05 Oct 2022
Submitted by Admin
1144

Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик

Баъд аз эълони Истиқлоли давлатӣ вазифаҳои забоншиносони тоҷик ба куллӣ тағйир ёфт. Шароити нав ва зарурати таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ масъалаи таҳқиқи ҳамаҷонибаи забони тоҷикиро ба миён овард. Бояд гуфт, ки дар зарфи сиву як соли истиқлоли давлатӣ дар илми забоншиносии мо дигаргуниҳои амиқе ба вуҷуд омад

Дастовардҳои асосии мо дар даврони Истиқлол ба таври комил дар коргузории расмӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ ва ба забони муоширати байни халқҳои сокини кишвар табдил ёфтани забони давлатӣ мебошад. Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлолият забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асоси меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташаккул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, истиқлоли давлатӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад» . Дар ин гуфтаҳои Президенти кишвар ду нуктаи бисёр муҳим нуҳуфта аст. Аввалан, Истиқлоли Тоҷикистон барои рушди забони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам овардааст. Сониян, ин шароит имкон додааст, ки забони тоҷикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба забони муоширати байни халқҳои сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал шавад.

Соли 2007 дар таърихи фарҳангнигории забони мо соли махсус буд. Пеш аз ҳама, тадбирҳои мушаххасе, ки барои инкишофи забон аз тарафи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуд, воқеан марҳилаи навро дар масъалаи омӯзиш ва таҳқиқи забони тоҷикӣ оғоз намуд ва бисёр монеаву мамониатҳои сунъиро дар ин замина барканор сохт. Ин пешниҳодҳо, ки масъалаҳои баргашт ба номгузории асили забони тоҷикӣ, таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони адабии тоҷикӣ» ва «Энсиклопедияи бузурги тоҷик»-ро дар бар мегирифт, дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (20-уми марти соли 2007) аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид ва мавриди дастгириву ҳамовозии тамоми мардуми тоҷик қарор гирифт.

Дар баробари рушди бемайлони забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳот асосҳои ҳуқуқиву меъёрӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ низ барои инкишофи ояндаи забони модарии мо гузошта шудааст.

Пас аз эълони истиқлол ба ҳамагон маълум аст, ки нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ ба маротиб афзуда ва вазифаҳои ниҳоят ҷиддӣ дар назди он қарор гирифтааст, ки мутолиа ва барасии илмии онҳо бояд ба таври академикӣ анҷом гирад. Аз ин сабаб аз ҷониби давлат ва ҷомеа дар назди Институти забон ва адабиёт вазифаҳои ниҳоят мухим гузошта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар иҷрои тамоми вазифаҳои давлатӣ оид ба инкишофи илми забоншиносӣ ба Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳамчун маркази муҳимми миллии ҳамоҳангсози татбиқи сиёсати забонии давлат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ҷои ифтихор аст, ки аз ҷониби Президент Институти забон ва адабиёт ба сифати чунин як марказ интихоб шуда, вазифаҳои он низ барои оянда ба таври муфассал барномарезӣ шудааст. Бар уҳдаи Институти забон ва адабиёт дар соли 2007 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон шаш вазифаи мушаххас гузошта шуда буд: «Аз ин рӯ, зарур аст, ки неруи илмии институти зикршударо афзун сохта, онро ба муассисаи ягонаи омӯзиш ва таҳқиқи масъалаҳои забони давлатӣ табдил диҳем. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки тавассути Институти мазкур чунин масъалаҳои вобаста ба рушди забони давлатӣ мавриди омӯзиш ва ҳаллу фасл қарор дода шаванд:

- танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он;

- таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забони муосир ва таъмини рушди забони адабӣ;

- таҳқиқ ва нашри грамматикаи илмии забони адабӣ дар асоси меъёрҳои нави забон;

- таҳия ва нашри грамматикаи таърихии забони тоҷикӣ;

- нашри маводи таълимӣ оид ба забони адабӣ;

- таҳия ва нашри фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, меъёрӣ ва фарҳанги имлои забони адабӣ.»

Масъалаҳои густариши забони тоҷикӣ минбаъд ҳам мавриди таваҷҷуҳи давлат қарор гирифта, зарурати қабули қонуни нави забон ба вуҷуд омад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (5 октябри соли 2009) қабул гардид. Ин Қонун вазъ, истифода, ҳимоя ва дурнамои рушди забони тоҷикиро дар шароити имрӯзаи сиёсати дохилӣ ва берунии кишвар муайян менамояд. Қонуни нав дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ ва вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ омода гардида, дар он чунин вазъи ҳуқуқии истифодаи забонҳои ақаллиятҳои миллӣ ва хориҷӣ муайян гардидааст. Барои татбиқи ин Қонун сохтори нави давлатӣ – Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Бар уҳдаи ин Кумита масъулияти татбиқи Қонуни мазкур, танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот ва назорати истифодаи меъёрҳои забони адабӣ гузошта шудааст. Баъд аз эъломи Истиқлол зери таъсири вазъияти нави ҷаҳонӣ барои таҳқиқи таърихи забон аз диди нав, аз нав эҳё кардани суннатҳои бостонии ҷомеа, истифодаи таҷрибаи таърихии забони тоҷикӣ ва забоншиносони ватанӣ шароити мусоид муҳайё гардид. Доир ба таърихи забон асарҳои зиёде таҳия шуданд. Соли 2019 ҳангоми мулоқот ба истиқболи даҳсолагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 марти соли 2009) Сарвари тоҷикон масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ, махсусан риояи меъёрҳои таърихии забони адабӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, омода сохтани пайкараи забон, танзими истилоҳот ва як силсила масъалаҳои мубрами забони тоҷикиро хотирнишон кард. Махсусан, барои густариши забони тоҷикӣ дар оянда асару мақолаҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти махсус дорад. Роҳҳои асосии густариши забони тоҷикӣ дар асарҳои ӯ ба монанди «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориён то Сомониён» (1999, 2002, 2006, 2009), «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (2006), «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» (2006) инъикос ёфтаанд. Аз ҷумла, китоби ӯ «Забони миллат – ҳастии миллат», (ҷилди 1, чопи аввал 2016, чопи дувум 2018, ҷилди 2, 2020) дастовардҳои охири забоншиносии тоҷикро дар бобати таърихи густариши забони тоҷикӣ дар худ таҷассум кардааст. Махсусан, дар асарҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва дар китоби сеюми «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба масъалаҳои инкишофи илми забоншиносии кишвар, пажӯҳиши таърихи забони тоҷикӣ ва лаҳҷаҳову шеваҳои он, таҳқиқи забонҳои эронитабор ва инкишофи забоншиносии муқоисавӣ аҳамияти зиёде дода, самтҳои асосии пешрафти илми забоншиносӣ муайян шудааст.

Махсусан, нашри асари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи “Забони миллат - ҳастии миллат, Китоби якум, Ба сӯйи боландагӣ” ва Китоби дуюм бо номи “Забони миллат - ҳастии миллат, Забон ва Замон” армуғони сазовор ба мардуми тоҷик гардид. Ин асари бунёдии илмӣ барои оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шуда, рушди забони моро аз давраҳои бостон то асри XIII инъикос менамояд. Он бо истифода аз асарҳои гуногуни дар давраҳои мухталиф таҳияшудаи илмӣ омода гардида, аз лиҳози сабку ҷобаҷогузории мавод ва тарзи пешниҳодаш аз дигар осори забоншиносӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Дар ин асари бунёдӣдастовардҳои ахири забоншиносиву тоҷикшиносии ватаниву ҷаҳонӣҷамъбаст гардидааст.

Китоби аввал аз пешгуфтор, шаш боб, хулоса, китобнома (407 адабиёти истифодашуда) ва 491 саҳифа иборат мебошад. Дар пешгуфтор ба таври мухтасар таърихи густариши забони тоҷикӣ аз давраи бостон то ба ҳол, истиқлол ва аҳамияти таърихии он дар сарнавишти забони тоҷикӣ, ҳадафу мақсади муаллиф, вазифаҳои забоншиносон дар пажӯҳиши забоншиносии забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Китоби 2-юми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо номи «Забон ва замон» бахши 2-юми ин асар аз 7 боб ва 40 банд иборат буда, пажӯҳиши таърихи забони тоҷикиро аз асри XIII то ибтидои садаи XX дар бар мегирад. Асари мазкур таърихи забони моро аз назари сотсиолингивистика, яъне робитаи забон бо ҷомеа таҳлил намудааст. Бинобар ин муаллиф ҳангоми нишон додани хусусияту вижагиҳои забон дар давраҳои мухталиф аз маълумоту сарчашмаҳои таърихиву адабӣ ба таври васеъ истифода кардааст.

Ҳамин тариқ, китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат» як давраи бисёр муҳими рушди забони тоҷикиро аз нуқтаи назари таҳқиқҷамъбаст намуда, барои муҳаққиқони оянда маводу сарчашмаҳои бисёр муҳими таърихӣ, адабӣ ва забониро ба ҳам оварда, барои пажӯҳиши онҳо сарчашмаи муътабаре хоҳад гашт.

Забони тоҷикӣ дар давраҳои таърихии рушду густариши худ фарозу нишеби зиёдеро тай намуда, аз марҳилаҳои пурҳаводиси таърихӣ сарбаландона гузашта, барои соҳибони худ чун сипари боэътимоди нигаҳдорандаи анъанаву суннатҳо ва маҳфуз мондани мероси ниёгони мо хидмати побарҷо кардааст. Забони мо наслҳои гузаштаву имрӯзиро ҳамчун кохи бегазанди ганҷинаи сухани ноб пайванд дода, дар худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардуми тоҷик нақши бунёдӣ дорад.

Фарҳангҳои тафсирӣ инъикосгари сарвати луғавии халқ ва яке аз муҳимтарин василаи боло бардоштани савияи забондониву забономӯзии аҳли ҷомеа мебошад. Хусусан бо назардошти «вазъи имрӯзаи забони адабии тоҷик, омӯзиши он дар мактабҳои таълими ҳамагонӣ, мактабҳои олӣ, усули таълим, забони китобҳои дарсӣ, асарҳои илмӣ ва бадеӣ, матбуот, ба хусус телевизионва радио, забони муошират…, ки ислоҳи ҷиддӣ ва такмили ҳамарӯза мехоҳанд», ба вуҷуд овардани луғати тафсирие, ки дар он сарвати луғавии беш аз ҳазорсолаи давраи нави рушду нумӯи забони тоҷикӣ (аз замони Рӯдакӣ то имрӯз) ҳарчи зиёдтар ҷой ва шарҳу эзоҳ дода шуда бошад, яке аз вазифаҳои муҳимтарини фарҳангнигорони тоҷик ба шумор меравад.

Ганҷинаи кохи баланду бегазанди сухан ва вожагони забони тоҷикӣ шумораи зиёди фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва тафсирии забон мебошад, ки теъдоди то ба ҳолмаълумро донишмандон аз 200 то 250 китоб донистаанд.

Сайри таърихӣ ва густаришу такомули фарҳангнигорӣ дар забони тоҷикӣ аз тарафи муҳаққиқон ва донишмандони зиёде мавриди пажӯҳиш ва таҳлил қарор гирифта, дар ин бора садҳо китобу ҳазорон мақола навишта шудааст, ки танҳо навиштани номи онҳо чанд ҷилд китоб хоҳад шуд. Фақат ҳаминро метавон зикр намуд, ки дар шароити имрӯзии рушди фарҳангнигории ҷаҳон таҳияи фарҳангҳои умумии тафсирӣ ҳадафҳои мушаххаси илмиву амалӣ дорад. Нахуст аз ҳама ҷамъоварии вожагони забон ва бо як меъёри вожанигорӣ таҳия ва пешниҳод кардани он дар шакли фарҳангҳои тафсирӣ зинаҳои муайянро дар бар мегирад. Чунин фарҳангҳо аз лиҳози ҳаҷм, андоза, мавод, тарзи таҳия ва фарогирии ҳадафҳо гуногун мешаванд. Таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» аз рӯи ҳаҷм, андоза ва маводди пешниҳодгардида дар таърихи фарҳангнигории Тоҷикистон бори аввал сурат гирифта, ҳадафи асосии он бароварда сохтани ниёзи қишрҳои мухталифи ҷомеаи мо дар истифодаи китобу навишта ва осори давраи классикии забони тоҷикӣ ва ҳам матну осори нависандагон ва адибону донишмандони муосири тоҷик мебошад.

Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҷамъоварии маводди фарҳангҳои давраи классикӣ, осори нависандагон ва шоирони тоҷик, матнҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ, матбуот ва лаҳҷаҳои гуногуни забони тоҷикӣ аз ибтидои садаи ХХ оғоз шуда то ба ҳол идома дорад. То ба имрӯз дар ганҷинаи ду шӯъбаи Институт–шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот ва шӯъбаи забон зиёда аз 4,5 миллион барга бо вожаҳои мисолдор аз осори давраҳои гуногуни рушди забони тоҷикӣ ҷамъоварӣ шудааст. Ҳадаф аз ҷамъоварии ин мавод пеш аз ҳама бунёди ганҷинаи вожагони забони тоҷикӣ (Бонки забон) бо фарогирии тамоми вожаҳои забони адабӣ ва лаҳҷаҳои забон бо овардани намунаҳои мисол-шоҳидҳо аз осори забонӣ мебошад. Барои анҷоми чунин як пажӯҳиши муфассал ҷамъоварии фарҳангҳо, таҳияи феҳристи мукаммали он, тартиб додани маҷмӯаи баргаҳои хаттӣ ва компютерии вожагон (бо намунаҳо аз осори гузаштагон), таҳқиқи илмии ҷанбаҳои гуногуни фарҳангнигорӣ, таҳия ва нашри матни интиқодии фарҳангҳои пешин зарур аст. Анҷоми чунин як таҳқиқоти муфассалу бунёдӣ, замон ва вақти зиёдеро фаро гирифта, як маркази умумии таҳқиқи муқоисавии фарҳангҳои тоҷикиро тақозо менамояд, то як силсила масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва хусусан фарҳангнигории тоҷик баррасӣ гардад.

Таҳия ва нашри «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» яке аз зинаҳои анҷоми ин барномаи пажӯҳишӣ мебошад. Мувофиқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни кишвар (моҳи марти соли 2007) кори «таҳияи фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ бо истифода аз таҷриба ва меъёрҳои «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ва дигар луғатномаҳои мавҷудаи тоҷикӣ, дарӣ ва форсӣ соли 2008 дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оғоз гардид. Зарурати таҳияи ин фарҳанг дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми мулоқот бо зиёиёни кишвар 21 марти соли 2009 бори дигар ба таври зерин таъкид гардида буд. «Дар назди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо вазифаи таълифи «Фарҳанги тафсирии мукаммали забони тоҷикӣ» иборат аз 6 ҷилд гузошта шудааст ва табъу нашри он дар зарфи 5 соли наздик бояд ба анҷом расад» 5 Лоиҳаи таҳияи ин фарҳанг дар шаш ҷилд соли 2008 тасдиқ ва маблағгузории он аз аввали соли 2009 оғоз гардид.

Фарҳанги тафсирии мукаммали забони тоҷикӣ асосан дар заминаи се фарҳанг – «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969), «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (2008) ва «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2004-2006), ки дар онҳо таркиби луғавию сарвати фразеологии забони тоҷикӣ дар муддати 30-40 соли охир як андоза ҷамъ овардаву ба тартиб андохта шудааст ва инчунин дар асоси маводди ганҷинаи баргаҳои калимаҳои мисолдори шӯъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот, ки дар тайи беш аз 70 соли мавҷудияти Шӯъба аз осори хаттии адабӣ ва илмии даврони гузашта ва аз асарҳои муосири адабиву илмии оммавӣ, аз нашрияҳои расмӣ ва матбуоти даврӣ интихоб ва ҷамъоварӣ гардидаанд, таълиф ёфтааст. Инчунин бо такя ба супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи сарчашмаҳои муосири фарҳангнигории кишварҳои ҳамзабон дар таҳияи ин фарҳанг аз маъхазҳои муътамади фарҳангнигории Эрону Афғонистон, махсусан аз фарҳангҳои «Луғатнома»-и Деҳхудо, «Фарҳанги бузурги сухан»-и Ҳасани Анварӣ, «Фарҳанги Муин»-и Муҳаммади Муин, «Фарҳанги Амид»-и Ҳасани Амид ва як силсила фарҳангу луғатномаҳои умумӣ ва соҳавӣ ба таври васеъ истифода шудааст. Ин фарҳанг дорои тақрибан 200 ҳазор калима ва таркибу ибораҳои тафсиршуда буда, аз ҷиҳати ҳаҷм тахминан 400 ҷузъи таълифиро ташкил медиҳад.

Ҷилди аввали «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» ҳарфи «А» бо фарогирии 11,5 ҳазор вожаву таркибҳо соли 2011 тибқи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 642 аз 31 декабри соли (2008) ба нашр расид.

Баъдан бо сабабҳои субъективӣ Лоиҳаи таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» бо пешниҳоди роҳбарияти онвақтаи Институт ва бо дастгирии Раёсати Академияи илмҳо (Илолов М.И.) боздошта шуд ва танҳо соли 2017 бо дастгирии бевоситаи Раёсати АМИТ ва Президенти АМИТ академик Фарҳод Раҳимӣ дар шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот аз сар гирифта шуд. То ба ҳол чор ҷилди ин фарҳанг (ҳарфҳои А, Б, В, Г, Ғ ва Д) таҳия, ду ҷилди он чоп ва ду ҷилди дигари он ба нашр супорида шудааст. Ҷилди дувум, ҳарфи «Б» (13 ҳазор вожаву таркибҳо) имсол дар рӯзҳои ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии ҶТ нашр шуд.

Ҳамин тариқ баъд аз ёздаҳ соли нашри ҷилди аввал соли 2022 ҷилди дувуми он, ҳарфи “Б” бо 13 ҳазор вожаву таркибҳо нашр гардид . Дар ҳарду ҷилд аз захираи вожагони осори гузаштагони мо Рӯдакӣ Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Ҳофиз, Саъдӣ, Ҷомӣ, Сайидо, Ҳилолӣ, Бедил, Аҳмади Дониш инчунин аз осори давраи навини рушди забони тоҷикӣ Айниву Лоҳутиву Сотим Улуғзода, Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдулҳамид Самад, Аскар Ҳаким, Гулрухсор, Фарзона ва дигарон ба таври васеъ истифода шудааст. Танҳо дар ҷилди дувум, ҳарфи “Б” 130 намуна бо овардани шарҳу тафсир аз ашъори Рӯдакӣ оварда шудааст. Ба таври мисол вожаҳои базеб, базм, базмхона, бало, балоя, банд, бандагӣ...

БАЗЕБ بزیب 1. зебо, хушрӯй, ҷамил.

Гули садбаргу мушку анбару себ,

Ёсамини сапеду мӯрди базеб

Ин ҳама яксара тамом шудаст

Назди ту, эй бути мулукфиреб. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 65)

БАЗМ بزم ҷашну сур, маҷлиси айшу ни¬шот; зиёфати арусӣ ва ғ. бо ҳузури ҳофизону раққосон ва ромишгарон; маҳфили унс, зиёфати ҳамдилон.

Чун сипарам неҳ миёни базм ба Наврӯз,

Дар маҳи Баҳман битозу ҷони аду сӯз! Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 67)

БАЗМХОНАبزم‌خانه базмгоҳ, базм¬ҷо; хо¬нае, ки дар он базм барпо мегар-дад.

Баҳори Чин кун аз он рӯй базмхонаи хеш,

Агарчи хонаи ту Навбаҳори барҳаман аст. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 72)

Навбаҳори барҳаман ишора ба оташкадаи Навбаҳори Балх аст, ки як давраи муайян то истилои Араб қисман ба дайри ҳиндувон табдил ёфта буд ва Сомонхудот, соҳиби мулки Сомон, падарбузурги Исмоили Сомонӣ даврае нигаҳбони ин оташкада низ будааст.

БАЛО маҷ. озмойиш, имтиҳон, санҷиш; балои сахт а) бадбахтӣ ва мусибати сахт; муқ. балои азим; б) киноя аз оз¬моиши сахт, имтиҳони бузург.

Андар балои сахт падид ояд

Фазлу бузургмардию солорӣ. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 116)

БАЛОД(А) بلاد//بلاده 1. фосиқ, бадкирдор, ба䬬кор, фосидкор. 2. фоҳиша, руспӣ, қаҳба, лода, бадкора, балоя, бағоба.

Ҳар он карим, ки фарзанди ӯ балода бувад,

Шигифт бошаду он аз гуноҳ сода бувад. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 65)

БАЛОЯ بلایه кит. 1. нобакор, палид, фу¬рӯмоя.

Биёред ин палиди бадкунишро,

Балоя гандапири сагманишро.

Фахриддини Гургонӣ

2. фоҳиша, қаҳба, руспӣ, сабукпо.

Аё балоя, агар кораки ту пинҳон буд,

Кунун тавонӣ боре хашук пинҳон кард? Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 120)

БАНД بند пайванд, ҷойи ба ҳам пайвастани устухонҳои бадан, мафсал, мафосил, буғум; умуман ҷойи пайваст шудани чизҳо.

Хаёли разми ту гар дар дили аду гузарад,

Зи бими теғи ту бандаш ҷудо шавад аз банд. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 126)

БАНДАГӢبندگی 1. банда будан, ғуло¬мӣ; асорат; муқоб. озодӣ.

Ту Рӯдакӣ ба ғуломӣ агар қабул кунӣ,

Ба бандагӣ написандад ҳазор Дороро. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 135)

БАРАبره 1. бачаи гӯсфанд ва оҳу, оҳу¬бара.

Дар зери фалак нишоти мо чист?

Рақси бараву дукони қассоб! Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 150)

БАРҚ а.برق 1. ҳодисаи табиат, ки дар на¬тиҷаи бархӯрдани зарядҳои мус¬бату манфии абрҳо бо дурахшиш ва таркиши босуръату пурқувват дар фазо ба амал меояд, озарахш, соиқа; гуфт. оташак, чароғак.

Замоне барқ пурханда, замоне раъд пурнола,

Чунон модар абар сӯги аруси сездаҳсола. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 192)

БАРТАР برتر 1. болотар, авлотар.

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон. Рӯдакӣ

(ФМЗТ, ҷ 2, с. 224)

Хулоса, дар рӯзҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ “Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ” ҳарфи “Б” бо фарогирии 13 ҳазор вожаву таркибот, ки инъикосгари таърихии вожаҳои забони тоҷикӣ, осори забонии таърихи чандҳазорсолаи вожагони он, аз ҷумла осори безаволи Рӯдакӣ намунаи рушду нумӯи илму фарҳанги тоҷик ва дар амал пиёда шудани сиёсати хирадмандонаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти кишвар ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Зарурати ба анҷом расидани кори таҳияи «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» рӯзи 27 сентябри соли 2022 дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маориф дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба таври зерин бори дигар таъкид гардид: “Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст. Барои иҷрои корҳои зикршуда мо бояд шахсонеро, ки қобилият, маҳорат ва таҷрибаи таҳияи фарҳангномаҳоро доранд, дастгирӣ кунем ва сафи онҳоро зиёд гардонем”.

Адабиёт

1. Маҷидов Ҳ. Забони адабии муосири тоҷик, Душанбе, 2007, ҷ. 1.

2. Муҳаммадҳусайни Бурҳон. Бурҳони қотеъ. –Душанбе: Адиб. Ҷилди 1, 1993, 416с.; ҷилди 2, 2004, 424с.; ҷилди 3, 2014, 398 с. Таҳияи матн, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А. Нуров.

3. Муҳаммад Ғиёсуддин. Ғиёсғ-ул-ғлуғот. Душанбе: Адиб. Ҷилди 1, 480с.; ҷилди 2, 416с. Таҳияи матн бо пешгуфтор, мулҳақот, тавзеҳот ва феҳристи А. Нуров.

4. Назарзода С. Имло ва забони адабӣ, - Душанбе, Эр-граф, 2016.

5. Назарзода С. Пояҳои густариши забони миллӣ. Душанбе, «Эр-граф», 2016.

6. Намунаҳо аз Фарҳанги Асдии Тӯсӣ, Луғати фурс, муқаддима, таҳия, таълиқот, ҳошия, луғот ва феҳристи Нурулло Ғиёсов.- Хуҷанд, «Нури маърифат», 2015.

7. Саймуддинов, Д. Фарҳангномаҳои форсии миёна / Д. Саймиддинов. – Душанбе: «Дониш», 1994.

8. Фарҳанги забони тоҷикӣ (ФЗТ): иборат аз 2 ҷ. / дар зери таҳрири М.Ш. Шукуров, В.А. Капранов, Р. Ҳошим, Н.А. Маъсумӣ.- М.: Советская Энциклопедия, 1969.

9. Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди аввал, ҳарфи А, Душанбе, “Шарқи озод”, 2011.

10. Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ, ҷилди дувум, ҳарфи “Б” Душанбе, “Дониш”, 2022.

11. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷавонон ояндаи миллат (Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони лаёқатманд) // Ҷумҳурият, 23 майи соли 1998.

12. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷомеа ва рисолати зиёӣ (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни кишвар, 20 марти соли 2009) // Садои мардум, 28 марти соли 2009.

13. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби якум. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002.

14. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби дуюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, 2002.

15. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих. Китоби сеюм. Аз Ориён то Сомониён, Душанбе, Ирфон, 2006.

16. Эмомалӣ Раҳмон. Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ. Душанбе, Ирфон, 2006.

17. Эмомалӣ Раҳмон. Забон ва бедории миллӣ // Садои мардум, 24 мартис. 2001.

18. Эмомалӣ Раҳмон. Фарҳанг ҳастии миллат аст // Ҷумҳурият, 24 мартисоли 2001.

19. Эмомалӣ Раҳмон. Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат дар театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ, 20 мартисоли 2004// Ҷумҳурият, 25 марти соли 2004.

20. Эмомалӣ Раҳмон. Мушкилоти рӯзгори мардумро осон ва мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро боз ҳам мустаҳкам гардонем. // Ҷумҳурият, №36 (21243), 27 марти соли 2007.

21. Эмомалӣ Раҳмон. Наврӯз барои миллати мо ҷашни муқаддас аст. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқот бо аҳли зиёи мамлакат (19 марти соли 2000).

22. Эмомалӣ Раҳмон. Забон яке аз сарчашмаҳои асосии истиқлоли миллӣ ва омили муҳимми ташаккули миллат мебошад. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи забон, 21 июли соли 2007.

 

Назарзода С., узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES