15 Mar 2024
Submitted by Admin
936

Наврӯз ҳамчун иди баҳор ҳангоми расидани офтоб ба бурҷи Ҳамал фаро расидани эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, аз қадим маълум буд. Ҷашни хуҷастапай ва оламафрӯзи Наврӯз барои мардуми шарқи ориёӣ ва махсусан барои тоҷикон дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавӣ аз рӯи қадимият, шуҳрат ва шукӯҳи худ ҷои аввалро ишғол мекунад.

Наврӯз рамзи эҳёи олами хуфта, бедории табиат ва барои мардумони мо пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ, ҷавонӣ бар пирӣ, хубӣ бар бадӣ ва зебоӣ бар зиштист. Ва ҳамин тавр халқ ин ҷашнро ба расмият даровард.

Наврӯзи куҳанбунёди ориёӣ аз айёми бостон то ба имрӯз дар сарзамини Қазоқистону Туркия, Ҳиндустону Чин ва мамлакатҳои форсизабонон, Эрону Афғонистону Тоҷикистон бо чандин маросиму одатҳои ба худ хос ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон иди Наврӯз, дар ҳар як минтақа бо расму русуми ба худ хос ҷашн гирифта мешавад.

Дар ноҳияи Дарвоз хусусан деҳаи Сағирдашт аз сабабе ки барфи зиёд мебораду (тақрибан 1,5 то 2м) он дертар об мешавад, аз охирҳои моҳи феврал сар карда, то Ҷашни Наврӯз мардум ба хокзании заминҳои кишт машғул мешаванд. Дар аввалҳои моҳи март ба сабаби он ки гармии ҳаво рӯзона мусбат шуда ва шабона манфӣ мешавад, қабати болои барф ях (қатқун) мебандад. Ва аз он сабаб деҳқонон белу каланд гирифта, дар заминҳои кишт сӯрохӣ канда хоки зери барфро ба ҳар тарафи замини пурбарф мепошанд, то, ки барфи болои заминҳои кишт зудтар об шавад. Мардум озодона дар болои барф роҳ мераванд ва дар ҳамин вақт мардҳо ба хокзанӣ рафта, занҳои хонавода ва дастёрдухтарон ба маросими “Хонабаророн” машғул мешаванд ва васоили хонаро офтоб дода метаконанд. Хонаҳоро сафеду тозаву озода мекунанд. Дар зарфҳо гандум сабзонида суманак мепазанд. Маросими суманакпазӣ бисёр бошукӯҳ ва дастҷамъона бо рақсу бозӣ ва суруду тарона аз бегоҳ то субҳ баргузор мегардад. Ва хӯроки дигари қадимие, ки мардуми ин минтақа дар арафаи Ҷашни Наврӯз омода мекунанд бо номи кашк маълум аст. Ин хӯрокро аз бегоҳ то субҳ дар даруни дегдони тафсон мепазанд. Аз бегоҳ ба кашкхурӣ одамонро даъват карда ва субҳи барвақт меҳмонҳо ҳозир мешаванд. Ин таом яке аз дӯстдоштатарин таомҳои мардуми ин диёр мебошад.

Мардум аз даврони қадим то рӯзгори мо дар арафаи Наврӯз ба ҳам гул тақдим мекарданд, гулоб мепошиданд ва шарбату ширинӣ мечашониданд. Пеш аз фарорасии Ҷашни Наврӯз ҳафтаи охирини соли сипаришаванда дар деҳаи Сағирдашт ойини эронии бостонӣ баргузор мегардад, ки “Чоршанбесур” ё “Чаҳоршанбеи охирин” мегӯянд. Пеш аз ғуруби Офтоб дар чорроҳае оташ афрӯхта, хурду калон аз болои он се маротиба парида, “Оташ оташ зардиву ранҷурии маро гиру сурхиву хуррамии худро ба ман деҳ”, мегӯянд ва дар охир кӯзаи сафолинро дар оташ партофта, ба қафои худ нигоҳ накарда, ба тарафи хонаҳояшон мераванд. Ба иҷрои ин маросим мардум мехоҳанд, ки Соли нав-Наврӯзро бо тандурустӣ ҷашн гиранд. Обу оташ аз муқаддасоти худовандӣ буда, мазҳари беҳбудиву саломатӣ ва рӯҳи пок ба ҳисоб меравад.

Занҳои куҳансоли хонавода зарфҳои лабшикаста ва корношоямро аз хона берун мекунанд. Расми дигаре, ки мардуми Сағирдашт ба ҷо меоваранд ин аст, ки агар шахсе ба хонаи духтар ба хостгорӣ равад, бояд волидайни духтар ҷавоби рад надиҳанд. Ҳангоми таҳвили сол тибқи гуфтаҳои ниёгон ва анъанаи мардумӣ аҳли хонавода ба сари дастархони Наврӯзӣ бояд сарҷамъ шаванд. Ақидае ҳаст, ки агар шахсе дар сари дастархони Наврӯзӣ ҳозир набошад дар давоми сол ба нокомиҳо гирифтор мешавад.

Дар ин рӯзи хурсандӣ модарон ба духтарон куртаи гулдӯзӣ, ба писарон тоқию ҷома, ки дар зимистон барои Наврӯзӣ омода карда будаанд, мепӯшонанд ва ҳеч кас набояд либоси сиёҳ пӯшад.

Ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯз варзишгарони ин минтақаи кӯҳистон тибқи анъаноти миллӣ бозиҳои варзишӣ барпо мекунанд. Масалан гӯштин, пойгаҳ, бузкашӣ, ҷаҳидан, дастхобонак, бандкашак ва аз бозиҳои кӯдакона чиликбозӣ (чиликдангал), буҷилбозӣ, сангакбозӣ, байтбарак ва ғайра. Бозии варзишие, ки ба ҷавонписарон писанд аст, бузкашӣ ва қурутобкашак мебошад. Ҳар човандозе, ки бузро дар курра (чоҳ) мепартояд соҳиби туҳфа (солим) мешавад. Бозии қурутобкашак ба ҳамин шакл мебошад, аммо дар ин бозӣ човандозҳо ба ду даста ҷудошуда дастае ғолиб мебарояд дар яке аз хонаи дастаи мағлубшудагон ба хӯрдани хӯроки миллии тоҷикон қурутоб мераванд.

Дар муассисаҳои таълимии деҳот ҷашни Наврӯзро бо як шукӯҳи зиёде мегузаронанд. Дар байни синфҳо мусобиқаҳои байнисинфӣ баргузор карда мешавад. Дар бораи таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯз ва анъанаҳои Наврӯзӣ, байтбарак, ороиши дастархони Наврӯзӣ саҳначаҳои Наврӯзӣ, байни ҳар як синф, баровардани рӯзномаҳои деворӣ, ки ба кӯдак аҳаммияти тарбиявӣ ва маърифатӣ расонад, намоиш медиҳанд.

Тартиб додани хони Наврӯзӣ дар деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз расми маъмулии мардумист. Хони Наврӯзӣ дар ҳуҷраи беҳтарини ҳавлӣ тартиб дода мешавад. Аввал дастархони сафед меандозанд ва дар болояш нонҳои махсуси Наврӯзӣ: гирдача, ширмол, чапотӣ, кулчаҳои равғанин, нони суманакӣ ва қатмол мегузоранд. Сипас “ҳафтсин” ва “ҳафтшин”, ду-се навъи самбӯса: алафин, гӯштин, кадугин ва дар зарфҳои чинӣ гандумбирён, ки аз гандум ва ҷави кӯфташуда тайёр мешавад, тухмҳои ранга ва ғайра мегузоранд. Аз хӯрокҳои Наврӯзӣ дангича (дар бисёр маҳаллаҳои вилояти Хатлон далда мегӯянд), оши бурида, атолаи тупа, оши палав ва дигар хӯрокҳо, ки аз гиёҳҳои шифобахши хушккардашуда ва тару тозаи баҳорӣ омода мекунанд, дар болои хони Наврӯзӣ мегузоранд.

Наврӯзи оламафрӯзро дар деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз маҳзари дӯстӣ медонанд ва дар рӯзи Наврӯз бо хурсандиву шодӣ ба хонаи мардумон ворид мешавад. Ба шарофати ин иди бузург душманӣ, бадбинӣ, кинаву адоват дур мешавад ва ҷойи онро сулҳу сафо, хайру баракат мегирад.

Дар фароварди сухан мавсими Наврӯзро барои шумо, муборак мегӯям. Ғам мабод асло шуморо, хушҳол бошед. Наврӯзатон муборак азизон!

Наврӯзу навбаҳорон ба гулрухон муборак,

Ин рӯзи шоду фирӯз ба кӯдакон муборак.

Вақти саҳар нигоҳи, сим-сими борон ояд,

Айёми фасли Наврӯз бар дӯстон муборак!

                           ***

Бар чеҳраи гул шабнами Наврӯз хуш аст,

Дар тарфи чаман рӯи дилафрӯз хуш аст.

Аз дӣ, ки гузашт, ҳар чӣ гӯӣ, хуш нест,

Хуш бош, зи дӣ магӯ, ки имрӯз хуш аст.

Шарипова Мастона ходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

یاد رفتگان

مقالات