбозиву сухансозиҳои бадеи маснӯъ иборат нест. Яъне тозакориҳои Мавлоно дар шеър аз тариқи корбасти саноеи лафзиву маънавии шеърӣ ба амал наомада, балки аз тариқи шинохти нави ҷаҳон ва бо диди дигар нигаристан ба моҳияти инсон ва ҳастӣ иттифоқ уфтодааст. Баёни андешаи нав ва дарки дигаргунаи ҳастӣ ба шеъри ӯ тозагӣ бахшидааст.

Аз ин нуқтаи назар аст, ки шеъри Мавлоно хонандаи хешро аз банди қайдҳо ва гирифториҳои деринаи зиндагӣ раҳоӣ мебахшад ва ӯро ба олами номутаноҳӣ пайванд медиҳад.

Чун дид ва шинохти Мавлоно роҷеъ ба зиндагӣ дигаргунаву нав аст, бинобар ин сухани ӯ низ тозаву навидбахш ва вораҳонанда аз маҳдудаи ҷаҳон ва муҳликоти он ба назар мерасад.

Мавлоно тарафдори навгониву навандешӣ дар шеър аст. Шинохти тозаи ҷаҳон боиси пайдо шудани андешаҳои наву бикр шудааст, ки бозтоби чунин андешаҳоро дар ашъори дилангези Мавлоно зиёд мушоҳида менамоем. Ғазалиёти Мавлоно саршор аз андешаҳои бикру тоза доир ба шинохти ҷаҳон ва моҳияти он аст. Рӯ ба тозагӯйӣ овардану ҷонибдори тозапардозӣ будани Мавлоно дар ин ғазали ӯ таҷассум ёфтааст:

Ҳин сухани тоза бигӯ, то ду ҷаҳон тоза шавад,
Вораҳад аз ҳадди ҷаҳон, беҳаду андоза шавад.
Хоки сияҳ бар сари ӯ, к-аз дами ту тоза нашуд,
Ё ҳамагӣ ранг шавад, ё ҳама овоза шавад.
Ҳар кӣ шудат ҳалқаи дар, зуд барад ҳуққаи зар,
Хоса, ки дар боз кунӣ, маҳрами дарвоза шавад.
Об чӣ донист, ки ӯ гавҳари гӯянда шавад,
Хок чӣ донист, ки ӯ ғамзаи ғаммоза шавад.
Рӯи касе сурх нашуд бемадади лаъли лабат,
Бе ту, агар сурх бувад, аз асари ғоза шавад.
Ноқаи Солиҳ чу зи кӯҳ зод, яқин гашт маро,
Кӯҳ паи муждаи ту уштури ҷаммоза шавад.
Роз ниҳон дору Хамӯш в-ар хамушӣ талх бувад,
Он чи ҷигарсӯз бувад, боз ҷигарсоза шавад.
 

Сухани тозаи “ҷигарсӯз ва ҷигарсоза”-и Мавлоно воқиан сухани паёмдору бедоркунанда ва вораҳонанда аз маҳдудаи танги ҷаҳон буда, рӯҳҳои хонандагонро ба олами беандозаву номутаноҳӣ уруҷ медиҳад.

Аз дами ҷонбахши сухани Мавлоно ҷонҳои огоҳу бедор парвариш ёфта, ба олами бепаҳноиву ҷовидонагӣ ҳамроҳу ҳамовоз мегардад. Тозапарвариву тозакориҳои Мавлонои Балхӣ дар шеър аз андешапарварии ӯ зуҳур кардааст. Дар саросари осори Мавлоно радди пои тозабиниву тозасозиҳои ҳунарӣ ва адабии ӯ равшан намоён аст. Мавлоно орифи раббонист, ки хонандаро аз банди муҳликоти нафсонӣ ва касодии ахлоқӣ раҳо мекунаду аз дасташ мегирад ва ба дунёи ҷовиди ҳувиятсози инсонӣ ҳидоят мекунад. Дунёе, ки Мавлоно дар шеъраш барои ҷовидон бунёдгузорӣ намудаву пешорӯи хонанда густурдааст, дунёи меҳру отифаи инсонӣ ва муруввату ҷавонмардист!

Ҳамин тавр, Мавлоно тарғибкунандаи меҳру муҳаббати инсонӣ буда, ҳамаро ба сарвақти худ ба маҷлиси унс даъват менамояд. Пурбасомадтарин вожаҳои ашъори Мавлоно дар девони Шамс вожаҳои биё, биёед, салом, равшанӣ, ид, ишрат, ҷашн, муҳиб, муҳаббат, меҳр, гулзор, субҳ, бедорӣ, шакар, қанд, ширинӣ, ханда, хушнудӣ, лутф, рафиқ, дӯст, ҳамдилӣ, иттиҳод, ягонагӣ, хаёли дӯст ва ҳазорон аз ин даст вожагоне, ки шодибахшу нишотовар буда, иттиҳоду сарҷамъӣ ва ягонагиву осудагии хотир ва болидагии равонии инсонро тарғиб менамояд, ба шумор меоянд. Мавлоно ингуна вожагонро беҳадаф ва ба таври умумигӯӣ истифода накарда, балки ҳадафмандона ва вобаста ба фалсафаи меҳройинӣ ва густариши дӯстиву ягонагии маънавии инсонҳои сайёра ба кор бурдааст.

Бинобар ин Мавлоно шоири иттиҳодҷӯ ва пайвандгари ҷонҳои бедору огоҳ ва ба дӯстӣ моил мебошад ва ҳамеша инсониятро зери боли меҳрпарвару ба гулистон шабеҳи хеш даъват мекунад:

Биёед, биёед, ки гулзор дамидаст,
Биёед, биёед, ки дилдор рамидаст.
Биёед, ба як бор ҳама ҷону ҷаҳонро
Ба хуршед супоред, ки хуш теғ кашидаст.
Бар он ёр бихандед, ки ӯ ноз намояд,
Бар он ёр бигирйед, ки аз ёр буридаст.
Ҳама шаҳр бишӯред, чу овоза дарафтод,
Ки девона дигар бор зи занҷир раҳидаст.
Чӣ рӯз асту чӣ рӯз аст чунин рӯзи қиёмат
Магар номаи аъмол зи офоқ паридаст,
Бикӯбед дуҳулҳову дигар ҳеҷ макӯбед,
Чӣ ҷои дилу ақл аст, ки ҷон низ рамидаст.
 

Ин ғазал як намуна аз фалсафаи шодзистӣ ва зиндагии тарабангези Мавлоност, ки инсонро ба сулҳу сафо ва осудагию гулзор мехонад. Мавлонои Балхӣ бар рағми фитнаангезиву нооромиҳои ҷаҳонхоҳони хунмаст мардуми ҳамзамонашро ба паноҳгоҳи амну ороми ҳунарие, ки дар шеър созмон дода буд, ба шодиву нишот мехонад:

Биё, к-имрӯз моро рӯзи ид аст,
Аз ин пас айшу ишрат бар мазид аст.
Бизан дасте, бигӯ, к-имрӯз шодист,
Ки рӯзи хуш ҳам аз аввал падид аст.
Чу ёри мо дар ин олам кӣ бошад?
Чунин иде ба сад даврон кӣ бошад?
Замину осмонҳо пуршакар шуд,
Ба ҳар сӯе шакарҳо бардамидаст.
Расид он бонги мавҷи гавҳарафшон
Ҷаҳон пурмавҷу дарё нопадид аст...
 

Мавлоно дар шеър мазҳабу кеши тозаеро бо номи мазҳаби шиқ ва меҳру ҳамдилӣ тарҳрезӣ намуд, ки он бо номи сулуки “мавлавия” маълуму машҳур аст.

Ва маҳз ҳамин тариқати меҳройинии Мавлонои Балхӣ ӯро водор менамояд, ки ба тамоми замину замон, рӯҳҳои қудсӣ, ошиқони дерин низ салому паёми меҳр ироа намояду онҳоро бо сухани хуш навозад ва ҷаҳонро саршор аз меҳру утуффати ахлоқи инсонӣ намояд:

Ба рӯҳҳои муқаддас зи ман салом баред,
Ба ошиқони муқаддам зи ман паём баред.
Ба рӯзи васл чу барқам, шаби фироқ чу абр,
Аз ин ду ҳоли мушавваш, бигӯ, кадом баред?
Худои хасми шумо, гар ба пеши он хуршед,
Зи моҳу шамъу ситора-в чароғ ном баред.
 

Калидвожаи меҳварии меҳровару меҳрпарвари Мавлоно ба ҷаҳон ва ба инсони сайёра салом аст. Саломи Мавлоно саломи ошноӣ ва сулҳу садоқату сафову ҳамгироист:

Салом бар ту, ки сини саломи ту чу расид,
Салом гирди ҷаҳон гашт ҷуз ту напсандид.
Ба гирди боми ту гардон кабӯтарони салом,
Ки бе паноҳи ту касро нашояд оромид.
Чу парру бол зи ту ёфтаст ҳар мурғе,
Зи ғайри ту ба куҷо бошадаш умеди мазид.
Ба ҳар тараф, ки бибинӣ ту мурғи сӯхтапар,
Бидон, ки аз тамаъи хом сӯи дом парид.
Ту оби Кавсарию сӯхта ба ту ояд,
Бирӯядаш сипаси сӯз парру боли ҷадид.
 

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ орифи шоир аст ва ормони ҳунарии ӯ дар шеър иттиҳоду ҳамдилӣ ва ҳамбастагии инсонҳост. Мавлоно шоирест, ки дар ҷомиа ғояҳои иттиҳодгару ваҳдатофарро тарғиб намуда, хонандаро ба сулҳу сафо мехонад. Девони Шамси Мавлоно саршор аз ғояи сулҳи кул ва ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдилии инсонҳост. Аслан Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ» низ аз сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ қиссаҳои хубу марғуб меорад ва ин мавзӯъ хатти пайванд ва марказии осори ӯро ташкил медиҳад. Ҳамдиливу ҳамзабонӣ ҷавҳари навиштаҳои Мавлоноро муайян менамояд:

Ҷони ману ҷони ту буд яке з-иттиҳод,
Ин ду, ки ҳар ду якест, ҷуз ки ҳамон як мабод!
Фард чаро шуд адад аз сабаби хӯи бад.
З-оташ боде бизод, дар сари мо рафт бод.
Гашт ҷудо мавҷҳо, гарчи буд аввал яке,
Аз сабаби бод буд, он ки ҷудоӣ бизод
Ҷоми дуӣ даршикан, бода мадеҳ бодро,
Чун ду шавад подшоҳ, шаҳр равад дар фасод.
Рӯз фазилат гирифт, з-он ки яке шамъ дошт,
Ҳар тарафе шаб зи аҷз шамъу чароғе ниҳод.
Гарчи зи раббулибод ҳар нафасе раҳмат аст,
Кай бувад он дам, ки раб монаду фонӣ ибод.
 

Мавлоно иттиҳодгари ҷомиаҳои инсонист. Тарғибгари ғояи ягонагию ҳамдилӣ ва ҳамбастагии инсонҳо будани Мавлоно барои тамоми замонаҳо ва хусусан барои ҷомиаи имрӯзи ҷаҳон хеле муҳим ва саривақтиву ҳаминрӯзист!

Гӯё Мавлонои Балхӣ гирудорҳои ҷаҳонхоҳона ва иттиҳодшикани ҷангҷӯёнаву фитнаангезонаи ҷаҳони имрӯзро пешбинӣ кардаву мардумро аз саросари ҷаҳон ба ҳамдилӣ мехонад!

Анзурати Маликзод н. и. ф., ходимии пешбари илмии
Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

یاد رفتگان

مقالات