12 Feb 2024
Submitted by Admin
969

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он баробари муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои соли 2023 ва ҷамъбасти корҳои дар зарфи 31 соли даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон ироа гардид.

Боис ба хушнудист, ки миллати сарбаланду ватандӯсти кишвари маҳбубамон аз як Паём то Паёми навбатӣ ба тағйирот ва музаффариятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангие, ки дар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлоламон рух медиҳанд, бесаброна интизорӣ мекашанд ва аз пайовардҳои неки он илҳоми тоза мегиранд, ҳар як суханронии пурмуҳтаво ва ибратбахши ин маорифпарвари асилро дар ҳама соҳаҳои ҳаёт роҳандозӣ ва корбандӣ менамоянд.

Сарвари кишвар зимни суханрониашон қайд карданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он-хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Ҳамчунин, бо овардани далелҳои мушаххас ва дар муқоиса ба солҳои гузашта рушди ҳамаи соҳаҳоро таҳлил намуда, аз пешрафту комёбиҳои ҷумҳуриамон дар даврони соҳибистиқлолӣ башорат доданд.Чунончи, хотиррасон намуданд, ки дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд, нисбат ба соли 2022-юм 5,3 миллиард сомонӣ зиёд мебошад».

Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муайян кардани вазъу пешрафти дигар соҳаҳои хоҷагии халқ ба ҳолат ва рушду нумӯи маориф низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ба масъалаи дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи насли наврас, ки ояндасози ҷомеа мебошанд, эътибори ҷиддӣ доданд.

Тавассути дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари ба таври куллӣ тағйир ёфтани мазмуни таҳсилот, инчунин, муассисаҳои таълимӣ тадриҷан ба талаботи давр мутобиқ гардонида шуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама Паёмҳояшон дар қатори дигар соҳаҳои мавҷудаи мамлакатамон ба соҳаи илму маориф низ диққти ҷиддӣ медиҳанд. Ҳамчунин, ташаббуси ватандӯстонаи соҳибкорони баору баномуси ватанамонро, ки соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардидааст, нек арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад,-зикр намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,-пас, дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст ва хотиррасон намуданд, ки агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазорнафарро ташкил дода бошад, пас, қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст. Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. Вале ин ҳоло ҳам кам аст, зеро ҳанӯз 73 ҳазор хонанда хонанда бе ҷои нишаст мемонад.

Қобили зикр аст, Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.

Дар ин радабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд,-зикр намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд,- таъкид доштанд Президенти кишвар. Дар чунин шароит омода намудани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Ҳамчунин, Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавиро вазифадор карданд,ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Гузашта аз ин, таъкид бар он доштанд, ки дар ин замина бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои болозикр дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байнлмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар радабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад. Вазорати маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, академияи миллии илмҳо, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ фаъолият мекунанд, уҳдадор намуданд, ки тавассути роҳандозии барномаҳои таълимии муосир омода кардани кадрҳои лаёқатманд ва баландихтисосро таъмин намоянд.

Ҳамагон хуб медонем, ки ғамхории Президенти муаззами мамлакат нисбат ба муассисаи таълимию омӯзгорон ва соҳаи маориф беқиёс ва беназир аст. Насли наврасу ҷавонро омӯзгорон ҳидоятгари роҳи рост буда, дар замири онҳо хислатҳои ҳамидаи инсонӣ-одобу ахлоқи наку, ҳурмати падару модар ва дигар бузургсолон, дӯст доштани Ватан, худшиносию худогоҳӣ, ба нафъи ҷомеа хидмат намуданро бедор намуда, дур будан аз бадию бахилӣ, хиёнат ба миллат, ҳасудию ҳасад, ришваситонӣ, хасисию мумсикӣ, мардумозорию гаравидан ба ҳизбу ташкилотҳои манфури ғайридавлатӣ ва амсоли инҳоро талқин менамоянд. Аз ин рӯ, мо, омӯзгорон бояд ҷаҳд намоем, ки ба таъкиди маорифпарвари асил муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳама соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад», баҳри шукуфоӣ ва пешрафти илму маорифи кишвар ва таълиму тарбияи ба талаботи давр ҷавобгӯ ҷиддан машғул бошем. Кӯшиш намоем, ки дар ин даврони ҳассосу пуртазод ва ноорому даргириҳои зиёди сиёсӣ, афзоиши хатару ҷудоиандозиҳо байни миллату давлатҳо насли наврасро дар асоси ақидаҳои хирадмандонаву ватандӯстонаи Сарвари мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълиму тарбия намуда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, хислатҳои неки инсонӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши хуби ба талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ тарбия намуда, ба воя расонем.

Паёми ибратбахш

Тағоев Саймумин Холмуминович

докторанти PhD-и курси 3-юми

Институти забон ва адабиёти ба

номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES