14 Aug 2024
Submitted by Admin
440

“Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад. Ин фарзия матраҳ мешавад, ки дар бахши асотирии “Шоҳнома”, дин бар сиёсат асари мустақим дошта ва гоҳ таъйинкунандаи рафторҳои сиёсӣ будааст. Ниҳоди дин ба унвони як ниҳоди қудрат ва гоҳ ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадороне метавониста дар азлу насби шоҳон асаргузор бошад.

Ин мақола ба равиши таҳлилӣ-тавсифӣ кӯшидааст то қароин (нишонаҳо)-и дахолат ва асари мӯбадон бар тағйири сарнавишти кишвар дар бахши подшоҳони пешдодӣ, бавижа дар ҷобаҷойии қудрат аз Ҷамшед ба Заҳҳокро нишон диҳад.

Муқаддима ва баёни масъала

Дар мавқеъиятҳои мухталифи фикрӣ, ковишҳои “Шоҳнома”, овардаҳои нав ба ҳамроҳ дорад. Лояи зоҳирӣ пӯшишест барои мафҳуми жарфи он, чунонки сарояндааш мефармояд:

Ту инро дурӯғу фасона мадон,

Ба яксон равиш дар замона мадон.

Аз ӯ ҳар чи андар хӯрад бо хирад,

Дигар бар раҳи рамзу маънӣ барад.

Ва дар оғози достони Аквондев низ дубора таваҷҷуҳи моро ба лояҳои зерини матн ҷалб мекунад:

Хирадманд к-ин достон бишнавад,

Ба дониш гарояд бад-ин награвад.

Валекин чу маънияш ёд оварӣ,

Шавад рому кутаҳ кунад доварӣ.

Ин навиштор бо текники пажуҳиш дар манобеи китобхонаӣ, ду қудрати шоҳӣ ва қудрати мӯбадӣ дар подшоҳони пешдодӣ, бавижа Ҷамшед, робитаи ҳокимият ва динро баррасӣ мекунад.

Гӯӣ аз рӯзи нахуст машруияти салтанат бо қудрати дин сурат гирифта. Асари дин ва мақбулияти он дар зеҳни мардум амре мусаллам дида мешавад. Дин намоди қудрати маънавӣ ва подшоҳ намоди қудрати заминӣ аст.

Шояд битавон яке аз аркони муҳими сохтори сиёсии Эрони бостонро, ки дар мутуни адабии барҷомонда аз он даврон, бадон пардохта шуда, пайванди дину сиёсат ё ба забони имрӯзӣ, ҳамбастагии дину давлат донист. Дар мутуни Авастоӣ ишорати бисёр ба ин мавзуъ шудааст; ҳамчунон ки фарраи эзадӣ, нишонест устувор аз вуҷуди робитаи ногусастанӣ миёни ҳокимият ва дин. Муғон ё ҳамон мӯбадон, ки уҳдадори маросим ва иҷрои ҳудуди шаръӣ дар ойини Зартушт буданд, тавонистанд бо таваҷҷуҳ ба фарраи эзадии шоҳон, пои худро ба дарбор боз кунанд ва аз ҳамон нахустин лаҳза салтанате мазҳабӣ барпо доранд (Фазлуллоҳ Разӣ).

Манобеъ ба мо мегӯянд, ки шоҳони асотирии “Шоҳнома”, дар ҳолае аз қидосат ҳастанд. Онҳо ба таъйиди динию илоҳӣ, қабола (санад)-и салтанатро ба даст гирифтаанд. Дину шаҳриёрӣ ҳамвора бо ҳам пеш мераванд ва ба ҳам вобастаанд. Барои дарёфти мафоҳими зерин ин иртибот дар бахши асотирӣ бояд варои зоҳир, бо нигоҳе дигар, бияндешем.

Эрих Фромм, равонков ва файласуфи иҷтимоии олмонӣ муътақид аст, ки устура монанди рӯё, ақоиду афкори фалсафӣ ва мазҳабию воқеиро, ки дар замону макон иттифоқ афтодаанд ва низ таҷрибаҳои равонии муҳимми инсонро ба забони символизм баён мекунад. Агар натавонем маънои воқеии асотирро дарк кунем, маҷбур хоҳем шуд онҳоро тасовире пеши по афтода ва бадавӣ аз таърихи дунё талаққӣ кунем ва дар беҳтарин ваҷҳи мумкин онҳоро фаровардаҳое шоиронаву зебо аз тахайюли инсонӣ бидонем.

Раванди шаҳриёрӣ ва сиёсати канорагирӣ ё халъи салтани Ҷамшед, ба содагӣ бар асоси зоҳири абёт қобили пазириш нест ва пурсишҳоеро дар зеҳн меоварад, ки дар посух ба он бояд ниҳодҳои қудратро дар сатҳи калон пайдо кард. Иртибот миёни мӯбадону шоҳон ва шеваҳову текникҳои бозии қудрат дар дастгоҳи дину сиёсат қобили баррасӣ аст то посухи пурсишҳо ошкор шавад:

— Оё дар бахши асотирии “Шоҳнома” дин ба унвони абзоре дар дасти сиёсатмадорон қарор гирифт?

— Дин чигуна тавонист дар интиқоли қудрат муассир бошад?

— Оё фарраи эзадӣ барсохтаи мӯбадон барои маҳори қудрат буд?

— Се омили дин, сиёсати хориҷӣ, сарвату сармоядорӣ читур метавонист дар интиқоли қудрат муассир бошад?

— Ҳадаф аз даъвати бегонае матмул(сарватманд, тавонгар, молдор) барои шоҳӣ бар Эрон ба ҷои Ҷамшед чӣ буд?

Устурашиносӣ ё мифология (илми тафсири устура ва афсона) таърихи фарҳанги моддию маънавии аввалияи ҳар миллат аст. Нахустин бахши “Шоҳнома” таърихи устураи Эрон аст. Аҳаммияти “Шоҳнома” дар ин бахш танҳо ин нест, ки ақидаи эрониро дар бораи офариниши ҷаҳон, сард шудани замин ва пайдоиши гиёҳу ҷонвар ва кӯшиши инсон барои таҳияи хонаву аҳлӣ кардани ҳайвонот шарҳ медиҳад; балки дар посух ба ин пурсиш аст, ки чаро мардумон он ҷаҳони биҳиштинро, ки дар он сармову гармо, гуруснагию қаҳтӣ, ҷангу беморӣ, зиштию пирӣ ва марг набуд, аз даст доданд! Дар устурашиносии эронӣ далели табоҳии ҷаҳони хайр дар гусастани фарраи эзадӣ аст; яъне парвардигори мардум низ бо ин раҳбари гумроҳ аз рӯи хирад нест, балки рафтори мардуме шитобзада ва шӯришталаб аст (Оқо Алихонӣ).

Пешинаи пажуҳиш

Тамоми пажуҳишҳое, ки дар бахши асотирӣ сурат гирифта тақрибан як чизро дар бораи Ҷамшед такрор кардаанд, ки ӯ мағрур шуд ва иддаои худоӣ кард. Дар китоби “Трагедияи қудрат дар “Шоҳнома”-и Мустафо Раҳимӣ дар бораи Ҷамшед мегӯяд: “Қудрат агар василаи додгустарӣ ба Ҷамшед медиҳад, чун аз ҳад гузашт, боре кори ӯро ба ҷунун мекашонад то ҷое, ки худро Худо медонад ва ин аст хасисаи шигифтии қудрат!” (Мустафо Раҳимӣ). Алӣ Ризоқулӣ дар китоби “Ҷомеашиносии худкомагӣ” Ҷамшедро дорои қудрати мутлақ медонад ва менависад: “Қудрати мутлақ, мутлақан фосид мекунад”. Саъиди Сирҷонӣ дар китоби “Заҳҳоки мордӯш”, Ҷамшедро низ худкома мепиндорад ва менависад: “Ҷамшед дар ҷомеае бидуни интиқод, ғурур варзид ва ҳавои худоӣ ба сараш зад”. Фазлуллоҳ Ризо дар китоби “Пажуҳише дар андешаи Фирдавсӣ” дар мавзуи Ҷамшед менависад: “Душмани шоҳ дарунӣ аст, берунӣ нест. Ӯ парчами исён бардошта ва ба ҷанги Худо рафта”. Ва дар бисёри кутуб ва мақолоти дигар ҳамвора ба зоҳири абёт таваҷҷуҳ шуда, ғуруру иддаои худоӣ карданро омили суқути Ҷамшед донистаанд. Ғолиби пажуҳишҳо мувофиқ бар нек пиндоштани табақаи отурбонон буда ва пажуҳише, ки дар он ба дигаргуна дидани дин ва сиёсӣ ангоштан ва ё абзорӣ дидани дин барои сиёсат бошад, дар бахши асотирӣ ёфт нашуд. Аз ин ҳайс, ин баррасӣ нигоҳе навро ироа медиҳад.

Мабонии назарӣ

Баррасии сиёсии достонҳои асотирӣ дар адабиёти “Шоҳнома” ниёзманди донише байнориштаӣ аст. “Мутолиоти адабӣ-сиёсӣ, баррасӣ ва шинохти дусӯяи сиёсатварзӣ бо адабиёт бо истифода аз ҳамаи мавориди мавҷуд аст, ки дар он нақши афкор, адабиёт, забон ва ҳукуматҳо барҷаста менамояд. Иборати адабиёти сиёсӣ гӯёи он аст, ки ин дониш мекӯшад то бо рӯйкарде байнориштаӣ, ду ҳавзаи улуми инсониро дар таомулу пайванд бо ҳам бидонад. Мутолиоти адабӣ-сиёсӣ бо навъе бозхонии фарояндҳои адабиёт ва корбасти он дар олами сиёсатварзӣ аст. Ин ки чигуна адабиёт мутанозир (назораткунанда) бар баёни мафоҳим ва авзои иҷтимоию сиёсии як давра аст ва чигуна онро тарсим карда, дар ин ҳавза мавриди баррасӣ қарор мегирад” (Қадамалии Сиромӣ).

Дар бахши подшоҳони асотирӣ, аз Каюмарс то Ҷамшед, навъи дин ба сароҳат мушаххас нашуда, аммо аз фарраи эзадӣ борҳо сухан ба миён меояд. “Фарра, фурӯғи эзадист, ки ба дили ҳар ки битобад аз ҳамагон бартарӣ меёбад ва аз партави ин фарра аст, ки касе ба подшоҳӣ мерасад ва метавонад дасти Аҳриман ва бадҳоро кӯтоҳ кунад” (Пури Довуд).

Фарра ба чанд навъ тақсим мешавад: фарраи равшанӣ, фарраи каёнӣ, фарраи озодагон, фарраи ногирифтании мутааллиқ ба осарвонон (отурбонон, осурбонон ё руҳониён), (Тавассул Паноҳӣ).

Фарраи эзадӣ: Фарраи эзадӣ неруи минӯӣ аст. Нигоҳбони подшоҳону паҳлавонони эронӣ, ки фармонравоӣ бар эроншаҳр дар гарави он ниҳода шудааст (Каззозӣ). Подшоҳӣ диҳише эзадист, то ӯ нахоҳад касе наметавонад ба пойгоҳи шоҳӣ даст ёбад. Дар ин вижагӣ исботи фарраи эзадӣ манут ва мавкул ба нишонаҳои ошкори пирӯзӣ аст. Ҳар ки сар ба шӯриш гузорад ва пирӯз шавад, ҳукумати ӯ мавриди таъйиди худованд аст (Ваҳиди Баҳромӣ).

Фарраи шоҳӣ: Ҳамон нажод аст, ки ба сурати маврусӣ (меросӣ) ба писар мунтақил мешавад. Фарраи эзадӣ фақат ба шоҳон дода мешавад ва нишон медиҳад, ки ҳукуматашон мавриди ризояти Худост ва ба онҳо машруият мебахшад.

Фарраи мӯбадӣ: Касоне, ки ба хотири дину кишвар меҷанганд ва сарзамини яздонпарастонро густариш медиҳанд, дорои фарраи мӯбадӣ мешаванд ва бештар ҷанбаи динию маънавӣ дорад. Дар ҳамлаи Манучеҳр ба сипоҳи Тур ба размандагони эронӣ гуфта мешавад касоне ки хуни лашкари Чину Румро бирезанд то ҷовидон некном ва бо фарраи мӯбадон мемонанд (Ваҳиди Баҳромӣ).

Ҳар он кас ки аз лашкари Чину Рум,

Бирезанд хуну бигиранд бум.

Ҳама некноманд то ҷовидон,

Бимонанд бо фарраи мӯбадон.

Шоҳ бояд ба таъйиди динӣ мерасид ва фарраи эзадиро касб мекард. Намояндагони динӣ метавонистанд ин таъйиидро аз эшон биситонанд, чунон ки дар поёни достони Ҷамшед. Фар ё фарра машруиятсоз аст ва ба сабаби он мардум аз шоҳ итоат мекунанд.

Каюмарс

Бахши асотирӣ бо Каюмарс оғоз мешавад ва аз ҳамон оғоз Каюмарс бо пешвои динӣ ҳамгом аст. Каюмарс аз ибтидои нишастан бар тахти шоҳӣ, бо мӯбадон ҳамгом аст. Аз онҳо иҷозаву таъйид мегирад:

Каюмарс шуд бар ҷаҳон кадхудой,

Нахустин ба кӯҳ андарун сохт ҷой.

Кӯҳ ҷои мӯбадон будааст ва Каюмарс ба пуштивонаи онҳо бар тахт менишинад, чун онҳо тасмим гирифта буданд, ки як нафар, ки мавриди итминон онҳо бошад, бояд бар мардум ҳукумат кунад. Пас ӯ дорои фарри шоҳаншаҳӣ шуд. Ҳама чиз бо ӯ ҳамсадо буд. Назари мухолифе надошт. Даду дом ва ҳар ҷонваре дар муқобили ӯ таслим буданд, яъне мӯбадон роҳро бар ӯ ҳамвор мекарданд:

Даду дому ҳар ҷонвар к-аш бидид,

Зи гетӣ ба наздики ӯ орамид.

Дуто мешудандӣ бар тахти ӯй,

Аз он баршуда фарраву бахти ӯй.

Ба расми намоз омадандеш пеш,

В-аз он ҷойгаҳ баргирифтанд кеш.

Кеш дар форсӣ ҳаммаънои дин аст, аммо дар паҳлавӣ танҳо барои динҳои бероҳу табоҳ кор мерафтааст (Каззозӣ), гӯё мардум бо ӯ байъат мекарданд ва дини аҳримании худро канор мегузоштанд ва зери парчами дини Каюмарс қарор мегирифтанд. То ин ки ҳамин мардум, ки ба зоҳир дини ӯро пазируфта буданд ба ҷамъоварии сипоҳ пардохтанд то бо Сиёмак биҷанганд. Ин ҷо ниҳоди рӯҳоният, ки аз ибтидо вазорати иттилоотро ташкил дода буд, ба сурати махфиёна мавзуро ба Сиёмак иттилоъ медиҳад:

Якояк биёмад хуҷастасурӯш,

Ба сони парӣ бо палангинапӯш.

Бигуфташ ба роз ин сухан дар ба дар,

Ки душман чи созад ҳаме бо падар.

Бо ҳидоятҳои Яздон ва аз тариқи раҳнамуди сурӯш омодаи мубориза бо Аҳриман мешавад ва дар ниҳоят ин мубориза ба қатли Сиёмак меанҷомад. Баъд аз соле сӯгворӣ барои марги Сиёмак, аз сӯи довари Кирдигор бо воситагарии сурӯш паём меояд, ки ба фармони ман бархез ва бо девон биҷанг.

Чаро Худо барои ирсоли ин паём як сол таъхир дорад? Чун рӯҳониён медонанд, ки ҳанӯз лашкари кофӣ барои набард надоранд ва зӯрашон намечарбад. Бояд як сол рӯи зеҳни мардум кор кунанд то онҳоро ҳамсӯи худ гардонанд, сипас паём аз сӯи Кирдигор меояд:

Дуруд оваридаш хуҷастасурӯш,

К-аз ин беш махрӯшу боз ор ҳуш.

Сипаҳ созу баркаш ба фармони ман,

Баровар яке гард аз он анҷуман.

Аз он бадкуниш деви рӯи замин,

Бипардозу пардахта кун дил зи кин.

Девҳо ақалияте буданд, ки ба дин ё ойини ҳукумат набуданд. Барои нобудии онҳо лашкаре аз ҳайвоноту париён фароҳам омад. Нақши парӣ дар ин достонро чӣ касе ҷуз неруи иттилоотӣ метавонад дошта бошад, ки гаҳ пайдову гаҳ нопайдоянд? Дар ду байти пушти сари ҳам аз парӣ ёд шуда, ки аз аркони лашкар ҳастанд:

Парию паланг анҷуман карду шер,

Зи дарандагон, гургу бабри далер.

Сипоҳе даду дому мурғу парӣ,

Сипаҳдор бо кину гундоварӣ.

Дар достони Ҳушанг низ иллати пешрафтҳои ӯро эзадӣ ҷоҳ ва фарри каён медонад. Ҳушанг дорои пуштивонаи динии бузургест ва бо кашфи оташ абзори бузурге барои қудрати мӯбадон ба онҳо месупорад ва дар ҳақиқат дар афзудани қудрати онҳо талош мекунад.

Таҳмурас

Пас аз Ҳушанг, писараш, Таҳмурас бар тахт менишинад ва нахустин кораш мулоқот бо мӯбадон аст:

Ҳама мӯбадонро зи лашкар бихонд,

Ба хубӣ чи моя суханҳо биронд!

Байти фавқ нишон медиҳад, ки мӯбадон дар лашкар ҳастанд ё мӯбадонро ҷузъи хайли худ ба ҳисоб меоварад ва ё ин ки мӯбадон фармондеҳи кулли қувво ҳастанд. Дар таърифи “фарри мӯбадӣ” дидем, ки онҳо ҷанговар буданд; бинобар ин ҳузур дар лашкар метавонад коркарди размӣ ҳам барои нақши мӯбадон эҷод кунад.

Таҳмурас мутобиқи майли онҳо сухан мегӯяд. Мехоҳад дили онҳоро ба даст оварад ва итминон диҳад, ки гӯш ба фармон аст то ройи эътимод бигирад ва соҳиби фарра шавад. Таҳмурас ба мӯбадон қавл медиҳад, ки дасти душманони диниро кӯтоҳ кунад ва ҳамчунон бар хатимашӣ падараш ба дастури мӯбадон амал кунад то ҷаҳонхидев бошад:

Зи ҷой кӯтаҳ кунам дасти дев,

Ки буд хоҳам ҷаҳонро хидев.

Ӯ пас аз аҳлӣ кардани парандагон, онҳоро даъват ба итоату ниёиши Худо мекунад ва ёдоварӣ мекунад, ки қудраташро аз ин ҷойгоҳи динӣ ба даст овардааст:

Чунин гуфт к-инро ситоиш кунед,

Ҷаҳонофаринро ниёиш кунед.

Ки ӯ додамон бар дадон дастгоҳ,

Ситоиш мар ӯро, ки бинмуд роҳ.

Мӯбадон барои ӯ вазире аз дастаи худашон таъйин мекунанд. Мӯбаде дар либоси вазир ба номи Шаҳрасп. Ҳузури дин дар канори сиёсат, барои маҳдуд кардани қудрати шоҳ аз сӯи ниҳоди динӣ зарурӣ ба назар мерасид. Шаҳрасп рӯза мегирифт ва намоз мехонд. Роҳро аз чоҳ ба шоҳ нишон медод ва ҳамвора мувозиби ӯ буд, ки аз роҳи таъйиншуда, тахатӣ сурат нагирад:

Ҳама рӯз баста зи хӯрдан ду лаб,

Ба пеши ҷаҳондор бар пой, шаб

Чу ҷон бар дили ҳар касе буд дӯст,

Намози шабу рӯза ойини ӯст.

Муқаддасмаобӣ ва мақбулияте, ки ба воситаи рафтори динӣ касб карда буд, дар абёт нишон дода шудааст:

Ҳама роҳ некӣ намудӣ ба шоҳ,

Ҳама ростӣ хостӣ пойгоҳ.

Вақте шоҳ ба воситаи ҳамнишинӣ бо Шаҳрасп комилан шустушӯи мағзӣ шуд ва дидгоҳи ғуборолудаш тағйир ёфт, ҳоло аз бадиҳо пок шуда ва қобилияти фарраи эзадӣ ё дар лоя (қабат)-и пинҳон таъйиди мӯбадонроо меёбад:

Чунон шоҳ полуда гашт аз бадӣ,

Ки тобид аз ӯ фарраи эзадӣ.

Шоҳе, ки то кунун фақат ба фикри пешрафти кишвару ободонии он буд, чӣ бадӣ дошт, ки бояд полуда мегашт? Гӯё ҳанӯз рӯҳониён ба ӯ эътимоди комил наёфта буданд; магар он ҷо, ки Шаҳраспро ҳамроҳи ӯ намуданд то зеҳни ӯро нисбат ба мӯбадон покиза кунад! Шаҳрасп дорои асп аст ва ин намуде аз сарват аст. Сарват, ки худ навъе аз қудрат аст метавонад пуштивонаи қудрати ҳокимият бошад. Байти баъд нишон медиҳад, ки Таҳмурас бедиранг пас аз фарра ёфтан, савор бар аспи сарват, дастури мӯбадонро иҷро мекунад:

Бирафт Аҳриманро ба афсун бибаст,

Чу бар тезрав борагӣ барнишаст.

Иттиҳоди дину давлат қудрате азим ба ҳукумат мебахшад, чунонки Ардашери Бобакон низ ба фарзандаш Шопур чунин андарз медиҳад:

Чу бар дин кунад шаҳриёр офарин,

Бародар шавад шаҳриёрӣ ва дин.

На бе тахти шоҳист дине ба пой,

На бе дин бувад шаҳриёрӣ ба ҷой.

Ду дебост як дар дигар бофта,

Бароварда пеши хирад тофта.

На аз подшаҳ бениёз аст дин,

На бе дин бувад шоҳро офарин.

Чунин посбонони якдигаранд,

Ту гӯӣ, ки дар зери яке чодаранд.

Дар набард бо девҳо, ду бахш аз онҳоро бо афсуну ҷоду асир мекунад! Таҳмурас ҷоду дар кор кард ё ин кор, нишонаи ҳимояти мӯбадон буд?!

Аз эшон ду баҳра ба афсун бибаст,

Дигаршон ба гурзи гарон кард паст.

Дар ниҳоят боз ҳам Таҳмурас чашми Шаҳраспро дур мебинад бо девҳо сари созиш мегузорад ва девҳои босаводу доно талош мекунанд, ки ба ӯ огоҳӣ бирасонанд ва зеҳни ӯро равшан кунанд. Дар ин ҳангом Шаҳрасп дигар дар достон вуҷуд надорад:

Набиштан ба хусрав биёмӯхтанд,

Дилашро чу хуршед бифрухтанд.

Набиштан яке на, ки наздики сӣ,

Чи румиву чи тозиву порсӣ...

Саранҷом Таҳмурас пас аз пайванд ёфтан бо девҳо ба дурустӣ дар “Шоҳнома” ошкор нашуда ва дуруст пас аз номи хатҳои мухталифе, ки девҳо ба ӯ омӯзиш доданд, достон ба марги шоҳ поён меёбад:

Ҷаҳондор сӣ сол аз ин бештар,

Чигуна бурун оваридӣ ҳунар?

Бирафту сар омад бар ӯ рӯзгор,

Ҳама ранҷи ӯ монд аз ӯ ёдгор.

Оё Таҳмурас мавриди ғазаби ниҳоди динии болодаст қарор гирифт ва мармузу пинҳонӣ сар ба нест шуд?!

(идома дорад)

Баргардони Беҳрӯзи Забеҳулло

Доктор Фарангиси Фарҳуд, мудири пажуҳишсарои фарҳанг, ҳунар ва адаби форсии “Собит” дар Машҳад

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES