22 Aug 2023
Submitted by Admin
1305

Муъмин Қаноат аз саромадони шеъри нави тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ шинохта шудааст. Навгароӣ ва таҳаввули шеъри нав ва такомули жанри достон дар ин давра бо номи ӯ сахт алоқаманд буда, ба гунае, ки назми нимаи дувуми асри ХХ-ро бидуни осори Қаноат наметавон тасаввур кард. Аҳаммияти шеъри Қаноат дар адабиёти муосир шабоҳат ба пойдеворе дорад, ки қавоми сохтмон бар он ниҳода шудааст ва ҳар бинои бепойдевор маҳкум ба фурупошист. Ба қавли адабиётшинос Шарифҷон Ҳусейнзода: “Яке аз хусусиятҳои эҷодкории Муъмин Қаноат пайдо кардани афкори барҷаста ва шуълаҳои шоирона аст. Аз ин ҷост, ки вай доимо саъй кардааст фикрҳои олӣ эҷод кунад. Назди вай шеър гуфтан бо пайдо кардани хаёлоти бикр муродиф аст. Ман бо камоли ҷасорат гуфта метавонам, ки шеъри ӯ оинаи Тоҷикистон аст. Ин ба ҳар шоир насиб нахоҳад шуд!”. Тавсифоти шеъру достонҳои Қаноатро бузургтарин адабиётшиносони дохиливу хориҷӣ ба таври муфассал баён кардаанд ва дар ин мақола маҷоли пардохтан ба ин масъала нест, балки ҳадаф ошкор кардани маҳорати тасвирофаринии Қаноат дар як шеъри кӯтоҳ аст. Муъҷазбаёнӣ аз сифоти барҷастаи устод буд, ки аксари шогирдони вай низ ба ин нукта борҳо ишора кардаанд. Шоири хушзавқи мо Гулназар дар мавриди маҳорати муъҷазбаёнии Қаноат чунин изҳори назар кардааст: “дар мавриди эҷодиёти солҳои аввали Қаноат гуфта будам, ки вай андешаи якмисраиро дар чанд байт мегӯяд. Баъдан Қаноат ба он пояи маҳорат расид, ки муҳтавои як достонро дар як мисраъ, бо як ишора ифода мекунад... Он ки аз назми имрӯз огоҳӣ дорад, бояд ба хубӣ дарк кунад, ки ишораҳои (кӯтоҳ)-и шоиронаи Муъмин Қаноат дар дафтари дигарон ба шеърҳои дарози пурдабдаба табдил ёфтааст”.

Бо ин муқаддима акнун ба таҳлили маҳорати тасвирпардозӣ, муъҷазбаёнӣ ва фазосозии устод Қаноат дар шеъри “Қатли Восеъ”-и ӯ мепардозем. Сохтор ва бандубасти шеъри мазкур ба қавли шодравон Гулназар ба меъёрҳои “як достон дар як мисраъ” мутобиқат дорад. шеъри мазкур солҳо мисли оҳанрабо назари манро ба худ ҷазб карда буд, вале ҳаргиз ҷасорату маҳорати изҳори назар кардан дар бораи онро пайдо накардам. Ҳар боре, ки мехостам чизе дар бораи он бинависам, эҳсоси худкамбинӣ водорам мекард, ки ин тасмимро ба оянда ҳавола кунам. Акнун ҳам намедонам то куҷо метавонам тавоноии як шоирро дар офариниши як шеъри маънодор ошкор созам, аммо баёни андеша аз хомӯшӣ авлотар аст.

Шеъри “Қатли Восеъ” ҳаҷман хурд буда, дар маҷмуъ аз 27 мисраъ иборат аст. Аммо шоири моҳир дар ин шеъри кӯтоҳ тасвире халқ кардааст, ки шабоҳат ба як достони кучак дорад. Барои дарки муҳтаво ва моҳияти шеър ва ишораҳои шоири нозукбаён шеъри мазкурро ба 7 банди ҷудогона тақсим кардем, то ҷузъиёти онро ба осонӣ битавон ошкор кард. Чунин тақсимбандӣ кори муҳаққиқро барои ошкор кардани маҳорати шоирӣ ва лаёқати тасвирпардозии шоир ҳамвортар хоҳад кард. Шеъри “Қатли Восеъ” бо чунин абёт оғоз мегардад:

Қаср.

Ишратгоҳи тобистони шоҳ,

Ҷои қатли «осиёни» бегуноҳ,

Мир бо асҳоб дар айвони арк.

Бандагони мир дар майдони арк.

Дар банди мазкур шоир намои қасри тобистонии амир, айвони арк ва маҳалли анҷумани аркони ҳукумат дар майдони аркро тасвир кардааст. Тасвирҳо бисёр равшану сода ва қобили дарк ҳастанд. Пас аз тасвири муъҷази намои арк шоир таъкид мекунад, ки ин маҳал макони “қатли осиёни бегуноҳ” аст. Шоир бо ин мисраъ зеҳни хонандаро ба як воқеаи мудҳиш, яъне қатли инсон он ҳам як марди қаҳрамон омода мекунад. Дар ҳамин чоруним мисраъ шоир фазои даҳшатбори манзараи як ҳодисаи нохушояндро ба пуррагӣ ба тасвир кашидааст. Қаноат шоирест, ки дар шеър аз тафсири ҷузъиёти ҳаводис ҳамеша худдорӣ мекунад, аммо шеърашро чунон месозад, ки аз лобалои мисраҳои кӯтоҳу муъҷаз хонанда муҳтавои калонеро пеши назар меорад. Дар каломи муъҷази Қаноат ҳаяҷону изтироботе нуҳуфтааст, ки шояд дар достонҳои баланди дигарон чунин ҳолатро пайдо накунем. Қаноат баъди такмили саҳнаи аввали шеър бидуни шарҳу тафсири изофӣ, саҳнаи дигарро меофарад:

Дар миёна дор,

Восеъ пои дор,

Ҳамчу кӯҳи Балҷувонаш устувор.

Дар ин банди кӯтоҳи ду мисраӣ низ кори Қаноат муъҷизаофаринӣ будааст. Шоир дар банди мазкур аз калимаҳое истифода мекунад, ки шахсият ва шаҳомати Восеи қаҳрамонро ба хубӣ ошкор месозад. Шаҳомати шахсияти Восеъ дар калимаҳои “дор”, “Восеъ”, “Балҷувон”, “кӯҳ” ва “устувор” инъикос ёфтааст. Ин банд ҳам комилан як нақши мусаввар аст. Хонанда на танҳо мехонад, балки он саҳнаро ба чашми сар мебинад. Дар ду банди аввал шоир тасвири манзараи қатли Восеъро такмил карда, дар банди савум ба тасвири шахсияти қаҳрамони шеър мепардозад. Шоир дар ду мисраъ ҷаҳони ботинии Восеъро чунон тасвир кардааст, ки ҳар хонандаи маҷзуби дунёи ботинии қаҳрамон мешавад:

Хокро бӯсид, сарро аз замин

Кард боло, хӯрд бар чархи барин.

Кӯҳ ин фурсат ба ӯ ҳамроҳ шуд,

Дори шоҳон назди ӯ кӯтоҳ шуд…

Дар байти аввал шоир аз қаҳрамони худ тасвири зеҳнӣ месозад. Дар як байт ғурур, шаҳомат, ҷавонмардӣ, бебокӣ, шуҷоат ва азамати як шахсияти таърихиро ба намоиш мегузорад. Таъбири “бархудани сари Восеъ ба чархи барин” ифодакунандаи тамоми хислатҳои ботинии қаҳрамон аст. Дар байти дувум шоир истиқомати Восеъро ба “кӯҳи устувор” ташбеҳ карда, дори шоҳонро кӯтоҳу бемиқдор шумурдааст. Қаноат танҳо шоирест, ки дар шеъри ӯ аҷзу нотавонӣ ва гилояву бечоранолӣ ҷойгоҳе надоранд. Ӯ рамзи ғурури як миллати бошукӯҳ аст. Аз ин рӯ, кӯҳ дар меҳвари тасвирҳои шоиронаи Қаноат қарор гирифтааст. Азамату ҷавонмардии Восеъ дар пои дор хашму изтироби ҳокимро ба бор меорад:

Дар ғазаб омад аз ин мири ғазаб,

Гуфт аркон,

Гуфт майдон: «Воаҷаб!»

Амир бо ин саҳнасозӣ мехост чашми мардумро битарсонад, то дигар касе мисли Восеъ ҷуръати мухолифат бо ӯро дар сар напарварад, аммо бебокию беътиноии Восеъ дар назди амиру марги қарибулвуқӯъ боиси ҳайрату тааҷҷуби аркони ҳукумат ва хашми амир мегардад. Марг охирин таҳдиду василаи ҳокимон барои тарсондани халқ аст, аммо Восеи қаҳрамон бо ғурури шаҳомате, ки дар саҳнаи маргаш ворид мешавад, тамоми ҳилаву найранги амирро ботил мекунад. Хашми амир ва ҳайрати аркони вай аз ҳамин ҷиҳат барангехта шуда буд. Ин манзараро низ шоир бо маҳорати хоси худ дар як байт ҷамъбаст мекунад. Дар банди панҷум шоир ҳолати равонии дигареро дар майдони арк ба тасвир мекашад:

Аз сафи омода сарбози савор

Ҳалқаро пайваст бо шохи чинор,

Бандиро овард сӯи зиндадор;

Аз чинор омад садои Гулизор…

Шоир дар ин банд ҳолати равонии наздикони Восеъро танҳо бо таъбири “садои Гулизор” инъикос мекунад. Хонанда бо шунидани номи Гулизор духтари Восеи қаҳрамон ҳолати рӯҳию равонии хонаводаи ӯро худаш тасаввур мекунад. Тавре дар боло ишора кардем, азбаски Қаноат бечоранолӣ ва аҷзро намеписандид, ба ҷузъиёти ин ҳолат намепардозад. Устод Сотим Улуғзода низ дар романи “Восеъ” нақши Аноргул, ҳамсар ва Гулизор духтари Восеъро ҳамчун занони ҷасуру диловар тасвир кардааст. Қобили зикр аст, ки ин ду адиби муосир аз ин ҷиҳат ба якдигар шабоҳатҳои наздике доранд. Банди шашуми кулминатсияи шеъри “Қатли Восеъ” аст. Ҳеч кас дар адабиёти муосири тоҷик дар шеър чунин тасвири муъҷазу воқеӣ насохтааст:

Танг омад ҳалқа гирди гарданаш,

Танг омад дар бадан пироҳанаш,

Кунда аз зери ду пояш дур шуд,

Шаҳчиноре бо чиноре ҷӯр шуд…

Эъҷози каломи Қаноат дар ҳамин банди чормисраӣ намоён гардидааст. Дар байти аввал шоир ҳолати ба дор кашидани инсонро ба тасвир мекашад, ки чунин ҳолат аз назари физикӣ бо воқеият созгор аст. Ва шоир шояд чи қадар фикр кардааст, ки бо ду таъбири кӯтоҳи “танг шудани ҳалқаи дор дар гардан” ва “танг омадни пероҳан дар бадан” эъҷози тозае биофаринад. Вақте одамро ба дор мекашанд ё ҳалқовез мекунанд ба сабаби нарасидани ҳаво бадани ӯ дамиш карда, калонтар мешавад. Қудрати суханофаринии Қаноат дар ҳамин ҷо зоҳир мешавад. Ӯ беҳуда нагуфта буд, ки:

Суханро вазну тамкини замин бояд,

Суханро қудрати ҷонофарин бояд.

Қудрати сухани Қаноат дар ҳамин ҷо ба Восеи қаҳрамон ҷони тоза мебахшад.

Дар байти баъдии банди шашум шоир дар мисраи якум ҳолати иҷрои амал ва дар мисраи дувум азамати Восеъро бо таъбири “шаҳчиноре бо чи чиноре ҷӯр шуд” ба тасвир кашидааст. Қаноат фоҷеаи инсониро чунон тасвир мекунад, ки ҳаргиз дар хотири дигарон эҳсоси заъфу нотавонӣ бурӯз накунад, балки тасвирҳои фоҷеомези шоир дар дили хонанда ҳисси ғуруру шаҳомат эҷод мекунанд. Дар шеъри Қаноат одам аз марг наметарсад, балки бо марг ифтихор мекунад. Охир Қаноат аз муридони ҳақиқии Фирдавсӣ буд, ки мефармояд:

Агар кушт хоҳад туро рӯзгор,

Чи некӯтар аз марг дар корзор.

Фалсафаи ростини тоҷикон аз ибтидо ҳамин гуна буд. То замоне, ки ин бовар дар зеҳни мо ҳоким буд, тоҷикон ё ориёҳо аз ақвоми боифтихори аҳли башар буданд. Аз замоне, ки дар зеҳни мо фалсафаи тарс аз марг ҳоким шуд, раванди заволи тоҷикон оғоз гардида, то кунун идома дорад.Шоир шеъри “Қатли Восеъ” – ро бо ҳамон шаҳомате, ки оғоз карда буд бо ҳамон руҳия ва матонат ба поён мебарад. Шеър ба гунае суруда шудааст, ки аз хондани он дар дили хонанда ба ҷои тарсу ваҳшат ва ё заъф эҳсоси ғуруру ҷавонмардӣ боло мегирад:

Зад амири бехабар табли зафар,

На, аморат мезанад бонги хатар!

Баски бисёр аст ҳамдастони ӯ,

Рӯди саршор аст кӯҳистони ӯ!

Ба ҳамин тартиб, шоир ному корномаи Восеъро бо таъбири “рӯди саршори кӯҳистони ӯ” ҷовидона мекунад. Шеъри “Қатли Восеъ” намунаи нави шеъри тасвирӣ дар адабиёти муосири тоҷик аст. Қаноат дар шеър тасвирҳои табии ва зеҳниро дар иртиботу ҳамоҳангӣ бо якдигар месозад.Тасвирҳои табии ҳолати зоҳирии амал ва тасвирҳои зеҳнӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамонони шоирро инъкиос мекунанд. Бо ин васф, сабки Қаноат сабки печидаву мураккабе нест. Ӯ пайравӣ сабки шевову равони хуросонист, ӯ вориси ростини Рӯдакиву Фирдавсӣ буд. Шеъри Қаноат шеъри шаҳомат аст, шаҳомати миллати тоҷик. Шоир дар сухан бо ҳамин калимаҳои маъмулӣ эъҷоз мекунад. Ба қавли Якобсон намояндаи мактаби формализми русӣ: “шеър ва ё забони шоирона ҳуҷуми созмонёфта ва огоҳона ба забони рӯзмарра аст”. Бо таваҷҷуҳ ба ин таъриф аст, ки метавон қолабҳои забониро шикаст ва ҳинҷоршиканиҳои сохториро дар шеър эъҷод кард бидуни ин, ки мухотаб бо мушкили дарки мафҳум ва маънӣ рӯ ба рӯ шавад ва аз сӯе ин тағйироти хориҷ аз забони рӯзмарра, боиси эъҷоди лаззат дар хонанда мешавад. Аз ин нигоҳ то кунун вижагиҳои шеъри Қаноат ба таври комил мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Бинобар ин, ҳақ ба ҷониби Олжас Сулаймонов аст, ки гуфта буд: “Мунаққидону муҳаққиқонро қазовату тадқиқи ҳақбини эҷодиёти яке аз шоирони фаъол ва хуби кунунии Осиёи Миёна, Муъмин Қаноат дар пеш аст”.

Беҳрӯзи Забеҳулло, н.и.ф., мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти баноми Рӯдакии АМИ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
5
Average: 5 (1 vote)

یاد رفتگان

مقالات