05 Jun 2023
Submitted by Admin
1216

Бойгонӣ ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва эҷодиёти адибонро вобаста ба шароити таърихӣ ба хонанда дар давраҳои мухталиф бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шуравӣ бисёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳро омӯзишҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И.С. Брагинский, Раҳим Ҳошим, Хуршеда Отахонова, Холида Айнӣ, Камол Айнӣ ва тадқиқоти ҷолиби ифшокунандаи масъала ва муаммоҳои адабиёти тоҷик дар замони Шуравии донишманди барҷастаи тоҷик Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, муҳаққиқи намоён Маъруфи Раҷабӣ равшан собит менамоянд.

Омӯзиши маводи бойгониҳо равшан мекунад, ки довариҳои мунаққидону адабиётшиносони замони Шуравӣ ба воқеаҳои иҷтимоию сиёсӣ, фарҳангӣ ва ҳам ба пиндору гуфторҳои адабию эстетикии солҳои 20-70-уми асри ХХ аз он баҳоҳое, ки то имрӯз ба онҳо сурат мегирифт, фарқ мекунанд. Айни замон дар ин самт дар адабиётшиносии тоҷик якчанд иқдоми муҳим ба назар мерасад, ки хеле пурсамар аст. Яке аз ин падидаҳо он аст, ки танқид ба моҳияти эстетикии адабиёт дар асоси маводи бойгониҳо бештар диққат ҷалб кардааст ва муаммоҳои адабиётро дар заминаи онҳо метавон таҳқиқ намуд. Дар натиҷа арзиши илмӣ ва адабӣ доштани онҳо бештар зоҳир мегардад.

Боиси хушбахтист, ки имрӯз дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ 35 фонди адибону олимони тоҷик маҳфуз аст ва ҳар яки он дорои арзиши илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бойгонии Аминҷон Шукӯҳӣ аз ҷумлаи онҳост. Маводи бойгонии шоир метавонад барои омӯхтани ҳаёт ва фаъолияти ӯ, коргоҳи эҷодии шоир, масъалаҳои муҳимии иҷтимоию сиёсӣ ва фарҳангии замони Шуравӣ ва намояндагони дигари ин марҳалаи адабиёти тоҷик фактҳои ҷолибро фароҳам оварад. Дар ин маврид як нуктаи муҳимро низ бояд ёдрас шуд, ки то имрӯз маводи бойгонии Аминҷон Шукӯҳӣ омӯхта нашудааст.

Осори нақдӣ дар баробари офаридани назму наср як бахши бисёр муҳимми фаъолияти адибон ба шумор меравад. Аҳаммияти он камтар аз аҳаммияти осори адабӣ набуда, балки дар радифи мероси арзишманди бадеӣ ҳамчун осори илмӣ-тадқиқотӣ мақоми вижа дорад. Хусусан нақди номаӣ миёни шоиру нависандагони замони Шуравии мо аз мавзуъҳои камтаҳқиқшудаи адабиёти тоҷик аст. Нақд ва номаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ саҳифаи тозае дар адабиётшиносӣ буда, ҷиҳати огоҳии хуб пайдо намудан аз равиши кор ва принсипҳои эҷодии адиб, андешаҳои муҳаққиқонаи ӯ оид ба асарҳои ҳамқаламон, коргоҳи эҷодӣ, маслиҳату машварати ӯ ба адибони ҷавон, масъала ва муаммоҳои адабӣ ва мавзуъҳои ба инҳо монанд ёрии амалӣ мерасонанд.

Тибқи ишораи адабиётшинос Х. Отахонова, ки дар сарсухани фонди шоир омададааст, «материалҳои архиви А. Шукӯҳиро худи муаллиф дар таърихи 19 июли соли 1976 барои муҳофизати доимии давлатӣ ба шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ супоридааст». Аз ин факти ҷолиб ва боаҳаммият маълум мешавад, ки А. Шукӯҳӣ ҳанӯз се сол пеш аз марг архиви худро ба хидмати олимону муҳаққиқон гузоштааст.

Ҳоло бойгонии шоир зери фонди №24 нигоҳ дошта мешавад, ки аз 18 қисму 70 воҳиди маҳфуз иборат буда, дар чаҳор қуттӣ ҷой дода шудааст. Материалҳои бойгонӣ бо кушиши ходимони илмии Институт аз рӯйи хронология мураттаб гардида, маводи солҳои 1957-1978-ро фаро мегирад. Аз ин мавод маълум мешавад, ки баъди қабули материалҳои архиви шоир соли 1976 боз такмил шудааст.

Маводи бойгониро шеърҳо, достони «Кучабоғи ошиқон», повестҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ», «Парии чазира», хикояҳо, мақола ва очеркҳо, матни нутқу маърӯзаҳо, либретто ва песаҳо, мактубҳои соҳибфонд, мактубҳои дигарон ба соҳибфонд, қайдҳо (дафтарчаҳои қайд), шартномаҳо, ҳуҷҷатҳои тарҷумаи ҳолӣ, материалҳо доир ба фаьолияти ҷамъиятӣ, буридаҳо аз газетаҳое, ки дар онҳо шеърҳои соҳибфонд чоп шудаанд, даъватномаҳо, телеграммаҳо ва метериалҳои муаллифони дигар ташкил медиҳанд. Материалҳои архив аз рӯйи жанр ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ҳар як жанр аз рӯйи тартиби хронологӣ ба муқоваҳо гузошта шудааст. Қисми зиёди материалҳоро дастнависҳои муаллиф (соҳибфонд) ташкил медиҳанд, ки заҳмату машаққати шоирро дар роҳи эҷодӣ нишон медиҳад. Қисми дигарро чопи машинкавии шеъру достон ва нутқу маърузаҳои фароҳам овардааст, ки онҳо аз тарафи муаллиф таҳрир шудаанд. Ҳамаи дастнависҳо бо хати кириллӣ мебошад. Омӯзиши кӯтоҳи бойгонии шоир моро ба ин андеша овард, ки дар бойгонии шоир маводи номатбуъ мавҷуд буда, бахши нашрнашудаи онро бештар нутқу маърӯзаҳо, номаҳои шоир ба ҳамқаламону хонандагон ва номаҳои хонандагону ҳамқаламон ба А. Шукӯҳӣ ташкил медиҳад. Бино бар ин, ба маҷмуаи мазкур сенздаҳ нутқу маърӯза, як очерк, 22 нома, ки аз он ду номаи А. Шукӯҳӣ буда, 20 тои дигар аз дӯстон, ҳамқаламон, мунаққидон ва хонандагони шоир аст, интихоб шуд.

Қисми аз ҳама пурарзиши бойгонӣ нутқу маърӯза ва мақолаҳои шоир аст, ки дар анҷуману маҷлисҳо ироа шудаанд. Онҳо аҳаммияти илмӣ дошта, дониши васеи шоирро дар бахшҳои адабиёт, аз ҷумла нақди назму наср нишон медиҳад.

Нақд ва номаҳои Аминҷон Шукӯҳӣ бори аввал дар асоси маводи Бойгонии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ба чоп омода гардида, ба шакли алоҳида мураттаб ва пешниҳод мегардад.

Дар ин маҷмуа мақола, очерк, номаҳои ба унвони Шукӯҳӣ навишташуда ҷой дода шудаанд, ки дар кул метавон дар бораи мазияти осори насрӣ ва нақди адабии ӯ тасаввур пайдо кард.

Лутфуллоҳи ШАРИФЗОДА

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES