08 May 2024
Submitted by Admin
774

Адабиёти тоҷикии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) тамоми сохтори ғоявӣ-бадеии худро мутаваҷҷеҳи вазоифи замони ҷанг сохт ва дар кори набард бар алайҳи фашистони Олмон мустақим ва ғайримустақим иштироки фаъолона дошт [1; 2; 3; 4; 5; 6; 7; 8]. Адабиёт барои офаридани асарҳои муассиру замонавӣ ба маънавияти халқ, фарҳанги он рӯ овард, образҳои ба дилу руҳи халқ наздикро барояш зинда гардонид, то муборизаи ӯро ҳаққонӣ ва чун як амали аз ниҳоди ӯ, аз зиндагӣ ва расму одати ватанхоҳии ӯ сарзада шарҳу тавзеҳ карда бошад [13] .

Аҳли адаб дарк карданд, ки ҳар қадар ки симои фашизм, моҳияти зиддиинсонӣ ва амали тамаддунсӯзи ӯро тавассути афкори бадеии миллӣ таҷассум намоянд, сифати бадеӣ ва моҳияти маърифатии адабиёт бештар мегардад. Зотан, дар шакли воқеъгароёна, мушаххас, бо ҳамаи ҷузъиёт нишон додани ваҳшонияти душман ҳунари хуб аст, вале барои чеҳраи манфур ва моҳияти ваҳшатбору ғайриинсонии ӯро бо воситаҳои зеҳнии тасвир, бо истифода аз асотир, афсона, рамзу тамсил, муболиға ва тасвирҳои карикатурӣ кашидан образро қувваи дигар мебахшид, нафратро ба бадӣ меафзуд, чиро қувваи махуфу ваҳшатзо будани онро ба таври барҷаста пеши назар меовард. Бигирем, мақолаву очеркҳои тамсилӣ ва таъмимии устод Садриддин Айнӣ «Деви ҳафтсар» ё «Чингизи асри ХХ», «Хари бедум», «Бадбӯй будааст»-ро, ки ҳама дар заминаи тафаккури халқӣ эҷод шуда, дар онҳо дарунмоя ва воситаҳои тасвир аз эҷодиёти шифоҳии халқ, аз тасаввури образноки он берун омада, бо сухани тамсилӣ ва таъбирҳои гирои маҷозию ҳаҷвӣ омехта, асарро хоно ва пурмаънӣ кардаанд.

Маълум аст, ки дев чи дар афсонаҳои халқӣ ва чи дар адабиёти гузашта махлуқи зишту бераҳм, душмани насли инсон буда, ба сурати самбул ва тимсоли навъии (архетипи) бадӣ маъмулу машҳур гаштааст. Устод Айнӣ ба он деву ҳафт сари ӯ ҳар қадар бадие, ки метавонад бошад, нисбат медиҳад. Ин қувваи бад он вақт фаъолияташ безарар мегардад, ки одамизод алайҳи ин душмани худ бархеста, онро нобуд созад ва ин мақсад фикру зикри ҳамешагии ӯст. Бино бар ин, мардуми мо дар муқобили ӯ паҳлавоне чун Рустами достонро тарбия карда, ки оқибат девҳоро мағлуб месозад...

Зоҳиран, ин тасвири рамзӣ ва образи таъмимии асотирӣ (архетипӣ) кофӣ буд, ки хонанда асли мақсадро фаҳмад ва хаёлоташ дар атрофи душмани одамизод ба ҷавлон омада, ҳамияти худмуҳофизӣ ва интиқомхоҳияш ба ҷӯш ояд. Аммо устод дар ин замина, чун шарҳи тамсил, номи чеҳраҳои девсирати дастгоҳи давлати зиддиинсонии фашистиро зикр карда, тасвирро дақиқ ва мақсади муборизаро мушаххас менамояд.

Дар «Чингизи асри ХХ» бошад, бо роҳи муқоиса ва паҳлуи ҳам гузоштани хислату амалҳои ду фарди хунхору ваҳшисират - Чингиз ва Гитлер, тавассути такрори ҷузъиёт аз ҳаёту амалҳои воқеии ин ду шахс ба ду хулосаи аҷиб меояд: аввалан, Гитлер Чингизи асри нав аст, ки тавассути техникаи муосир фаъолият мекунад ва нияти бадаш як бар чанд даҳшатбортар шуда; сониян, сарнавишт ва ғарази ин ду типи инсонҳои золим ва хунхор ҳаводиси ваҳшатбори асрҳои гуногунро бо ҳам пайваста, эшонро ба самбули (рамзи) бадӣ табдил додааст, ки дар ҳама давру замонҳо бо шаклу сурати гуногун, вале моҳияти ягонаву аз пешина даҳшатангезтар зуҳур хоҳанд кард...

Образҳои асотирӣ, афсонавӣ дар тасвири симои мардуми ҷанговар ва каҳрамони шуравӣ низ истифода шудаанд. Устод Айнӣ мақолаи тамсилии «Шерзод»-ро ба ҳамин усул эҷод кардааст. Бештари достонҳои эпикии устод Лоҳутӣ низ дар равияи мазкур навишта шудаанд. «Паҳлавон Оштӣ», (1942) «Мардистон», (1942) «Ҳамсафарон», «Қишлоқи тиллоӣ»-и Мирсаид Миршакар, «Тоҳир ва Зуҳро»-и Мирзо Турсунзода, «Достони мулки саодат»-и Носирҷон Маъсумӣ ва ғайра нишонаи онанд, ки шакли тамсилӣ, афсонавӣ, асотирӣ ва фолклорӣ дар замони ҷанг хеле рӯ ба ривоҷ оварда будааст.

Дар аксари асарҳои ҳаҷвии замони ҷанг низ аз воситаҳои рамзӣ ва образҳои халқӣ ба кор гирифта шудаанд. Хусусан, шеъру латифа, афсона ва ҳикояҳои ҳаҷвӣ ва зернавиштҳо ба тасвирҳое, ки дар «Оинаи ТоҷикТА» ба кор мерафтанд ва аз ҷониби Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ, Ҷавҳаризода Самад Ғанӣ навишта шудаанд, маҳз бо истифода аз образ, таъбирҳои бадеии мардум муассир афтодаанд. Ин таваҷҷуҳи нависандагон ба эҷодиёти мардум образҳои машҳури ҳаҷвии халқ – Афандӣ ва Мушфиқиро аз нав зинда кардаву ба саҳнаи кор кашид.

Ба ин маънӣ, ба фикри банда, осори зеҳнии замони ҷангро (афсона, асотир, тамсил, латифа, рамз ва ғайра) аз рӯйи усули таҳқиқи «равонӣ-асотирӣ»-и К.Г. Юнг ва мақулаи муҳимми эстетикии ӯ архитип (типҳои навъӣ) баррасӣ кардан лозим аст ва он ба мо бисёр сиррҳои дарунӣ ва паҳлуҳои бадеии афкори адабии тоҷикиро, бахусус дар замони ҷанг, бозгӯ карда метавонад.

Баробари бисёр маҳосини дигар ин тамсилсозию намодофарӣ нишонаи он аст, ки адабиёт дар ҳолати озодӣ аз қайду банд дар истифода аз восита ва тарзи баён ба шаклҳои мухталиф, усулҳое, ки воқеиятро аз чанд ҷиҳат ва вусъатнок бозгӯ мекунанд, муроҷиат менамояд ва табиатан ҳеч гоҳ пас кори эҷодиро ба яке аз методҳо, масалан воқеъгароӣ, маҳдуд кардан маънӣ надорад. Аслан ҳамаи асарҳои эпикӣ, аз ҷумла, достони «Писари Ватан»-и Мирзо Турсунзода, ки асосан дар равияи реалистӣ эҷод шудааст, аз васфу замми суннатӣ бебаҳра намондааст.

Ин нукта низ ҷолиби диққат аст, ки ин асарҳо аксаран бо он ки воқеияти замони ҷанг дар онҳо мушаххасан тасвир нашудааст, аз ҷониби аҳли нақду таҳқиқ мазаммат шудаанд. Ин ба он сабаб будааст, ки ҳама аз нависандагон танҳо тасвири реалистии майдони ҷангро тақозо доштанд. Бино бар ин, ҳатто ба асари бо усули дигари эҷодӣ (масалан, румонтикӣ ва афсонавӣ) таълиф шуда низ беасос ҳамон талабҳои воқеъгароёнаро пеш мегузоштанд.

Масалан, ҳикояи «Меҳтарбод»-и Ҷалол Икромӣ ва ё намоишномаи «Таҳмоси хуҷандӣ»-и Муҳаммадҷон Қосимов ва Султон Саидмуродов, ҳар ду дар асоси сужаи афсонавӣ, таърихии афсонавӣ ё асотирӣ таълифшудаанд.

Икромӣ дар ҳикояи мазкур аз Меҳтарбоди Ялдои Самарқандӣ, ки ҳангоми ҷанги муқобили арабҳо вазифаи айёриро иҷро мекард, батафсил нақл мекунад. Зоҳиран ин ҳикояи афсонавии муъҷизавор бо ҳақиқати дурушт ва вазъе, ки ҷанговарон ва қаҳрамони ҳикоя Сангин дорад, муқобилу мухолиф аст. Аммо дар ин шароити сахту ноҳанҷор Сангин рафиқони ҳамяроқашро бо суханони ҳазломез ва ҳикоятҳо дар бораи кордониҳои айёрон ва бо истифода аз усули айёрӣ аз вазъи ногувор берун мекашад [7] . Драмаи «Таҳмоси хуҷандӣ» низ аз ҳамин ҷиҳат тавофут дорад ва бо сужаи афсонавию қаҳрамони хаёлияш ба рамзе ҳодисоти пурмоҷаро ва қаҳрамонони майдони ҷанг мубаддал шудааст.

Дар мавриди ин ду асар таъкиди ҳамин нукта зарур аст, ки ҳикояи Ҷалол Икромӣ аз ҷониби устод Лоҳутӣ хуш қабул шуда буд. Драмаи «Таҳмоси хуҷандӣ» намоишест, ки хеле хуш қабул гардид ва бештар аз ҳама дар борааш тақризу мулоҳиза таълиф шуд. Маълум мешавад, ки мардум ва, ҳатто, аҳли нақду адаб ин асарро, бо вуҷуди камбудию ҷузъияш ба завқи миллии худ ва ормону хоҳишҳое, ки дар замони ҷанг нисбат ба ғалаба бар душмани хунхор доштанд, ҳамсадо дидаанд ва ин як ҳодисаи бисёр муҳим аст. Аммо, дар солҳои баъди ҷанг маҳз ҳамин асар чун намунаи осори ғайривоқеӣ ва мафтунӣ ба гузашта аз ҷониби нақди ҳизбгаро ва доираҳои расмӣ маҳкум карда шуд.

Ҳодисаи мазкур, яъне сарнавишти ин осор, ки дар пайравии суннатҳои асотиру афсона, адабиёти ривоятӣ, сабки ҳангомаписанд ва қаҳрамонии гузаштаи тоҷикӣ таълиф шуда буданд, шаҳодат медиҳанд, ки дар замони ҷанг тасвири қолабии ба реализми меъёрӣ хос хоҳу нохоҳ шикаста мешуд ва баръакс ба шаклу усулҳои зеҳнии тасвир имкони амал кардани озод фароҳам омада буд, ки баъдтар ва бахусус дар замони мо дурустии ин таҷриба бештар собит мешавад. Зиёда аз ин, Ҷалол Икромӣ минбаъд бо истифода аз анъанаҳои насри ривоятӣ ва сабки классикӣ асарҳои баландсифати ҷанбаи миллияшон пурқувват эҷод кард. Истифодаи ин таҷриба, хосса дар замони истиқлол, ки озодии комил барои ба кор гирифтани шаклу воситаи миллӣ ва сабкҳои адабӣ ба вуҷуд омадааст, самараҳои хубе ба бор хоҳад овард.

Ин нукта низ муҳим аст, ки фарҳанги маънавии халқ, аз ҷумла асотир, афсона, тамсилот ва чеҳраҳои ашхоси адабии осори классикӣ ва шифоҳии халқ, мисли Коваи Оҳангар, Рустами Достон, Исфандёр, Заҳҳоки Морон дар баробари симоҳои таърихӣ ва далермардони ватандӯсти воқеӣ дар саҳфаҳои адабиёт аз нав зинда мешаванд.

Аз ин ҷо, дигар аз хасоиси бунёдии адабиёти замони ҷанг ҳамин буда, ки он барои ба маротиб афзудани ҳофизаи таърихии мардуми тоҷик мусоидат намуд. Маълум аст, ки дар солҳои 20-30, бо ҳама ваъдаҳои дастурии ҳизб дар бораи 1таваҷҷуҳ ба таърихи инсоният, дараҷаи амалӣ шудани он хеле сусту кунд будааст. Аслан, агарчи ин ниятро ҳизбиён ҳеҷ гоҳ инкор накардаанд, аммо чун сухан дар сари ба амал татбиқ кардани он мерафт, бисёр садҳои идеологию табақотӣ пеш меомад ва нияти мазкур хеле вақт аз нақша ба сифати як барномаи амалӣ надаромада буд. Танҳо охири солҳои 30 аз доираҳои расмӣ ин хоҳиш (масалан, аз ҷониби В. М. Молотов) бевосита эълом дошта шуд. Ва адабиёт дар аввалин мавриди фароҳам омадани имкон ё ҳатто озодии нисбӣ зуд ба суннатҳои адабӣ ва асолати бадеии худ унс мегирад.

Ҳамин тавр, дар нахустин рӯзу моҳҳои ҷанг адабиёт дар паноҳи таърих қарор гирифт: ҳам даъвату раҳнамоиҳо ва ҳам талаби замон марҳалаҳои муҳимми таърихро пеши назари мардум ва аҳли адаб зинда гардонид. Метавон гуфт, ки дар мисоли таърих, пеш аз ҳама, чеҳраи душман хубтар шинохта шуд ва таърих ба сифати илҳомбахш ва довари ҳодисоти замон ба майдон баромад.

Ҳамин тавр, аз аввалин моҳҳои ҷанг дар канори дигар арзишҳои маънавии халқу миллатҳо дар мубориза ба муқобили фашизм таърих низ худро чун омили муҳимме зоҳир намуд.

Шинохти масъулияту вазифаҳои бузурги замони ҷанг ба шинохти таърих водошт ва таърих бо ҳама моҷарову ҳаводис, талошу набардҳо ва фарҳангу маънавиёташ барои дарки асосу решаҳо, ҳастии халқу миллат, ашхоси алоҳида ва дарки ҳувияти мардум мусоидат намуд. Аммо ин ҳам муҳим аст, ки амал ба дастури ҳизб ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ва кӯшишҳои эшон дар мавриди ташаккули таърихназарӣ дар байни аҳли илму адаб иртибот мегирад. Ин кӯшиш ба он овард, ки дар адабиёт жанри таърихии сирф шакл гирифт ва илми таърихнигории миллӣ низ бо ҷиддият қадам ба таълифи тадқиқоти бунёдӣ бардошт. Дар айни замон нависандагони таърихнигори асили мо аз ҳамин замон ба дарки воқеии моҳияти таърихи халқи худ оғоз карда, ба роҳи тасвири бадеии доманадори он қадам бардоштанд.

Ҳамин тавр, дар адабиёт таълифи мақолаву очеркҳои таърихӣ дар бораи аҷдод қаҳрамону барӯманди тоҷик ва тадқиқи бадеии он дар як вақт баробар ҷараён мегирад.

Дар навбати аввал як силсила мақолаҳо таҳти унвони «Аз таърихи халқи тоҷик» ба майдон омаданд, ки мақсади таълифи онҳо иборат аз таҷассум кардани чеҳраи мардони номдор ва қаҳрамонони таърихӣ буд. Ин мақолаҳо ва боз як силсила мақолоте, ки зери унвони «Аҷдодони бузурги халқи тоҷик» дар бораи Маҳмуди Торобӣ (Абдулғанӣ Мирзоев), Спитамен ва Муқаннаъ (ГАП, Шаҳристонӣ, Ҳабибулло Неъматуллоев) навишта шудаанд [2; 3; 11; 12; 22; 23], як сохтори қолабӣ доштанд, ки аз маълумоти муқаддимавӣ ва муайяни таърихӣ оғоз шуда, сипас саргузашти қаҳрамонро фаро мегирифт ва бо даъват ба илҳом аз чунин қаҳрамонҳо анҷом меёфтанд. Ин силсила, бегумон, як китоби хубе аз муборизаҳои фарзандони далери тоҷикро ба вуҷуд оварда буд.

Дигар аз роҳу равишҳои таърихнигорӣ таълифи очеркҳои муфассали таърихии илмиву бадеӣ буд, ки намунаҳои беҳтарини онро устод Садриддин Айнӣ ба вуҷуд овардааст. Яке аз чунин асарҳои устод «Исёни Муқаннаъ» (1944) аст ва жанри онро очерки таърихӣ-тадқиқотӣ донистаанд. Асари мазкур саршор аз вақоеи таърихӣ мебошад ва мақсади муаллиф низ ба вуҷуд овардани «аҳволоти таърихӣ»-и Хуросон ва Мовароуннаҳр будааст. Ин тафсилот, ки се боби очеркро дар бар мегирад, зимнан аз аввалин қадамҳои ҷиддии шинохти таърихи мардуми мост. Сипас, сухан аз ривояту афсонаҳои зиндагии Муқаннаъ ва муборизаи 14-солаи ӯ меравад. Ҳарчанд устод дар ин асар ба тасвири бадеии Муқаннаъ камтар эътибор додааст, вале таъкиди шахсият, аҳаммияти муборизаи ӯ дар заминаи воқеоти таърихӣ ба ҷанбаи маърифатии ӯ хосияти ибратангезӣ илова карда, то як дараҷа чеҳраи бадеии марди диловареро ба вуҷуд овардааст.

Аммо «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик» очерки адабӣ-таърихист. Ин ҷо ҳам устод Айнӣ барои пеши назар овардани ҳолу ҳавои замони тасвир кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад ва шароити таърихиро муфассал нигошта, вазъи ба ҷангҳои қаҳрамонона омода шудан, дар набардҳои сангин нишонаи ватандӯстӣ нишон додани Темурмалик, ҳунари сарлашкарӣ, сангаргирӣ, муомилаву якдигарфаҳмии ӯву ҷанговаронашро батафсил нақл мекунад. Нақлаш ботааннӣ, вале саршор аз сухани баланду пурҷило, ороставу пироста ва ҳамроҳ бо намунаҳои шеъри ҳамосӣ ва ахлоқӣ, забонаш дар пайравии сабки классик равону гиро ва серсадо буда, ҳама дар пайвастагӣ симои инсонии як қаҳрамони таърихӣ ва ватандӯсти некухисолро таҷассум менамоянд.

Бояд гуфт, ки ин асари устод Айниро метавон як кӯшиши ҷиддӣ ва бомуваффақияти таърихнависии бадеӣ ба шумор овард, ки ҳарчанд бо замони муосир ҳамоҳанг аст, аммо, пеш аз ҳама, таҷассумгари воқеот, ҳолу ҳаво ва фикру зикри замони худ – асри XIII мебошад. Яъне, таърихнигории бадеии сирф аст ва нависанда мехоҳад, ки байни воқеаҳои замони худ ва гузашта монандиҳои типологӣ (шабеҳ) ва ҳамхониҳо барпо шуда бошад. Ва инро метавон таърихназарии асил номид. Ин таърихнигориро бояд аз асарҳои бо таъсири ошкорои замон эҷодшуда (дроми Фитрат «Шӯриши Восеъ» ва дигар асарҳои ба он монанд) ё насри таърихӣ-инқилобии худи устод тарҷеҳ дод. Бо «Таърихи халқи тоҷик Темурмалик» ба фикри мо, жанри таърихии сирф дар насри тоҷикӣ поя гузошта шуд...

Замони ҷанг ҳамчунин барои ба камол расидани таърихноманависони ҳирфаӣ низ мусоидат намуд. Устод Сотим Улуғзода дар суҳбат ба адабиётшинос Л.Н. Демидчик аз ин хусус нақл кардааст, ки руҷуи ӯ ба мавзуи таърихӣ ба хидматаш дар сафҳои артиш сахт вобаста мебошад. Асли воқеа чунин будааст, ки соли 1943 вай бо супориши полковники идораи сиёсии марказӣ таърихи мардуми худро омӯхта, назди иштирокдорони семинари агитаторон (мубаллиғон) суханронӣ мекунад. Вале ҷараёни ин ҷустуҷӯву омодагӣ хеле ҷолиб будааст. Нақли устодро ба хотири муҳим буданаш, ин ҷо зикр мекунем:

«Шумо тасаввур мекунед: ман оид ба таърихи халқи худ маълумоти ниҳоят зиёдеро дарёфта аз худ кардам. Барои ман ҳама чиз мафтункунандаву шавқангез менамуд: ҳам Абумуслиму ҳам Темурмалик, ҳам Маҳмуди Торобӣ. Мо дар бораи Восеъ то он солҳо, аллакай маълумоти кофӣ доштем. Ҳамин тариқ, ман маърузаи хешро тайёр карда баромадам. Ҳамон вақт дар дили ман иштиёқи бузурге нисбат ба таърих тавлид гардид» [6].

Ба таври куллӣ метавон гуфт, ки таваҷҷуҳ ва муроҷиат ба таърих имкон медиҳад, ки дар масъалаи тақвияти худшиносии миллии мардуми тоҷик корҳои ҷиддие оғоз гардад. Маҳз дар ҳамин замон устод Садриддин Айнӣ мақолае таҳти унвони «Маънои калимаи «тоҷик» дар луғатҳо ва ҷойи кор фармуда шудани он дар таълифоти муаллифони Шарқ ва баромадгоҳи ин калима» (2 декабри соли 1942) таълиф кард ва аз тарафи Б. Ғафуров ва Прохоров китоби «Тоҷикон ва талоши таърихии онҳо барои озодии ватан» (1944) ба чоп мерасад, ки тарҳе аз китоби дар оянда бунёдии «Тоҷикон» маҳсуб мешавад…

Ҳамин тавр, зимни баррасии мавзуъ ба ин натиҷагирӣ мерасем, ки:

- адабиёти тоҷик ҳарчанд раванди умумии инкишофашро дар замони ҷанг тағйир дод, вале ба ҷараёни санҷиши таърихӣ ворид шуда, дар айни замон дар ҷустуҷӯҳои бадеӣ ба навовариҳои ҷолиб ёдаст ёфт;

- сониян, адабиёт ба қолаби методи реалистӣ маҳдуд намонда, майлҳои эстетикии гуногун ва ҳатто ба ҳам мухолифи шаклҳои адабию услубиро ба кор гирифт, ба асотир, афсона, ривоёт муроҷиат карда, намоду рамз, тамсил ва ҳаҷви фаҷеъ ва дигар воситаҳои тасвири миллиро мавриди истифода қарор дод;

- ин озодӣ адабиётро ба фарҳанги халқӣ, диди бадеии он бештар наздик бурд, сабаби ба дарунмояи адабиёт мавқеи бештар пайдо кардани маводи сирф миллӣ гардид;

- дар натиҷа масъалаи баррасии бадеии ҳувияти халқу худшиносии миллат дар адабиёт ба миён омад, таваҷҷуҳ ба гузашта афзуд ва тафаккури бадеӣ бо таърихназарӣ ғанӣ гардида, самтгириҳои огоҳонаи миллию таърихии он тақвият ёфт;

КИТОБНОМА

1. Бақозода, Ҷ. Наср ва воқеияти замони ҷанг // Садои Шарқ. – 1985. – № 5. – С. 108-115.

2. ГАП. Аҷдодони бузурги халқи тоҷик (I. Спитамен) // Тоҷикистони сурх, 14 марти соли 1942.

3. ГАП. Аҷдодони бузурги халқи тоҷик (II. Муқаннаъ) // Тоҷикистони сурх, 22 марти соли 1942.

4. Ғафуров, М. Ҷанги Ватанӣ дар адабиёти тоҷик // Тоҷикистони сурх, 5 марти соли 1942.

5. Демидчик, Л.Н.. Таджикская драматургия 40-50 годов. – Душанбе: Дониш, 1965.

6. Демидчик, Л.. Сотим Улуғзода // Эъҷози ҳунар. – Душанбе, 1992. – 460 с.

7. Икромӣ, Ҷ. Меҳтарбод // Таронаи ғазаб. – Сталинобод. 1943. – С. 15-26.

8. История советской многонациональной литературы, том 3. – М.: Наука, 1970.

9. Касимов, М.. Публицистичность таджикской литературы периода Великой Отечестванной войны. АКД. – Душанбе, 1984.

10. Маъруфи Раҷабӣ. Насри тоҷикии замони ҷанг. – Душанбе: Дониш, 1990.

11. Мирзоев, А.. Як факти таърихии қаҳрамонӣ. Аз таърихи халқи тоҷик // Тоҷикистони сурх, 4 марти соли 1942.

12. Мирзоев, А. Қаҳрамони асри XIII Маҳмуди Торобӣ // Тоҷикистони сурх, 27 марти соли 1942.

13. Набавӣ, А. Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010.

14. Ниёзӣ, Ш.. Назми эпикии тоҷик дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ. – Душанбе, 1965.

15. Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. – Душанбе: Нашрдавтоҷ., 1956.

16. Очерки истории таджикской советской литературы. – М., 1961.

17. Солеҳбоев, Ҳ.. Адабиёти советии тоҷикро боз ҳам тараққӣ диҳем // Тоҷикистони сурх, 8 декабри соли 1944.

18. Табаров, С.. Адабиёти тоҷик дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) // Ҳаёт, адабиёт, реализм. Китоби 1У. – Душанбе: Ирфон, 1984. – С. 97-216.

19. Улуғзода, С. Маъруза ба пленуми 11 Иттифоқи нависандагони Точикистон // Тоҷикистони сурх, 29 ноябри соли 1944.

20. Улуг-заде, С. Таджикская литература в дни Отечественной войны. В кн.: Единение. – Душанбе: Таджикгосиздат, 1963. – С.. 55-60;

21. Шарифов, X.. Инъикоси Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар насри тоҷик. – Душанбе: Дониш, 1981.

22. Шаҳристонӣ, М.. Заррина. Аҷдодони бузурги халқи тоҷик // Тоҷикистони сурх, 13 декабри соли 1942.

23. Шаҳристонӣ, М.. Спитамен. Аҷдодони бузурги халқи тоҷик // Тоҷикистони сурх, 17 феврали соли 1943.

Абдухолиқи Набавӣ ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES