01 Dec 2022
Submitted by Admin
1042

Нигориши олами ашё дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, пейзаж, сурат мегирад, ки на фақат зуҳуроти алоҳидаи табиат, балки ҳамроҳи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст, масалан, обу замин, осмону абр, набототу ҳайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, ҳамаи чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст. Дар шеъре, ки тасвираш моҳияти иҷтимоӣ, маърифатӣ, зебошинохтӣ дошта бошад, мавқеи олами ашё бо зуҳуроти гуногуни худ, хоҳ дар шакли манзараҳои табиат ва хоҳ воқеияти навофаридашуда, масалан, намои шаҳру сохтмонҳо, муҳиммтар гашта, маҳз ба василаи онҳо дар шахсияти шеър ин ё он гуна эҳсосоту таассуроти ғиноӣ пайдо мешавад. Аносир ва зуҳуроти гуногуни воқеияти мавҷуда, ки дар рӯ ба рӯи ҷаҳони ботинии шахсияти шеър қарор мегиранд, маншаи чигунагии идроки ӯ аз олами ҳастӣ мебошанд, ки ба он рангу тобиши гуногун – воқеӣ, хаёлпардозона, масарратомез ва ё ҳузнангез медиҳанд. Дар ин ҳолат олами ашёву воқеият арзиши иҷтимоӣ, маърифатӣ, зебошинохтӣ пайдо карда, маводи шеъри ғиноӣ мешавад, зеро шеъри ғиноӣ махзани арзишҳоест, ки шахсияти он аз маърифати зуҳуроти мухталифи ҷаҳони ҳастӣ ҳосил менамояд.

Тасвири олами ашё дар шеъри форсии тоҷикӣ решаҳои ҳазорсола дошта, сунннатҳои шукуфо ва пурбори он, ки дар давраҳои аввал дар эҷодиёти шоирони сабки хуросонӣ фаровон ба назар мерасанд, баъд тадриҷан ҷойи худро ба дигар аносири шеър медиҳанд, ки натиҷаи тағйир хӯрдани талабот аз шеър ва муҳтавову бадеияти он мебошад ва ба қавли шоир ва донишманди эронӣ Шафеии Кадканӣ, ки дар ин бора таҳқиқоти муфассалу арзишманде анҷом додааст, хусусияти «тасаннуию» (сохтагӣ) «тазйинӣ» (ороишӣ) касб мекунад. Ӯ, аз ҷумла, дар ин бора менависад: «… Шоирони ин давра (баъд аз қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ – А. Ҳ.) тасвирро василае барои илқои маонии зеҳнии худ намедонанд, балки навъе тазйин ба ҳисоб меоваранд, ки дар ҳар мадеҳае бояд аз он тазйин суд ҷуст, монанди ранге, ки бояд бар деворе ё даре ба кор равад, бе он ки таваҷҷуҳ шавад ба ин ки оё дар сохтмони ин девор ё ин дар чӣ моя ба ранг ниёз ҳаст ва агар ҳаст, чӣ навъ ранге ва чӣ андоза» [2, 146].

Дар шеъри пешин тасвири манзара ва ё аносири олами ашё аксаран ҳамчун воситаи ёрирасон барои ифодаи пурратари мазмуну муҳтавои асар истифода мешуд, ки дар ин бора донишманди улуми адабӣ Ризо Бароҳанӣ ҳам чунин менависад «… шеъри гузаштаи мо, зиёд ҳам васфӣ набудааст, ҷуз дар баъзе аз ташбибҳову тағаззулҳо, баъзе ғазалҳо ва пораҳое аз маснавиҳо» [1, 125]. Аммо манзара дар шеъри замони муосир на василае барои ифодаи маънои муҷаррад, балки мафҳумеро ифода менамояд, ки маъно аз худи маводи тасвир берун меояд ва ин ҳолат бар мустақилияти он таъкид дорад. Ба вуҷуд омадани чунин шеъри манзара дараҷаи муайяни инкишофу тараққии ҷамъиятро тақозо мекунад, ки дар он сатҳи шуури афроди ҷомеа баланд рафта, на танҳо афкору андеша ва фаъолияти инсон, балки ҳастии табиат ҳам маншаи такомули ҷаҳоншинохтӣ ва озодии маънавии ӯ шинохта мешавад. Ба замми ин, барои ба вуҷуд омадани шеъри мустақили манзара ташдиди зиддияти муносибатҳои иҷтимоӣ ҳам зарур буд, ки дар ин бора Г. Н. Поспелов чунин навиштааст: «Зарур буд, ки мухолифати ҷамъиятӣ шадид шуда, дар шуури мардум норозигии амиқ аз тамоми сохти мавҷудаи ҳаёти иҷтимоӣ ба вуҷуд ояд, то одамони бештар андешаманд ва аз ҷиҳати зебошинохтӣ пеш рафта ба дараҷае расанд, ки табиатро дар алоқамандӣ бо норозигиии умумии худ дарк ва онро ифода карда тавонанд» [4, 121].

Аммо то қарни бист дар шеъри форсии тоҷикӣ истифодаи тасвир ҳамчун мояи шеър дарк карда нашуд, зеро барои ин заминаи зарурии иҷтимоӣ ба вуҷуд наомада буд ва савияи зебошинохтии шоирон ба дараҷае нарасида буд, ки ба воситаи тасвири манзара ва ҳолатҳои табиат хусусиятҳои хоси онро нишон дода тавонанд. Аз ин ҷост, ки тасвирҳои беҷону берӯҳ, ки аз таҷрибаи фардии шоир баҳра нагирифта, қолабӣ буданду аз шеъре ба шеъре бе мамониат кӯч мекарданд, дар саросари назму насри адабиёти форсии тоҷикӣ мушоҳида мешаванд. Адабиёти ҳамин давраро дар назар дошта, муҳаққиқи дигари эронӣ Тақии Пурномдориён дар бораи хусусияти тасвир дар он ба чунин хулоса мерасад: «Дар мадоеҳи манзум ва насрҳои маснуъи форсӣ, чи бисёр тасвирҳо мебинем, ки андак нақше дар интиқоли авотиф ба уҳда надоранд, чаро ки аз хуршеди гарму равшани таҷрибаҳои самимии рӯҳу эҳсос, гармӣ нагирифта ва фақат ба қасди ҳунарнамоӣ ва санъатгарӣ пардохта шудаанд» [5, 90-91]. Ин вазъи тасвир ва манзаранигорӣ дар шеъри форсии тоҷикӣ бо истиснои хеле кам то қарни бист давом кард.

Шеъри асили тасвирӣ ҳаргиз тасвири айнани як манзара нест, зеро дар он ҳолат на асари бадеӣ, балки сурати ҳамон манзара мегардад, ки таъсири рӯҳӣ нахоҳад дошт, вале ҳангоме ки шоир ба тасвири дақиқ накӯшида, муҳимтарин аломатҳои онро ба тасвир мегирад, ки онро зиндаву нотакрор намоён месозад, ба эҷоди асари бадеӣ ноил мешавад. Ашъори нисбатан пухтаи тавсифию тасвирӣ ва манзаравӣ дар эҷодиёти Қутбӣ Киром аз маҷмӯаи дуюми ӯ «Илҳом» (с.1968) ба назар мерасад, ки шеърҳои «Хӯшаҳо», «Анҷоми зимистон», «Шаби домодӣ» аз ҷумлаи онҳоянд. Дар маҷмӯаҳои баъдинаи ӯ «Рези кӯҳсор» (с. 1970) ва «Остони баланд» (с. 1972), ки аввали солҳои ҳафтод ба нашр расидаанд, низ шеърҳои тасвирии манзаравӣ, ба монанди «Моҷарои баҳор», «Дар назар» дар маҷмӯаи аввал ва «Шаби Шамтуч» дар маҷмӯаи дуюм ҷой доранд, ки бо эҳтимоли қавӣ дар солҳои шастум эҷод шудаанд. Ин ашъори тавсифию тасвирӣ нишон медиҳанд, ки Қутбӣ Киром ба нигориши фаслҳои сол, махсусан, баҳори табиат бештар майл дорад ва мекӯшад, ки онро бо ҳамон ғалаёни ҳиссиёт, ки инсонро дар баҳор фаро мегирад, ба қалам орад. Ғалаёни ҳиссиёт дар шеъри тавсифию тасвирӣ бо роҳҳои гуногун ифода шуданаш мумкин аст. Он ба воситаи тасвири ҳаракат дар ҳолати тасвиршаванда ва ё ба воситаҳои забониву баёнӣ, яъне истифодаи ташбеҳу истиораву сифатҳое, ки пуррангу равған ва табу тобдор ҳастанд, ба даст оварда мешавад. Зуҳури ин сифат дар шеъри «Анҷоми зимистон», ки яке аз нахустин шеърҳои тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром аст, ба мушоҳида мерасад:

Кӯҳҳо имрӯз домоданд бар сарҳо лачак,

Сабз гашту панҷа зад хори ғурур.

Мурғҳо озод гаштанд аз кушо-пӯши катак,

Шуд зи хилватгоҳи худ берун суғур [3, 56].

Дар ин шеър тавсифу тасвир бо ҳаракат ва баёни эҳсосот ҳамроҳ меояд, сабз гаштану панҷа задани хор, озод шудани мурғон, кушо-пӯши катак, аз хилватгоҳи худ берун рафтани суғур, аз зери замин ба саҳро рӯ ниҳодани корвони мӯрчаҳо, ҳама ҳаракатанд, ки тасвир гашта, аз ғалаёни эҳсосот ҳам асар доранд. Вале ин ғалаёни эҳсосот ба воситаҳои бадеу баёнӣ, аз ҷумла, дар ташбеҳи кӯҳ ба домоди ба сар лачак баста, таъбирҳои хори ғурур, мӯрҳои гушна, харидорони ҳусни бебадал, сандуқи атторӣ бештар ифода шудаанд. Баҳор дар ашъори тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром на танҳо оғози соли нав, рафтани зимистону об шудани барфҳою дамидани сабзаҳо, балки ҳаммаънои ҷавонию ишқу муҳаббат ҳам ҳаст:

Духтари ҳамсояи мо ин саҳар бори нахуст

Тукмаи чоки гиребон боз кард.

Печ хӯрда, тоб хӯрда аз дили нав-ошиқе

Байтҳои аввалин парвоз кард [3, 56].

Дар ашъори тавсифию тасвирии баҳорӣ таваҷҷуҳи Қутбӣ Киром бештар ба субҳу шом аст. Ин ҳар ду ҳангом ҳам барои ӯ ҳангоми зуҳури эҳсосоти ошиқона аст. Агар дар ин шеър «саҳар бори нахуст» «духтари ҳамсоя» «тукмаи чоки гиребон» боз кунад, ки маҳалли дилдодагии ошиқон аст ва «аз дили нав-ошиқе» «байтҳои аввалин» ҳам ба «парвоз» оянд, дар шеъри дигари ӯ ёр «бӯи гулу бӯи саҳар мекунад», ки далели ҳаммаъноии баҳору ёру ишқ дар шеърҳои манзаравии баҳории Қутбӣ Киром аст. Ҳамчунин шаб, ки бештар розноку хаёлангез ва пардадори асрори ошиқон аст, аз ин дидгоҳ ба тасвир меояд. Бад-ин ваҷҳ дар шеъри «Бӯи бунафша мекунад» чунин мегӯяд:

Шаб буду мурғи шаб буду маҳтобу кӯҳсор,

Ман будаму хаёли туву савти обшор.

…Бо ёди ту ниҳода лабам бар лаби суман,

Себарга дар барам буду болишт настаран [3, 133].

Қутбӣ Киром дар тавсифу тасвири манзараҳои баҳори табиат шеърҳое дорад, ки ҳар пораи онҳо нигориши як ҳолати мушаххас буда, дар маҷмӯъ манзараи умумии баҳорро пеши назар меоранд. Аз ин ҷиҳат шеъри «Моҷарои баҳор» ҷолиби диққат аст, зеро ҳар қисмати он як лаҳза ва манзараи баҳорро таҷассум мекунад, ки дар он эҳсосот ва таассуроти отифӣ аввалу охир дошта, сужаи ғиноӣ ҳам вобаста ба ифодаи онҳо сурат мегирад. Ҳар пора барои гузариш ба тасвири ҳолати нав замина гузошта, онро пурратар менамояд ва ҳама дар якҷоягӣ шеъри яклухтеро ташкил медиҳанд. Дар охири ҳар пора шоир аз он хулосаи зарурӣ мегирад. Аз кулли шеър манзарае пеши назар ҷилвагар мегардад, ки вусъату гунҷоиши зарурӣ барои нишон додани намои умумии баҳор дошта, эҳсосоту таассуротеро, ки як манзараи комили баҳор дар дили инсон бедор мекунад, ифода менамояд:

Барқе ба пайкари само // Теғе заду гурехт,

Аз дидаҳои осмон // Ашки сафед рехт,

Аз ашки осмон // Рӯ шуста марғзор,

Хандида хокдон,// Шуд ғарқаи баҳор.

Ман дидам аввали баду // Хубии сониро [3, 111].

Ин пораи нахусти шеър аст, ки дар он шоир аз воситаҳои сувари хаёл ҳамчун ташхиси барқу само, ташбеҳи борон ба ашки сафед, тибоқи аввалу сонӣ ва хубу бад истифода карда, як манзараи пурҳаракати баҳорро тасвир менамояд ва дар охир аз он «Ман дидам аввали баду // Хубии сониро» гӯён, андешаи хулосавии худро баён мекунад. Ин шеър аз ҳамин гуна панҷ манзараи гуногуни баҳор ба ҳам омадааст, ки дар ҳар пораи он воқеияти ашёвии гуногуни олами ҳастӣ ба тасвир омада, муҳтавои ягонаи ғиноӣ дорад. Дар он барои нигориши фасли баҳор ташбеҳу тавсифҳои тару тозае истифода шудаанд, ки зодаи идроки бадеии шоир маҳз аз ҳамон муҳитанд.

«Моҷарои баҳор» шеъре буд, ки ҳолати тасвираш пур аз шӯру шааф, раъду садо, ҳаракату амал буда, дар рӯзи баҳор сурат мегирифт ва ифодааш ҳам муносиби он иғроқу ғулувҳо дошт. Шеъри «Шаби Шамтуч», ки низ манзаравист, баръакс шаби ороми баҳорро ба тасвир гирифта, хусусияти дигари тасвиркории шоирро аён менамояд. Аммо дар ин ҷо ҳам сабки сухани шоир Қутбӣ Киром, ки бо бардошту муболиғанок аст, равшан ба мушоҳида меояд. Ин шеър дар навъи чаҳорпора гуфта шуда, ҳар қисми он як пораи шабро ба тасвир мегирад:

Ранги рӯз омехт бо хуни шафақ,

Сӯхт дар оташ уфу(?)қи дурдаст.

Шом печида ба тори қуллаҳо,

Дар ба рӯи дидаи офоқ баст[3, 145].

Боризтарин хусусияти шеъри тавсифию тасвирии Қутбӣ Киром то ҳадди имкон ба ашёи олами ҳастӣ наздик будани он аст, зеро шоир мекӯшад, ки ба тасвири мабҳас содиқ монда, ҷузъиёти онро ҳам ба айният мувофиқ нигориш кунад. Ӯ манзараро дар тасаввури худ намесозад, балки наздик ба ҳолати воқеии он нигошта, таассуроти худро аз он иброз медорад. Ин таассурот бештар аз будаш зиёд, бо иғроқу ғулув баён мешавад, аммо заминааш дар воқеияти мабҳаси тасвир аст. Масалан, дар ҳамон байти аввал «Ранги рӯз омехт бо хуни шафақ, // Сӯхт дар оташ уфуқи дурдаст» тасвири хуби бо иғроқ баёншудааст. «Сӯхт дар оташ уфуқи дурдаст» ҳам маҷози муносибест, ки ба воситаи он намои уфуқ бо ранги алвонияш дарк карда мешавад. Ҳарф сода, вале рангин аст. Дар байти «Назди тобуташ сияҳ пӯшидаанд // Кӯҳҳо хомӯшу сокит сар ба сар», ки аз ташбеҳу ташхис истифода карда, шомро тобути рӯз хондааст, низ ишорае нуҳуфтааст, ки ин тасвирҳо танҳо ба хотири тасвир набуда, мафҳуми дигаре ҳам доранд, ки ба таассуроти шоир пайванд мегиранд. Аз кулли шеър чунин маъно бармеояд, ки сиёҳии шаб рамзи монеа ва садде ба сафари рӯҳонии шоир ба олами нур – шеър буда, анвори моҳ сиёҳиро аз байн бурд ва роҳро ба сӯи нур кушод, яъне аз роҳи зулмат ба равшаноӣ намешавад расид. Ин аст фалсафае, ки дар зимни ин шеъри тавсифию тасвирӣ нуҳуфтааст.

Дигар аз навъҳои роиҷи шеъри ғиноии тавсифию тасвирӣ шеъре мебошад, ки ба тасвиру тавсифи зан, маҳбуба бахшида шудааст, зеро, ҳамчунонки табиат сарчашмаи ҳамаи зебоиҳои табиист, зан ва махсусан, маҳбуба, на танҳо фавқи ҳамаи ин ҳусну назокат, балки сарчашмаи ба вуҷудорандаи эҳсосоти наҷиби ошиқона ҳам мебошад, ки аз улвитарин ҳиссиётҳо буда, мабҳаси муҳаббатро дар чашми дилдода ба ноёбтарину муқоисанашавандатарин зебоиҳо, ки ҳатто фариштаву малак дорои онҳо нестанд, табдил медиҳад. Аммо ҳоло манзур шеъри ғиноии тавсифию тасвириест, ки дар он айнияти тасвир бар ибрози зеҳнияти эҳсосот бартарӣ дошта, уфуқи хаёлоти мусаввирона ва қудрати қалами тасвиркории шоирро нишон дода тавонад. Аз ин ҷиҳат шеъри «Духтари яғнобӣ» аз силсилаи «Дафтари Яғноб» (с. 1975) ҷолиби таваҷҷуҳ аст, зеро дар он ҳам баёни ғалаёни эҳсосот ва ҳам тасвиру тавсифи айнӣ мавҷуд аст, ки дуюмӣ бар якумӣ бартарӣ дошта, шеърро тавсифию тасвирӣ мекунад.

Шеъри «Духтари яғнобӣ» бо ҳамон шӯру ғалаёне, ки хоси сабки Қутбӣ Киром аст, бо муроҷиати фармонравоёна ба рассоми оламшумули итолиёвӣ Рафоэл, ки бештар расми Марями Модархудо ва Исои Масеҳро мекашид, оғоз мешавад, ки ӯро аз кашидани тимсоли Марям боз дошта, ба тасвири духтари яғнобӣ бурданист:

Ист як дам, Рафаэло, боз ист,

Нақши Марям зи дидагонат гир…

Як дам аз шарри римиён бигрез,

Бар Вағанзо биё, ба мо омез.

Бинишин зери сояи мижгон,

Нақши ин суғдидухтар аз дил рез… [3, 198-99]

Ин шеър аз 14 банди чаҳорпораӣ иборат аст, ки ба ҷуз банди аввалу охир – руҷӯу ҷамъбаст, дигар ҳама дар тавсиф ва тасвири духтари яғнобист, ки бо шефтагии тамом ва суварнигории ҳиссиётангез ба ҷо оварда шудааст, ки аз лиҳози гармию ҳарорат дар шеъри муосири тоҷик камтар назир дорад. Аммо ин гармию ҳарорат на ба воситаи ҳиссиёти шахсии шоир ифода гаштааст, балки дар зимни тавсифу тасвири бадеъ ҷой гирифтааст. Дар он воситаҳои тасвир рамзу маҷоз ва ташбеҳу истиороти фаровон, ки бештар аз олами шайъӣ гирифта шудаанд, ба кор рафта, заминаи тасвирро пурбору маҳсус кардаанд. Аз ҷумла, «Тарҳи рӯяш баҳор ангезад, // Шӯъла аз ҳар канор бархезад», «Лаби ӯ ҳамчу пушти гулмоҳӣ», «Абрувонаш чу хӯшаи гандум», «Мавҷи рӯд аст кокули чинаш», «шафақи субҳдам…рухсораш» ташбеҳу тавсифҳое ҳастанд, ки дар мисраи аввали ҳар банд барои муҷассам сохтани сурату андоми ин суғдидухтар меоянд ва дар мисраъҳои баъдина бо ташреҳ мукаммалтар карда мешаванд.

Дар ду шеъри дигаре, ки дар солҳои навади қарни гузашта навишта шудааст, «Зан» ва «Оғози ишқ», низ тавсифу тасвир ва ситоиши зан, ки моҳияти ҳастии ӯро ба таври айнӣ нишон медиҳад, ҷой дорад. Ишқи зан, ки онро Қутбӣ Киром табиию ошкоро бо ҳиссиёмандию таассуроти сӯзон ба қалам меорад, на танҳо маҳсули эҳсосоти ошиқона, балки мавқеи муайяни бошууронаи ӯро низ оид ба ин мавзӯъ ифода мекунад.

Дар шеъри «Оғози ишқ» тамоми матлаби ошиқона ба воситаи сувари хаёл, тавсифу тасвир баён гашта, оғози ишқ бо беҳтарин ва зеботарин зуҳуроти табиат муродиф дониста мешавад. Ин шеър, ки аз оғози лаҳзаи дилдодагии «ман»-и шоир суҳбат мекунад, нисбат ба шеъри “Зан” сабки сухани орому батааннитар дошта, ҳиссиёту таассуротро бештар дар зимни тасвир ифода менамояд. Ашёи тасвир ҳама аз олами зебо ва тару тозаи табиатанд, ки гесӯи мушкини райҳон, шабнам, сад забони савсан, бунафша, чашми масти наргис аз ҷумлаи онҳо буда, бо ҳолати ошиқонаи шоир ҳамоҳанганд.

Дар ин шеър олами воқеъ бо рӯҳӣ, табиат бо инсон ба хотири оғози ишқ ба ҳам мепайванданд ва эҳсосоти ошиқона замон ва тамоми муҳити атрофро фаро мегирад. Ҳамин тариқ, дар ашъори ғиноии тавсифию тасвирӣ ва манзаравии Қутбӣ Киром, ки агар дар зимн мавзӯи зан, маҳбуба ва ишқи ӯ қарор гирифта бошад, онҳо меҳвари ҷаҳони ҳастӣ шинохта шуда, на танҳо шахсияти шеър, балки тамоми аносири табиат ҳам ба онҳо ӯ эҳсоси муҳаббату парастиш мепарваранд.

Китобнома:

1. Бароҳанӣ Ризо. Тило дар мис. Дар 3 ҷилд. Ҷилди 1 / Ризо Бароҳанӣ. – Теҳрон: 1371. – 624 с.

2. Кадканӣ Муҳаммадризо Шафеъӣ. Сувари хаёл дар шеъри форсӣ. / Муҳаммадризо Шафеъии Кадканӣ. – Теҳрон: Интишороти вазорати иттилоот ва култури ҶИЭ, 1368. – 588 с.

3. Киром Қутбӣ. Минбари виҷдон / Қутбӣ Киром. – Душанбе: Адиб, 2012. – 312 с.

4. Поспелов Г. Н. Лирика среди литературных родов / Г. Н. Поспелов. – М: МГУ, 1976. – 208 с.

5. Пурномдориён Тақӣ. Тааммуле дар шеъри Аҳмади Шомлу. Чопи аввал. / Тақӣ Пурномдориён. – Теҳрон: Обон, 1357. – 477 с.

Аскар ҲАКИМ – Шоири халқии Тоҷикистон, доктори илмҳои филология. Сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии АМИТ.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES