04 Dec 2022
Submitted by Admin
1967

Чун дар ин гуфтор сухан аз суннат ва навовариҳо дар ғазали устод Лоҳутӣ меравад, чунин ба назар мерасад, ки аввал дар бораи чӣ жанр будан ва чӣ суннат доштани ғазал мухтасаран маълумот бояд дод, то пасон навовариҳои устод Лоҳутӣ равшан ба зуҳур оварда шавад. Вожаи ғазал, ба қавли Шамс Қайси Розӣ, дар асли луғат ба маънои сухан гуфтан бо занон, васф ва сифати ишқбозӣ бо эшон, ҳикоят кардан аз ҷавонӣ ва ғайра ба кор рафтааст. Маънои истилоҳии он ба навъи мушаххаси шеъре нисбат мегирад, ки байти аввали он ҳамқофия буда, тамоми мисраъҳои дуюми байтҳои минбаъда бо байти аввал қофия баста, дар як вазн суруда мешавад ва аксаран аз ҳафт то чаҳордаҳ байт иборат аст. Байти аввали он “матлаъ” ва агар ҷаззоб гуфта шуда бошад, “ҳусни матлаъ” ва байти охири он “мақтаъ” ва агар зебо бошад, “ҳусни мақтаъ” унвон мешавад, ки маъмулан шоир дар он исми шеъриву адабии худро меорад, ки онро “байти тахаллус” ҳам ном мебаранд. Ин аст аломатҳои шакли зоҳирии ғазал. Аз корбурдҳои дигари ҳарфи ғазал, ба маънои шеър, сухан ба миён наоварда, танҳо ҳаминро қайд мекунем, ки, масалан, Сируси Шамисо дар таҳқиқоти худ “Сайри ғазал дар шеъри форсӣ” аз чаҳор маънои он ва муҳаққиқони дигари шеър ҳам аз маъноҳои гуногуни он сухан меронанд. Ҳоло манзури мо ғазал ба маънои истилоҳии он аст, ки баён намудем. Шакли дарунии ғазал аз мазмуну муҳтаво, ки аз андешаву эҳсосот, таассуроту тасвироту ҳикоёт, ки ба воситаҳои забонӣ ва сувари хаёл – ташбеҳу истиорот, иҳому ибҳом ва монанди инҳо сурат мегирад, ба ҳам меояд. Шакли зоҳирии ғазал сахт устувор аст ва дар давоми сайри таърихии худ, баъди ба шакли комил расиданаш, қариб тағйир нахӯрдааст. Аммо дар шакли дарунии ғазал, яъне мазмуну муҳтавои он, дар давраҳои муайяни таърихӣ ба ибтикори шоирони забардаст, дигаргуниҳое ворид карда шудааст. Ҳоло дар замони мо, бо назардошти сайри таърихии ғазал, он ба чанд навъ тақсимбандӣ карда мешавад. Дар ин тақсимбандӣ хусусиятҳои сабки шеъри ҳар замон аломати муҳимтарин ба ҳисоб меравад, бинобар он навъи ғазал ҳам аввал бо хасоиси ҳамон сабк муаяйн мегардад, масалан, ғазали сабки хуросонӣ, ироқӣ, ҳиндӣ, бозгашт ва баъдан бо сифатҳое, ки дар дохили ин ё он сабк зуҳур мекунад, масалан, ошиқона, орифона, риндона, ҳикамӣ, меҳанӣ бо маъниҳои бегона ва ё шиносу суннатӣ ва ғайра. Акнун ки намои авзои умумии ғазал ба тасаввур омад, замина барои таҳқиқи мавқеи суннат ва тозакориҳо дар ғазали Лоҳутӣ муҳайё шуд, ки ба он пардохта мешавад. Сараввал бояд қайд кард, аввалин шеъре, ки аз Лоҳутӣ шинохта шудааст, ба навъи ғазал тааллуқ дошта, онро шоир дар дувоздаҳсолагиааш гуфтааст, ки ду байти аввалаш чунин аст:

Афканд то ба моњ каманди чу њоларо,

Бикшуд бар рухи дили ман боби ноларо.

Зулфаш, ки дил зи мардуми њафтодсола бурд,

Маљнуни хеш кард мани њафтсоларо.

Маълум аст, ки падари шоир бо унвони Илҳомӣ ашъори тасаввуфӣ мегуфт ва аз хурдӣ ба писари худ Абулқосим ҳам, ки қобилияти хуби шоирӣ дошт, инро ташвиқ мекарду меомӯхт. Бинобар ин Абулқосими ҷавон асрор ва илму амали шеърро зуд ва ба хубӣ дарёфта, маҳорат андӯхта буд, ки аз аввалин шеърҳояш ҳам пайдост, ҳарчанд онҳо дар равияи қудамоянду тақлидӣ. Аммо дар ҳамин байтҳо ҳам хубие ҷо дорад, ки аз он бояд гуфт, ин ба ҳам муқоиса кардани ҳоли ошиқи ҳафтодсола бо ҳафтсола, ки ошиқии ҳар ду ҳам хандадор аст ва бо лутфи нозук муқоиса шуданашон аз он ҳам хандадортар. Аз ин бармеояд, ки Лоҳутӣ аз ҷавонӣ бар суннати ғазали классик тасаллут пайдо кардааст. Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки Лоҳутӣ дар баробари дар анвои гуногун шеър гуфтанаш ҳамеша, то охири умр, ғазал ҳам гуфтааст ва яқини банда бар он аст, ки бахши аз ҳама пурбаҳотарини эҷодиёташ ҳам ғазал мебошад, зеро, агар куллан қайд шавад, ӯ тавонистааст, ки дар он суннатҳои роиҷро риоя ва тозакориҳои писандидае карда, маонии навро ба дараҷаи олӣ муаассиру суварнигорона баён намояд.

Бештари ғазал, ки аз мафҳуми луғавию истилоҳии он ҳам пайдост, сухан аз ишқу ошиқӣ, зебоиҳои маъшуқ ва хислатҳои ӯ мебошад ва беҳтарин ғазалҳои Лоҳутӣ ҳам аз ҳамин қабиланд. Ғазал аз ибрози муносибати байниҳамдигарии ошиқу маъшуқ, ки ба гуногунтарин шеваҳо буданаш мумкин аст, ба ҳам меояд. Сурати суннатии ошиқ ва маъшуқ дар ғазал дар сабкҳои гуногун ба тарзи мухталиф аст. Масалан, дар сабки хуросонӣ, ки асосан сабки вуқӯъгароёна, реалистист, сурати ошиқу маъшуқ ҳам тимсоли инсонҳои воқеист, онҳо ба ҳам қариб дар як сатҳи баробар муомила доранд. Ҳамчунон ки Сируси Шамисо ҳам қайд мекунад: “... шеъри нахустини форсӣ ба таври куллӣ реалистӣ аст, чи дар васфи табиат ва чи дар васфи маъшуқ...”. Вуқӯъгароёна будани шеъри васфи маъшуқ, ки ғазал ҳам ба қисмати он ворид аст, сабабҳое дорад, ки муҳимтаринаш аз вазъи иҷтимоии ошиқу маъшуқ бармеояд. Маъшуқ дар замони шеъри сабки хуросонӣ асосан турки ғулом буд, ки ба шоир аз ҷониби шоҳу амир ҳадя мешуд, ё худи шоир мехарид. Ӯ, ки моли молик, шоир ба ҳисоб мерафт, нози ошиқро мебардошт ва ҳукми шоир бар ӯ раво буд. Ва маъшуқ ҳатто ғулом ҳам набошад, бо ошиқ дар як сатҳ буд. Масалан, Рӯдакӣ дар рубоии машҳураш мегӯяд:

Омад бари ман, кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар,

Тарсанда. Зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар.

Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар.

Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар!

Таваҷҷуҳ шавад, худи ёр, маъшуқа пинҳонӣ ба назди ошиқ барои бӯсу канор меояд. Ё дар яке аз ғазалҳои Манучеҳрӣ ошиқ ба маъшуқ ҳатто шарт мегузорад, ки то бо ман оштӣ нашавию меҳри маро дар дил ҷой надиҳӣ, нози туро намекашаму дил ба ту намедиҳам:

Санамо, аз ту дилам ҳеҷ шикебо нашавад,

Агар имрӯз шавад, бешак фардо нашавад.

Таҷрибат кардаму доно шудам аз кори ту ман,

То муҷарраб нашавад мардум, доно нашавад.

Накашам нози турову надиҳам дил ба ту ҳам,

То маро оштиву меҳри ту пайдо нашавад...

Чунин ҳолатро дар ашъори ошиқонаи давраҳои баъдӣ, дар сабкҳои ироқиву ҳиндӣ пайдо кардан сахт душвор ва ҳатто метавон гуфт, ноёб аст. Ин суннати ғазалро, ки маъшуқа бо ошиқ дар як сатҳ қарор дошта, бо ҳамдигар муносибати ҳамонанд доранд ва ё бо ҳам ҳамканору ғамхор ҳастанд, дар ғазали Лоҳутӣ ҳам мебинем. Ӯ дар ғазале бо чунин матлаъ, ки соли 1933 навиштааст, мегӯяд:

Дар ин сафар, ки он бути айёр бо ман аст,

Ғамро маҷол нест, ки ғамхор бо ман аст.

Ё аз ин ҳам бештар дар ғазали дигар мехонем:

Шунидастам, ғамамро мехӯрӣ, ин ҳам ғами дигар,

Дилат бар мотамам месӯзад, ин ҳам мотами дигар.

Ба дил ҳар роз гуфтам, бар лаб овардаш дами дигар,

Чӣ созам то ба даст орам ҷуз ин дил маҳрами дигар... [3, 61]

Ҳамчунонки дида мешавад, дар ин ғазал ошиқ ба маъшуқа мегӯяд, ман шунидам, ки ту ғами маро мехӯрӣ ва ин барои ман ғами дигар аст ва ман мотам дораму дили ту бар мотами ман месӯзад ва ин барои ман боз мотами дигар аст ва монанди ин ҳамғамиву ҳамсӯзиву ҳамдардӣ. Ин ҷо, албатта, бояд дар назар дошт, ки ин аз ғазалҳои истамбулии Лоҳутист, ки ҳангоми ҳиҷрати иҷбориаш соли 1919 гуфта шудааст. Мухотаби шоир маъшуқа аст, зеро мегӯяд:

Маро бо гандуми холаш сару кор аст, эй воиз,

Ҳадиси ҷаннату кавсар бигӯ бар одами дигар...

Ҷаҳонеро парешон кард аз ошуфтани як мӯ,

Маозаллаҳ, агар бикшояд аз гесӯ хами дигар.

Дар зимн дарк мешавад, ки маъшуқи Лоҳутӣ маъшуқи замони нав аст, зеро ғами шоир ғами аз ранҷу уқубат раҳо кардани халқи ватан – Эрон аст ва маъшуқа дар ин ғам бо ӯ шарик мебошад. Ин сифати тозаест дар суннати ғазали классикӣ, яъне аз назари муҳтаво нав кардани сифати маъшуқа – тозакории Лоҳутист. Ҷой дорад, ки аз сифатҳои сабки ин ғазал низ гуфта шавад, зеро манзури шоир бо содагиву дилчаспӣ, самимияти фарогир, таъбироти шуставу равон, радифи ҷоафтодаи мувофиқ ва чаҳор мисраи аввал ҳама ҳамқофия гуфта шудааст.

Аммо дар ғазалиёти Лоҳутӣ симои маъшуқаи дастнорас, ситамгор, сернозу нуз, беэътино, ҳардамхаёл ва монанди ин ҳам, ки дар шеъри классикиамон фаровон аст, низ мавқеъ дорад. Дар ғазали классикии мо, масалан, дар ғазали Саъдӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ, ҳамчунон ки Шиблии Нӯъмонӣ ҳам дар “Шеър - ул – Аҷам” қайд мекунад, сабки вуқӯъгаро ба нудрат бошад ҳам пайдо мешуд, вале баъд аз Ҳофиз, ки сабки ғазали пешинро бо афзудани иҷозу ибҳому иҳом ба дараҷаи олии дастнорас расонид, шоирон дигар ба ҷустуҷӯи роҳҳои тозаи баёни маъно пардохтанд, ки охир ба сабки ироқӣ расиданд. Аммо дар ин байн сабки вуқӯъгаро ҳам ҳаёт дошт, ки дар замони, ба истилоҳ, бозгашт ба сабки равшани классик, ки ба охирҳои садаи ҳаждаҳ ва нуздаҳ рост меояд, аз нав рушду нумув пайдо кард. Ин сабки суннатӣ дар ғазали Лоҳутӣ ба устодии тамом ба кор гирифта шудааст. Ҳоло ба байтҳое аз ин ғазал таваҷҷуҳ шавад:

Нишастам дӯш ман бо булбулу парвона дар як ҷо,

Сухан гуфтем аз бемеҳрии ҷонона дар як ҷо.

Ман андар гиря, булбул дар фиғон, парвона дар сӯзиш,

Тамошо дошт ҳоли мо се тан девона дар як ҷо.

Ба сидқу сӯзишу шӯридагӣ дар ишқи ёри худ

Ману парвонаву булбул шудем афсона дар як ҷо].

Ҳамчунон ки дида мешавад, дар ин ҷо ҳикоятест аз шабе, ки ошиқ бо хаёли маъшуқааш бо ҳаммаслакони хеш дар ишқ – булбулу парвона бо ҳам менишинанд ва оғоз мекунанд бо шикояту дарду алам сухан гуфтан аз аҳволи худ. Рози дили пурдард дар ғойиби маъшуқа гуфта мешавад, ки асари онро дучанд меафзояд, яъне ин ошиқон ҳамеша дар ёди маъшуқа ҳастанд ва на танҳо дар ҳузураш, балки дар ғойибаш ҳам аз ӯ муҳаббату меҳрубонӣ илтиҷо доранд, ки шояд касе, чизе ё, масалан, насиме ба гӯши ёр таманнои ононро бирасонад, зеро айёми шукуфоии баҳор аст. Ин ҷо ҳеҷ чизи тозае на дар сухан, на дар сувари хаёл, на дар маъно ҳаст, ҳама чизе, ки дар собиқа ҳазорҳо бор гуфта шудааст, аммо чӣ чизе ин ҷост, ки моро дафъатан маҷзуби худ менамояду ҳеҷ раҳо намесозад. Ҳамон чизе, ки ном надорад, шеър аст, ғазал аст, ки ба ин ғазал ғазалият бахшидааст. Ин ҳам суннат аст, маҳорат аст, ки бо тамоми содагӣ ва бепироягӣ ҷои ҳамаи ороишу тасвиру тавсифҳо ва ибҳому иҳомҳоро комилан гирифта метавонад. Ҳоло мулоҳиза шавад, ки шоир дар байти дигари ин ғазал чӣ мегӯяд:

Зи бими ғайр пай гум мекунам, аз ман машав баддил,

Агар бинӣ маро бо дилбари бегона дар як ҷо.

Муаллифи ин мақола дар ин умри каму кӯтаҳи худ ғазалу шеъри бисёре хондааст, аммо дар ҳеҷ ҷое надидааст, ки ин маъниро шоире бад-ин хубӣ адо карда бошад. Агар маро бо дилбари дигаре дидӣ, гумони бад мабар, зеро ман дар ишқи ту аз бегонагон он қадар дар тарсу ҳаросам, ки камтарини бим маро аз вазъи муътадилам берун карда, ба гумроҳӣ меандозад. Дар зимн дар назар дошта шудааст, ки дар атрофи маъшуқа ҳамеша ғайру рақибон печидаанд ва ошиқ, ки маъшуқаро аз ҳамаи онҳо бештар дӯст медорад, аз бими ҳузури онҳо ба ин ҳол меафтад, ки худро дар бари дилбари бегона мебинад. Ин ҳунар муъҷизбаёнӣ ном дорад, ки маънӣ ногуфта, дар назар дошта мешавад ва худ ба фикри хонанда мерасад. Ин ҳам як навъи тоза кардани суннати ғазал аст, ки дар гузашта ҳам ҷо дошту Лоҳутӣ аз он устодона истифода кардааст.

То ин ҷо аз ду навъи тасвири маъшуқа суҳбат шуд, ки дар ҳар ду ҳам Лоҳутӣ бо истифода аз суннатҳои роиҷи ғазали классик дар он тозакориҳое кардааст. Гуфтем, ки дар ғазали аввал маъшуқа на танҳо дар масъалаҳои муносибати маҳрамона ҳамдаму ҳамрози ошиқ аст, балки ба ақидаҳои сиёсиву иҷтимоии ошиқ, ки ба озодии ватанаш – Эрон иртибот мегирад, низ сахт алоқаманд аст, яъне ишқи ҳар ду бо ишқи ватан ҳам пайванд мегирад. Аз ин рӯ, ғазалиёти меҳанӣ ҳам яке аз анвои ғазали ошиқонаи Лоҳутӣ мебошад, ки дар онҳо эҳсосоти пур аз ғаму шодӣ, ифтихору сарафкандагӣ, умеду ноумедӣ, васлу ҳиҷрон ва монанди инҳо бо беҳтарин ваҷҳ ва ҷазаботи ошиқона ба қалам оварда шудааст. Бинобар ин, таъкиди донишмандони забардасти шеъри классикиамон аллома Шиблии Нӯъмонӣ дар бораи он ки ҳангоми аз ишқи ҳақиқӣ, яъне ишқи Илоҳӣ ба шавқу шӯр омада, ғазал гуфтани шуаро ҳарфашон саршори маъниҳои амиқ ва эҳсосоташон пур аз ҷазабот аст, аммо ҳамин ки аз ишқи маҷозӣ, яъне ишқи инсонии инсон ба инсон сухан мегӯянд, ҳарфашон сабуку бемоя мешавад, зеро “... дар ишқи маҷозӣ (яъне ишқи инсон ба инсон – А. Ҳ.) он ҷазабаву шӯр ё истиқлоле, ки махсуси ишқи ҳақиқист, ҳеҷ пайдо намешавад, моро ба андеша вомедорад. Қисмати аввали ин хулоса сад дар сад мақбул аст, маъбуди ошиқ ҳар қадар баланду олӣ бошад, эҳсосот ҳам ба ҳамон дараҷа олӣ хоҳад шуд. Дар баробари ин, ба назари мо чунин мерасад, ки маъбудро ба кадом дараҷа бардоштан ба қудрати шоир ҳам вобаста аст, зеро шеъри шоири нотавон дар сурудани ишқи ҳақиқӣ ҳам олӣ ва пуршӯру ҷазаба нахоҳад буд, ки мисолаш дар шеъри пешинамон ҳам фаровон аст. Аз ин рӯ, ҳангоми хондани ғазалҳои ошиқонаи Лоҳутӣ, ки шоири муқтадир аст, мебинем, ки ӯ маъбуди инсони худро ба дараҷаи улвият мебардорад, (зеро Лоҳутӣ дар ҷавонӣ аллакай аз сурудани ашъори сӯфиёна даст кашида буд, бинобар ин маъшуқи ӯ инсон аст) ва ин гуна ашъораш ҳамон қадар шӯру ҷазабаи ошиқона доранд, ки ба ҳамон дараҷаи олии маънавият мерасанд.

То ин ҷо аз ҳамин гуна ишқи инсон бо инсон суҳбат шуд, ки ҳамон гуна сӯзону пурэҳтирос буд. Ҳоло ишқи ватанро дар ғазали Лоҳутӣ ба муоина мегирем. Ватан мафҳумест моддиву маънавӣ, мафҳуми моддии он ҳудудеро, замину осмонеро, табиатеро бо ҳамаи аносири он – кӯҳу дарёву набототу ҷамодот ва мафҳуми маънавии он таърих, фарҳанг, расму ойин, хуллас, ҳамаи дастоварди рӯҳию маънавии онро фаро мегирад. Аз ин рӯ ишқи ватан аз ин ду сарчашма шодоб аст – ҳам моддӣ, ҳам маънавӣ.

Силсилаи ғазалҳои меҳании Лоҳутӣ, ки саршори ишқу алоқа, дарду ғам, шӯру ҷазабаи фарогири беназири ватан ҳастанд, ба тасдиқи пуртаъсиру ҷазаба будани ишқи инсонӣ далолат мекунанд. Ҳоло таваҷҷуҳ шавад ба чанд байти ин ғазали меҳании истамбулии Лоҳутӣ:

Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,

Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.

Ба гардан бастаӣ чун риштаву бар пой занҷирам,

Мурувват кун, иҷозат деҳ, ки бикшоям даҳонамро...

Чу Лоҳутӣ, ба ҷон миннат пазирам то абад онро,

Ки бо ман меҳрубон созад бути номеҳрубонамро.

Сифати тозае, ки дар ғазалҳои Лоҳутӣ ба назар мерасад, ба ҳам омехтани симои маъшуқаи инсонӣ ва ватан аст. Гоҳо маъшуқа дар сурати ватан зоҳир мешавад ва гоҳи дигар ватан дар симои маъшуқа ва ин гуна ғазалҳои шоир пуршӯру ҷазабатарин ғазалҳои ӯ мебошанд. Дар ин навъ ғазалҳо аксари сувари хаёл, ё ҳатто ҳамаи онҳо, аз хазинаи пешини шеъри форсиву тоҷикӣ мебошанд, яъне суннатӣ ҳастанд, ба монанди гулу булбул, шамъу парвона, ёру ағёр, холу хат, чашму абрӯ, зулфу занҷир, дому сайёд ва ғайраҳо, аммо онҳо, ки аз мероси пешин яку якбора ба ғазалҳои шоир нагузашта, аввал дар кӯраи дилу ҷони ӯ гудозиш ёфта, ба таҷриба ва мояи ҳастии ӯ бадал гашта, пас ба шеъри ӯ медароянд, он қадар гарму таъсиргузор мегарданд, ки ҳоҷате ба воситаҳои дигари хаёлу баён намемонад. Ё баъзан аз ин гуна сувари хаёл ҳам истифода нашуда, ҳиссиёту таассурот, ки гарму сӯзон ва амиқу фарогир ҳастанд, ғолибан ба воситаҳои забонӣ ифода мешаванд, ки ниҳоят муассир бармеоянд. Ҳамчунон ки дар ин ғазали ба ёди меҳан суруда шуда ҳаст, ки аз он чанд байт иқтибос шуда, тасдиқ ва хотимаи сухан хоҳад буд.

Танида ёди ту дар тору пудам, миҳан, эй миҳан!

Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, миҳан, эй миҳан!

Ту будам кардӣ аз нобудию бо меҳр парвардӣ,

Фидои номи ту буду набудам, миҳан, эй миҳан!

Аскар ҲАКИМ – Шоири халқии Тоҷикистон,доктори илмҳои филология. Сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات