05 Oct 2022
Submitted by Admin
1453

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср мунъакис гардидааст.

Гузашта аз ин, аз сафаҳоти рангини таърихи қадими мардуми шарафманди мо ба исбот мерасад, ки давлатдории миллӣ ҳамеша ба забони тавонои пӯёву поё ва забони миллӣ дар навбати худ ба давлати мустақил ва пешвову давлатдори ҳомию нигаҳбони забон ниёз доштааст. Дар таърихи мардуми деринарӯзгори мо ҳамчунин собит шудааст, ки марҳалаҳои рушди таърихии забони модарӣ низ ба зуҳури шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ иртибот ва пайванди ногусастанӣ доранд.

Ба эҳтимоли қавии муҳаққиқони таърихи забон бо расмият ёфтани забони порсии дарӣ дар дарбори амири тоҷиктабори Саффориён – Яъқуби Лайс дар соли 867, ки сухани маъруфи ӯ «чизе, ки ман андарнаёбам, чаро бояд гуфт?!» пеши роҳи густариши забони арабӣ дар Хуросону Фарорӯд садди сангин гузошт, давраи миёнаи забонҳои эронӣ анҷом пазируфта, давраи нав шуруъ гардид.

Вале ба эътирофи умум авҷи шукуфоию боландагии забони модарии мо дар давраи нав аҳди давлатдории силсилаи некноми Сомониён шинохта шудааст. Бунёдгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ (875-907) чунонки худи ӯ мегӯяд: «то ман зинда бошам, бораи (яъне девори) вилояти Бухоро ман бошам», на танҳо «девори Бухоро» буд, балки девори забони модарӣ ҳам буд, ки сиёсати ватанхоҳӣ, истиқлолталабӣ ва забонгустарии ӯ ба рушди бесобиқаи ин забон ва фурӯғи истеъдоди шоироне чун Рӯдакию Фирдавсӣ, ки саромади шоирони форсизабони ҷаҳон эътироф шудаанд ва донишмандоне чун Абурайҳони Берунию Абуалии Сино, ки бо таълифи шоҳасарҳои илмии «Китоб-ут-тафҳим» ва «Донишнома» ба забони модарии мо дар ҷодаи илм «шеваи роҳгардӣ» омӯхтаанд, мусоидат кард.

Сиёсати забонгустарии Исмоили Сомонӣ ва дигар амирони ин хонадон чунон қавӣ пайрезӣ шуда буд, ки хонадонҳои баъдии ғайримаҳаллии фармонраво, аз қабили Қарахониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва амирони сулолаи Манғития бечунучаро аз ин сиёсат пайравӣ кардаанд. Дар баробари ин, Салҷуқиён мунодии ин забон дар Осиёи Сағир ва Ғазнавиёну Темуриён ҳомили он дар сарзамини Ҳинд будаанд.

Ба иттилои муаллифи ношинохтаи таърихномаи туркии «Таворихи гузидаи нусратнома» поягузори давлати Шайбониён (1500-1598) Муҳаммад Шайбонихон, ки асли чингизӣ дошт, на танҳо ба забони модарии мо шеър месуруд, балки баъд аз гузашти тақрибан панҷсад сол аз рӯзгори давлати Сомонӣ ба хотири асолат бахшидан ба давлатдории худ дар Осиёи Марказӣ асли худро ба Исмоили Сомонӣ пайванд медод.

Охирин амирони манғитияи Бухоро низ бо забони модарии мо сухан гуфтанро барои худ мояи ифтихор медонистанд ва амир Абдулаҳад бо тахаллуси «Оҷиз» шеър суруда, ба иттилои устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо», бо устод тавассути радду бадали шеър мукотиба доштааст.

Аммо дар замони давлатдории Шӯравӣ бар асари сиёсати давр доираи корбурди забони тоҷикӣ то андозае маҳдуд шуд ва забони модарӣ аз маҷрои табиии рушди худ берун монда, имконоти дохилии ғаноафзоӣ ва дар маҷмуъ то ҷое сарриштаи кори худро дар ин муҳити чандзабонӣ аз даст дод.

Бино бар ин, дар солҳои охири давлатдории Шӯравӣ мубориза барои озодӣ ва истиқлоли мардуми тоҷик нахуст аз мубориза барои забони модарӣ шуруъ гардид, ки зиёиёни асили миллии мо, аз қабили устодон Муҳаммади Осимӣ, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Акбари Турсон, Лоиқ, Шарофиддини Рустам ва дигарон парчамдори ин мубориза буданд.

Ҳарчанд 22 июли соли 1989 Қонуни забони Тоҷикистон ба тасвиб расид ва забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон мақоми давлатӣ пайдо кард, вале ҳамоно дар роҳи рушди забони модарӣ мушкилоту монеа фаровон буд.

Қабули эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 24 августи соли 1990 ва дар таърихи 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забон заминаи созгор муҳайё кард, вале аз ин ҳаводиси фараҳбахш чанде нагузашта, бо таҳрику тавтиаи душманону бадхоҳони миллат дар мамлакат оташи ҷанги дохилӣ забона зад, ки кишварро харобу бозори забону фарҳанги миллиро касод намуд ва ҳазорон мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ бурд.

Давлату миллат ва забону фарҳанги миллӣ дар ин марҳалаи сарнавиштсоз ба раҳогари ормоние чун Исмоили Сомонӣ ниёз дошт, то ки ӯ битавонад тақдири давлатро комилан ба дасти худ гирифта, киштии муроди миллатро аз ин гирдоби фано ба соҳили наҷот саломат бирасонад. Устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ дар ҳамон рӯзгори тираву душвори фоҷиабор дар як мақолаи худ зери унвони «Наҷоти мо аз давлати миллист», ки дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (№26 аз 25 июни соли 1992) ба нашр расид, бо дили пурумед ба фардои дурахшони миллат ҳадс зада буд, ки «мумкин аст, шахсияти барҷастае пайдо шавад, ки умдатарин эҳтиёҷоти миллиро амиқан дарк карда, тибқи онҳо бо ҷиддияту қатъияти тамом амал намояд ва давлати иқтидорманди адолатбунёде барпо кунад. Он гоҳ миллат аз рӯйи амалиёту назариёти вай манфиатҳои худро амиқтар дарк мекунад ва ӯро дастгирӣ карда, бо ӯ идеали миллиро ҷомаи амал мепӯшонад...».

Дуои абармардоне чун устод Шакурӣ мустаҷоб шуд ва ба бахти мардуми мо ва савобдиди вакилони фарҷомнигари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳбарии кишвар ба зиммаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузор гардид.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини ба мақоми раҳбарӣ расидан, тақдири давлату миллат ва забони давлатиро бо ҳам тавъам шумурда, бақои давлатро дар паноҳи забон ва забонро дар паноҳи давлат эълом дошт.

Метавон гуфт, ки бо ин иқдоми созанда ва барқарории сулҳу субот дар ҷомеаи Тоҷикистон ва бо раҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва давлати миллӣ камари ҳиммат бастани мардуми тоҷик забони давлатӣ ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид.

Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ бори нахуст дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон аз забони Пешвои миллат садо дод ва ба ҷаҳониён аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини ҷонбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Саноию Аттор, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Соибу Сайидо, Бедилу Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаву Улуғзода... дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод.

Ғояти камоли забони модарӣ дар суханрониҳо ва силсилаи асару мақолаҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзиро дар дили хурду калон, пиру барно бедор кард. Дар қалби кӯчаки кӯдакону наврасон шуълаи тобноки муҳаббати самимона ба забони модарӣ фурӯзон шуд ва дигар муҳол аст, ки боду борони рӯзгорон ин шуълаи муҳаббату самимиятро хомӯш гардонад.

Бо шарофати сиёсати забонгустарӣ ва иқдомҳои пайдарпайи Пешвои миллат дар ин замина забони модарӣ ҷойгоҳи аслии худро дар миёни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, дар ҳамаи мактабу коллеҷ ва донишгоҳу донишкадаҳо, дар тамоми идораву вазоратхонаҳо ва корхонаву муассисаҳо пайдо намуд ва дар мақоми шоиставу боистаи худ ҷой гирифт. Дар натиҷаи чунин сиёсат тадриҷан сатҳи забондонии аҳли ҷомеа боло рафта, забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳот ба куллӣ дигаргун шуд.

Ин нукта низ шоистаи таъкид аст, ки устоди зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар ин замина баҳои баланд дода, кору амали эшонро бо талошҳои устод Айнӣ, ки дар даҳаи сӣ ва чили садаи бист барои аз осебҳо раҳо кардани забони тоҷикӣ мубориза мекард ва шогирдону пайравонаш талошҳои ӯро идома доданд, қиёс намуда, гуфта буд: «Талошҳои Айнӣ ва пайравони ӯ ранги хусусӣ дошт, талоши шахсӣ буд. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон... он талошҳои хусусии Айнӣ ва пайравонашро ба сатҳи давлатӣ бардоштанд».

Ба андешаи устод Шакурӣ бар асари ин иқдом «Дар ҳамин понздаҳ-бист соли охир як чизи бисёр муҳим рӯй дод, ки шумораи касоне, ки ба забони мо босаводона ва хуб гап мезананд, зиёдтар шудааст. Мо телевизион тамошо мекунем, радио гӯш мекунем, дар маҷлисҳо менишинем, дар мулоқотҳо бо роҳбарони идораҳо, бо мансабдорон рӯ ба рӯ мешавем ва мебинем, ки дар байни онҳо касоне, ки бо тоҷикии хуб суҳбат мекунанд ва ба дараҷаи муайян саводи тоҷикӣ доранд, торафт зиёдтар мешаванд. Ин бисёр муваффақияти муҳим аст, ки забони хуби тоҷикӣ ба дараҷаи баландтарин мансабҳо, вазоратҳо ва идораҳои давлатӣ расидааст».

Эҳёи номҳои аслии таърихӣ ва номгузорӣ ба мавзеу маҳалҳое, ки бар асари сиёсатҳои давр ё тағйири макон кардани қавму қабилаҳои кӯчӣ табдили ном кардаанд, аз иқдомҳои дигари муҳимми Пешвои миллат дар роҳи рушду таҳкими забон ва эҳёи худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бо шарофати ин иқдом дар харитаи ҷаҳон дар қаламрави Тоҷикистон номҳои Суғд, Бохтар, Хуҷанд ва ғ. дубора арзи ҳастӣ намуда, ба пайванди наслҳо тақвият бахшид.

Сомонӣ ном гирифтани яке аз унсурҳои муҳимми давлатдории миллӣ – пули миллӣ бо тасвири симои бузургони дирӯзу имрӯзи миллат ва дарҷи қитъаи шеър дар паси пул аз иқдомҳои шоистаи Пешвои миллат ба ҳисоб меравад, ки ҳампайвандии забону фарҳанг ва иқтисоду молияи моро барои имрӯзу фардо таъмин мекунад.

Бори нахуст дар таърихи нави давлатдории Тоҷикистон бо салоҳдиди Пешвои миллат Кумитаи забон ва истилоҳот дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва раёсати он ба зиммаи забоншиноси маъруф, устоди шодравон Додихудои Саймиддин вогузор гардид.

Бо пешравиҳои назаррас дар роҳи бунёди давлати миллӣ зарурат пеш омад, ки Қонуни забон, ки қабл аз рӯзгори Истиқлол ба тасвиб расида буд, таҷдиди назар карда шавад. Бино бар ин, дар таърихи 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав аз тарафи Пешвои миллат ба имзо расид ва ин таърих рӯзи азиздошти забони модарӣ муқаррар гардид, ки ҳамасола дар кишвари мо бо шукӯҳу ҷалоли хос таҷлил мешавад.

Бояд гуфт, ки қонуни мазкур дар заминаи меъёрҳои эътирофшудаи байналмилалӣ таҳия шуда, вазъи ҳуқуқӣ, доираи истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар қаламрави мамлакат дар рӯзгори файзбори истиқлоли давлатӣ ва шароити нави дигаргуниҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ҳаёти дохилӣ ва хориҷӣ танзиму муқаррар менамояд. Шоистаи таъкид аст, ки дар ин қонун дар баробари забони тоҷикӣ вазъи ҳуқуқии дигар забонҳои ба истилоҳ бумии ин марзу бум (забони яғнобӣ ва забонҳои помирӣ), ҳамчунин забонҳои ақаллиятҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назари эътибор гирифта шудааст.

Бо фароҳам омадани имкону шароит бо ташаббуси Пешвои миллат марҳала ба марҳала барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ гардиданд. Аз ҷумла, Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дурнамои рушди забони модариро барои даҳ солҳои оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидааст. Ҳадаф ва вазифаҳои барнома асосан нигаҳдошти асолат ва ҳувияти забони модарӣ чун омили ҳастӣ ва бақои миллат дар рӯзгори мо мебошад.

Пешвои миллат дар чанд суханронии худ мухолифати шадидашро ба тамоюли одию омиёна кардани забони адабӣ изҳор намуда, таъкид кард, ки забони кӯчаву бозор ҳаргиз наметавонад ҷавобгӯйи ниёзмандиҳои аҳли ҷомеа дар рӯзгори имрӯзаи пешрафти босуръати илму фан бошад. Баръакс, Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон таъкид бар он дорад, ки вақти он аст забони давлатӣ дар кишвари мо бо саъйу кӯшиши зиёиён ба пояи забони илм ва технологияи пешқадами муосир расонида шавад ва побапойи замон рушду боландагӣ ёбад.

Ёдоварӣ мебояд, ки Пешвои миллат андеша ва мулоҳизаҳои худро дар бораи забон дар аксари асару мақола ва суханрониҳои худ, аз ҷумла китобҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» баён намудааст. Ба хусус, ҷилдҳои аввалу дувуми китоби «Забони миллат – ҳастии миллат», ки саргузашти забони модарии моро бо ҳама шебу фароз ва комгорию нокомиҳои он аз замони ташаккул то ибтидои асри XX дар бар мегирад, дастури хуби омӯзиши таърихи забон барои дӯстдорону алоқамандони забони модарист.

Дар ҳамин китоб Пешвои миллат таъкид ба он дорад, ки «Яке аз вижагиҳои аслии бисёр муҳимми забони мо хосияти баҳамоварӣ ва ё ваҳдатофарии он аст. Ин хусусият сипас дар ташаккули он ба унвони як забони умумӣ барои мардуми эронитабор нақши муассир бозид».

Ба назар чунин мерасад, ки худи Пешвои миллат низ дар фурӯ нишондани оташи ҷанги бародаркуш ва сарҷамъ намудани миллат бо силоҳи ваҳдатофари забон, ки нахустсухани фаъолияти давлатдорияш: «ман ба шумо сулҳ меоварам» буд, мубориза кард ва пирӯз омад.

Дар маҷмуъ, нақши Пешвои миллат ва Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти забони тоҷикӣ ва ба марҳалаи нави рушд ворид шудани онро дар рӯзгори имрӯзаи Истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ чунин метавон арзёбӣ ва натиҷагирӣ кард:

1. Забони тоҷикӣ ба ҳайси забони воқеан расмию давлатӣ дар паноҳи давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон қарор гирифт ва ҷойгоҳи аслии худро дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз кӯдакистон то ба мактабу донишгоҳу донишкада ва идораву вазоратхонаву корхонаву муассиса пайдо намуд.

2. Сухани ноб ва ширину шевои тоҷикӣ аз забони Пешвои миллат дар баландтарин минбарҳои ҷаҳон садо дод ва ба ҷаҳониён бори дигар аз ҳастии давлату миллати тоҷик мужда расонд. Танини руҳбахши забони модарӣ ва забони офаридаҳои Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синову Берунӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно, Саноию Аттор, Ҳофизу Камол, Ҷомию Ҳилолӣ, Соибу Сайидо, Бедилу Аҳмади Дониш, Айнию Лоҳутӣ, Турсунзодаву Улуғзода... дар ақсои олам аз эҳёи дигарбораи забону фарҳанги ҳазорсолаи тоҷикон хабар дод.

3. Ғояти камол ва ҷилваи ҷамоли забони модарӣ дар суҳбату суханрониҳои Пешвои миллат завқи забондонию забономӯзӣ ва шуълаи муҳаббат ба забони модариро дар дили пиру ҷавони ҷомеаи кишвар фурӯзон кард.

4. Муносибат ба забони тоҷикӣ комилан тағйир пазируфт ва сатҳи забондонии аҳли ҷомеа тадриҷан боло рафт. Забони матбуот ва дигар воситаҳои ахбор беҳтар гардид ва симои лавҳаву овезаҳои шаҳру деҳоти мамлакат тамоман дигаргун шуд.

5. Номҳои аслии таърихӣ ва ҷуғрофӣ, ки реша дар умқи таърихи куҳани забони мо доранд ва бар асари сиёсатҳои давр дигар шудаанд, дубора эҳё гардиданд, ки дар роҳи рушду таҳкими забон ва болобурди сатҳи худшиносию худогоҳии миллии мо аҳаммияти фаровон доранд.

6. Таъсиси Комиссияи Олии Аттестатсияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таълифу дифои рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ барои ба пояи забони илми муосир расидани забони мо роҳ боз намуд.

Дар охир зикри ин матлаб муҳим дониста мешавад, ки устоди бузургвор Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, ки умри дарози пурбаракат сарфи рушди забону фарҳанги миллӣ намуд, нақши меҳварии Пешвои миллатро дар роҳи рушди забон ва худшиносии миллӣ дар рӯзгори Истиқлол таъкид карда, бо самимияту садоқати ба худ хос фармуда буд: «Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфт, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд». Ин сухани устоди зиндаёд ҳақиқатест, ки ҷойи ҳеч шакку тардид надорад.

Бознашр: Адабиёт ва санъат. № 40 (2011), 3 октябри 2019, с.4-6.

Ҳасани СУЛТОН,узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات