21 Sep 2024
Submitted by Admin
412

Хушбин будан ё андешаи хуб доштан метавонад ҳар инсонеро аз навмедӣ, нигаронӣ, нороҳатӣ, ғаму андӯҳ ва амсоли инҳо дур созад. Некбин будан ба коре ё рӯйдоде ба саломатӣ ва оромиши рӯҳии инсон таъсири беандоза дорад. Инсон дар зиндагӣ ба мушкилоту гирифториҳои зиёде рӯбарӯ мешавад, ки боиси афтодарӯҳӣ ё аз даст додани оромиши хотираш мегардад. Барои ҳамин ба инсон зарур меояд, ки андешаҳои манфиро аз зеҳнаш дур созад ва ба ҳама кор бо чашми нек назар андозад. Масалан, андешаи «аз паси ҳар шикаст ё мусибат осудагии хотир»-ро дар зеҳнаш ҷой диҳад.

Барои оромиши хотир амалҳои зиёде сабаб шуда метавонанд – некӣ кардан, дӯстӣ бо ҳамдигар, парҳез аз дурӯғ, ёрӣ расонидан, мардумозор набудан, ќаноат кардан, дурӣ аз ҳасад ва амалҳои хуби дигар аст, ки метавонад боиси хушбахтӣ ва оромиши рӯҳии инсон дар зиндагӣ бошад.

Аз ќадим то ҳоло шоиру нависандагони зиёде роҷеъ ба сифатҳои ахлоќии инсонҳо навиштаанду менависанд.

Масалан, «Камоли Хуҷандӣ, – мегӯяд Бадриддин Маќсудов, – ҳамчун шоири инсонпарвар дар дили мардумон тухми умед барои ояндаи хубро мепароканад, онҳоро некбинона бовар кунонданӣ мешавад, ки ин ғаму дардҳо, номеҳрубониҳо, парешониҳо, маҳрумиҳо, маҳҷуриҳо ҳама мегузаранд ва боз зиндагӣ ба эътидол хоҳад омад, ҷои зимистони сардро баҳори ҷонбахш хоҳад гирифт, боз нуру зиёву гармӣ ва дӯстию бародарӣ барќарор хоҳад шуд.

Ҷамъ бош, эй дил, ки ин ваќти парешон бигзарад,

Гарчи мушкил менамояд, лек осон бигзарад!..

Дар ғаму шодӣ бибояд сохтан бо рӯзгор,

З-он ки аз даври замон ҳам ину ҳам он бигзарад…» [5, 225].

Дар мавриди ќаноат, ки яке аз омилҳо дар зиндагӣ ва василае барои осоишу оромиши рӯҳу ҷони мо низ ҳаст, Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон» ҳикояте овардааст, ки: «Ҳаргиз аз даври замон нанолида будаму рӯй аз гардиши осмон дарҳам накашида, магар ваќте ки поям бараҳна буд ва иститоати пойпӯшӣ надоштам. Ба ҷомиъи Кӯфа даромадам тангдил, якеро дидам, ки пой надошт. Сипоси неъмати Ҳаќ ба ҷой овардаму бар бекафшӣ сабр кардам:

Мурғи бирён ба чашми мардуми сер

Камтар аз барги тарра бар хон аст.

В-он киро дастгоҳи ќувват нест,

Шалғами пухта мурғи бирён аст» [9, 104].

Ин ва дигар ҳикояҳо, андешаҳо ва шеъру достонҳои зиёде ҳаст, ки шоиру мутафаккирони гузаштаи мо дар асарҳои худ барои ба зиндагӣ дилгарм кардани мардум ва дур будан аз ҳар гуна андешаҳои дилсардкунанда эҷод кардаанд. Манбаи некбиниву некманишии ин шоирону андешамандон шеъри устод Рӯдакист. Устод Рӯдакӣ дар саргаҳи шоирони инсондӯсту инсонпарвар ќарор дорад.

Ашъори устод Рӯдакиро афкору андешаҳои инсондӯстона фаро гирифтаанд. Дар ашъори устод тарғиби ғояҳои башардӯстӣ зиёд ба чашм мерасанд. Хусусан нуктаҳоеро, ки дар боло зикр кардем, якеаш некӣ кардан аст, ки дар аксари ашъори устод инсони некӯкор ситоиш шудааст. Дар ин маврид назари адабиётшинос Мирзо Муллоаҳмад, ки дар бораи устод Рӯдакӣ таҳќиќоти зиёде анҷом додааст, чунин аст: «Рӯдакӣ маъниву маќсади асосии зиндагии инсонро пеш аз ҳама аз некиву накӯкорӣ иборат медонад. Дар умри гузарон, ки ҳар лаҳзаи он бебозгашт аст, инсон бояд аз худ танҳо ёдгории бегазанди некройӣ, накӯгуфторӣ ва накӯкирдорӣ бигзорад» [7, 34-35].

Устод Рӯдакӣ барои ҳимояи мазлумон ва пешгирӣ кардани ахлоќи разилона аз мукофоти амал сухан ронда, ба ќавли Абдулғанӣ Мирзоев «аз баҳри ситам расонидан сохта нашудани шамшер»-ро [6, 194] таъкид менамояд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики худованд бадӣ нест фаромушт…

Аз ин рӯ, устод Рӯдакӣ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз бадию мардумозорӣ худро канор гирад, зеро ҳар кас мувофиќи амал ё кирдори худ подош мегирад. Яъне, шоир мардумро ба сӯи дӯстию рафоќат даъват мекунад. Ва ин байти машҳури устод Рӯдакӣ тасдиќи гуфтаҳои мост, ки мегӯяд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,

То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт! [4, 66]

«Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ на танҳо ба сифати як шоири соҳибзавќ ва суханвари беҳамто, балки ба ҳайси як нафар ҳакими рӯзгордида ва таҷрибаандӯхта асрори зиндагиро дар либоси шеър бозгӯ мекунад ва ба василаи ҳар байти ҳакимонаи худ парда аз румузи зиндагӣ бардошта, хонандаро ҳушдор медиҳад ва ӯро сифатҳои неки ахлоќӣ меомӯзад» [8, 91].

Ё ин ки байти дигаре аз устод Рӯдакӣ ба ҳамин мазмун дар «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ оварда шудааст:

Чӣ хуш гуфт он мард бо он хадеш :

– Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш! [4, 347; 3, 75]

Устод аз замонае ки худ саросар панд аст, таҷриба андӯхтанро талқин менамояд, зеро ин таҷриба метавонад барои фарќ ниҳодан байни некӣ ва бадӣ ба инсон ёрӣ намояду ҳаќиќати зиндагиро омӯзад. Шоир мехоҳад ки мо ба он «накӯ бингарем» ва ибрате гирифта бошем:

Замона панде озодвор дод маро,

Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст [4, 71].

Дар мавриди «панди озодвор»-и устод Рӯдакӣ, адабиётшинос Субҳон Амирзода назари худро чунин баён кардааст: «…Ваќте ки бо зуҳури давлати Сомониён дар ќаламрави Мовароуннаҳр ва Хуросон ҷунбишҳои бозсозии фарҳангӣ афзуда, оҳанги бозгашт ба ҳувияти миллӣ ва истиќлолписандӣ шиддат ёфт, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар фаъолияти эҷодиаш бо рӯҳи тавонои худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ ба таҷдиди масоили панду ахлоќ, тарбият ва бозсозии инсон пардохт. Ӯ дар эҷодиёти худ, бар хилофи шоеъ гардидани «панди бандагӣ» (динӣ) консепсияи нави «панди озодвор» ва раҳоибахшро матраҳ намуд, ки он ағлаб ба панду андарзи ориёӣ такя дошт» [2, 55].

Дар дунё шахсони тавонотар ё доротаре ҳастанд, ки баъзан нафарони вазъи зиндагиашон нисбат ба онҳо харобтар дар сар андешаи мисли онҳо доро буданро мепарваранду орзу мекунанд. Устод Рӯдакӣ ба инсон хотиррасон карданист, ки бояд андешаи ононеро, накунанд, ки аз онҳо доротаранд, бояд андешаи онҳоеро кард, ки вазъи зиндагиашон аз мо пасттару муҳтоҷтаранд. Ва маҳз ҳамин андеша метавонад инсонро аз ғам раҳо созаду боиси шодкомии ӯ гардад. Устод Рӯдакӣ мегӯяд:

Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор,

Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.

Замона гуфт маро: - Хашми хеш дор нигоҳ,

Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст! [4, 71]

Устод Субҳон Амирзода, аз ќайди ғам озод будан ва худро дар ихтиёри ғам насупориданро дар «озод зистан» мебинанд ва ин ибораро ки дар хусуси шеъри мавриди зикрамон гуфта шудааст, чунин шарҳ медиҳанд: «… дар ќаринаи ашъори Рӯдакӣ истилоҳи пурмаъно ва пургунҷоиши бостонии озод, озода, озодвор ва амсоли ин бо ҳама гуна маънӣ ва тобишҳои маъноияш истифода шуда, ба ин восита тариќати растагории инсон ба таври рангин муҷассам гардидааст. Бинобар он, озод зистан пеш аз ҳама – ин аз ќайди ғам озод будан, яъне худро дар ихтиёри ғам насупурдан, аз омилҳои тавлидкунандаи ғам, хусусан аз бешталабӣ ва беќаноатӣ ва ҳасад «дар беҳ зи худ» ва амсоли он иҷтиноб кардан; бениёз будан ва дар банди такаллуф ва тааллуќ набудан ва ғайра» [2, 55].

Дар мавриди байти охирини ин порчаи шеърӣ, ки бар зидди ҳасад ва хашм гуфта шудааст, Абдулғанӣ Мирзоев чунин изҳори назар кардааст: «… агар мо аз роҳи аќидаи сиёсӣ-иҷтимоӣ наздик шавем, дар он ҳол мумкин аст гуфт, ки шоир дар ин ҷо ба созишкорӣ моил гардида, аз шикояти замон лаб бастанро тарғиб кардааст. Вале агар аз нуќтаи назари фаќат талаботи ахлоќӣ назар кунем, дар он сурат мазмуни байтро навъи дигар фаҳмидан мумкин мешавад. Яъне азбаски дар хашмгинӣ ҳар гуна суханҳои нолоиќ бе ихтиёр аз даҳон мебарояд ва аз он дар муомилоти байни худии одамон басо ба кас шикастҳое рӯй медиҳад, бинобар он шояд Рӯдакӣ, ҳамчун муаллими ахлоќ, бар зидди хашм баромада бошад, вале дар ҳар ду сурат ҳам, ба фикри мо, маќсади шоир ба мардум манфиат расонидан будааст» [6, 204].

Ё ҷойи дигар устод Рӯдакӣ озодии инсон ва шодмонии ҳаќиќии ӯро дар ќаноат кардан дар камиҳо ва дар банди такаллуф гирифтор нашудан мебинад. Онҳоеро, ки аз ин хислатҳо бархурдор ҳастанд, муътабару комил меҳисобад. Устод Мирзо Муллоаҳмадов назари худро доир ба ин мисраъҳои шеърӣ чунин баён мекунанд:

«Рӯдакӣ ҳамчунин одамонро ба мағрур нашудан аз дарёфти молу сарват, накардани бадгӯиву бадкорӣ, наварзидани бухлу ҳасад даъват менамояд. Шоир ҳирсу озро низ аз хислатҳои бади инсонӣ мешуморад, онро сабабгори пайдоиши бадгӯиву бухлу ҳасад ва дигар хислатҳои зишт медонад. Дурӣ ҷустан аз ин хислатҳои бад ва пеша кардани ќаноатро шоир аз шартҳои зиндагии озодонаи инсон меҳисобад» [7, 38].

Бо дода ќаноат куну бо дод бизӣ!

Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!

Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махур,

Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ! [4, 219]

Устод Рӯдакӣ дар баробари омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ хушбахтиро дар чаҳор чиз хулоса карда, барои шахси комил шудан зарур мешуморад. Ӯ бовар дорад, ҳар касе, ки Эзид ӯро аз ин чаҳор насиб гардондаву ин фазилатҳоро дорост, худро аз ғам дур карда метавонад.

«Устоди шоирон хирадмандӣ, некномӣ, хушахлоќӣ ва сиҳатмандии ҷисмониро мояи нишоту шодмонӣ ва саодатмандии фарзандони инсон медонад» [8, 91].

Шоир чунин мефармояд:

Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад

Тани дурусту хӯйи неку номи неку хирад.

Ҳар он ки Эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,

Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахурад! [4, 83]

Яке аз фазилатҳои инсондӯстӣ меҳрубонӣ бар афтодагон ва нукта нагирифтан ба шахсони гунгу кар мебошад, ки устод Рӯдакӣ мехоҳад бо василаи ашъораш мардумро ба ин роҳ даъват намояд.

Аҳмад Абдуллоев дар хусуси ин порчаи шеърӣ менависад, ки: «Ӯ (устод Рӯдакӣ – У.Г.) маънои ин мафҳумро васеъ ва онро, пеш аз ҳама, дар иҷрои корҳои дурусту одамгарӣ мефаҳмад. Мардӣ ба маънои ќаҳрамонию диловарӣ як тарафи масъала, тарафи дигари он худро идора карда тавонистан, ба корҳои хайру нек машғул шудан, мискиннавозию инсонпарварӣ кардан, хусусан ранҷу озори бечорагонро раво надида ва ба мадади онҳо шитофтан аст» [1, 71].

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!

Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!

Мардӣ набувад фитодаро пой задан,

Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ! [4, 222]

Шоири инсондӯсту ғамхор, ҳеҷ ваќт нисбат ба мардуми ғамдору аламзада бетараф набудааст. Шеърҳои устод баёнгари ин гуфтаҳост, ки ӯ хотири ҷамъу дили шоди инсонҳоро мехоҳад. Субҳон Амирзода дар атрофи ин рубоии устод Рӯдакӣ мегӯяд: «… мафҳуми Шодӣ чун ҳолати махсуси рӯҳи инсон ва ҳомили пурзӯри нерӯи маънавӣ ва пирӯз шудан бар Бадӣ ва ҳомилони он – адӯвон, бадандешон, ҳасудон, бадхоҳон ва амсоли ин арзёбӣ шудааст… Дар аќоиди панду ахлоќии Рӯдакӣ равишу тариќи ворастагӣ ва озодагии ҳаёти инсон ба ғолибияти рӯҳи шодмонии ӯ алоќаманд карда шудааст. Яъне, шод зистан, ба аќидаи шоир, мабдаи вуҷуди инсони ормонии озодарӯзгор аст» [2, 59-60].

Ҳон Рӯдакӣ, аз ќайди ғам озод бизӣ!

Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!

Вайронии худ мангару ободии даҳр,

Вайронии даҳр бину обод бизӣ! [4, 222; 10, 69]

Ба андешаи Ҳофизи Шерозӣ, ки осоиши ду гетиро дар мурувват бо дӯстону мадоро бо душманон мебинад, устод Рӯдакӣ низ инсонҳоро бо бадхоҳ ё душмани худ ба тарзи мусолиҳатомез ё бо мулоимат рафтор кардану оҳиста сухан гуфтанро маслиҳат медиҳад. Чунки дар акси ҳол оташи ғазаби ду тараф баланд гашта, сабаби дуру дароз шикастарӯҳӣ ва озурдагии хотир мегардад.

Он-кро донам, ки ӯям душман аст,

В-аз равони пок бадхоҳи ман аст.

Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман,

Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман [4, 330].

Аз байту мисраъҳои ашъори устод Рӯдакӣ, ки дар ин маќола ба таври гулчин овардем, хулоса карда мешавад, ки устод ҳамеша андешаҳои башардӯстона ва хайрхоҳонаро дар дил ҷой додаву дар сар мепарваридааст. Ӯ ин андешаҳоро ба василаи ашъораш ба мардум баён медоштааст. Мо бар ин боварем, ки суханони инсондӯстонаи ӯ ба дили золиме ё систамгаре кора кардаву даст аз зулму ситам бардошта бошад, ё ин ки сухани шоир боиси хушбахтӣ ва оромиши дили садҳо инсони дилшикаставу ҳазорон бечораву бенаво гаштааст. Ҳар панди ӯ, ҳар андешаи ӯ, ки одамонро аз гирдоби ғаму андӯҳ ва нодониву гумроҳӣ раҳо месозад, барои рӯҳан солим нигоҳ доштани башарият мусоидат хоҳад кард. Ва тавре ки устод Мирзо Муллоаҳмад мегӯянд: «… Афкору эҳсос ва ғояву андешаҳои инсондӯстии устод Рӯдакӣ, ки дорои моҳияти умумибашарианд, на танҳо имрӯз, балки фардо низ барои тарбияву ташаккули инсони комили сайёраи мо хидмати шоистае анҷом хоҳанд дод» [7, 42].

КИТОБНОМА

1. Абдуллоев А. Адабиёти тоҷик. Китоби дарсӣ барои синфи IX. Нашри I. / А. Абдуллоев. – Душанбе: Маориф, 1990. – 350 саҳ.

2. Амирзода Субҳон. Падидаи нодир. / Субҳон Амирзода. – Душанбе: Адиб, 2008. – 104 саҳ.

3. Асадии Тусӣ Абӯмансур. Луғати фурс. / Абӯмансур Асадии Тӯси. Ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёќӣ. – Теҳрон: Таҳурӣ, 1336. – 209 саҳ. [Бо алифбои арабиасос].

4. Ахтарони адаб. Ҷилди 1. Ашъор. Таҳияву тадвини матн бо муқаддима ва луғоту тавзеҳот аз Расул Ҳодизода ва Алии Муҳаммадии Хуросонӣ. – Душанбе: Адиб, 2007. – 416 саҳ.

5. Мақсудзода, Бадриддин. Афкори иҷтимоӣ, ахлоќӣ ва тарбиятии Камоли Хуҷандӣ / Бадриддин Мақсудзода // Офтоби тарбият. – Душанбе: Маориф, 2021. – 351 саҳ.

6. Мирзоев А. Абӯ Абдулло Рӯдакӣ / А. Мирзоев. – Сталинобод: Нашриёти давлатии Тоҷикистон, 1958. – 275 саҳ.

7. Муллоаҳмад, Мирзо. Равзанаи хирад. / Мирзо Муллоаҳмад. – 647 саҳ. Манбаи интернетӣ: https://ravshanfikr.tj/.../153-ravzanai-khirad.html...

8. Насриддин, Абдулманнон, Насриддинов Фахриддин. Рӯдакӣ – устоди суханварони аҷам. / Абдулманнони Насриддин, Насриддинов Фахриддин. – Хуҷанд: ҶДММ МИИ «Ганҷинаи сухан», 2008. – 206 саҳ.

9. Саъдии Шерозӣ Муслиҳиддин. Гулистон. Боби севум. «Дар фазилати ќаноат». / Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. – Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2008. – 231 саҳ.

10. 1000 мисраи Рӯдакӣ. Таҳияи матн аз Расул Ҳодизода ва Ансор Афсаҳов. – Душанбе: Ирфон, 1984. – 192 саҳ.

Гулбаҳор Усмонова ходими илмии шуъбаи таърихи адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ​

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ