24 Jan 2023
Submitted by Admin
1943

Пажӯҳиш ва нақди шеър. (Душанбе: Дониш, 2022. – 652 с.) рисолаву мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо аз осори шеърии устод Садриддин Айнӣ сар карда, ашъори шоирони дигар, ки то охири қарни ХХ эҷод шудаанд, сухан меравад. Азбаски теъдоди нашр кам аст, бинобар ин, банда тасмим гирифтам, ки шояд баъзе мақолаҳоро қисм-қисм ба сафҳаи Фейсбук гузоштан беманфиат набошад. Ҳоло ба ҳамин манзур рисолаи “Мақоми шеър дар эҷодиёти устод Айнӣ” –ро, ки муфассал аст, дар давоми чанд рӯз қисм-қисм ба сафҳа мегузорам, то бубинем, ки чӣ натиҷае медиҳад.

Аскар ҲАКИМ

МАҚОМИ ШЕЪР ДАР ЭҶОДИЁТИ УСТОД АЙНӢ

Э, ҳама ширинлабон афтода дар банди шумо,

Яъне аз ҷон бандаи лаъли шакарханди шумо.

Аз хироме дӯш дар даъвои раъноӣ ба боғ

Банд карда найшакарро қомати қанди шумо.

Э, қаду рухсору зулфу чашму абрӯ, раҳмате!

Як дили мискин чӣ хоҳад кард бо чанди шумо?!

Гарчи рафт аз ёдатон ёди дили ғамгини мо,

Дур бод аз ғам, илоҳӣ, табъи хурсанди шумо [6, 8].

Ин байтҳоро, бо вуҷуди таъбиру суханҳои суннатиашон, ки дар шеъри классикии тоҷикӣ фаровон ба кор мерафтанд, касе метавонист бигӯяд, ки завқи комили зебошинохтӣ дошта бошад, то онҳо ҳиссиёти дили шефтаву орзуманди ошиқро таъсиргузор баён кунанд. Дар ин ҷо зарур аст, ки шоир мизони суханро дуруст нигоҳ дошта тавонад, то он аз содагӣ ба одигӣ нафурояд ва самимияти худро аз даст дода, такрору дилбазан нашавад. Иҷрои ин кор далели он аст, ки муаллифи он шоир буда, маҳорати шоирӣ ҳам андӯхтааст, ки дар байти севум аён аст: шоир якбора панҷ узви дилбар – қаду рухсору зулфу чашму абрӯро зикр ва дар баробари дилҷӯии панҷтои онҳо бечора будани як дили мискини худро таъкид карда, аз дилбар тараҳҳуме мехоҳад, ки муассиру зебост. Дар байти дувум ҳам таносуби дилписанди шоирона байни найшакар ва қомати қанд ҳаст, чунки қандро аз найшакар мегиранд. Ба замми ин, таъбири қомати қанд аз забони мардум меояд, ки ба шеър содагӣ ва ширинии гуфтори мардумро ворид мекунад. Ҳамин тариқ, дар ин ғазал ба тасбит мерасад, ки шоири он тарзи ғазали классикии форсии тоҷикиро ба хубӣ фаро гирифта, тавонистааст аз сувари хаёл ва таъбироти суннатии он ва ҳамчунин аз захираи бадеии забони мардум истифода карда, дар айни ҳол чизе бигӯяд, ки тозаву дилнишин бошад. Ин далели завқи комили шеър аст.

Вақте ки вожаи шоир ба забон оварда мешавад, дар оинаи тасаввур сурату сирати чӣ гуна шахсе падид меояд? Тасаввури имрӯзӣ аз тасаввуре, ки Садриддини хурдсол дошт ва онро дар “Мухтасари тарҷимаи ҳоли худам” ва “Ёддоштҳо” нақл мекунад, фарқ дорад, зеро воситаҳои дастраси иттилоот пардаи мавҳумотро аз рӯи сурати шоир ҳам бардоштааст. Ӯ тасаввури замони бачагии худро ба ёд оварда навишта буд, ки “...шоирҳои гузаштаро “валӣ” медонистам. Ва шеъргӯии онҳоро аз ҷумлаи каромоти онҳо мешумурдам” [3, 10]. Ҳарчанд имрӯз шоирон “валӣ”-ву соҳибкаромот шинохта намешаванд, аммо сирре дар вуҷуди онҳо ҳаст, ки аз он ба ҳар тариқа сухан гуфта мешавад. Ин сир пеш аз ҳама дар истеъдоди фитрӣ мебошад, ки инсон бо он ба дунё меояд, пасон қуввае, ки ӯро барои ба амал даровардани он ҳамеша таҳрик мекунад. Дар равоншиносии шахсият дар бораи беш аз сӣ навъи истеъдод дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон сухан меравад, ки истеъдоди шоирӣ яке аз онҳост. Устод Айнӣ ҳам бо ҳамин гуна истеъдоди фитрӣ ба дунё омада буд, ки ӯро аз бачагӣ ба омӯхтани сухан ва шеъру шоирӣ вомедошт, он ҳам дар шароити бисёр танг ва сахти бачагӣ, ки тафсили ҳикояти он дар асарҳои тарҷумаҳолии ӯ мавҷуд аст (1).

Шоирон аз ҷиҳати хусусияти истеъдод ва муҳтавои эҷодиёт асосан ду қабиланд – ғиноӣ ва ҳамосӣ. Истеъдоди шоирии Айнӣ ба навъи шоири ғиноӣ тааллуқ мегирад, зеро ағлаби муҳтавои ашъораш аз эҳсосоти шахсие, ки аз олами мавҷуд бардошта мешавад, иборат мебошад. Заминаи рушди ин истеъдод ҳам дар аввал, ҳамчунон ки аз навиштаҳои тарҷумаиҳолии худи Садриддин Айнӣ бармеояд, ғиноӣ буд. Ин маънӣ дар “Ёддоштҳо”, дар бобе, ки ӯ аз зебоиҳои шеърхониву маънидоди шеър карданҳои духтари ҳаммактабаш – Ҳабиба, бо шефтагии тамом сухан меронад, падидор аст. Ӯ менависад: “Хусусан он шеърҳое, ки Ҳабиба маънии ишқии онҳоро ба ман фаҳмонда ва махсусан он ғазалҳое, ки он духтар дар мактаб бо овози ҳазин “монанди созандагон” хонда буд, ба ман бисёр таъсир мекарданд. Дар вақте ки ман он ғазалҳоро дубора мехондам, ҳамон ҳолати Ҳабиба ба пеши чашмам омада, маро ба як кайфияти маҳзунонаи гуворо меандохт...” [4, 107]. Ин ҳолатҳо Садриддини ҷавонро ошиқи шеър ва зебоӣ кард ва ӯ баъдан аз суҳбатҳои падараш, ки завқи шоирӣ дошт ва аз маҳфили Шарифҷон Махдуми Садри Зиё, ки дар он шуаро ҷамъ меомаданд ва ӯ дар он ба сифати хидматгор иштирок мекард, дар бораи шеъру шоирӣ маълумоти бештар пайдо намуд.

Айнӣ аз бачагӣ шеър менавишт, дар солҳои таҳсили мадраса ба он ҷиддан машғул шуд ва муҳаққиқони эҷодиёташ, аз ҷумла А. Маниёзов дар ин бора чунин менависад: “Фаъолияти шоирии С. Айниро метавон ба ду давра тақсим намуд: давраи якум аз ибтидо то соли 1924 ва давраи дуввум аз соли 1925 то охири умри ӯро фаро мегирад. Давраи аввал се марҳаларо дар бар мегирад: марҳалаи якум (солҳои 1985–1905) ба давраи таҳсили мадраса рост меояд... марҳалаи дуввум (солҳои 1906–1917) ба фаъолияти маорифпарварии шоир марбут гардида... марҳалаи саввум (солҳои 1918–1924)... мебошад” [14, 72].

Дар давраи аввал шеърҳои Айнӣ аз назираву тазмину мухаммасу татаббуъҳо бар ашъори Рӯдакиву Ҳофиз, Камолу Ҷомиву Соиб ва Ҳилоливу Бедил иборат буданд. Ин барои шуарои тоҷик як роҳи маъмули омӯзиш ва сайқали маҳорат аст. Аммо дар ин роҳ хатари бузурге ҳам ҳаст, ки агар шоир аз он дар вақташ бурун наояд, ба ҷое намерасад. Садриддини толибилми мадраса дар аввалҳо аз ҳамин роҳ равон буд ва бо тахаллусҳои Сифливу Муҳтоҷиву Ҷунунӣ шеърҳо менавишт. Ашъори бо ин номҳо навиштаи худро устод Айнӣ дар ҳеҷ китобаш дохил накардааст, зеро ҳамчунон ки худ менависад: “... ба тақлиди он шеърҳое ки медидам ва мешунидам, худам ҳам шеър мебофтам, ҳарчанд қабоҳати шеъри имрӯз навиштаам баъд аз чанд рӯз ба худам маълум шуда, ба сӯхтан ва талаф кардани он маҷбур шавам ҳам, боз аз ин кор даст намекашидам...” [6, 452 ]. Бо вуҷуди ин, аз баъзеи он шеърҳо намунаҳое боқӣ мондаанд, масалан яке аз онҳо ғазале бо радифи “ғалат”, ки байти аввалу охираш иқтибос мешавад:

Умри худро сарфи ёри бевафо кардам ғалат,

Меҳри ҳар сангиндиле бар сина ҷо кардам ғалат.

... Нест хубонро вафое ҳеҷ дар бозори даҳр,

Сифлии бечораам, сар то ба по кардам ғалат [8, 522].

Ҳоло аз ашъори бо тахаллуси Муҳтоҷӣ навиштааш чизе пайдо нашудааст, аммо тахаллуси Ҷунунӣ доштанаш дар як шеъри Ҳайрат омадааст:

“Бо Ҷунунӣ мекушодӣ гоҳ тӯмори итоб,

Гаҳ хитоби ҳарфи ширин бар Камолӣ доштӣ” [8, 521].

Устод Айнӣ дар “Ёддоштҳо” дар бораи тахаллус интихоб карданаш чунин менависад: “Дар солҳои аввале ки ман дар Бухоро будам, мардум, хусусан муллоҳо, ба ман бо назари бисёр паст менигаристанд. Ба ин муносибат ман аввал барои худ калимаи “Сифлӣ”-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин тахаллус маъқул нашуд: “Мардум маро паст мешуморанд, аммо худам чаро худамро паст шуморам; не, ман паст нестам. Фарқи ман аз дигароне, ки маро паст мешуморанд, дар ин аст – ман қашшоқаму онҳо бой ва ба ҳамин мулоҳиза ман “Сифлӣ”-ро партофта, барои худ калимаи “Муҳтоҷӣ”-ро тахаллус кардам. Рафта-рафта ин калима ҳам маъқул нашуд: “дуруст аст, ки ман муҳтоҷам, чаро муҳтоҷии худро ба одамҳо эълон кунам”, – гуфтам ва “Муҳтоҷӣ”-ро ҳам партофтам” [3, 47-48]. Ҳамин тариқ, дар тахаллусинтихобкунии Айнӣ як чизи муҳиме ҳаст, ки аз аввал дар хислати ӯ мақоми асосӣ доштани вуқӯъбиниро нишон медиҳад, зеро тахаллусҳое, ки интихоб мекардааст, ҳама ба ҳоли ӯ мувофиқ будаанд, ҳатто Ҷунунӣ, ки ӯ дар ин бора худ менависад: баъзе касон ҳаракатҳои ғайриоддии маро дида “қадре девонагӣ дорад” мегуфтанд. Аммо “девонагӣ” доштани Айнӣ сохтакорӣ буд, зеро ӯ онро ҳамчун васила барои кашида нашудан ба хидмати амир ба кор мебурд. Дар ин давра ӯ бо Муҳаммадсиддиқхоҷаи Ҳайрат, ки шоири баркамолу баландистеъдоде буд, шиносоӣ пайдо карда, ӯро устоди худ мехонад ва дӯсти якумрӣ шуда, аз ӯ дар шоирӣ баҳраҳо мебардорад. Ҳайрат, ҳарчанд шоири тавоное буд, интишори шӯҳраташро намехост, зеро аз қисмати фоҷиабори Шамсиддин Шоҳин дар дарбор хабар дошт ва аз кашида шудан ба дарбор эҳтироз мекард. Дар ин бора Ҳайрату Айнӣ ҳамақида буданд. “Гули сурх” аввалин шеъри Айнист, ки аз таҳрири Ҳайрат гузашта, бо ин тахаллус интишор шудааст. Дар он Айнӣ аз олами тасаввурии эҷод берун меояд ва ба дунёи воқеъ назар андохта, мекӯшад, ки шеъри ҳолати дили худро бигӯяд:

Рози дил мегуфтам, ар як маҳраме медоштам,

Шикваҳо мекардам аз ғам, ҳамдаме медоштам.

Дар шаби ҳиҷрон намешуд захми дил реши равон,

Гар зи васли як парирӯ марҳаме медоштам...

Аз тамошои гули сурх аз чӣ мемондам ҷудо,

Гар ба каф, чун аҳли олам, дирҳаме медоштам! [6, 103].

Дар охири садаи нуздаҳ ва аввали бист се сабки маъмул, ки дар шеъри классикиамон ҷой дошт, сабки хуросонӣ, ироқӣ ва ҳиндӣ, ҳама ба дараҷаи олии такомули худ расида, дар ин роҳ кашфиёте кардан ғайри имкон ба назар мерасид. Бинобар ин, шоирони огоҳу бедордил дар самтҳои гуногун ҷустуҷӯ мекарданд, ки ба сабку гуфтор ва тасвиру маъниҳои тозае даст ёбанд. Ин ҷараён дар шеъри се кишвари ҳамзабон Эрону Афғонистон ва Аморати Бухорои онвақта, ки Тоҷикистони имрӯза аст, ба вуқӯъ омада буд, ки бо номи сабки бозгашт муаррифӣ мешуд ва муҳимтарин вежагии он ба тарзи тоза корбаст кардани хусусиятҳои сабки хуросонӣ буд. Ҳамчунон ки Сируси Шамисо менависад шоирони ин сабк “аз назари фикрӣ ғолибан ба беруни падидаҳо ва сатҳи ашё ва умур сару кор доранд ва вориди авомили дарунӣ ва ботинӣ намешаванд. Ба иборати дигар диди онон офоқиву айнӣ (objective) аст то анфусиву зеҳнӣ (subjective)” [21, 71]. Дар амалияи ин сабк забону баён содаву равон ва осонфаҳм аст, сувари хаёли печидаву мушкилёб истифода намешавад, агар сухан аз ишқ аст, он заминист, тасвир ҳамонанди ашёст, ва монанди ин сифатҳое, ки онро ба сабки вуқӯъгаро унвон месозад. Бунёдгузор ва устоди ин сабк устод Рӯдакӣ буд. Айнӣ аз шеъри машҳури “Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме”-и ӯ бо истифодаи радифи он “ояд ҳаме”, вале бо қофияи дигар – “ мушкбор”, “нигор”... чунин татаббуъ мекунад, ки айни ҳамон сабк аст:

Рӯдакӣ:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дуруштиҳои ӯ

Зери поям парниён ояд ҳаме! [17, 83]

Айнӣ:

Бод имшаб мушкбор ояд ҳаме,

Гӯйӣ аз кӯйи нигор ояд ҳаме.

Вақти он омад, кушояд дил зи ғам,

К-аз чаман бӯйи баҳор ояд ҳаме [6, 159].

Қоидаи тазмину татаббуъ он аст, ки сабку шакли шеъри интихобшуда риоя карда шавад. Айнӣ ин талаботро дар ҷавобияҳои худ ба ашъори сабки хуросонӣ ва ироқӣ асосан риоят мекунад, зеро сабки ироқӣ ҳам аз фаҳм дур набуда, асосан бо бештар будани сувари хаёл, истифодаи ирсолумасалҳо ва шиддати баён аз сабки хуросонӣ фарқ дорад. Ин сифатро дар мухаммаси Айнӣ ба ғазали Соиб, ки дурахшонтарин чеҳраи сабки ироқист, метавон ба мушоҳида гирифт. Банди мақтаи мухаммас ин аст:

Қад — нахлаи назокат, тан — пайкари латофат,

Лаб — чашмаи ҳаловат, рӯ — матлаи саодат,

Айнӣ чу дида он маҳ боре ба ин қиёфат

«Дигар надида худро то домани қиёмат,

Соиб касе, ки ӯро масту хароб дида» [6, 201].

Дар ин банд дар се мисраи Айнӣ оид ба қад, тан, лаб ва рӯи маъшуқ чаҳор ташбеҳ ва барои худи маъшуқ истиораи моҳ ба кор бурда шудааст, ки яке аз хусусиятҳои сабки ироқист. Дар ин ҷо ташбеҳшавандаҳо (мушаббаҳ) – қад, тан, лаб, рӯй аз олами айнӣ ва ташбекунандаҳо (мушаббаҳун биҳи) – нахлаи назокат, пайкари латофат, чашмаи ҳаловат, матлаи саодат аз олами зеҳнӣ буда, моҳ ҳам, ки истиора аз маъшуқа аст, аз фаҳм дур нестанд. Шоироне, ки сабки бозгаштро меофариданд, аз хусусиятҳои матлуби сабки хуросониву ироқӣ истифода мекарданд, дар натиҷа сабкашон ҷаззобияти тоза пайдо мекард. Ин ҷаззобият дар ғазалҳои Айнӣ мушоҳида мешавад. Масалан, дар байтҳои ин ғазал:

Ба лаб — э ғунчаи хандон, ба рух—э бадри мунир,

Ба ќад — э сарви хиромон, ба тан — э қурси панир.

Ҳама аъзои ту хуб асту мусаффо чу булӯр,

Ҳама аҷзои ту соф асту сафед аст чу шир.

Наргисат масту қадат дилкашу рафторат хуш,

Ғамзаат шӯху танат нозуку пӯшок ҳарир [6, 90].

Дар ҳамин байтҳои иқтибосшуда анвои гуногуни ташбеҳ: лаб — ғунчаи хандон, рух— бадри мунир, ќад — сарви хиромон, тан — қурси панир, аъзо – булӯр, аҷзо – шир ва монанди инҳо ва чанд маҷозу муболиғаву сифатчинӣ истифода шуда, барои тасвири хаёлпардозонаи симои дилбар хидмат кардаанд. Дар айни ҳол, маъно дастрасу забон поку шуставу равон мебошад. Маълум аст, ки Айнӣ мехоҳад худро аз қайди печидагӯиву мушкилписандӣ, ки дар замони ӯ ривоҷ дошта, ва аз пайравии муқаллидона ба Белил бармеомад, раҳо кунад, ҳарчанд худ ҳам бар ғазали ӯ мухаммас мебандад. Аммо дар ҳамин ҳолат ҳам ӯ мекӯшад, ки шоирона, вале содаву осонфаҳм сухан гӯяд. Масалан, ин банди мухаммаси Айнӣ бар ғазали Бедил чунин аст.

Булбул афғон мекунад беҳуда дар гулзори ишқ,

Безабонӣ тарҷумонӣ дорад аз гуфтори ишқ,

Саъй кардан ҳеҷ ҳоҷат нест бар изҳори ишқ,

«Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?

Рангҳо ин ҷо ба сомони гувоҳӣ меравад» [6, 194].

Сухани Айнӣ дар се мисраи аввал содаву зудрас аст, маънои шоирона ҳам дорад, ки он безабониро, яъне бе ҳарфу сухан баён – тарҷумонӣ шудани ишқро таъкид мекунад, ҳарчанд ин маънӣ нав ҳам нест, масалан, Ҳофиз мегӯяд:

Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,

Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфту шунуфт [19, 50].

Аммо дар ин банд аз ҳама мисраи шоирона аз Бедил аст: “Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?” Гул кардани асрори ишқ маҷози дилписанди шоиронаест. Ишқ, ки худ зеботарин ҳиссиёти инсонист, фош шудани асрораш ҳам, ки ба сурати гул рух менамояд, зебо гуфта шудааст. Ифодаи ин маъно ба тарзи суол: “Кист, гардад мункири гул кардани асрори ишқ?” таъсири онро бештар мекунад. Табиист, ки Айнӣ дар он ҷавонӣ бар бадеияти сухани Бедил расида наметавонист. Ин мактабро эҷодкорона омӯхтан бар манфиати шоир буд, ки Айнии ҷавон ҳам ба он мекӯшид.

(давом дорад)

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES