20 May 2023
Submitted by Admin
1050

Асри ХХ асри зуҳур ва бархӯрди идеологияҳои ба ҳам зид, асри вуқӯи мудҳиштарин ҷангҳои башарӣ ва асри тасаллути технология бар маънавиёти инсонӣ буд. Ин тахосум то кунун дар шаклҳои гуногун идома дорад. Давроне оғоз шудааст, ки инсон бо дасти худаш худро ба ҳошия меронад. Ба ихтирооте даст задааст, ки бо мурури замон худ мутеъ ва вобастаи офаридаҳои хеш гардидааст. Роҳеро интихоб кардааст, ки поёнаш нобудии худи инсон аст.

Баъзе аз ин мактабҳои навзуҳур бар асоси муқтазои табиаташон мухолифи шахсияти инсон ва ё ҳувияти миллии он ҳастанд. Бархе дигар бақои худро дар нобудии арзишҳои миллӣ ва ё маънавии миллиятҳои дигар тасаввур мекунанд. Ҷаҳонишавӣ ё ба таъбири дигар “деҳкадаи ҷаҳонӣ” яке аз ҳамин идеологияҳои навзуҳӯр аст, ки ояндаи худро дар аз байн бурдани гуногунии фарҳангӣ, забонӣ ва ҳувиятии дигарон медонад. Яксонсозии фарҳангу тамаддуни башар бо ҳадафи нобудсозии арзишҳои миллӣ ва табдил додани башарият ба бардагони гапшунави ширкатҳои байналмилалӣ буда, инсониятро ба як ҳайвони масрафгаро табдил хоҳад дод. Бунёду бақои ҳамаи идеологияҳои навин умдатан бар пояи пулу сармоя асос ёфтааст.

Мавлоно аз назари антропологӣ инсонҳои ҳарисро ба кирми пила ташбеҳ карда, мегӯяд:

Гирди худ чун кирми пила бар матан,

Баҳри худ чаҳ меканӣ, андоза кан.

Бале, инсони ҳарис шабеҳи кирми пила аст, ки ҳар қадар пилаи бештаре битанад, девораи он ғафстар шуда, берун омаданаш аз он мушкилтар мешавад. Ба маънии дигар бузург шудани пила барояш сабаби ҳалокат мешавад. Мавлоно дар ғазалиёти худ низ ба ин роҷеъ ба ин мавзӯъ ишораҳо дорад:

Ин бор ман якборагӣ дар ошиқӣ печидаам,

Ин бор ман якборагӣ аз офияти бибридаам.

Чун кирми пила дар бало, дар атласу хаз меравӣ,

Бишнав зи кирми пила ҳам к-андар қабо пӯсидаам.

Инсони муосир ҳам, ки аз ҳирсу тамаъ даст ба ихтироот мезанад, охируламр асири кашфиётҳои нодири худ хоҳад шуд ва ҳувияти аслии худро аз даст хоҳад дод. Чунин аст фоҷеаи инсони муосир!

Муъмин Қаноат дар чунин асре мутаваллид ва ба камол расидааст. Ӯ бо ранҷи инсони муосир аз наздик ошно ва шоире комилан дардошно буд. Ӯ низ мисли Мавлоно ин мушкилро дарк карда буд. Ӯ дар ғазали “Шикаст” ин фоҷеаи инсониро чунин ба тасвир мекашад:

Қасри булур бар асари бефарӣ шикаст,

Қасри зуҳӯр мояи беҷавҳарӣ шикаст.

Ботин харобу ҷилваи зоҳир ҷаҳон гирифт,

Даври қасида бо қалами Анварӣ шикаст.

Ӯ дар шеъри “Муждаи бодом” ба бунбасти ҷомеаи инсонӣ ишора карда, барои ҳалли мушкилоти ҷаҳон хостори зуҳури Маҳдии охирзамон мешавад. Бар асоси бовари мусулмонон зуҳури Маҳди боиси барпо шудани адолат дар ҷаҳон хоҳад шуд:

Силоҳи ҳастаӣ дар қабзаи дастони ларзон аст,

Силоҳи ҳастаӣ шайтону Шайтон ёри инсон аст.

Чу ман имони ин инсону Шайтонро намебинам,

Ба сад паймона менӯшанду паймонро намебинам.

Устод Қаноат замоне ба арсаи адабиёт қадам ниҳод, ки таҳаввулоти бунёдӣ ва фарогире дар ҳамаи бахшҳои дастгоҳи бузург ва муназзами адабиёти шӯравӣ, ба таври ҳадафманд дар ҳоли амалӣ шудан буд. Муъмин Қаноат дар даҳаи 60-ум як силсила ашъоре суруд, ки онҳоро метавон намунаи шеъри нав ва арӯзи нав донист. Гароиши шоир ба ҳифзу эҳёи суннатҳо ва дар айни ҳол навоварӣ, эҳёи ифтихороти миллӣ, барқарории шукӯҳ ва салобати шеъри форсии тоҷикӣ ба воситаи таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои маънавию ҳикамии шеър, забони сара, оҳангу мусиқии калом, диди тоза ва зебои шоирона ва таваҷҷуҳ ба масоили умумибашарӣ ба тадриҷ ҳар як шеъри ӯро ба як падидаи адабӣ табдил ва дар маркази диққати нақду адабиётшиносӣ қарор додааст. Қаноат нахустин шоире буд, ки дар даҳаи 60-уми асри ХХ шеъри тоҷикро мутаҳаввил кард ва аз ин рӯ, дар адабиётшиносии муосир ӯро ба унвони асосгузори шеъри нав ва ё “Нимои Миёнрудон” эътироф кардаанд.

Беҳрӯзи ЗАБЕҲУЛЛО,

номзади илмҳои филологӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES