05 May 2023
Submitted by Admin
1494

Як нуктаи сазовор ба таъкид дар иртибот бо силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин аст, ки баъд аз он мавзӯъи Шарқи хориҷа ба ҷиҳати хоси эҷодиёти Турсунзода табдил меёбад. Вай соли 1950 асари дигаре дар ин сабку равиш бо номи «Ман аз Шарқи озод» таълиф намуд, ки аз зиндагии мардуми Покистон ва ба роҳи муборизаи озодихоҳона қадам бардоштани он баҳс мекунад.

Дар ин ҷо низ сухан аз дасисаҳои мустамликадорни ғарбӣ меравад, ки байни мардуми мусулмону ҳинду низоъ андохта, кашмакашҳои милливу мазҳабиро оташ зада ва аз ин барои манфаатҳои худ суд мебардоштанд. Силсилаи «Ман аз Шарқи озод» аз чаҳор шеър иборат буда, бар мабнои тазоду муқобила таълиф шудааст. Турсунзода зиндагии сахт ва ҳолати равонии дӯсти покистонии худро ба мушоҳида гирифта, ғаму андӯҳи ӯро бо инсони шӯравӣ муқоиса менамояд ва ба ин васила афзалияти сохти сусиолистиро нишон медиҳад. Бино бар ин, дар тасвири вай симои ду Шарқ - Шарқи шӯравӣ ва Шарқи хориҷӣ ба вуҷуд меояд, ки дорои тафовутҳои хоси иҷтимоиву сиёсие мебошанд:

Чаро ин қадар, дӯст, ошуфтаӣ,

Чу ҳарфи зарурии ногуфтаӣ?..

Нигоҳи ту ё ин ки донистанист

Миёни ману ту - ду кас фарқ чист?..

Сари ман баланд аст, оре, баланд,

Ки Шарқи советист фирӯзманд.

Чунин аст фарқи ману фарқи ту!

Чунин аст Шарқи ману Шарқи ту!

Аммо тасвири шоир ба муқобилагузорӣ ва афзал донистани як сохти иҷтимоӣ аз дигараш, ки имрӯз собит шудааст, ки на ҳамеша ҳақиқат доштааст, анҷом намеёбад ва ӯ кӯшидааст аз ин тазодҳо маъниҳои ибратбахшу фалсафӣ ҳам берун кашад, то ба миён гузоштани масъалаҳои неку бад дар ҷаҳони муосир (шеъри «Чашмҳо») имкон дошта бошад.

Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии Мирзо Турсунзода мавзӯъу масъалаҳои маҳаллӣ, зиндагии мардуми шӯравӣ, таърихи сохтмони сотсиалистӣ ва ташаккули фарҳангӣ дар Тоҷикситон низ мавқеи муҳимме доштааст. Вай таҳти унвони «Дар сарзамини тоҷикон» як силсила шеърҳо эҷод мекунад. Бахусус заҳмати баъдиҷангии мардум дар шеърҳои «Обхез», «Электрик ва оила», «Муҳоҷир», «Лиму», «Вақт ва коммунист» мавриди тавсифу тасвир қарор гирифтааст, ки дар манзумаи «Мавҷи табрикҳо» ҷамъбаст меёбад.

Турсунзода дар ин давра ду достони пураҳаммият – «Ҳасани аробакаш» (1954) ва «Чароғи абадӣ» (1958)-ро таълиф намуд. Ин асарҳо назми тоҷикиро бо тасвири ҷиддии реалистӣ (воқеъгароёна) ва андешаву мулоҳизаҳои ҳикматомез (фалсафӣ) ғанӣ гардониданд.

Достони «Ҳасани аробакаш» ба тасвири зиндагии мардуми тоҷик пас аз инқилоби болшевикӣ ва ташаккули одами нави замони шӯравӣ бахшида шудааст. Ин тарзи тасвир ва масъалаи он дар назми тоҷикӣ ҳодисаи нав буд. Турсунзода хостааст, ки ба зеҳну шуури мардуми мо роҳ ёфтани ғояҳои ҷомеаи сотсиалистӣ ва зиндагии дастаҷамъонаро тавассути шахсияти инсон ва олами мураккаби равонии он нишон диҳад. Дар ин маврид интинхоби қаҳрамони асосии асар - Ҳасани аробакаш низ бисёр ҷолиби диққат аст. Вай заҳматкаши одии безамину об набуда, балки деҳқони миёнаҳолест ва баъди инқилоб соҳиби аспу ароба гаштааст, ки омили таъмини зиндагӣ ва озодии фаъолияташ мебошад ва ин меҳри чизу чора, яъне аспу ароба барои ба ҷониби сохти нав гузаштани вай ва қабули сохти шӯравӣ монеа эҷод намудааст. Шоир тавассути саврнавишти Ҳасан ба чӣ мушкил ба ҷониби сохти шӯравӣ омадан ва ҳамчунин қувваи тарбиявии ин сохтро гӯё таъкид кардан мехоҳад.

Ҳасан як инсони ба худ хос аст. Вай қуваву бозуи тавоно дорад ва аз ин рӯ, мағруру худраъй ҳам мебошад. Ин хислатҳо баъди аз даргоҳи хуҷаин бо асбу ароба гурехтану зиндагонии озодона сар кардан бештар мегардад. Вай ҳатто бо аробакашони дигар низ унс намегирад ва зиндагии бенизом дорад. Фаъолияташ низ дар саросари Тоҷикистони ҷанубӣ ҷараён мегирад. Ғурури ӯ аз он ҷо низ афзудааст, ки худ ҷавон ва аробаи наву аспи боқауввате дорад ва гӯё ба ҳач кас вобаста нест. Шоир дар оғоз хонандаро ба ин қаҳрамони ғайриодӣ шинос менамояд:

Пушт, машкоб!

Бохабар мардум!

Бақафоят нигоҳ кун, нонвой!

Ҳой, ҳезумфурӯши варзобӣ,

Хари худро каш аз даруни лой!

Бо чунин дӯғу валвала омад

Ҳасани ошно аробасавор,

Одамонро ба ду тараф ронда,

Мегузашт аз миёнаи бозор…

Вале дар ҷараёни то рафт пурқувват гардидани сохти сотсиалистӣ, сохтмони каналу роҳҳо ва ободтар шудани кишвар доираи фаъолияти Ҳасан барин шахсони озодамалу соҳиби молу чизи хусусӣ танг мегардад ва ҳарчанд қаҳрамон саркашӣ кардаву ба зиндагии нав сар фуровардан намехоҳад ва ба гӯшаву каноре меравад, ки ба аспу ароба ниёзи бештаре ҳаст, вале навигариҳо ӯро ҳама ҷо таъқиб мекунанд ва оқибат Ҳасану аспу араобаашро мошинҳои зудраву пурқувват танг менамоянд. Натиҷа ҳамин мешавад, ки дар ин набард Ҳасан мағлуб гардида, аз баҳри асбу аробааш мебарояд. Вале аҳаммияти ғоявии достон ва нияти бадеии Турсунзода низ дар ҳамин зоҳир мешавад, ки қаҳрамон дар ин гирудори ҳодисаҳо маҳв нашуда, бо омӯзишу кӯшиш сари чамбари мошин менишинад ва ба сифати инсони нав ташаккул меёбад. Ба ҳамин сабабҳост, ки Ҳасан аз чеҳраҳои муассиру мураккаб ва ибратбахшу тарбиявӣ дар адабиёти тоҷикӣ ба шумор омадааст. Бояд гуфт, ки достони «Ҳасакни аробакаш» мазиятҳои дигаре низ дорад: мавзӯи ишқи Ҳасану Садаф, иштироки худи шоир дар сужаи достон ва нишон додани лаҳзаҳои мубориза ва сохтмонҳои муҳим дар Тоҷикистон мундариҷаи онро ғанӣ гардонидаанд.

Дигар аз достонҳои Турсунзода «Чароғи абадӣ» (1956) ба рӯзгор ва шахсияти асосгузори адабиёти нави тоҷикӣ Садриддин Айнӣ, зинагии сахту пуршарафи ӯ ва мавқеи ҷамъиятии вай дар кишвари шӯроҳо бахшида шудааст. Асар хусусияти хоси жанрӣ дошта, достони лирикии фалсафӣ ба шумор оварда шудааст. Дар он ҷанбаи ривоят ва андешеву эҳсос ба ҳам омехта мешавад. Турсунзода як шаби интизории таваллуди фарзанд ва интизории омадану вохӯрӣ бо устод Айниро ба ҳам дар як таркиби бадеӣ гунҷонда, шакли нави жанрие ба вуҷуд меоварад. Достон аз чаҳор бахш ба ҳам омадааст: «Интизорӣ», «Мулоқоти якум», «Мулоқоти дувум» ва «Дар боғ». Агар воқеаҳои асарро ба таври умумӣ тавсиф кунем, дар қисми аввал сухан дар бораи интизории муаллиф аз ба дунё омадни фарзанди нав дар хонадонаш ва сипас дар бахши дигар аз вохӯрӣ бо фарзанд ва баъд дар дигар қисм аз интизорӣ ва пешвози устод Айнӣ, мулоқот бо вай сухан меравад.

Ҳамин тавр дар асар симои устод Айнӣ, зиндагии сахту сангини ӯ, ҷойгоҳи вай дар таърихи адабу фарҳанги тоҷикӣ ба тасвир омада, ба намоди рӯшноӣ пайваста мешавад ва устод ба сифати равшангари роҳи фарзанди нав ва куллан миллати тоҷик таҷассум меёбад. Турсунзода навишта:

Худи устод машъал шуд, алав шуд,

Чароғи равшани дунёи нав шуд.

Ба рӯяш нур бинам, барқ бинам,

Ҳувайдо саргузашти Шарқ бинам…

Дар қисми охир ин ду сужет – мулоқотҳои дувум (таваллуди кӯдак) ва севум (вохӯрӣ бо устод Айнӣ) ба ҳам пайваста, сарнавишти устоди донишманду хирадманд ва рӯзгори ояндаи фарзанди нав ба дунё омада ба ҳам гиреҳ мехӯранд. Анҷоми достон низ аз ин ҷиҳат ҷолиби диққат аст:

Магар созам ягон боре фаромӯш,

Адиберо, ки буд ҳам ақл, ҳам ҳуш.

Писарҷонам, магар созам фармӯш,

Даме, ки кардам овози туро гӯш.

Дар достони «Чароғи абадӣ» ҷузъиёти табиат, шаб, саҳар, шукуфтани гул, рӯшноӣ ва ғайра хеле фаъол буда, ба дараҷаи рамзу намод мерасанд ва дар кулл достони лирикии ривоятӣ ба ҳикмати ҳастӣ пайванд хурда, маъниҳои бузургеро дар бораи гузаштаву имрӯз ва ояндаи қитъаҳои Осиёву Африқо ва Тоҷикистон фаро мегирад. Аз ин ҷиҳат ҳам ин асар дар назми тоҷикӣ мавқеи муҳиммеро ишғол менамояд.

Дигар аз асарҳои муҳимми устод Турсунзода, ки дар солҳои 50 асри гузашта таълиф шудааст, достони «Садои Осиё» (1957) мебошад. Ин асар баёнргари он аст, ки мавзӯи хориҷа ҳеч гоҳ аз мадди назари шоир дур набудааст. Вай аз ин пештар достони «Духтари муқаддас» (1955)-ро таълиф намуд. Дар ин достон сухан аз талошҳои ҳиндудухтарест, ки барои ҷустуҷӯи ҳақиқат ва сулҳи байни мардумони ҷаҳон талош дорад ва дар ниҳоят муяссар мешавад, ки мардуми ҷаҳон садои ӯро бишнаванд:

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,

Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Ҷустуҷӯ мекард ӯ инсофро,

Осмони софи кӯҳи Қофро.

Ниҳоят:

Духтари ҳинду адолатхоҳ шуд,

Олам аз таърихи ӯ огоҳ шуд!

Ва «Садои Осиё» низ баёнгари он ҳол аст, ки масъалаҳои Шарқу сарнавишташ дар ҷаҳони мураккаби он замон ҳамеша диққати шоирро мутаваҷҷеҳи худ нигоҳ медоштаанд.

Нуктаи муҳим дар ин маврид ҳамин аст, ки достони мазкур мавзӯъу масъалаҳои куллии кишварҳои Шарқ - Осиёву Африиқоро фаро гирифта, бино бар ин, хусусияти монологи қаҳрамони ғиноиро касб мекунад ва ин ҳама аз муҳаббати шоир ба мардуми ин сарзамин сар задааст:

Осиё!

Монанди модар меҳрубон астӣ маро,

Муҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷон астӣ маро...

Ҳамин тавр, дар кулл достон хусусияти таъмимӣ дошта, ба қавли Анатолий Сафронов «барномаи шоиронаи якдилии халқҳои Осиё» мебошад. Мухтор Авезов изҳор дошта буд, ки: «Турсунзода дар достони худ аз номи халқҳои Осиё ва Африқо сухан меронад».

Шоир таъкид кардан мехоҳад, ки қитъаи Осиё имрӯз ба марҳалаи нави муборизаи миллӣ-озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ расидааст:

Осиё гӯяд сухан,

овози онро бишнавед!

Мавҷи дарё,

ғурриши баҳри дамонро бишнавед!

Осиё бедор шуд, бедор,

тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро

оқибат дарёб кард...

Дар шаби торик,

бими мавҷ, дигар Осиё

Аз сабукборони соҳилҳо надорад шикваҳо.

Дар ниҳоят шоир ба ғалабаи адолат ва ба озодӣ расидани мардуми Осиё бовар дорад:

Метавонад ҳар касе, ки зӯр шуд, ғолиб шавад,

Молу мулки дигаронро ояду соҳиб шавад.

Нест аммо қуввае, ки азмро орад завол,

Руҳи озодипарастонро намояд поймол.

Дар бораи ин достон устод Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ хеле нуктасанҷона изҳори ақида намудааст: «Ин манзума пур аз садоҳои гуногун аст. Гоҳ «ғурриши баҳр» ва нидои «азму суботи муборизон», гоҳ «нолаҳои зор-зору оҳҳои сард» ва овози «боди хазон», гоҳ «суруди коргар» ва садои пора шудани «занҷиру каманд» ва ғайраро мешунавем. Гоҳе садои асрҳо ба гӯш мерасад, байтҳои Саъдиву Ҳофиз, суруди қадимии фаллоҳони соҳили Нил ва орзуҳои дерини модарони Миср моро ба ҳаяҷон меоварад ва гоҳек нидои духтари Чин ё Ҳинд ва ё Индонезияву Бирма ва ғайра шунида мешавад. Ба ин садоҳои гуногун овози дарёи Ҳисор низ ҷӯр мешавад:

Рӯди хурди деҳаи ман

рӯди пуршӯр аст, шӯр,

Бо садои рӯдҳои Осиё

ҷӯр аст, ҷӯр.

Садоҳо ва манзараҳои Осиё – ду унсур як шуда, ҳақиқати як замони бузургро намудор меорад» (Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти садаи бист». - Душанбе, 2006, саҳ. 421-422).

Ба ин маънӣ достони «Садои Осиё» мазмуни амиқи ҳаётдӯстонаи умумиинсонӣ дошта, аҳаммияти ғоявии онро низ ҳамин ният муайян менамояд.

Ба эътибори ин ҳама хусусиятҳои муҳимми «Садои Осиё» ва ҳамчунин достони «Ҳасани аробакаш» соли 1960 Мирзо Турсунзода барандаи ҷоизаи олии шӯравӣ - Мукофоти ленинӣ гардид.

Чун сухан дар бораи таваҷҷуҳи Мирзо Турсунзода ба мавзӯи хориҷӣ меравад, лозим аст, ки аз охирин асари вай – достони «Аз Ганг то Кремл»-ро (Номи дигараш «Роҷа дар Кремл», 1970) ёдовар шавем. Шоир барои таълифи як чунин достоне аз таҷрибаи худ ва шахсияти воқеӣ истифода мекунад. Протар шахси таърихӣ буда, Турсунзода бо ӯ ошно будааст. Аз ин ҷо воқеаҳои достон хусусияти воқеӣ доранд. Аммо шоир дар заминаи ин воқеаҳои ҳаётӣ фикри худро дар бораи як ҷараёни муҳимми оғози садаи ХХ баён медорад. Бино бар ин, достон тору пуди хоссае дорад: дар он воқеа, андеша, руҷуъ ва муҳокимаҳои шахсии худи муаллиф ба ҳам омехта гардида, барои бозгӯи масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фалсафиву инсонӣ мусоидат намудаанд. Сухан дар бораи таваҷҷуҳи мардуми Шарқ, бахусус ҳиндуҳо ба Инқилоби Октябр, ки дар замони худ бо ғояҳои мардумпарваронааш боиси пайравӣ ва ҷонибдории шахсият ва мардумони зиёде гардида буд, баҳс мекунад. Қаҳрамони он Протап, ки дар садади ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат буд, барои дарку фаҳми моҳияти инқилоб ва шиносоӣ ба шахси Ленин озими кишвари шӯроҳо мешавад:

Ман ҳасад мебарам ба ҳиндуе,

Ки ба уммеди рӯзи некуе

Тарк бинмуд зодгоҳашро,

Манзилашро, ҷалолу ҷоҳашро.

Шарқсанҷиву ғарббинӣ кард,

Дар ғами Ҳинд шабнишинӣ кард.

Меҳмон дар ҳузури Ленин шуд,

Ҳамнишин, ошнои дерин шуд…

Турсунзода дар канори тасвири шахсияти Протап, ақидаҳои сиёсии он, заминаҳои ташаккули афкори вай, ҳамчунин ҷараёни сафари ӯро ба Шӯравӣ муфассал ба тасвир мегирад. Нуктаи муҳим дар ин сафар дидани макону манотиқи зиёд, бахусус Шарқ (ва аз ҷумла Афғонистон) аст, ки донишу фаҳми ӯро дар бораи зиндагии ин мардумон боз ҳам дақиқ мекунад ва боварашро ба сафари пешгирифтааш меафзояд. Инак, Протап дар ҳузури Ленин ва суҳбати онҳо дар мавриди ба чӣ роҳу равиш амал кардани мардуми Ҳинд аст. Ленин аз вазъи кишвари Протап ва афкори толстойгунаи он, ки мақсадаш бо мусолиҳа ва ҷангу инқилоб ба мақсад расидан буд, пай бурда, изҳор медорад, ки ранҷбарзодагони Русия

Чашмдорони Ҳинди бедоранд,

Ба ситамдида ҳиндуён ёранд.

Ва орзуву нияти онҳоро пай бурда, кӯшишу ҷадалашонро барои озодӣ ҷонибдорӣ менамояд:

Мустақил Осиё муборак бод,

Зинда бод Осиёи навбунёд!

Шоир ба ин натиҷа мерасад, ки Протап – ин фарде, ки ба тақдир ва қазову қадар бовар дорад, зоҳиран афкори ба зулм бо зулм ҷавоб надоданро пайгирӣ менамояд, ниҳоят:

Ҳиндуи порсо, дуогӯе

Шуд мубаддал ба шахси хақгӯе.

Дар иртибот бо достони мазкур ва куллан таълифоти замони шӯравии Мирзо Турсунзода, бахусус осори дар солҳои 30-50 таълифкардаи ӯ ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки онҳо дар партави идеяҳои коммунистӣ эҷод шудаанд ва ҷабҳагирии мафкуравӣ, мисли тамоми адабиёти замони шӯравӣ, дар онҳо хеле равшан аст. Вале дар кулл осори устод бо рӯҳи гуманистӣ, истиқлолхоҳӣ ва эҳтироми инсону ибрати зиндагӣ имтиёз доштааст. Инро дар ашъори давраи охири умр дар мавзӯъҳои Ватан, Зан, Модар таълиф кардаи ӯ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Дар воқеъ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода мавзӯи зан, модар мақоми хоссае дорад. Шоир аз оғози эҷодиёт ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳ зоҳир карда, зиндагӣ ва мазлумияти занонро дар гузашта мазаммат ва ба озодии иҷтимоӣ расидани онҳоро тавсиф кардааст. Ҳамчунин иштироки занон дар ашъори замони ҷангӣ ва пасоҷангии шоир мақоми хоссе доштааст. Мирзо Турсунзода ба сарнавишти занони Шарқи хориҷӣ низ бетараф набудааст. Образи Тара-Чандрӣ аз силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ва достони «Духтари муқаддас» (1957) ба ин гувоҳ мебошанд.

Аммо дар достони «Ҷони ширин» (1959) шоир ба тасвири зан аз назари тозае мепардозад. Ба таври куллӣ ин ҷо масъалаи ҷойгоҳи иҷтимоии зан бо зиндагии хонаводагии вай пайванд мехӯрад. Муаллиф акнун бисёр масоили иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ ва инсондӯстиву умумиинсониро дар либоси муроҷаат (муколама) бо ҳамсараш баён медорад ва ин усул ба тамоми муҳтавои иҷтимоии достон рангу таровати тоза мебахшад, балки онро самимӣ, маҳрамона ва бисёр табиӣ менамояд. Зимнан, дар ин ҷараён тасвири чеҳраи зан, таъкиди мақоми вай ва эҳтиром бар вай ғарази шоир аст:

Дар диёри мо шуд одам арҷманд,

Шуд сари хамгаштаи занҳо баланд.

Ҳеҷ коре нест бе зан, хуб шуд,

Ифтихоре нест без ан, хуб шуд.

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд…

Турсунзода минбаъд аз ҳамин меъёр ба тасвир чеҳраи зан мепардозад ва зану модарро аз ҳайси инсонӣ мавриди тасвир қарор медиҳад. Дигар зан танҳо узви фаъоли иҷтимоъ нест, балки инсонест, ки ҳасту нести зиндагӣ, рангу таровати ҳаёт, бунёди ахлоқӣ, балки асоси ҳастии инсон ба он иртибот мегирад.

Силсилаи шеърҳои «Дасти модар» (1963), «Дили модар», «Бизор, зан бошад мудом» (1966), «Модарам» (1965), «Зан агар оташ намешӯд» (1973), «Зан зан аст» (1975) худ баёнгари он ҳастанд, ки шоир ба мавзуи мазкур чӣ дилбастагӣ доштааст ва онро муҳим мешуморидааст. Дар воқеъ охирин маҷмӯаи ашъори Мирзо Турсунзода «Посбони оташ» (1977) унвон дошта, осори Зан-Модарномаи ӯро фаро гирифтанд. Шоир дар айни камолоти адабиву инсонӣ дар ашъори миллимазмун ба оҳанги умумибашарӣ симои муҳташами модаре, ки тамоми гарму сард ва мушкиливу хӯшиҳои зиндагиро ба дӯш доштааст, эҷод менамояд.

Дар мавриди шеърҳои мазкур ва достонҳои «Садои Осиё», Чаролғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва ашъори дигаре аз Мирзо Турсунзода аз қабили «Хоҳари мубориз Африқо», «Шоиро!», «Ошёни баланд», «Қалам», «Ватан», «Замин», «Дӯстонро гум макун» ва дигарон ба чунин натиҷа расидан мумкин аст, ки дар шеъри солҳои охири ӯ тамоюли тозае шакл гирифта буд ва он ҳам эҷоди шеъри фалсафӣ ва ҳикмати асри нав - замони ташаккули миллати тоҷик дар муҳавватаи раванди инкишофи илмӣ-техникӣ, бедориву озодхоҳон мардуми Осиёву Афирқо, ташаннуҷи сохторҳои мухолифи ҷаҳонӣ-сотсиализм ва капитализи ва ниҳоят масъулият ва ҷойгоҳи ҳар як инсон дар ин ҷаҳон ҳассос будааст.

Саҳми Турсунзода дар шаклгирӣ ва рушди дигар навъу намудҳои адабӣ низ чашмрас аст. Вай дар таҳаввули драматургия (драмаи мусиқӣ, либреттои опера ва балет ва ғ.) ва киноноповест саҳм гирифта, осори зиёде таълиф кардааст. Нахустин драмаи вай «Ҳукм» соли 1934 таълиф шудааст. Минбаъд песаҳои «Роҳатхон» (1935), «Хусрав ва Ширин» (1936, ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ), драмаи мусиқии «Шӯриши Восеъ»-ро (1940, ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ) таълиф менамояд. Ҳамчунин либреттои операи «Шӯриши Восеъ» (ҳамроҳ бо А. Деҳотӣ), либреттои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (19430, либреттои лиркию мазҳакавии «Арӯс» (1945), либреттои балети «Писари Ватан»-ро таълиф намуда, дар ташаккули драмнависӣ чун навъи тозаи адабии тоҷикӣ ва шаклу жанрҳои он саҳм мегирад. Ҳамчунин кинономаҳои филми бадеии «Ҳасани аробакаш» (1966, ҳамроҳ бо И.Филимоновна), «Бо амри дил» (1976, ҳамроҳ бо Д. Булгаков ва Л. Файзиев), «Субҳи Ганг» ба қалами вай тааллуқ доранд.

Турсунзода дар гирд овардану омӯзиши адабиёти гузаштаи тоҷикӣ (маҷмӯаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик», 1940), фарҳанги мардумӣ низ саҳм гирифтааст. Маҷмӯаи гирдовардаи вай «Намунаи фолклори тоҷик» (ҳамроҳ бо А. Н. Болдирев) борҳо рӯи чопро (1940, 1945, 1957) дидаанд. Бисёр муҳим аст, ки чи адабиёти классикӣ ва чи эҷодиёти мардумӣ ба осори шоир таъсири судманде кардааст ва ҷанбаи халқӣ аз хусусиятҳои пурқуввати онҳо ба шумор меояд.

Паҳлуи дигари эҷодиёти Турсунзода танқиду адабиётшиносӣ ва публитистика мебошад. Асарҳои публитсистияш низ бо хусиятҳои худ имтиёз дорад. Турсунзода зиёда аз 200 мақолаву очерк ва қайдҳои сафар таълиф кардааст, ки дар онҳо лаҳзаҳои муҳимми сафарҳояш ба тамоми гӯшаву канори олам - 25 кишвари Шарқу Ғарб, таассуроташ аз конгрессҳои байналхалқӣ ва дигар маҳфилу ҷаласот баён ёфтаанд. Дар публитсистикаи Турсунзода, чун ашъораш, мазмунҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаи мардум барои озодӣ ва ояндаи нек мавқеи муҳим доранд.

Вай бахусус дар инкишофи танқиди адабӣ саҳми калон дошт. Назар ва баҳои вай ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1946-1977) дар нақду баррасии адабиёти тоҷикии чил соли асри гузашта, эҷодиёти намояндагони ҷудогонаи он ва асарҳои алоҳида хеле арзишманд мебошад.

Зиёда аз он, устод Турсунзрда дар тарбияи аҳли адаби тоҷики 60 соли охири адабиёти тоҷикӣ чун мураббии сахтгиру ғамхор саҳми бисёр бузурге гирифтааст. Нависандагони номвар ва пешраве чун Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ғаффор Мирзо, Аминҷон Шукӯҳӣ, Муҳиддин Фарҳат, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Кӯҳзод, Сорбон, Мавҷуда Ҳакимова, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулназар Келдӣ, Гулрухсор, Саидалӣ Маъмур, Ғоиб Сафарзода, Ашӯр Сафар, Салишо Ҳалимшо, Зулфия ва даҳҳои дигар дастпарвари мактаби адабии Мирзо Турсунзода ҳастанд ва муҳимтарин ибтикороту тозапардозиҳо ва тамоилҳои нави ҳунарии адабиёти тоҷикӣ ба номи онҳо иртибот мегирад.

Осори устод Турсунзода ба бисёр забонҳо, аз ҷумла забонҳои мардуми шӯравии собиқ, бахусус русӣ ва дигар забонҳои олам мисли англисӣ, ҳиндӣ, хитоӣ, олмонӣ, франсавӣ, чехӣ, испанӣ, полякӣ, булғорӣ, монголӣ ба нашр расидаанд. Масалан, достони «Аз Ганг то Кремл» пас аз чоп шудан ба зудӣ ба 10 забони ҳиндӣ ва ба забонҳои англисӣ, франсавӣ ва испанӣ ба ба табъ расида буд (Таджикская ССР, Энциклопедическое издание, Душанбе, 1974, стр. 331).

Устод Турсунзода дар вазифаҳои муҳимми расмиву ҷамъиятӣ: раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси Кумитаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви Призидиум ва котиби Садорати Иттифоқи нависандагони СССР, аъзои Кумитаи умумииттифоқии мукофотҳои ленинӣ ва давлатии СССР, намояндаи халқ (депутат) дар Совети Олии СССР, узви КМ ҲК Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. Заҳматҳои адабиву ҷаъиятии вай сазовор тақдир карда шудааст. Вай барандаи ҷоизаи давлатии СССР (1948), мукофоти Ленинӣ (1960), ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1963), мукофоти Комсомоли Тоҷикистон ва дорандаи унвонҳои Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1967), Шоири Халқии Тоҷикистон (1961) мебошад.

Турсунзода ба сифати ходими сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, бахусус чун раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо, узви Президиуми Кумитаи советии сулҳ корҳои бузургеро дар амнияти ҷаҳонӣ, истиқлолу озодии халқҳои Осиё ва Африқо, сулҳу якдигарфаҳмии мардуми олам анҷом додааст. Вай дорандаи мукофоти байналмилалии ба номи Ҷавоҳирлаъ Неҳрӯ (1957), медали Ҷамол Абдунносир (1972), ордени Республикаи халқии Булғория - «Крилл ва Мефодий» (1973), «Медали тилои Кумитаи советии муҳофизати сулҳ» (1974) мебошад.

Ному осори устод Турсунзода зинда ва меҳраш дар дили мардуми тоҷик барои ҳамеша аст. Бо қарори ЮНЕСКО дар соли 2001ба таври густарда дар сатҳи ҷаҳон ҷанш гирифта шудани 90-солагии ӯ намоёнгари эътирофи саҳми устод дар адабу фарҳанги муосир аст. Ӯ аз дар воқеъ аз чеҳраҳои дурахшону мондагори адабиёти муосири тоҷик мебошад.

Абдухолиқи НАБАВӢ, ходими пешбари илмии шуъбаи адабиёти муосри ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES