16 Nov 2025
Submitted by Admin
55
(андешаи самимонаи ҳайкалтароши маъруф Бараҳна Маъсум, ки шаҳрванди Олмон аст ба ифтихори Рӯзи муборак ва фархундаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Бо эҳтиром ба мақоми "Рӯзи Президент", ки нишонаи шараф ва заҳматҳои ҳаррӯзаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон аст, аз самими қалб шахсан ин фарзанди ҳақиқии миллати Тоҷикро, Ҷаноби Олӣ, Пешвои миллат, ки мисли Шоҳ Исмоил Сомонӣ дар давраи раёсати ҷумҳурии худ кишварро мустаҳкам ва устувор кардааст, табрик мегӯям ва ба Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мисли Фирдавсӣ, орзу мекунам, ки:
 
Ҳамеша обод бошанду бо кушиши сахт,
Зи дарду ғам озод бошанду пирӯз бахт.
 
Бигзор ин рӯзи таърихӣ бар ҳамаи ҳамтаборонам муборак бошад!
Дар робита ба ин рӯзи таърихии фаромӯшнашаванда, лозим ба ёдовари медонам, ки шинохти ман аз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гузаштаи дур соли 1978, вақте ки ман ба шаҳри Душанбе омада будам, бармегардад. Дар он вақт онҳо дар зодгоҳашон шаҳри Данғара кор мекарданд. Пас аз чанд моҳ, ман ба шаҳри Маскав рафтам ва солҳои зиёдеро дар Академияи санъати Маскав ба номи Суриков таҳти назорати устодоне чун: Павел Иванович Бондаренко, Михаил Константинович Аникушин ва Лев Ефимович Кербел омӯзиш кардам.

Яке аз ифтихормандтарин офаридаҳои устоди ман ин муҷассамаи калон ва зебои Шоҳ Исмоили Сомонӣ аст, ки дар Гулистони Душанбе қомат барафрухтааст. Ман то соли 1985 дар шаҳри Маскав ба омӯхтани анатомияи санъати қадимии Рум ва Юнон машғул будам, Дар тӯли ин чил соли ғоибии ман аз ватанам, бисёр ҳодисаҳои нохуш, аз қабили дахолати хориҷӣ, бародаркушӣ, ҷанги шаҳрвандии таассуфбор рух доданд, ки хушбахтона, шахсе, ки ватани худро аз ҷони худ бештар дӯст медошт ва то ҳол дӯст медорад, зинда монд! Худованд ба Онҳо сад сол саломатӣ ато кунад!

Ман ҳар рӯз шоҳиди роҳбарии ин марди бузург барои наҷоти миллат аз парокандагӣ, наҷоти давлат аз эҳтимоли фурӯпошӣ, наҷоти кишвар аз фақр ва пирӯзӣ бар нобаробарӣ будам ва ҳастам.

Бо ин талошҳои пурсамар дар солҳои душвори муқовимат бо душманони хориҷӣ, Пешвои миллат ва Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон устуворӣ ва ватандӯстии худро ба ҷаҳон исбот кард, ки манбаи ифтихори ҳар яке аз мост!

Ҳамчун муйсафеди пур аз умед ва ҳамчун як шаҳрванд, талошҳо ва заҳматҳои хастанопазири муҳтарам Ҷаноби Олиро эътироф карда, ба ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистони азизам бо овози баланд мегӯям:

Эй мардуми бо фарҳанг ва шеъру адаб!

Агар чунин шахсияти некӯкор дар санаи 16 ноябр интихоб намешуд, агар чунин конститутсияе, ки имрӯз доред ва ё беҳтар баён намоям, агар чунин ҳокимияти қонун дар кишвар вуҷуд намедошт, ҳаргиз ҷунин сулҳу субот ба монанди имрӯз, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, барқарор кардани сулҳи иҷтимоӣ ва фазои орому амн дар кишвар ба даст намеомад!

Ман, Бараҳна Маъсум ва яке аз ҳамватанони шумо, ки ба аҷдод ва сарзамини аҷдодии худ ифтихор мекунам, сари худро ба ифтихори дастовардҳои дурахшони Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои рушди бесобиқаи Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, ки дар хотираи таърихи муосир, бахусус дар ин солҳои охир сабт шудааст ва дар таърихи ҷаҳон дурахшон аст, хам карда, таъзим мекунам. Тавре ки ман дар аввал гуфтам ва борҳо ба такрор мегӯям: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, яке аз чеҳраҳои ҷаҳонӣ аст, ки метавонад инсоният ва хирад, ватанпарастӣ ва бародарӣ ва аз ҳама муҳимтар намунаи шукуфоӣ ва пешрафт барои ҳар як шаҳрванди ҷаҳон бошад!

Ман ҳамон рассоми ҳамтабори шумо, аз қадимулайём то имрӯз, суханрониҳои ин марди бузурги таърихро дар баробари амалҳои неки ӯ бодиққат гӯш карда, баррасӣ кардаам ва аз ин рӯ, ба таври возеҳ мегӯям: Шиносоии ман дар бораи ин марди бузург бар асоси фаҳмиш, дониш ва андешаҳои баланди онҳост. Аз ин рӯ, сарфи назар аз он ки дар ин солҳои тӯлонӣ, ки ман аз ватанам дур будам, бо чашмони ашколуд, панҷ қитъаи ҷаҳонро дидам, ман фаҳмидам ва шинохтам, ки ватандӯсти ҳақиқӣ кист? Ва Инсон будан чист? Бале, дониши ман бар асоси бедорӣ, ҳушёрӣ, хирад, фазилат, устуворӣ ва истодагарии Пешвои Муаззами миллат барои халқ ва пешрафти миллаташ аст.

Саранҷом, ман пас аз 45 соли дурӣ, бо Пешво Муаззами миллат шахсан вохӯрдам, даст фишурдам, ки ҳеҷ гоҳ ин лаҳзаи хотирмонро фаромӯш нахоҳам кард ва на танҳо бо муҳтарам Ҷаноби Олӣ, балки бо писари калониашон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки шаҳри Душанберо бо талошҳои пурсамари худ ҳар рӯз зебо ва зеботар мекунад ва аз дидгоҳи ман, Ӯ як ҷавони қавӣ, тавоно ва соҳибкасб аст!

Нуктаи муҳиме, ки наметавон онро нодида гирифт, ин истифодаи вожаҳо ва ибораҳои ки дар васфи муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба монанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешво, Сарвар ва Раҳбари миллат, ки воқеъан барозандаи тавсифи шахсияти эшон мебошад ва ба ҳамагон хуб маълум аст, Раиси Ҷумҳури Тоҷикисон дорои мақоми баландпояе мебошад, ки онро дар натиҷаи хизмат, фидокорӣ ва ҷонфишонӣ дар роҳи Ватан ва мардуми хеш ба даст овардааст.

Роҳбар шудан ва роҳбарӣ кардан истеъдод аст, ки заковат, тавонмандӣ ва инчунин шеваи кишвардорӣ ва роҳнамоии мардум ба роҳи ростро металабад, ки метавон ҳамаи ин сифоти нодирро дар вуҷуди муҳтарам Ҷаноби Олӣ ёфт.

Пешвои муаззами миллат чӣ қадар мухтасар ва пурмаъно гуфтааст, ки онро бояд бо хатҳои заррин навишт:

«Роҳи ҳаёт ин ободӣ, ин пешрафт, ин тараққиёт бе роҳ намешавад !»

Бале, роҳ ва усули ин марди бузурги таърих воқеан шиори созанда ва пойдори «Тоҷикистон ба пеш!» аст, ки шабу рӯз бо кушодани боғчаҳои бачагона, коллеҷҳо, донишгоҳҳои байналмилалӣ, корхонаҳо ва фароҳам овардани садҳо шароити арзанда барои некӯаҳволӣ ва назми ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва рушди озодонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, ҷомаи амал мепӯшонад.

Ман ба унвони як тоҷиктабори дурафтода аз зодгоҳ, дар пайравӣ аз шиори «Тоҷикистон ба пеш!» ба ҳузури муҳтарам Ҷаноби Олӣ мегӯям, ман муштоқона орзу дорам, ки бо таҷрибаи 50 солаам аз Академияи ҳунарӣ дар заминаҳои ҳайкалтарошӣ, рассомӣ, хаттотӣ ва шеър то умре аз ман боқӣ мондааст, саҳми хешро дар пешрафти фарҳанги Тоҷикистони азиз, ки асл ва реша дар тамаддуни бойю ғании ҳунарпарварӣ ва меҳмоннавозӣ дорад, гузошта хизмат намоям.

Дар ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки ин сафар ва инҷунин фурсати тақдим намудани “Тандиси нима барҷастаи бронзӣ” ба муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯз, ки яке аз офридаҳои ҳунарии ман буд, бо дастгирӣ ва ташаббуси дӯсти хубам, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон доктор Имомуддин Сатторов, ки ҳамчун ганҷинаи гаронбаҳо аз умқи дарёҳо бо ҳам шинос шудем, сурат гирифт, ки аз кумакашон хеле миннатдор ҳастам.

Имрӯз аз он мефахрам, ки тандиси мазкур ҷой худро дар Осорхонаи Миллии Тоҷикистон дар канори дигар ёдгориҳои таърихӣ ёфтааст.

Инчунин, дар ин ҷо носипосӣ накарда, миннатдории самимии хешро ба бонуи муҳтарам профессор Фарангис Шарифзода, барои интихоби яке аз нигораҳои ман аз устоди сухан, Ҳаким Абулқосимӣ Фирдавсӣ, барои чопи китоби “Шоҳнома”, ки бо фармони муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ҳар як хонаводаи сарбаланди тоҷик ҳадя шуд, мерасонам ва аз ин ки ҳунари дастонам ба хонаи ҳар як фарди сарзамини ниёконам роҳ ёфта ва дар ҷой ҷойи Тоҷикистони азизам ҳузур дорад, бо ифтихор ҳар гушае аз Тоҷикистонро хона ва кошонаи худ мешуморам.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

یاد رفتگان

مقالات