27 Sep 2024
Submitted by Admin
381

Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маъруф ба Мавлоно аз машҳуртарин шоири тоҷиктабори қарни ХIII ва аз бузургтарин чеҳраҳои адаб ва ирфон буда, нуфузи ӯ фаротар аз марзҳои милливу тақсимоти қавмӣ аст ва шеъри ӯ ба бисёр забонҳои ҷаҳон тарҷума шудааст.

Маволоноро бо номҳои Балхӣ ба хотири зодаи сарзамини куҳану тамаддунхез будан, Румӣ ба хотири замоне дар Рум (Анатолия) зиндагӣ кардан ёд мекунанд. Дар авоили қарни ХХ муҳаққиқон сари зодгоҳ ва мансубияти миллии ӯ баҳсҳое оростанд. Аз ҷумла адабиётшинос Бадеъуззамон Фурӯзонфар, олимони амрикоӣ Колман Бракс, Бред Гуч, Франклин Люис зодгоҳи Мавлоно ва хонаводаи ӯро аз Вахшонзамин гуфтаанд. Зимнан Мавлоно ҳам дар дафтари чаҳоруми “Маснавии маънавӣ” аз ин ноҳия ёд мекунад:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавон ёфт сӯи Вахш.

Дар остонаи ҷашни Наврӯзи соли 1401 (2023) донишманди маъруф аз ҳавзаи тамаддунии муштарак дар фазои маҷозӣ навишта буд, ки “хеле зуд Мавлавӣ ҳам мешавад тоҷику забонаш ҳам тоҷикӣ!” ва бо сароҳат ба тоҷикон хитоб кард: “Мавлавӣ аз шумост, аз шири модар ҳам ҳалолтар барои он ки ба номи ӯ ҳамчун дигар номҳои баланд ҳурмат мегузоред” (21).

Мавлоно аз вожаи тоҷик борҳо ёд кардааст ва дар ин бора мавлонопажуҳ Хуршед Зиёӣ мегӯяд: “Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхӣ бо сабаби он, ки айёми кӯдакию наврасии худро дар байни тоҷикони Вахшонзамин, Балх ва Самарқанд гузаронидааст, ба зумраи он шоироне дохил аст, ки беш аз дигарон вожаи тоҷикро дар меросашон истифода намудаанд” (4.103). Мавлоно дар ғазали шумораи 1385 “Девони Шамс” мегӯяд:

Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,

Ман соате турке шавам, як лаҳза тоҷике шавам.

Мавлонопажуҳи маъруф Карими Замонӣ шарҳи вожаи тоҷикро тариқи зайл додааст: “мусалмонони аам аз араб ва эронӣ” (3, 137), аммо андешаи “аам аз эронӣ” будани тоҷик боиси таассуф ва то куҷо сиҳҳат доштани ин андеша аст. Аммо ба андешаи Х.Зиёӣ вожаи тоҷикро Мавлоно дар нисбати тамоми мардуми ориёии минтақаҳои муосири Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон ба кор бурдаанд (4).

Дар атрофи мансубияти этникии Мавлоно чунон ки мушоҳида мешавад, назарҳои мухталиф ва бархурди андешаҳо миёни муҳаққиқон ҷой доранд ва ба қавли худи Мавлоно “ҳафтоду ду миллат нафйи ҳамдигар мекунанд” (21).

Мавлавипажуҳи тоҷик Хуршед Зиёӣ беҳтарин андешаро дар мавриди ин мабоҳиси бепояву бунёд баён мекунад, ки метавон бо қавли эшон ба ин баҳсҳо хотима гузошт: “Бояд таъкид дошт, ки румӣ, балхӣ ё аз минтақаи дигаре будани Мавлоно, ё ба кадом миллату халқ ё қавм тааллуқ доштани ӯ имрӯз муҳиммияте надорад, зеро мутафаккир бо афкори ҷовидонааш шаҳрванди тамоми олам ва ҳамватани тамоми оламиён гаштааст...” (4,99).

Айнияти гуфтори Мавлоно ва ба кадом марзу бум мансуб будани ӯро бояст дар осорош ҷӯё шуд. Осори Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ чаҳони маънавиеро монад, ки бо ғановату рангинии худ ҳаводоронашро қарнҳо боз мутаассир кардааст. Мавлоно дар боби фавоиди маснавиаш мегӯяд: «Покизатарини меваҳост барои касе, ки бичинад ва дар он бузургтарин орзуҳо ва хосторҳоро метавон ёфт» (21). Ҳар хонандае, ки “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоноро варақгардон менамояд, дар як ҷаҳони маънавӣ сайри маърифату дониш менамояд, аз ин дарёи хираду фазилати инсонӣ дурдонаҳое бармечинад. Сухани Мавлоно “пайдову пинҳон аст, зеро сухан мағзи мағз аст, на сухан пӯсти пӯст ва аз мағзи мағз, сиҳҳат ҳосил ояд” ва ин сиҳҳатии ҳосилро бояст аз сухани ӯ ҷӯё шуд (21).

Ба андешаи адабиётшинос Х.Шарифов “Дар сухани Мавлоно се чизи муҳим аст, ки бо мавқеи инсон дар ҳастӣ ва мақсади вуҷуд пайванд меёбанд: 1) сӯз, сӯхта ва сӯхтагон; 2) васлу ҳиҷрон ё ҳиҷрону васл; алфозу гуфтор; 3) олами маънавӣ. Шаҳомат ва бузургии сухани Мавлоно дар ҳамон алфозу таъбироти ба назари донишмандон тоза, ки мабдаи аксар лаҳҷаи хуросонии форсӣ буда, қисме ҳам ба тақозои мавзуъ сохтаю бофта шудаанд, айнияти гуфтор ва сабки гуворои Мавлоноро ба вуҷуд овардаанд”, ки аз фарҳанг ва гуфтору муҳити хонаводаву зодгоҳ сарчашма гирифтааст (16,148-163 ), ки намунаи возеҳи онро дар абёти зер мебинем:

Чун касеро хор дар пояш ҷаҳад,

Пои худро бар сари зону ниҳад.

В-аз сари сӯзан ҳаме ҷӯяд сараш

В-ар наёбад, мекунад бо лаб тараш...

Осори Мавлоно саршор аз вожаву таркибу таъбироти гӯйиши тоҷикиву одобу русуми мардумони тоҷик аст. Дар китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” омадааст: “Мавлоно парвардаи обу хоки Хуросону Мовароуннаҳр буда, ашъори ӯ саршор аз таъбиру калимаҳои хоси ин диёр ва забони тоҷикист” (10). Мавлоно забони порсии хешро чунин ситоиш мекунад:

Ишқро худ сад забони дигар аст,

Порсӣ гӯ, гарчи тозӣ хуштар аст.

Гарчи з-ин ғофиланд ва дар хобанд

Форсӣ гӯ, ки ҷумла дарёбанд.

Далели ба забони форсии мовароуннаҳрӣ эҷод кардани Мавлоно порае аз шеъри машҳури “Тӯтӣ ва баққол”-и ӯст:

Кори поконро қиёс аз худ магир,

Гарчи монад дар набиштан шер шир.

Ҷумла олам з-ин сабаб гумроҳ нест,

Кам касе з-абдоли ҳақ огоҳ шуд.

Муҳаққиқони эронӣ ин байтро чунин тавзеҳ додаанд: дар порсии замони Мавлоно шири хӯрокиро ба ҳамин сурати имрӯзӣ талаффуз мекарданд, вале шери дарандаро бо ی-и маҷҳул, яъне шер талаффуз мекарданд, аммо китобати ҳар ду яксон буд. Ҳоло он ки дар забони тоҷикии муосир ҳанӯз ҳам чунин талаффуз риоя мешавад ва ин нуктаро мавлонопажуҳ Карим Замонӣ низ таъйид мекунад.

Вожаҳои форсии мовароуннаҳрии “Маснавии маънавӣ” дар забони тоҷикии омиёна имрӯз корбурди фаровон доранд, ба монанди ожанг, эзор, бар (ҳосил), булуқ (овози об), бурё, бед, потоба (пойпеч), пор, порин (соли гузашта), палос (гилем), пес (лакаҳои сафеди пӯст), чиркин, чаридан (парвариш), ҳашар, хез, роғ, шӯридан, шишак (барраи шашмоҳа), карбос, калон, кулича (нон), кӯса (камриш), наск, мумсик, нокас, ношуста, додар, кал, кулича (кулча, нон), кампирак, атласпӯш, ҷигарбанд, даҳкаса, чаҳормех (пойбанд), кисабур каҳдон (охур). Намунаи чанде аз вожаҳои омиёнаи серистеъмоли тоҷикиро, ки дар забони форсӣ камкорбурданд, бо тафсири онҳо аз китоби “Шарҳи ҷомеъи “Маснавии маънавӣ””-и Карим Замонӣ барои муқоиса ва тақвияти андеша дар зер оварда мешаванд:

Додар– “бародар, дӯст. Аз луғоти форсии мовароуннаҳрист” (7,167).

Талх хоҳӣ кард бар мо умри мо,

Кай бар ин медорад эй додар туро. (7, 116б)

Кал - качал

К-аз чӣ эй кал бо калон омехтӣ,

Ту магар аз шиша руған рехтӣ. ( 7,11)

Ток – дарахти ангур

Одам аз хокаст, кай монад ба хок,

Ҳеч ангуре намемонад ба ток. ( 21)

Кисабур – дузд, ҷайббур

Гуфт ӯ аз баъди савгандон пур

Ки наям ман хонасӯзу кисабур. (21)

Кампирак – пиразан, аз ҷузъи кам+ пир ва пасванди тасғири –ак.

Аз қазо кампираке ҷоду ки буд,

Ошиқи шаҳзода бо ҳусну ...

Даҳкаса – “даҳ нафар, даҳ баробар” (3,155). Бо ин фикри муаҳаққиқ К.Замонӣ, яъне “даҳ баробар” наметавон розӣ шуд, зеро ҷонишини кас ишора ба инсон аст.

Мешавад з-илҳомҳову васваса,

Ихтиёри хайру шарт даҳкаса. (21).

Таркибҳои фразеологии дастак задан(каф задан), пой кашидан (бозкашидан, боздоштан), ҷигар сӯхтангарав бастанношуста рӯ (қалби нопок дошта) имрӯз низ корбурди фаровон доранд.

Дар «Маснавии маънавӣ» луғоте мавҷуд аст, ки дар гӯйишҳои чанубӣ ва ҷануби шарқии забони тоҷикӣ маҳфуз мондаанд, аз ҷумла: хик, хав (кардан), калопеса, таф, тос, навола, тоса, ҷул, лоғ, лаванд.

Дард доруи куҳанро нам кунад,

Дард ҳар шохи малуле хав кунад (7, 668).

Ин чӣ мегӯӣ дуо чӣ буд маханд,

Бар сару риши ману хеш эй лаванд. (21)

Қидмати забони тоҷикӣ дар гӯйишҳову лаҳҷаҳои маҳаллӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Пажӯҳишгарони шеваҳои забони тоҷикӣ мегӯянд, ки гӯйиши ҷанубӣ аз шеваҳои архаистиест, ки дар таркиби худ калимаҳои зиёди қадимиро маҳфуз доштааст ва ба қавли Парвиз Нотили Хонларӣ: «тоҷикон забон ва одоби худро ҳифз кардаанд» (14; 292).

Дар ганҷинаи гӯйишҳои забони тоҷикӣ чунин вожаҳо зиёданд, ки айни ҳамон сохту маънои дар “Маснавии маънавӣ” корбаст шударо доранд: пушта (теппа), пагаҳ (пагоҳ), пирхар (харидор ва толиби пир), табақ, вағо (доду фарёд), вағ-вағ кунон (доду фарёд), ҳанг (қудрат, тавоноӣ).

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фарзонафарзанди миллати тоҷик ва аҳли башар мебошад, ки бо забони шевову гуворои модарӣ, забони аҳли шимоли Хуросони таърихӣ – гӯйиши порсии хуросонӣ асар офаридааст. Далели ин нукта ҳамоно мавҷудияти вожаҳои нобу асили осори Мавлоно дар ин густараи таърихӣ роиҷбуда мебошад, гарчанде дар шумори андаке аз ин вожагон тағйироти маъноиву сохториву овоӣ мушоҳида мешавад ва ба қавли Мавлоно:

Мусалмонон, мусалмонон забони порсӣ гӯям,

Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.

А Д А Б И Ё Т

1.Гуч Б. Асрори Мавлоно. Зиндагиномаи шоири сӯфии ошиқ. – Душанбе: ЭР-Граф, 2022. – С. 21.

2. Ғисуддин Муҳаммади Кошифӣ. Ғиёс-ул-луғот.Ҷ.I.II III-Душанбе:Адаб, 1987.

3. Замонӣ К. Шарҳи ҷомеъи “Маснавии маънавӣ”. Ҷ. 7-Теҳрон: Иттилоот, 1400.- 916с.

4. Зиёӣ Х. Мавлоно ва мавлавия.- Душанбе: Дониш, 2022.-334с.

5. Ирано-таджикская поэзия. Библиотека всемирной литературы. Серия первая, том 21. — перевод В.Державина. – М.: Издательство «Художественная литература», 1974. — С.127-186)

6. Қосимова М. Чор унсур: маъниофаринӣ, калимасозӣ. - Душанбе, 2007 -113с.

7.Мавлоно Ҷалолуддини Муҳаммади Балхӣ Маснавии маънавӣ (бар асоси матни Николсон).-Теҳрон: Нашри Замон, 2001. -728 с/абёти баъдӣ аз ҳамин нусхаи асар оварда шудаанд.

8. Маҳмудов М.,Чӯраев Ғ. Луғоти шеваҳои забони тоҷикӣ.-Душанбе, 1997-287с.

9.Муҳаммад Содиқхоҷаи Гулшанӣ. Таърихи ҳумоюн.-Душанбе,2006.-168 с.

10.Раҳмон Э. Забони миллат – ҳастии миллат.-Душанбе, 2017.-

11.Фарҳанги гӯйишҳои ҷанубии забони тоҷикӣ.- Душанбе, 2012.-946с.

12.Фарҳанги забони адабии тоҷик. Ҷилди 1 ,-Москва: Советская энциклопедия 1968 - 951с. Ҷилди 2-Москва: Советская энциклопедия 1969-949

13.Фарҳанги мухтасари Шоҳнома.-Душанбе:Адаб, 1992-492с.

14. Хонларӣ П.Таърихи забони форсӣ.Ҷ.1-Теҳрон:Фирдавс,1377.

15. Ҳасанов А. Унсурҳои луғавӣ ва сарфию наҳвии осори садахои X -ХIII дар гӯиши шимолӣ - Хӯчанд: Нури маърифат .2003-254с.

16. Шарифов Х. Маънавият ва ҷаҳони зоҳирӣ. - Душанбе: Адиб, 2012. – 352 саҳ. – С.).

17. Ҷӯразода Ш.Хусусиятҳои лексикӣ-грамматикии Маснавии маънавӣ-и Ҷалолуддани Румӣ-Душанбе. 1998- 145с.

18. ЭшниёзовМ. Диолектологияи тоҷик.-Душанбе, 1977-113с.

19. Lewis D.F. Rumi. Past & Present, East & West. The Life, Teaching & Poetry of Jalal al-Din Rumi.- С. 42.

20. Баркс К. Суть Руми /https: //royallib. com/ book/ barks_ kolman /sut _rumi .html (санаи мурољиат: 14.10.2022).

21.Ёҳақи М. https://www/instagram.com/p (муроҷиат 10.02.2024)

21.https://ganjoor.net (муроҷиат 10.02.2024)

22.https://vajehyab.com (муроҷиат 10.02.2024)

23.https://vazhaju.tj. (муроҷиат 10.02.2024)

Шарифзода Фарангис Худоӣ - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ