30 Sep 2024
Submitted by Admin
284

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

Вале гоҳе ин қоидаро ба таври нохудогоҳ ё огоҳона риоят накардаанд. Барои мисол, дар замони барҳаёт будани Мавлоно нусхае аз девони ӯро тибқи корбасти авзони арӯзӣ мураттаб сохтаанд, ки чунин амр дар адаби порсӣ падидаи нодир мебошад. Ҷолиб он аст, ки Бадеъуззамони Фурӯзонфар зимни мураттаб сохтани «Куллиёти Шамси Табрезӣ» (Теҳрон, Амири Кабир, 1376) дар баробари риояти ҳуруфи қофия ин нуктаро ба эътибор гирифта, ғазалҳои дар вазн ҳамсонро мутобиқи ҳарфи қофия овардааст.

Ин «Куллиёти девон» беш аз чиҳил ҳазор байт аз ғазалиёт, қасоид, тарҷеот ва рубоиёти Мавлоноро фаро мегирад. Ин шумора ба он далолат дорад, ки Мавлоно яке аз пуркортарин шоирони порсигӯ мебошад. “Мавлоно, - менависад Тақии Пурномдориён, - дар девони худ беш аз панҷоҳ вазн ва ҳафдаҳ баҳри арӯзро истифода намуда, ки аз миёни вазнҳои бакоррафта дар девони ғазалиёт 18 вазн ё ба нудрат дар шеъри форсӣ ба кор рафта, ё аслан пеш аз Мавлавӣ корбурд надоштааст ва ҳадди ақалл 13 вазн аз ибтикороти худи Мавлавӣ аст” [4,166].

Фузун ба ин, диққати моро ду бахши “Куллиёти девон”-и нашри Фурӯзонфар ба худ ҷалб кард, ки яке зери унвони «баҳрҳои мутафарриқа» ва дувумӣ бо номи «авзони ғариба» омадаанд, аз як сӯ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ҳамчун арӯзидони бузург ва оҳангсозу мусиқашиноси мумтоз муаррифӣ созад, аз дигар сӯ, он нишонгари тасарруфоту ибдоъот ва ибтикороти шоир мебошад.

Ин вазнҳои ғариба аз авзони маъмулӣ бо кадом хусусиёти худ фарқ доранд ва барои чӣ он дар вазни шеъри порсӣ аз ибтикороти Мавлоно дониста шудааст? Талош мекунем, ки ба ин пурсишҳо посух диҳем.

Аммо пеш аз ворид шудан ба мавзӯъ барои равшан шудани масъала баёни чанд мулоҳизаи муқаддамотӣ лозим аст.

Асоси вазни шеъри порсӣ, тибқи гузориши арӯзиён ва пажӯҳишҳои донишмандон, аз арӯзи арабӣ баргирифта шудааст. Бо он ки мо дар ҷои дигар фарқи илми бадеъи порсии тоҷикиро аз бадеъи арабӣ таҳқиқ кардаем, ин ҷо низ метавонем таъйид кард, ки арӯзи форсии тоҷикӣ аз арӯзи арабӣ тафовут дорад. Ин тафовутҳо чӣ гунаанд? Барои мисол, муҳаққиқи итолиёвӣ Рикардо Зиполӣ (1952) дар мақолаи арзишманди «Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ» дар доираи 11 банд бархе аз ин фарқҳоро махсуси қофия дониста, онҳоро аз ҳамдигар тамоюз додааст, ки барои омӯзиш ва таҳқиқи қиёсии арӯзи арабӣ ва порсии тоҷикӣ аҳаммияти вижа дорад. Мо онҳоро барои равшан шудани моҳияти масъала бо каме ихтисор иқтибос мекунем:

«1) Сохтори ҳиҷоии ду забон – арабӣ ва форсӣ бо якдигар тафовут дорад;

2) Дар забони форсӣ мумкин аст ду ё се сокини мутаволӣ дар охири калима қарор гирад ва дар арабӣ чунин нест;

3) Дар форсӣ мумкин аст дар охири қофия касраи изофа (бандаки изофӣ-У.Ю.) қарор гирад ва дар арабӣ ин равиш корбурд надорад;

4) Дар форсӣ имкони истифода аз пасвандҳо вуҷуд дорад ва дар арабӣ вуҷуд надорад» [5,110].

Дар зимн мо метавонем, ба гуфтаҳои донишманди итолиёвӣ боз чанд бахши дигар изофа намоем:

1) Дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки онҳо дар шеъри порсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд;

2) Зиҳофоти бисёр пуркорбурде дар вазни арабӣ вуҷуд дорад, ки ҳеч гуна корбурде дар ҳамон авзон дар шеъри порсии тоҷикӣ надорад;

3) Ихтиёроти шоирии мутааддиде дар шеъри арабӣ ҳаст, ки ин ихтиёрот кӯчактарин нақше дар шеъри порсии тоҷикӣ надорад.

Аз замоне ки истилоҳи “шеър” дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти порсии тоҷикӣ ҳамчун ҳунар баррасӣ шуд, ҳамеша мафҳуми он бо мафҳуми вазн лозима доштааст. Вазн навъе аз таносуб аст. Таносуб кайфияти зеҳнӣ буда, миёни ҷузъҳои гуногун низоми воҳидро ба вуҷуд меорад. Ин таносуб агар дар макон воқеъ шавад, қарина номанд ва агар дар замон воқеъ шавад, вазн хонанд. Вазн дорои иқоъ ё ритм ва мусиқист, ки вобаста ба муҳит ва мавзӯъ тағйир меёбад.

Барои мисол, агар дар як мисраъ 4 бор ва дар як байт 8 бор мафоъӣлун корбаст шавад, онро ҳазаҷи мусаммани солим гӯянд, ки баҳри аслии ҳазаҷ мебошад. Ва дар тақтеъ ҳар бор мафоъӣлун хатм шавад, онро “рукн” номанд. Агар аз ин вазн ҳиҷое кам ё зиёд шавад, онро “зиҳоф” хонанд.

Вақте ки мо дар бораи вазни шеъри Мавлоно мехоҳем ибрози андеша кунем, ин гуфтаи донишманди маъруф Шафеъии Кадканӣ пеши назар меояд: “Дар манзумаи шамсии “Девони кабир”-и Мавлоно, ки ҳар лаҳза дар он сайёрае аз таҷориби ноби рӯҳии ӯ, дар мадори собити ишқ тулӯъ мекунад ва ҳаракати ин сайёрот бар ин мадори собит Каҳкашоне аз нуру сурур ва ҳузур меофаринад, нерӯи ҷозиба, бегумон, нерӯи ҷозибаи мусиқист, ки ҳамаи аносири шеърро дар тайфи миқнотисии хеш, низом ва тақорун мебахшад ва нисбати таркибӣ ва ҳандаса забони шеърро дар густарае ба паҳнои ҳастӣ бо мавҷҳо ва авҷҳояш дар сайтараи хеш нигоҳ медорад. Ғазалиёти Мавлоно гурезест аз ҳамаи низомҳо ва урфҳо ва одатҳо барои пайвастан ба низоми мусиқоии кайҳон ва офаридани ин манзумаи шамсӣ” [1,389].

Ҳамин манзумаи шамсӣ ва ғалаёни мусиқии зоҳирӣ ва ботинии ғазалиёти Мавлоно аз мо тақозо мекунад, ки бибинем, дар шеъри ӯ чӣ шӯру қиём ва мусиқии табиию маънавие буда, ки таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҷазб мекунад. Дар ибтидо тасарруфоти Мавлавиро дар вазн нишон хоҳем дод, ки онро метавон қолабшикании вазн номзад кард. Бояд таъкид кард, дарозтарин мисрае, ки дар шеъри порсии тоҷикӣ ба осонӣ қобили идроки зеҳн аст, ғолибан аз 16 ҳиҷо иборат буда, дар ҳадди камоли мавзунӣ қарор дорад. Аммо Мавлоно ғазале сохта, ки дар як мисраъ 20 ҳиҷо дорад. Яъне, ба вазни маъмулӣ, як рукни дигар илова намуда, ки вазни нав ба вуҷуд омадааст. Чунончи:

Оинаам ман, оинаам ман, то ки бидидӣ рӯи чу моҳаш,

Чашми ҷаҳонам, чашми ҷаҳонам, то ки бидидам чашми сиёҳаш

[3, ғазали 1269, с. 495].

Вазни ин ғазал мустафъилотун (4 бор) ва баҳри он раҷази мусаммани матвии мураффал аст. Ин вазн, аз як сӯ, аз сохтаҳои худи Мавлоност ва дар шеъри порсӣ то “Девони кабир” ба мушоҳида нарасида, аз дигар сӯ, сохторшикании ҳиҷоии он аз ибтикороти шоир аст. Дар як мисраъ 20 ҳиҷо истифода шудааст. “Дар урфи шеъри форсӣ, - менависад Парвиз Нотили Хонларӣ, - баландтарин қитъаи силсилаи авзоне, ки қобили идроки зеҳн аст, бист зарб ё бист ҳиҷо мебошад. Аммо идроки қитъаи бистҳиҷоӣ низ мусталзами кӯшиши зеҳнист ва ба ин сабаб баҳри комили мусамман дар форсӣ ривоҷе наёфтааст” [8,170].

Аммо Мавлавӣ ин хатти сурхро убур карда, дар ғазали дигаре ҳудуди ҳиҷои як мисраъро ба 24 ҳиҷо расонида, ки чунин кор то асри XIII собиқа надошта ва аз ҷумлаи навовариҳои Мавлавӣ дар шеър ба шумор меравад. Матлаи ин ғазал чунин аст:

Биё, биё, дилдори ман, дилдори ман, даро даро дар кори ман, дар кори ман,

Туӣ, туӣ гулзори ман, гулзори ман, бигӯ, бигӯ, асрори ман, асрори ман [3, ғазали 1785, с. 671].

Теъдоди рукнҳо аз рӯи муқаррароти шеъри порсӣ 4 бор бояд такрор мешуд, вале дар ин ғазали Мавлавӣ 6 бор омадааст. Ду рукн зиёд аст ва ин амалро тасарруфот гӯянд. Вазни он мафоъилун мустафъилун мустафъилун, мафоъилун мустафъилун мустафъилун мебошад.

Тавре ки ишора шуд, дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки дар шеъри порсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд ва онро соҳиби “ал-Муъҷам” чунин таъриф карда, ки барои тамйизи арӯзайн муфид мебошад: «… ба ҳукми он ки каломи манзум бар ҳеч як аз ин аркони сегона (сабаб – ватад-фосила) ало сабилилинфироди хеш оянд, набувад ва мақбули тибоъ (табъҳо, завқҳо-У. Ю.) намеомад, на бар асбоби муфрада. Чунонки гуфтаанд:

То кай моро дар ғам дорӣ,

То кай бар мо орӣ хорӣ.

На бар автоди муфрада (ватади танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чаро аҷаб надорам аз нигори ман,

Ки бегунаҳ бурун шуд аз канори ман.

Ва низ бар фавосили муфрада (фосилаи танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чӣ кунам, санамо, чу дилам ситадӣ,

Бикашам зи ту, ҳар чӣ кунӣ зи бадӣ» [6,30].

Вале Мавлоно бар муқобили ин қоидаи арӯзии Шамси Қайс баромадааст. Агар онро аз рӯи назариёти Шамси Қайс таъриф кунем, гунаи зер ҳосил шавад: «Каломи манзум бар ин аркони сегона (сабаб, ватад ва фосила) ало сабилилиҷтимоъи хеш оянд, мақбули тибоъ уфтад». Ва Мавлоно чунин амал карда, дар вазни фаълун фаълун фаълун (ҷудо - ҷудо, бо ист), яъне дар баҳри мутадорики мусаммани мақтӯъ ду ғазал навиштааст. Ғазали нахуст аз 19 байт иборат аст. Чанд байт мисол меорем:

Чун дил, ҷоно, биншин, биншин,

Чун ҷон беҷо биншин, биншин.

Умре гаштб ҳамчун киштӣ,

Андар дарё биншин, биншин.

Афлотунӣ, Ҷолинусӣ,

Бишкан сафро, биншин, биншин.

Чун май, чун май талхӣ то кай

Ҳамчун ҳалво биншин, биншин [3, ғазали 2097, с. 876].

Ғазали дигар:

Эй ҷон, эй ҷон фӣ сатриллоҳ,

Уштур мерон фӣ сатриллоҳ.

Ҷонам оташ даркаш, даркаш,

Пеши султон фӣ сатриллоҳ.

Соғар то лаб, мехур то шаб,

Андар майдон фӣ сатриллоҳ.

Соқӣ, барҷаҳ, бода дардеҳ,

Пингон, пингон фӣ сатриллоҳ [3, ғазали 2418, с. 898].

Ба андешаи Шамси Қайс, чунонки ишора рафт, чунин тарзи сухан гуфтан нохушоянд аст. Вале, агар мо ба ритми ботинии ин ғазалҳо бо таваҷҷуҳ назар кунем, ба мушоҳида мерасад, ки «ин вазн оҳанги дастак задан аст ба рақс ва барҷастану нишастан ва хостан» [2,148] ва, ба андешаи мо, дар он тапиши қалб, зарабони набз, ҳаракату пӯёии авзони арӯзӣ ва муҳимтар аз ҳама танаввуъ ва такрору тарҷеъ эҳсос мешавад. Ҳақ ба ҷониби Шафеъии Кадканист, ки «шеърро таҷаллии мусиқии забон» [1,389] медонад.

Дар ваҳлаи аввал ҳолати якнавохти бидуни тағйир ба назар мерасад ва ба занни қавӣ мақбули табъ набошад. Мавлоно ин ихтирооти хешро идома бахшида, боз дар вазни мазкур тасарруф ворид месозад ва ба он як рукни дигар меафзояд, ба гунаи зер: фаълун фаълун фаълун фаълун. Фақат ҳангоми хониши он рукни аввал ҷудо ва рукни дувум пайваст иҷро мешавад, ки ҳолати мастии самоъро ба ёд меоварад.

Чунонки:

Бо ман санамо, дил якдила кун,

Гар сар наниҳам, он гаҳ гила кун.

Маҷнун шудаам аз баҳри Худо

З-он зулфи хушат як силсила кун.

Сипора ба каф дар чила шуда,

Сипора манам тарки чила кун.

Эй мутриби дил з-он нағмаи хеш,

Ин мағзи маро пурмашғала кун [3,ғазали 2095, с. 785].

Бо милоки Шамси Қайс мизони ин ғазалро бисанҷем, чунин тақтеъ ҳосил мешавад: мафъӯлу мафоъӣлун фаълун. Бо ин вазн низ хонда мешавад: фаълун фаъилун фаълун фаъилун. Аз ин зовия, соҳиби «ал-Муъҷам» дар арӯзи суннатӣ корбасти онро ба он хотир ҷоиз намешуморад, ки дар қолаби вазни суннатӣ намегунҷад ва ба ин далел онро нохушояд мешуморад. Шамси Қайс дар ин маврид чунин ақида дорад, ки мухолифи корбасти вазни Мавлоност: «Дар мусаддаси ахраби ин баҳр (ҳазаҷ) муроқабат аст, миёни «ё» ва «нун»-и мафоъӣлун ва баъд аз мафъӯлу (ба замми охир) ва мафоъилун ояд, ба суқути «ё» ва ё мафоъӣлу (ба замми охир) ба суқути «нун» ва мафоъӣлуни саҳеҳ баъд аз мафъӯлу (ба замми охир). Набояд илло ки баъд аз ҷузъи саҳеҳ охир бедигар ояд, чунонки мафъӯлу мафоъӣлун мафъӯлу мафоъӣлун ва ин натавонанд буд илло мусамман ё мураббаъ» [6,35].

[Мисли мафъӯлу мафоъилун фаъӯлун (ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбуз ё маҳзуф) ҳамон вазни «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ. Ё Мавлоно бо вазни мафъӯлу мафоъилун мафоъӣлун 11 ғазал дорад.]

Ва чунонки дида мешавад, Мавлоно аз он вазне дигар ихтироъ карда: чаҳор бор фаълун, ки ба забони арӯзӣ гӯем, ҷамъи чаҳор фосилаи суғро. Аммо дар шеъри порсӣ он ду навъ хонда мешавад: яке зарбӣ, яъне баъди ҳар вақф (ист, макс) як зарб бошад, ки дар он даст задан, ҳаракоти рақс ва тоб хӯрдан эҳсос шавад (фаълун, фаълун, фаълун, фаълун) [яъне, пас аз ҳар ист боз як зарб дида мешавад]; дувум изтиробӣ, ки баъди ҳар ҳаракат шитобе ба он афзуда шавад, то ҳаяҷон ва шӯру қиём, ки ангезиши изтироби ҷонро бештар кунад, ба мушоҳида расад, ба ин тарз: фаълун, фаълун, фаълун, фаълун (чунонки як рукнро ҷудо мехонӣ ва рукни дувумро пайваст) ки онро Мазоҳири Мусаффо «самоъи вазн» номидааст, ки хосси вазни шеъри порсист, ба назари мо, ба авзони фаҳлавиёт пайванди мустақим дорад ва муҳимтар аз ҳама онро аз арӯзи арабӣ тамйиз медиҳад. Дар ин сурат чархиш дар вазн ва оҳанг дар лафз пайдо мешавад ва онро зарбию хушоянд мекунад.

2) Баҳрҳои мутафарриқа

Мавлоно дар баҳри мутақориби солим (фаъӯлун, чаҳор бор) 20 ғазал ва баҳри мутақориби маҳзуф ё мақсур (фаъал, фаъӯл) 14 ғазал дорад. Ва мутақориб аз доираи чаҳорум аст (баъди ҳазаҷ, рамал, раҷаз). Аз ҷумла, Шамси Қайс гуфта, баъзе зиҳофҳои муншаъиб аз мутақорибро ба далели ба табиати забони порсӣ хос набуданашон тахриҷ кардаанд. Чунонки Парвиз Нотили Хонларӣ дар мавриди корбасти баҳри мутақориб, ки худ сохтаи порсиён аст, ақидаеро пеш меронад, ки барои баррасии татбиқии арӯзи арабӣ ва порсӣ муҳим буда, дар зоти худ навъе ҳанҷоршиканист: «Ибтикори эрониён дар қисмати вазни шеър иборат аз он аст, ки мавозини ҳиҷоии эрониро ба арӯзи каммии арабӣ татбиқ кардаанд ва аз ин интибоқ, ки қадимтарин ва комилтарин намунаи он баҳри мутақориб аст, шеъри форсии ҷадид ба вуҷуд омадааст» [8,66]. Он дар ашъори ҳамосӣ бештар ба кор рафта, намунаи барҷастааш “Шоҳнома”-и Фирдавсист.

Аммо Мавлоно дар вазни фаълун фаъӯлун, фаълун фаъӯлун 10 ғазал навишта:

Эй ҳафт дарё, гавҳар ато кун,

В-ин миссҳоро пуркимиё кун.

Бигрист бар мо, ҳар санги хоро,

Ин дарди моро, ҷоно, даво кун [3,ғазали 2091. с. 783].

Ин ғазалро метавон бо ду вазни дигари арӯзӣ тақтеъ кард ва онро зубаҳрайн хонд: мустафъилун фаъ/ мустафъилун фаъ ё мустафъилотун, мустфаъилотун, вале вазни аслии он ҳамоно фаълун фаъӯлун, фаълун фаъӯлун аст, ки хоси арӯзи порсӣ мебошад.

Дар ин маврид Мазоҳири Мусаффо менависад: “Ва барои ин вазн тақтеи дигаре ҳам дорем ба ин сурати мусамман (мустафъилун фаъ мустафъилун фаъ) ё ба ин сурати мураббаъ (мустафъилотун мустафъилотун) ва ҷузъи мустафъилотун низ, бино ба қавли арӯзиён, дар шумори сию се ҷуъзи аслу фаръ маъмулу мақбул, ки шеъри азби порсӣ бад-онҳост, наёмадааст ва ҳар кас ки барои изҳори маҳорат аз шоирони мутақаддим сохтаанд, дар шеърҳои мустасқили хеш ба қавли арӯзиён тақаббули шеъри араб кардаанд ва азоҳифи гаронро дар шумори азоҳифи порсӣ набояд шумурд” [2,148].

Аз миёни зиҳофҳои баҳри рамали мусаммани мушаъъаси мусаббағ Мавлавӣ ғазале дорад, ки ба ин вазн тақтеъ мешавад: мафъӯлун мафъӯлун мафъӯлун мафъӯлун, ки аз рӯи сохтор нав мебошад:

Уфтодам, уфтодам дар обе уфтодам,

Гар обе хӯрдам ман, дилшодам, дилшодам

Аз чархе, аз авҷе, бар баҳре, бар мавҷе,

Хуш тахте, хуш тахте, бинҳодам, бинҳодам.

Мавлоям, мавлоям, дар ҳукми дарёям,

Дар авҷаш, дар мавҷаш, мунқодам, мунқодам [3, ғазали 1494, с. 573].

Баҳри хафиф худ аз ибтикороти порсиён аст ва асли он аз мустафъилун фоъилун (ду бор) фоъилотун мафоъилун фаъилотун аст. Аммо арӯзиён корбасти мусаддаси онро хушоянд шумурдаанд ва мураббаъ ва мусаммани он дар арӯзи порсӣ роиҷ набудааст. Ин вазн бори нахуст дар ашъори Одамушшуаро Рӯдакӣ истифода шудааст:

Гар кунад ёрие маро ба ғами ишқ он санам,

Битавонад зудуд з-ин дили ғамхора занги ғам [7,91].

Фоъилотун мафоъилун фоъилотун мафоъилун (мусамман).

Аммо Мавлоно бар хилофи ақидаи арӯзиён аз мусаммани махбуни баҳри хафиф (фоъилотун мафоъилун фаъилотун мафоъилун) 13 ғазал сохта, ки намунааш ин аст:

Ҳала табли вафо бизан, ки биёмад авони ту,

Майи чун арғавон бидеҳ, ки шукуфт арғавони ту [3, ғазали 2295, с. 846].

Дар миёни ғазалҳои Девони Шамс 3 ғазал ба мушоҳида расид, ки тақтеи он мутафоъилотун мутафоъилотун аст. Агар онро ба сурати мусамман оварем, ба тариқи зайл тақтеъ мешавад: мутафоъилун фаъ мутафоъилун фаъ. Мисол:

Дили ман, кӣ бошад, ки туро набошад,

Тани ман кӣ бошад, ки фано набошад? [3,ғазали 963, с. 387].

*

Ту чунин набудӣ, ту чунин чароӣ,

Чӣ кунӣ хусумат, чу аз они моӣ [3, ғазали 3111, с. 1244].

*

Ту Худои хубӣ, ту сифоти ҳуӣ,

Ту яке набошӣ, ту ҳазор туӣ [3, ғазали 3112, с. 1245].

Чунин вазнҳо усулан дар арӯзи арабӣ мавриди корбурд қарор надоранд ва ин аз сохтаҳои порсиён аст, аз ҷумла Мавлавӣ. Бино ба ин, шоир дар ғазалиёти хеш дар баробари авзони суннатӣ талош карда, аз вазнҳои ғариба ва камкорбурде истифода кунад, ки хоси арӯзи порсии тоҷикӣ буда, дар он ҷазаботу шӯри қиёми самоъ эҳсос мегардад. Ва ин яке аз далелҳои танаввуъ ва рангорангии ғазалиёти Мавлавӣ мебошад.

Адабиёт:

1. Кадканӣ, Шафеъии Муҳаммадризо. Мусиқии шеър. –Теҳрон: Огоҳ,1381, чопи ҳаштум. Чиҳилу як+679 с.

2. Мазоҳири Мусаффо. Самоъи вазн дар китоби Ҷону ҷаҳон: зиндагӣ, андеша ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ (маҷмӯаи мақолот), ба кӯшиши Алӣ Мирансорӣ. –Теҳрон: Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. 1390. –с. 484. (сс. 145-158).

3. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавии Румӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Ба инзимоми шарҳи ҳоли Мавлавӣ. Ба қалами Бадеъуззамон Фурӯзонфар. –Теҳрон: Амири Кабир, 1376. – с. 1570 с.

4. Пурномдориён Тақӣ, Дар сояи офтоб: шеъри форсӣ ва сохтшиканӣ дар шеъри Мавлавӣ. –Теҳрон: Сухан, чопи дувум, 1384. –с. 418.

5. Рекардо Зипулӣ. Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ //Номаи Фарҳангистон. –Теҳрон, 1383. Давраи 6. Шумораи 4 (паёпай 24) –сс. 109 - 113.

6. Ар-Розӣ Шамсуддин Муҳаммад бини Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъори-л-Аҷам. Ба тасҳеҳи аллома Муҳаммад б. Абдуваҳҳоби Қазвинӣ ва тасҳеҳи муҷаддади устод Мударриси Разавӣ ва тасхехи муҷаддади Сируси Шамисо. -Теҳрон: Илм, 1388. –с. 640.

7. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Девони Рӯдакӣ. –Душанбе: Бухоро, 2015. –с. 334.

8. Хонларӣ Парвиз Нотил. Баҳс ва таҳқиқи арӯз. –Душанбе, 2018. – с. 298.

Умриддин Юсуфӣ, - доктори илмҳои филологӣ Мудири шуъбаи таърихи адабиёт

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES