Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
29 Dec 2025
Submitted by Admin
57

Дар Паёми 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам бо пешрафти самтҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа, бори дигар, махсусан масъалаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани саводу дониши насли имрӯз таъкид гардид. Албатта, дар роҳи ҳалли ин масъала масъулияти волидайн, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа аввалиндараҷа ва муҳим буда, барои рушду ҳифзи давлату миллат ва ояндаи дурахшони он нақши калидӣ доранд.

Воқеан, бояд ҳар фарди ҷомеа дар хотир дошта бошад, ки «ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».

Ба хотир меорем, охири асри XIX давраи аморати Бухороро, ки мардум аз нодонию бесаводӣ ба таассубу ҳурофот ва ҷаҳолат гирифтор буданд. Хусусан, дар давраи салтанати амирони манғития дар Бухоро маркази мутамаддини тоҷикон, мардум дар торикию ғафлатзадагӣ ва ҷаҳолату ақибмондагӣ қарор доштанд. С. Айнӣ дар «Таърихи инқилоби фикрӣ» китобе, ки баъд аз 70 соли навишт, бо забони тоҷикӣ танҳо соли 2003 рӯйи чопро дид, вазъи сиёсию иҷтимоии аморати Бухорои охири асри XIX ва ибтидои асри XX, аз он ҷумла, вазъи мактабу маорифи тоҷикон ва таҳаввули афкори ҷомеаи ин давраро бо арқому далел хеле равшан баён кардаанд. Аз рӯйи маълумоти С.Айнӣ, хусусан, дар охири асри XIX бесводию нодонӣ ва ҳурофоту ҷаҳолат ба авҷи аъло расида, дар зеҳни мардум дар ибтидои асри ХХ дар аснои ба вуҷуд омадани мактабҳои тарзи нави таълим, усули савтия, зери таъсири ҳаракатҳои инқилобии дар давлатҳои Эрон, Туркия ва Русия баамаломада, ҳамчунин нашр гардидани аввалин рӯномаю маҷаллаҳое, ки дар Бухоро, Самарқанд зуд паҳн мешуданд, вобаста ба дигаргуниҳои сиёсию иҷтимоӣ, дар миёни мардум ва равшанфикрон таҳаввулоти фикриро ба амал меоранд.

С. Айнӣ дар китоб, дар фасли баста шудани мактабҳои нав воқеаи аҷиберо овардаанд, ки ба вазъи мактабу маорифи аморати Бухоро вобастагӣ дошта, яке аз саҳифаҳои муҳимми мардуми Бухороро дар замони кушода шудани мактабҳои нав нишон медиҳад. Воқеа чунин аст: 6 сентябри соли 1909, рӯзи душанбе дар мактаби Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1875-1934) маҷлиси имтиҳон барпо мегардад. Аз рӯйи маълумоти С.Айнӣ ӯ ва рафиқони вай, Абдулвоҳиди Мунзим, Аҳмадҷони Ҳамдӣ ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ соли 1908 дар Бухоро аввалин мактаби усули навро ташкил доданд. Дар ин мактаб бачаҳо дар муддати ду-се моҳ савод баровада, хатхон ва хатнавис мешуданд. Ва ҳол он ки дар мактабҳои усули куҳна бача хонда бошад ҳам, фақат тӯтивор баъзе чизҳо ва сураҳои Қуръонро ёд мегирифт ва омӯхтани саводи пурра ва хат на ба ҳар як мактабхон ба осонӣ насиб мегардид (Куллиёт, ҷ. 7. – С. 270). Дар ин маҷлис волидайн ва хешовандони талабаҳо ва аз ҳар синф одамони тамошобин, муллоҳо, чанд нафар шогирдон ва маъмурони Остонақул қӯшбегӣ, чанд нафар хидматгарони Мирзо Насруллоҳбий, мулозими Мир Бурҳониддини раис ва одаму Бақохоҷаи қозиқалон ҳозир буданд. Ҳамчунин Домулло Икроми муфтӣ низ дар қатори аввалин атвол ҳозир шуданд. Аз Самарқанд муаллим мулло Абдулқодири Шакурӣ низ ҳозир буд.

Абдулқодир Шакурӣ (1875-1943) яке аз маъруфтарин чеҳраҳои ислоҳоти мактабу мадраса дар Осиёи Миёна ва яке аз муассисони нахустин мактаби усули ҷадид дар Осиёи Миёна буд. Дар маҷлис навҷавонони Бухоро ҷамъ дусад нафар ҳузур доштанд. Диққат диҳед, ба маълумоти С.Айнӣ, ки баъд аз он ки ҳозирин дониши дар муддати кӯтоҳ соҳибгардидаи толибилмонро дар имтиҳони хондану ҳисоб ва ҳозирҷавобии онҳо мебинанд, чунин маълумот овардаанд: «Бӯрибой Афандӣ, ки пири ҳаштодсола ва умри худро ба ишқу ҳавои мактаб сарф карда, лекин дар ин кор то ҳол иқдом кардани яке аз аҳли Бухороро надида, хуни ҷигар буд, гиряҳои шодӣ мекарду мегуфт: «Умед аст, то даҳ сол мактаби нав дар Бухоро умумият гирифта, авлоди ватан аз бетарбиятӣ халос шаванд, он рӯзро ман нахоҳам дид, аммо шумоён мебинед. Сад шукр, ки сар шудани корро дидам, акнун аз дунё беҳасрату ормон меравам» (Айнӣ С. Куллиёт, иборат аз 22 ҷилд. Ҷилди 7. Таърихи инқилоби фикрӣ. Таърихи амирони манӯити Бухоро. Таърихи инқилоби Бухоро. – Душанбе: Дониш, 2021. – С.39-40). Мӯйсафедони дигар ҳам, ки дар ин ҷаласаи имтиҳони талабагон иштирок доштанд, аз натиҷаҳои таълими мактаби нав муассир гашта, онҳо низ дар гиря буданд. Мардум дигар фарзандони худро барои таълим ба мактабҳои нав медоданд, аммо муносибати уламо, доираҳои ҳукумат, руҳониёни ифротӣ зидди чунин таълими нав баромад мекарданд. Ин воқеа шаҳодат аз он медиҳад, ки барои мардум саводнокшавӣ ва таълиму тарбия гирифтани фарзандон то кадом андоза муҳим ва зарур будааст. Дар даврае, ки ҷаҳолату ҳурофотпарастӣ, ақибмондагӣ дар авҷ буд ва «ҳар муллое, ки аз дасташ коре наояд ва фазлеву камоле надошта бошад, бояд ки мактабдорӣ кунад» вазъи мактабу маорифро худ қазоват кунед. Дар он рӯзҳо писари калони қозӣ Бадриддин – Бурҳониддин, ки дар сояи ҳимояи падараш ба ин мансаб мерасад, на илм ва на ақлу идрок дошт, ба муқобили таъсис ёфтани мактабҳои нав буд, ки «дар дараҷаи аввали фитнаангезӣ ва мунофиқӣ меистод». Воқеан, «салтанати амирони манғитияи Бухоро, комилан ақибмонда, торик ва маҳрум аз пешравӣ дар кулли соҳаҳои иҷтимоӣ» қаламдод шудаанд.

Дар замони муосир маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлати мо ба шумор меравад. Дар солҳои охир, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди мактаб ва маориф дорои дастовардҳои назаррас мебошад, аз ҷумла, сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ дорои синфхонаҳои равшан, озмоишгоҳҳои замонавӣ, китобхонаҳо ва таҷҳизоти техникӣ (компютер, интернет, тахтаҳои электронӣ), таъсиси донишгоҳҳои нав бо ихтисосҳои муосир, густариш ёфтани ҳамкориҳои байналмилалӣ, имкони таҳсил дар хориҷи кишвар ва таҷрибаомӯзӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ нишондиҳандаи муосиршавии соҳаи маориф мебошанд. Барои ташаккул ва такомул ёфтани сифати таълим ва баланд бардоштани малакаи хонандагону донишҷӯён платформаҳои рақамӣ, китобхонаҳои электронӣ ва усулҳои омӯзиши интерактивӣ ҷорӣ карда шуданд. Хусусан, дар солҳои охир ба нақш ва мақоми иҷтимоии омӯзгор тафаҷҷуҳ бештар дода шуда, такмили ихтисос ва ҳавасмандгардонии моддӣ афзоиш ёфтааст.

Насли имрӯзи мардуми тоҷик тамоми имкониятҳоро барои соҳиби саводу дониш ва омӯзиши касбу кор шудан доранд, ки дар рушди илм, хирад, ақлу заковат, равшанфикрӣ ва маърифатнокӣ даст ёбанд. Дар ин сурат Ватани мо обод ва яке аз кишварҳои мутараққӣ гашта, тамаддуну фарҳанги гузаштаамонро барои ояндагон таҳким мебахшад. Онгоҳ ягон нафар аз мардуми тоҷик ҷиҳати тангии моддӣ ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд, нисбат ба худ беэҳтиромӣ ва суханҳои носазовор намешунаванд, балки бо илму дониш, ақлу заковат дар ободии хонадону обу хоки кишвари азизи худ саҳм мегузоранд, бо тамоми нерӯи созанда ва ободкунанда онро ҳифз мекунанд, зеро Ватанро ободу рушд додан, чун гавҳараки чашм азиз доштан нишонаи баландии илму дониш ва ақлу заковати инсонӣ мебошад. Дар ин маврид ягон нафар дар зиндагии оянда ва мустақилонаи худ азият намекашад, бинобар ин ки, Ватанро ва худро соҳибӣ мекунад.

Мардуми тоҷик, ки идомадиҳандаи гузаштагони некноми худ – ориёҳо мебошанд, бояд дар партави ҷаҳон маҳз бо илму дониш ва касбу ҳунар, забон, фарҳанг, оину суннатҳо, анъанаҳои волои аҷдодони худро ҳифз намуда, дар арсаи ҷаҳон, ҳамчун халқи тамаддунсоз муаррифӣ намоянд.

Ҳошимова Хуршеда Абдуманноновна, д.и.ф., ходими пешбари шуъбаи адабиёти муосири ИЗА АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

MONUMENTS

ARTICLES