28 Sep 2022
Submitted by Admin
1061

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

Вале гоҳе ин қоидаро ба таври нохудогоҳ ё огоҳона риоят накардаанд. Барои мисол, дар замони барҳаёт будани Мавлоно нусхае аз девони ӯро тибқи корбасти авзони арӯзӣ мураттаб сохтаанд, ки чунин амр дар адаби порсӣ падидаи нодир мебошад. Ҷолиб он аст, ки Бадеъуззамони Фурӯзонфар зимни мураттаб сохтани «Куллиёти Шамси Табрезӣ» (Теҳрон, Амири Кабир, 1376) дар баробари риояти ҳуруфи қофия ин нуктаро ба эътибор гирифта, ғазалҳои дар вазн ҳамсонро мутобиқи ҳарфи қофия овардааст.

Ин «Куллиёти девон» беш аз чиҳил ҳазор байт аз ғазалиёт, қасоид, тарҷеот ва рубоиёти Мавлоноро фаро мегирад. Ин шумора ба он далолат дорад, ки Мавлоно яке аз пуркортарин шоирони порсигӯ мебошад. “Мавлоно, - менависад Тақӣ Пурномдориён, - дар девони худ беш аз панҷоҳ вазн ва ҳафдаҳ баҳри арӯзро истифода намуда, ки аз миёни вазнҳои ба кор рафта дар девони ѓазалиёт 18 вазн ё ба нудрат дар шеъри форсӣ ба кор рафта, ё аслан пеш аз Мавлавӣ корбурд надоштааст ва ҳадди ақалл 13 вазн аз ибтикороти худи Мавлавӣ аст” (Тақӣ Пурномдориён, Дар сояи офтоб. -с. 166).

Фузун ба ин, диққати моро ду бахши “Куллиёти девон”-и нашри Фурӯзонфар ба худ ҷалб кард, ки яке зери унвони «баҳрҳои мутафарриқа» ва дувумӣ бо номи «авзони ѓариба» омадаанд, аз як сӯ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ҳамчун арӯзидони бузург ва оҳангсозу оҳангшиноси мумтоз муаррифӣ созад, аз дигар сӯ, он нишонгари тасарруфоту ибдоъот ва ибтикороти шоир мебошад.

Ин вазнҳои ғариба аз авзони маъмулӣ (19 баҳри арӯзӣ) бо кадом хусусиёти худ фарқ доранд ва барои чӣ он дар вазни шеъри порсӣ аз ибтикороти Мавлоно дониста шудааст? Талош мекунем, ки ба ин пурсишҳо посух диҳем.

Аммо пеш аз ворид шудан ба мавзӯъбарои равшаншудани масъала баёни чанд мулоҳизаи муқаддамотӣ лозим аст.

Асоси вазни шеъри форсӣ, тибқи гузориши арӯзиён ва пажӯҳишҳои донишмандон, аз арӯзи арабӣ баргирифта шудааст. Бо он ки мо дар ҷои дигар фарқи илми бадеъи форсии тоҷикиро аз бадеъи арабӣ таҳқиқ кардаем, ин ҷо низ метавонем таъйид кард, ки арӯзи форсии тоҷикӣ аз арӯзи арабӣ тафовут дорад. Ин тафовутҳо чӣ гунаанд? Барои мисол, муҳаққиқи итолиёвӣ Рикардо Зиполӣ (1952) дар мақолаи «Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ» дар доираи 11 банд бархе аз ин фарқҳоро махсуси қофия дониста, онҳоро аз ҳамдигар тамоиз додааст, ки барои омӯзиш ва таҳқиқи қиёсии арӯзи арабӣ ва форсии тоҷикӣ аҳаммияти вижа дорад. Мо онҳоро барои равшан шудани моҳияти масъала бо каме ихтисор иқтибос мекунем:

«1) Сохтори ҳиҷоии ду забон – арабӣ ва форсӣ бо якдигар тафовут дорад;

2) Дар забони форсӣ мумкин аст ду ё се сокини мутаволӣ дар охири калима қарор гирад ва дар арабӣ чунин нест;

3) Дар форсӣ мумкин аст дар охири қофия касраи изофа (бандаки изофӣ-У.Ю.) қарор гирад ва дар арабӣ ин равиш корбурд надорад;

4) Дар форсӣ имкони истифода аз пасвандҳо вуҷуд дорад ва дар арабӣ вуҷуд надорад» (Рекардо Зипулӣ. Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ //Номаи фарҳангистон. –Теҳрон, 1383. Давраи 6. Шумораи 4 (паёпай 24) –с. 110).

Дар зимн мо метавонем, ба гуфтаҳои донишманди итолиёвӣ боз чанд бахши дигар изофа намоем:

1) Дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки онҳо дар шеъри форсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд;

2) Зиҳофоти бисёр пуркорбурде дар вазни арабӣ вуҷуд дорад, ки ҳеч гуна корбурде дар ҳамон авзон дар шеъри форсии тоҷикӣ надорад;

3) Ихтиёроти шоирии мутааддиде дар шеъри арабӣ ҳаст, ки ин ихтиёрот кӯчактарин нақше дар шеъри форсии тоҷикӣ надорад.

Аз замоне, ки истилоҳи шеър дар адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти форсии тоҷикӣ ҳамчун ҳунар баррасӣ шуд, ҳамеша мафҳуми он бо мафҳуми вазн лозима доштааст. Вазн навъе аз таносуб аст. Таносуб кайфияти зеҳнӣ буда, миёни ҷузъҳои гуногун низоми воҳидро ба вуҷуд меорад. Ин таносуб агар дар макон воқеъ шавад онро қарина номанд ва агар дар замон воқеъ шавад онро вазн хонанд. Вазн дорои иқоъ ё ритм аст, ки вобаста ба муҳит ва мавзӯъ таѓйир меёбад.

Барои мисол, агар дар як мисраъ 4 бор ва дар як байт 8 бор мафоъилун корбаст шавад, онро ҳазаҷи мусаммани солим гӯянд, ки баҳри аслии ҳазаҷ мебошад. Ва дар тақтеъ ҳар бор мафоилун хатм шавад, онро рукн номанд. Агар аз ин вазн ҳиҷое кам ё зиёд шавад, онро зиҳоф хонанд.

Дар ибтидо тасарруфоти Мавлавиро дар вазн нишон хоҳем дод, ки онро метавон қолабшикании вазн номзад кард. Бояд таъкид кард, дарозтарин мисрае, ки дар шеъри форсии тоҷикӣ ба осонӣ қобили идроки зеҳн аст, ғолибан аз 16 ҳиҷо иборат мебошад. Аммо Мавлоно ғазале сохта, ки дар як мисраъ 20 ҳиҷо дорад. Яъне, ба вазни маъмулӣ, як рукни дигар илова намуда, ки вазни нав ба вуҷуд омадааст. Масалан:

Оинаам ман, оинаам ман, то ки бидидӣ рӯи чу моҳаш,

Чашми ҷаҳонам, чашми ҷаҳонам, то ки бидидам чашми сиёҳаш (Куллиёти Шамси Табрезӣ, ѓазали 1269, с. 495).

Вазни ин ғазал муфтаъилотун муфтаъилотун муфтаъилотун муфтаъилотун ва баҳри он раҷази мусаммани матвии мураффал аст. Ин вазн, аз як сӯ, аз сохтаҳои худи Мавлоност ва дар шеъри форсӣ то “Девони кабир” ба мушоҳида нарасида, аз дигар сӯ, сохторшикании ҳиҷоии он аз ибтикороти шоир аст. Дар як мисраъ 20 ҳиҷо истифода шудааст. “Дар урфи шеъри форсӣ, - менависад Парвиз Нотили Хонларӣ, - баландтарин қитъаи силсилаи авзоне, ки қобили идроки зеҳн аст, бист зарб ё бист ҳиҷо мебошад. Аммо идроки қитъаи бистҳиҷоӣ низ мусталзами кӯшиши зеҳнист ва ба ин сабаб баҳри комили мусамман дар форсӣ ривоҷе наёфтааст” (Парвиз Нотили Хонларӣ. Баҳс ва таҳқиқи арӯз, с. 170).

Аммо, Мавлавӣ ин хатти сурхро убур карда, дар ғазали дигаре ҳудуди ҳиҷои як мисраъро ба 24 ҳиҷо расонида, ки чунин кор то асри XIII собиқа надошта ва аз ҷумлаи навовариҳои Мавлавӣ дар шеър ба шумор меравад. Матлаи ин ғазал чунин аст:

Биё биё, дилдори ман, дилдори ман, даро даро дар кори ман, дар кори ман,

Туӣ туӣ гулзори ман, гулзори ман, бигӯ, бигӯ, асрори ман, асрори ман (Куллиёти Шамси Табрезӣ, ѓазали 1785, с. 671).

Теъдоди рукнҳо аз рӯи муқаррароти шеъри форсӣ 4 бор бояд такрор мешуд, вале дар ин ѓазали Мавлавӣ 6 бор омадааст. Ду рукн зиёд аст ва ин амалро тасарруфот гӯянд. Вазни он мафоъилун мустафъилун мустафъилун, мафоъилун мустафъилун мустафъилун мебошад.

Тавре ки дар боло ишора шуд, дар шеъри арабӣ вазнҳои мустаъмали бисёре вуҷуд доранд, ки дар шеъри форсии тоҷикӣ ба гурӯҳи авзони номатбӯъ дохил мешаванд ва онро соҳиби “ал-Муъҷам” чунин таъриф карда, ки барои тамйизи арӯзайн муфид мебошад: «…ба ҳукми он ки каломи манзум бар ҳеч як аз ин аркони сегона (сабаб – ватад-фосила) ъало сабилилинфироди хеш оянд, набувад ва мақбули тибоъ (табъҳо, завқҳо – У.Ю.) намеомад, на бар асбоби муфрада. Чунонкигуфтаанд:

То кай моро дар ѓам дорӣ,

То кай бар мо орӣ хорӣ.

На бар автоди муфрада (ватади танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чаро аҷаб надорам аз нигори ман,

Ки бегунаҳ бурун шуд аз канори ман.

Ва низ бар фавосили муфрада (фосилаи танҳо) чунонки гуфтаанд:

Чи кунам санамо чу дилам ситадӣ,

Бикашам зи ту ҳарчӣ кунӣ зи бадӣ» (ал-Муъҷам, с. 30).

Вале, Мавлоно бар муқобили ин қоидаи арӯзии Шамси Қайс баромадааст. Агар онро аз рӯи назариёти Шамси Қайс таъриф созем, гунаи зер ҳосил шавад: «каломи манзум бар ин аркони сегона (сабаб, ватад ва фосила) ъалосабилилиҷтимоъи хеш оянд, мақбули тибоъ оянд». ВаМавлоно чунин амал карда, дар вазни фаъ лун фаъ лун фаъ лун (ҷудо - ҷудо, боист), яъне дар вазни мутадорики мусаммани мақтӯъ ду ғазал навиштааст. Ғазали нахуст аз 19 байт иборат аст. Чанд байт мисол меорем:

Чун дил ҷоно биншин, биншин,

Чун ҷон беҷо биншин, биншин.

Умре гаштӣ ҳамчун киштӣ,

Андар дарё биншин, биншин.

Афлотунӣ, Ҷолинусӣ,

Бишкан сафро биншин биншин.

Чун май, чун май талхӣ то кай,

Ҳамчун ҳалво биншин, биншин (Куллиёти Шамси Табрезӣ, ғазали 2097, с. 876).

Ғазали дигар:

Эй ҷон, эй ҷон фӣ сатриллоҳ,

Уштур мерон фӣсатриллоҳ.

Ҷонам оташ даркаш дар каш,

Пеши султон фӣсатриллоҳ.

Соѓар то лаб, мехур то шаб,

Андар майдон фӣсатриллоҳ.

Соқӣ барҷаҳ, бода дардеҳ,

Пингон, пингон фӣсатриллоҳ (Куллиёти Шамси Табрезӣ, ѓазали 2418, с. 898).

Ба андешаи Шамси Қайс, чунонки ишора рафт, чунин тарзи сухан гуфтан нохушоянд аст. Вале, агар мо ба ритми ботинии ин ғазалҳо бо таваҷҷуҳ назар кунем, ба мушоҳида мерасад, ки «ин вазн оҳанги дастак задан аст ба рақс ва барҷастану нишастан ва хостан» (Мазоҳири Мусаффо, Самоъи вазн 148).

Дар ваҳлаи аввал ҳолати якнавохти бидуни таѓйир ба назар мерасад ва ба занни қавӣ мақбули табъ набошад. Мавлоно ин ихтироъоти хешро идома бахшида, боз дар вазни мазкур тасарруф ворид месозад ва ба он як рукни дигар меафзояд, ба гунаи зер: фаъ лун фаълунфаъ лун фаълун. Фақат ҳангоми хониши он рукни аввал ҷудо ва рукни дувум пайваст иҷро мешавад, ки ҳолати мастии самоъро ба ёд меоварад.

Чунонки:

Бо ман санамо, дил якдила кун,

Гар сар наниҳем он гаҳ гила кун.

Маҷнун шудаам аз баҳри Худо

З-он зулфи хушат як силсила кун.

Сипора ба каф дар чила шуда,

Сипора манам тарки чила кун.

Эй мутриби дил з-он нағмаи хеш,

Ин мағзи маро пурмашғала кун (ѓазали 2095, с. 785).

Бо милоки Шамси Қайс мизони ин ғазалро бисанҷем, чунин тақтеъ ҳосил мешавад: мафъӯлу мафо/ъӣлун фаълун. Аз ин зовия, соҳиби «ал-Муъҷам» дар арӯзи суннатӣ корбасти онро ба он хотир ҷоиз намешуморад, ки дар қолаби вазни суннатӣ намегунҷад ва ба ин далел онро нохушоянд мешуморад. Шамси Қайс дар ин маврид чунин ақида дорад, ки мухолифи корбасти вазни Мавлоност: «Дар мусаддаси ахраби ин баҳр (ҳазаҷ) муроқабат аст, миёни «ё» ва «нун»-и мафоъӣлун ва баъд аз мафъулу (ба замми охир) ва мафоъилун ояд ба суқути «ё» ва ё мафоъӣлу (ба замми охир) ба суқути «нун» ва мафоъӣлуни саҳеҳ баъд аз мафъулу (ба замми охир). Набояд илло ки баъд аз ҷузъи саҳеҳ охир бе дигар ояд, чунонки мафъӯлу мафоъӣлун мафъӯлу мафоъӣлун ва ин натавонанд буд илло мусамман ё мураббаъ» ( Ар-Розӣ Шамсуддин Муҳаммад бини Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъори-л-Аҷам. Ба тасҳеҳи аллома Муҳаммад б. Абдуваҳҳоби Қазвинӣ ва тасҳеҳи муҷаддади устод Мударриси Разавӣ ва тасҳеҳи муҷаддади Сируси Шамисо. -Те–рон: Илм, 1388. –с. 35).

[Мисли мафъӯлу мафоъилун фаъӯлун (ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбуз ё маҳзуф) ҳамон вазни «Лайлию Маҷнун»-и Низомӣ. Ё Мавлоно бо вазни мафъӯлу мафоъилун мафоъӣлун 11 ғазал дорад.]

Ва чунонки дида мешавад, Мавлоно аз он вазне дигар ихтироъ карда: чаҳор бор фаълун, ки ба забони арӯзӣ гӯем, ҷамъи чаҳор фосилаи суѓро. Аммо дар шеъри порсӣ он ду навъ хонда мешавад: яке зарбӣ, яъне баъди ҳар вақф (ист, макс) як зарб бошад, ки дар он даст задан, ҳаракоти рақс ва тоб хӯрдан эҳсос шавад (фаъ лун, фаъ лун, фаъ лун, фаъ лун) [яъне, пас аз ҳар ист боз як зарб дида мешавад]; дувум изтиробӣ, ки баъди ҳар ҳаракат шитобе ба он афзуда шавад, то ҳаяҷон ва шӯру қиём, ки ангезиши изтироби ҷонро бештар кунад, ба мушоҳида расад, ба ин тарз: фаъ лун, фаълун, фаъ лун, фаълун (чунонки як рукнро ҷудо мехонӣ ва рукни дувумро пайваст) ки онро Мазоҳири Мусаффо «самоъи вазн» номидааст, ки хосси вазни шеъри порсист, ба назари мо, ба авзони фаҳлавиёт пайванди мустақим дорад ва муҳимтар аз ҳама онро аз арӯзи арабӣ тамйиз медиҳад. Дар ин сурат чархиш дар вазн ва оҳанг дар лафз пайдо мешавад ва онро зарбию хушоянд мекунад.

2) Баҳрҳои мутафарриқа

Мавлоно дар баҳри мутақориби солим (фаъӯлун, чаҳор бор) 20 ѓазал ва баҳри мутақориби мақсур ё маҳзуф (фаъал, фаъӯл) 14 ѓазал дорад. Ва мутақориб аз доираи чаҳорум аст (баъди ҳазаҷ, рамал, раҷаз). Аз ҷумла, Шамси Қайс гуфта, баъзе зиҳофҳои муншаъиб аз мутақорибро ба далели ба табиати забони порсӣ хос набуданашон тахриҷ кардаанд. Чунонки Парвиз Нотили Хонларӣ дар мавриди корбасти баҳри мутақориб, ки худ сохтаи порсиён аст, ақидаеро пеш меронад, ки барои баррасии татбиқии арӯзи арабӣ ва порсӣ муҳим буда, дар зоти худ навъе ҳанҷоршиканӣ аст: «Ибтикори эрониён дар қисмати вазни шеър иборат аз он аст, ки мавозини ҳиҷоии эрониро ба арӯзи каммии арабӣ татбиқ кардаанд ва аз ин интибоқ, ки қадимтарин ва комилтарин намунаи он баҳри мутақориб аст, шеъри форсии ҷадид ба вуҷуд омадааст» (Парвиз Нотили Хонларӣ. Баҳс ва таҳқиқи арӯз. –Душанбе, 2018. –с.298. - с. 66). Он дар ашъори ҳамосӣ бештар ба кор рафта, намунаи барҷастааш “Шоҳнома”-и Фирдавсист.

Аммо Мавлоно дар вазни фаъ лун фаъӯлун, фаъ лун фаъӯлун 10 ѓазал навишта:

Эй ҳафт дарё гавҳар ато кун,

В-ин миссҳоро пуркимиё кун.

Бигрист бар мо, ҳар санги хоро

Ин дарди моро ҷоно даво кун (ѓазали 2091. с. 783).

Ин ғазалро метавон бо ду вазни дигари арӯзӣ тақтеъ кард ва онро метавон зубаҳрайн хонд: мустафъилун фаъ/мустафъилун фаъ ё мустафъилотун, мустфаъилотун, вале вазни аслии он ҳамоно фаъ лун фаъӯлун, фаъ лун фаъӯлун, ки хоси арӯзи порсист, мебошад.

Дар ин маврид Мазоҳири Мусаффо менависад: “Ва барои ин вазн тақтеи дигаре ҳам дорем ба ин сурати мусамман (мустафъилун фаъ мустафъилун фаъ) ё ба ин сурати мураббаъ (мустафъилотун мустафъилотун) ва ҷузъи мустафъилотун низ бино ба қавли арӯзиён дар шумори сиюсе ҷуъзи аслу фаръ маъмулу мақбул, ки шеъри азби порсӣ бад-онҳост, наёмадааст ва ҳар кас ки барои изҳори маҳорат аз шоирони мутақаддим сохтаанд дар шеърҳои мустасқили хеш ба қавли арӯзиён тақаббули шеъри араб кардаанд ва аз азоҳифи гаронро дар шумори азоҳифи порс набояд шумурд” (Мазоҳири Мусаффо, Самоъи вазн, с. 148).

Аз миёни зиҳофҳои баҳри рамали мусаммани мушаъъаси мусаббағ Мавлавӣ ғазале дорад, ки ба ин вазн тақтеъ мешавад: мафъӯлун мафъӯлун мафъӯлун фаъ лон, ки аз рӯи сохтор нав мебошад:

Уфтодам, уфтодам дар обе уфтодам,

Гар обе хӯрдам ман дилшодам, ман дил шодам

Аз чархӣ, аз авҷӣ, бар баҳре, бар мавҷе,

Хуш тахтӣ, хуш тахтӣ, бинҳодам, бинҳодам.

Мавлоям, мавлоям, дар ҳукми дарёям,

Дар авҷаш, дар мавҷаш, мунқодам, мунқодам (ғазали 1494, с. 573)

Баҳри хафиф худ аз ибтикороти порсиён аст ва асли он аз мустафъилун фоъилун (ду бор) фоъилотун мафоъилун фаълотун аст. Аммо арӯзиён корбасти мусаддаси онро хушоянд шумурдаанд ва мураббаъ ва мусаммани он дар арӯзи форсӣ роиҷ набудааст. Ин вазн бори нахуст дар ашъори Одамушшуаро истифода шудааст:

Гар кунад ёрие маро ба ғами ишқ он санам,

Битавонад зудуд з-ин дили ғамхора занги ғам ( Девони Рӯдакӣ, с.91).

Фоъилотун мафоъилун фоъилотун мафоъилун (мусамман).

Аммо Мавлоно бар хилофи ақидаи арӯзиён аз мусаммани махбуни вазни хафиф (фоъилотун мафоъилун фаъилотун мафоъилун) 13 ѓазал сохта, ки ду намуна меорем:

Ҳала табли вафо бизан, ки биёмад авони ту,

Май чун арғавон бидеҳ, ки шукуфт арғавони ту (ғазали 2295, с. 846).

Дар миёни ғазалҳои Девони Шамс 3 ғазал ба мушоҳида расид, ки тақтеи он мутафоъилотун мутафоъилотун аст. Агар онро ба сурати мусамман оварем ба тариқи зайл тақтеъ мешавад мутафоъилун фаъ мутафоъилун фаъ. Мисол:

Дили ман, ки бошад, ки туро набошад,

Тани ман ки бошад, ки фано набошад. (ғазали 963, с. 387)

*

Ту чунин набудӣ, ту чунин чароӣ,

Чӣ кунӣ хусумат чу аз они моӣ (ѓазали 3111, с. 1244).

*

Ту Худои хубӣ, ту сифоти ҳуӣ,

Ту яке набошӣ, ту ҳазор туӣ (ѓазали 3112, с. 1245).

Чунин вазнҳо усулан дар арӯзи арабӣ мавриди корбурд қарор надоранд ва ин аз сохтаҳои порсиён аст, аз ҷумла Мавлавӣ. Бино ба ин, шоир дар ѓазалиёти хеш дар баробари авзони суннатӣталош карда, аз вазнҳои ғариба ва камкорбурде истифода кунад, ки хоси арӯзи форсии тоҷикӣ буда, дар он ҷазаботу шӯри қиёми самоъ эҳсос мегардад. Ва ин яке аз далелҳои танаввуъ ва рангорангии ғазалиёти Мавлавӣ мебошад.

Адабиёт:

1. Мазоҳири Мусаффо. Самоъи вазн дар китоби Ҷону ҷаҳон: зиндагӣ, андеша ва осори Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ (маҷмӯаи мақолот), ба кӯшиши Алӣ Мирансорӣ. – Теҳрон: Маркази Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. 1390. – с. 484. (сс. 145-158).

2. Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад Мавлавии Румӣ. Куллиёти Шамси Табрезӣ. Ба инзимоми шарҳи ҳоли Мавлавӣ. Ба қалами Бадеъуззамон Фурӯзонфар. – Теҳрон: Амири Кабир, 1376. – с. 1570 с.

3. Пурномдориён Тақӣ, Дар сояи офтоб: шеъри форсӣ ва сохтшиканӣ дар шеъри Мавлавӣ. –Теҳрон: Сухан, чопи дувум, 1384. –с. 418.

4. Рекардо Зипулӣ. Пажӯҳиш дар фанни қофияи шеъри форсӣ //Номаи фарҳангистон. – Теҳрон, 1383. Давраи 6. Шумораи 4 (паёпай 24) – сс. 109 - 113.

5. Ар-Розӣ Шамсуддин Муҳаммад бини Қайс. Ал-муъҷам фӣ маъойири ашъори-л-Аҷам. Ба тасҳеҳи аллома Муҳаммад б. Абдуваҳҳоби Қазвинӣ ва тасҳеҳи муҷаддади устод Мударриси Разавӣ ва тасҳеҳи муҷаддади Сируси Шамисо. - Теҳрон: Илм, 1388. –с. 640.

6. Рӯдакӣ, Абӯабдуллоҳ. Девони Рӯдакӣ. –Душанбе: Бухоро, 2015. – с. 334.

7. Хонларӣ Парвиз Нотил. Баҳс ва таҳқиқи арӯз. – Душанбе, 2018. – с. 298.

Умриддин Юсуфӣ,

доктори илмҳои филологӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES