15 May 2023
Submitted by Admin
1110

Изҳороти фавқулодаю саривақтӣ ва мавзеъгирии қотеъонаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии Афғонистон баъд аз тасарруфи он аз тарафи гурӯҳи террористии Толибон рӯзи 25 августи соли равон ҳангоми мулоқоташон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ ва 17 сентябр дар вохӯрӣ бо сарвазири ин кишвар Имронхон дар чорчӯби Маҷлиси сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳамчунин пайомад ва вокунишҳои кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ба Изҳороти мазкур ошкор сохт, ки сиёсати хориҷии мо зарурат ба такмили ҷиддӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон агарчи дар Консепсияҳои сиёсати хориҷии хеш таъкид доштааст, ки сиёсати “фаъол, амалгароёна ва мутавозин”, “муносиб, густурда ва ҷавобгӯй ба таҳдидҳои замона” (Консепсияи...24 сентябри 2002) ва “воқеъбинона” (Консепсияи...27 январи 2015)-ро пеш хоҳад бурд ва ҳамеша кӯшиш хоҳад кард, ки “аз фурсатҳои нави барояш муҳайё гардида эҷодкорона ва ҳаматарафа истифода намояд” (Консепсияи...24 сентябри 2002), амалан солҳои тӯлонӣ дар сиёати хориҷии худ бо Ҷумҳурии исломии Афғонистон, сарфи назар аз он ки ҳукуматҳои вақти ин кишвар ошкоро сиёсати такқавмии пуштунгароиро пеш гирифта, мақоми иҷтимоии тоҷикон, забон ва фарҳанги онҳоро маҳдуд сохта, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва низомии онро аз саҳнаи фаъолият дур ва ё террор мекарданд, ба хотири ҳифзи муносибати ҳасанаи ҳамҷаворӣ ва ҳам дар таъсири омилҳои дигар, ғолибан сиёсӣ ва ибнулвақтӣ (конъюнктурӣ), онҳоро нодида мегирифт, бо онҳо муросову мадоро мекард. Роҳбарони вақти ин кишвари ҳамсоя Ҳомид Карзай (26-28 июли 2006) ва Ашраф Ғанӣ (29 марти 2021) ва ҳайати ҳамроҳонашонро бо иззату эҳтиром пешвоз мегирифт ва гусел мекард. Аз ҳамин сабаб сиёсати хориҷии мо нисбат ба Афғонистон, мутаассифона, дар сатҳи расмӣ на ҳамеша бо воқеъиятҳои он кишвар мувофиқат менамуд ва муносиб ба сиёсатҳои он нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Шинохти дуруст ва воқеии Афғонистон ва таҳаввулоте, ки дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии он ба вуҷуд омаданд ва меоянд, ба чигунагии фаъолияти намояндагиҳои дипломатии мо дар он кишвар – Сафоратхонаи ҶТ дар Кобул ва Консулгариҳои он дар Мазори Шариф, Тахор ва Файзобод вобастагӣ дорад. Ман гумон мекунам, ки ин ниҳодҳои расмии мо дар Афғонистон рисолати худро ба дараҷае, ки лозим аст, анҷом надодаанд. Агар ин сохторҳо он ҳодисву воқеъаҳоеро, ки дар ин кишвар дар чанд даҳсолаи охир мегузаштанд, пайгирона мушоҳидаву мулоҳиза ва таҳлил менамуданд ва хулосаву пешниҳодҳояшонро бо далелу исбот саривақт ба роҳбарияти вазорати корҳои хориҷӣ ва ҷумҳурӣ мерасондаанд, ман аминам, ки сиёсати хориҷии мо нисбат ба он кишвар такмил меёфт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибат бо Афғонистон асосан, агар ба таъбири яке аз дипломатҳои баландрутбаи тоҷик бигӯем, “ба рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ..., аз ҷумла, интиқоли транзитии мутақобилаи борҳо тариқи қаламрави худ, бунёди роҳҳо ва пулҳое, ки ҳарду кишварро пайваст месозанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир” менамуд (Низомиддин Зоҳидов. Барқарорсозии сулҳу субот ва эҳёи иқтисодии Афғонистон дар сиёсати байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Маҷ. “Сиёсати хориҷӣ”, 2012, №2.-С.26). Ва бо такя бар ҳамин бовар ниҳодҳои дипломатии мо роҳи асосии ҳалли қазияи Афғонистон ва таъмини рушду субот дар онро, пеш аз ҳама, дар ҳалли мушкили иқтисодӣ ва иҷтимоӣ медиданд.

Ҳол он ки мушкили асосии Афғонистон на дар иқтисоди ҷангзадаи он, балки дар ҳал нагардидани масъалаи миллӣ буд ва ҳаст. Зеро низоъ дар Афғонистон, чи дар гузашта ва чи дар замони ҳозира, агар дуруст мулоҳиза шавад, пеш аз ҳама, хусусияти байниқавмию байнимиллиятӣ – этникӣ дорад. Ва роҳи халосӣ аз ин вартаи ҳалокат дар Афғонистон танҳо дар ташкили ҳукумати фарогири миллӣ бо иштироки намояндагони тамоми қавму миллатҳои муқими он кишвар, нерӯҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ аз роҳи интихоботи воқеӣ ва шаффоф мебошад. Ин андеша аз тарафи Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон на дар моҳҳои август ва сентябри соли 2021, балки хеле барвақтар рӯзи 21 июли соли 1999 дар суҳбати телефонӣ бо Президенти собиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов баён гардида буд (Т.Назаров, А.Сатторзода. Дипломатияи муосири тоҷик.-Душанбе, 2006.-С.82).

Мутаассифона, Афғонистон то ба имрӯз мисли пешина ҳамчун кишвари қавму миллиятҳои ҷудогона, нерӯҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҷудогона боқӣ мемонад. Ҳукуматҳои қавмгарои вақти ин кишвар дар даврони Ҳомид Карзай ва Ашраф Ғанӣ бо шиддат бахшидан бо мафкураи ифротии паштунгароӣ ва доман задан ба низоъҳои миллию қавмӣ, аз он ҷумла дар байни қавмҳо ғайрипаштун, хосса тоҷику ӯзбак, тоҷику ҳазора ва бо барномаҳои қавмиситезию ҳуввиятситезии хеш, бо рақобатҳои носолим ҳангоми интихоботи раиси ҷумҳур, раиси парлумон, силсилакушторҳои нухбагони қавму миллиятҳои ғайрипаштун натавонистанд, ки кишварро ором бикунад ва ба он сулҳу субот биоваранд. Гузашта аз ин ҳоло бо мурури замон ҳарчи бештар ошкор шуда истодааст, ки ҳам Ҳомид Карзай ва ҳам Ашраф Ғанӣ амалан барои ба сари қудрат омадани Толибон заминасозӣ кардаанд. Аввалӣ, бино бар шаҳодати вазири мудофиаи вақти Амрико ҷаноби Роберт Гейтс, дар ҷобаҷо намудани Толибон дар самти шимоли Афғонистон саҳм гирифта бошад, дувумӣ, ба эътирофи худаш, заминаро барои ба тасарруфи онҳо даровардани на танҳо самти шимол, балки тамоми Афғонистон омода сохтааст (А.Сатторзода. Бурду бохти стратегӣ // Рӯз. “Ваҳдат”, 2021, №20 (412), октябр).

Ҳодисаҳои охири Афғонистон ҳамчунин ошкор намуданд, ки баъзе аз кишварҳои минтақа ва дуру наздик, аз қабили Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин ва Ҷумҳурии исломии Эрон маҳз ба хотири он ки рақиби стратегии худ Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро дар Афғонистон шикаст диҳанд ва онро аз ҳудуди ҷуғрофии манфиатҳои геополитикии худ биронанд, ба гурӯҳи террористии Толибон ҳамкории модӣ ва низомӣ карда, алорағми манфиатҳои миллии аксарияти қавму миллиятҳои муқими Афғонистон, аз он ҷумла миллати бонуфузи он тоҷикон, барои дубора ба сари қудрат оварондани он мусоидат намудаанд. Ва ҳоло бо ҳукумати номниҳоди ин гурӯҳи террористӣ – Аморати исломии Афғонистон робита барқарор карда, сафирон ва вазирони хориҷиашонро ба мулоқоти онҳо фиристонданд ва намояндагон ва ҳайатҳои Толибонро дар кишварҳояшон бипазируфтанд. Боиси таассуф аст, ки дар байни онҳо кишварҳои шарикони стратегии мо, ҳамсарҳад ва минтақа низ ҳастанд.

Барои ин кишварҳо маълум шуд, ки сарнавишти давлат ва халқҳои Ҷумшурии Тоҷикистон ва миллати тоҷик, ки дар Афғонистон 46-47%-ро ташкил медиҳад, чандон муҳим нест. Аз ин сабаб зарурате пеш омадааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сиёсати хориҷии худ дар нисбати ин кишварҳо таҷдиди назар намояд ва онро бо тақозои манфиатҳои миллиаш такмил диҳад. Ворид намудани чунин дигаргунӣ барои он муҳим мебошад, ки татбиқи муваффақонаи минбаъдаи сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз ин ба баъд дар муносибат ва ҳамкориҳои худ на танҳо бо кишварҳое, ки зикрашон рафт, балки бо ҳамаи кишварҳои дигари дурру наздик ва созмонҳои минтақаӣ ва баёналмилалӣ низ бояд дониста ва огоҳона амал намояд. Мутаассифона, ин асли бисёр муҳим дар робитаҳои байналмилалӣ дар рӯзҳои мо на ҳамеша риоят мешуд. Натиҷаи маҳз ҳамингуна сиёсати ноогоҳона ва нодониста буд, ки муносибат ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанде аз кишварҳои ҳамсоя ва дуру наздик ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ на танҳо барор надошт ва самари матлуб надод, балки ба тадриҷ сард гардида, ба дараҷаи муқовимат, эҷоди монеа ва «ҷангҳои матбуотӣ» расиданд. Барои мисол, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон санади дипломатии дар зоти худ нодири «Созишнома оид ба дӯстии ҷовидона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон»-ро ба имзо расонда буд. Аммо дар солҳои баъдина то чаҳор сол пеш аз ин, яъне то пас аз ба сари қудрат омадани Президенти нави ин кишвар ҷаноби Шавкат Мизиёев сатҳи муносибат ва ҳамкориҳои мо бо ҳеч кишвари дигаре ба ин дараҷа поён нарафта буд.

Ва ё мисоли дигар ҳодисаи расман шарики стратегӣ эълон намудани Федератсияи Русия ва бастани умеди аз ҳад зиёд ба ҳамкориҳои густурда, пеш аз ҳама иқтисодӣ ва дар сатҳи баланд бо ин мамлакат мебошад. Аммо сарфи назар аз кӯшишҳои пайгиронаи тарафи Тоҷикистон ва шахсан Президенти муҳтарами он ҷониби Русия ба ҳамкориҳои густурда ва дар сатҳи баланд дар соҳаи иқтисод то ба ҳол омодагӣ аз худ нишон надодааст. Кӯшиши Федератсияи Русия аз ибтидо дар муносибатҳояш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан дар соҳаи низомӣ буд ва моҳиятан ҳамин тавр боқӣ мондааст. Қасди дубора ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баргаштан, тамдиди муҳлати пойгоҳи низомии худ то ба 39 соли дигар ва бо ҳар баҳона, аз ҷумла вуҷуди гурӯҳҳои террористии Толибон, Алқоида, ДИИШ ва ғ. дар Афғонистон вусъат ва тақвият бахшидани он низ идомаи ҳамон сиёсат мебошад.

Сатҳ ва муҳтавои муносибат ва ҳамкории феълии Тоҷикистон бо Русия ба ҳеч ваҷҳ ба мақоми шарики стратегӣ мувофиқат намекунад. Гузашта аз ин вокунишҳои роҳбарони тирози авали ин кишвар - аз Президенту раиси Шӯрои Федератсияи он сар карда то сиёсатмадорон ва роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандони он дар гузаштаи на чандон дур ба қазияи парвандаи судии ду пилот (марти соли 2011), мушкилоти муҳоҷирати меҳнатӣ ва ниҳоят ҳамкории ошкорои он бо гурӯҳи террористии Толибон ва мусоидат барои ба сари қудрат овардани онҳо бармало сохт, ки Федератсияи Русия дар сиёсати хориҷиаш то ба ҳол барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи муносиберо муқаррар накардааст ва гумон аст, ки дар солҳои наздик низ онро мушаххас созад.

Гумони яқин он аст, ки тарафи Тоҷикистон танҳо ба хотири он ки ин ду кишвар – Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия дар ҳалли қазияи воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта саҳми муассир доштанд, ба онҳо чунин имтиёз дода буд. Вале бо мурури айём маълум шуд, ки маҳз ҳамин саҳми муассир доштани ин ду кишвар дар воқеаҳои солҳои навадум боиси таваққӯъи зиёди онҳо аз ҷониби Тоҷикистон барои гузашт ва додани имтиёзҳои бештаре гардид. Ва вақте ки таваққӯъ ва хоҳишҳои доимоафзояндаи онҳо қонеъ нагардид ва ё камтар бароварда шуданд, муносибат ва ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон коҳиш доданд.

Агар сухан дар бораи Ҷумҳурии мардумии Чин равад, бояд эътироф намоем, ки ин кишвар ҳоло яке аз сармоягузорон ва ҳамкорони тиҷоратии асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Як сол пеш, бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар асоси натиҷаҳои соли 2020 ҳаҷми умумии сармоягузории ин кишвар дар ҷумҳурии мо зиёда аз 3 млрд. 15 млн. доллари амрикоиро ташкил медод (Пайрав Чоршанбиев. “Asia-Plus», 18майи 2021). Чин барои мо, тавре ки маълум аст, роҳҳои мошингарди “Душанбе-Хуҷанд-Чанок”, нақбҳои “Шаҳристон”, “Шаршар” ва “Дӯстӣ”, хаттҳои интиқоли барқи ЛЭП-500 “Ҷануб-Шимол”, ЛЭП-200 “Лолазор-Хатлон”, Маркази гармирасонии Душанбе-2–ро сохта, дар истехроҷи канданиҳои фоиданоки мо, аз ҷумла дар Корхонаҳои истеҳсоли тиллои Зарафшон, Покрут ва ғ. фаъолона иштирок дорад. Ин ҳама хуб аст ва аз сатҳи баланд ва босамари ҳамкориҳои Чин ва Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Аммо дар ин ҳамкориҳои мо бо Чин як чизи нигаронкунанда он аст, ки қарзи мо аз ин кишвар, бино бар маълумоти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯйи ҷамъбасти натиҷаҳои нимсолаи аввали соли 2021 ба 1,2 млрд. доллари амрикоӣ расида, тақрибан 40% қарзи умумии хориҷӣ ( аз 3,256 млрд.$ ё 3,1 млрд.) ва ё 38,2 % ё 43,3 % ҳаҷми маҳсулоти умумӣ Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Чунин ҳолат оқибатҳои хубе надорад ва ба амнияти миллии мо таҳдид мекунад. Хусусан, ки Чин аз ҷумлаи кишварҳоест, ки қарзи худро то ҳол ба ҳеч кишваре набахшидааст. Як мисоли тозатаринаш ин аст, ки ду сол пеш сафири ин кишвар дар Қирғизистон ба таври расмӣ ва ошкоро ба ҳукумати он мамлакат ҳушдор дод, ки қарзро бояд баргардонад ва ё аз ҳисоби дороиҳои миллиаш онро бояд ҷуброн бикунад.

Аз кишварҳое, ки барои ба сари қудрат омадани Толибон муосидат карданд, бештар ва ошкоротар аз ҳама Ҷумҳурии мардумии Чин ва Давлати исломии Покистон барои ҳамкорӣ ва муколима бо ҳукумати Толибон тамоюл нишон доданд. Чин барои тақвият бахшидани ҳузури иқтисодӣ ва низомии хеш дар Афғонистон манфиатдор аст. Аваллин қадаме, ки Толибон ба сӯйи Чин бардоштанд ба ивази ёриҳое, ки карда буд, додани фурудгоҳи низомии Багром дар ихтиёри ин кишвар мебошад.

Ин падида бори дигар тасдиқ менамояд ва ҳамчунин таъкид ба як ҳақиқати маълум мекунад, ки дар муносибатҳои байнидавлатӣ асл ҳамоно манфиатҳои миллист, на омилҳои гузаранда ва ғайриусулӣ.

Барои ҳамин ҳам Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки сиёсати хориҷии худро аз ин ба баъд амалан муносибу мувофиқ ба воқеъиятҳои замон, минтақа ва ҷаҳон намояд, то он ҷавобгӯй ба манфиатҳои миллии кишвар бошад.

Ш. Душанбе,

Абдунабӣ Сатторзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири шуъбаи таърихи адабиёти Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات