25 Jan 2023
Submitted by Admin
1329

САЙМИДДИНОВ ДОДИХУДО: 24-июни соли 1949 дар хонаводаи равшанфикр дар ноҳияи Нуробод ба дунё омадаам. Миллатам тоҷик. Таҳсилро дар мактаби 8-солаи № 14 деҳаи Яхч оғоз намуда, сипас онро дар омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳраки Навободи ноҳияи Ғарм идома додам. Соли 1968 омӯзишгоҳи макурро хатм намуда бо роҳхат ба факултети филологияи тоҷики Унверситети давлатии ба номи В. И. Ленин (ДМТ) дохил шудам. Донишгоҳро соли 1973 хатм кардам ва ба ҳайси лаборант дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИҶТ ба кор оғоз намудам.

Солҳои 1974-1976 нахсут ба ҳайси коромӯз ва баъдан солҳои 1976-1979 ба аспирантураи Институти забоншиносии АИ СССР дар Ленинград (санкт-петербург) дохил шудам.

Солҳои 1979-1980 дар вазифаи лаборанти калон, солҳои  1980-1982 ба ҳайси ходими хурди илмӣ дар Институти мазкур кор кардам. Аз октябри соли 1982 то ноябари соли 1985 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон ва сипас сартарҷумон фаъолият намудам.

Солҳи 1985-2005 дар вазифаҳои ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ, мудири шуъбаи забон, муовини директори Институт доир ба илм ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ ҶТ  (солҳои 2000-2005).

Аз моҳи марти соли 2005 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз рӯйихати ҲХДТ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ интихоб шудам ва дар вазифаи Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон то моҳи ноябри соли 2009 фаъолият намудам.

Аз моҳи марти соли 2009 то декабри соли 2013 дар вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардаам. Соли 1982 рисолаи номзадӣ ва соли 2001 узви вобастаи АИ ҶТ ва аз соли 2005 профессор аз рӯии тахассуси забонҳои эронӣ мебошам.

Соли 2011 бо ордени шараф дараҷаи 2 сарфароз гардидам.

Undefined

یاد رفتگان

مقالات