18 Nov 2025
Submitted by Admin
24

Дирафш аз рӯзгорони дур то имрӯз нишонаи пирӯзӣ, нерӯмандӣ ва ҳокимият будааст. Тоҷикон, ки ба қавли аллома Бобоҷон Ғафуров, яке аз халқҳои бумии Осиёи Миёна ва соҳиби империяҳои бузурге чун Пешдодиён, Ашкониён, Ҳахоманишиён, Сосониён ва Сомониён будаанд, дар ойини кишвардорӣ рамзҳои махсус доштаанд, ки яке аз онҳо дирафш мебошад. Хусусан, дар «Авасто» ва матнҳои суғдиву паҳлавӣ таърихи беш аз дуюнимҳазорсола доранд, вожаи дирафш ва парчам зиёд вомехӯрад. Аз ҷумла, дар китоби «Занд Ваҳуман ясн» дар бораи сипоҳиёни хуросонӣ омадааст: «Сипоҳи бешумори хуросонӣ бо дирафши афрошта ба пушти деҳаҳои Эрон бошанд, ки дирафш аз пӯсти бабр доранд, дирафши бодӣ ва бандуки (байрақи –У.Ю.) эшон сапед бошад» (Занд Ваҳуман ясн, с. 59-60). Дар «Муруҷу-з-заҳаб»-и Масъудӣ омадааст, ки вақте дар рӯзгори Дориюши Бузург лашкари эронӣ Яманро ба даст меоранд, аз дарвозаи кохе наметавонанд дирафши худро ворид бикунанд. Онҳо дари даромади кохро вайрон ва дирафши хешро афрошта бад-он ворид месозанд. Афрошта нигоҳ доштани дирафш, дар он рӯзгор, рамзи пирӯзӣ буда ва сари боло доштани он аломати иқтидору подшоҳии эрониён ба шумор мерафтааст.

Ниёгони мо ба ин бовар буданд, ки агар дирафш хам шавад, ба шикаст мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Бино ба ин, дар мутуни адабии куҳани мо, ғолибан, таркиби «дирафши афрошта» омадааст. Чунонки муаллифи китоби «Занд Ваҳуман ясн» дар ин маврид менависад:

«Урмузд гуфт, ки: - Дар он шабе, ки Кай зоида шавад, нишонӣ ба ҷаҳон расад, ситора аз осмон биборад, чун он Кай ба сисолагӣ бирасад, сипоҳе бо дирафши бешумор ва сипоҳе аз Ҳинду Чин, ки дирафши афрошта доранд ва бо дирафши афрохта ва бо зини афрохта ба тохтутоз то Беҳруд раванд.

Эй Спитамони Зардушт то дар миёни дарёи Беҳрон раванд.

Чун ситораи Урмузд ба авҷи баланде бирасад ва Ноҳидро фуруд афканад, гӯяд бешумор Зинованд бо дирафши афрошта биёянд ва подшоҳӣ ба Кай расад» (Занд Ваҳуман ясн, с. 53).

Афзун ба ин, аз рӯзгори Ҳахоманишиён (ҳук. 330-550 пеш аз мелод) ба василаи осори муаррихони юнонӣ, чун Геродот ва Ксенофан асноди мусаввақ боқӣ мондаанд, ки ҳангоми шарҳи ҷангу пайкорҳои эрониён бо юнониён аз дирафши сардорон ва фармондеҳони эронӣ маълумот медиҳанд. Аз ҷумла, Ксенофан дар китоби «Курушнома»-и худ дар бахши лашкаркашӣ ва ҳамла ба сарзамини Лидия менависад: «…Ҳар даста аз гурӯҳон дирафше дошт, ки ба дасти Искуфур (Skeuphore) буд» (Яҳё Закоӣ. Дирафши шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ. Дар китоби Фарҳанги Эрони бостон, -с.9).

Ҳамин муаллиф дар ҷои дигари асари худ ба ин масъала боз намуда менависад: «Чодари ҳар як аз фармондеҳон дирафши вижа дошт. Хадамаи Куруш ҳам чодарҳо ва дирафшҳоро мешинохтанд ва ба ин тартиб ҳар гоҳ яке аз сарони сипоҳ фаро хонда мешуд. Хадама метавонистанд, бедиранг бо таваҷҷуҳ ба дирафшҳо ба чодари вай рафта огоҳашон созанд» (ҳамон ҷо).

Ин муаллиф аз чи сабабе дар бораи чӣ гуна ранг ва нақш доштани дирафшҳои Куруш хомӯш мондааст, ба мо маълум нест.

Аммо дар адабиёти форсии тоҷикӣ тасвири дирафшҳои ориёӣ, аз «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ оғоз меёбад. Нахустин дирафши миллати мо ба навиштаи донишмандони маъруф, аз қабили Аҳмади Касравӣ, Саъид Нафисӣ, Ҳамид Найири Нурӣ, Муҷтабо Минавӣ, Яҳё Закоӣ ва ғ. дирафши ковиёнӣ мебошад. «Шоҳнома» номаи шоҳону паҳлавонони рӯзгорони бостон буда, ба масъалаҳои сипоҳу сипоҳиён, ба чигунагии дирафшҳои онон низ ишораҳои ҷолиб кардааст. Дар ин дирафшҳо, ки рангҳои зарду сурху бунафшу сиёҳ доранд ва дар онҳо пайкараҳои хуршед, моҳ, шер, паланг, бабр, уқоб ва Ҳумо наққошӣ шудааст, ки тибқи асотири ориёӣ баёнгари далерӣ, нерӯмандӣ, баландпарвозӣ ва сарафрозӣ ба шумор мераванд. Бар нӯки онҳо тандисаҳои заррин ё симин аз ситорагон ё ҷонварон низ мегузордаанд. Чунонки дар «Шоҳнома» омадааст:

Пасу пушти гардон дирафшон дирафш,

Бикард андарун сурху зарду бунафш.

Дар ин навишта, мо ба тафсилоти дирафши Гаршосп мепардозем, ки он як навъ таҷдиди назар ба масъалаи зидахл аст. Онро Асадии Тӯсӣ бори нахуст дар «Гаршоспнома» ба риштаи назм кашида, чунин ба назар мерасад, ки таърихи пайдоиши он нисбат ба дирафши ковиёнӣ пештар иттифоқ афтода будааст. Асадии Тӯсӣ дар гузориши ин масъала аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ таъсир бардоштааст.

Қадимтарин фарҳанги тафсирии забони порсии тоҷикӣ “Луғати фурс” низ ба қалами Асадии Тӯсӣ тааллуқ дорад. Ӯ дар ин луғати худ танҳо вожаи “дирафш”-ро оварда, ба чи иллате аз шарҳи вожаи “парчам” худдорӣ варзидааст, ки ба мо номаълум аст. Аммо тааҷҷубовараш он аст, ки ӯ ин вожаро “аломат бошад” шарҳ карда, дар бораи чӣ гуна будани дирафш маълумот надодааст (Асадии Тӯсӣ. Луғати фурс. Муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия ва феҳристи Нурулло Ғиёсов. –Хуҷанд: Нури маърифат, 2015. -492 с. -с. 200). Гузашта аз ин, шарҳи ӯ ба ин вожа маънои дирафшро надорад. Бад-ин далел, шарҳи Асадӣ ба маънои саҳеҳи вожаи дирафш мавриди пазириш нест ва эътибори илмӣ надорад. Зеро ҳеч аломате, ба андешаи мо, маънои дирафшро гунҷоиш дода наметавонад.

Таърихчаи мухтасари достони дирафши Гаршосп чунин будааст. Гаршосп бо фармони Даҳҳок ба куштани аждаҳои ситабр ва нерӯманд, ки дар тангнои кӯҳ нишеман гирифта, мардумро дар ваҳму ҳарос нигоҳ медошт, меравад. Пас аз набарди саҳмгин аждаҳоро аз пой дар меоварад ва подшоҳ ӯро ҷаҳонпаҳлавон мехонад. Ва барои арҷ ниҳодан ба кӯшишҳои ӯ дастур медиҳад: дирафши вижае барои ҷаҳонпаҳлавон омода кунанд, ки дар он рамзи далерии Гаршосп ва нишонаи куштани аждаҳо бозтоб ёфта бошад. Асадии Тӯсӣ номи аждаҳоро зикр намекунад, вале Ҷон Ҳиннелз дар китоби «Шинохти асотири Эрон» номи он «аждаҳои зарринпошна»- ро Гандарива навишта ва ҳайбати онро чунин ба қалам медиҳад: «… вай Гандарива аждаҳои зарринпошнаро куштааст, кибо даҳони кушода барои балъидан ҳаракат мекарда ва сари ӯ ба хуршед мерасида ва метавониста дувоздаҳ мардро якбора бибалъад, ки набард бо ин ғӯли ҳаросангез на шабонарӯз дар «дарёи геҳонӣ» ба дарозо кашид» (с. 61)

Асадии Тӯсӣ, он ҷо ки дар бораи хабар фиристодани Гаршосп ба падар сухан мегӯяд, ин лаҳзаро чунин ба тасвир кашидааст:

Бад-он хуррамӣ базме афканд пай,

К-аз он базм моҳ орзу кард май.

Бифармуд к-имрӯз дил шодком,

Ҳама ёди Гаршосп гиред ҷом.

Зиреҳ додашу хӯду заррин сипар,

Кулоҳу нигин, аспу теғу камар.

Ҳама ҷавшани хешу хафтони ҷанг,

Ба харворҳо дебаи ранг-ранг.

Аз он к-аждаҳо кушту шерӣ намуд,

Дирафше чунон сохт к-аз ҳар ду буд.

Ба зери дирафш аждаҳои сиёҳ

Забар шери заррину бар сар-ш моҳ…

Ҷаҳонпаҳлавоне мар ӯро супурд,

В-аз он ҷой лашкар суи Ҳинд бурд.

(Асадии Тӯсӣ. Гаршоспнома. Силсилаи Ахтарони адаб, ҷ. 15. Таҳияи матн ва шарҳи луғот аз Алии Муҳаммадии Хуросонӣ.–Душанбе: Адиб, 2011.-480 с. - с. 79)

Чунонки дар абёти боло дида мешавад, нигоранда дар бораи дирафше сухан меронад, ки дар қисми поёнии пардаи он пайкараи “аждаҳо” тасвир ёфта ва дар қисмати болоии матои дирафш акси “шери заррин” ва “моҳ” ба сар мунъакис шудааст.

Суоле ба миён меояд, ки оё ин тасвирҳо ба асотири куҳани мо иртиботе доранд ё на? Оё дар таърихи тамаддуни мо дирафшҳои дигаре ҳастанд, ки дар худ чунин аксҳоро дошта бошанд?

Мо саъй мекунем, ба ин пурсишҳое, ки дар зеҳни ҳар хонанда хутур мекунад, посух диҳем.

Башарият, ҳангоме ки нахустин давлатҳои худро месохт ва барои он рамзу намод меҷуст, пеш аз ҳама, ба табиати атрофи худ муроҷиат мекард, ки дар он нақши гулу гиёҳ, дарёву кӯҳ ва пайкараву андоми парандагону ҷонварон ва ситораҳо ба назар мерасид. Ҳатто вақте ки намунаҳои аввалини хат, бахусус ҳероглиф ба вуҷуд омад, дар он ҳам суратҳои ҷонварон ва гулу гиёҳ мавриди истифода буд. Бино ба ин, гузаштагони мо дар дирафшҳои хеш пайкараҳои чун шер, бабр, оҳу, шоҳин, уқоб, хуршед, моҳ, ҳилол ва аждаҳоро нақш кардаанд. Масалан, дар дирафши Куруш пайкараи уқоб тасвир шудааст. Чунонки, Ҳасани Пирниё дар “Таърихи Эрони бостон” менависад: “Байрақи Куруш иборат буд аз ҳайкали уқобе заррин бо болҳои кушода, ки ба найзаи баланде насб карда буданд. Имрӯз ҳам байрақи шоҳи порсиҳо чунин аст” (Ҳасани Пирниё. Таърихи Эрони бостон. рӯяи 355). Дар дирафш нақш шудани акси уқоб бар асоси асотири эронӣ намоди фарру шукӯҳи тахти подшоҳӣ будааст.

Дар ҷои дигар, Ксенефон дар китоби “Курушнома”-и худ дирафши Ардашер, шоҳаншоҳи ҳахоманиширо чунин тавсиф мекунад:

“Қӯшуни шоҳ фирор кард ва юнониҳоро то деҳе, ки дар он теппае буд, таъқиб карданд. Рӯи теппа қӯшуни шоҳ ҷабҳаро тағйир дод. Ардашер пиёданизом надошт, вале рӯи теппа қадре савор дошт, ки юнониҳо натавонистанд, бидонанд ин ҷо чӣ мешавад, вале ҳамин қадар мултафит шуданд, ки: “Байрақи шоҳ уқобест аз тилло, ки болҳои худро кушуда ва бар нуки найзае қарор гирифта” (Ба нақл аз Таърихи Эрони бостон, рӯяи 10109).

Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” дирафшҳоеро тавсиф мекунад, ки рӯи онҳо пайкараи бабр, шер, аждаҳо, оҳу, гуроз тасвир шудааст.

Дар пардаи дирафши Руҳҳом писари Гударз, паҳлавони эронӣ пайкараи бабр тасвир шуда:

Дирафши ҷаҳонҷӯй Руҳҳом, бабр,

Ки барафрохта буд сар то ба абр.

Шедӯш писари дигари Гударз, ки паҳлавони эронист, ҳангоми набард дирафши шерпайкар дошт:

Паси пушти Шедӯш яли бодирафш,

Замин гашта аз шерпайкар бунафш.

Дирафши Гударз ҳам шерпайкар будааст.

Дар дирафши Фарғор, паҳлавони тӯронӣ пайкараи аждаҳо дида мешавад:

Яке аждаҳофаш дирафше ба пой,

На ором дорад, ту гуфтӣ, на ҷой.

Дирафши сипоҳи Фарҳод, паҳлавони эронӣ пайкараи оҳу дорад:

Яке пайкари оҳу дирафш аз бараш,

Бад-он сояи оҳу андар сараш.

Дар дирафши Настӯҳ писари Гударз низ пайкараи оҳу тасвир шудааст:

Дирафше куҷо оҳуяш пайкар аст,

Ки Настӯҳ Гударзи бо лашкар аст.

Гуроза – паҳлавони эронӣ буда, дар дирафши ӯ пайкараи гуроз акс ёфта:

Дирафше ба пушт, пайкари гуроз,

Сараш моҳи заррину болодароз.

Коваи оҳангар чарми оҳангарии хешро ҳамчун дирафш истифода кард, ки ба номи дирафши коваёнӣ машҳур шуд ва муҳимтар аз ин дирафш доштан дар лашкари эрониён баъдан ба расмият даромад.

Азбаски “Гаршоспнома” дар пайравии “Шоҳнома” навишта шудааст, ин рамзу намодҳои паҳлавонӣ, ки баъдҳо ба рамзҳои миллӣ табдил шуданд, ба достони Асадии Тӯсӣ низ интиқол ёфтаанд.

Ин нуктаро бояд гуфт, ки ниёгони мо дар дирафшҳои худ нахуст пайкараи моҳи пурраро (бадр) тасвир кардаанд, вале он рафта-рафта ба пайкараи офтоб иваз шудааст. Дар ибтидо пайкараи хуршедро ба ранги сурх тасвир мекарданд, вале дар садаҳои пасин ранги аслии хуршед ба кор гирифта шуд, ки рамзи рӯшноӣ, зиндагӣ ва мазҳари Аҳурамаздо буда, бо устура ва боварҳои мардуми ориёӣ иртиботи мустақим дорад.

Акси моҳ дар асрҳои баъдӣ комилан аз байн нарафта, дар парчамҳои бархе аз давлатҳои имрӯза дар шакли ҳилол ба назар мерасад, ки ба як ҷузъи фарҳанги асотири онҳо далолат мекунад.

Дар фарҳанги гузаштаи мардуми ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар дирафшҳо пайкараи аждаҳо ва бабр бо ранги сиёҳ тасвир шудааст, ки намоди ҳаросафканӣ ва иқтидор мебошад.

Моҳияти асосии дирафши Гаршосп ба назари мо чунин аст:

Аждаҳо, ба андешаи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, дар олами намодшиносӣ “самбули об, абр, истеъдод, борон, бутпарастӣ, қудрат, инчунин зулм, гуноҳ, роҳзанӣ” будааст (Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ, с. 40). Аммо шер, дар асотири тоҷикон мазҳари қудрату тавону нерӯ шинохта шудааст. Дар дирафшҳои асрҳои пасин эрониён ба ҷои акси шеру моҳ, шеру хуршедро тасвир кардаанд, ки хуршед дар асотири мардумони ориёӣ намоянда ва мазҳари Худовандӣ ва паймону зӯру нерӯ будааст. Дар “Таърихи Байҳақӣ” дар ду маврид ба дирафшҳое, ки акси шеру хуршед доранд, ишора шуда, ки нишон медиҳад, дар замони Ғазнавиён ин аломат бар дирафшҳо вуҷуд доштааст. Ба ин далел, шеру хуршед ба аломати асосии дирафшҳои мардуми ориёӣ табдил ёфтааст. Масалан, дар пештоқи мадрасаи “Шердор”-и Регистони Самарқанд акси шеру хуршеде, ки омодаи шикори оҳуст, ҳаккокӣ шудааст, ки намунаи барҷастаи он мебошад. Дирафши “хуршедпайкар”-ро Фирдавсӣ ба Гударз, паҳлавони эронӣ мансуб донистааст:

Яке бурзи хуршедпайкар дирафш,

Сараш моҳи заррин, ғилофаш бунафш.

Гузоштани акси моҳ дар дирафшҳои замони қадим, бар мабнои асотири эронӣ, рамзи муаррифи зимистон ва рӯзҳои сарду кӯтоҳ мебошад ва ин далолат ба он мекунад, ки пирӯзии Гаршосп ба аждаҳо дар фасли зимистон ба вуқӯъ омадааст. Акси моҳ баъдан ба нӯги найзаи дирафшҳо дар шакли филизӣ интиқол ёфт.

Вале ин ҷо суоле ба миён меояд, ки чаро дирафши Гаршосп мавриди таваҷҷуҳи Фирдавсӣ қарор нагирифтааст?

Ин ҷо ду фарзия вуҷуд дорад:

Фарзияи аввал он аст, ки Гаршосп дар ойини зардуштӣ мавриди тардид вуҷуд дорад. Вай қаҳрамони далер буд, аммо лоуболӣ, зеро ба оташ, ки конуни зиндагонии динист, эҳтиром намегузошт ва ба дин эътинои нисбатан кам дошт. Аз ин рӯ, зардуштиён ӯро мисли Фаридун, ки рамзи адолат ва мубориза аст, ниёиш намекунанд, балки фақат барои ӯ ба нияти хосе қурбонӣ анҷом медиҳанд.

Фарзияи дувум он аст, ки дирафши Гаршосп дирафши фардӣ буда, ба диловариҳои як шахси мушаххас – Гаршосп тааллуқ дорад, ба занни қавӣ он мавриди таваҷҷуҳи нигорандаи “Шоҳнома” қарор нагирифта, шоир танҳо ба тавсифи паҳлавониҳои ӯ иктифо кардааст.

Метавон ба ин натиҷа расид, ки дирафши Гаршосп дар замони аввали ҳукмронии Заҳҳок ба вуҷуд омада, дирафши ковиёнӣ дар охири ҳукумати ӯ арзӣ ҳастӣ кардааст. Аз ин рӯ, метавон бо ҷуръат гуфт, ки дирафши Гаршосп нахустин дирафши мардумони ориёӣ будааст.

Умриддин Юсуфӣ, доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

یاد رفتگان

مقالات