12 Mar 2024
Submitted by Admin
1145

Ҳаким Хайёми Нишопурӣ дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад» [Умари Хайём, Наврӯзнома. –Душанбе: Адиб,2012, 352 с. –с.27]. Агар ба ин гуфтаи шоиру файласуфи бузург таваҷҷуҳ намоем, дар он ду нуктаи усулӣ нуҳуфтааст, ки бо мусиқӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Нахуст ин ки яке аз аносири ҳама гуна ҷашнҳо мусиқӣ буда, он бо фитрати одамӣ тавъам аст. Мусиқӣ ва ғано падидаест, ки лаҳну оҳангро бо лафзу калима пайванд медиҳад. Нуктаи дувум ин ки вақте ки оҳанг ба гӯши шунаванда мерасад, ба тани одамӣ шодию хуррамӣ равони тоза мебахшад.

Тоҷикон аз қадимулайём ҷашнҳои бузурге мисли Наврӯзу Сада ва Меҳргон барпо мекунанд, ки мусиқӣ ҷузъи таркибии онҳоро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯз оҳангу навоҳои вижае дорад, ки бо истилоҳот ва таркиботи мусиқӣ ифода ёфтаанд.

Ниёгони мо ҷашни баҳорро дар наврӯзгоҳҳо баргузор мекарданд ва наврӯзхонӣ ба пешвози соли нав, фаро расидани баҳор ва рӯзҳои наврӯзӣ аз суннатҳои беҳину писандидаи он ба шумор меояд. Дар Хуросони қадим се-чаҳор навозандаву хонанда ба дари хонаҳо мерафтанд ва таронаҳои наврӯзӣ мехонданд. Дар шаҳрҳои бузурге чун Самарқанду Бухоро, Хоразму Гурганҷ, Хеваву Тирмиз ва Хуҷанду Андигон, чунонки устод Садриддин Айнӣ дар китоби «Ёддоштҳо» ишора мекунад, мардум ба сайри гули лола ба беруни шаҳр мерафтанд ва онро бо баргузор кардани маросиму суннатҳои хос таҷлил мекарданд.

Наврӯз дар рӯзгорони дур 30 рӯз таҷлил мешуда ва чанд бахш дошта, ки бахши муҳимми он «Наврӯзи подшоҳон» будааст. Наврӯзи подшоҳон дар шаш рӯз барпо гардида, дар канори дигар суннатҳо дар он ҳар рӯз як оҳанги махсус навохта мешудааст.

Нахустин оҳанги он «Наврӯзи Аҷам» ном дошта, аз овозҳои шашгонаи мусиқии қадими Эрон будааст. Ашъори наврӯзӣ, одатан, дар мақоми «Шӯр» хонда мешавад. Оҳангҳо дар ин мақом зарбӣ ва бамӣ мешаванд. «Наврӯзи Аҷам» шуъбае аз мақоми «Раҳовӣ» буда, шашумин нағма аст ва се бонг дорад. Онро яке аз гӯшаҳои дастгоҳи «Рости Панҷгоҳ» низ гуфтаанд. Он аз таснифоти Борбади Марвазӣ буда, мутаассифона, аслаш то замони мо нарасидааст. Вале ба гуфтаи Ҳотам Аскарӣ: «Ин оҳанги бузург бо вазни сангине (ритме) шурӯъ мешавад ва баъд бо ранге бисёр дилнишин идома пайдо мекунад”. Ин лаҳн аз ду қисмат иборат буда, барои қисмати аввал устодони қадим ин шеърро мехондаанд:

Эй сабо, ғулғули булбул ба гулистон бирасон,

Қиссаи мӯр ба даргоҳи Сулаймон бирасон.

Моҷарои дили девона ба дилдор бигӯ,

Хабари Одами саргашта ба ризвон бирасон.

Дар қисмати дуюм лаҳн нисбатан зарбӣ ва тунд шуда, дар он рақсу пойкӯбӣ ва дастафшонӣ бо ҳам омезиш ёфта, шӯру шааф эҷод мекардааст:

Булбулонро хабаре аз гули садбарг биёр,

Тӯтиёнро шакаре аз шакаристон бирасон.

Дар рӯзи дуюми ҷашн оҳанги “Наврӯзи хоро”-ро, ки шуъбае аз мақоми “Наво”-ст, мехондаанд. Панҷумин нағма аз бисту чаҳор шуъбаи мусиқии қадим мебошад. Таркиби пардааш чунин аст: аз аввалин нағмаи Ҳичоз ва Ҳисор оғоз ёфта, ба Ҳумоюн, Наҳфат, Авҷ, Зобул, Гурдония, Зангӯла ва Аззол меравад. Ин фуруд «Наврӯзи хоро» номида мешавад. Дар байти зер “Наврӯзи хоро”-ро шоир фаръи “Моҳур” гуфта, чун он навохта шавад, дар ҷаҳон шӯру қиём падидор гардад:

Наво омад, ки афтад дар ҷаҳон шӯр,

Бувад Наврӯзи хоро фаръи Моҳур.

Ҳидоят дар қасидае онро чунин тавсиф карда:

Ҳамехӯрдам майи гулгуну кардам

Ба бистар такя чун шоҳе ба авранг.

Ҳамегуфтам раҳи Наврӯзи хоро

Ба ной оҳиста чун нойи хушоҳанг.

«Наврӯзи хоро” аз се қисм иборат буда, қисми нахустин бо зарби мулоим (зер) оғоз шуда, ду қисми дигараш зарбӣ (бам) будааст.

Ин нағмаро дар ду дастгоҳи муосири мусиқӣ – Ҳумоюн ва Рости Панҷгоҳ ворид кардаанд, дар гӯшаи 25-уми он қарор дорад. Ин шеъри Манучеҳриро, ки аксар истилоҳоти мусиқии қадим дар ашъори ӯ ба мушоҳида мерасад, дар оҳанги “Наврӯзи хоро” тараннум кардаанд:

Чанги ӯ дар чанги ӯ ҳамчун хамида ошиқе,

Бо хурӯшу бо нафиру бо ғиреву бо ғаранг.

Гоҳ зарбу гоҳ таъну гаҳ рамею гоҳ қайд,

Гоҳи ҷуду гоҳи базму гоҳи хатту гоҳи ҷанг.

Дар рӯзи сеюм оҳанги “Наврӯзи Сабо”-ро ба навозиш меоварданд, ки ҳам дар дастгоҳи Ҳумоюн ва ҳам дар Рости Панҷгоҳ вуҷуд дорад. “Наврӯзи Сабо”-ро шуъбае аз мақоми Бӯсалик, ки панҷумин нағма буда ва ним бонг дорад, низ тавсиф кардаанд. Он аз чаҳор қисмат иборат аст. Дар асрҳои миёна қисмати аввали ин оҳангро бо зарби мулоим ва бо ин ғазали Хоҷуи Кирмонӣ мехондаанд:

Ин ғазал як-ду байт аз сари сӯз

Булбуле боз гуфт дар Наврӯз,

К-эй гули тозарӯи хандонлаб,

В-эй дилорои бӯстонафрӯз...

Бахши дувуми он бо зарби бисёр зебову пуршӯр оғоз шуда, дар он ғазали Манучеҳрӣ хонда мешудааст:

Май деҳ, писаро! Бар гул чун мул, мули чун гул,

Хушбӯй муле чун гул, худрӯй гуле чун мул.

Мул рафт ба сӯи гул, гул рафт ба сӯи мул,

Гул бӯй рабуд аз мул, мул ранг рабуд аз гул.

Наврӯзи Сабо шуъбаест аз мақоми Бӯсалик аз панҷумин нағма аст ва ним бонг дорад.

Дар рӯзи дигар оҳанги “Наврӯзи араб” навохта мешавад, ки шуъбае аз мақоми “Раҳовӣ” буда, ду бонг дорад. Он яке аз 24 шуъбаи мусиқии қадими эронист. Аз аввалин нағмаи Сегоҳ шуруъ шуда, ба Ироқ ва Мухолиф меравад ва дар Сегоҳ фуруд меояд. Ба иборати дигар дорои як даромад ва чанд нағма мебошад. Чунонки шоир гуфта:

Раҳовӣ шуд мақому шуъбаи ӯ,

Ту Наврӯзи Араброву Аҷам гӯ.

Зи Наврӯзи араб гар нағма ҷӯӣ,

Аҷамро ҳам зи шаш нағма бигӯӣ.

Имрӯз сурояндагон ин мақомро бо шеъри зери Манучеҳрӣ мехонанд:

Омада Наврӯзи мо бо гули сурӣ ба ҳам,

Бодаи сурӣ бигир, бар гулӣ сурӣ бичам.

Зулфи бунафша бибӯй, лаъли хуҷаста бибӯс,

Дасти чағона бигир, пеши чағона бичам.

Дар рӯзи панҷум оҳанги “Сабз дар сабз”-и Борбади Марвазӣ навохта мешавад. Ин оҳанг таърихчае дорад. Чун овозаи Борбад ба даргоҳи Хусрави Парвиз мерасад, Саркаш, ки ромишгари бузург буд, рашкаш меояд, ӯро ба дарбор ворид шудан намемонад. Борбад василае меҷӯяд, то ба назди шоҳ роҳ ёбад. Бо боғбони боғи шоҳ тарҳи дӯстӣ афканд ва дар баҳоргоҳ, ки шоҳ мехост дар боғ шодию хуррамӣ бикунад, либоси сабз пӯшид ва барбат ба даст болои дарахт рафт, то мунтазири анҷуман бимонад. Хусрави Парвиз бо надимон омад ва базм оғоз ёфт, дар он бода гардон шуд, то посе шаб Борбади ромишгар радифе бо номи “Пайконгурд” навохт, то ба гӯши шоҳ расид. Боғро ҷустуҷӯ карданд, соҳиби овоз пайдо нашуд. Посе дигар гузашт, Борбад оҳанги дигаре бо номи “Сабз дар сабз”-ро суруд. Чунонки Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” ин лаҳзаро чунин ба силки тасвир кашида:

Баромад дигарбора бонги суруд,

Дигаргунатар кард овои руд.

Ҳаме «Сабз дар сабз» хонӣ кунун,

Бад-ин гуна созанд мардон фусун.

Пас аз ин суруд Борбад аз дарахт фуруд омад. Номи ин оҳанг ба сурати “Сабз дар сабз”, “Сабза дар сабза”, “Сабз андар сабза” ҳам омадааст. Чунонки Низомӣ гуфта:

Чу бонги “Сабз дар сабз”-аш расидӣ,

Зи боғи сабз сабза бардамидӣ.

Дар рӯзи шашуми ид навои «Наврӯзи Бузург”, ки аз зеботарин ва пуршӯртарин оҳангҳои бостонии ниёгони мо будааст, навохта мешудааст. Ин оҳанг, ки дар назди бузургон иҷро мешудааст, мутаассифона, то замони мо омада нарасидааст. Аз шоирони гузашта ин истилоҳи мусиқӣ дар ашъори Манучеҳрии Домғонӣ ёд шуда:

Наврӯзи Бузургам бизан, эй мутриб, имрӯз,

Зеро ки бувад навбати Наврӯз ба Наврӯз.

Барзан ғазале нағзу дилангезу дилафрӯз

В-ар нест туро бишнавад, аз мурғ биёмӯз.

Оҳанги “Наврӯзи Бузург” дорои чаҳор бахш будааст.

Фарҷоми ҷашн, яъне дар рӯзи ҳафтумро оҳанги “Наврӯзи Кайқубодӣ” ҳусни ихтитом мебахшидааст. Он дар дастгоҳи чоргоҳ буда, бо равиши хос оғоз гардида ва ҳолу ҳавои бисёр фараҳангез доштааст. Қисмати севум ва чаҳорумаш зарбист. Ин оҳанг низ то замони мо нарасидааст. Оҳанги мазкур, бино ба маълумоти Ҳотам Аскарӣ, дорои панҷ қисмат буда, қисмати аввал даромад аст, ки бо лаҳни бисёр зебо ва дилангез шуруъ мешудааст. Боз ҳам Манучеҳрист, ки ба оҳангҳои қадим таваҷҷуҳи хос дошта, ин таркибро дар ашъораш ба кор бурда:

Дастонҳои чангаш “Сабза”-и баҳор бошад,

“Наврӯзи Кайқубодӣ” в-озодвор бошад .

Афзун ба ин, оҳангҳои қадими суннатии наврӯзие вуҷуд доштаанд, ки дар фарвардинмоҳ суруда мешудааст. Мо ба таври иҷсолӣ ба онҳо ишора хоҳем кард:

Низомии Ганҷавӣ оҳанги “Сози Наврӯз”-ро яке аз алҳони “Сӣ лаҳни Борбад “ оварда ва ин гувоҳи он аст, ки Борбад бо ин ном оҳанги дигаре дар васфи Наврӯз доштааст. Оҳанги “Навбаҳорӣ” низ дар таркиби “Сӣ лаҳни Борбад” омада, номи навоест аз мусиқӣ ва номи лаҳни 27 ҳафтум мебошад. Низомӣ онро чунин тавсиф карда:

Чу баргуфтӣ суруди «Навбаҳорӣ»,

Арақ гаштӣ гул аз бас шармсорӣ.

“Наврӯзи баётӣ” – номи яке аз лаҳнҳои мусиқии қадимист.

“Наврӯзи хурдак» – онро «Наврӯзи кӯчак» ва “Наврӯзи хоро” низ гуфтаанд. Ин нағма дар дастгоҳҳои «Рости Панҷгоҳ» ва «Ҳумоюн» навохта мешавад.

«Наврӯзи Раҳовӣ» – гӯшаест, аз шуъбаи равии «Ироқ».

«Баҳор» - яке аз давоири мулоими мусиқист.

“Баҳори бишкана” - номи яке аз алҳони мусиқии бостонӣ аст. Чунонки Манучеҳрӣ гуфта:

Гоҳ зери қайсарону гоҳ тахти Ардашер,

Гоҳ “Наврӯзи Бузург”-у гаҳ “Баҳори бишкана”.

«Навбаҳор», ки Алии Ҷурҷонӣ онро оҳанги мустақил дониста ва ҷузви «Сию ду мақоми Алии Ҷурҷонӣ» овардааст.

Чунонки мулоҳиза мешавад, устодони мусиқии мо дар гузашта барои дар сатҳи муносиб ҷашн гирифтани Наврӯз оҳангҳои зебову дилнишин ва пуршӯру ҳаяҷоне офаридаанд, то рӯзгори хешро бо шодию хуррамӣ омезиш диҳанд. Пас, моро зарур аст, ки имрӯз он оҳангҳои зеборо дар асоси рисолаҳои мусиқӣ, ки аз асрҳои миёна боқӣ мондаанд, дубора зинда карда, ба зиндагии хеш ворид созем.

Умриддин Юсуфӣ,

доктори илмҳои филологӣ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

MONUMENTS

ARTICLES