07 Apr 2023
Submitted by Admin
1142

Дар ин мақола мехоҳам дар бораи китоби охири А. Абдуманнон «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» [Абдуманнон, 2022], ки мавқеи хоссаеро дар он чеҳранигории адабӣ ишғол мекунад, баъзе фикру мулоҳизаҳоямро баён созам.

Кош Худованди муттаъол ба ман умри тӯлонӣ ато фармояд, вале вақте ба дунёи дигаре меравам, орзу дорам, ки чеҳраи адабии маро маҳз Абдураҳмони Абдуманнон тасвир намояд. Шояд ин орзуи ман густохона ба назар бирасад, вале орзу варзиданро касе манъ накардааст – шояд рӯҳи ман рӯзе шарафманд мешавад, ки портрети адабии офаридаи касе бошам. Ва шояд он замон нафаре пайдо шавад, ки чеҳраи адабии маро хонда, ғоибона ба симоям ошиқ гардад ва афсӯси онро хӯрад, ки маро шахсан намешинохт, тавре ки имрӯз ман ба симоҳои Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдураҳмон Бухоризода, Абдуқодир Маниёзов ва дигар шахсиятҳои наҷиб, ки портретҳои онҳоро дар китоби “Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик” устод А. Абдуманнон тасвир кардааст, ғоибона ошиқ шудаам.

Воқеан устод бо ин китоби худ, ки дар он мақолаҳо, очеркҳо, мусоҳибаҳои солҳои гуногун дохил шудаанд, моро шод гардонид. Беҳуда нагуфтаанд: “Оид ба чеҳраи нависанда на аз рӯи портрети ба китобаш замимашуда, балки бар асоси худи китоб баҳо дода мешавад”, чунин силсилаи арзишманди номҳо гувоҳи рӯзгори пурмуҳтавои овони ҷавонии А. Абдуманнон мебошад. Инчунин китоби мазкур аз он ҷиҳат арзишманд аст, ки муаллиф шахсан бо қаҳрамонҳои худ шиносоӣ дошт, қаҳрамонон аз С. Айнӣ то адибони замони моянд.

Хусусияти китоб дар он аст, ки қолабӣ набуда, ба мавзӯи умумии тавсифӣ бахшида нашуда, балки ҳар як ҷумла аз назару ақидаи нав дарак медиҳад. Хондани китоб осон, ҳар фикр дорои ҳадафи мушаххас, тавсифҳо зарифонаанду тавсифоти гӯшхарошеро аз қабили “машҳуртарин”, “маъруфтарин”, “калонтарин”, “бузургтарин” нахоҳед ёфт, ҷузъиёти он – зевари олоти зебо аз устоди ҳассос аст.

Муҳтавои китоб дунёи ҳунарии баҳсбарангези муаллифи он, таҷассуми шахсияти халлоқи воқеӣ, нақши ӯ дар ҷомеа ва арзишҳои ҳунариро нишон медиҳад. Дар тавсифот муносибати эҳтиёткоронаи муаллиф нисбат ба ҳар як ҷузъиёти тарҷумаи ҳоли қаҳрамонон эҳсос мешавад: ӯ таваҷҷуҳи худро ба зоҳир, рафтор, одат ва тарзи ҳаёти қаҳрамон ҷалб мекунад, то тасаввурот оид ба инсон, олами ботинии ӯ ва муносибат бо одамони дигарро барои хонанда фароҳам оварад.

Тавассути чеҳраи қаҳрамон дар адабиёт муаллиф инчунин муносибати шахсии худро нисбат ба персонаж нишон медиҳад: «Ҳар гоҳ, ки устод Муҳаммад Осимиро ба ёд меорам, чеҳраи кушоди нуронӣ, шакарханди намакин, чашмони рӯшану нурафканаш пеши назарам ҷилва мекунанд, канда-канда, то ҷое саросема, вале бо низому мураттаб сухан гуфтанҳояш дар гўшам садо медиҳанд» [Абдуманнон. Ламҳае ба роҳи рӯзгор, с.169].

Лаҳзаи халлоқият бо интихоби номи асар оғоз мегардад. Масалан, “Абармарди таърихи тоҷикон” – мағзи маъноии чеҳраи Б. Ғафуров ба шумор меравад. Ҷумлаҳои аввал ба шарҳи он ихтисос дорад: «Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷумлаи мунаввартарин чеҳраҳои сиёсӣ, илмӣ ва мардумии халқи тоҷик на танҳо дар асри ХХ, балки умуман дар таърихи миллати мост» [А. Абдуманнон. Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик...c. 16].

Ҷолиб он аст, ки маҳз унвонҳои мақолоти ин маҷмӯа муаллифи онҳоро чун чеҳранигор намоиш медиҳад. Ҳар як унвон на танҳо матнро мекушояд, балки ба ҳайси “матни таҳтонӣ” хизмат мекунад, ки барои дуруст фаҳмидани ҳадафи муаллиф муҳим аст. Дар мисоли ҳар мақолаи ин китоб метавон робитаи жанрии онҳоро бо унвони пешбинишуда пайгирӣ кард, мисол, “Айнӣ рамзи миллат аст”, “Ситорае буд дар замин”, “Муҷассамаи маърифат”, “Шарофати бузургон”, “Пире буд равшанзамир”, “Сипоҳии ҷабҳаи фарҳанг”, “Поягузори драматургияи касбии тоҷик” ва ғ.

Чеҳраҳои адабии А. Абдуманнон самимона ва дорои ҷузъиёти муҳиманд, ӯ хусусиятҳои нонамоёнеро оид ба қаҳрамонон мушоҳида мекунад, ки таҳқиқоти муфассали якнавохт баъзан онҳоро ошкор карда наметавонад.

Агар ба эҷодиёти солҳои охири устод назар афканем, дидан мумкин аст, ки жанри чеҳраи адабӣ мавқеи марказиро ишғол мекунад, дар тӯли зиндагии хеш ӯ борҳо ба ин шакли жанрӣ муроҷиат кардааст, ба фикрам, устод дар ин жанр ба масъалаҳои имрӯзаи ҷомеа посух дарёфт намуда, сарнавишти гузаштагонро мавриди таҳлил қарор дода, мехоҳад фаҳмад, ки имрӯз дар гирду атрофаш чи воқеаҳо рух медиҳанд, ба суолҳои худ посух меҷӯяд.

Гоҳе ба назар мерасад, ки бархе ҷузъиёту лаҳзаҳо чун як дастур, рамзу киноя дода мешаванд. Чунин чеҳраҳо дар тамоми китобҳои устод ҳастанд, ки ҳар кадом аз нигоҳи далелу маълумот метавонад дар раванди адабии тоҷик нақши муҳим дошта бошад. Чеҳраҳои намоишгоҳии Абдураҳмони Абдуманнон – ман онҳоро аз рӯи шакли тавсиф чунин номидам, - ин кӯшиши бо садои баланд фикр кардани устод аст.

* * *

Фазилати фавқулъода, дақиқии мушоҳидаҳо, маҳорати баён ба устод имкон медиҳад, ки зиддиятҳои хислатҳои чеҳраҳои эҷодӣ ва дунёи равонии қаҳрамонҳоро нишон диҳад, арзиши ин лаҳзаҳо аз чӣ иборат аст, дар мисоли таҳкияи баррасонии рисолаи доктории Баҳром Сируси 86-сола дар соли 1971 дар шӯрои диссертатсионӣ мебинем, ки дар он «Бобоҷон Ғафуров аз рӯи вазифаи директори институт ҳамзамон раиси шӯрои дифоъ буд, вале дар ҷаласа бештар муовинонаш раисӣ мекарданд. Аммо он рӯз худи Ғафуров омада, ҷаласаро оғоз кард ва Сирусро ба аъзои шӯро ва ҳозирин муаррифӣ намуда, гуфт, ки унвонҷӯи имрӯза шахсияти содаву маъмулӣ нест, балки як инқилобии машҳури эронист, бо Ленин мулоқот ва суҳбат кардааст, шахсияти таърихист... аминам, ки аъзои шӯро на танҳо рисолаи пешниҳодшуда, балки синну сол ва хизматҳои дигари унвонҷӯро ба инобат гирифта, ба ҷонибдории ӯ овоз медиҳанд ... Дар толор дар қатори пеш аз қатори нишасти мо эроншиносони маъруф, муҳаққиқи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ Муҳаммаднурӣ Усмонов ва Михаил Занд паҳлуи ҳам менишастанд. Баъди рафтани Ғафуров дарҳол Усмонов ба Занд гуфт (мазмунан): гумон мекунӣ, ки ӯ рафту тамом? На, ҳоло мераваду дар утоқи кораш касе чи мегӯяд, гӯш карда мешинад” [Абдуманнон, Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», с.21)].

Ин ҷузъиёти кӯчаки ҳазломез, аз як ҷониб ақидаи оид ба Бобоҷон Ғафуровро дар он замон, аз ҷониби дигар, маҳорати худи А. Абдуманнонро дар пешниҳоди кинояи ҳазломез ошкор месозад.

Тавсифҳои А. Абдуманнон аз рӯи принсипҳои Сент Бёв сохта шудаанд, ки ба ақидаи ӯ: “Барои дарки яклухти инсон, яъне чизи дигаре ба ҷуз ақлу заковат, омӯхтани мазмуни ӯ зарар надорад”. [Сент-Бев, Шарль Огюст.Литературные портреты: критические очерки. - М.: Худож. лит., 1970, С. 55]. Ин принсипи тавсиф Муҳаммад Осимиро чун роҳбари ғамхор нишон медиҳад, ки дар тарбияи мутахассиси ҷавон худро масъул медонад. Олим бо дастуроти худ дар шакли ҳушдори сабук ба мутахассиси ҷавон эҳтироми калонсолонро ёдрас мекунад: “Устод Осимӣ аз аввалин касоне буд, ки аз берун ба табрикам омаду пас аз муборкбодӣ ба чунин мазмун маслиҳат дод: дар ин институт “наҳангҳо” бисёранд: Шукуров, Амонов, Ҳодизода, Рустамов, Ғаффоров, Капранов, Демидчик ... ҳар кадоми инҳо дар илми соҳаи худ шахситяҳои андак нестанд, бо онҳо забон ёбед, муросо кунед, дар акси ҳол коратон хеле душвор мешавад” («Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», с.33).

* * *

Хотироти оид ба Носирҷон Маъсумӣ хеле зебову пур аз эҳтиром аст, ки бо лутфи ӯ устод бо Мирзо Турсунзода ошноӣ пайдо кардааст. Ин шиносоӣ дар дили ӯ меҳри тарҷумониро бедор кард. Ҷолибияти ҳикояи мазкур дар он аст, ки ба ҳар ҳол маълумоте дар мавриди вазъи корҳо дар он замон ба таври фишурда баён шудааст: «Он вақт ман намедонистам, ки дар доираҳои «боло» миш-миши гӯё ба сионизм пайвастани як гурӯҳ тарҷумонҳои яҳудиасли шеъри мо шуруъ шуда, пас аз чанд вақт чопи тарҷумаҳои онҳо мамнуъ мегардад. Баъдан ба мо лозим шуда буд, ки тамоми осори аз адабиёти тоҷику форс (аз Рӯдакӣ то устод Мӯъмин Қаноат) тарҷумакардаи масалан С. Липкинро аз нав ба забони русӣ ба тариқи таҳтуллафз баргардонем, то ки шоирони дигар онҳоро дигарбора тарҷума бикунанд» (“Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”, С.43).

Дар порчаи мазкур муаллиф маълумоти муҳимеро пешкаш мекунад, ки метавонад ба таърихи тарҷумаи бадеии адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри ХХ то андозае рӯшанӣ андозад.

***

Диққати бештари олимонеро, ки ба назарияи жанри чеҳранигории адабӣ машғуланд, суоли зерин ба худ ҷалб мекунад: оё муаллифи чеҳраи адабӣ бо шахсияте, ки чеҳраашро тасвир мекунад, бояд ҳатман шиносоӣ дошта бошад? Ман гумон мекунам, ки ҳатман. Адабиётшинос қаҳрамони худро нашинохта, метавонад олами ботинии нависанда ё шоирро тавассути осори ӯ эҳсос намояд, аммо чеҳраи адабиро дар заминаи жанр танҳо бо шахсан шинохтани қаҳрамон эҷод кардан мумкин аст, зеро ҳар ҷузъиёте дар тасвири чеҳраи адабӣ нақши босазое дорад. Ҳамин тариқ, чеҳраҳои адабии Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммад Осимӣ, Носирҷон Маъсумӣ, Раҳим Ҳошим, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Абдураҳмон Бухоризода, Абдуқодир Маниёзов ва дигар шахсиятҳои наҷиб офарида шуда, дар китоби «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» тасвир ёфтаанд, дар онҳо меҳвари асосӣ ҷузъиёте ба шумор мераванд, ки муаллиф бо чашми худ дидааст.

Баъзе чеҳраҳои адабии А. Абдуманнон эссеи фалсафиро ба ёд меорад, аз қабили очерк дар бораи Ғанӣ Абдулло ва Раҳим Ҳошим, ки баъдан роҷеъ ба онҳо ба таври муфассал таваҷҷуҳ хоҳем кард. Дар очеркҳои А. Абдуманнон, чун дар эссеи фалсафӣ, «назари худи ӯ» пешниҳод шудааст, ки барои муаллиф воқеият аст. Чунин очеркҳо зоҳиран аз лиҳози на танҳо шакл, балки мазмунан низ нисбатан озод ҳастанд – тамоми ин хусусиятҳо хоси эссеи фалсафӣ мебошанд. Дар ин чеҳраҳои адабӣ ӯ ҳамчун муаллиф «бархӯрд»-и андешаҳои собитшударо оид ба қаҳрамононаш бо он чизе, ки дар ҷараёни муошират бо ин шахсиятҳо аз ӯ бармеояд, ба вуҷуд меорад, ин ҳолатро дар мисоли хусусияти аллома Бобоҷон Ғафуров дидан мумкин аст: «зоҳиран одами ахмуву абус менамуд, вале аслан шахси нарму меҳрубон буд, вақте ки ба қабулаш мерафтед, новобаста ба чи кас буданатон, аз ҷой мехесту лангон-лангон ба истиқболатон меомад ва ҳангоми гусел низ то дами дари утоқаш мегуселонид. Вақте ки ба бинои институт ворид мешуд, аввал бо ду пиразане, ки дар тарафи рости фойе дар ҷолибосӣ (гардероб) кор мекарданд, дастӣ салом ва ҳолпурсӣ мекард» («Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», с.18).

Бо хондани ин сатрҳо кас толори калони равшанеро тасаввур мекунад, ки симои тақрибан чоркунҷаи олим лангида-лангида, бо қадамҳои вазнин ба он ворид мешавад ва оромона ба пиразанҳо салом медиҳад, “лаҳҷаву лаҳни ба худ хоси ӯ – ҳам эҳтиром ва баъзан тарс эҷод мекард” (Ниг. дар китоби А.Абдуманнон иқтибосро аз китоби «В масштабе века», М., 1999, с. 21-22).

Инак, ин марди гаронвазн дар роҳрав қадам мезанад ва «Ҳангоми аз роҳрав гузаштани домулло Ғафуров мардуми дар он ҷо ҳузурдошта ба деворҳои ду тарафи роҳрав ҷафс шуда рост меистоданд ва ў бо сари ба як ҷониб ҳамоил, бидуни нигаристан ба рўи касе, бо ҳар нафар дастӣ салом мекарду ба утоқи кори худ мерафт» («Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик», с.18).

Аз ин сатрҳо рӯҳи инсон болида мегардад. Барои тоҷики бузурге, ки номи ӯ институтеро дар СССР муаррифӣ мекард, мояи ифтихор аст: «доираҳои илмӣ Иститути шарқшиносиро он вақтҳо «институти Ғафуров» мегуфтанд»!

* * *

Ҷузъиёт, лаҳзаҳоеро, ки устод А. Абдуманнон тасвир кардааст, - ҳар кадоме ҳикояҳои Чехов ё сенарияи филмеро мемонад. Баъзе аз онҳоро дар зер меорем:

дар бораи Мастон Шералӣ:

« ... инсони бисёр ҳалим, меҳрубон, зариф, зиндадил ва хушсуҳбат буд, кӯшиш мекард, ки дар ҷараёни мусоҳиба низоъ роҳ наёбад, хотири касе озурда нашавад. Хандаҳои муассир ва (…) «сирояткунанда» дошт, на танҳо лабону чашмону абрӯвон, балки китфон ва тамоми андомаш механдиданд. Ба шеър хеле ҷиддӣ муносибат мекард»;

дар бораи Лоиқ:

«Адибон дар ёд доранд, вақте ки охири марти соли 1991 дар рафти Анҷумани Х нависандагони Тоҷикистон сухан аз шоистагии устод Лоиқ ба унвони Шоири халқии Тоҷикистон рафт, ӯ аз ҷой баланд шуду изҳор намуд, ки шоирони калонсолтару шоистатаре ба ин унвон ҳастанд, мисли Убайд Раҷаб, Ашӯр Сафар ва Қутбӣ Киром, ки хизматашон ҳам барои адабиёт арзанда аст ва ман ин унвонро танҳо баъд аз онҳо метавонам бигирам».

А. Абдуманнон дақиқан ба ҳар чизе таваҷҷуҳ мекунад, ҳар ҷузъиётеро аз зиндагиномаи шоир интихоб менамояд, ки нишондиҳандаи дунёи маънавии худи чеҳранигор аст.

Баъзе лаҳзаҳо қудрати шахсият ва миллатдӯстии воқеиро нишон медиҳад, аз ҷумла лаҳзаеро аз конфронси илмию амалии бахшида ба 1000-солагии Абӯалӣ ибни Сино дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС дар соли 1980 мисол меорем, ки дар он котиби ҲК Тоҷикистон Бобосодиқова Г., раиси кумитаи ташкилӣ академики АИ ИҶШС Федосеев, президентҳои АИ Тоҷикистон Осимӣ ва АИ Ӯзбекистон Содиқов, ходимони машҳури илму фарҳанг иштирок доштанд. Тибқи барномаи тасдиқшуда дар навбати аввал бояд Президенти АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Осимӣ баромад мекард ва баъди ӯ – Президенти АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқов. Дар он лаҳзае, ки Федосеев “Сухан ба Президенти Академияи илмҳои...” эълон кард, Осимӣ аз ҷояш хесту ба минбар баромад, вале ҳолати ногуворе ба миён омад, Федосеев ному насаби Президенти АИ Ӯзбекистонро эълон кард. Ин ноҳинҷориҳо тасодуфӣ ба миён наомада буданд – гап дар сари он мерафт, ки Федосеев дар давраи омодагии чорабинӣ дар байни тоҷикону ӯзбекҳо дар мавриди мансубияти миллии Абӯалӣ ибни Сино низоъ меангехт ва “Осимӣ лоилоҷ ба ҷояш баргашт, хиҷолатзада буд, ранги рӯяш суп-сурх шуд. Баробари нишастан ба Бобосодиқова ва аз пушти сари ӯ ба Шауро бо шасту ғазаб ким-чиҳо мегуфт, ба маърӯзаи ҳамтои сухангӯяш эътиборе намедод” ва вақте ба Осимӣ сухан доданд, “Устод ба минбар расиду коғазҳояшро як сӯ гузошт, бо асабонияти аёнӣ як лаҳза ба толор ва раёсати ҷаласа чашм давонду бо садои бурро ва андак ларзон суханро бидуни коғаз чунин оғоз кард: «Ибни Сино на танҳо даҳои беҳамтои илми ҷаҳонӣ, ӯ инчунин гуманисти (башардӯсти) бузург ва воқеӣ буд, дурӯғу фиреб, тамаллуқу косалесиро чашми дидан надошт. Барои ҳамин ҳам умраш дар таъқибу фирор гузашт…” Ин суханон, ки ӯ бо ҳаяҷони ғазаболуд ва садои хашмгин ироа дошт, ҳадафманду нишонрас буданд ва ҳам ба аҳли толор, ҳам ба раёсати ҷаласа бетаъсир намонданд”. Муаллиф, тавонистааст ҳам шахсияти Осимиро ба унвони як донишманд, фарди шоиста нишон диҳад ва ҳам ба мушкилоти фарҳангии байни миллатҳо, ки дар он солҳо вуҷуд доштанд, ишора бикунад. Иртибот бо чунин қаҳрамоне барои ҳар хонандае самаранок аст, ки тавассути нафаре “вориди” матн мешавад ва баъд аз мутолиаи асар чун шахси аз назари рӯҳӣ ғанӣ “берун” мегардад.

* * *

Устод замони таҳсил дар Москва, дар муҳити донишмандоне чун И. С. Брагинский, М. Занд, М.- Н. Усмонов, Р.Алиев, Д. С. Комиссаров, Е. П. Челишев, Н. А. Айзенштейн, В. Б. Кляшторина, Л. С. Переломов, Н. А. Дворняков, В. Б. Никитина қарор гирифта, таырибаи зиёде андӯхтааст. Агар гуфтаҳои устод дар бораи ҳар як қаҳрамон арзёбӣ шавад, аз шиносоӣ бо шахсиятҳое чун Б. Ғафуров, М. Турсунзода, М. Осимӣ, Н. Маъсумӣ, М. Шакурӣ, А. Маниёзов ва дигарон А. Абдуманнони ҳанӯз ҷавон таассуроти амиқ бардошта, дар дилу зеҳнаш ҷой додааст. Дар тавсифоти ӯ ҳам бадеият, ҳам таърихият ва ҳам ҳуҷҷатписандӣ вуҷуд дорад.

Ба нависандаи хуб мегӯянд, ки ӯ санъаткор аст. Абдураҳмон Абдуманнон – чеҳранигор аст, ки чеҳраҳои мондагор дурахшон офаридааст. Хомаи ӯ оҳиста, ба таври мавзун дар рӯи коғаз ҳикояҳои воқеӣ, лаҳзаҳои пур аз гармиву муҳаббатро меофарад. Дар ин бора Сент-Бев Шарл Огюст гуфтааст: “Дар риштаи нақду таърихи адабиёт шояд мутолиаи шавқовартару гуворотар ва дар айни замон омӯзандатар аз зиндагиномаҳои хушнавиштаи бузургон набошад”[Сент-Бев, асари номбурда, с.50].

Қобилияти таваҷчуҳ ба ҷузъиёти хурди хоси инсон – ман маъмулан онҳоро марворидчаҳо меномам – маҷмӯи комили ягонагию ҳамоҳангии ҷузҳоро эҷод мекунад, ки як куллро ташкил медиҳанд. Мулоҳизаҳои худи ӯ дар бораи чеҳраҳо мисли апарте садо медиҳанд – на дилбазан, на хастакунанда, на якнавохт. Ҳар андешаи муаллиф хислати худи ӯро инъикос мекунад – маҳорати мушоҳида кардан ва хулоса бароварда тавонистанро. Ин мавқеи муаллифро равшан нишон медиҳад: муносибати меҳромез нисбат ба қаҳрамонҳои худ, мафтунӣ ба таҷрибаи ҳаётӣ, шаъну шараф ва наҷобати онҳо. Тамоми ёддоштҳои муаллифи китоб дар заминаи хотироти шахсии ӯ офарида шудаанд, ки ба жанри чеҳранигории адабӣ мансуб будани ин асарҳоро таъкид мекунад.

Ба китоб фаровонии вижагиҳои чеҳраҳои одамони машҳур, шахсиятҳое, ки хонанда ба онҳо тавассути диди муаллиф менигарад, хос аст – ӯ шахсан ҳар яки аз онҳоро мешинохт – ин на тарҷумаи ҳоли хушку холӣ ва на тарҳи тасвирҳои зебоест, ки дар онҳо нависанда саъй мекунад беҳтар бидурахшад, муаллифи чеҳра ҳар як парчаро чун тасвири хеле дақиқ пешниҳод мекунад, ин хислатҳои нозуки шахсиятҳое мебошанд, ки ҳузъе аз таърихи фарҳанги тоҷикро бунёд кардаанд.

Ҳадафи А. Абдуманнон қаҳрамони худро ҳамон тавр, ки воқеан буд, нишон додан; ӯро бо тамоми хислатҳояш, аз ҷумла камбудиҳое, ки инсонҳои бузург камтар аз мо дар маърази он ҳастанд, тасвир кардан аст. Намунае аз ин усули кор тавсифи зер аст: «Академик Абдулганӣ Мирзоев шахсияти мураккаб, олими пурдон, роҳбари сахтгир ва дурушт буд. Илова ба огоҳии комил аз сарчашмаҳои таърихиву адабӣ дар мантиқи шаклӣ дасти боло дошт ва усулҳои мантиқи шаклиро дар мубоҳисаҳо, хусусан дар толорҳои пуродам, моҳирона истифода мебурд, то ки мардуми ҳарчи бештар шоҳиди дастболоии ӯ ва мулзам шудани ҳарифаш (ё ҳарифонаш) бошанд. Умуман ба ў хуш меомад, ки зердастонаш аз вай дар ҳарос бошанд ва худро то ҷое мулзам пиндоранд. Ман, ки аз муҳити нисбатан озоди Москва омада будам, ба ин иқлим он қадар мутобиқ шуда натавонистам, ба сифати раиси шўрои олимони ҷавони институт дар як-ду маҷлиси шӯрои илмӣ аз муносибати чандгунаи роҳбари муассиса нисбат ба олимони ҷавон хатто интиқод ҳам кардам. Ин иқдомоти ман, албатта, ба устод Мирзоев хуш намеомад» (Ламҳа ... с.165).

Дар ин порча устод аз тарзу усулҳои чеҳранигории равонӣ истифода бурдааст: дар як вақт хислат, қобилият, заковат, эҳсосот, худшиносии шахси тасвиршавандаро ошкор намуда, бо ин ба хонанда мураккабии шахсияти академик Абдулғанӣ Мирзоевро кушода медиҳад.

* * *

Тамасхури устод А. Абдуманнон сазовори таваҷҷуҳи махсус аст. Он ҳамеша зарифона, шево ва дорои зерматни пурмазмун аст. Ин маҳорати устод дар таваҷҷуҳ ба тамасхур аст, ки ҳатто дар шароити хеле вазнин низ ман аз таҷрибаи шахсӣ шинохтаам.

Устод – ганҷинаи хотираҳост ва агар ҳамаи хотироти ӯро ёддошт кунем, итминони комил дорам, ки онҳо метавонанд ҷанбаҳои бисёр ҷолиби рӯйдодҳо ва шахсиятҳоро, баъзан комилан ғайри чашмдошт, ошкор кунанд. Ҳамчун мисоли тамасхури сирояткунандаи устод ҳикоя дар бораи А. Маниёзовро дар зер меорем: «… моҳи июни соли 1988 маро муовини директори институт оид ба илм таъйин карданд. Утоқҳои кори ману Маниёзов рӯбарӯ ва дар мобайн қабулгоҳ вокеъ буд. Рӯзе дар сари кор будам, ки котиба Валентина Ефимовна бо изтироб ба утоқи кори ман зада даромаду илтиҷоомезона гуфт, ки зуд ба утоқи Маниёзов равам, зеро он ҷо байни ӯ ва Шарофиддин Рустамов (узви вобастаи АИ, мудири шуъбаи забон) шояд ҷанҷол рух диҳад. Дарҳол хестаму ба утоки Маниёзов наздик шуда будам, ки дар бо шаст боз шуду Рустамов берун омад ва бо ҳамон шаст дарро пӯшиду бадар рафт. Даромадаму дидам, ки директор ором дар сари мизи кораш нишастааст. Пурсидам, ки чӣ гап шуд? Гуфт, ҳеч гап не, фақат ҳамин Шарофиддин андак дуруштӣ кард, суханони пасту баланд гуфт, лекин ман ҳам ӯро боб кардам. Пурсидам, ки чӣ кор кардед, ягон ҷавоби сахт додед? Гуфт, ки ҳеҷ кор накардам, чизе ҳам нагуфтам, танҳо ба чашмҳояш сахт нигоҳ кардам, ки барошуфту хест ва зуд бадар рафт. Яъне «сахт нигоҳ кардан» барои Маниёзов маънои ҷавоб ба «дуруштӣ» ва «суханони пасту баланд»-ро дошт, танбеҳи сахт буд» (“Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик”, с. 40).

Хеле шигифтовар аст, ҳамин тавр не? Мисли як ҳикояи комил. Чи ҷузъиёте!

***

«Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» – ин идомаи мантиқии суҳбат оид ба шахсияти худи Абдураҳмони Абдуманнон аст. Чеҳраҳои шахсиятҳои бузург, ки дар фарҳанги мо осори амиқ гузоштаанд, аз ҷониби ӯ ба шеваи мунҳасир ба фард офарида шудаанд, ки дар онҳо вижагиҳои суннатии жанри чеҳранигорӣ ва услуби муаллиф ба таври шигифтоваре ба ҳам пайваста, шахсият ва ҷаҳонбинии ӯро ошкор месозанд.

Дар ҳар як ҳолати ҷудогона адабиётшинос нисбат ба қаҳрамон муносибати фардӣ пеш мегирад, то муҳимтарин ҷиҳати хислати ӯро ҳарчи намоён созад ва бо ҳамин композитсияи ғайриодии кори худро эҷод кунад. Маҳз асолати тарроҳии меъморона аст, ки ин симои ҳар чеҳраро барои хонанда беназир ва махсус мегардонад.

Ин мавзӯъ ба тадқиқоти ҷиддӣ ниёз дорад, итминони комил дорам, ки рӯзе фаро мерасад, то саҳми Абдураҳмони Абдуманнон дар рушди жанри чеҳранигории адабӣ тавассути тадқиқоти ҷиддӣ арзёбӣ гардад, зеро бо офаридани чеҳраҳои шахсиятҳои барҷаста ӯ онҳоро дар робитаи мутақобила бо фазои иҷтимоии асри гузашта таҷассум кардааст. Бо вуҷуди ин, шахсияти барҷастатарини ин китоб – худи ӯст.

***

Мехоҳам андешаҳоямро бо сатрҳои эссеи худам дар бораи устод ба ифтихори 70-солагии ӯ анҷом диҳам: «Суханони Мулло Амонро аз «Ёддоштҳо»-и С. Айнӣ ба ёд оред: “- Медонед, - идома дод ӯ, - аксари одамон дар ҷаҳон аз пайи шуҳратанд. Қиморбозон, иштирокчиёни хурӯсҷангу бедонаҷанг ва ниҳоят соҳибони харҳои пойга – ҳатто онҳо мехоҳанд шуҳрат ба даст оваранд ва дар доираи худ машҳур шаванд. Ҳатто олимон, бигузор онҳо илми фиқҳро надонанд ҳам, мехоҳанд ҳамчун олими илми фиқҳ машҳур гарданд. Чунин шуҳрат дар байни иддаи бесавод ба осонӣ ба даст меояд».

Зиҳӣ, устод! с. 2023

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES