07 Mar 2024
Submitted by Admin
1143

Кӯдакеро сӯи бӯстон хонд ғам, модар чӣ гуфт?
Гуфт: Рав, бӯстони мо домони модар сохтанд.
(Хоқонии Шарвонӣ)

Модар яке аз муқаддастарин мавҷуди офариниш аст. Мавҷудест, ки воқеаAн домони ӯ бӯстони сарсабзу хуррами меҳру вафо ва сидқу одамият аст. Модар мавҷудест, ки дар зеҳну замири инсоният зиндаву ҷовидон ва ҳамеша поёву пӯёст! Барои он доимо зинда ва фанонопазир аст, ки умеду орзу, донишу фаҳмиш ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии ӯ пас аз марг ҳам дар пиндору гуфтор ва кирдори фарзандонаш бомаром идома меёбад. Зеро Модар идомабахшандаи зиндагӣ ва суннату ойинҳои асили инсониву миллӣ ва гузашта аз ин ҳувийятдиҳандаи лаҳзаҳои зиндагии башар ба шумор меояд.

Модари гиромӣ, ки дар сари гаҳвораи тифлаш то субҳи содиқ шабзиндадор аст, ҳамзамон дар ҷунбишоварандаи гаҳвораи фарҳангу тамаддун ва унсурҳои ҳувийятсози башарӣ ба шумор меояд. Ва бо ҷунбиши якнавохту бомароми гаҳвораи тифлаш то субҳ фарҳангу тамаддуни гузаштагонашро бо навои ҷонбахши суруди Алла ба гӯши ҷони фарзанд мерезад. Ва маҳз модар аст, ки забони бештар аз ҳазорсолаи моро бо тамоми салосату нафосат ва зебоиҳояш бо шири ҳаётофараш дар кому забони фарзандон ҷорӣ месозад. Сарчашмаи забондонии мо аз ҷӯйи шири Модар шодоб аст. Маҳз шири модар аст, ки лаззати оби ҷонбахш ва шамими атри Ҷӯйи Мӯлиёнро дар рагҳои ҷони фарзанд ҷорӣ менамояд. Ин аст, ки мо аз рӯзи азал шефтаи дурри дарӣ ва шаҳди дилнишини қанди порсӣ мегардему шириниро чун ҷони хеш дӯст медорем ва бо ширинӣ хӯ мегирем. Зеро модари арҷманд чун занбӯри асал шаҳди ноби қанди порсиро аз сафинаву девонҳои шоирони бузурги адабиёти форсии тоҷикӣ гирд меовараду дар коми ҷони фарзанд мерезад. Рисолати созандаи Модар дар инкишофи нутқи фарзанд аст, ки забони мо – забони модарӣ ном гирифтааст. Сатҳи забондонии фарзанд низ ба сатҳи забондонии Модар баробар аст. Бинобар ин Саъдии бузургвор гуфтааст: Нотиқ он бошад, ки аз модар шунид.

Дар васфу ситоиши зан – модари гаронмоя бузургони олам беҳтарин суханҳои мондагор нисор кардаанд. Аз ҷумла модарро фариштаи зиндагӣ, илоҳаи меҳр, олиҳаи ҳусну зебоӣ, муқаддастарин офаридаи Худованд, намоди садоқату ҷонфидоӣ, давомдиҳандаи насли одамӣ, биҳиштро қадамгоҳи ӯ дониста, ба ҷо овардани хидматашро барои фарзанд муҳим ва ҳам фарзу ҳам қарз донистаанд.

Муассиртарин ва ҳунаритарин эпизоде, ки аҳли адабу ҳунар дар асарҳои худ таҷассум кардаанд, лаҳзаҳои муносибати модар ба фарзанд ва тасвири аз худгузаштанҳои модар барои ҳимояи фарзанд ва ҳифзи зиндагии вай аст.

Навҳаи ҷонгудози Таҳмина аз марги фоҷиавии Сӯҳроби ял қалби таърихро шикофта, дар гӯши ҷони замонаҳо барои ҷовидон сабт гардидаву то ҳол шунида мешавад. Ва ин навҳа яке аз муассиртарин лаҳзаҳои “Шоҳнома”-и безавол аст, ки дарди ҷонсӯзи Модарро дар хеш гунҷондааст.

Ҳамин Фирдавсии покзод аст, ки ба Модар арҷ гузоштану аз ӯ панд шунидан ва шабу рӯз гиромӣ доштани ӯро ба фарзанд талқин менамояд:

Зи гетӣ ҳаме панди модар ниюш,

Ба бад тез маштобу бар бад макӯш.

Шабу рӯз чун ҷон гиромиш дор,

Ки чун ҷон бипарвардат андар канор.

Яке дигар аз бузургмардони шеъру адаби порсии тоҷикӣ, ки аз Модари арҷманди худ ба некӣ ёд кардаву саҳми ӯро дар камолоти инсонӣ ва касбии худ бориз донистааст, Хоқонии Шарвонӣ мебошад. Девони ин шоири бузург яке аз писандидатарин девонҳои шеъри порсист ва дар яке аз сурудаҳои худ аз ҳунари модар ёд кардану дар сояи дукдони ӯ ба камол расидани Хоқонӣ ба хубӣ аён мешавад. Ва ҳамчунин аён мешавад, ки модари шоир аз ҳунарҳои ресидану бофтан бархурдор будаву аз ин пешаҳо ризқу рӯзии худу фарзандонашро пайдо мекардааст. Ва гоҳе аз обу нони серӣ тангиҳо ҳам кашида, аммо дар домони модар зиндагии осуда доштани шоир дар ин шеър акс ёфтааст:

Эй резаи рӯзии ту буда,

Аз резиши ресмони модар.

Хӯ карда ба тангнои Шарвон,

Бо тангии обу нони модар.

Зери салафи касе нарафта,

Ҷуз они Худою они модар.

Афсурда чу сояву нишаста,

Дар сояи дукдони модар...

Маълум мешавад, ки Хоқонӣ дар зери сояи навозишҳо ва ғамхориҳои модари бофандаю ҳунарвари худ парвариш ёфтаву ҳамроҳи ӯ зиндагии осудае дошта ва аз касбу ҳунари ӯ рӯзу рӯзгори хуше доштааст ва арҷгузориву қадрдонии дили меҳрпарвари модарро таъкид кардааст:

Эй бози сапед чанд бошӣ?

Маҳбус ба ошёни модар.

То кай чу Масеҳ бар ту бинанд,

Аз бепадарӣ нишони модар.

Як раҳ чу Хизир ҷаҳон бипаймой,

То чанд зи хона ҷони модар.

Эй дурри ятиму чун ятимон,

Афтода бар остони модар.

Бо ин ҳама ҳам нигоҳ медор

Ҳаққи дили меҳрубони модар.

Ҳамин Хоқонӣ аст, ки дар дами назъ дуо додани модарро зикр карда:

Модарам кард вақти назъ дуо,

Ки туро бонгу ном сармад бод.

Умри ту умри Нӯҳ бод, вале,

Давлатат давлати Муҳаммад бод.

Дигар аз мардони бузурги шеъру адаб ва ирфони порсии тоҷикӣ Фаридуддини Аттор аст, ки модари гаронмоя анису ҳамдами рӯзгори фарзанди адабпарвараш буда. Шоири ориф дар сӯги модари азизаш бодард сурудааст:

Маро гар буд унсе дар замона,

Ба модар буду ӯ рафт аз миёна

Агарчи Робиа сад Таҳмтан буд,

Валек ӯ сонии он шерзан буд.

Агарчи анкабуте нотавон буд,

Валекин бар сари ман пилбон буд.

Модарро мисли Робиа шерзан ва бо вуҷуди нотавониву лоғарӣ пилбони тавоно номидани Аттор муболиғаи шоирона набуда, балки аз хислати азалии далерӣ ва шуҷоати бемисли зан – модари ориёӣ гувоҳӣ медиҳад.

Аттор аз реҳлати модари ғамхор ва мӯнису роздони худ андӯҳгин шудаву ӯро чун мардони маънавӣ қавирӯҳу соҳибирода тавсиф кардааст:

Набуд ӯ зан, ки марди маънавӣ буд,

Саҳаргоҳон дуои ӯ қавӣ буд.

Аҷаб оҳи саҳаргоҳиш будӣ,

Зи ҳар оҳе ба ҳақ роҳеш будӣ.

Аз тасвири Аттор маълум мешавад, ки модари ӯ шахси қавииродаву шабзиндадор, покизарою бодониш ва тарбиятгари бомаърифату нозанине будааст, ки дар домони покаш фарзанди ҷаҳоншумуле чун Фаридуддини Аторро парваридааст.

Модари гаронмоя дар домони поку беолоиши худ пайғамбари ғазал – Саъдии покзодро парваридаву ба башарият тақдим кардааст. Ин фарзанди қадршинос ва босипоси Модар хислати бузургворонаи модарро шоирона ва воқеӣ тасвир кардааст:

Канору бари модари дилпазир,

Биҳишт асту пистон дар ӯ ҷӯи шир.

Дарахтест болои ҷонпарвараш,

Валад меваи нозанин дар бараш.

Модари гиромӣ офаридгор ва одамиятдиҳандаи фарзандони бузург аст. Яке аз фарзандони дилбанди Модари тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхист, ки бо эҷоди Маснавии маънавӣ қалби ҷаҳониёнро тасхир намуд. Ин фарзанди ҳақшинос модарро чунин ситоиш кардааст:

Ҳаққи модар баъд аз он шуд, к-он карим,

Кард ӯро аз ҷанини ту азим.

Пас ҳақи Ҳақ собит аз модар бувад,

Ҳар кӣ он ҳақро надонад, хар бувад...

Модари фарзандро бас ҳақҳост,

Ӯ на дархурди чунин ҷавру ҷафост.

Амир Хусрави Деҳлавӣ низ фарзанди ҳақшиносу хирадманд ва суханвари маҳбуби Модари ориёист, ки нақши ӯро дар зиндагӣ мондагор донистааст:

Бе падар мумкин аст шуд маълум

Чун Масеҳо зи Марями маъсум.

Лек бе модари хуҷаставуҷуд

Волидеро нагуфта кас мавлуд.

Абдурраҳмони Ҷомӣ писари дигари бузургу мутафаккир ва суханпарвари модари тоҷик буда, ба эҷоди шоҳкорҳои адабӣ даст ёфт ва шӯҳрати шеъру адабиёти порсии тоҷикиро боз ҳам болотар бурд. Ин фарзанди фурӯтану андешапарвар ҳастии Модари бузургворро ба поси эҳтиром ва меҳрпарвараш чунин тасвир кардааст:

Ёд кун он ки чӣ сон модари ту,

Буд умре садафи гавҳари ту.

Дошт бехост муҳайё хуришат,

Дод аз хуни ҷигар парваришат.

Аз шикам ҷо ба канораш кардӣ,

Шири софаш зи пистон х(в)ардӣ.

Чун тавоно шудӣ аз қуввати шир,

Гаштӣ аз косаву хон қутпазир...

Хулоса, тамоми шоирону андешамандони форсигӯй аз Устод Рӯдакӣ то Устод Айниву Турсунзода, Гулрухсору Лоиқ, Бозор Собиру Ҳақназар Ғоиб, Фарзонаву дигарон дар бораи бузургиҳои модар шеъру достон ва модарномаҳои самимӣ навиштаанд, ки аз мақоми баланд доштан ва нахустин дабистони башар будани домони поки ӯ шаҳодат медиҳад.

Рӯзи Модар гиромӣ бод!

Анзурати Маликзод, н.и.ф., ходими пешбари шуъбаи таърихи адабиёти

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES