29 Dec 2024

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- НОМАИ ВАСФИ МАҚОМИ БОНУВОНУ ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ ТОҶИКИСТОН

Submitted by Admin
21

Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан қарзи инсонии ҳар як фарзанд аст. Беҳуда нест, ки дар таърихи ҳамаи тамаддунҳои ҷаҳонӣ эҳтироми волидайн яке аз меъёрҳои меҳварии ахлоқӣ буда, мақому мартабаи модар аз ҳама баланд аст. Модар офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва нерубахши рӯҳу ҷон мебошад.

TJ
29 Dec 2024

ПАЁМИ ПИРӮЗӢ ВА ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
43

Паёми нави Пешвои миллат, ки рӯзи 28-уми дкабри соли 2024 ироа шуд, саршори нуктаҳои муҳим, андешаҳои тоза, тарҳҳои стратегӣ, оянданигарии ҳакимона ва пандҳои ибратомӯз ва ҳидояткунанда буд. Пешвои миллат камбуду комёбиҳои солонаро дар бахшҳои сиёсат, иҷтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу маорифи кишвар бо диққат таҳлилу арзёбӣ намуда, барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ дастуру супоришҳои муфид ироа намуданд.

TJ
19 Dec 2024

ШАБИ ЯЛДО (ЧИЛЛА): ТАЪРИХ ВА ОДОБУ РУСУМИ ОН

Submitted by Admin
232

Шаби ялдо ё шаби чилла аз куҳантарин ва муҳимтарин ҷашнҳои мо – тоҷикон ва ақвоми эронӣ буда, шаби 30-юмиозар охирин рӯзи тирамоҳ мусодиф ба 21-уми декабр, дар дарозтарин шаби сол ва 1-уми дай, аввалин рӯзи зимистон фаро мерасад. Ин шаб ба фалсафаи торикии аҳриманӣ ва рушании аҳуромаздоӣ низ гиреҳ хурдааст. Шаби ялдоро барои тақсимбандии рӯзҳои тобистонию зимистонӣ, барои кишту кор ва ҷамъоварии ҳосил истифода мекарданд.

TJ
09 Dec 2024

МЕҲРГОН ВА ОИНИ МЕҲРПАРАСТӢ

Submitted by Admin
75

«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинни меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

TJ
21 Nov 2024

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!

Submitted by Admin
225

Понздаҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

TJ
15 Nov 2024

ШИНОХТИ ШАХСИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ДИДГОҲИ АКАДЕМИК МУҲАММАДҶОНИ ШАКУРӢ

Submitted by Admin
207

Қабули эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 24 августи соли 1990 ва дар таърихи 9 сентябри соли 1991 давлати мустақил эълон шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди забону фарҳанги миллӣ заминаи созгор муҳайё кард, вале аз ин ҳаводиси фараҳбахш чанде нагузашта, бо таҳрику тавтиаи душманону бадхоҳони миллати тоҷик дар Тоҷикистон оташи ҷанги дохилӣ забона зад, ки кишварро харобу бозори забону фарҳанги миллиро касод намуд ва ҳазорон мардуми бегуноҳро ба коми худ фурӯ б

TJ
04 Nov 2024

БА МУНОСИБАТИ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ РИВОЯТИ ОЗАРФАРНБАҒИ ФАРРУХЗОДОН

Submitted by Admin
223

Ҳуқуқ маҷмуаи қонуну қарорҳо дар робита ба афроди ҷомеа аст ва донистану риояи он боиси низому суботу оромиш дар кишвар мебошад. Бо дарки муҳиммияти ин масъала соли 2024 мувофиқи Фармони Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон шудааст.

TJ
04 Nov 2024

КОНСТИТУТСИЯ – ХАТТИ ТАҚДИР ВА САНАДИ САРНАВИШТСОЗ

Submitted by Admin
234

Рӯзи 6 ноябри соли 1994, яъне сӣ сол аз ин муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки ҳамасола дар Тоҷикистон ин сана бошукӯҳ таҷлил мегардад.

TJ
23 Oct 2024

Кашфи порчаи чопнашуда аз достони «Чароғи абадӣ»-и устод Мирзо Турсунзода

Submitted by Admin
415

Достони “Чароғи абадӣ” дар соли 1956 таълиф гардида дар он симои асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ ба тасвир кашида шудааст. Дар меҳвари достони мазкур ду лаҳзаи муҳимми зиндагӣ; интизории таваллуди фарзанд ва интизори дидори шахсияти азизу муътабар қарор дошта, шоир ба таври намодин ин ду лаҳзаро ба таври мувозӣ ва ҳунармандона инъикос менамояд.

TJ
14 Oct 2024

МАЪНИШИНОСИИ ВОЖАИ “МЕҲРГОН”

Submitted by Admin
297

Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Меҳргон ҳам аз чунин вожаҳост.

TJ
14 Oct 2024

МЕҲРГОН ВА ОИНИ МЕҲРПАРАСТӢ

Submitted by Admin
273

«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинни меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

TJ
11 Oct 2024

БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МЕҲРГОН

Submitted by Admin
306

Директори Институти забон ва адабиёти

ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ., д.и.ф., профессор

Шарифзода Фарангис Худоӣ

Малико, ҷашни Меҳргон омад!

TJ
04 Oct 2024

АЗ ЗАБОНИ ОРИЁӢ ТО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
320

Мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асли ориёӣ рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» дар фарҳангу луғатномаҳо ғолибан «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо» маънӣ мешавад.

TJ
30 Sep 2024

БАЪЗЕ ВИЖАГИҲОИ НАҲВӢ ДАР“МАСНАВИИ МАЪНАВИИ ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ”

Submitted by Admin
463

Ба ҳамагон маълум аст, ки инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯйи зиндагии орому осуда ва дар талоши саодатинаслҳои имрӯзу ояндаи худ аст. Бинобар ин ӯ ҳамеша ниёзмонди ҳидоят ва роҳнамоии шахсиятҳои бузурги дурбину ояндабини имрӯзаву гузашта мебошад.

TJ
30 Sep 2024

АВЗОНИ ҒАЙРИМАЪМУЛ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛАВӢ

Submitted by Admin
417

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

TJ
30 Sep 2024

ШАРҲИ МУХТАСАРИ ДУ РИВОЯТ АЗ “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”

Submitted by Admin
463

Яқинан, бидуни омодагии қаблӣ дарку фаҳми нисбатан дурусту ба воқеият наздики осори классикони адабиёти форсии тоҷикӣ барои хонандаи муосир ба осонӣ муяссар намешавад. Тавре ки аз гузориши муҳаққиқи рус В. Я.

TJ
27 Sep 2024

ЯК ЛАҲЗА ТОҶИКЕ ШАВАМ

Submitted by Admin
396

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлоно аз машҳуртарин шоири тоҷиктабори қарни ХIII ва аз бузургтарин чеҳраҳои адаб ва ирфон буда, нуфузи ӯ фаротар аз марзҳои милливу тақсимоти қавмӣ аст ва шеъри ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст.

TJ
26 Sep 2024

ЗАБОН АЗ ДИДГОҲИ МАВЛОНО

Submitted by Admin
506

Забон ҳам дар “Маснавӣ” монанди дигар категорияҳои дигари фалсафӣ корбурди дугона дорад. Ҳамон гуна, ки маълум аст Мавлоно орифу қутби маънавии даврони худ буд ва забонро зарфе медонист, ки бояд дар хидмати маъно бошад. “Ҳарф зарф омад дар ӯ маънӣ чӯ об” далолат бар ҳамин бардошти Мавлоно аз забон дорад. Аз ин лиҳоз, забон дар дасти Мавлоно мисли мум нарм аст ва шоир он гуна ки худ мехоҳад, забонро тобеи андешаи худ менамояд.

TJ
26 Sep 2024

НАҚШИ МУАССИРИ ТАЪЛИМОТИ СИЛСИЛАИ КУБРАВИЯ ДАР ҶАҲОНБИНӢ ВА ИНҚИЛОБИ ФИКРИИ МАВЛОНОИ БАЛХӢ

Submitted by Admin
389

Сирри Худо, ки орифу солик ба кас нагуфт,

Дар ҳайратам, ки бодафурӯш аз куҷо шунид.

Хоҷа Ҳофиз

TJ
21 Sep 2024

УСТОД РӮДАКӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ЗАБОНӢ ВА АДАБИИ РӮЗГОРИ СОМОНИЁН

Submitted by Admin
550

Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд.

TJ
21 Sep 2024

ТАҶАССУМИ ШУКӮҲИ ИНСОН ДАР ШЕЪРИ РӮДАКӢ

Submitted by Admin
517

Хушбин будан ё андешаи хуб доштан метавонад ҳар инсонеро аз навмедӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, ғаму андӯҳ ва амсоли инҳо дур созад. Некбин будан ба коре ё рӯйдоде ба саломатӣ ва оромиши рӯҳии инсон таъсири беандоза дорад. Инсон дар зиндагӣ ба мушкилоту гирифториҳои зиёде рӯбарӯ мешавад, ки боиси афтодарӯҳӣ ё аз даст додани оромиши хотираш мегардад. Барои ҳамин ба инсон зарур меояд, ки андешаҳои манфиро аз зеҳнаш дур созад ва ба ҳама кор бо чашми нек назар андозад.

TJ
21 Sep 2024

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ РӮДАКӢ

Submitted by Admin
622

Аскар Ҳаким, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ, сарходими илмии шуъбаи забон ва адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

 

«БӮИ ҶӮИ МӮЛИЁН» Ё

TJ
20 Sep 2024

РӮЗИ РӮДАКӢ – РӮЗИ ҶАШНИ АДАБИЁТ ВА ИСТИҚЛОЛИ ФАРҲАНГИИ МО

Submitted by Admin
407

Шамсиддин Муҳаммадиев, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, номзади илми филология

TJ
20 Sep 2024

БА МУНОСИБАТИ БУЗУРГДОШТИ РӮДАКӢ

Submitted by Admin
472

РӮДАКӢ – СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.

TJ
19 Sep 2024

БАРРАСИИ БАРХЕ АЗ КАЛИМАҲОИ СУҒДӢ ДАР ОСОРИ РӮДАКӢ

Submitted by Admin
490

Мусаллам аст, ки нақши Рӯдакӣ дар густариш ва ташаккули забони тоҷикӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад. Бо ташаббус ва ибтикори чунин шоирону нависандагон буд, ки забони тоҷикӣ сайқал ёфта, тарзи ифодаи вожаву истилоҳоти осори онҳо то ба ҳол ба тағйироти ҷиддӣ рӯ ба рӯ нагардидаанд, ба истиснои баъзе калимаҳои куҳан ва арабии мушкилбаён.

TJ
18 Sep 2024

БОЗТОБИ ОСОРИ РӮДАКӢ ДАР ФАРҲАНГҲОИ ТАФСИРИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
430

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯйи онҳо омӯхта мешавад.

TJ
16 Sep 2024

РӮДАКӢ – САРОМАДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ ВА ДУНЯВӢ ДАР ШЕЪРИ ТОҶИК

Submitted by Admin
612

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

TJ
13 Sep 2024

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛ ДАР ТАҲКИМИ НОМВОЖАҲОИ ҶУҒРОФИИ ТАЪРИХӢ

Submitted by Admin
474

Номшиносӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва арзишманд ба ҳисоб рафта, таҳлилу таҳқиқ ва рамзкушоии онҳо ба муҳаққиқ имкон медиҳад, ки ба вижагиҳои таърихи миллати худ ошноӣ пайдо кунад. Махсусан, омӯзиши маъноӣ ва сохтории номвожаҳои ҷуғрофии бунёдӣ, ки аз фарҳанги волову ботамаддуни мардуми ориёитабор, зисту зиндагӣ ва кору фаъолияти онҳо маълумот медиҳанд, ки хеле муҳим аст.

TJ
10 Sep 2024

Тавсеаи тафаккури миллӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ омили асосии нигоҳ доштани давлати миллӣ мебошад

Submitted by Admin
418

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Истиқлол на танҳо соҳибихтиёриву озодии давлат, ҳудуд ва мардумони он аст, балки раҳоӣ аз сукути андешаи мустақил мебошад. Яъне истиқлоли фикрӣ аст, ки андешаи мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, мазҳабӣ ва ҳуқуқӣ аз он сахт вобаста аст.

TJ
09 Sep 2024

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - АРЗИШИ АБАДӢ

Submitted by Admin
451

Истиқлоли давлатӣ, ки дар бораи бадастории он халқи Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Эъломия қабул намуда, онро ба тамоми ҷаҳониён арза намуд, на танҳо дар даҳсолаву садсолаҳо, балки дар ҳазорсолаи охир воқеаи муҳимтарин барои миллати куҳанбунёди мо ба ҳисоб меравад.

TJ
14 Aug 2024

ДИН АБЗОРИ СИЁСАТ ДАР БАРАНДОЗИИ ҶАМШЕД ДАР “ШОҲНОМА” (қисми дувум) Ҷамшед

Submitted by Admin
484

Дар авасто Ҷамшед зодаи нахустин мӯбади ҳум аст. Нахустин истумандест, ки шираи гиёҳи ойинӣ ва сипанди ҳумро мегирад ва аз он нӯшоба месозад. Ба подоши ин кор аст, ки Ҷамшед барои вай зода мешавад (Исно 4/9, ба нақл аз Каззозӣ). Ҷамшед дар “Шоҳнома фарзанди Таҳмурас аст. Ӯ аз ибтидо бо фарри шоҳаншаҳист ва ҳама ба фармони ӯянд ҳатто париён: "Ба фармони ӯ деву мурғу парӣ”.

TJ
14 Aug 2024

ДИН АБЗОРИ СИЁСАТ ДАР БАРАНДОЗИИ ҶАМШЕД ДАР “ШОҲНОМА” (қисми аввал) Чакидаи мақола:

Submitted by Admin
543

“Шоҳнома” мероси сутурги эрониён, дорои мазмунҳоест, ки гоҳ ба рамз омадааст ва ҳамин вижагӣ онро барои тамомии давраҳои таърихӣ коромад мекунад. Дар навиштори пеши рӯ, такияи пажуҳиш ба лиҳози истидлолӣ, матни аслии “Шоҳнома” дар бахши асотирӣ аст ва талош бар он аст, ки андешаи сиёсии лояҳо (қабатҳо)-и пинҳони сухани Фирдавсӣ ошкор шавад. Нақши дин ва намуди он ба шакли фарраи эзадӣ бознамоӣ гардад.

TJ
31 Jul 2024

СИМОИ ЗАН ДАР РУБОИЁТИ ШИФОҲИИ МАРДУМИ ТОҶИК

Submitted by Admin
705

Ҳамон гуна ки ба аҳли адаб равшан аст, ҷойгоҳи зан ва нақши он дар зиндагӣ ва ҷомеа бисёр муҳим аст. Дар фарҳанги тамоми миллати ҷаҳон зан ҷойгоҳи вежа ва махсусе дорад. Ҳастии занро ҳар ҳунарманде дар ҷаҳон дар асари ҳунарии худ бо намодҳои гуногун ба тасвир кашидааст. Наққошон бо зеботарин нигораҳо, файласуфон бо волотарин андешаҳо ва шоирон бо дурахшонтарин васфҳо аз ӯ ситоиш ва таҳсин кардаанд.

TJ
09 Jul 2024

АНОСИРИ ҲУВИЯТСОЗИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
614
Дар дунёи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ омили зарурии бақову суботу устувории давлат мебошад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму оин, тафаккури миллӣ (менталитет), хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонист.
TJ
05 Jul 2024

Ватан дар дубайтиҳои омиёнаи Афғонистон

Submitted by Admin
699

Ватан дар луғати Деҳхудо ба маънои ҷои бошиш, ҷои иқомат, маҳали иқомат ва маскан, ҷое ки шахс зода шуда, нашву намо карда ва парвариш ёфта бошад, зодгоҳ ва меҳан омадааст [3, 23209 ].

TJ
02 Jul 2024

СОЛ ТО СОЛ ҶАШНИ ТИРГОН ЭҲЁ МЕШАВАД

Submitted by Admin
663

«Ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва оғози бунёди давлатдории миллӣ мо кӯшиш кардем, ки дар асоси сарчашмаҳои илмиву таърихӣ ин ҷашни аҷдодии худро эҳё намоем, то мардуми куҳанбунёди тоҷик дар баробари дигар ҷашну ойинҳои таърихӣ аз мавҷудияти Тиргон ҳамчун ҷашни обу рӯшноӣ бохабар бошанд ва ба гузаштаи пурифтихори хеш арҷ гузоранд» 

Эмомалӣ Раҳмон

TJ
01 Jul 2024

ТИРГОН ҶАШНИ МИЛЛӢ ВА МАРДУМӢ

Submitted by Admin
739

Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо, монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хоссае дошт. Тавре гуфта шудааст, ин Ҷашн дар рӯзи 13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад. Вале қайд гардидааст, ки дар муқоиса бо Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон маълумот кам мавҷуд аст, пас аз асрҳои XIV-XV роҷеъ ба баргузории Ҷашни мазкур дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре оварда нашудааст.

TJ
24 Jun 2024

Забон ва ваҳдати миллӣ

Submitted by Admin
829

Забони модарии ҳар миллат сарчашма ва манбаи бақои он буда, меҳвари асосии илҳом ва таҳарруку ҷунбишҳои ҳунариву фарҳангӣ ва илмии равшангарони он мебошад. Далел ва санади қавитарини исботи зинда будани ҳар миллат, зиндаву пойдор мондани забони модарии он мебошад. Дар ин роҳи пурпечутоби таърих: даҳшату маргбориҳо, тохтутозҳои аҷнабиёну бегонагони гуногунмазҳабу гуногунтабор забони модарии мо зинда боқӣ монда, сарманшаи бақои миллат гардид.

TJ
24 Jun 2024

САДОЕ, КИ ҲАРГИЗ ШУНИДА НАШУД...(Нигоҳе ба авзои адабии Афғонистон дар 20 соли гузашта)

Submitted by Admin
703

Адабиёт ҳамчун ойина инъикоскунандаи ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии як миллат аст. Сайри таърихии ҳар миллатеро метавон дар саҳифаҳои адабиёти он ба роҳати кашф кард. Дар миёни анвои адабӣ шеър бештар аз ҳама жанрҳо ҳамқадаму ҳамрози бани башар будааст. Зарфияти вокуниши ҳамзамон, сароҳати баён, таҳрики эҳсосот ва отифаи башарӣ ҷузъи вижагиҳои хос ва мумтози шеър аст, ки дар дигар анвои адабӣ камтар дида мешавад.

TJ
20 May 2024

НАВЪҲОИ МАТН ДАР АШЪОРИ МУЪМИН ҚАНОАТ

Submitted by Admin
1074

Омӯзиши матн бо равишҳои гуногун аз нимаи дуюми асри XX вусъат пайдо карда, ҳанӯз дар солҳои 50-уми садаи ХХ дар забоншиносии шуравӣ аз тарафи забоншиноси маъруф А. М. Пешковский яке аз воҳидҳои ҳамгуни матн бо унвони «банди синтаксисӣ», ки маҷмуи якчанд ҷумлаҳои алоқамандро мефаҳмонд, пешниҳод шуд. Шуруъ аз солҳои 80-уми садаи ХХ матн ба яке аз мавзуъҳои муҳими таҳқиқоти забоншиносӣ табдил ёфт.

TJ
08 May 2024

ҶАНБАҲОИ МИЛЛӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР АДАБИЁТИ ЗАМОНИ ҶАНГ. Бахше аз китоби «Ҷанги ватанӣ ва афкори адаии тоҷикӣ» (2015)

Submitted by Admin
878

Адабиёти тоҷикии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) тамоми сохтори ғоявӣ-бадеии худро мутаваҷҷеҳи вазоифи замони ҷанг сохт ва дар кори набард бар алайҳи фашистони Олмон мустақим ва ғайримустақим иштироки фаъолона дошт [1; 2; 3; 4; 5; 6; 7; 8].

TJ
02 May 2024

МИРЗО ТУРСУНЗОДА - ШОИРИ ВАТАНХОҲ ВА ИНСОНДӮСТ (Қисми 2)

Submitted by Admin
1050

Дар эҷодиёти солҳои баъдиҷангии Мирзо Турсунзода мавзую масъалаҳои маҳаллӣ, зиндагии мардуми шуравӣ, таърихи сохтмони сотсиалистӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикситон низ мавқеи муҳимме доштааст. Вай таҳти унвони «Дар сарзамини тоҷикон» як силсила шеърҳо эҷод мекунад.

TJ
16 Apr 2024

СЕҲРИ СУХАН ВА ҚУДРАТИ БАЁНИ УСТОД АЙНӢ

Submitted by Admin
1019

Устоди аллома Садриддини Айнӣ (1878-1954) на танҳо дар амри бақову пойдорӣ ва нузҳату шукуфоии забони модарии мо дар садаи сарнавиштсози XX, метавон гуфт, нақши ба истилоҳ «калидӣ» дорад, балки фароянди таърихии ба марҳалаи нави рушду такмил ворид шудани забони тоҷикӣ ва ба зуҳур пайвастани дигаргуниҳои куллӣ дар ин забон низ бо кору пайкор ва осори мондагори ӯ сахт алоқаманд аст.

TJ
16 Apr 2024

Ҷойгоҳи таърих дар осори устод Айнӣ

Submitted by Admin
987

Устод Садриддин Айнӣ на танҳо шоиру нависанда, олим ва публитсисти дақиқназар буданд, балки дар таҳқиқи масъала ва ҳодисаҳои таърихӣ низ ҳамчун муаррих чеҳраи барҷастае аз худ нишон додааст. Аз тарафи дигар тамоми осори устод ҷанба ва назарияи таърихӣ доранд. Аз ҷумла, романҳо, повестҳо, “Ёддоштҳо” ва таҳқиқоти адабиётшиносии устод Айнӣ санади муътабари таърихӣ ба шумор мераванд.

TJ
11 Apr 2024

УСТОД АЙНӢ ВА МАСЪАЛАИ ТАБДИЛИ АЛИФБО

Submitted by Admin
970

Яке аз масъалаҳое, ки дар солҳои ошкорбаёнии замони шуравӣ ва дар даврони мо низ дар сари забони мардум афтод ва то ба имрӯз аз ҳар ҷониб садо дода меистад (бадбахтона, ба ин маърака баъзе аз намояндагони аҳли зиё низ шарикати фаъолона доранд), масъалаи мақоми устод Айнӣ дар табдили алифбои арабиасоси (форсӣ) тоҷикӣ ба алифбои лотинӣ мебошад. Ба бовари эшон ташаббускору пешқадами ин маърака маҳз устод Айнӣ будааст.

TJ
09 Apr 2024

Ман низ беҳтар донам, ки пас аз ман азам (аз ман) беҳ гӯянд...

Submitted by Admin
980

Баҳори соли 2018 дар толори Академияи илмҳо дарси забони авестоӣ барои пажӯҳишгарон ва омӯзгорони риштаи забоншиносиву эроншиносӣ оғоз гардид. Устоди забони авестоӣ мутахассиси забонҳои эронии бостон аз Фаронса ҷаноби Раҳом Аша буданд. Дар рафти дарсҳо маълум шуд, ки Раҳом Аша бисёр шахси ботамкину фурӯтан бо ҷаҳонбинии фарох, донандаи чандин забонҳои куҳану муосир, нуктадону нуктасанҷанд.

TJ
20 Mar 2024

Наврӯз-ҷашни озодагон ва озодагӣ

Submitted by Admin
865

Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои миллии мо аст, ки аз рӯзгори қадим ибтидо гирифта, то ба имрӯз ғоя ва анъанаҳои олии миллӣ ва умумибашариашро бо беҳтарин ваҷҳ идома мебахшад. Бахусус, пас аз қабули қатъномаи иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23 феврали соли 2010 оид ба ҷашни байналмилалӣ эълон шудани Наврӯз шукуҳу эътибори он дар саросари ҷаҳон нуфуз ва доманаи густариши бештар пайдо намуд.

TJ
19 Mar 2024

Наврӯзи ниёгон мерасад

Submitted by Admin
1002

Ҷашни Наврӯз таърихи деринаи бостонӣ дошта, он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад. Ниёгони мо ин ҷашнро аз насл ба насл, марҳала ба марҳала аввал ба таври шифоҳиву дарку фаҳмиши ботиниву зеҳнӣ ва баъд бо пайдоиши хат дар асарҳои хеш ба таври хаттӣ сабт намуда, то ба имрӯзиён расониданд.

TJ
18 Mar 2024

БЕРУНӢ ВА НАВРӮЗИ АҶАМ

Submitted by Admin
964

Наврӯз аз куҳантарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои суннатии мардуми мост, ки аз қаъри асрҳо, аз рӯзгори Ҷамшед ва дигар подшоҳони аҳди қадим ибтидо мегирад ва то ба имрӯз аз тарафи мардуми мо ва дигар мардумони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

TJ
15 Mar 2024

Наврӯзи Сағирдашт

Submitted by Admin
936

Наврӯз ҳамчун иди баҳор ҳангоми расидани офтоб ба бурҷи Ҳамал фаро расидани эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, аз қадим маълум буд. Ҷашни хуҷастапай ва оламафрӯзи Наврӯз барои мардуми шарқи ориёӣ ва махсусан барои тоҷикон дар байни идҳои таърихӣ, миллӣ ва анъанавӣ аз рӯи қадимият, шуҳрат ва шукӯҳи худ ҷои аввалро ишғол мекунад.

TJ
12 Mar 2024

Наврӯз ва мусиқӣ

Submitted by Admin
1246

Ҳаким Хайёми Нишопурӣ дар «Наврӯзнома» менависад: «Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодию хуррамӣ гузорад» [Умари Хайём, Наврӯзнома. –Душанбе: Адиб,2012, 352 с. –с.27]. Агар ба ин гуфтаи шоиру файласуфи бузург таваҷҷуҳ намоем, дар он ду нуктаи усулӣ нуҳуфтааст, ки бо мусиқӣ пайванди ногусастанӣ доранд. Нахуст ин ки яке аз аносири ҳама гуна ҷашнҳо мусиқӣ буда, он бо фитрати одамӣ тавъам аст.

TJ
08 Mar 2024

ЗАН – МОДАР САРЧАШМАИ ҲАСТӢ

Submitted by Admin
1082

"Занону бонувон нигини пурҷилои тоҷи миллатанд".
Эмомали Раҳмон

         Дар шароити имрӯзаи бунёди давлати миллӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ зан-модар ба ҳамаи душвориҳои зиндагӣ нигоҳи тозае дошта, дар эъмори ҷомеаи навин ва таъмини рушди устувори Тоҷикистон нақши босазо гузошта истодааст,

TJ
07 Mar 2024

Бозтоби бузургии Модар дар шеъри порсӣ

Submitted by Admin
1169

Кӯдакеро сӯи бӯстон хонд ғам, модар чӣ гуфт?
Гуфт: Рав, бӯстони мо домони модар сохтанд.
(Хоқонии Шарвонӣ)

TJ
07 Mar 2024

ҚАДИМТАРИН ПАЙМОННОМАҲОИ ЗАНОШӮӢ

Submitted by Admin
992

Маросими издивоҷ ва ақди никоҳ дар миёни ақвоми гуногуни олам як амри муқаддас ба ҳисоб рафта ба тариқи хосса анҷом мешудааст. Ойинҳо ва суннатҳои ин маросими муқаддас низ бисёр ҷолиб ва қобили таҳқиқу пажуҳиш мебошанд. Дар миёни ақвоми ориёӣ ҳам маросими издивоҷ ва ақди никоҳ тибқи расму ойинҳои вижа сурат мегирфтааст. Паймонномаҳои ақди никоҳ, ки аз даврони бостон ба дасти мо расидаанд, барои ошкор кардани вижагиҳои ин маросим санади муътабаре ба ҳисоб мераванд.

TJ
04 Mar 2024

МАҚОМИ ЗАН ВА ЭҲТИРОМИ Ӯ ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
995
Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекард. Аз ҷумла, шоири насиҳатгар Саъдии Шерозӣ мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:
 
TJ
04 Mar 2024

МАҚОМИ ЗАН ВА ЭҲТИРОМИ Ӯ ДАР ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
1035

Мақом ва мартабаи зан дар ҷомеа яке аз масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоии ҳар давру замон буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи аҳли фазлу дониш, илму адаб қарор дошт. Дар ин бора ҳар кас тибқи диду идрокаш ибрози назар мекард. Аз ҷумла, шоири насиҳатгар Саъдии Шерозӣ мазмуни бисёре аз қиссаву афсонаҳо, ки бозтоби тасаввуроти қадимии одамон доир ба ҳодисаҳои зиндагӣ ва баёнгари таҷрибаи рӯзгори чандин наслҳо будаанд, зери назар гирифта, гуфтааст:

TJ
12 Feb 2024

Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ", 28.12.2023

Submitted by Admin
999

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он баробари муайян кардани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои соли 2023 ва ҷамъбасти корҳои дар зарфи 31 соли даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурии азизамон ироа гардид.

TJ
19 Jan 2024

Ном ва номгузорӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ

Submitted by Admin
1792

Номро, ба масал, нимаи ҳусни инсон донистаанд. Аз ин зовия, масъалаи ном ва номгузорӣ, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» матраҳ карда, бегумон, ҷузъе аз татбиқи барномаи эҳёи миллӣ, ба шаҳодати худи ӯ, моҳиятан «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ» будааст.

TJ
09 Jan 2024

ШОИРЕ АЗ ТАБОРИ ОЗОДАГОН

Submitted by Admin
1110

Дӯстони афғонистонӣ аз банда хостанд, ки барои китоби ашъори устод Восифи Бохтарӣ, ки дарТоҷикистон бо ду ҳуруф – сириллик ва форсӣ ҳуруфчиниву саҳифабандӣ карда, ба нашр омода сохтаанд, дар ҳаҷми се сафҳа сарсухане нависам. Банда бо камоли майл розӣ шудам, барои он ки ин кор на фақат боиси ифтихор аст, балки барои ман мавриди хубе ҳам ҳаст, ки бо ашъори ин шоири шуҳратманд бештару амиқтар ошно бишавам.

TJ
29 Dec 2023

Тобишҳои маъноии эҳсосӣ ва тарзҳои ифодаи он дар осори Рӯдакӣ

Submitted by Admin
1306

Забони осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ хеле суфтаву равону ширину дилнишин ва рангин аст. Равонию рангинии тарзи баёни осори устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бештар дар он мушоҳида мегардад, ки суханаш басо нафису дилрабою дилнавоз буда, бо ифодаи тобишҳои нозуки маъноии эҳсосӣ сурат гирифтани сухан (байтҳо) ба назар мерасад. Тибқи андешаи олимони адабиётшинос ва забоншинос ифодаи тобишҳои эҳсосӣ (эмотсионалӣ) яке аз хусусиятҳои хоси забони назм ба ҳисоб меравад.

TJ
25 Dec 2023

АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ – ЗАБОНШИНОСИ БУЗУРГ

Submitted by Admin
1249

Дар забоншиносии муосир бунёди забоншиносии муқоисавии таърихиро ба номи забоншинос ва ҳиндшиноси британӣ Вилям Ҷонс (William Jones) (1746-1794) марбут медонанд, ки дар як суханронияш соли 1786 дар бобати қаробати забонҳои юнонию лотинӣ бо санскрит изҳори назар кард ва дар доираҳои илмии онрӯзаи Аврупо аз мавҷудияти хонаводаи ягонаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ хабар дод.

TJ
22 Dec 2023

ЯЛДО – ШАБИ ЗОИШИ ХУРШЕД

Submitted by Admin
1212

Тахминан даҳ ҳазор сол аст, ки одамони рӯи замин, дар ҳар гӯшаву канори ҷануби кишварҳои Осиё, бо кишоварзӣ машғуланд. Дар китоби «Тоҷикон»-и аллома Б.Ғафуров бар асоси санадҳои илмӣ ишорат бар он шудааст, ки дар минтақаи Осиёи Миёна дар асри неолит, тахминан 9-7 ҳазор сол пеш, чорводарӣ, зиротакорӣ ва ҳатто кулолӣ вуҷуд доштааст.

TJ
06 Dec 2023

Бобоҷон Ғафуров ва ташаккули таърихназарии адабиву фарҳангӣ

Submitted by Admin
1377

Дар бораи саҳми фарзанди баруманди мардуми тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, Бобоҷон Ғафуров (1909-1976) дар рушди афкори адабӣ, таърихнигории ҳирфаӣ ва адабӣ ва андешаи миллигароёна сухан ба миён оварда, бояд таъкид кунем, ки ибтидои ин фаъолияти ӯ ба замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (набарди шӯравӣ бо фашизми Германия дар солҳои 1941-1945) иртибот мегирад.

TJ
06 Dec 2023

РАСМИ «ДАНДОНБУРОРОН» ВА СУРУДҲОИ МАНСУБИ ОН

Submitted by Admin
1185

Мусаллам аст, ки таваллуди кӯдак барои ҳар оила ва авлод аз ҳодисаҳои хурсандибахш аст. Ба ин муносибат ҳар гуна расму оин ва таомулҳо ба ҷо оварда мешаванд. Дар бораи таваллуди кӯдак ва марҳилаҳои минбаъдаи рӯзгори вай дар навоҳии алоҳидаи Кӯҳистони Бадахшон ҳамчунин Дарвозу Раштон ва бархе аз манотиқи дигари Тоҷикистон чанд маълумоту мақолаҳои А.А.Бобринской, И.И. Зарубин, О.А. Сухарова, А.Л. Троиғкая, М.С. Андреев аз нигоҳи мардумшиносӣ таълиф ёфтаанд.

TJ
05 Dec 2023

БОБОҶОН ҒАФУРОВ ВА МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ЗАБОНИ АДАБИИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
1320

Ин матлаб, ки академик Бобоҷон Ғафуров (1908-1977) ба сифати чеҳраи дурахшону мондагори миллат ба забону адабиёт ва таъриху фарҳанги мо муҳаббати фаровон дошт, ҳеч ҷойи гумону шубҳа надорад.

TJ
21 Nov 2023

АКАДМИК РАҶАБ АМОНОВ– ПАЖӮҲАНДАИ ФОЛКЛОРИ ТОҶИК

Submitted by Admin
1408

Раҷаб Амонов тамоми умри пурбаракати худро баҳри гирд овардан, нашр намудан, баррасӣ кардани фолклори тоҷикон ва ҳамчунин навиштани асарҳои адабӣ ва публитсистӣ сарф кардааст. Устод ин роҳи пурмасъулро чи гуна тай намудааст? Амонов соли 1923 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан), дар хонаводаи мӯзадӯз чашм ба дунё кушода, хеле зуд аз падар маҳрум шуд ва дар парвариши модарбузург монд.

TJ
14 Nov 2023

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШРАФТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
1239

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср мунъакис гардидааст.

TJ
09 Nov 2023

ГОҲШУМОРИИ ПОРИСЁН АЗ НАЗАРИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Submitted by Admin
1231

Ҳаким Абурайҳон Берунӣ аз аввалин саромадони улуми фалсафа, риёзиёт, тақвим, ҷуғрофиё, таърих дар асрҳои миёна маҳсуб меёбад, зеро бар аксари илмҳои замонааш тасаллут дошт. Аз асарҳои Берунӣ – “Осор-ул-боқия”, “Мол-ул-Ҳинд”, “Китобу-т-тафҳим” дармеёбем, ки мавсуф ҳангоми баррасӣ ва ҳалли масъалаҳо аз улуми гузашта ва замони худ, аз илму фарҳанги миллии хеш ва ақвоми дигар огоҳӣ дошта, ҳангоми таҳқиқи онҳо ҳеҷ таассубе нишон намедод.

TJ
03 Nov 2023

ЗАБОН ВА ИСТИҚЛОЛ

Submitted by Admin
1221

Қавли маъруфи файласуфи бузурги олмонитабори садаи бист Мартин Ҳайдеггер (1889-1976) дар бобати «бинои ҳастӣ» будани забон ҳақиқати бебаҳс аст ва ҷойи шакку тардид надорад. Воқеан, бинои пойдори ҳастии ҳар қавму миллат дар ҳамаи давру замон забони модарист, ки на танҳо таъриху фарҳанг, одобу русум, балки дар маҷмуъ асолату рисолати ҳастии он қавму миллатро дар ойинаи тамомнамояш мунъакис мекунад.

TJ
29 Sep 2023

МАЗОРИ ШАМСИ ТАБРЕЗӢ. АЗ ОВОЗА ТО ҲАҚИҚАТ

Submitted by Admin
1503

Куллиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ, ки шоҳкори инсоният маҳсуб шуда, ба қарибӣ, яъне дар таърихи 24 майи соли 2023 бо ташаббуси Тоҷикистон ва кишварҳои дигари ба мо дӯст, бо қарори ниҳоди иҷроияи ЮНЕСКО ба сифати мероси мондагор расман ба Феҳристи хотироти ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид, бо ном ва шахсияти Шамси Табрезӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

TJ
22 Sep 2023

УСТОД РӮДАКӢ – ПАДИДАИ НОДИРИ ЗАБОНӢ ВА АДАБИИ РӮЗГОРИ СОМОНИЁН

Submitted by Admin
1725

Одамушшуаро Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (858-941) на танҳо маъруфтарин сухансарои рӯзгори давлати сомонӣ, балки аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки то ба имрӯз сурудаҳои ширину шево ва ҷаззобу дилкашаш вирди забони мардуми мо ва дигар форсизабонони ҷаҳон қарор гирифтаанд.

TJ
21 Sep 2023

ҚАСИДАИ «БӮЙИ ҶӮЙИ МӮЛИЁН»-И УСТОД РӮДАКӢ БАР МАБНОИ ТАҲЛИЛУ ИСТИҚБОЛОТИ ҲУНАРӢ ВА БАҲСҲОИ ИЛМИВУ ИДЕОЛОЖӢ

Submitted by Admin
2031

Аз байни осори боқимондаи устод Рӯдакӣ қасидаи «Бӯйӣ Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме» ягона асарест, ки аз замони эҷодаш ба баъд аз ҳама бештар диққати аҳли адабро ба худ кашида, мавриди тазмину истиқбол қарор гирифтааст ва дар атрофи он баҳсҳои мухталифе ба миён омадааст. Имрӯз маълум шудааст, ки ба қасидаи мазкур даҳҳо тан аз шоирони минтақаҳои гуногуни форсизабон дар имтидоди зиёда аз даҳ аср муроҷиат кардаву ҷавобия гуфтаанд.

TJ
21 Sep 2023

РӮДАКӢ – СОҲИБҚИРОНИ ШОИРӢ

Submitted by Admin
2181

Шуҳрати шоирии Абуабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакӣ (860-941) ва рӯзгору осори ӯ, ҳунару хислату сифоти ӯ дар тазкираву ашъори адабиёти беш аз ҳазорсолаи мо таърифу тавсиф шудааст.

TJ
05 Sep 2023

ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Submitted by Admin
1522

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол расидани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

TJ
31 Aug 2023

ЗИНДАГИИ ИБРАТОМӮЗИ АКАДЕМИК РАҶАБ АМОНОВ (Ба муносибати 100-солагии академик Р.Амонов)

Submitted by Admin
1227

Соли 2023 ҷомеаи илмию фарҳангии Тоҷикистон 100-солагии адиб ва олими маъруф, доктори илми филология, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Раҷаб Амоновро ҷашн мегирад. Академик Раҷаб Амонов дар байни чеҳраҳои бузург ва муътабари кишварамон мақоми арзанда дорад. Роҳи тайкарда ва зиндагии пандомӯзи устод Р.Амонов намунаи ибрат барои насли имрӯз ва фардои Тоҷикистон мебошад.

TJ
22 Aug 2023

Эъҷози тасвир дар як шеъри кӯтоҳ Муруре бар шеъри “Қатли Восеъ”-и Муъмин Қаноат

Submitted by Admin
1305

Муъмин Қаноат аз саромадони шеъри нави тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ шинохта шудааст. Навгароӣ ва таҳаввули шеъри нав ва такомули жанри достон дар ин давра бо номи ӯ сахт алоқаманд буда, ба гунае, ки назми нимаи дувуми асри ХХ-ро бидуни осори Қаноат наметавон тасаввур кард. Аҳаммияти шеъри Қаноат дар адабиёти муосир шабоҳат ба пойдеворе дорад, ки қавоми сохтмон бар он ниҳода шудааст ва ҳар бинои бепойдевор маҳкум ба фурупошист.

TJ
26 Jul 2023

ДАР КОРИ ХАЙР ҲОҶАТИ ҲЕҶ ИСТИХОРА НЕСТ

Submitted by Admin
1235

2 марти соли 2023 ба муносибати солгарди устод Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» мақолаи шоир ва рӯзноманигор Абдулқодири Раҳим бо номи «Ба мисли гӯшту нохун бо Ватан буд» дастраси хонанда гардид, ки дар он таассуроти муаллиф аз Осорхонаи адабии ин шоири шаҳир баён гардидааст. Чун А. Раҳим аз маълумоти сарвари Осорхона А.

TJ
24 Jul 2023

ШУҲРАТИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ ДАР НИГОРИШИ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
1636

«Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) бузургтарин ва маъруфтарин ҳамосаи миллии мост, ки қисматҳое аз ин шоҳасар таърихи устуравию ривоятӣ ва бахшҳое аз он таърихи ростини мардуми моро дар бар мегирад. Матлаби таърихи ростини пурифтихор ва ибратомӯзи мардуми мо будани «Шоҳнома»-ро худи Фирдавсӣ сареҳан таъкид кардааст:

TJ
12 Jul 2023

НАВГАРО ВА ҲИРФАКОР (андешае чанд аз ибтикороти Фазлиддин Муҳаммадиев дар насри мудерни тоҷикӣ)

Submitted by Admin
1483

Чанде пеш аз мавлуди нависандаи номдор Фазлиддин Муҳаммадиев 95-сол сипарӣ шуд. Мақолаи мазкур ба ҳамин муносибат пешниҳоди мухлисон карда мешавад.

НАВГАРО ВА ҲИРФАКОР

TJ
01 Jul 2023

ШОҲКОРИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ИЛМ

Submitted by Admin
1194

«Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим» (Китоби раҳнамо барои навомӯзони ҳунари шинохти ситорагон)-и устодурраис Абурайҳони Берунӣ (973-1048) бидуни тардид бузургтарин ёдгори миллӣ ва пурбаҳотарин дурдонаи илм ба забони модарии мо ба ҳисоб меравад, ки ба бахти мардуми мо, аз тӯфони ҳодисаҳои рӯзгор ба амри тасодуф дар амон монда, то ба ин замон расидааст.

TJ
21 Jun 2023

НОМВОЖАИ «ТОҶИК»: МИЛЛАТ, САРЗАМИН ВА ЗАБОН

Submitted by Admin
1699

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шуравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд бештар дар давраи Истиқлол аз он рост меояд.

TJ
07 Jun 2023

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

Submitted by Admin
1251

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

(идомаи мақола)

TJ
06 Jun 2023

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

Submitted by Admin
1281

ЧАНД АНДЕША ДАР БОРАИ АФКОРИ ИНТИҚОДИИ

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ

TJ
05 Jun 2023

АМИНҶОН ШУКӮҲӢ ВА БОЙГОНИИ Ӯ

Submitted by Admin
1345

Бойгонӣ ганҷинаест, ки корнома ва муҳимтарин лаҳзаҳои ҳаёт ва эҷодиёти адибонро вобаста ба шароити таърихӣ ба хонанда дар давраҳои мухталиф бозгӯ мекунад. Хусусан, ин ҳолат дар тақдири адибони барҷастаи замони Шуравӣ бисёр мушоҳида мешавад. Ин гуна раванду рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳро омӯзишҳои бисёрсолаи адабиётшиносони маъруф И.С.

TJ
20 May 2023

ИНЪИКОСИ ҲУВИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ДАР ОСОРИ МУЪМИН ҚАНОАТ

Submitted by Admin
1164

Асри ХХ асри зуҳур ва бархӯрди идеологияҳои ба ҳам зид, асри вуқӯи мудҳиштарин ҷангҳои башарӣ ва асри тасаллути технология бар маънавиёти инсонӣ буд. Ин тахосум то кунун дар шаклҳои гуногун идома дорад. Давроне оғоз шудааст, ки инсон бо дасти худаш худро ба ҳошия меронад. Ба ихтирооте даст задааст, ки бо мурури замон худ мутеъ ва вобастаи офаридаҳои хеш гардидааст. Роҳеро интихоб кардааст, ки поёнаш нобудии худи инсон аст.

TJ
16 May 2023

НАВГАРОӢ ДАР “САДОИ МАҲШАР”*

Submitted by Admin
1230

Номи Муҳаммад Шариф Саидӣ, ҳарчанд дар муҳити адабии Афғонистону Эрон маъруф аст, аммо дар Тоҷикистон шиносоии густардаи он акнун оғоз хоҳад шуд ва имон метавон дошт, ки ҷойгоҳи вежаи худро пайдо хоҳад кард. Китобе, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтааст – “Садои маҳшар”, аз чиҳил ғазал иборат буда, соли 2022, дар Эрон дар Озмуни байналмилалии Ҷашнвораи Шеъри Фаҷр яке аз се баранда шудааст.

TJ
15 May 2023

Дар ҳошияи Изҳороти Президенти Тоҷикистон дар бораи вазъи Афғонистон

Submitted by Admin
1137

Изҳороти фавқулодаю саривақтӣ ва мавзеъгирии қотеъонаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар бораи вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва низомии Афғонистон баъд аз тасарруфи он аз тарафи гурӯҳи террористии Толибон рӯзи 25 августи соли равон ҳангоми мулоқоташон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ ва 17 сентябр дар вохӯрӣ бо сарвазири ин кишвар Имронхон дар чорчӯби Маҷлиси сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шонгҳой, ҳамчунин пайомад ва вокунишҳои киш

TJ
05 May 2023

НАҚШИ АМИРБЕК ҲАБИБОВ ДАР ТАҲҚИҚИ АДАБИЁТИ ТОҶИКИ ОХИРИ АСРИ XVIII ВА ИБТИДОИ АСРИ XX

Submitted by Admin
1267

Адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, Ходими Шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирбек Ҳабибов дар таҳқиқи адабиёти тоҷики асрҳои XIV ва ибтидои асри XX басо нақши муҳим доранд. Ӯ бахусус дар гирдоварӣ ва пажуҳиши осори парокандаи шоирони асрҳои XVI-XIX ва ибтидои асри XX хидмати арзандаеро ба ҷо оварда буд. Барои ҷамъоварии асарҳои парокандаи давраи мазкур А.

TJ
05 May 2023

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ВАТАНХОҲ ВА ИНСОНДӮСТ (идомаи мақола)

Submitted by Admin
1645

Як нуктаи сазовор ба таъкид дар иртибот бо силсилаи «Қиссаи Ҳиндустон» ҳамин аст, ки баъд аз он мавзӯъи Шарқи хориҷа ба ҷиҳати хоси эҷодиёти Турсунзода табдил меёбад. Вай соли 1950 асари дигаре дар ин сабку равиш бо номи «Ман аз Шарқи озод» таълиф намуд, ки аз зиндагии мардуми Покистон ва ба роҳи муборизаи озодихоҳона қадам бардоштани он баҳс мекунад.

TJ
03 May 2023

МИРЗО ТУРСУНЗОДА – ШОИРИ ВАТАНХОҲ ВА ИНСОНДӮСТ

Submitted by Admin
2941

Мирзо Турсунзода (1911-1977) аз фарзандони баном ва фарзонаи тоҷик аст, ки наздик ба панҷоҳ сол (1930-1977) дар майдони адабиёти тоҷик эҷодкорӣ карда, ба сифати ҷамоатчии машҳур дар тамомии Иттиҳоди шӯравии собиқ маълуму маъруф гардидааст. Ҳарчанд аз маргаш зиёда аз чиҳил панҷ сол мегузарад, вале шеъру номи ӯ дар миёни мардуми тоҷик шуҳрати тамом дорад ва аз аҳаммияти эҷодиёташ чизе кам нашудааст.

TJ
02 May 2023

ТАҶАССУМИ СИМОИ ЗАН – МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Submitted by Admin
5008

Тасвири зан – модар, ки қиматтарин неъмати дунёст, дар адабиёт мақоми хоса дорад. Образи зан дар адабиёти форс-тоҷик бештар матраҳ шудааст. Шоирону адибон симои воқеии ӯро дар шеър нишон додаанд ва дар адабиёти клсассикӣ шоире нест, ки дар ситоиши маҳбуба шеъре насуруда бошад. Дар адабиёти муосири тоҷик низ мавзӯи зан – модар бештар баррасӣ шудааст. Устод Мирзо Турсунзода дар ин мавзӯъ ашъори зиёде суруда, симои зан – модарро воқеӣ тасвир кардааст.

TJ
17 Apr 2023

Сеҳри сухан ва қудрати баёни устод Айнӣ

17 Apr 2023

Шинохт дар заминаи эътиқод ва эътироф

12 Apr 2023

САҲИФАҲОИ АФТОДАИ «ТАЪРИХИ ИНҚИЛОБИ БУХОРО» ё шарҳи баъзе масъалаҳо дар таърихнигории устод Айнӣ

Submitted by Admin
1360

Устод Садриддин Айнӣ дар илму фарҳанги тоҷикӣ ба сифати нахустин таърихнигори даврони нав эътироф гардидааст. Тафаккури таърихии устод ҳамроҳ ба афкори маорифпарварии (рӯшангарӣ) вай зуҳур кардаву минбаъд ташаккул меёбад.

TJ
07 Apr 2023

Унсурҳои чеҳранигорӣ дар таълифоти А.Абдуманнон

Submitted by Admin
1168

Дар ин мақола мехоҳам дар бораи китоби охири А. Абдуманнон «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» [Абдуманнон, 2022], ки мавқеи хоссаеро дар он чеҳранигории адабӣ ишғол мекунад, баъзе фикру мулоҳизаҳоямро баён созам.

TJ
05 Apr 2023

БЕРУНӢ ВА НАВРӮЗИ АҶАМ

12 Mar 2023

Maqolaho

Submitted by Admin
1150
TJ
07 Mar 2023

ВАСФИ МОДАР ДАР НАМУНАҲОИ ОСОРИ ШИФОҲИ

07 Mar 2023

НИГОҲЕ БА ҶОЙГОҲИ ЗАНИ ТОҶИК ДАР ҶОМЕА

06 Mar 2023

Ҷойгоҳи зани тоҷик дар густураи таърих

Submitted by Admin
1226

Баррасии ҷойгоҳи зан дар густураи жарфи таърих аз ду зовия сурат мегирад: аз назари ҷинсият (gender) – шакли иҷтимоӣ, фарҳангӣ, равоншинохтӣ ва нишон додани тафовут миёни мардон ва занон; аз лиҳози қудрат (authority) - қудрат/иқтидор бартарии иҷтимоӣ, табиӣ дар ҷомеа аст.

TJ
27 Feb 2023

ФИРДАВСӢ ВА ДАҚИҚӢ

10 Feb 2023

ФИРДАВСӢ ВА ДАҚИҚӢ АНЗУРАТИ_МАЛИКЗОД

10 Feb 2023

САРНАВИШТИ ЯК ХАЛҚ САДРИДДИН АЙНӢ

Submitted by Admin
1178
ТАЪРИХ ТАНҲО ЗАМОНЕ МАЪНО ПАЙДО МЕКУНАД, КИ ДАР ДАСТОНИ МАРДУМ ҲАМЧУН АБЗОРИ МУБОРИЗА БАРОИ ОЯНДА ТАБДИЛ ШАВАД
TJ
30 Jan 2023

БЕРУНӢ ВА ЁДКАРДИ ҶАШНИ САДА

27 Jan 2023

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таҳқиқи Тоҷиддин Мардонӣ Умриддин Юсуфӣ Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

27 Jan 2023

Моҳияти иҷтимоии тасвир дар шеъри Қутбӣ Киром

24 Jan 2023

МАҚОМИ ШЕЪР ДАР ЭҶОДИЁТИ

Submitted by Admin
2177

Пажӯҳиш ва нақди шеър. (Душанбе: Дониш, 2022. – 652 с.) рисолаву мақолаҳоеро дар бар мегирад, ки дар онҳо аз осори шеърии устод Садриддин Айнӣ сар карда, ашъори шоирони дигар, ки то охири қарни ХХ эҷод шудаанд, сухан меравад. Азбаски теъдоди нашр кам аст, бинобар ин, банда тасмим гирифтам, ки шояд баъзе мақолаҳоро қисм-қисм ба сафҳаи Фейсбук гузоштан беманфиат набошад.

TJ
04 Jan 2023

ОСОРИ АСКАР ҲАКИМ ДАР ШАРҚИ АРАБ

Submitted by Admin
1304

Мусаллам аст, ки уламову удабову нухбагони Шарқи Араб ба осори зиёиёни форсу тоҷик бисёр мутаваҷҷеҳ шудаанд, зеро дар ин сарзамин бузургоне ба дунё омада, дар ҷодаҳои мухталифи илм на камтар аз арабҳо хидмат намудаанд, ки ба шарофати онҳо тамоми дунё миллати форсу тоҷикро шинохтааст.

TJ
08 Dec 2022

БА МУНОСИБАТИ 90-УМИН ЗОДРӮЗИ АКАДЕМИК ХУРШЕДА ОТАХОНОВА ЯК УМР САРФИ РОҲИ ИЛМ КАРД

Submitted by Admin
1363

Таърихи нақду адабиётшиносии нави тоҷикӣ таърихи зиёда аз садсолро дорад. Он аз ибтидои асри XX замони таҷаддудхоҳӣ ва ҷӯяндагиҳои ҷадидон оғоз гирифта, минбаъд дар вазъу шароитҳои гуногуну мухталифи сиёсиву идеоложӣ ба мушкилу монеаҳои зиёд нигоҳ накарда, рушду камол кардааст. Хосса, замони шуравӣ дар иртибот ба тақозои сиёсии он даврон ба фаъолияти амалӣ оғоз намуд. Ин оғоз ҳам якрангу ҳирфаӣ набуд, балки ҷанбаи пурқуввати идеоложӣ дошт.

TJ
04 Dec 2022

ҒАЗАЛИЯТИ ҒАЗАЛҲОИ ЛОҲУТӢ ​(Сухан аз суннат ва навовариҳо)

Submitted by Admin
1967

Чун дар ин гуфтор сухан аз суннат ва навовариҳо дар ғазали устод Лоҳутӣ меравад, чунин ба назар мерасад, ки аввал дар бораи чӣ жанр будан ва чӣ суннат доштани ғазал мухтасаран маълумот бояд дод, то пасон навовариҳои устод Лоҳутӣ равшан ба зуҳур оварда шавад. Вожаи ғазал, ба қавли Шамс Қайси Розӣ, дар асли луғат ба маънои сухан гуфтан бо занон, васф ва сифати ишқбозӣ бо эшон, ҳикоят кардан аз ҷавонӣ ва ғайра ба кор рафтааст.

TJ
01 Dec 2022

МОҲИЯТИ ИҶТИМОИИ ТАСВИР ДАР ШЕЪРИ

Submitted by Admin
1194

Нигориши олами ашё дар шеър маъмулан дар шакли манзаранигорӣ, пейзаж, сурат мегирад, ки на фақат зуҳуроти алоҳидаи табиат, балки ҳамроҳи он тамоми намое, ки онро фаро гирифтааст, масалан, обу замин, осмону абр, набототу ҳайвонот, парандагону хазандагон, хулоса, ҳамаи чизеро, ки ба назар меояд, фаро гирифтанаш мумкин аст.

TJ
21 Nov 2022

Раванди ҷаҳонишавӣ ва ҳифзи фарҳанги миллӣ

Submitted by Admin
2832

Фарҳангҳои пурқудрат дар тамоми таърихи инсоният мудом бар фарҳангҳои хурду кӯчак бартарӣ дошта, тадриҷан онҳоро ба худ фурӯ мебаранд, ки ин ҳодисаи табиии таърихист. Вақте ба таърихи ҷаҳонӣ назар мекунем, пайванди фарҳангҳо қабл аз ҳама дар натиҷаи бархӯрди онҳо ба миён меояд.

RU
21 Nov 2022

Забони тоҷикӣ унсури худшиносии миллист

Submitted by Admin
1401

Дар бораи таърихи ташаккули халқи тоҷик ва забони он дар байни донишмандон баҳсу мунозираҳои зиёде сурат гирифтааст, ки бештари ин баҳсҳо ба давраҳои охир, асосан ба садаи ХХ, аниқтараш ба давраи шўравӣ ва таъсиси ҷумҳурии мухтор (1924) ва ҷумҳурии шўравии сотсиалистии Тоҷикистон (1929) ва баъд аз он рост меояд.

RU
21 Oct 2022

ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!

Submitted by Admin
1529

Сездаҳ сол муқаддам, яъне соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуд, ки мувофиқи он 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва минбаъд ҳар сол дар кишвари мо ин сана ҳамчун рӯзи ид бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.

TJ
11 Oct 2022

ФИРДАВСӢ ВА ШУКӮҲИ ҲАМОСАСАРОИИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
1476

Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ (934-1020) аз силсилаи шоирони бузурги аҳди сомонист, ки шукӯҳи ҳамосасароии миллӣ ва тарғибу ташвиқи ватанхоҳию истиқлолталабӣ дар забони модарии мо ба номи ӯ алоқаманд аст.

TJ
05 Oct 2022

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ПЕШРАФТИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Submitted by Admin
1452

Забони ҳар қавму миллат бидуни шак ойинаи рӯзгори гузаштаву имрӯзаи ҳамон қавму миллат аст, ки дар худ таъриху фарҳанг, донишу хирад ва тафаккуру андешаи онро инъикос мекунад. Аз ин ҷост, ки дар ойинаи ҳақиқатнамои забони модарии мо таърихи пурифтихор, фарҳанги оламгир ва донишу хиради азалии мардуми мо бо ҳама шукӯҳу шаҳомат ва қудрату азамати худ дар қолаби назму наср мунъакис гардидааст.

TJ
05 Oct 2022

Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик

Submitted by Admin
1251

Пешвои миллат ва фарҳангнигории тоҷик

TJ
03 Oct 2022

Таъсири омилҳои фарозабонӣ ба забон

Submitted by Admin
1328
Забони тоҷикӣ дар тули мавҷудияти худ зери таъсири омилҳои фарозабонӣ қарор дошта, унсурҳои фарозабонӣ дар баробари омилҳои дохилизабонӣ ба таркиби вожагонӣ ва ҳатто ба бархе аз бахшҳои дастурии забон, вожагон, овошиносӣ, наҳв таъсири зиёде доштааст.
TJ
29 Sep 2022

ҶИЛВАИ ҶАМОЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ДАР АШЪОРИ МАВЛОНО

Submitted by Admin
1368
Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ (1207-1273) бидуни муболиға аз бузургтарин устодони забону адаби мо барои ҳамаи давру замонҳост, ки бо гузашти солҳову садсолаҳо сухани баланди тобнокаш беш аз пеш ба дидаҳо зиёву нур ва ба дилҳои аҳли завқ шодию сурур мебахшад ва барои ҳифзи шевоию асолат ва пойдорию устувории забони тоҷикии имрӯзу фардо хидмат мекунад.
TJ
28 Sep 2022

АВЗОНИ ҒАЙРИМАЪМУЛ ДАР ҒАЗАЛИЁТИ МАВЛАВӢ

Submitted by Admin
1179

Девони шеър, чунонки маълум аст, тибқи суннатҳои устувори адаби порсӣ, аз рӯи ҳарфи охири қофия тартиб дода мешавад. Ғолибан, дар девонҳои ғазалиёти шоирони гузаштаи мо ин қоида риоят шудааст.

TJ
23 Sep 2022

Бозтоби осори Рӯдакӣ дар фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ

Submitted by Admin
1457

Фарҳангнигорӣ дар таърихи забони тоҷикӣ собиқаи дерина ва намунаҳои барҷаста дорад. Фарҳангу луғатномаҳои фаровон, ки луғатшиносон ва фарҳангнигорони машҳур дар давраҳои гуногун таҳия ва таълиф кардаанд, ганҷинаи бебаҳои вожагони забони тоҷикӣ маҳсуб гардида, то имрӯз қолаб ва шаклу гунаҳои мухталифи калимасозӣ ва истилоҳофаринии забон аз рӯйи онҳо омӯхта мешавад.

TJ
21 Sep 2022

УСТОД РӮДАКӢ ДАР ТАСВИРИ СОТИМ УЛУҒЗОДА

Submitted by Admin
1336
Улуғзода аз он адибонест, ки дар ташаккули жанри таърихии насри адабии тоҷик ва таърихияти афкори адабии мо саҳми муҳимме гирифтаанд. Ба ин тариқ сурат гирифтани рушди адабии ӯ ба доираи таҳсил ва ҷустуҷӯҳои вай иртиботи бевосита дорад, яъне он иттилооте, ки охири солҳои 20, ҳангоми таҳсил дар Дорулмуаллимини тоҷикӣ дар Тошканд дар дарсҳои адабиёту таърих аз устодон, бахусус проф. М.С. Андреев, гирифта буд.
TJ
09 Sep 2022

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Submitted by Admin
1361

Забони ҳар қавму миллат на танҳо ойинаи таҷаллии рӯзгору афкор, балки шаҳсутуни бинои ҳастӣ ва беҳтарин сарвату дороии мояи ифтихори ҳамон қавму миллат дар тамоми тули таърихи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, забони миллатро дар ҳар давру замон метавон ҷавҳари ҳувияти миллии он ба шумор овард, ки ҳастӣ ва рушду камоли миллат ба он бастагии ногусастанӣ дорад.

TJ
23 Aug 2022

НОМАИ Е.Э. БЕРТЕЛС БА УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

Submitted by Admin
1206

Дар ин рӯзҳо рафиқ Зингер[2] дар шуъбаи ленингродии Нашриёти тоҷик шоҳкори нави шуморо ба ман нишон додааст, яъне «Луғати забони адабии тоҷик»-ро. Баъзе қисматҳои онро хонда баромадам ва гуфта метавонам, ки ғайр аз Шумо, ҳеҷ касе дигар аз уҳдаи чунин коре наметавонист барояд. Ин китоб як ганҷинаест аз ҷавоҳири гаронбаҳо моломол, як асарест, ки ҳазорон мардум метавонанд солҳои дароз аз он истифода кунанд.

TJ
23 Aug 2022

نامۀ برتلس به استاد ص.عینی

Submitted by Admin
1219

نامۀ برتلس به استاد ص.عینی

استاد دانشمند معظم!*

FA
10 Apr 2022

Барои таҷлили 35 - солагии Истиқлол президенти Тоҷикистон ба ҳукумат супориши муҳлатнок додааст

Submitted by Admin
1229

Президенти Тоҷикистон барои таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон фармони вижа ба тасвиб расонд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисиҷумҳур. Дар фармони мазкур омадааст, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябри соли 2026 баргузор карда мешавад. Дар ин росто ҳукумат аз кишвардор супориши муҳлатнок гирифт.

TJ

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ