02 Jul 2024
Submitted by Admin
546

«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд» 

Эмомалӣ Раҳмон

Маънои аслии вожаи ҷашн (авестоӣ: ясна) ин парастишу ситоишу шодмонӣ ва ид кардан аст. Ниёгони мо аз замонҳои бостон тамоми корҳо ва рӯзҳои неки зиндагиро якҷо, дастаҷамъона бо шодиву сурур, яъне бо ҷашн анҷом медоданд. Ҷашн ин наздикии гурӯҳи одамон, ҷашн иттиҳоди неру, ҷашн дар якҷоягӣ бартараф намудани мушкилиҳо, ҷашн ба якдигар ёрӣ расонидан, ҷашн иттифоқ аст. Ҷашнҳоро тибқи гоҳшумории замони бостон ба воситаи гардиши хуршед дар раванди корҳои нек таҷлил менамуданд. Дар даврони бостон, тахминан 5-6 ҳазор сол пеш ниёгони мо дар чор фасли сол чор ҷашни муҳим доштанд. Дар баҳор – Наврӯз, дар тобистон – Тиргон, дар тирамоҳ – Меҳргон, дар зимистон – Сада.

Ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав устувортар намуда, онҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд.

Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Пас чанд моҳ, дар мои Тир ҷашни Тиргон меравад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн - 21 июл) дар фасли гармо, дар Тобистон рост меояд. Дар ин давра ғалла ва меваҳои зиёде мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад. Барои идомаи кишту кор дар ин айём об аҳамияти вижае дошт. Ба ин ҷиҳат дар пайвастагии гардиши офтоб, таҷлил ҷашни Тиргон муҳим буд. Аз тариқи он мардум бо иҷрои оинҳо ва шодиву нишот ва бо ниёиш аз Эзадони худ талаб менамуданд, ки кишварро аз хушксолӣ эмин нигоҳ доранд. Мувофиқи ҳамон суннати гоҳшумории ниёгон Тиргон дар рӯзи сездаҳуми моҳи Тир (Тирмоҳ) ҷашн гирифта мешуд, ки ин рӯз тибқи солшумории мелодӣ баробари 3-ум, гоҳе 4-уми июл мебошад.

Пас аз он ки оини зардуштӣ густариш пайдо намуд, ҷашни тиргон ба гиромидошти Эзади (Худои) Тиштар марбут гашт, ки дар «Авесто» аз он ёд шудааст. Дар фарҳанги суннатии мардуми ориёитабор Тиштар номи Эзад ва ситораи бороновар аст. Аз ҳамин назар ин ҷашн мувофиқи анъанаи ниёгон дар рӯзи тир, яъне рӯзи сездаҳуми тирмоҳ барпо мешуд. Дар бораи Эзади Тиштар дар яке аз яштҳои Авесто «Тир-яшт» низ бо муҳаббат ёд шудааст. Устураи машҳуртарини ин Яшт дар бораи Тиштар буда, он вобастаи борон аст. Тиштар ҳамеша дар миёни некӣ ва бадӣ қарор дошта, дар «Тир-яшт»-и Авесто бо некӣ ёд мегардад. Ин Эзади борон дар 10 рӯзи аввали моҳ чеҳраи ҷавони 15-соларо; дар 10 рӯзи дуюм чеҳраи говро бо шохҳои заррин; дар 10 рӯзи сеюм чеҳраи аспи сафеду зеборо бо гӯшҳои заррин мегирифт.

Ҳанӯз соли 2006 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» зимни пажӯҳиши хеш ба ин Эзад таваҷҷуҳ намудаанд. Дар байни мардум ба мисли дигар эзадҳо оид ба Тиштар низ ақидаҳое вуҷуд доштанд; рафтору амалҳои Тиштарро низ мувофиқи оинҳои бостонӣ аз насл ба насл ҳикоят менамуданд. Ҳар соле, ки ҷилави абрҳоро неруҳи аҳриманӣ мегирифтанд бо мадади Аҳурамаздо Эзади Тиштар ба ёрии онҳо мешитофт. Дар ин бора Пешвои миллат чунин ёдовар шудаанд:

«Дар тасаввури онҳо Тиштарйа – фариштаи раъду барқ, борон, фаровонҳосилӣ ва ризқу рӯзӣ дар паи ҷустуҷӯи нозу неъмати одамон бо деви Апауша, ки душмани инсон, фарвонӣ ва ҳабскунандаи борон мебошад, ҳамеша дар набард ва мубориза мебошад… Моҷарои набарду пирӯзии Тиштарйа бар Апауша – деви хушкӣ тамсиле аз фасли тобистон, хушкию камобии даштҳои беканори Осиёи Марказӣ ва кӯшишҳои асотирие, ки омехта бо эътиқодҳои оммавӣ ҷиҳати тавлиди борон мебошад. Ориёиён чунин мепиндоштанд, ки Тиштарйа ситораи падидоварандаи боронҳои судманд дар тобистон ва бавуҷудоварандаи обҳои зинда мебошад. Мувофиқи ин устура, Апауша – деви палиди хушкӣ обҳоро зиндонӣ сохта, ба замин намедод ва аз ӯҳдаи раҳоию кушодани обҳо ғайр аз Тиштарйа каси дигар намебаромад…»

Тиштар ба Апауша пирӯз мешаваду обу борон ба киштзорҳо мерезанду зиндагии нав идома меёбад. Ин аст, ки пирӯзии Тиштар ба Апауша ҷашн гирифта мешавад. Ба гуфти муҳаққиқон ҷашни Тиргон ҷашни ҳамин пирӯзӣ мебошад.

Ба монанди ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон дар бораи ҷашни Тиргон низ устура ва ривоятҳое ба вуҷуд омадааст, ки аз тариқи осори навишторӣ то имрӯз расидааст. Чанде аз онро ёдовар мешавем:

Тиргон ҷашни сулҳ. Манучеҳр шоҳи Эронзамин мехоҳад бо шоҳи Тӯронзамин Афросиёб сулҳ намояд. Ҳар ду шоҳ ба чунин натиҷа мерасанд, ки камонваре тире раҳо намояд ва он тир дар ҳар ҷое, ки афтад марзи Эрону Тӯрон таин шавад. Манучеҳр аз паҳлавони ватандӯсти номдор Ораши поку озодаву тандуруст хоҳиш менамояд, ки маҳорати худро нишон диҳад. Ба гуфти Берунӣ: «Ораши бараҳна ва бо қуввату неруи худованд камонро то баногӯш кашида раҳо кард. Худованд бодро амр кард, ки тири ӯро аз кӯҳи Рӯён ба марзи Хуросон, ки миёни Фарғона ва Табаристон аст, партоб кунад». Бо ёрии эзид фариштаи Бод тирро то канори рӯди Ҷайҳун мебарад. Тир ба танаи калонтарин дарахати чормағзе бармехӯрад. Марзи Эрон ва Тӯрон таин мешавад ва сулҳ барқарор мегардад. Ин рӯз, ки дар моҳи тир ва рӯзи тир буд ҷашн гирифта шуд ва онро Тиргон гуфтанд.

Тиргон ҳамномии моҳ ва рӯз. Дар замонҳои қадим номҳои моҳҳо 30 рӯз буда ҳар рӯз номе дошт. Бо гардиши офтобу солу моҳ, он рӯзе, ки бо номи ҳамон моҳ дар як рӯз баробар ояд, онро ҷашн мегирифтанд. Дар моҳи Тир рӯзи тир 13-ум (3 июл, гоҳе 4-ум) аст, ки ба ин муносибат дар тобистон ҷашни Тиргон баргузор мешуд.

Тиргон ҷашни борону об бар зидди хушксолӣ. Дар устураи дигаре омадааст, ки ситораи Тиштар, ки онро Эзаду фариштаи борон низ мегӯянд, дар қиёфаи аспи сафед ба дарё фурӯ меравад. Дар он ҷо бо деви хушксолӣ Апауш, ки ба қиёфаи аспи сиёҳ аст, чанд рӯз набард мекунаду шикаст мехӯрад. Дар набардҳои баъдӣ вай бо ёрии Аҳрумаздо бар он деви хушксолӣ пирӯз мешавад. Сипас обҳо ба киштзорҳо ҷорӣ мешаванд. Бод боронҳои зиндагибахшро бар ҳафт кишвар мерезад, он рӯз 13-уми моҳи тир буд. Ривоят мекунанд, ки ба умеди боридани борон мардум дар солҳои хушксолӣ, дар моҳи тир, дар рӯзи тир ҷашне баргузор намуда, дар боғу роғ, дашту даман, доманаи дараву кӯҳҳо шодиву сурур, рақсу бозӣ, обпошиву оббозӣ мекарданд. Номи ин ҷашнро Тиргон гуфтанд.

Тиргон оини обпошон. Шоҳи Эронзамин Кайхусрав дар чашмае танашро шуста, фариштаеро мебинаду беҳуш мешавад. Ба рӯяш об мепошанд. Ба ҳуш меояд. Барояш мегӯянд, ки «маяндеш», ҳамаш хуб аст. Баъд дар он ҷо деҳае сохта номи онро «Майяндеш» мегузоранд ва бо гузашти замон номи он деҳа «Андеш» мешавад. Ба гуфти Берунӣ ва Гардезӣ дар ин моҳ обпошӣ ва оббозӣ кардан ба ёди ҳамон чашмаю фаришта бар муқобили хушксолӣ чун оин боқӣ монд. Дар ин рӯзи Тиргон мардум ба шодиву сурур, ҷашни обпошон (обрезгон, саршурон)-ро баргузор намуда, аз Эзади борон мехостанд, ки боронро фаровон созаду хушксолӣ нашавад.

Тиргон ва ситораи Тиштар (Суҳайл). Дар қисми ҷануби осмон дар фасли тобистон ситораи дурахшоне пайдо мешавад, ки онро «Суҳайл», «Суҳайли Яман», «Суҳайли Ямонӣ» мегӯянд. Ин ҳамон ситораи Тиштар буда, маъмулан дар чиллаи тобистон намоён мешавад. Ҳанӯз ҳам, дар байни тоҷикон, дар рӯзҳои чиллаи Тобистон, гоҳе калонсолон дурахшиши ситораи Суҳайлро ба некӣ ба ёд меоранд ва хушнуд мешаванд. Дар баъзе ҷойҳо занҳои тоҷик ҳоло ҳам баробари дидани моҳи аввал ва ситораи дурахшони Суҳайл бо шодмонӣ ҳафт маротиба аз ҷои худ «боло-боло» ҷаҳида мегӯянд: «шодӣ, шодӣ, худо баракат диҳад, серию пурӣ шавад». Шояд ин яке аз нишонае аз ҷашни Тиргон аст, ки дар ёдҳо мондааст.

Тиргон ва пухтани меваю гандум. Ба гуфти Берунӣ пас аз он ки Афросиёб заминҳои Эронро ишғол карда, то тангие рафт, аҳволи мардум сахт шуд. Ватанро дифоъ карда, ҳатто барои орд кардани гандум ва пухтани нон фурсат намеёфтанд. Аз гуруснагӣ ва ночорӣ гандум ва меваҳои норсидаро мепухтанд. Пас аз сулҳу оромиш оини пухтани меваю ганду бо шодмонӣ ва ҷашну сурур дар рӯзи тири моҳи тир расм шуд.

Тиргон – ситораи нависандагон. Ниёгони мо дар канори фарҳанги гуфторӣ, ба осори навишторӣ низ эҳтиром доранд. Аз сарчашмаҳо мебинем, ки дар фарҳанги гузаштаи мо қадри адабиёт ва нависанда баланд аст. Ин аст, ки дар замонҳои пеш Тиргон рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст. Воқеа ва ҳодисаҳои дунёро нависандагону котибон дар китобҳо сабт менамоянд. Ба гуфти Берунӣ ҳифзи дунё, яъне «даҳуфазия», бо деҳқонию зироат ва китобат намудан бо ҳам наздик мебошанд: «Ва китобат дар пайравии он аз Ҳушанг содир шуд ва деҳқанатро бародари ӯ Вигард расм намуд. Номи ҳамон рӯз Тир аст, ки онро Уторид низ мегӯянд, ки он ситораи нависандагон аст… Деҳқанату китобат як чиз аст... Ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолият ид карданд. Дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва деҳқононро низ бар ҳамин кор амр кард. Дар ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд… То рӯзгори Гуштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ монд». Ба ин ҷиҳат ҷашни Тиргон дар гузашта рӯзи бузургдошти нависандагон низ будааст.

Тиргони кӯчак ва Тиргони бузург. Ба мисли Наврӯзу Меҳргон ҷашни Тиргон низ хурду бузург доштааст. Берунӣ гуфтааст: «Рӯзи партоб кардани тир рӯзи тир мебошад, ки он тиргони кӯчак аст. Ва рӯзи чордаҳуми он ки шаш рӯз аст, тиргони бузург бошад. Дар ин рӯз хабар оварданд, ки тир ба куҷо афтодааст. Ва дар ин рӯз мардум олоти табҳу танӯрҳоро мешикананд, зеро дар ин рӯз буд, ки онҳо аз Афросиёб раҳоӣ ёфтанд. Ва ҳар як ба кори худ машғул шуданд».

Оинҳои тиргонӣ. Ҳамин тавр ҷашни Тиргон дар байни ниёгони мо шуҳрат доштаст, ки шодмониҳо ва баъзе аз нишонаҳои вобаста ба он то имрӯз дар ёди калонсолон мондааст. Устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» аз ҷуфтронони деҳқонон, ки «одатан дар шабҳои тобистон» будааст, ёд намуда гуфтаанд, ки «дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд». Сурудхонии деҳқонон ҳамон нишонаи шодиву сурури тиргонӣ аз замонҳои бостон аст, ки то имрӯз расидааст.

То охири асри ХХ кишоварзони тоҷик ғалларо дар фасли тобистон дар шаб дарав мекарданд, ки онро «шабдарав» мегуфтанд. «Шабдарав» бо шодиву суруду тарона мегузашт, яъне кор ва ҷашн бо якҷо буд, ки ин нишоти тиргонӣ то солҳои наздик дар тамоми минтақаҳои кӯҳистони тоҷикнишини Осиёи Миёна вуҷуд дошт. Дар тобистон, дар моҳи тир ҳангоми дарави ғалла кишоварзони тоҷик барои сабук намудани кори худ сурудҳои «Ман доғ», «Яккафарёд», «Анталҳо», «Ёзӣ», «Майдаё», «Ё аллоҳ» ва ғайраро месароиданд. Дар баъзе ҷойҳо оинҳои «Досбагардан» (Гардандосӣ), «Чошбаророн» бозии «Дарзапартояк» баргузор мешуд. Ҳамаи ин амалҳо нишоннаҳои ҷашни Тиргон буда, аз ҳамон рӯзгорони дур то имрӯз расидааст.

Нишонаҳои ҷашни Тиргонро дар пайвастагии оинҳои фасли тобистон дар байни тоҷикон ва ориёитаборонии Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳое, ки дар домани фарҳанги мардуми эронитабор парвариш ёфтаанд, метавон ҷуст. Аз ҷумла тавре ки дар байни тоҷикон калонсолон ёд мекунанд баромади ситораи Суҳайл (Тиштар) ба рӯзи чиллаи тобистон, мувофиқ аст. Аз намоён шудани он мардум шодмонӣ мекунанд ва хушҳол мешаванд, ки зиндагиашон бобаракат мешавад. Яъне баромади Суҳайл (Тиштар) ин ҳамон нишонаи ҷашни Тиргон аст.

Яке аз оинҳои ҷашни Тиргон ин «Фоли кӯза» аст, ки дар гузаштаҳо маъмул буд. Дар ин оин бештар духтарони болиғ иштирок менамоянд. Тарзи баргузории «Фоли кӯза» чунин аст: як рӯз пеш аз ҷашн аз байни духтарони дӯшиза якеро интихоб намуда, ба вай як кӯзаи сафоли сабзранги даҳонаш кушода медиҳанд. Духтар кӯзаро бо оби покиза пур намуда даҳони онро бо як рӯймоли сабзи абрешимӣ мепӯшонад. Сипас кӯзаро духтаре ба навбат ба назди духтароне мебарад, ки дар дил орзуе доранд. Ҳар нафари ширкаткунанда, чизеро ба дохили кӯза меандозанд. Мисол: гӯшвора, ангуштарӣ, сикка, гиреҳбанди мӯй ва ғайра. Баъди ин амал кӯзаро ба таги дарахти сабзе ба мисли арча ва ё сарв мегузоранд. Рӯзи дигар ҷашн оғоз мешавад. Мардум зимни шодмонӣ ба ҳамдигар обпошӣ мекунанд. Ҳамон духтароне, ки ба оини «Фоли кӯза» ширкат кардан хоста ба кӯза чизе андохта буданд, ба маконе ҷамъ меоянд. Баъдан он духтаре, ки кӯзаро дар таги дарахт гузошта буд, онро меорад. Занҳо рафтори духтаронро тамошо мекунанд ва барояшон шеър мехонанд. Пас аз шеър дӯшизаи посбони кӯза дасташро бар даруни он андохта яке аз чизҳоро берун мебарорад ва шеъри хондашударо марбути вай медонанд. Занҳои калонсол мазумин шеърро шарҳ медиҳанд ва зимнан орзуву омоли он духтарро мепурсанд. Дар аксари маврид мазмуни шеър ба орзуву нияти соҳиби он чиз мувофиқ меояд. Ин оин дар Бухоро, баъзе минтақаҳои Эрон ва Афғонистон низ вуҷуд дошт.

Оини дигаре, ки вижаи ҷашни Тиргон аст, оини «Дастбанди тир ва бод» мебошад, ки ҳоло ҳам дар байни зардуштиёни Киромон маъмул аст. Мардуме, ки ба ҷашн ширкат доранд ҳама хурду калон дар аввали ҷашн пас аз хӯрдани шириниҳо бандеро, ки аз ҳафт тор риштаи ҳафтранги мисли тиру камон аст, ба дасти худ мебанданд. Номи ин бандро «Тир ва бод» низ мегӯянд. Ин риштаи ҳафтранги дар банди даст бастаро то 9-10 рӯз, яъне то рӯзи бод, нигоҳ медоранд. Баъди гузаштани 10 рӯз, гӯё рӯзи бод мерасад. Дар рӯзи бод мардум гурӯҳ-гурӯҳ, ё чанднафарӣ ба баландие мебароянд, ки маъмулан дар он ҷо вазиши бод аст. Маслан, ба тепа, тал, болои бом, кӯҳ баромада он бандро аз банди дастони худ кушода ба бод, ба ҳаво, сар медиҳанд. Дар ин амал чанд эътиқоде нуҳуфта аст: яке ҳар орзуе, ки дар дил доранд аз эзид таманно мекунанд, ки иҷро шавад; дигаре он аст, ки бо ёрии эзиди бод аз ҳаво гузаштани тири Орашро ба ёд меоранд. Ҳанӯз ҳам дар байни мардуми Язду Кирмон ҳангоми ба бод супоридани дастбанди ҳафтранг хурдсолон ва наврасон таронаи зеринро месароянд, ки нависандаи ин сатрҳо онро шунида, дар ҳамин шакл аз зардуштиёни Язд сабт намудааст:

Тир буру бод биё,

Ғам буру шод биё,

Меҳнат буру рӯзӣ биё,

Хӯшаи марворӣ биё.

Дар ин порчаи манзуми хурди содаю самимӣ, ки пажӯҳандагони дигар ҳам сабт кардаанд, аз як тараф тиру камони Ораши Камогир ёд шуда, аз равиши тир омадани боди форам, аз рафтани ғам, омадани шодмонӣ ёд гардад; аз тарафи дигар заҳмати кишоварзон пас аз меҳнати ба даст овардани ризқу рӯзӣ, ки он дар дарав намудани ғаллаи гандум, яъне «хӯшаи марворӣ» аст, ёдоварӣ гардидааст. Ин оинҳо дар моҳи Тир (21 июн - 21 июл) рух дода, идомаи ҳамон гоҳшумории ниёгонамон аст. Яъне ҷашни Тиргон ҷашни расиши гандуми заррини кишоварзон низ аст, ки ризқу рӯзии инсон дар тамоми сол ба он пайваста мебошад.

Ҳоло ҷашни Тиргон ҳар сол дар байнb мардуми Дамованд, дар Омул ва ҳамчунин дар миёни зардуштиёни Язд, Кирмон, Караҷ, Теҳрон, Ардакон, Бам, Шероз, Исфаҳон ва кишварҳои гуногуни олам, аз ҷумла дар байни зардуштиёни Аврупо, Канада, Амрико, Ҳиндустон, Австралия таҷлил мешавад. Маъмулан ҷашни Тиргон дар баъзе ҷойҳо аввали моҳи Тир (21 июн), дар баъзе ҷойҳо 10-уми Тир, дар баъзе ҷойҳо 13 Тир барпо мегардад. Гоҳе чунин мешавад, ки дӯстдорони ҷашни Тиргон онро дар наздиктарин рӯз таътили моҳи Тир (бештар нимаи аввали июл) барпо менамоянд.

Чи нек аст, ки Пешвои азизи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи ин ҷашни ниёгон дар Тоҷикистон талош доранд. Инак, ҷашни Тиргон – ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни Ораши сулҳофари Ватанро посбон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни нависандагон, ҷашни тобистон, ҷашни ҷавонмардии хуршеди тобон, ки эҳёгари он, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ба тамоми мардуми шарифи тоҷик, форсизабони ҷаҳон ва ориёитаборон муборак бошад!

Равшан Раҳмонӣ

сарходими илмии шуъбаи фолклори

Институти забон ва адабиёти

ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES