12 Jul 2023
Submitted by Admin
1450

Чанде пеш аз мавлуди нависандаи номдор Фазлиддин Муҳаммадиев 95-сол сипарӣ шуд. Мақолаи мазкур ба ҳамин муносибат пешниҳоди мухлисон карда мешавад.

НАВГАРО ВА ҲИРФАКОР

(андешае чанд аз ибтикороти Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри мудерни тоҷикӣ)

Устод Фазлиддин Муҳаммадиев аз он нависандагонест, дастовардҳои ҳунариашон дар таърихи адабиёти нави тоҷикӣ аз баъзе ҷиҳатҳо бесобиқа буда, онро марҳилаи муҳимму сифатӣ дар рушду ғанои тафаккури адабии мо ба шумор овардан мумкин аст.

Пеш аз ҳама бояд ёдовар шавем, ки устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба эҷоди осори бадеӣ хеле дер, дар сини 27-28 солагӣ, баъд аз андӯхтани таҷрибаи кофии меҳнативу рӯзноманигорӣ пардохтааст. Аммо чӣ дер омадани аҷибе, ки бо худ савияи тозаву баландтаре барои адабиёти замонаш оварда бошад. Пас, сабаби ин камолот ва балоғати эҷодӣ чӣ будааст?

Албатта як нуктаи бисёр муҳим бояд ин бошад, ки Худованд ба устод Муҳаммадиев истеъдоди фавқулоддаеро бахш карда буд. Падараш, ки ҳунари муқовабандӣ (саҳҳофӣ) дошт, аз кӯдакӣ меҳре ба китоб ва омӯхтан дар дили вай афрӯхт. Вай бо ҳуруфоти арабӣ ва кирилӣ хонда метавонистагӣ шуд. Сипас, ӯ хеле бармаҳал дар шаҳри бостонии Самарқанд шаҳди меҳнати сиёҳ ва сахтиҳои бепадариро чашида (ба ҳамин сабаб таҳсилро дар Маскав давом дода натавонист), бо мардуми меҳнаткаш қарин гардида буд. Баъди ҷустуҷӯҳо ва талошҳои бебарор, соли 1947, ки ба Душанбе омада ба сифати ходими адабии рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» ба кор сар кард, ин ҷо бо тақозои касб длар канори таълиф, низ ба аҳли меҳнат сару кор дошт. Ин ҳама омилҳое буданд, ки дар дили Фазлиддини ҷавон муҳаббат ва эҳтиромро ба инсони одӣ афзуда, ормонҳои башардӯстонаашро шакл дод.

Аммо таъсири аҳли кори рӯзнома, ки ба қавли худи устод аз «ҷамъияти калони одамони ҳақиқатан накӯкору хайрхоҳ, одамони софдилу гарму сарди рӯзгорро дидаю санҷида» иборат буд, ба ӯ боз ҳам муассиртар афтод, зеро назаври вайро нисбат ба зиндагӣ ва мақоми инсон аз бисёр ҷиҳатҳо муайян кардаву масъулияти гражданӣ ва иҷтимоиашро камол дод. Ҳамин тавр, ӯ байни солҳои 1947-1957 дар мактаби марказии комсомол таҳсил карда, дар идораи нашрияҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Газетаи муаллимон», «Тоҷикистони сурх», «Занони Тоҷикистон» ва «Хорпуштак» ифои вазифа менамояд. Кор дар матбуот ва зиндагиомӯзӣ сабаб шуданд, ки тезутунд ба миён гузоштани мушкилоти зиндагӣ, ҳассосият ба масоили доғу рӯйдодҳои тозаи замон ва сарфаҳм рафтану баҳо дода тавонистан ба кунҳи мавзӯъҳои ҳозира аз мухтасоти муҳимми навиштаҳои вай маҳсуб гардад

Солҳои фаъолият дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (1957-1960), ҳамкорӣ бо нависандаи соҳибқареҳаи навовар Пӯлод Толис ва наздикӣ бо аҳли адаб, сипас таҳсил дар курсҳои олии Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий (1960-1962) дар Маскав ҷанбаи ҳунарии навиштаҳояшро бештар сайқал доданд. Дар натиҷа аз ҷониби вай беҳтарин очеркҳои проблемӣ, аввалин ҳикояҳои ахлоқии равоншинохтӣ ва нахустин қиссаи лирикии мутоябаомез дар насри тоҷикӣ эҷод карда мешаванд, ки ҳама дар насри тоҷикӣ ҳодисаи тоза ба шумор омадаанд.

Аммо нахустин очеркҳои «Раиси нав» (1955), «Муҳоҷирон» (1956), «Як рӯз» (1957), «Фаттоҳ ва Музаффар» (1958) ва ҳиқояҳои «Савдои умр» (1958), «Мактуби дӯст» (1958) боз як хусусияти муҳим доранд. Нависанда фақат ба гузориши масъалаҳо, зикри мисолу арқом маҳдуд нашуда, вай дар айни замон кӯшидааст то чеҳраи бадеии инсонҳое чун Фатҳиддинов, Махсуми самолёт, Музаффарро низ офарада бошад. Ба ин маънӣ очеркҳои проблемии вай ҷанбаи пурқуввати бадеӣ доранд. Ҳамчунин Муҳаммадиев ба очерк, масалан ба очерки «Меҳри диёр» (1959) таҳлили равоншинохтиро ворид овард. Ҳамин тавр очеркҳои Муҳаммадиев ҳикояҳои ҳуҷҷатӣ ё воқеиро мемонанд, аммо ҳикояҳои ӯ ҳамеша заминаи воқеӣ ва ҳаётии қавӣ доранд.

Нахустин ҳикояи вай – «Порчаи остин» (1956) дар асоси ҳаводиси воқеӣ таълиф шуда, дар он қаҳрамонон бо номи худ зикр шудаанд. Аз он маълум мешавад, ки Муҳаммадиев зоҳиран дар авали кор ба тасвири воқенаҳои ҳангомаписанд таваҷҷӯҳ дошт ва ҳатто ҳикояи мазкурро такмилу таҳрир карда, қиссае таҳти унвони «Тири хокхӯрда» (1959) таълиф намуд. Баъдҳо ба тасвири ахлоқиву равоншинохтии бадеӣ ҷиддан мутаваҷҷеҳ шуд ва аз нигоришҳои пурмоҷарои сирф даст кашид. Аммо вазъи моҷароӣ ва шавқангезӣ чун ҳусни тасвир кам ё беш ба кулли асарҳои минбаъдаи вай хос будаанд.

Инак, соли 1958 якбора ду ҳикояи Фазлиддин Муҳаммадиев – «Мактуби дӯст» ва «Савдои умр» чоп мешаванд, ки роҳу равиши «Порчаи остин» ба куллӣ тафовут доштанд. Пеш аз ҳама, ин ҳикояҳо масъалаи ахлоқи иҷтимоиро фаро гирифта буданд. Сухан аз масъулиятшиносии афроди ҷомеа дар назди дӯстон, рафиқон, ҳамкасбон ва ҳимояи шарафи инсонии худ меравад. Аз ҳайси лаҳни ривоят онҳоро метавон ҳикояи мусоҳиба ва мубоҳиса номид, ки хеле монандиҳо бо мақулаи адабии ғарбии дискурс ном доранд. Дар «Савдои умр» тавассути муқоисаву мушоҳидаҳо марҳала ба марҳала тағйир ёфтани шуури мардуми деҳот, бахусус кӯшишу ҷадали муваффақонаи занон барои ҳуқуқи иҷтимоӣ ва инсониашон нишон дода шудааст. Аммо дар ҳикояи «Мактуби дӯст» масъалаи ҷиддие ба миён гузошта мешавад: сухан аз ҳимояи инсон ва шаъну шарафи он меравад, ки нависанда тавассути номаи Амон ба миён гузоштааст. Ҳамин тавр, дар ҳикояи «Арзамас» (1960) Шафеъ Рабеулин аз муҳаббаташ ба Ленин, ки ба эътиқод табдил ёфтааст, нақл мекунад ва нависанда ҷараёни дар зеҳни вай ба ҳақиқат табдил ёфтани ҳикояти бофтаву худсохтаи ӯро мавриди тасвир қарор додаст. Қаҳрамони ҳикояи «Роҳ» (1962) Фотима дар арзи як шаби сафар аз олами андешаҳои мағшуш раҳо ёфта, бовараш ба шахси худ ва ростдиливу покизакорӣ дар ахлоқи ҳамзамон, бахусус меафзояд.

Чунон ки мебинем, Фазлиддин Муҳаммадиев дар оғози эҷодиёти худ аз шаклу усулҳои гуногуни тасвири зиндагӣ ва инсон истифода мебарад ва ҳар бор дар мавриди мушаххас шаклу воситаи мувофиқе барои ифодаи мақсадҳои бадеиаш дарёфт карда метавонад. Натиҷаи ҳамин ҷустуҷӯҳо таълифи қиссаи «Одамони кӯҳна» (1963) гардид, ки дар насри нави тоҷикӣ як ҳодисаи муҳим буда, аз ташаккули тарзу шеваи тозаву хоси нигориши муаллиф шаҳодат медиҳад.

Пас моҳияти ин шеваи хос аз чӣ иборат аст?

Фазлиддин Муҳаммадиев шакл ва амали таҳкияи (ривояти) суннатиро, ки то ин замон дар насри воқеъгарои тоҷикӣ вуҷуд дошт, шикаст, онро аз ҳолати якнавохтии нақли ҳодисаҳо ва воқеанависии иҷтимоӣ раҳо карда, таҳрике дар сохтори тасвири равонковии (психологии) он дохил намуд. Пеш аз ҳама, вай ба сухани қаҳрамон дар тасвиру таҳкия имтиёзи бештаре дода,ҳамзамон шаклҳои гуногун ва зовияи диди мухталифро ба кор гирифт.

Таҳкия аз забони қаҳрамони асар пеш аз ин низ дар насри тоҷикӣ, масалан дар асарҳои устод Айнӣ «Мактаби кӯҳна» ва «Марги судхӯр» ва баъэе ҳикояҳои Ҷалол Икромӣ , Ҳаким Карим ба истифода рафта буд, вале ин тарзи таҳкия дар румони «Ман гунаҳгорам»-и Ҷалол Икромӣ аз ҷанбаи нақлии сирф хеле озод шуд, аммо Пӯлод Толис дар қиссаи «Тобистон» таҳкияи аз забони қаҳрамонро ба сурати комили поэтикӣ расонид.

Аммо Фазлиддин Муҳаммадиев дар қиссаи «Одамони кӯҳна» дар ин замина ба сӯи ибтикороти тозае роҳ гирифт. Яъне Муҳаммадиев ба нақли аввалшахси Толис, ки воситаи ба муҳокима гирифтани ҷараёни ташаккули ахлоқиву равонии инсон буд, бо тамкин ва ором ҷараён мегирифт, ровиеро ворид сохт, ки дар зинаи муайяни ташаккули маънавию ахлоқист ва дар бораи зиндагиву одамон тасаввури муайян дорад ва бинобар ин қазоватгари амали ҳам худу ҳам дигарон мебошад.

Ин ровӣ – Юсуф Сафозода - муаллими ҷавон ва мухбири ҳаваскор аст Нақли ӯ аз ҳамагуна «чорчӯба»-и сужет озод, зеҳнгароёна ва аз ҳама муҳимтар омехта бо кинояву таъзир ва пурмаънист. Чун қиссаро хонда ба поён мебарӣ, ҳис мекунӣ ки унвони асар «Одамони кӯҳна» як тавсифи муқаррарӣ набуда, балки кинояест аз сертараддудӣ, беқарорӣ ва ҷавонфикрии соҳибҳавлиҳои Сафозода. Ин мӯйсафедони ботаҷрибаю рӯзгордида бо дили беқарору ҳақҷӯиҳои худ муаллими ҷавонро, ки як андоза зиндагии бонизому хотирҷамъонаро ихтиёр карда буд, бо пурсишҳову супоришҳои худ серташвиш месозанд ва дар натиҷа вай аз «нуқсони сиришташ», ки бепарвоист, огоҳ гардида, ғайриихтиёр таҳти таъсири «қувваи ҷозибаи ҳукмофарини» Аҳрор-амак қарор мегирад, омода мешавад, ки дар рафъи камбудиҳо саҳм бигирад, бюрократҳоро фош созад, ба корафтодагон имдодрасон шавад ва ниҳоят мусолиҳакориеро бинад, хунаш ба ҷӯш ояд…

Аз ҳама муҳимаш Сафозода ба ҳар амали ноҷойи худу дигарон (масалан, завҷааш Ойишахон), ки бо ришханди латифе назар духта, ба ҳамин васила барои расидан ба савияи нави маънавӣ имкон пайдо мекунад. Ин тасвири чандпаҳлуи Муҳаммадиев пурмаънву серғунҷоиш садо медиҳад.

Аз гуфтаҳои боло ба ин натиҷа расидан мумкин аст, ки усули тасвири тозае, ки бо навиштаҳои Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри тоҷикӣ оғоз ёфт, тасвиргарии зеҳнии сартаркиб аст, ки ҳам барои нависанда, бахусус ровии ӯ озодӣ фароҳам овард, шаклҳои мухталифи тасвир: нақли ҷиддиву воқеаи саргармкунанда, баёни лирикӣ, таҳлили равоншинохтӣ ва биниши мутоябавиро дар сохтори таҳкия ба ҳам созиш дода, ба он нақлу баёни серсадо (полифонӣ) бахшидааст.

Дар қиссаи «Дар он дунё» (1965) ин назари сертаркиба хеле ҳунармандона ба истифода рафтааст. Бахусус, ки вай маҳдуд мондан ба хурофотро бар хилофи фаъолияти солими инсонӣ мазаммат мекунад.

Муҳаммадиев чун нависандаи инсондӯст наметавонист хурофот ва таассубро, ки ранги мазҳабӣ дода шудааст, маҳкум накунад. Дар қиссаи Зайнаббибӣ (1954) мефаҳмем, ки анҷоми фоҷиавии умри зани муборизи роҳи зиндагии нав Зайнаббибӣ Қурбонова кори дасти мутаассибин будааст. Ва дар қиссаи «Дар он дунё» низ гумони ғолиб меравад, ки ҳам супориши расмӣ ва ҳам хоҳиши дар муқобили таассубкориҳои мазҳабӣ ба кор гирифтан аз ақли солими инсонӣ нияти аслии нависанда будаааст.

Дарвоқеъ қиссаи «Дар он дунё» аз ҳайси муҳтаво ва ҳунар аз асарҳои камназир ба шумор меояд. Аз рӯи нияти муаллиф он китобест, ки бар моҳияти баъзе аз ақоид ва ривоёти динӣ назари интиқодӣ дорад. Бахусус, қаҳрамони асосӣ Қурбон Маҷидов ва аз ӯ гузашта мусоҳиби (балки мубоҳиси) ғоибонааш Искандари духтур, гаҳ-гоҳ ин интиқодро аз ҳад гузаронидааст. Эшон, ки аз рӯи касби худ бар пояи тафаккури илмии дунявӣ истодаанд, аз ин дидгоҳ барояшон ҳамагуна ривояту асотир афсона менамояд. Бинобар ин муҳокима ва қазоватҳои эшон дар бораи моҳияти ривоятҳои мазҳабӣ, албатта, бебаҳс нест. Зиёда аз он, ба доираи мубоҳисоти қаҳрамон танҳо он қисм аз ривоятҳое кашида шудаанд, ки асосан ба ҷараёни ҳаҷ иртибот доранд. Ҳол он ки улуми динӣ аз системаи донишҳои пурвусъате иборат аст, ки тамоми соҳоти зиндагии инсонӣ ва табиатро фаро гирфтааст. Аммо чунонки мебинем, дар қиссаи «Дар он дунё» масъалаҳо умумӣ буда, хусусияти зоҳирӣ доранд ва бинобар ин наметавон онро асари ломазҳабӣ ба шумор овард.

Ба фикри банда, устод Муҳаммадиев бештар ба танқиди намояндагони дин, ки амалҳои ба мартабаи эшон номуносиб, аз қабили ғурури бебунёд, нозуктабъии бемаврид, калонгириҳои ҷоҳилона, муҳокимаҳои содалавҳона, бахусус хислатҳои ба як фарди тақводор ва ба хар инсони хушахлдоқ бегона: чизпарастӣ, гурусначашмӣ, мумсикӣ, муфтхӯрӣ, тундхӯӣ, бегонапарастӣ ва ғайраҳо машғул шудаанд, пардохтааст. Яъне ҳоҷиҳо ба сифати инсонҳое танқид шудаанд, ки амалашон ба баландии мақоми диние, ки эшон ба ӯҳда доранд ва ба мақсади бузурге, ки дар наздашон истодаааст - тавофи Қаъба ва иҷрои маносики ҳаҷ мувофиқат намекунад. Зиёда аз ин, онҳо дар дарку тавзеҳи ривоятҳо ва иҷрои маросимҳо зоҳирбинӣ мекунанд, ба қавли Мавлавӣ ба «бурунро бингаранду қолро». Аз ин ру, савияи фаҳмишу дониш ва хулқу хӯи Ҳазрати Наримон, Оллоҳназар-қорӣ, Муллоабдурозиқҷон-ака (Махсуми миҷ-миҷдаҳон), Мулло Уроқ-ака аз як шахси таассубгаро беш нест. Баъзе аз эшон дар баробари ба ҷараёни ҳаҷ ворид шудан, бар хилофи ихвату меҳрубонӣ омир ва дағал гардидаанд. Аз ҳамин ҷост, ки на танҳо ихлоси Қурбон Маҷидови табиб ба самимияти эшон нисбат ба дастурҳое, ки изҳор медоранд, сусттар шудааст, балки ҳампешаашон Исрофил низ дар охир нияти тағйири касб кардааст, то дар радифи чунин афроде набошад. Аслан дар қисса ҳеҷ касе аз дину диёнат рӯ нагардонидааст.

Аслан, мақсади Муҳаммадиев дар асари мазкур бо нишон додани сустиҳои хислату хӯи намояндагони дин, ба интиқод гирифтани таассуби динӣ танҳо ба манфиати озодии комили маънавии инсон мебошад. Ба қавли аллома Иқболи Лоҳурӣ: «Асли тавҳид эҳтироми одам аст». Маҳз ҳамин мақсади гуманистӣ моҳияти ғоявии қиссаи «Дар он дунё»-ро муайян мекунад. Шояд ба ҳамин сабаб буд, ки ин асари гӯё бо «супориши иҷтимоӣ (идеологӣ)» ба майдон омада, ҳангоми тарҷумаи русӣ ва нашр кардани он дар матбуоти русизабон ба мушкилот рӯ ба рӯ гардид.

Қиссаи «Дар он дунё» аз ҳайси шаклу жанр маҳосини зиёде дорад. Ин ҷо низ нависанда аз усули нақл аз забони шахси аввал, яъне каҳрамони асосӣ - Қурбон Маҷидов истифода кардааст. Нақли ӯ сухани пуробу ранги публитистӣ ва саршор аз ҳаҷву мутоиба аст ва ба эътибори ин ҳама мазият қиссаи «Дар он дунё» ҳамроҳ бо «Одамони кӯҳна» бо мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ (1967) тақдир карда шуд. Муаллифи 35-сола, яке аз ҷавонтарин барандагони ин ҷоиза ба шумор меомад.

Чунон ки дар боло қайд намудем устод Муҳаммадиев дар ибтидо ба таълифи ҳикоя пардохта буд ва ин риштаи эҷодиёти эшон дар солҳои 60-70 дар таълифи ҳикояи ахлоқии равоншинохтӣ хеле барҷаста зуҳур намуд.. Вай худ навишта буд, ки : «Ҷустуҷӯҳои эҷоди нависанда ҳамон вақт пурсамар мешавад, ки ба дарки амиқи бадеию фалсафии ҳаёти ҳамзамонон равона шуда бошад». Ҳикояҳои «Суди рафиқон» (1966), «Сози Мунаввар» (1967), «Даъво (1967), «Рӯзи дафни усто Оқил» (1968), «Шаби севум» (1973), «Хиёбони Нодир» (1973), «Тамошо» (1977), «1:0» (1977), «Ҷага» (1977) маҳз бо таҳлили амиқ ва ҷамъбастҳои фалсафӣ имтиёз доранд ва аз намунаҳои беҳтарини ҳикояи муосири тоҷикӣ ба шумор меоянд. Дар ин маврид як назари иҷмолӣ ба ҳикояҳои– «Даъво» ва «Рӯзи дафнии усто Оқил» андохтан бамавридаст.

Дар ҳикояи «Даъво» сухан аз одоби гӯштигирӣ ва ахлоқи паҳлавон аст, ки ба меъёрҳои ахлоқии мардум иртибот мегирад. Қаҳрамонони ҳикояи «Даъво» ду нафар паҳлавон мебошанд. Яке Аҳмадбек, паҳлавонест, ки дар гузашта пушташ заминро надида, вале имрӯз солхурда шудааст ва ба кору бори деҳқонӣ машғул мебошад. Марди хоксорест, ки барояш паҳлавонӣ на зӯроварӣ, балки як нишона аз ҷавонмардист. Ин тариқ фаҳмидани мавқеи паҳлавон барои ӯ меросӣ ва дастури ахлоқии касбии вай аст: гуштӣ бо ҳариф онҳоро ҳамеша чун дӯстони якумра ба ҳам қарин месохт ва эшон эҳтироми хешро дар ҳаргуна вазъият нигоҳ медоштанд. Ҳамин тавр буд қувваозмоии Аҳмадбек бо паҳлавони номдор ва инсони некпиндор Назар. Акнун барои паҳлавони диёр гаштан Маҳмадмуроди ҷавон талош дорад, вале аз кадом сабаб бошад, ки кирми ҳасад дар дили ӯ хона монда, хоби шабаш ҳаром шудааст, то номи неки Аҳмадбек ва унвони паҳлавониро аз ӯ рабояд. Вай аз фарти ғурури ҷавонӣ ҳар лаҳза ба Аҳмадбек киноя мезанад, ӯро барои майдонороӣ даъват кардан мехоҳад, то ки ҳарчӣ зудтар ба тахти обрӯи худхоҳонааш нишаста бошад. Ва ниҳояти кор Аҳмадбекро ба ин қуввозмоӣ маҷбур мекунад, аммо чӣ мегӯед ки дар ин майдонороӣ аз ӯ мағлуб мешавад. Албатта ин мағлубият барои вай осон набуд, балки аз зӯри алам гиря ҳам кардааст… Вале ҳадафи нависанда танҳо таъкиди ғалабаи паҳлавони ҷавонмард набудааст, балки барои ӯ муҳим он аст, ки он ҳама амали Маҳмадмуроди паҳлавон аз ҷониби мардум чӣ тавр қабул карда мешавад. Ва мӯйсафеди посбон, ки хеши Маҳмадмурод ҳам хаст, на танҳо ӯро тасаллӣ надод, балки сахт маҳкум карда «муттаҳам» номид.

Чунин меъёри баҳо дар ҳикояи «Рӯзи дафнии усто Оқил» боз ҳам мушаххас шуда, тору пуди тасвирро фаро гирифтааст. Дар он нависанда як одами худхоҳро аз меъёрҳои ахлоқии мардумсахт маҳкум кардааст. Усто Оқил ҳунарманде мебошад, ки даҳ панҷааш гулофарин аст. Нависанда ҳам ҳунари воло ва ҳам пайванди ӯро бо суннатҳои гузашта таъкид намуда, аз ёдгориҳои нодири санъати ниёгон, аз ҷумла Оли Сомон ёдовар мешавад. Вале ҳамин устои дар ҳунари худу дар маҳал якто имрӯз вафот кардааст ва санъату ҳунари худро ҳамроҳ ба гӯр мебарад, зеро аз рӯи худхоҳӣ ҳунарашро ба касе наомӯзонидааст. Ҳарчанд усто Оқил ба касе ҷабр накардааст, вале рӯзи ҷанозааш мисли маъракаи дафни раиси тасмапеч, ки замони ҷанг ҷавру зулмро ба мардум арзонӣ дошта буд, аз чӣ бошад, ки одамон хеле кам омаданд. Ва Абдурауф-амак, ровии ҳикояро, аз мушкилоти дафн дар рӯзи борони сахт дида, масъалаи муносибати мардум ба зиндагии сипаришудаи усто ба ташвиш гузоштааст: «Оё ӯро мебахшида бошанд?», – ин савол вайро ором намгузорад. Ва Дар воқеъ, ҳангоми саволи анъанавии «Чӣ гуна одам буд, усто Оқил?» касе ҷавоби равшан надод. Яке ӯро чун устои хуб тавсиф кард ва дигаре тасдиқ намуд, аммо касе аз одамияташ ҳарфе ба даҳон наовард. Ва ин баҳо ҳукми сахтест, ки дар нисбати шахси «ноасл» ва худхоҳ дода мешавад.

Дар ҳамин маврид бояд гуфт, ки дар насри муосири тоҷикӣ устод Муҳаммадиев аз нависндагони нодири ҳирфакор аст, ки дар тасвираш ҳар як ҷузъ байни ҳам иртиботи қавӣ дорад бори маънӣ мекашад.

Таваҷҷӯҳи Фазлиддин Муҳаммадиев ба меъёрҳои халқии ахлоқ, ки дар дигар ҳикояҳояш низ ба мушоҳида мерасад, аммо дар асарҳои калонҳаҷми ӯ - румони «Палатаи кунҷакӣ» (1974), қиссаҳои «Шоҳии япон» (1981) ва «Варта» (1983) шаклҳои гуногун гирифта, ба тадқиқи вусъатноку тезу тунди масоили зиндагӣ ва шахсиятҳои гуногунтинат мусоидат кардааст.

Нахустин ва охирин румони Муҳаммадиев «Палатаи кунҷакӣ»-ро сарнавишти аҷибе пеш омад: онро низ дар вақташ нашрияҳои марказӣ ба забони русӣ чоп накарданд, чунон ки дидем ин ҳол ба қиссаи «Дар он дунё» низ пеш омада буд. Ҳол он ки масъалаҳои дар он ба миён гузошта шуда хеле баъд дар румони нависандаи гурҷӣ Нодар Думбадзе «Қонуни абадият» (1978) тасвир шуд ва бемамониат манзури хонанадагони шӯравӣ гардида, ба ҷоизаҳо низ сазовор дониста шуд. Чунин ҳадс задан мумкин аст, ки гузориши тезутунди масоили иҷтимоиву ахлоқӣ ва дар заминаи сохти шӯравӣ дидани камбудиҳои ҷиддӣ ва худ ин ҷомеаро камбудизо тавзеҳ кардан сабаби ба миён омадани чунин монеа шуда бошад. Румони «Палатаи кунҷакӣ» танҳо соли 1988, баъди 14 соли таълифаш, дар замони ошкорбаёнӣ дар нашриёти марказии шӯравӣ ба табъ расид.

Муҳаммадиев хеле бадард ва бо садои баланде аз замони рукуд ва вазъи бӯҳронии ҷомеа сухан ба миён овард. Метавон гуфт, ки румони мазкур дар амиқрафти назари интиқодии аҳли ҷомеа нисбат ба камбудиҳое, ки дар заминаи коҳилӣ, муфтхӯрӣ, бефарқӣ, муносибати бюрократӣ ва роҳбарии фармонфармоёна решаҳои амиқ давонида буданд, мақоми бузурге бозид. Қаҳрамонони румон Носир Аббос, Ивон-амак, Хиромон, Иброҳимҷон он ҳама беназмиву бесуботиро дар ҷомеа дидаву ранҷ мебаранд ва онро аз рӯи меъёрҳои ахлоқии мардум ва гоҳе меъёрҳои умумиинсонӣ мавриди муҳокима ва интиқод қарор додаанд.

Нависанда дар бораи зиндагии «на гарму на сарди» усто Оқил сухан ронда, изҳор дошта буд: «Ман чунин тарзи мавқеи ҳаётиро қабул надорам… ба вай қаҳрамонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ фаъолиятманд ва ҷонсӯзи кори худро муқобил мегузорам». Дар воқеъ, Ивон-амак ва алалхусус, Носир Аббос аз ҳамин гуна қаҳрамонҳои фаъолиятманд мебошанд. Носир Аббос, масалан, касест, ки дарди дигаронро аз дарди худаш зудтар эҳсос мекунад. Оре, аҳамияти румони «Палатаи кунҷакӣ» дар он аст, ки торикиҳоро рӯшан сохтаву чашмҳоро бинотар менамояд.

Дар асар ба тасвири симои зан аҳамияти махсус дода шудааст. Хиромон на танҳо зани комилҳуқуқ, худшинохта ва маънан расову зебо, балки маншаъи покизагии зиндагӣ ва поксозии ахлоқӣ, масалан барои Иброҳимҷон, мебошад. Малоҳати Хиромон дар худогоҳии иҷтимоиву инсонии ӯст. Як андоза ҷанбаи лирикию румонтикӣ гирифтани сужети румон низ ба саргузашти Хиромону Иброҳимҷон иртибот мегирад. Иброҳимҷонро, ки дар масъалаи оиладорӣ сабукназар аст, малоҳати ботинии зани тавоно ва зебо тасхир ва гирифтор месозад, дар ӯ хислатҳои ғайримунтазира ва корҳои ғайричашмдошт, балки наздик ба қаҳрамонони румонтик зоҳир мешаванд.

Ҳамин тавр, Муҳаммадиев имконоти таҳлилу таҷзия, поэтики шеъри лирикӣ ва достонҳои румонтикӣ, гузоришоти публитистиро асосан дар тору пуди тасвири бадеӣ бо муваффақият созгор дода, румони интеллектуаливу равоншинохтиеро офарид ва бо ҳамин имконоти таҳлилии тасвири воқеъгароро афзуд, ки то ҳол дар насри муосир назир надошт.

Ҳамин гунна ибтикорот дар шакли гуногун дар қиссаҳои охирини Муҳаммадиев ба чашм мерасад. Аммо дар «Варта» ва «Шоҳии япон» нақл аз забони шахси севум ҷараён мегирад. Ба қавле зовияи диди нависанда тағйир меёбад. То ин замон нависанда асосан аз ривояти шахси якум кор гирифта буд. Вале дар ду асари охир гӯё нависанда ба қаҳрамононаш пурра бовар мекунад ва зимоми таҳкияро бевосита ба онҳо додаст.

«Шоҳии япон» зоҳиран асарест ҳангомаписандона ва дар бораи ташвишҳои душабонарӯзинаи акаи Барака - қаҳрамони асосии асар нақл мекунад. Нависанда диққатро ба равшан кардани сабабу омилҳое равона намудааст, ки рӯзгори ороми акаи Барака барин касони умрашон ба ҷое расидаро ба ташвиш овардаанд. Аз мундариҷаи қисса пайдост, ки сарманшаи ин ташвишҳо ҳамоно ба ҷомеаи шӯравӣ сар даровардани чизпарастӣ ва ба ҳирси боигариву муфтхӯрӣ гирифтор шудани баъзе афрод будааст. Воқеан, таваҷҷӯҳ ба молу матоъҳои хориҷӣ, берун аз кор ба меҳнат машғул шудани писари акаи Барака ва ба ин васила ба даст овардани даромади иловагӣ, ки дар повести «Шоҳии япон» ҳарчанд сухан меравад, имрӯзҳо як чизи муқаррарист. Вале масъалаи муҳимму асосӣ, ки диққати нависандаро бештар ба худ мутаваҷҷеҳ доштааст, ҳамоно таъкиди масъулияти ҳамешагии оила, хусусан сарвари он - падар дар тарбия ва низоми хонавода мебошад. Зиёда аз он, акаи Барака мардест покизаахлоқ, инсонест покраву ҳалолкор ва ростандеш, ва ин дастури ахлоқии ӯ паёми марказии асарро муайян кардааст.

Аз ин ҷиҳат қисмати Саидбек аз қиссаи «Варта» ва мушкилоти ҳаётие, ки тавассути сарнавишти ӯ ба миён гузошта шудааст, сазовор ба гуфтугӯи алоҳида шуда метавонад. Устод Муҳаммадиев дар яке аз мусоҳибаҳояш дар мавриди образи Саидбек таваққуф карда, гуфта буд: «Имрӯз… ба назари ман тасвири қаҳрамоне, ки тавонад худро аз фарти нотавонӣ, осудагии муқаррарӣ берун кашад, вазифаи муҳимтарин ҳисоб меёбад. Саидбеки ман аз повести «Варта» маҳз ба муқобили таҳқиру тӯҳмат ва ғуломигарӣ бар мехезад». Ва ин аз вазифаи муҳими адабиёт ҳам ҳаст, ки инсонро аз сархамию мутеъии замони сукут ба туғёни азнавсозиҳои замони бозсозӣ даъват мекард. Ҳам набарди Саидбек бо амалҳои ноҷавонмардонаи Довид, ҳамчунин унвони асар аз вазъияти ногувори маънавӣ дар омеа гувоҳӣ медиҳанд. Ҳамин нуктаро ҳам ёдрас шудан лозим аст, ки Саидбек бе дастгирии оилааш Нигор, дӯстонаш Алёша ва Нур ва обутоби маънавие, ки аз бобояш Сангинбек (Бузург) гирифта буд, аз вартаи табиӣ халос шавад ҳам, гумон буд, ки аз вартаи маънавӣ раҳо ёбад. Нависанда дар ин маврид низ масъулият ва идомаи суннатҳои неки хонаводагӣ ва умуман қишри солими ҷомеаро дар наҷоти ҳар ҷамъияте тавзеҳ намудааст.

Маҳз ҳамин хусусиятҳо навиштаҳои Муҳаммадиев ба рӯзгори мо, ба замони истиқлолияти воқии Тоҷикистон қарин месозанд ва аз ин ҷиҳат чун нависандаи ҳамзамони мо намудор мешавад.

Оре, Фазлиддин Муҳаммадиев нависандае буд, ки ҳамеша пештар ва бештар аз ҳама набзи зиндагиро ҳис мекард. Агар қадамҳои нахустини ӯ дар кори эҷодӣ бо таълифи осори публитистӣ ва осори гоҳномаӣ оғоз шуда бошад, пас он баъдҳо на танҳо ба як рукни муҳими сабки адабии ӯ табдил ёфт, балки як воситаи асосии дахолати ҳамешагии ӯ ба зиндагӣ ва масъалаҳои мубрами он гардид. Дар мавриди ин риштаи эҷодиёти эшон устод Улуғзода хеле хуб ва дақиқ изҳор дошта буд: «Нависанда (яъне Муҳаммадиев - А. Н.) ба ҳамаи кору бори мамлакатамон - хоҳ калон бошад, хоҳ хурд, хоҳ давлатӣ бошад ва хоҳ ҷамъиятӣ - худро на танҳо шарик, балки масъул ҳам медонад ва аз рӯи ҳамин ширкату масъулият амал мекунад».

Воқеан доираи мавзӯу масъалаҳо дар публитистикаи нависанда дар ҳақиқат хеле рангин ва васеъ буд. Онҳо мақолаҳо–памфлетҳои дар мавзӯи байналхалқӣ, мақолаҳои танқидӣ, фелетонҳо, мактубҳои кушод ва ғайраро дар бар гирифтанд, ки камбудиҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавию ахлоқиро бо забони гирову обдори халқӣ, бо кинояву истеҳзо, бо зарбулмасалу мақолҳои нишонрас мазаммат ва фош менамуданд. Таҷрибаи мушкилаҳои зиндагиро дар мавридаш дидану ҷасурона онро ба миён гузоштан ва ҳаҷву танқид кардан, ба мансабдорони калону хурд дар майдони асари адабӣ «мушт ба гиребон» шудани нависанда нишонаи барҷастаи ҷасорати шаҳрвандии устод Муҳаммадиев аст.

Ба умқи навиштаҳои Муҳаммадиев назар меандозию бовар мекунӣ, ки нависандаи асил, албатта, одами хуб ва дӯсти бовафо хоҳад буд. Силсилаи мақолаҳо ва ёддоштҳои вай дар бораи устодон, ҳамсолон, аҳли ҳунар бо самимият, ҳурмат ва қадршиносии тамом навишта шуданд. Дар байни сатрҳои онҳо бо чеҳраҳои азизи Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Боқӣ Раҳимзода, Пӯлод Толис, Файзулло Ансорӣ, Тоҳир Собиров, Барно Исҳоқова, Раҳим Ҷалил, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҳошим ва бисёр дигар намояндагони адабиёту ҳунари тоҷик во хӯрдан мумкин аст, ки нависандаро риштаи дӯстиву эътиқод ва ҳурмату эҳтироми самимӣ ба эшон пайваста буд.

Фазлиддин Муҳаммадиев дар айни замон сари вақт истеъдодҳои ҷавонро пай бурда, ба онҳо дар кори мушкили эҷодӣ ғамхорона, ботааннӣ ва беғаразонаву бо сахтгирии ба худ хосаш ёрӣ мерасонид. Хусусан, маслиҳат, тавсия ва тақризҳои ӯ ба Ӯрун Кӯҳзод, Бурҳон Ғанӣ, Баҳодур Файзуллоев, Саттор Турсун, Абдулҳамид Самадов, Ҷонибек Акобиров, Кароматулло Мирзоев, Баҳманёр, Маҳкам Пӯлод, Бахтиёр Ҷумъа, Ҳакималии Назаралӣ ва бисёр дигар ҷавонони хушқалам аз ҳисси масъулиятшиносии ӯ дар назди ояндаи адабиёт гувоҳӣ медиҳанд. Бешубҳа, ӯ яке аз устодони сахтгир ва меҳрубони носирони ҷавон буд.

Бисёр аз навпардозиҳо ва ҷустуҷӯҳои насри муосири тоҷикии солҳои баъди 70 ба таълифоти вай ва дастгириву роҳнамоиҳои ӯ вобастагии бевосита дорад. Фазлиддин Муҳаммадиев дар қатори устод Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Мӯъмин Қаноат аз адибони ангуштшуморе буд, ки адабиёти навини тоҷикро дар миқёси адабиёту ҳунари собиқ шӯравӣ муаррифӣ карданд. Ин чунин маъно дорад, ки асарҳои ӯ дар савияи адабиёти беҳтарин нависандагони он замон таълиф шудаанд.

Ба ин маънӣ эҷодиёти устод Фазлиддин Муҳаммадиев ба туфайли арзишҳои пурқимати ғоявию ҳунарӣ аз саҳфаҳои дурахшони адабиёти навин, насри воқеъгарои садаи ХХ тоҷикӣ ба шумор омада, барои имрӯзиёну ояндагон низ замонавӣ садо хоҳанд дод.

Абдухолиқи НАБАВӢ,

 ходими пешбари илмии адабиёти

муосири ИЗА ба номи Рӯдакии АМИТ

             Аз китоби «Пайванди дирӯзу имрӯзи адабиёт». – Душанбе: Адиб, 2023

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES