09 Jul 2024
Submitted by Admin
539
Дар дунёи муосир ва раванди ҷаҳонишавӣ ҳувияти миллӣ омили зарурии бақову суботу устувории давлат мебошад. Аносири ҳувияти миллӣ аз арзишҳои муштарак дар зиндагиву рӯзгори мардум, ба монанди намодҳои миллӣ, забон, таърихи миллат, ҳудуд, расму оин, тафаккури миллӣ (менталитет), хешии хунӣ, огоҳиҳои миллӣ ва осори бостонист. Ҳувияти миллӣ яке аз муаллафаҳои ҳувияти фард аст, ки иборат аз гароишҳо ва нигаришҳои як шахси дорои унсури созандаи гуногуне чун арзишҳои миллӣ, динӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ аст. Ҳувияти миллӣ вижагии табиӣ нест ва он аз огоҳиҳои бадастомада аз ҷомеа, фарҳанг, таъриху забон ва донишу ҷаҳонбинии фард бармехезад ва ҳомиёну посдорандагони ҳувияти миллӣ нигаҳдоранда ва пешбарандаи тамаддуни миллӣ мебошанд, зеро
Фард мегирад зи миллат эҳтиром,
Миллат аз афрод меёбад низом.

Унсурҳои ҳувиятсоз дар фардро зеҳният, ҷаҳонбинӣ, дину оин, рафтор, сабки зиндагӣ ва арзишҳои маънавӣ ташкил медиҳанд.

Яке аз унсурҳои ҳувиятсоз – зеҳн маҷмуае аз тавоноиҳои фикрист, ки иборат аз хирад, тасаввурот, идрок, тафаккур қазоват ва забону ҳофиза мебошад. Ба қавли солори сухан Фирдавсӣ:
Хирад раҳнамойу хирад дилгушой,
Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
Аз ӯ шодмонӣ в-аз ӯят ғамист,
В-аз ӯят фузунӣ в-аз ӯят камист.

Мактабу маориф аз аркони асосӣ дар ташаккули ҳувияти миллии фард маҳсуб мешавад, зеро «дар ҷаҳони муосир,- таъкид мекунад Сарвари давлат,- танҳо кишварҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста» аст.

Маорифу илм аз аркони муҳимми пешрафти давлат аст, аз ин рӯ Сарвари давлат, ҳукумату ниҳодҳои давлатӣ тамоми кӯшишу талошҳоро барои рушди ин соҳа ба харҷ медиҳанд. Президенти кишвар рӯзи 30-уми май дар мулоқот бо аҳли маориф ва илми кишвар таъкид карданд, ки: “Мо ба масъалаи маориф ва илм таваҷчуҳи аввалиндараҷа дода, дар давоми беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 3900 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла муассисаҳои типи нав, яъне гимназия, литсею коллеҷ, инчунин, донишгоҳу донишкада бунёд кардем. То замони истиқлол дар кишвар 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо 65 ҳазор донишҷӯ фаъолият дошт. Ҳоло ин рақам ба 47 ва шумораи донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 220 ҳазор нафар расидааст”.

Дар фарҳанги суннатии мо илму дониш ҷойгоҳи вижа дошта, ҳамеша мадҳу ситоиш мешавад. Чунончи: “Дониш андар дил чароғи равшан аст...” (Рӯдакӣ), “Илм нони ҷони тусту нон туро илми тан аст” (Носири Хусрав), “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” (Низомӣ). Дар адабиёти динӣ, ки ҷузъе аз фарҳанги мост, ҳамчунин илму дониш андӯхтан талқин мешавад. Аз ҷумла дар яке аз нахустин асар андар фиқҳи ханафӣ “Ас-савод-ул-аъзам” – Абулқосими Самарқандӣ омадааст: “Пас далел омад, ки илм бартар аз имон. Ва дигар далел он аст, ки Худои азза ва ҷалла ҳамаро дар имон баробар кард ва дар илм тафовут ниҳод” (Ас-савод-ул-аъзам, 94). Ва мо ифтихор аз он дорем, ки вориси “фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит ё Имоми Аъзам поягузори бузургтарин мазҳаби таҳаммулгарои ислом ҳастем, ки шумораи пайравонаш қариб 60 фоизи мусулмонони дунё, яъне беш аз нисфи эътиқодмандони дини исломро ташкил медиҳад” мегӯяд Сарвари давлат.

Ҷаҳонбинӣ яке аз аносири ҳувияти миллист, ки маҷмуи умумии арзёбии назароти мардум дар мавриди ҷаҳон аст. Ҷаҳонбинӣ нигариши инсон аст, ки бар мабнои эҳсосот, таҷрибиёт, хулқу хӯйи отифӣ шакл мегирад ва зуҳур меёбад. Муаллафаи фикрӣ (интелектуалӣ) – ҷаҳонбиниест, ки шомили арзишҳои миллӣ, нигаришҳо, арзёбиҳо, афкор, дониш, дину оин аст. Инсон ҷаҳонро он тавре ки ҳаст, намебинад, балки онро аз тариқи маншури тасаввурот ва мафоҳими худ мебинад ва барои он ки инсон дарки воқеъбинона дошта бошад, мебояд ҳама бардоштҳову мушоҳидаҳояшро бар асоси пояҳои илмӣ қабул кунад ва дар зеҳни худ устувор кунад, зеро заъфи пояҳои илмии афроди ҷомеа моро ба сӯйи хурофот ва хурофот миллатро ба бадбахтӣ меорад.

Дигар аз унсури ҳувиятсози миллӣ фарҳанги миллист, ки дар бистари таъриху расму оину кеши мардум, иқлиму равиши зисту рӯзгори мардум шакл мегирад. Фарҳанг мафҳуми васеъ буда, аз назари таърихӣ ба тамаддуни миллӣ мепайвандад ва дар ҳоли зуҳури воқеи замонӣ ба арзишҳои иҷтимоӣ, маҷмуи русум, одоб, равиши фикрию амали ҳунарӣ алоқа мегирад. “Бинобар ин, вақте дар бораи фарҳанги як халқу миллат сухан мегӯем, паҳлуҳои зиёди фаъолияти ҳунариро дар назар дорем, ки рушди авзои маънавии он қавмро муайян мекунад. Фарҳанг шаклан айнияти воқеӣ буда, дар муқобил ва рӯбарӯйи ҳаводиси зиндагӣ, муносибат, маърифат ва асолаташро таҷрибаи рӯзгор месанҷад. Ҷомиаи гузаштаи халқи мо қариб ҳамаи анвои фарҳанги ҷаҳониро дошт. Инҳо адабиёт- иборат аз назму наср, мусиқӣ, наққошӣ, хаттотӣ, кошикорӣ ва монанди онҳо буд, ки тамоми паҳлуҳои завқӣ ва ҳунариро, ба андозаи қонеъ гардонидани эҳтиёҷи одамӣ, басанда буданд. Ҳамаи ин анвои фарҳангӣ ба камӣ умри бештар аз ҳазорсола дорад” (Х.Шарифзода). Мусаллам аст, ки тамаддуну фарҳангҳои бузург ва ғанӣ, ки дар муддати хеле тӯлонии таърихӣ ташаккулу такомул ёфтаанд, ҳангоми бархурди тамаддунҳо аз худ муқовимат ва муқобилату устувории матину ҳайратангез нишон дода, ҳатто тарафи муқобилу зӯровар аз ин фарҳанг ғанӣ чизҳои арзишмандеро пазируфтааст. Аммо дар ҷаҳони муосир бархурдҳои фарҳангӣ шакли зӯровару хушунатомез касб кардаанд. Сарвари давлат дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин дар бораи равандҳои номатлуб ва нигаронкунанда қайд намуданд. Мову шумо имрӯз дар ҷаҳони муосир шоҳиди “бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд” ҳастем. Маҳз бо шарофати Истиқлолу озодии сиёсиву фарҳангии кишварамон “мардуми мо, ҳамчунин, имкон пайдо намуданд, ки расму ойинҳои миллӣ ва маросиму идҳои динӣ – ҷашнҳои Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ва идҳои Рамазону Қурбонро ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё карда, онҳоро бо иштироки озодонаи хурду бузурги мамлакат ва бо ифтихор аз таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик таҷлил намоянд”. Фаромӯш насозем, ки замони шуравӣ агарчи рӯйрост ҳам набошад, интишори адабиёти динӣ мамнуъ буд ва маҳз ба шарофати истиқлол ва бо ибтикори сарвари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абӯҳасан ибни Абӯбакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр карда шуданд. “Бинобар ин, мардуми Тоҷикистон, хусусан, ҷавонону наврасон, ки худро мусулмон ва пайрави мазҳаби ақлгарои ҳанафӣ меҳисобанд, ҳуқуқи маънавӣ доранд, ки аз меросбари шахсиятҳои оламшумули илмию ахлоқӣ будани хеш ифтихор кунанд. Ҳар фарди ин сарзамин ва ҳар як наврасу ҷавони он, ки бо решаҳои таърихиву забонӣ ва фарҳангиву маънавӣ бо миллат ва халқи тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад, бояд бо ифтихор иброз намояд, ки ман тоҷикам, набера ва меросдори аҷдоди бофарҳанге ҳастам, ки барои рушди илму фарҳанг ва тамаддуни башарӣ, инчунин, ҳифзи асолати дини мубини ислом хизмати басо арзишманд карда, дар олами ислом ҷойгоҳи сазоворро соҳиб гардидаанд”.

Аммо вақте ки афроди ҷомеа аз заминаи фарҳанги миллӣ дур шуд, миёни ӯ ва мардум аз мавқеи ҳамин суннатҳои бунёдии илмию фарҳангию маънавӣ як навъ ҷудоӣ ва садди азими фарҳангӣ ба вуҷуд меояд.

Рукни асосиву муҳимми фарҳанги мо забони мост. “Вақте забон бори бештар аз ҳазору садсолаи фарҳангиро бар дӯш дорад, доираи таҷассуми фарҳангӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ дар он аз ҳудуди ҳар гуна тахмину шумури хаёлӣ бузургтар аст” (Х.Шарфизода). Дар шаклгирии ҳувияти миллӣ забон муҳимтарин нақшро дорад. “Забон, - ба андешаи устод Қодирӣ,- як ҷузъи таърифи мафҳуми "миллат" аст, яъне ҳимоят ва нигаҳдории он масъалаи сиёсӣ ба шумор меравад”(Қодирӣ С. Айбро ҳунар надонем//Маърифати омӯзгор,№7.-Душанбе.2008.-С.30-41).

Забони куҳанбунёди мо собиқаи таърихии беш аз 2500 сола дорад ва дар тули таърих ҷабру фишори зиёде кашидааст. Ин забони куҳанбунёд замоне дар Ғарб то кишварҳои Балкан, дар Шарқ – аз Хуросону Мовароуннаҳр то Ҳинду навоҳии Тсин-зияни Чину Туркияи Усмонӣ интишор ва нуфуз дошта, ба расмият шинохта шуда буд. Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари баланди забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва бори масъулияти ҳифзу устувору пойдор ва поку беолоиш нигоҳ доштани он бар дӯши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст”. Мегӯянд, ки безабонӣ нишонаи марг аст ва марги забону миллат ба ҳам меоянд, ки таърихи тоҷикони баъзе манотиқи Осиёи Миёна инро комилан ба исбот расонидааст.

Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба фарҳанги миллӣ ва забони давлатӣ менигаранд. Забони мо аз маънавият, рӯҳоният, илму дониш, фарҳанг ва таҷрибаи таърихии мо ҷудо нест ва онро ба хотири тамосу пайвастагӣ бо тамаддуни бештар аз ҳазорсолаамон нигоҳ бояд дошт.

Сарвари давлат перомуни покизагии забон, ишора намуданд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”.

Дигар аз аносири ҳувияти миллӣ чеҳра, намуди зоҳирӣ ва сару либоси мардумони миллат аст, ки мавзуи баҳси илми этнография – мардумшиносӣ аст. Дар ҷаҳони муосир кишварҳоро аз рӯйи вижагии унсури ҳувияти миллӣ – пӯшиши миллиашон метавон чунин дастабандӣ кард: 1) миллатҳои тамаддуну фарҳанги қадима дошта, ки ин унсури муҳимро аз умқи таърих то ба имрӯз нигоҳ доштаанд; 2) миллатҳое, ки таърихи начандон қадима доранд ё дар натиҷаи нуфуси бештар пайдо кардан, бар пояи фарҳангу суннатҳои миллии дигар ақвом унсурҳои ҳувияти миллии худро сохтаанд; 3) миллатҳои “маснуӣ”, ки ба лутфи шароити сиёсӣ аз иттиҳоди ақвоми мухталиф бофта шудаанд низ чунин намодҳое доранд; 4) гоҳе ин унсур бар асоси далоили мазҳабӣ шакл мегирад, барои мисол ҳиҷоб, бурқаъ, мақнаъӣ дар кишварҳои мухталифи Шарқ ва Африқо роиҷ аст.

Ҳар миллате либоси миллии ба худ хосро дорад, ки сарчашмаи бои таърихиву этнгорафиву ҳунарӣ дорад ва таҳқиқи он метавонад гузаштаи таърихии мардумро рушан кунад. Либоси миллӣ муҳимтарин муаллафаи зиндагии инсон ва ҷомеа аст. Муҳаққиқон онро ба унвони як мероси фарҳангии арзишманди мардум медонанд ва ҳамчунин либоси миллӣ баёнгари мансубияти миллии фард буда, вижагии фарҳангии ӯро мушаххас мекунад ва мояи ифтихору ғурур аст. Беҳуда шоирон нагуфтаанд, ки
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас.

Ё ин ки:

Эй куртачакан, эй зеби чаман...

Ё ин ки шоир Шаҳрия дар шеъри “Куртаи чити қаламӣ” духтари тоҷикро чунин васф мекунад:

Бо ҳамон куртаи чити қаламӣ,
Пеши чашмони ту хушрӯ будам...
Дар танам куртаи шоҳӣ дорам,
Саду якранг бувад мисли баҳор...

Албатта, эрод гирифтани либоси бонувон ва дахолат ба ҳарими хусусии онон ба табиату одоби мардуми тоҷик созгор нест, аммо имрӯз ин масъала боиси нигаронии шадид шудааст. Сарвари давлат мардуми тоҷикро аз вазъи нигаронкунанда ва пайомади он ҳамагонро ҳушдор доданд: “Бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ – бегонашавии фарҳангист, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад”.

Мухотаби он пурсишҳое, ки Сарвари даврат дар мулоқот бо ходимони дин доданд, маҳз ҳамон афродест дар ҷомеа, ки масири нодурустро пеш гирифтаанд: “Чаро мо бегонапарастӣ мекунем? Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем? Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад? Чаро миллатро гумроҳ мекунем?”

Ташаккули тамоми аносири ҳуввиятсози миллӣ – забон, фарҳанг, арзишҳои миллӣ, донишу ҷаҳонбинӣ дар кӯдакону наврасон, пеш аз ҳама, ба зиммаи модарон аст. Занон сангинтарин масъулият – тарбияи хонавода ва ба навъе ҷомеаро бар уҳда доранд ва «онҳо содиқ ва эътимодбахшанд — ман дар таҷрибаи сиёсии худ ба ин боварӣ ҳосил кардам», — мегӯянд Пешвои миллат.

Сарвари давлат дар ҳар мулоқоту вохӯриҳояшон аз фидокории занони тоҷик, меҳнату заҳмати содиқонаи онҳо таърифу тавсиф мекунанд. Аз ҷумла дар Паёми имсола қайд карданд: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем”.

Хушбахтона, ҳоло шумораи занон дар соҳаи маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳад. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Муҳимтарин ва арзишмандтарин вазифаҳое, ки зан метавонад иҷро кунад, вазифаи модарӣ ва ҳамсарӣ аст, ки дар пайи садсолаҳо бар пояи суннатҳову фарҳанги миллӣ устувор шудаанд, зеро ниҳоди муқаддаси хонавода рукни асосии бунёди ҷомеаи солим аст. Агар чунин набошад, бахши зиёде аз ҳувияти иҷтимои инсонӣ нобуд мешавад.

Воқеан мо имрӯз дар замони бисёр ҳассос зиндагӣ дорем ва аз хавфу хатарҳои геополитикӣ бояд миллату сарзамини худро эмин дорем, сидқан ва аз дилу ҷон аз тамоми аносири ҳувиятсози худ, аз асли хеш дифоъ кунем ва онро дар мақоми шоиста нигоҳ дорем. Сарвари давлат возеҳу рушан таъкид мекунад, ки “фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад!”

Дарди ҷомеа дарди ҳар фарди бедордилу баору номуси ҷомеа аст ва аз ин рӯ бояд бетараф набошем.
Бетарафии мову ту теша задан ба реша аст,
Дур шудан зи асли хеш маҳву заволи миллат аст.
Тоҷикон дар тӯли таърих пайваста дучори фишору таъқибҳо шудаанд, аммо ҳувияти миллии худро ҳифз кардаанд. Таърихи башар арсаи омӯзишу ибрат буда, ҳар кӣ майли аз он омӯхтан надорад, ниёзмандиҳои зиёде ӯро дар пеш аст. Унсурҳои ҳувиятсози мо тоҷикон – забону фарҳанг, дину ойину расму русум, реша дар умқи таърих дорад ва ҳайфу дареғ аст, ки мо имрӯз масири нодурустро интихоб кунем, зеро заволи аносири ҳувияти миллӣ заволи миллат аст.
Шарифзода Фарангис директори Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ
Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ