06 Dec 2023
Submitted by Admin
461

Мусаллам аст, ки таваллуди кӯдак барои ҳар оила ва авлод аз ҳодисаҳои хурсандибахш аст. Ба ин муносибат ҳар гуна расму оин ва таомулҳо ба ҷо оварда мешаванд. Дар бораи таваллуди кӯдак ва марҳилаҳои минбаъдаи рӯзгори вай дар навоҳии алоҳидаи Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин Дарвозу Раштон ва бархе аз манотиқи дигари Тоҷикистон чанд маълумоту мақолаҳои А.А.Бобринской, И.И. Зарубин, О.А. Сухарова, А.Л. Троиғкая, М.С. Андреев аз нигоҳи мардумшиносӣ таълиф ёфтаанд.

Азбаски таваллуди кӯдак аз ҳодисаҳои хурсандӣ ҳисоб меёфт ва меёбад, тибқи нақлу гуфтаи истеъдодҳои мардумӣ ва донандаҳои расму таомул, оину маросимҳои анъанавӣ махсусан, дар гузашта, дар мавриди таваллуди кӯдак ва рӯзгори минбаъдаи вай занони ҳамсоя, хешу табори наздик ва кӯдакон дар хона ҷамъ омада, ҳаргӯна базму бозӣ ва сурудхонӣ барпо мекарданд. Баъди ҳар сари чанд вақт ба шукри серӯза, ҳафтрӯза, чиҳилрӯза ва соҳибном шудани кӯдак, дар доираи хонавода, маъракаҳо, хурсандиҳо ба чо меоварданд ва дар ҳаққи бача ё духтар бо мазмунҳои гуногун сурудҳо мехонданд.

Аз ин бора аз ҷониби фолклоршиноси маъруфи тоҷик Баҳром Шермуҳаммадов асари калон ва арзишноки тадқиқотӣ анҷом ёфтааст6.

Дар иртиботи ҳамин ҳодисаҳои зиндагӣ дар ҷилди сеюми китоби «Тоҷикони Қаротегин ва Дарвоз» дар партави тафсиру тасвири расму оину таомулҳо чанд намунаи сурудҳо дарҷ гардидаанд.

Бо вуҷуди ин, ҳанӯз на дар ҳамаи манотиқи тоҷикнишин мақом ва мавқеи ин қабил сурудҳо, ки арзиши калони таърихӣ ва фарҳангӣ доранд, дар рӯзгори мардум таъин ва вижагиҳои онҳо ҳаллу фасл шудааст.

Аз таълифоти фолклоршинос Н.Шакармамадов пайдост, ки эҷодиёти бадеӣ шифоии аҳолии гуногунзабони Кӯҳистони Бадахшон як қисмати мӯҳими фолклори тоҷик бошад ҳам, он вобаста ба ҳаёти таърихӣ - иҷтимоӣ ва махсусан, мавҷудияти забонҳои хоси гуфтугӯӣ он дорои хусусиятҳои махсус, мебошад.

Бисёре аз навъу намудҳои осори бадеии шифоии ин мардум ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забонҳои бехатти помирӣ эҷод ва паҳн гаштаанд8. Ҳамин вижагиҳои фолклори Бадахшон аз сурудҳои зиёде, ки вобаста ба таваллуди кӯдак ва марҳилаҳои минбаъдаи рӯзгори вай эҷод шудаанд ва ҳанӯз мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтаанд, ба мушоҳида мерасанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки дар ин мақола дар асоси бархе аз сурудҳои дастрасгардида, мақому мавқеи онҳоро дар мавриди қайд кардану ба ҷо овардани расму таомулҳои суннатӣ вобаста ба дандон баровардани кӯдак дар Рӯшону Шуғнон, ки забони гуфтугӯии аҳолии ин навоҳӣ нисбати ҳамдигар қаробати беше дошта, аз забони гуфтугӯии сокинони навоҳии дигари Кӯҳистони Бадахшон куллан фарқ доранд, нишон диҳем.

Дандонбурорӣ аз марҳилаҳои муҳими хонавода низ буда, дар Шуғнон ва Рӯшон мутаносибан онро «дъиндӯнзивест», «дъиндонзивест» мегӯянд. Дар он фақат аз занони ҳамсоя ва хешони наздик ширкат меварзанд. Бояд хотирнишон кард, ки мавриди дандон баровардани кӯдак ба гуфти иддае аз занҳои солхӯрда ба солимии ҷисми писарбача ё духтарина вобаста аст. Чунончӣ, яке аз истеъдодҳои мардумӣ ва донандаи расму оину маросимҳои суннатӣ Моҳҷон Назардодова изҳор дошт, кӯдаке, ки «сустситхон» (мулоимустухон) аст, дар шашмоҳагӣ дандон мебарорад ва кӯдаке, ки «кулухситхон» ё «хахъситхон» (сахтустухон) аст, баъд аз ёздаҳмоҳагӣ дандон мебарорад. Ин ҳолатро одатан, пеш аз ҳама модарон мушоҳида мекунанд. Дар вақти дандонбурорӣ кӯдакони мулоим ё сустустухон ба касалии табъ дарунравӣ, партофтани хӯрок (сафро) дучор мегарданд, комҳои онҳо дар ин маврид варам мекунанд. Дар гузашта дар ҷо – ҷо имрӯз ҳам барои он, ки кӯдак аз ин касалиҳо азоб накашад, аз донаи махъ – маш (навъе аз боқило) дар об ҷӯшонда, баъди мулоим шуданаш онро ба кӯдак мехӯронданд, ба умеде, ки дандонҳои вай мисли донаи маш сахт ва майда - майда сабз шаванд. Он хӯрокиро «махъбоҷ» (боҷ - таоми маросимӣ) мегӯянд. Дар қишлоқи Шидз (Рӯшон) ин расмро ба таври зайл иҷро мекарданд: 32 – донаи «жиндам» (гандум) – ро то кафидананаш дар об ҷӯшонда, баъд онҳоро ба кӯдаке, ки комҳои варамкардааш қариби кафидан буд, мехӯронданд. Ин амалро низ барои он иҷро мекарданд, ки кӯдак дар вақти дандонбурорӣ азоби зиёдатӣ накашад. Инро як воситаи пешгирии кӯдак аз касалиҳои табъу дарунравӣ, хориши комҳо, тезтар кафидани ком ва баровардани дандонҳо медонистанд. Ҳангоми ба ҷо овардани чунин расму амалҳо зане, ки табъи ҳофизӣ доштаааст дар ин маврид мехондааст:

Дона – дона жиндамен, Дона – дона гандумҳо, Ху пуғре(ризенре) йум уф wарвент, Барои бачаам (духтарам)

ҷӯшондам.

Wарам – wарам wай ум комен, Варам – варам комҳояш, Осонакасъ хъичафан, Осонакак мекафанд, Садаф – садаф дъиндонен. Садаф – садаф (барин)

дандонҳояш.

Дар мавриде, ки кӯдак дандон мебарорад, модар хеле хушҳол гашта, кӯдакашро ба гаҳвора хобонда, тавассути суруди «Дилум – дилум» вайро ба ин тарз навозиш мекунад:

Му пуғъак (резенак) во па тахен, Писари (духтари) ман сари

шохҳо,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам. Қаторе чуҷ садафен, Қатор чида садафҳо,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам.

Рошт – роштакен wай(ум) Сурх – сурхранг комҳояш,

комен –ат,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам.

Сафед – сафед wай (ум) Сафед – сафед дандонҳояш,

дъиндонен,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам.

Шинтоwан – де зибонай, Хандиданаш зебанда,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам.

Дъиндонзиwест махъбоҷ – қатай, Дандонбарориаш бо «махъбоҷ»,

Дилум – дилум, дилума, Дилам, дилам, дилам.

Дар бархе аз деҳаҳои Дарвоз, аз ҷумла дар деҳаҳои Умарак, Ушхарв ин марҳилаи ҳаёти кӯдакро «дандонрӯӣ» ё «дандонрӯёнак» гуфта, аз орди нимкуфтаи гандум таоми «далда» тайёр мекарданд9.

Тибқи таълифоти фолклоршинос. Б. Шермуҳаммадов дар Данғара (Кӯлоб) дар мавриди дандон баровардани тифл модараш вайро гирифта, ба хонаи се – чор нафар ҳамсоя бурда, аз онҳо гандум ё биринҷ металабад ва аз ин анво таом мепазад ва зиёфате ороста, хешону ҳамсояҳоро даъват мекунад. Модар ҳангоми ба дари хонаи ҳамсояҳо бурдани кӯдак ин сурудро месароидааст:

Мушак – мушак, дандон бите,

Хирмани гулмайдон бите,

Гандум бите, кулча кунум,

Тухмак бите, дандон кунум,

Чормағз бите, чак – чак кунум,

Писта бите, чик – чик кунум,

Орд бите, кулча кунум,

Биринҷ бите, палав кунум,

Дандони гулмайдон кунум,

Тухмак бите, дандон кунум.

Дар деҳаҳои Тегирм ва Элок (Дарвоз) ин расмро «мушакгардонӣ» мегуфтанд. Ҳангоми ба ҷо овардани ин расм модар бо кӯдакаш ба ҳафт дари хонаи ҳамсоя рафта, анвои хӯрокиро талаб мекардааст ва суруде, ки дар ин маврид хонда мешудааст, он қаринаи суруди дар фавқ иқтибосшуда мебошад:

Дандоным, дандоным,

Хирмани гулгардоным,

Ордак биёр кулча киным,

Гандум биёр кулча киным,

Чормағз биёр шах – шах киным,

Аз боиси як дандоным.

Ба монанди матни ҳамин суруд аз деҳаи Самсолик (Рашт) низ суруде дастрас шудааст.

Дар иртиботи дандонбарории кӯдак ва ба ин муносибат ба ҷо овардани таомули махсус, сурудҳои зиёде эҷод шудаанд, ки як қисми онҳо дар хотири бархе аз занони кӯҳансол, ки замоне аз эҷодгар ва сарояндаи ин сурудҳо будаанд, маҳфӯз дошта мешаванд.

Аз сокини деҳаи Дерӯшон, яке аз донандаҳои моҳири расму оинҳои мардумӣ Дурмалик Давлатназарова суруде, ки дар мавриди дандонбурории кӯдак ба ин шаклу мазмун месароидаанд, сабт шуд:

Му пуцак хишрӯй ҷиwон, Писари ман хушрӯй ҷавон,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Wай пидак абрукамон, Падари вай абрукамон,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Мури.яъан wадъ баҳои Рихъун, Бароям ҳарду баҳои Рӯшон,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Хоч махочак wай дъиндон, Майда–майда дорад дандон, Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Ху мод пуцак дилума, Писараки модар, дилама.

Азбаски дар гуфтани ин қабил сурудҳо, чун дигар навъу намудҳои назми халқӣ ҳар як гӯяндаи босалиқа ва боистеъдод соҳибихтиёр аст, ӯ тавассути онҳо, пеш аз ҳама, орзую ормон, нияту матлабашро баён мекунад. Ӯ дар баробари аз ибораву ифода ва мисраву пораҳои қолабии сурудҳои маъмул истифода намуданаш, худ низ бадоҳатан ба онҳо иловаҳо дохил мекунад. Ин ҳодисаи фарҳангӣ ва адабӣ, ё худ, вижагии осори бадеии шифоҳӣ аз матни суруди Д. Давлатназарова барҷаста ҳувайдост ва инро пораи зерини суруде, ки аз Уснибону ном сокини деҳаи Шидз сабт шудааст, тақвият мебахшад:

Му пуцҷонак лап қарор, Писарҷонам бисёр қарор,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Ғацен wай дамте қатор, Духтарон аз пасаш қатор,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Садаф дъиндонен қатор, Садаф дандонҳояш қатор,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Wай мод па wай ҷонак зор, Модари вай ба ҷонаш зор,

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Ху мод пуцак дилума, Писараки модар, дилама.

Дилум, дилум, дилума. Дилам, дилам, дилам.

Аз деҳаи Поршнев (Шуғнон) ба ин мазмун пораи суруд дастрас гардид:

Хушрӯй пуц (ризин) – ик – е

дъиндӯн зиwошч,

Дил му пуц (ризин) -ик дилума.

Базеб пуц (ризин) – ик – е

марҷӯн зиwошч,

Дил му пуц (ризин ) – ик дилума,

Лап ба хайрат, лап

ба расм,

Дил му пуц (ризин) – ик дилума.

Зъулик пуц (ризин) - ик – е

осон зиwошч,

Ху нан пуц (ризин) – ик дилума.

Хушрӯй Писаракам (духтаракам),

дандон баровард,

Дил, писаракам (духтаракам) диламе,

Базеб писаракам, (духтаракам),

марҷон баровард,

Дил, писаракам, (духтаракам) диламе.

Ҳам ба хайру ҳам ба низом,

Дил, писаракам, (духтаракам) диламе,

Майдаяк писарам (духтарам),

осон баровард,

Писараки модар (духтаракам) диламе.

Гӯянда Қурбонбибӣ Шанбиева (82 – сола) сокини шаҳри Хоруғ ҳам дар мавриди дандонбурорӣ хондани суруди зеринро таъкид кард:

Ху наникард нозиён, Барои модар зеби ноз,

Дил му пуц (ризин) – ик дилума, Дил писаракам (духтаракам) дилам.

Резмарезик ту дъиндун, Майда – майдаяк дандонҳои ту,

Ху нан пуц (ризин) – ик дилума. Писараки (духтараки) модар дилама.

Ту шинтовик лап аз ҷӯн, Хандиданат аз дилу ҷон,

Дил му пуцик (ризин) дилума. Дил писаракам(духтаракам) дилама.

Дадъ ту садафенен намоён, Дандонҳои садафат намоён,

Ху нан пуц (ризин) – ик дилума. Писараки (духтараки) модар, дилама.

Дар баъзе аз маҳалҳои Рӯшон ва Шуғнон аввалин бор дандони кӯдакро дида, аз аҳли хонавода хоҳар ё бародар, модаркалон ё бобо ба модараш мужда расонида, ба ивази ин хабари хуш аз ӯ тӯҳфа талаб мекунанд:

Хушхабарак аз ғайб йасъч, Хушхабарак аз ғайб омад,

Та пуце (ризене) дъиндон зив – ушсъч Писарат (духтарат) марҷон

баровард,

Мудахъое та – ре кинум, Барои ту мужда оварам,

Та пуце (ризине) марҷон зив – ушсъч Писарат (духтар ат) марҷон

баровард.

Баъди чунин суханон модари кӯдак ба муждарасон як паймона (баробари чор – панҷ кг) орд ё ягон чизи дигар, ба мисли курта, матоъ, рӯймол тақдим мекунад.

Аз намунаи сурудҳое, ки онҳоро дар маҷмӯъ сурудҳои модарон гуфтан мумкин аст, пеш аз ҳама, маълум мегардад, ки дар ҳар маҳал аз байни занон низ истеъдодҳои мардумӣ будаанд, ки онҳо нафақат доир ба марҳилаҳои гуногуни рӯзгори кӯдак бадоҳатан сурудҳои зиёде гуфта, табъи баланди эҷодкориашонро зоҳир мекардаанд, балки онҳо дар ҳар давру замон ва ҷою макон аз офарандаи як қисми муҳими осори бадеии мардумӣ мебошанд.

Аз ин қабил сурудҳо, ҳамчунин рӯшан ба назар мерасад, ки дар онҳо яке аз вижагиҳои қадимии сурудҳои мардумӣ комилан нигоҳ дошта шудааст. Ин вижагии онҳо аз он иборат аст, ки дар ҳар як нақаротҳои гардон, ки аз хитобу нидоҳои тақлидӣ, калима ва ифодаву ибораҳои такрорӣ - қолабӣ таркиб ёфтаанд бо оҳангнокии худ нақши асосӣ доранд.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات