ОЛИМ ВА ПЕДАГОГИ БУЗУРГ
Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович – (05.05.1906-25.10.1979) ҳамчун дувумин мудири сектори таъриху забоншиносии Базаи тоҷикистонии АФ СССР (1938-1940) ва аввалин директори Институти таърих, забон ва адабаёти филиали тоҷикистонии АФ СССР (1941-1944) кору фаъолият кардааст.
Забоншиносии тоҷик, ҳамчун соҳаи илм, марҳалаҳои гуногуни таърихиро дар бар мегирад. Тибқи он, дар ҳар давра масъалаҳои ташаккул ва инкишофи лингвистика, лексикология, грамматика, лаҳҷашиносӣ, забону услуби асарҳои бадеӣ ва дигар масъалаҳои қобили таваҷҷуҳи забонӣ мавриди омӯзиш, таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Назар ба хулосаи муҳаққиқон аз ибтидои садаи ХХ то имрӯз чанд насли олимони забоншинос ба вуҷуд омадааст ва Ниёзмуҳаммадов Бобоҷон Ниёзович аз ҷумлаи аввалин забоншиносоне ба шумор меравад, ки дар бунёд ва роҳбарии ниҳодҳои илмӣ, ташаккул ва инкишофи забоншиносии тоҷикӣ нақши мондагор дорад.
Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов 5-уми майи соли 1906 дар деҳаи Фирӯзобаи ҷамоаи Конибодоми қадим ба дунё омадааст. Имрӯз зодгоҳи Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов – деҳаи Фирӯзоба дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеият дорад. Падари ӯ шахси ҳунарманд – косиби кафшдӯз будааст, ки соли 1922 аз дунё гузаштааст. Модараш соли 1937 вафот кардааст.
Бобоҷони наврас соли 1918 ба мактаби шуравӣ дохил шуда, дар он бо муваффақият таҳсил менамояд. Баъди вафоти падар оилаи онҳо ба душвориҳои иқтисодӣ дучор мешавад, вале Бобоҷони наврасро интернати давлатӣ дар оғӯши худ мегирад. Ӯ дар ҳамин ҷо ба ҳаводиси замон шинос шуда, дар оянда узви фаъоли ҷомеа мегардад.
Вақте ки Бобоҷон синфи нуҳуми мактаби мазкурро бо муваффақият хатм менамояд, ӯро соли 1925 ҳамчун хонандаи пешқадам ва ташкилотчии фаъол барои идомаи таҳсил ба Институти муаллимии шаҳри Тошканд мефиристанд. Институти мазкур дар тарбият намудани муаллимону донишмандони тоҷик нақши басо бузург бозидааст.
Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов аз соли 1925 то соли 1929 дар ин Институт таҳсил мекунад ва дар корҳои ҷамъиятии он фаъолона иштирок менамояд. Фаъолияти омӯзгории ӯ аз соли 1929 оғоз меёбад. Ӯ пас аз хатми Институт ба сабаби эҳтиёҷи шадиди шаҳру деҳоти Тоҷикистони навбунёд ба омӯзгорон ба зодгоҳаш – Конибодом фиристода мешавад. Ӯ дар мактаби миёна муаллим, дар техникуми педагогӣ мудири қисми илмӣ ва дар рӯзномаи маҳаллӣ ходим будааст. Ҳамчунин, бо муборизону фаъолони вақт Набӣ Фахрӣ, Ҷӯра Усмон дар як саф амал мекард. Ҳатто бо ҳамроҳии журналисти маъруфи тоҷик Алӣ Хуш дар саҳифаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (солҳои сиюм) мақолаҳои гуногун ба чоп мерасонид. Ин интишорот далели онанд, ки ҷавони қобилиятнок ва хушқалам дар канори пешбарии кори маорифу мактаб барои инкишофи матбуоти даврӣ ва инъикоси воқеияти замон низ фаъолона иштирок намудааст. Фаъолияти хушқаламии Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва донишу ташаббускории ӯ сабаб мегардад, ки дар соли 1932 ба ҳайси аспиранти Институти илмӣ-тадқиқотии забоншиносии шаҳри Маскав пазируфта шавад.
Истеъдоди Бобоҷон Ниёзмуҳаммадовро дар аспирантура олими машҳури рус профессор Л.И. Жирков пай бурда, ӯро шогирди худ интихоб мекунад. Ҷавони болаёқат соли 1938 дар Шурои илмии Институти шарқшиносии Ленинград рисолаи номзадии худро бо муваффақият ҳимоя мекунад ва худи ҳамин сол мудири сектори таъриху забоншиносии Базаи тоҷикистонии АФ СССР интихоб мегардад. Ин вазифаро то соли 1941, яъне то табдил ёфтани ин қисм (сектор) ба Институти таърих, забон ва адабаёти филиали тоҷикистонии АФ СССР иҷро намудааст.
Соли 1941 Базаи тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР ба филиали тоҷикистонии Академияи фанҳои СССР табдил дода шуд ва дар назди он Институти таърих, забон ва адабиёт ҳам таъсис ёфт, ки директори он Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов интихоб гардид. Маҳз дар замони роҳбарии ӯ ин қисм ба Институти пажӯҳишӣ табдил ёфт, ки заминаи хубе барои ба вуҷуд омадани АФ ҶШСТ гардид. Аз соли 1941 то моҳи декабри соли 1944 ба сифати нахустин директори Институт фаъолият намудааст. Сипас академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов солҳои 1948 -1951 ба ҳайси ҷонишини раиси Президиуми филиали тоҷикистонии АФ СССР; 1951-1953 ноиби президенти АФ РСС Тоҷикистон; солҳои 1953-1962 академик-котиби шуъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ РСС Тоҷикистон (ҳоло шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии АМИТ); солҳои 1958-1976 мудири сектори забони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АФ Тоҷикистон (АМИТ) кору фаъолият намудааст.
Дар бораи ин марди хирад хеле метавон зиёд навишт. Хидматҳои академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов бо мукофоти давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (1970) ва бо се ордени «Нишони фахрӣ» қадрдонӣ шудааст. Асару китобҳои «Шеваи тоҷикони Шаҳритуз» (1960), «Синтаксиси ҷумлаҳои сода дар забони адабии тоҷик» (1960) , «Шеваи тоҷикони Конибодом» (1961), «Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик» (1961), «Забоншиносии тоҷик» (1970) таълифоти ӯ мебошанд, ки ҳар яки он дар забоншиносии тоҷик ҷойгоҳи муҳим доранд.
Академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов муаллифи садҳо мақолаи илмӣ ва чандин китоби дарсӣ, яке аз муаллифони «Грамматикаи забони тоҷикӣ» мебошад. Фаъолияти илмӣ ва педагогии академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов дар марҳалаҳои барои забоншиносии тоҷик бисёр муҳим, ҳамчун директори яке аз марказҳои илмӣ-таҳқиқодӣ, ноиби президент ва баъд ҳамчун котиби академикии шуъбаи фанҳои ҷамъиятии АФ ҶШСТ барои инкишофи забоншиносии тоҷик ва мутаҳид намудани олимону донишмандон дар ин маркази бонуфузи илмӣ бузургу мондагор аст.
Саҳми академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов дар тарбият намудани забоншиносони тоҷик басо бузург аст. Зери роҳбарӣ ва роҳнамоии ин олим ва педагоги бузург зиёд аз 70 нафар олим рисолаи илмӣ дифоъ намудаанд, ки дар инкишофи забоншиносии тоҷик нақши муҳим бозидаанд. Аз ҷумла, забоншиноси маъруф, доктори илмҳои филологӣ, профессор, Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Носирҷон Маъсумӣ ва олимону забоншиносони номвар А. Эшонҷонов, С.Ҷ. Арзуманов, А. Бухоризода, Р. Ғаффоров, Б. Сиёёв, С. Ҳалимов, А. Абдуқодиров ва дигарон шогирдони академик Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов мебошанд.