Муҳаммадшоҳ Восифи Бохтарӣ, шоир, нависанда, мутарҷим ва пажӯҳишгари забону адабиёти форсӣ ахиран дар синни 81-солагӣ аз ҷаҳон рахти сафар баст.
Восифи Бохтарӣ дар моҳи июни 1942 дар Балх зода шуд. Ӯ дар соли 1966 дипломи факултети забон ва адабиёти форсии дариро аз донишгоҳи Кобул ба даст оварда, муддате муҳаррири китобҳои дарсии Вазорати таълим ва тарбияти Афғонистон буд. Бохтарӣ дар соли 1975 мадраки номзадии илмро аз донишгоҳи Колумбияи Америка дарёфт кардааст. Аз соли 1985 то соли 1996 узви раёсати дор-ут-таълиф ва мудири масъули маҷаллаи “Жвандун”- минбари анҷумани анвисандагони Афғонистон ва дабири бахши шеъри он анҷуман буд. Дар паи ҷангҳои дохилӣ чанд соле дар Пешовар буд ва баъдан ба Амрико муҳоҷират карда, то поёни умр дар ин мамлакат кору зиндагӣ кардааст.
Восифи Бохтарӣ аз шоирони пуркори адабиёти муосири Афғонистон буда, бо ибтикороти тозаи адабии хеш дар ҷаҳони форсизабон шуҳрат ва ҷойгоҳи баланде касб намудааст. Аз ӯ дафтари ашъор ва пажӯҳиҳои зиёд бо номҳои “Ва офтоб намемирад”, “Аз меъод то ҳаргиз”, “Аз ин оина бишкаста таърих”, “То шаҳри панҷзилъии озодӣ”, “Дебочае дар фарҷом”, “Дар устувои фасли шикастан”, “Мӯяҳои Исфандиёри гумшуда”, “Дарвозаҳои бастаи тақвим”, “Суруду сухан дар тарозу”, “гузориши ақли сурх”, “Дирангҳо ва пайрангҳо”, “Бозгашт ба алифбо” ва “Устураи бузурги шаҳодат” ба ёдгор мондааст.
Муҳаққиқони адабиёт зикр кардаанд, ки Восифи Бохтарӣ дар ғазалсароӣ ба Маликушшуаро Баҳор ва дар эҷоди шеъри нав ба Маҳдии Ахавони Солис паҳлӯ мезанад. Аз ӯ ҳафт маҷмӯаи шеърӣ ва китобе дар мавзуи ирфон ва шеъри форсӣ ба номи “Нардбони осмон” чопу интишор ёфтааст, ки чизе шабеҳи китоби Абдулҳусейни Зарринкуб “Пила –пила то мулоқоти Худо” аст.
Манижа-духтари Восифи Бохтарӣ дар маросими хоксупории падараш дар шаҳри Лос-анҷелоси Амрико гуфт: “Охирин орзуи шоир ин будааст, ки дар оғӯши моми Ватан ба хок супурда шавад, аммо дар ин рӯзгори тира, ҳатто хоки зодгоҳу меҳанашро аз ӯ дареғ карданд”.
Ва ин ғазал аз ӯст:
Он ки шамшери ситам бар сари мо охтааст,
Худ гумон карда, ки бурдаст, вале бохтааст.
Ҳой Меҳан, бинигар пури ту дар паҳнаи разм,
Пеши сӯфори ситам сина сипар сохтааст.
Ҳар кӣ парвардаи домони гуҳарпарвари туст,
Зери айвони фалак ғайри ту нашнохтааст.
Дили гурдони туву қомати боландаашон,
Чӣ барафрӯхтаасту чӣ барафрохтааст.
Гарчи сарҳалқаву сарҳанги камондорон аст,
Теғи Албурз ба пешат сипар андохтааст.
Кӯҳи ту, водии ту, дараи ту, бешаи ту,
Дар саропои ҷаҳон валвала андохтааст.
Рӯи ӯ дар сафи мардони ҷаҳон гулгун бод!
Ҳар ки бигзашта зи хешу ба ту пардохтааст.
* * *
Мухаммаси Беҳрӯзи Забеҳулло бар ғазали Восифи Бохтарӣ
Сапеда медамад аз чашми чун булури шумо,
Зи моҳу меҳр дурахшонтар аст нури шумо,
Чӣ ҳикматест дар он рӯзгори дури шумо,
«Мабод бишканад, эй рудҳо, ғурури шумо,
Ки ин саҳифа шуд оғоз бо сутури шумо».
Дубора ёд кун он хастагони бодияро,
Мусофирони раҳи бенишони бодияро,
Садои қофилаву осмони бодияро,
«Шабони тираи лабташнагони бодияро,
Шукӯҳи субҳдамон медиҳад ҳузури шумо».
Ба кунҷи хилвати худ муждае расид ба гӯш,
Ба вақти субҳ шунидам паёми поки Сурӯш,
Биё, ки қисса кунам, як даме нишину ниюш,
«Ҳазор дашти шақоиқ, ҳазор чашмаи нӯш,
Башоратест зи ояндаҳои дури шумо».
Ба зери токи пур аз созу барг механдед,
Агар ки абр биборад тагарг, механдед,
Ба кунҷи хонаву айвону арг механдед,
«Чӣ шодмона ба кобуси марг механдед,
Ду рӯи сиккаи ҳастист, сӯгу сури шумо».
Сукуту ваҳшати афтодагони манзилро,
Ғиреву ҳасрати вомондагони маҳфилро,
Умеди мардуми афтода пой дар гилро,
«Шикеби захмии мурғобиёни соҳилро,
Тавони боли уқобон диҳад убури шумо».
Ба рӯзи сахту балои азиму хоритон,
Ба рӯзи мотаму андӯҳу беқароритон,
Ҳамеша дасти Худо мерасад ба ёритон,
«Мабод хаста шавад дастҳои ҷоритон,
Мабод танг шавад синаи сабури шумо».
Зи қалби хеш бияфган ғубори васвасаҳо,
Сабуру соф гузар аз канори васвасаҳо,
Агарчи ҳаст кунун рӯзгори васвасаҳо,
«Мабод сояи иблиссори васвасаҳо,
Шабе гузар кунад аз кучаи шуури шумо!».