29 Dec 2023
Submitted by Admin
1280

Забони осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ хеле суфтаву равону ширину дилнишин ва рангин аст. Равонию рангинии тарзи баёни осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бештар дар он мушоҳида мегардад, ки суханаш басо нафису дилрабою дилнавоз буда, бо ифодаи тобишҳои нозуки маъноии эҳсосӣ сурат гирифтани сухан (байтҳо) ба назар мерасад. Тибқи андешаи олимони адабиётшинос ва забоншинос ифодаи тобишҳои эҳсосӣ (эмотсионалӣ) яке аз хусусиятҳои хоси забони назм ба ҳисоб меравад.

Дар илми забоншиносӣ ифодаи ҳиссиёт ё худ эҳсосот яке аз аломатҳо ё худ вазифаҳои ҷумла ё нутқ ҳисобида шудааст. Аз ин рӯ, дар забоншиносӣ ҷумлаҳоро аз рӯи ифодаи тобишҳои маъноии эҳсосӣ ба ду гурӯҳ: эмотсионалӣ ва ғайриэмотсионалӣ ҷудо кардаанд. Дар забоншиносии тоҷик ҷумлаҳои эҳсосӣ ва хелҳои маъноию созмони он то имрӯз мавриди тадқиқу таҳлил қарор нагирифтааст. Ҳамчунин то имрӯз омилҳои асосии ифодаи тобишҳои маъноии эҳсосӣ дар забоншиносии тоҷик муқаррар нашудааст. Аз ин рӯ, дар асоси забони осори устод Рӯдакӣ муайян намудани хелҳои тобишҳои маъноии эҳсосӣ ва омилҳои ифодаи он аз аҳамият холӣ нест.

Дар забон ва тарзи баёни осори устоди сухан, султони назм, устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ифодаи тобишҳои маъноии эҳсосӣ мавқеи назаррас дошта, ҳусни баёни осори шоирро боз ҳам пурҷилотар намудааст.

Дар осори устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ифодаҳои эҳсосӣ (эмотсионалӣ) бо тобишҳои маъноии зерини эҳсосӣ сурат гирифтаанд:

а) Ифодаҳои таъкиди аломат, тавсиф бо ҳиссиёти ифтихормандӣ ва ватандӯстӣ, ки бо ёрии омилҳои лексикӣ – грамматикӣ, яъне интонатсия (оҳанг) ва вожаҳои ифодакунандаи аломатҳои мухталифи як предмет сурат гирифтаанд:

Ҳар бод ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд,

Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.

б) Ифодаҳои эҳсосии хушнудӣ, хурсандӣ, пайғоми хурсандӣ, ҳаяҷон, ки тавассути оҳанг (интонатсия), омилҳои луғавӣ, такрори калима, мухотаб баён гардидаанд:

Малико, ҷашни меҳргон омад,

Ҷашни шоҳону Хусравон омад!

в) Тобишҳои маъноии эҳсосии таассуф, ноумедӣ, таскин, ки бо ёрии интонатсия, нидои “афсӯс” вожаҳои ҳамгун (омонимҳо) ифода ёфтаанд:

Боду абр аст ин ҷаҳон афсӯс,

Бода пеш ор, ҳарчи бодо - бод!

г) Ифодаи тобишҳои эҳсосии ноумедӣ, норозигӣ тавассути такрори калимаҳо, интонатсия ва бо оҳанги риторикӣ омехта дар қолаби ҷумлаҳои саволии таъкидӣ риторикии эҳсосӣ сурат гирифтаанд:

Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз

Ҳеҷ кас, то аз ӯ ту бошӣ шод!

***

Дод дидаст аз ӯ ба ҳеҷ сабаб

Ҳеҷ фарзона, то ту бинӣ дод!

ғ) Тобишҳои маъноии эҳсосии хайрхоҳӣ, некхоҳӣ, орзую тамонноҳои нек, даъват ба хушҳол будан ва ноумедӣ аз ҷаҳони холӣ дар байти зерин ба воситаи интонатсия ва такрори калима дар қолаби ҷумлаи мураккаби тобеъ бо пайрави сабаб ифода ёфтаанд:

Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,

Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод.

д) Тобишҳои эҳсосии таърифу ситоиш, тавсиф, васф дар байти зерин бо ёрии интонатсия ва такрори калима дар қолаби ҷумлаи мураккаби пайваст баён гардидаанд:

Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,

Май ба бахти ту навҷавон омад.

Хулоса, тобишҳои зиёди эҳсосӣ ба монанди қаноатмандӣ, тааҷҷубу ҳайрат, эҳтироми одамӣ, эътироз ва ғайра бо ёрии воситаҳои мухталифи луғавӣ-грамматикӣ, интонатсия, нидою ҳиссаҷаҳо, ҷонишинҳо, тағйири тартиби калима (инверсия), мухотаб баён гардида, ба забони бисёр шаффофи осори устод Рӯдакӣ шукуфоӣ ва обу ранги бадеии зебои руҳафзо бахшидаанд.

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES