24 Jan 2023
Submitted by Admin
1411

АБДУЛҒАНӢ МИРЗОЕВ: 22 ноябри соли 1908 дар шаҳри Китоби вилояти Қашқадарё зода шудааст. Соли 1918 мактаби миёнаро хатм карда, дар навоҳии гуногун дар вазифаҳои котиб ва мудири шуъбаи кумитаи иҷроия фаъолият бурдааст. Дар КИМ РСС Тоҷикистон низ кор кардааст. Хабарнигори рӯзномаи «Овози тоҷик», мудири шуъбаи рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» будааст. Соли 1939 факултаи шарқшиносии Донишкадаи давлатии Ленинградро хатм карда, чанд сол дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанбе дарс гуфтааст. Солҳои 1942-1944 корманди масъули Сафоратхонаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Эрон будааст.

Аз соли 1945 мудири шуъба, баъдан директори Пажӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти АИ РСС Тоҷикистон, мудири шуъбаи ҳамин пажӯҳишгоҳ, устоди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, мудири Шуъбаи шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, аз соли 1951 то дами вафоташ директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ҷумҳурӣ будааст.

Аз соли 1926 мақолаҳояш таҳти тахаллусҳои Гулханӣ, Шаҳдӣ ва Абдулғанӣ чоп шудаанд. Дар таҳқиқ ва омӯзиши таърихи адабиёти класикии тоҷик хидматҳои шоиста кардааст, ки асарҳои пурарзишаш «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» (1957) ва мақолаҳояш роҷеъ ба ҳаёту эҷодиёти Ҳилолӣ (1948), Сайфи Бухороӣ (1956), Аҳмади Дониш (1962), Ибни Сино (1957), Алишер Навоӣ (1966), Ҷомӣ (1971), ки дар маҷмӯаи «Сездаҳ мақола» (1976) гирд омадаанд, гувоҳи ҳоланд.

Ба муносибати 1100-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1958) рисолаҳои бунёдии ӯ «Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ва «Рӯдакӣ ва инкишофи ғазал дар асрҳои X-XV» ба чоп расиданд, ки то имрӯз аз таҳқиқоти беҳтарин дар Рӯдакишиносии ҷаҳон шумурда мешаванд ва соли 2004, ҳамроҳи куллияи навиштаҳои дигараш дар боби рӯзгору осори Устод Рӯдакӣ, дар китоби «Масъалаҳои рӯзгор ва осори Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» таҷдиди нашр шуданд.

Дар таҳия ва нашри осори Рӯдакию ҳамасрони ӯ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҷомӣ, Биноӣ, Аҳмади Дониш ва дигар бузургони адабиётамон саҳми назаррас гузоштааст. Муаллифи чанд китоби дарсӣ ва дастурамали таълим будааст.

Иддае аз рисолаву мақолаҳояш ба забонҳои хориҷӣ тарҷума, баргардон ва чоп шудаанд, ки далели шуҳрати ҷаҳонии ӯву илми ховаршиносии тоҷик аст.

Доктори илми филология (1957), профессор (1960).

Соли 1951 узви вобаста, соли 1957 узви пайвастаи АИ Тоҷикистон интихоб шудааст.

Дар бисёр кунгураву ҷаласаҳои илмии байналмилалӣ (Мюнҳен, 1957; Маскав, 1960; Кобул, 1962; Деҳлӣ, 1964; Теҳрон, 1966, 1971, 1975; Порис, 1973; Машҳад, 1974; Исломобод, 1975) ширкат ва суханронӣ кардааст.

Барандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1972), Ходими хидматнишондодаи илми РСС Тоҷикистон (1959) ва РСС Ӯзбекистон (1966).

Чанд дафъа вакили мардумӣ дар парлумони замон интихоб шудааст. Бо чанд нишону ифтихорнома сарфароз гардидааст.

Аз соли 1948 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

16 августи соли 1976 аз олам даргузашт.

Undefined

MONUMENTS

ARTICLES