26 Jul 2023
Submitted by Admin
1205

2 марти соли 2023 ба муносибати солгарди устод Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим бо номи «Ба мисли гӯшту нохун бо Ватан буд» дастраси хонанда гардид, ки дар он таассуроти муаллиф аз Осорхонаи адабии ин шоири шаҳир баён гардидааст. Чун А. Раҳим аз маълумоти сарвари Осорхона А. Абдураҳимов дар ин ганҷина маҳфуз будани 1327 мактуб, 113 блокнот (дафтари қайди сафарҳо), 213 мақола (57 адад тоҷикӣ ва 156 адад русӣ), 27 баромад, 146 шеър, 10 достон, 41 тарҷумаро мефаҳад, беихтиёр андешааш оид ба дастрасии хонандаи тоҷик ба кулли мероси адабию фарҳангии Қаҳрамони Тоҷикистон устод Турсунзода чарх мезанад ва дар фуроварди мақола чанд пешниҳоди ҷолиб мекунад. Аз ҷумла, пешниҳод мешавад, ки: «Барномаи махсуси ҳукуматӣ дар муддати ҳафт сол (солҳои 2024-2031), яъне то Ҷашни 120-солагии устод, ба хотири омӯзиши бойгони шоир нашрҳои махсус: ҳам академӣ, ҳам оммавӣ ва васеи он бо ҷудо кардани маблағи зарурӣ қабул карда шавад».

Дар ҳақиқат дар асоси омӯзиши матнҳои хаттӣ ва чопии осори устод Турсунзода барин шоири бузург ва муборизи матину мунодии роҳи сулҳу дӯстии халқҳои олам таҳия ва чоп кардани Куллиёти бисёрҷилда кори басо заҳматталабест, ки меҳнати бисёрсолаи ҳам мутахассисон ва ҳам ниҳодҳои сарпарасту нашрияҳои давлатиро тақозо дорад.

Ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт будани устод Турсунзода ба табъ расондани Куллиёти шоир дар шаш ҷилд ба қайд гирифта шуда буд ва ду ҷилди аввали он ҳангоми зиндагии устод (соли 1971) ба табъ расиданд. Баъди сари адиб боз ҷилдҳои се (соли 1979) ва чор (соли 1985) дастраси хонанда гардиданд.

Аслан, чи хеле ки узви вобастаи АИ ҶТ Носирҷон Маъсумӣ дар охирсухани ҷилди аввали Куллиёт ишора кардааст: «Ин нашри шашҷилдаи осори Мирзо Турсунзода, ки дастраси хонандагон шудааст (муаллиф бовар дошт, ки Куллиёти шашҷилда солҳои наздик ба табъ мерасад – К. А.), ҳанӯз куллиёт нест, балки як навъ гулчини эҷодиёти бой ва серсоҳаи адиби забардаст ва яке аз устодони назми советии тоҷик мебошад». Вале чопи ҳамин гулчини осори шоир низ дар нимароҳ мемонад. Дар шарҳи мухтасари ҷилди чоруми нашрия омадааст: «Азбаски ҳанӯз архиви шоир кор карда нашудааст ва ҳамаи материалҳои дар матбуоти даврии республика ва берун аз он нашршуда ҷамъ нагардидааст, комиссияи оид ба мероси адабии Мирзо Турсунзода бо ҳамроҳии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи фанҳои ресублика ва нашриёти «Ирфон» ба чунин қарор омад, ки ин нашри осори адабӣ ва бадеии Мирзо Турсунзодаро дар чор ҷилд ба охир расонида, ба чоп ҳозир кардани куллиёти нисбатан мукаммали ӯро ба нақша гиранд». Вале дигар комиссияи оид ба мероси адабии М. Турсунзода ба ин масъала барнагашт ва баъди таъсиси Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон худи ин комиссия барҳам хӯрд. Минбаъд ба муносибати бузургдошти 90-солагӣ, 100-солагӣ ва 110-солагии устод Турсунзода гулчини ашъори шоир бознашр мешуду халос.

Оре, барои чопи куллиёти Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, чунонки аз таҳияи Куллиёти 15-ҷилдаи устод Айнӣ бармеояд, омӯхтани бойгонӣ ва таснифи мероси адабии шоир зарур аст. Баъди аз олам даргузаштани устод Айнӣ дарҳол масъалаи дастраси хонандагон гардондани кулли осори доманфаррохи нависанда ба миён омад ва 15 январи соли 1955 Шурои вазирони РСС Тоҷикистон қарор қабул кард, ки Куллиёти Садриддин Айнӣ дар даҳ ҷилд чоп карда шавад ва ҳайати таҳририя лозим донист, ки бо мақсади дар Куллиёт фароҳам овардани тамоми осори нависанда, пеш аз ҳама, бойгонии адиб омӯхта шавад. Дар натиҷаи омӯзиши бойгонӣ, ки ду сол давом кард, маълум гардид, ки тамоми осори устодро дар даҳ ҷилд фароҳам овардан имкон надорад. Бинобар ин ҳайати таҳририя ба чунин хулоса омад, ки осори гаронбаҳои устод Айнӣ дар 15 ҷилд ва дар зарурат ҷилдҳои алоҳида бо иловаҳо табъ гардад. Бояд гуфт, ки Куллиёти 15-ҷилда низ осори доманфаррохи С. Айниро фаро гирифта натавонист ва алҳол Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Куллиёти устодро дар 22 ҷилд ба табъ расонда истодааст.

Ҳамин тариқ, чун бойгонии устод Турсунзода омӯхта ва тасниф карда шавад, дар чанд ҷилд фароҳам овардани куллиёти шоир маълум мегардад. Ва боз маълум мегардад, ки осори ба дигар забонҳо навишта ё тарҷумагардидаи устод Турсунзода дар кадом ҳолат қарор дорад. Пешниҳоди А. Раҳим ба муносибати 120-солагии устод Турсунзода дар зарфи ҳафт сол ба вуҷуд овардани Куллиёти шоир раёсат ва кормандони шуъбаи марбутаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ-ро водор мекунад, ки ин масъалаи басо ҷиддии фарҳангии миллатро мавриди баррасии амиқ қарор диҳанд.

Дар ҳақиқат, барои ба вуҷуд овардани Куллиёти устод Турсунзода ҳафт сол вақти зиёд нест. Дар матншиносӣ се навъи чопи интиқодӣ: а) чопи академикӣ; б) чопи илмӣ; в) чопи илмӣ-оммавӣ роиҷ аст ва гумон дорам, куллиёти ояндаи устод Турсунзода алҳол ба чопи илмӣ-оммавӣ мувофиқат мекунад. Дар ин ҳолат дар баробари омӯзиши бойгонии шоир ба таҳияи асарҳои чопшудаи адиб, аз ҷумла шеъру достонҳо, машғул шудан лозим мешавад. Дастгоҳи илмии чор ҷилди Куллиёти шашҷилдаи нотамоми устод Турсунзода низ басо маҳдуд ва нокомил аст. Ин ҳолат мутасаддиёни куллиёти навро водор мекунад, ки меҳнати зиёди веросториро ба субут расонида, руҳи устод Турсунзодаро шод ва хонандаи тоҷикро ба кулли осори гаронбаҳои ин мутафаккири оламшумул шодоб гардонад.

Як душвории вазнине, ки дар мавриди омӯхтан ва ба пешгоҳи хонандагони гиромиқадри тоҷик пешкаш кардани куллиёти ояндаи устод Турсунзода сар мезанад, ин ба ҳисоб гирифтани адади нашри ҳар ҷилди куллиёт мебошад. Чи хеле ки қайд шуд, аз соли 1971 то соли 1985 чор ҷилди Куллиёи 6-ҷилда ба табъ расиданд, ки адади нашри ҷилди як 16 ҳазор, ҷилди ду 16 ҳазор, ҷилди се 10 ҳазор ва ҷилди чор 6 ҳазорро дар бар мегирифт ва ин дар ҳоле буд, ки аҳолии Тоҷикистон камнуфӯз буда, шумораи муасисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии мамлакат низ маҳдуд буданд. Аз ин рӯ лозим мешавад, ки адади нашри ҷилдҳои куллиёти минбаъда нисбат ба Куллиёти 6-ҷилдаи нотамом зиёдтар бошад, ки ин маблағи зиёдеро тақозо дорад. Дар ин ҳолат аз ҳама беҳтар масъалаи обунаро ба куллиёти бисёрҷилдаи устод Турсунзода ба роҳ мондан зарур аст. Ба андешаи банда, агар бо ёриву мадади Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи обуна ба куллиёти ояндаи устод Турсунзода ба роҳ монда шавад, кормандони шуъбаи марбутаи Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ то ҷашни 120-солагии ин абармарди илму адаби тоҷик (то соли 2031) ин нашрияи бонуфӯзро чун туҳфаи муносиби бузургдошти Қаҳрамони Тоҷикистон дар шакли мукаммал ва бо теъдоди зиёд ба қишрҳои гуногуни хонандагон ва муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангии тоҷик пешкаш карда метавонанд.

 

Аламхон Кӯчарзода, профессори ДМТ, узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES