01 Jul 2024
Submitted by Admin
603

Ҷашни Тиргон дар қатори дигар ҷашнҳои бостонии бузурги миллии мо, монанди Наврӯз, Меҳргон, Сада ва амсоли инҳо ҷойгоҳи хоссае дошт. Тавре гуфта шудааст, ин Ҷашн дар рӯзи 13-уми тирмоҳ, ки онро дар солшумории порсӣ “тиррӯз” меноманд, баргузор мешавад. Вале қайд гардидааст, ки дар муқоиса бо Наврӯзу Меҳргон дар бораи Тиргон маълумот кам мавҷуд аст, пас аз асрҳои XIV-XV роҷеъ ба баргузории Ҷашни мазкур дар китобҳои таърихию адабӣ хабаре оварда нашудааст.

Агар Ҷашни Сада марбут ба зимистон Наврӯз ба баҳору Меҳргон ба тирамоҳ бошад пас, Тиргон ҷашни тобистонаи мардумони орёӣ аст, ки мутобиқи тақвими григорианӣ рӯзи баргузориаш ба 1-ум июл рост меояд. Дар солшумории ниёгони мо рӯзҳову моҳҳо номҳои худро доштанд ва як қатор ҷашнҳо мутобиқ ба ин тақвим дар рӯзҳои махсус баргузор мегардиданд.

Дар таърих Тиргон ҳамчун ҷашн рӯзи камон кашидани Ораш эътироф шудааст. Ҳамчунин, Ҷашни Тиргон ба ривояти Абурайҳони Берунӣ дар “Осор-ул-боқия” рӯзи бузургдошти нависандагон дар Эрони бостон будааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ ба мо маълум гардид, дар Ҷашни Тиргон амалҳои гуногун, аз қабили “обпошӣ”, “фоли кӯза”, “дастбанди тиру бод” иҷро мешудааст. Дар ин Ҷашн мардумони мо даруну беруни хонаро об пошида мерӯфтанд ва либоси тоза ба бар мекарданд. Сипас, аз риштаи абрешимии ҳафтранг ресмоне ба шакли дастпона мебофтанд ва онро “Тиру бод” меномиданд. Баъди даҳ рӯз дар рӯзи бод онро кушода ба бод медоданд. Дар ин рӯз мардумони эронӣ аз хонаҳои худ баромада, хурсандиҳо мекарданд, ба якдигар об мепошиданд, ки то ҳол он дар бархе аз минтақаҳои эронинишин бо баъзе тағйирот идома дорад.

Гуфта мешавад, ки дар Мозандарон ҳоло ҳам расми “Сенздаҳ шаби тирмоҳ” мавҷуд мебошад, ки идомаи Ҷашни Тиргон аст. Мардум шоми сенздаҳуми тирмоҳ пас аз рӯбучини хонаву дар ва обтанӣ суфраи идона мекушоянд. Дар он меваю шириниҳо ва хӯришҳои гуногун мегузоранд. Пас аз тановули хӯрок бо аҳли хонавода бо девони Хоҷа Ҳофиз фол мекушоянд. Бачаҳо гурӯҳ-гурӯҳ шуда, дар кӯчаҳо суруду таронахонӣ мекунанд. Аз хонаҳо ба онҳо ба ин хотир, меваю ширинӣ медиҳанд.

Аслан, Ҷашни Тиргон ба фарорасии рӯзҳои гарми тобистон фаро мерасад. Гуфта мешавад, ки дар ин рӯзҳо ҷав, гандум ва ангури пешпазак ҳосил медиҳанд. Тут, гелос, зардолу ва дигар намуди меваҷот мепазанд. Мо бояд ин ҷашнҳоро ба ягон дин мансуб надониста, ҳамчун ҷашнҳои миллии хеш таҷлил намоем. Чуноне ки Пешвои миллат, Президенти кишвар гуфтаанд: “Ин оинҳои бостонии ориётаборон бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд”.

Парастиши об ва муқаддас донистани он дар байни мардуми тоҷик, ба андешаи мо, решаи ниҳоят амиқ дорад. Мардум дар оғози Соли Нав – Наврӯз маросимҳои баҳорӣ ва соли навро бештар дар назди чашмаҳо, рӯдҳо ва ҷойҳои обшор созмон медиҳанд. Ҳангоми баргузории маросимҳо дар назди чашмаҳо ё дар сояи дарахтоне, ки дар соҳили рӯдҳо сабзидаанд ва манзараи дилрабо доранд, мол кушта, хун мебароранд ва таъомҳои маросимӣ пухта, хушнудӣ менамоянд. Ва агар баҳор камбориш ояд, мутобиқи суннатҳои қадимӣ мардум дуо хонда ба ҳамдигар об мепошанд ва бо либосҳояшон ба рӯд даромада обпошӣ карда, ҳамдигарро ба об мепартоянд. Чунин вонамуд менамоянд, ки гӯё борон борида онҳоро тар кардааст. Ин маросим дар бисёр маҳалҳои Хуросон «Обпошон» унвон дорад.

Дар ҳавзаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ ва шаҳрҳои қадимаи Самарқанду Бухоро, Кешу Насаф, Хуҷанду Истаравшан, Тирмизу Деҳнав, Ҳисору Кӯлоб ва водиҳои Рашт ва Бадахшон обро поку муҷаддас медонистанд.

Аз ин рӯ, аз даврони кӯҳан гузаштагони мо ин маҳзари муқаддаси офаридаи худовандиро эҳтиёт менамоянд, обро муқаддас мешуморанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз”, ки 21-23-уми октябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, зимни баромади хеш таъкид намудаанд, ки “Мо, мардум тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадимтар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд. Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқиро касб намудаанд”.

Мо бар он итминон мебандем, ки дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада Тиргон ва дигар ҷашнҳои фаромӯшшуда эҳё гардида ва дар сатҳи хуб таҷлил хоҳанд шуд.

Мажнунов Абдуламин н.и.ф, мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ