31 Jul 2024
Submitted by Admin
515

Ҳамон гуна ки ба аҳли адаб равшан аст, ҷойгоҳи зан ва нақши он дар зиндагӣ ва ҷомеа бисёр муҳим аст. Дар фарҳанги тамоми миллати ҷаҳон зан ҷойгоҳи вежа ва махсусе дорад. Ҳастии занро ҳар ҳунарманде дар ҷаҳон дар асари ҳунарии худ бо намодҳои гуногун ба тасвир кашидааст. Наққошон бо зеботарин нигораҳо, файласуфон бо волотарин андешаҳо ва шоирон бо дурахшонтарин васфҳо аз ӯ ситоиш ва таҳсин кардаанд. Шилер, шоир ва файласуфи олмонӣ мегӯяд: “Ҳар куҷо марде ёфт шуд, ки ба мақом ва манзалати олие расида бошад, яқинан зани покдомане ӯро роҳнамоӣ кардааст”. Ё Гёте мегӯяд: “Зан тоҷи сари офариниш аст, ӯ шарики зиндагӣ ва ёри соатҳои дармондагист”. Ва паёмбари Ислом «Биҳиштро зери пои занон ва модарон» донистааст.

Бинобар ин, лозим донистем, ки ба баррасии ҷойгоҳ ва мақоми зан дар адабиёти шифоҳӣ, бахусус, дар рубоиёти омиёна бипардозем. Албатта, дар адабиёти классик ва муосири форсии тоҷикӣ дар қолабҳои гуногуни шеърӣ вобаста ба ин мавзӯъ асарҳои фаровоне ёфт мешаванд. Масалан, зан дар «Шоҳнома» аз эътибор ва манзалати хосе бархӯрдор буда, соҳиби рай ва хирад аст. Ё дар тамоми ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ - гарчанде ки аз вожаи зан якбор истифода шудааст - метавон чеҳраи маъшуқонаи занро бо малеҳтарин ишваҳо ва назокатҳо дид. Ҳамчунин, дар ашоъри Саъдӣ ва дигар шоирон ин ҳолат ба назар мерасад. Дар адабиёти муосири форсии Тоҷик ва Эрон низ ҷилваи ин мавзуъро метавон мушоҳида кард. Мисли шеъри маъруфи Эраҷ Мирзо: «Гӯянд маро чу зод Модар / Пистон ба даҳан гирифтан, омӯхт / Дастам бигирифту по ба по бурд / То шеваи роҳ рафтан, омухт» [1, 57] ё «Модарнома»-и Лоиқ Шералӣ, ки чеҳраи модаронаи занро ситоиш кардааст, ё ин ки Фурӯғ, ки худ зан аст, дар ашъораш беҳтарин васфи ҳолот ва таҷрибаҳои зани эрониро бо чеҳраҳои гуногун дар зиндагӣ ва ҷомеа ба ҷо гузоштааст: «Ба офтоб саломи дубора хоҳам дод, /Ба ҷӯйборе, ки дар ман ҷорӣ буд, /Ба модарам, ки дар оина зиндагӣ мекард/ Ва шакли пире дошт [5, 410]. Шафеии Кадканӣ низ занро аз бархе мардҳо шуҷоътар ва мардтар медонад:

Биё эй дӯст, ин ҷо дар Ватан бош,

Шарики ранҷу шодиҳои ман бош.

Занон ин ҷо чу шери шарза кӯшанд,

Агар мардӣ, дар ин ҷо бош, зан бош [3,142].

Маъмулан, дар рубоиёти шифоҳии мардуми тоҷик мо ба се чеҳраи аслӣ ва муҳими зан, ки хеле барҷастаанд бармехӯрем: зан – модар, зан – хоҳар, зан – дилбар.

Зан – модар

Тасвири чеҳраи модаронаи зан дар рубоиёти шифоҳӣ, маъмулан ба ду бахш тақсим мешавад. Бахше, ки аз забони барои модарон ва бахше, ки аз забони модарон барои фарзандон суруда шудаанд.

Хитоби фарзанд ба модар

Рубоиёте, ки аз тарафи фарзандон суруда шудаанд, бар асари дурӣ аз хонавода ба хусус, модарон эҷод шуда, дарунмояи ин навъ осорро мазомини иҷтимоӣ ва зиндагии рӯзмарра, аз қабили нолаву шикоят аз маризӣ, дурӣ, сарбозӣ, издивоҷ ва ғайра ташкил медиҳад, ки дарди диле аст, бо модароне, ки ҳамеша такягоҳи фарзандонашон будаанд Ҷолиб ин аст, ки чунон дарди диле бо падаре, ки маъмулан ҳомии хонаводааст, дар ин осор камёб ва камтар аст. Ин навъ осорро метавон ойинае аз фарҳанг ва зиндагонии мардумони тоҷик донист, ки фарзандон ба хотири дилбастагӣ ба хонавода, бахусус, ба модарон чунин ашъореро сурудаанд. Ҳамон тавр ки гуфтам, мазмуни асосии ин навъ шеърҳо, аз шахсияти модар ва ваҷҳи модаронаи онҳо, ҳамон дилсӯзӣ ва меҳрубоние, ки ҳамеша модарон нисбат ба фарзандони худ доранд, иборат аст. Ба рубоёти зерин таваҷҷуҳ кунед, ки бо лаҳни зебо ва ҳузнолуд суруда шудаанд, ки баёнгари дарди дили фарзандаст ба модари хеш аз маризӣ, дурӣ, танҳоӣ ва дигар мушкилоти зиндагӣ:

Маризӣ:

Хезен-хезен, вақти намозай оча,

Балниса мерам, раҳум дарозай оча.

Балниса мерам, се моҳаю се рӯза,

Ин қиссаи силкасал, дарозай оча [3,53].

***

Очама гӯ, ки духтарут беморай,

Рангаш ба мисоли каҳгили, деворай.

Очама бигӯ, эстаку бесте накуна,

Ҷон дар сакрот, маҳтали дидорай [5,41].

***

Сумбул соя, дарахти сумбул соя,

Кошкӣ мешудум ба очаҷон ҳамсоя.

Ҳар ғот, сарам ба рӯи болин оя,

Ширин очаҷон, аз дарм бдроя[3,61].

***

Ёди модар дар лаҳзаҳои сахт:

Дар пушта будум, марг омад ай пасум,

Э марг ту бимон, ки ман ба хона брасум.

Ай хона броя модари пурҳавасум,

Сар дар бағалш монм, броя нафасум[5,98].

***

Ман хов будум ба ҷигарум корча расид,

Ведор шудум, ба хотирам оча расид.

Рафтум ба сари болини очадоро,

Ин болини беоча ба фарёд расид. [2.ФФ.1:7761,4, Ти6].

Издивоҷ

Маъмулан дар Тоҷикистон тасмимгирандаи аслӣ барои издивоҷи фарзандон, падар ва модар аст. Агарчи ҳоло каме назари ҷомеа нисбат ба издивоҷ тағйир ёфтааст ва худи фарзандон барои ҳамсафари ояндаашон тасмим мегиранд, аммо ҳанӯз ҳам аксари хонаводаҳо ба ҳамон равиши қадим ва суннатӣ издивоҷ мекунанд. Баъзе аз ин издивоҷҳо иҷборӣ буда ва духтар ё писар ғайри ихтиёр ба амри падар ё модар тан ба издивоҷ медиҳад:

Эй очаи ҷон, обу адоям накунӣ,

Хушкардама мегирам, дуоям накунӣ.

Хушкардама мегирам, ба сад қавлу қасам,

Мо кавги қушаем, ҷудоям накунӣ[3,78].

***

Эй очаи ҷон, нумолта шуштан додӣ,

Як духтар чӣ буд, ура ба душман додӣ.

Худ гуфта будӣ:«Духтари кенҷагим туӣ»,

Як духтари кенҷагита ба куштан додӣ [5,142].

Модарандар – моиндар

Норозигӣ аз модарандар дар рубоиёти шифоҳӣ хеле зиёд ба чашм мерасад. Ва арзиши модарро нисбат ба модарандар болатар дониста ва орзу мекунанд, ки ҳаргиз модарандар надошта бошанд:

Ай барги гули лола, духтам чодар,

Ҳар гоҳе ба фук задам, гуфтам модар.

Мардумо меган: Оча хубай, моиндар,

Мара букуша дар хоки пои модар[3,63].

***

Себаргаву гули қатор, мо ҳам рафтем,

Моиндари дилозор, мо ҳам рафтем.

Ту кина ба мо кардию, мо кина ба ту,

Ту бош дар ин диёр, мо ҳам рафтем[3,24].

Хитоби модар ба фарзанд

Рубоиётеро, ки модарон барои фарзандон сурудаанд, аз назари мазмун бештар ваҷҳи дилсузӣ ва нигаронии модаронеро мерасонад, ки фарзандашон бар асари иттифоқоти зиндагӣ ғариб, мусофир, сарбоз ва ғайра гаштаанд ва бо мушкилоти иҷтимоӣ дасту панҷа нарм мекунанд. Дар ин навъ рубоиёт ҳисси масъулияти модаронаро метавон дид. Ба чанд намунаи зер таваҷҷуҳ кунед:

Сарбозӣ:

Ма шишта будум даҳани дарбача,

Хат омадай, ки ай номи аскарбача.

Гар хат задай харҷӣ надорам оча,

Ай чашмои лиқи овут баро ҷони оча. [ФФ 1У: 2331,3 Тк5].

Дурӣ ва ҷудоӣ аз фарзанд:

Ванҷай-Ванҷай, дилам хумори Ванҷай,

Гирдоби сафед, ба руи оби Панҷай.

Мардум мега, ки рангут ай чӣ зардай,

Баччам ай танам ҷудову, рангам зардай[3,128].

Шодӣ аз омадани фарзанд:

Ман шишта будам, ки ногоҳ овоз омад,

Ин бачаи ман, ба ишваю ноз омад.

Гуфтам, ки равам пеши худо, шукр кунам,

Ин давлати саргаштаи ман, боз омад[3,53].

Сафар:

Баччам ба сафар рафтай, гушоя сафаруш,

Шояд, ки ба хурсандӣ биёя, хаваруш.

Хатташ, ки биёя, гул бчошум ба раҳуш,

Худаш, ки биёя, ҷун ба қурбуни саруш[3,39].

Ғами фарзанд:

Ду пои ғама, гузаштаму тар нашудум,

Нолиши бачама шунидам, кар нашудам.

Нолиши бачам, зи тири сӯзон бадтарай,

Тири сӯзона хӯрдаму, хавар нашудам[3,103].

***

И беди баланди пайдавонма, бурдан,

Фарзанди ширини меҳрабонма, бурдан.

Дустони ширин, иқа эродам нагирен,

Ай банди дилам, кашида ҷонма бурдан[3,89].

Тавсифи бача:

Соли ману соли бачам, гӯсфандай,

Ҷони ману ҷони бачам, пайвандай.

Мардум мега: «Бачаат чӣ рангай»?

Чиликаку, борикаку, гандумрангай[3,23].

Хоҳарона

Дар Тоҷикистон хоҳари бузургро «апа» мегӯянд ва хоҳари кӯчак ба ҳамон ном «хоҳар» истифода мешавад. Бародари бузургро «ака» ва бародари хурдро «додар» мегӯянд. Дар ин рубоиёт ба ду навъ суруда бар мехӯрем, ки хоҳарон барои додарон ва акаҳои худ сурудаанд.

Барои додар

Дар Тоҷикистон ғолибан нигаҳдории додарони хурд аз сӯйи апа ва хоҳарони бузург аст. Ба ҳамин сабаб, мавзӯи аксари ин сурудаҳо бештар дар ҳавлу ҳуши масоили нигаҳдории додарон, тарзи либоспушии додарон, дарзмол кардан ва дӯхтани либосҳо, ба мадраса фиристодан ва меҳру муҳаббат ба онҳост. То ҷое, ки хоҳарон додарони хурдро ҳамрози худ медонанд:

Ин севаки сурхи нақш кашидаи заргар,

Ин додари ғалатима, бурдан аскар.

Камандирҷон, торои мӯят ханҷар,

Як тул бизан, шояд баргардад аскар [3,107].

***

Боло бодай, хирмани боло бодай,

Мурғи дилакам, ҳамеша дар фарёдай.

Додар бошад, суҳбатаком ободай,

Додар нестай, умри ширин барбодай [2,76].

Барои бародар (ака)

Дар ин сурудаҳо илова ба меҳрубонӣ нисбат ба бародари бузург, нигаронӣ дар масоили издивоҷ, писар надоштани бародар ва дигар масоил ба чашм мехӯрад. Ҷойгоҳи бародар дар ин рубоиёт ҳамчун ҷойгоҳи модар барои духтарони тоҷик боарзиш аст. Арзиши бародар хеле болост ва духтарони тоҷик бо доштани бародар ҳамеша ифтихор мекунанд ва касеро, ки бародар надорад, бе пару бол медонанд. Р.Амонов дар китоби «Рубоиёти халқӣ ва рамзҳои бадеӣ»-и худ қайд кардаст: «Ҳар чизе, ки ба бародар тааллуқ дорад ба хоҳар азиз аст. Ӯ ҳамеша мехоҳад, ки барои бародараш коре кунад, мушкили ӯро осон созад…» [2,77]. Чунин мазмун ва тавсифҳо аз бародар, аҳаммияти бародаро нишон медиҳад, ки онҳо дар зиндагии духтаракони тоҷик нақши муҳим ва асосӣ доранд. Ба чанд намуна рубоӣ таваҷҷуҳ кунед, ки бо лаҳни духтарона барои бародар суруда шудаанд ва аксари мазомини онҳо иҷтимоӣ ва хонаводагӣ буда, ба нақши калидиӣ доштани бародар дар зиндагии онҳо ишора мекунанд.

Ҷудоӣ аз бародар:

Ситораи равшанма куҷо кардӣ фалак,

Субҳа аз миёни шаб ҷудо кардӣ фалак.

Моро ба фалак, то ба қиёмат гила,

Ай акаи ширинум ҷидо кардӣ фалак [5,30].

Бефарзандии бародар:

Дар хирмани тоза, донае нест акама,

Аҷал омадай, баҳонае нест акама.

Аҷал омадай, ҷони акам дар табу тез,

Сад вою дареғ, нишонае нест акама [2,78].

Ҳамчун модар умед ва такягоҳи хоҳарон:

Фарёд мара, ҳамеша фарёд мара,

На хотири ҷамъу на дили шод мара.

Ку акаи шермард, ки мекофт мара,

Дар мулки ғарибиҳо меёфт мара [3,49].

Духтар ба унвони маъшуқ

Агар бихоҳем унсур ва ваҷҳи ғолибӣ барои маҷмӯаи рубоиёти омиёна ва ҳатто дар нигоҳи густардатари фолклори тоҷик биёбем, ҳамоно ин унсури марказӣ ишқ ва ҷилваҳои он аст. Ҳар андеша ва мазмуни дар ин рубоиёт, дар атрофи меҳвари ишқ мегардад ва аз нишонаҳо, истилоҳот ва вожагони махсуси ин ҳавза баҳра мебарад. Яъне мазомини ҳамчун шиква аз рӯзгор, дин, иҷтимоиёт ва табиат ҳама ранге аз нигоҳи ошиқона доранд. Ин ишқаст, ки ба унвони марказ ва асл, тамоми чархаҳои мазмуни дигарро ба таҳаррук ва ҳаракат меандозад. Албатта, ишқи комилан заминӣ, моддӣ ва дар дастрас, аз ҳамин рӯ бозтоби хулқиёт, эътиқодот ва шеваҳои рафтор ва муоширати мардуми тоҷик ба тамомӣ дар оинаи рубоиҳои ошиқона бозтоб ёфтааст.

Симои духтари тоҷик дар ин рубоиёт ба унвони маъшуқ, бунёдитарин мазмун аст, ки гоҳе аз ӯ таҳсин ва ситоиш кардаанд ва аз зебоияш сурудаанд. Ва гоҳе аз ӯ шикоят ва шиква кардаанд ва аз дурияш нолидаанд. Дар маҷмӯъ мазмунҳои чун фироқ, шикоят аз маъшуқ, аҳд ва вафодорӣ, андӯҳ ва ғам ва тавсиф аз маъшуқ корбурд ва басомади бисёре дар рубоёти фолклори тоҷик дорад.

Тавсифи маъшуқ:

Чашмони ту, оҳубарара мемона,

Руят гули шабнамзадара мемона.

Дар айни ҷавонӣ назаре бар мо кун,

Дунё гузарон ҳасту ҳамин мемона [5,38].

***

Чашми сияҳат, ки мекунад маст маро,

Дил мекашаду намерасад даст маро.

Гуфтам, ки ба кӯйи ошиқӣ сад тавба,

То дида бидид, тавба бишкаст маро [3,61].

Шикоят аз маъшуқ ва бевафоӣ:

Авр омаду қиблара ба як бор гирифт,

Зоғ омаду донара ба минқор гирифт.

Оҳуи сафед,насибаи деви сиё,

Субҳоналло, олама, куффор гирифт [5,39].

***

Гар об шавӣ, гузар ба ҷуят накунам,

Гар моҳ шавӣ назар ба руят накунам.

Гар дастаи гул шавӣ, биафтӣ ба замин,

Билло ба худо, гирифта буят накунам [2,171].

Бархе вижагӣ ва машғулятҳои духтаракони тоҷик

Маъмулан, духтарони тоҷик дар оинаи рубоиёти мардумӣ ба ғайр аз чеҳраҳои модарона, хоҳарона, дилбарона доштан, инчунин ҳомили фаъолиятҳои дигаре, ба мисли ҷоруб задани хона ва ҳавлӣ, дӯзандагӣ ва пухту паз низ мебошанд:

Рӯбандагӣ:

Хуш мегузарӣ, ба ин раҳи рӯфтаи ман,

Оташ мезанӣ, ба ҷигари сӯхтаи ман.

Оташ мезанӣ, месӯза ҳар хору хасе,

Месӯзему меранҷем, намегем ба касе [5,22 ].

Дӯзандагӣ:

Аксари духтарони тоҷик ба кори бофандагӣ ва дӯзандагӣ машғуланд ва ин дӯзандагӣ барои эҳтиром ва ишқ ба хешон ва номзадашон ва ё барои арӯсияшон аст. Дастмол, ҷома ва порчаҳои гулдӯзии рангоранг, нишон аз алоқаи онҳо ба дӯзандагӣ аст:

Сабзинаҷавон, дар фироқат сӯхтам,

Нумолаки сони зард, ба номат дӯхтум [2,138].

***

Имшав чӣ шавай, алови лар месӯзам,

Котиббачара ҷомаи зар медӯзам.

Сӯзанам шикаст, бо барги най медӯзам,

Риштам камӣ кард, ба мӯйи сар медӯзам [2,136].

***

Ошиқ манаму на шав қарорам на рӯз,

Ошиқ шудаам эй, ба сӯзани бахмалдӯз [5,108].

Пухтупази наварӯсон ва хонаводаи домод

Расм аст, ки тозаарӯсон ва духтароне, ки ба хонаи бахт мераванд. Ғолибан барои нишон додани катбонугарӣ, хонадорӣ, кишту кор ва сулҳ бо аъзои хонавода, дар хонаи падари домод низ кор мекунанд. Ҳамчун, пухту паз, рӯфту рӯб ва кори хона. Васоили табақи чӯбин, ош, шӯрбо дар рубоиёти зер, далолат ба чунин расм дорад.

Дар тавақи чӯбин бардоштум оша,

Фарёд кардум бачаи қаламқоша.

Ай рӯйи дилум ҷӯраи акам боша,

Ай таҳти дилум домоди очам боша[1,ФО].

***

Ин шӯрбора бин балақ-балақ меҷӯша,

Ин бачара бин брюки ҷинс мепӯша.

Пӯша-напӯша рангобаранг мепӯша,

Ма ойна шавум бача бубина рӯша [1,ФО].

Қарорҳои ошиқонаи пинҳонӣ

Духтаракон дар вақти намози шом, худро меоростанд ва тифлони хурди хоҳар ё бародарро ба бар гирифта, барои тамошо ба сайру гашт берун мерафтанд, лекин инҳо ҳама баҳона буд, аз барои гап задан бо писаракон ва сарпӯш ниҳодан бар дидорҳо ва қарорҳои ошиқона:

Ин беди баланд, соя надора шинам,

Ин акаи худам, бача надора гирам.

Эй подшоҳи карим, и акама те бача,

Сари даст кунам барам сари кӯча[2,42].

Ҳамон гуна дидем, ҳузури зан дар рубоиёти фолклори тоҷик, яке аз барҷастатарин мазомин аст, ки дар нақшҳои гуногуни модарона, хоҳарона, маъшуқона дар рубоиёти халқӣ дида мешавад.

Занон дар ин рубоиёти омиёна, чи дар нақши модар ё хоҳар ё маъшуқ, ағлаб дорои мазомини иҷтимоӣ ҳастанд. Модар нисбат ба ғурбат, дурии фарзанд ё аз даст додани ӯ вокуниш нишон медиҳад. Яъне «шиква» мекунад ва «марсия» мехонад. Хоҳар «нигарон»-и додар ва бародар аст ва маъшуқ ё дар «ноз ва карашма» бо хоҳиши ошиқ ва ё дар «интизори висол». Ғайр аз ин, нақшҳои асосӣ гоҳе ба рубоиёте рӯ ба рӯ мешавем, ки аз забони духтаре аст, ки аз ватан дур афтода ва ба иҷбор ва таҳти шароити русуми суннатӣ ва мардсолорона тан ба издивоҷ дода аст.

Нуктаи дигар ин аст, ки зан дар нақши маъшуқ ҳеҷ гоҳ ҷилва ва мақоми даст наёфтани ба монанди ашъори расмии сабки ироқӣ ва ҳиндӣ надорад ва ҳарчанд дилхоҳи ошиқ аст, аммо холи аз ваҷҳи осмонӣ ва муқаддас аст ва ранг ва бӯи комилан заминӣ ва моддӣ дорад. Нуктаи дигар ин аст, ки ҳарчанд занон дар баъзе умур кумаккунанда ва ёри шавҳарон будаанд, ҳамчун дар кишту кору зироат, аммо дар рубоиёт ағлаб дар хона ва ё атрофи он, ҳамроҳи либос, дег, табақ, нон, ва хӯрок машғули корҳои рӯзмарраи хона, ҳамчун пухту паз, хаётӣ, нигаҳдории бача ва ғайра тасвир шудаанд.

Рустам Оймаҳмадов ходими калони илмии шуъбаи фолклори

Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ