02 May 2023
Submitted by Admin
3925

Тасвири зан – модар, ки қиматтарин неъмати дунёст, дар адабиёт мақоми хоса дорад. Образи зан дар адабиёти форс-тоҷик бештар матраҳ шудааст. Шоирону адибон симои воқеии ӯро дар шеър нишон додаанд ва дар адабиёти клсассикӣ шоире нест, ки дар ситоиши маҳбуба шеъре насуруда бошад. Дар адабиёти муосири тоҷик низ мавзӯи зан – модар бештар баррасӣ шудааст. Устод Мирзо Турсунзода дар ин мавзӯъ ашъори зиёде суруда, симои зан – модарро воқеӣ тасвир кардааст.

Дар бораи зан-модар дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода донишмандону муҳаққиқони зиёде, аз ҷумла Атахон Сайфуллоев, Юрий Бобоев ва дигарон дар шакли мақолаи вижа ё дар тадқиқоташон ишораҳо доштаву ибрози назар кардаанд. Мо ҳам хостем, ки ба эътибор ва аҳаммият доштани ин мавзӯъ дар ҳар замоне ибрози назар карда бошем.

Мавзӯъҳои Модар – Ватан, дӯстӣ, нангу номус, ишқу вафо ва зебоӣ дар ашъори шоир бештар акс ёфтааст. Устод дар шеъри «Ба духтари тоҷик» симои ӯро чунин офаридааст:

Модари пуршафқати ояндаавлодон туӣ,

Даст бар гаҳвораи хушбахт фарзандон туӣ.

Аввалин ҳарф аз ту омӯзанд тифлон, з-ин сабаб

Пояи мустаҳками фардои олишон туӣ [9, 37].

Шоир дар водии Ҳисор, деҳаи хушманзараи Қаратоғ ба дунё омадааст. Аз рӯйи нақли шоир бармеояд, ки ӯ соли таваллуди худро каме дертар, яъне ҳангоми ба мактаби нав рафтанаш фаҳмидааст: «Вақте ки мо ба мактаб омадем, аз падарам пурсиданд:

– Мирзои шумо чандсола аст?

– Падарам бо овози баланд ба ҳисоб кардан даромад: «Вай баъди чор соли заминҷунбӣ таваллуд ёфта буд…» Ҳамин тавр, маълумам шуд, ки ман соли 1911 ба дунё омадаам» [10, 12].

Устод Мирзо Турсунзода дар хурдӣ аз навозиши модар маҳрум мондааст. Бино ба андешаи Турсунзода модари ӯ – Холбибӣ аз бемории вабо, ки соли 1920 водии Ҳисорро фаро гирифта буд, вафот мекунад. Дар ин хусус шоир гуфтааст: «Балои ногаҳонӣ ба хонаи мо ҳам сар даровард – модарам ба касалии вабо гирифтор шуд. Рӯзе ба хона даромада, дидам, ки модарам мурдааст» [10, 9].

Дар “Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи 11” низ, ки муаллифонаш Худойназар Асозода ва Аламхон Кӯчаров мебошанд, аз навозиши модар маҳрум мондани шоирро дар нӯҳсолагӣ, яъне соли 1920 муқаррар кардаанд, ки чунин омадааст: “Соли 1920 минтақаи Ҳисорро бемории вабо фаро гирифт. Ин офат модари Мирзо – Холбибиро низ ба коми марг кашид” [12, 161].

Вале Н.Маъсумӣ намедонам дар асоси кадом далел дар мақолааш «Ҷавонӣ ва камолоти мусаввири ҳусну дил» навиштааст, ки: «Модари Мирзо дар соли 1918 вафот кардааст» [2, 6].

Ҳасби ҳоли ғамангез ва мушкилоти зиндагии ятимонаву бемодарии шоирро аз шеърҳои зиёди ӯ пайдо кардан мумкин аст. Яке аз муҳаққиқони ашъори шоир – Ю.Бобоев дар китоби «Сипаҳсолори назм» навиштааст: «Лавҳаҳои ҷудогонаи ҳасби ҳоли шоир ва образи модари ӯ аз манзумаю достонҳои «Водии Ҳисор», «Сайёҳи ҳинд», «Ҳасани аробакаш», «Садои осиё», «Нонреза» ба хонандагон маълум аст. Ин оҳангҳо дар шеъри «Модарам» ҷамъбаст шудаанд» [1, 13].

Аз меҳру навозиши модар хеле барвақт маҳрум мондани шоир аз шеъри “Модарам”, ки соли 1966 иншо шудааст, хуб эҳсос мешавад.

Тифл мондам аз ту, модар, рӯйи ту дар ёд нест,

Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест [10, 224].

Ин мисраъҳои шоир аз он шаҳодат медиҳанд, ки ӯ модарашро дар хурдӣ аз даст додаву чеҳраву симои ӯро тамоман дар ёд надоштааст. Ва барои барқарор кардани сурату сирати модараш ба ҷустуҷӯ баромада, нишонаҳои ваҷоҳати ӯро аз ҳамдеҳагон пурсон мешавад. Шоир ин ҳолатро чунон моҳирона тасвир кардааст, ки дили хонанда реш мешавад:

Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест [10, 224].

Роҷеъ ба таърихи таълифи шеъри «Модарам» табиб, невропотолог – Абдумаҷид Пӯлодов, яке аз шахсоне, ки дар замони устод Турсунзода зиставу бо ӯ бисёр мулоқотҳо низ доштааст, дар мақолааш аз хотираҳои худ ёдовар шуда, чунин мегӯяд: «Дар зимни муоширати чандинсола ман аз таърихи радикулити ӯ бохабар шудам. Хусусияти ин дард чунин аст, ки бофтаҳои устухони ҷойи иллат, ки баъзан безарар менамояд, ба тадриҷ фосид мешаванд… Дар ҳамин такрорёбии дарди шадид, вақте ки шоир ҳанӯз дар дармонгоҳи Душанбе буд, ҳангоми яке аз аёдатҳои пагоҳирӯзӣ (ҳамон шаб аз шиддати дард шоир ягон лаҳза ғанаб накарда буд), ӯ ҳамаи мо, кормандони тибро дар хиҷолат мононд. Шоир дар муқаддимаи суханаш гуфт, ки вай солҳо боз ният дошт ба ёди модараш шеъре суруда, рӯҳи ӯро шод кунад, вале ҳаргиз фурсат даст намедод, ё ки мавриду шароити мувофиқ пайдо намешуд. Ниҳоят, дар ҳамин шаби бехобӣ, аз зарби дарди ҷонкоҳ эҳсоси шоир бедор шуда, дар мадди назар симои азизи модараш пайдо мешавад. Дар ҳамин ҳол шеъри «Модарам»-ро навишта ба поён мерасонад» [4, 104].

Модари шоир зани ҳунарманд буда, бино ба қавли фарзанди дар ёди ӯ ҷигархунаш тоқидӯзӣ мекардааст: “Модарам чевар буд, тоқиҳои зебо медӯхт, вале он чи ки аз паси ҳунари худ пайдо мекард, ба ризқу рӯзии мо ба зӯр мерасид.” – мегӯяд устод Турсунзода [10, 9].

Зан – модар тарбиятгар, эҷодкор, заҳматкаш, ватанхоҳу ватандӯст аст. Ҳеҷ модаре намехоҳад, ки фарзандаш аз чашм дур бошаду ба ӯ осебе расад, аммо агар ба Ватан хатаре таҳдид кард, ҳисси ватанпарастии ӯ боло гирифта, фарзандашро барои адои хизмати Ватан гусел мекунад. Шеъри “Хайр, модари азиз”, аввалин шеъри давраиҷангии устод Турсунзода мебошад, ки 24 июни соли 1941 навишта шуда, дар он чеҳраи модарони ватанхоҳу ватандӯстро бо эҳтироми хосса ба қалам додааст. Ин суханони модарест, ки ҳангоми гусели фарзанди ҷигарбандаш мегӯяд:

Гуфт: “Рав, ҷанги далерона бикун

Ҷанг бо лашкари бегона бикун.

Бош фарзанди сазовори падар,

Лоиқи ин Ватан, ин хонаву дар” [9, 41].

Муҳаққиқон дар хусуси таъсирбахш ифода ёфтани ҳисси ватандӯстонаи модарон чунин ибрози назар кардаанд: «Солҳои Ҷанги Ватанӣ мавзӯъ ва мундариҷаи шеърҳои М.Турсунзодаро низ ба ҳадди лозим конкреттар ва равшантар намуд. Аввалин шеъре, ки дар он рӯзҳо навишта буд, шеъри «Хайр, модари азиз» буда, дар он ҳиссиёти модарӣ ва ватандӯстии ҳазорон модарони мушфиқе, ки фарзандони азизи худро ба ҳифзи Ватани азиз гусел мекарданд, бисёр таъсирнок ифода ёфтааст [3, 311].

Ҷойи дигар омадааст: “Модар аз ҳассостарину раҳмдилтарин офаридаи табиату ҷамъият аст ва азизтарину ширинтарин ва зеботарин неъмат барои ӯ фарзанди дилбандаш аст... Вале вақте ки ба сари халқу Ватани азиз хавфи асир гардонидан пеш омад, ҳисси ҷамъиятию ватанпарастонаи ӯ боло гирифт, меҳри Ватан бар меҳри фарзандӣ ғолиб омад” [13, 7-8].

Шоир образи занону духтаронро дар ашъораш чун муборизони содиқ ва вафодору садоқатманди Ватан ба риштаи назм кашидааст. «Ҳамшираҳо» (1941) ном мухаммаси устод Турсунзода доир ба корномаҳои занону духтарони замони ҷанг гуфта шудааст. «Ҳамшираҳои тиббӣ дар байни оташу хун бо ҷанговарон дар як саф истода, аслиҳа ба даст «монанди беҳтарин писарон» қаҳрамонӣ нишон медоданд. Онҳо «дар таги борони тирҳо» ва «зери садои тӯпи фашистони беҳаё» ба ҷанговарони маҷрӯҳ ёрии таъҷилӣ расонда, дар беморхонаҳо бо дилсӯзию ҷонсупорӣ ба «ҷисми мурда ҳаёт» меоварданд» - навиштааст Юрий Бобоев [1, 87-88].

Шафқаткунанда силсилаи хоҳарон, шумо,

Беҳадду беҳисоб ба кас меҳрубон шумо,

Дилсӯзу ҷонсупор ба ҷанговарон шумо,

Фарзандҳои хуби ватанпарварон шумо,

Монанди беҳтарин писарон қаҳрамон шумо! [11, 32]

Устод Турсунзода занро ба оташ, ки яке аз чаҳор унсур мебошад, монанд кардааст. Модар аст, ки норасидаро мепарварад ва нерӯву меҳри модар аст, ки сардиро гармӣ ва торикиро равшанӣ мебахшад:

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,

Норасида бодае дар ҷом мемондем мо…

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,

Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо [10, 227-228].

Дар мавриди хусусияти табобатӣ доштани шири модар, Юрий Бобоев мегӯяд: «Шири модар хусусияти табобатӣ низ дорад. Бинобар ин, модарон рӯй ва чашму гӯши тифлро ҳар сари чанд вақт бо шири худ мешӯянд» [1, 62-63].

Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,

Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.

– мегӯяд устод Турсунзода [10, 227-228].

Масъулияти бузурги дигаре, ки зан – модар бар дӯш дорад, ба воя расондан ва тарбияи фарзанд мебошад. Ба камол расондан, соҳибмаърифат кардан, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ ӯро тарбия намудан, бештар бар зиммаи модарон аст. Яъне, аввалин мактаби мо оила аст.

Ё ин ки дар байти зер таъкид шудааст, ки аввалин калом аз зан-модар омӯхта мешавад:

Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,

Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо...

Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,

Лаб фурӯбаста ҳама чун лом мемондем мо [11, 236].

Ин байтҳои устод низ ба ҳамин мазмун ва ишора ба рисолати гарону муқаддаси зан-модар нигаронида шудааст.

Саъй кун, фарзандҳо олим шаванд,

Бар ҳама сайёраҳо ҳоким шаванд.

Хандаву эҷодкориҳо кунанд,

Халқро эъҷози нав савғо кунанд [6, 50].

Достони «Чароғи абадӣ» (1957)-и устод Турсунзода, ки аз чор боб иборат аст. Дар боби «Мулоқоти якум»-и он сухан дар бораи таваллудхона ва дунёи тифлон меравад. Дар ин боб устод Турсунзода мардеро, ки аз зан қимоб асту баъд аз таваллуди фарзанд, занашро ба хотири духтар зоданаш таънаву таҳқир мекунад, мазамматкунон чунин ба риштаи тасвир кашидааст:

Ба хона, аз қафои як тиреза,

Нигаҳ мекард марде бо ситеза.

Ба кин мӯи лабашро тоб медод,

Қасам бар хулқу бар одоб медод.

Кушода чашмро чун шоҳкоса,

Занашро таъна мезад он.

Хулоса,

Ба ман гуфтанд, ки аз зан қимоб аст,

Зи духтар зодани зан дар азоб аст.

Намехоҳад, ки бинад духтарашро,

Муборак бод гӯяд модарашро [5, 44-45].

Шоир ин марди ҷоҳилро мавриди истеҳзо қарор дода, модар ва духтари навзодро ситоиш ва мадҳу сано гуфтааст. Ва яқин кардааст, ки ин духтарчаи навзод фардо мисли модараш нисбат ба Ватан дилсӯзу азизи халқ ва донишманд мегардад.

Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав

Шавад фардо ба модарҳош пайрав.

Азизи халқ, донишманд гардад,

Ба кори судовар банд гардад [8, 23].

Ӯ мавқеи занонро дар ҷамъият – баробарҳуқуқии онҳо дар меҳнату корҳои идоракунӣ возеҳу равшан нишон додааст. Бо он қувваи бузурге, ки модарон доранд, метавонанд фарзандро барои зиндагии мустақилона, ба роҳи дурусти зиндагӣ омода созанд. Дар тафаккури фарзандон ҳисси ватандӯстӣ ва меҳри дониш андӯхтанро дар дили онҳо ҷой диҳанд. Зеро агар насли ояндаро аз хислатҳои хуби инсонӣ огоҳ созем, ҳеҷ вақт онҳо ҷоҳилу гумроҳ намешаванд. Имрӯз дар вазорату идораҳо, мактабу, литсейҳо занҳо вазифаҳои роҳбарикунандаро бар дӯш доранд, ки дар ин маврид устод гуфтааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.

Кард зан вазъияти моро дигар,

Чун насими тоза дохил шуд ба сар.

Чашми хоболудро бедор кард,

Ҷоҳилу гумроҳро ҳушёр кард [6, 50].

Ин модар аст, ки ба хотири фарзанд шабҳои дароз таҳаммул кардаву бедорхобӣ мекашад. Қувваи беҳамто ва бузурге, ки дасти модар дорад, танҳо хосси ӯст, ки то саҳар алла мегӯяду гаҳвора меҷунбонад. Ин ҷо шоир «Дасти модар»-ро ба риштаи тасвир кашида мегӯяд:

Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз,

Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,

Аллагӯён тифлро хобондаӣ,

То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ [11, 231].

Дар шеъри «Дили модар» образи модари тоҷик, чун шахси мудҳиштарин рӯзҳоро аз сар гузаронида тасвир ёфтааст. Образи модаре, ки ҷигарбанди худ – писари калониро аз даст додаву аммо ба хотири тарбияи писари хурдӣ он рӯзҳоро паси сар намудааст, ба таври мушаххас ифода меёбад. Дар ин шеър ҳамчунин расму русуми миллии тоҷикон – ҳадя бахшидан ба келин ва дуо додани модар бисёр хуб тасвир ёфтааст:

Намурдам, зистам, фарзанди хурдамро калон кардам,

Шаби тӯйи арӯсӣ ашки шодиро равон кардам.

Гумон кардам, ки оби дида марҷон гашт, марҷонро

Ба келин пешкаш кардам,

Дуо чун модарон кардам [10, 226].

Дар шеъри «Қурбони ту бошам» аз хислатҳои гуногуни зан ва зуд тағйир ёфтани аҳволи рӯҳии ӯ сухан меравад, ки шоир аз ин муомилаи ӯ дар тааҷҷуб монда, мегӯяд:

Гоҳе ту ситам созию гоҳе бинавозӣ,

Ҷонон, ман аз ин кори ту ҳайрони ту бошам [10, 247].

Дар шеъри “Бигзор зан бошад мудом” (1966) симои зан ва хислату хусусияти ӯ ба офтоб ташбеҳ шудааст. “Шоир чунонки хосиятҳои офтобро як-як нишон додааст, ҳамчунон ба тадриҷ хислатҳои мухталифи занро кушодааст” [2, 69-70].

Баҳр агар тӯфон кунад, гӯянд: - Кори офтоб,

Бод агар исён кунад, гӯянд: - Кори офтоб,

Абр агар борону барф орад, гуноҳи офтоб,

Жолаи чун санг агар борад, гуноҳи офтоб... [7,33].

Сардии зимистон, нармию зебоии баҳор, рӯзҳои равшану торик низ ҳама аз офтоб аст.

Сардии дай, нармии фасли баҳор аз офтоб,

Рӯзҳои равшану шабҳои тор аз офтоб.

Равшаниборӣ кунад самти шимол аз офтоб,

Байрақи заррин занад бар сар ҷибол аз офтоб,

Пас ҳама гӯянд, ки: бигзор бошад офтоб,

Ёр бошад бо замин бисёр бошад офтоб.

Зан, ба ман маълум шуд, ки офтобӣ будааст,

Кори ӯ ҳам дилбарӣ, ҳам дилхаробӣ будааст [7, 33-34].

Атахон Сайфуллоев ангезаи рафтору кирдори мураккаби занро дар ин шеър дар “меҳру муҳаббати сидқии ӯ” дида, чунин шарҳ додааст: “Андак рафтори озод ва муносибати меҳрубононаи мард ба занони дигар ӯро беқарор мекунад, дар дили вай садҳо гумону шубҳа ба вуҷуд меоварад ва гоҳо ба рашку ҳасад бурда мерасонад...” [2, 69-70].

Гоҳ мебинӣ, ки ором аст чун файзи саҳар,

Гоҳ мебинӣ, ки меҷӯшад чу дарёи Хазар

Гоҳ монанди асал ширину хушбӯяст он,

Гоҳ чин монанди мавҷи баҳр дар рӯяст он.

Гоҳ айши зиндагиро боз ҳам ширин кунад,

Гоҳ бо неши забон оҳиста дил захмин кунад.

Гоҳ густоху гаҳе рӯ пӯшад аз осори шарм,

Гоҳ шоду гоҳ ғамгин, гоҳ сарду гоҳ нарм [11, 231].

Ҳангоми аз сафари дуру дароз баргаштани шоир, ҳамсараш, ки аз таънаву писханди занони иғвогар ба дод омада буд, бо шавҳари сайёҳу шоираш мубоҳиса меорояд. Шоир ӯро тасаллӣ дода мегӯяд:

Шиква дорӣ, ки фалон бадгӯй зан

Таъна зад, писханд зад рӯзе ба ман.

Чун маро бинад, лабашро каҷ кунад,

Суҳбати бисёр талху фач кунад.

Гӯяд он аз беваҳо ҳам бадтарӣ,

Шавҳарат ҳасту вале бешавҳарӣ.

Раҳми кас ояд ба танҳоии ту,

Рӯзҳо, шабҳо ба раҳпоии ту.

Ҷони ширин, ин қадар дигар маранҷ,

Аз пичингу таънаи занҳои ланҷ.

Гар зане лаб каҷ намояд, ғам махӯр,

Менамояд ҳазл шояд, ғам махӯр.

Аз дугона сахт ранҷидан хатост,

Дӯстонро ноз кардан ҳам равост [8, 11-12].

Устод Турсунзода дар ин достон инчунин ба ҳамсари азизаш хотиррасон карданист, ки мисли ӯ мардони муборизи сулҳпарвару инсондӯсте, ки ба сайёҳӣ машҳур шудаву борҳо дар мусофиратҳо мешаванд, зиёданд. Ва яке аз ин гуна мардон, шоири покистонӣ – Файз Аҳмади Файзро мисол меорад, ки борҳо зиндонро дидааст:

Ҷони ширин, худ ки озод аз ғамӣ,

Аз ғами мазлумҳо огаҳ камӣ.

Ёд дорӣ, аз мубориз шоирон

Файз буд дар хонаи мо меҳмон...

Файз Аҳмад ҳам зану фарзандро

Дар баҳои ҷон харад монанди мо.

Ҳар гаҳе ки ёди Покистон кунад,

Ёд аз ношод фарзандон кунад,

Гиряи фарзанд озораш диҳад,

Аз ғазаб қудрат ба гуфтораш диҳад [8, 8-9].

Шоир ҳамсарашро дилбардорӣ карда мегӯяд, ки аммо шавҳару фарзанди ӯ ин тавр нест. Модари ӯ зани хушбахт аст ва гиряи фарзанди ӯ аз гиряи дигар кӯдакон фарқ дорад:

Вақти бозӣ вақти шӯхӣ беибо,

Мекунад Парвизи мо ҳам гиряҳо.

Ҳар куҷо ки бачча бошад, гиря ҳаст,

Лекин он гиря дигар, ин дигар аст...

Дар ватан фарзанди мо бадбахт нест,

Модари он ҳам зани сарсахт нест [8, 9-10].

Барои пешрафти кори эҷодии мард зан нақши муҳим дорад. Агар дар оила муҳаббату якдигарфаҳмӣ ва мустаҳкамии оила набошад, мард наметавонад эҷоди наву тозае карда бошад. Зани босаводу оқила метавонад, ки барои эҷоди наву тозаи мард илҳом бахшад. Дар фаъолиятҳои давлатӣ ва адабии шоир ҳамсари ӯ саҳми бузург дорад. Суханони духтари устод – Фирӯза Турсунзода тасдиқи гуфтаҳои мост, ки чунин гуфта буд: “Модари ман бисёр як зани оқил ва зани меҳмондӯст, зане буданд, ки оилаашон барои он кас аз ҳама азизтару аз ҳама ҷойи якум меистод. Падарам доим мегуфтанд, ки хизмати модарат дар зиндагонии ман, дар саломатии ман, дар эҷодиёти ман бисёр бузург аст” . Аз ин бармеояд, ки ёриву дастгириҳои ӯ буд, ки шоир тавонист ба мартабаи баланди эҷодӣ бирасад. Ин мисраъҳои шоир аз меҳмондӯстӣ ва меҳмоннавозии ҳамсари ӯ шаҳодат медиҳанд:

Доштӣ дар сар хаёли меҳмон,

Аз чунин ташриф будӣ шодмон [8, 12].

Устод Мирзо Турсунзода чун мунодии сулҳу оромии сайёра ҳамеша дар сафарҳои хидматӣ буду ҳамсари дилбандаш чун бонуи оқилаи хонадон дар тарбияи фарзандон саҳми шоиста гузоштааст. Бино бар ин, шоири ватанпарвару инсондӯст заҳамоту меҳнати бонувони худшиносу бедори тоҷикро самимона қадршиносӣ намуда, онҳоро васф кардааст.

Китобнома:

1. Бобоев Ю. Сипаҳсолори назм / Ю.Бобоев. – Душанбе, Ирфон, 1971. – 287 саҳ.

2. Маъсумӣ Н. Ҷавонӣ ва камолоти мусаввири ҳусну дил / Н.Маъсумӣ // Ҷашнномаи Мирзо Турсунзода. Душанбе, Дониш, 1971. – 108 саҳ.

3. Очерки таърихи адабиёти советии тоҷик. Қисми II. / Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. - 520 саҳ.

4. Пӯлодов Абдумаҷид. Шоир аз назари невропатолог / Абдумаҷид Пӯлодов // Садои Шарқ. №8, 1981, Душанбе, 1981. – 157 саҳ.

5. Турсунзода Мирзо. Садои Осиё. / Мирзо Турсунзода. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1957. – 61 саҳ.

6. Турсунзода Мирзо. Ҷони ширин. / Мирзо Турсунзода. – Душанбе: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1963. – 58 саҳ.

7. Турсунзода М. Илҳом / М. Турсунзода . – Душанбе: Ирфон, 1969. – 35 саҳ.

8. Турсунзода Мирзо. Куллиёт иборат аз шаш ҷилд. Ҷилди дуюм. Достонҳо ва либреттоҳо. / Мирзо Турсунзода. – Душанбе: Ирфон, 1971. – 334 саҳ.

9. Турсунзода М. Посбони оташ / М.Турсунзода. – Душанбе: Ирфон, 1977. – 112 саҳ.

10. Турсунзода Мирзо. Осори мунтахаб. Иборат аз ду ҷилд. Ҷилди I. Шеърҳо. Дар бораи худам. / Мирзо Турсунзода. – Душанбе: Ирфон, 1981. – 318 саҳ.

11. Турсунзода Мирзо. Шеърҳо ва достонҳо. / Мирзо Турсунзода. – Душанбе: Адиб, 1988. – 238 саҳ.

12. Худойназар Асозода, Аламхон Кӯчаров. Адабиёти тоҷик (давраи нав). Китоби дарсӣ барои синфи 11. Нашри дуюм. / Душанбе: “ТоРус”, 2011. – 398 саҳ.

13. Шоир ва инсондӯсти бузург (Ба ёрии лекторон). – Душанбе: Ҷамъияти “Дониш”-и РСС Тоҷикистон, 1986. – 27 саҳ.

Усмонова Гулбаҳор, ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES