04 Oct 2024
Submitted by Admin
222

Мардуми тоҷик асли ориёӣ дорад ва ифтихор аз асли ориёӣ рукни муҳимми ҳувияти миллии мо – тоҷиконро ташкил медиҳад. Калимаи «ориёӣ» дар фарҳангу луғатномаҳо ғолибан «наҷибзода», «асил», «озода», «бовиқор», «зебо» маънӣ мешавад. Азбаски наҷибзодагӣ, озодагӣ ва ашрофият аз рӯзгори қадим унсури муҳимми фарҳанги мардуми мо маҳсуб мегардад ва ниёгони мо худро аз нажоди «озодагон» («...Модари озодагон кам орад фарзанд», устод Рӯдакӣ) ё «озодзодагон» («Имрӯз шарм н-ояд озодзодагонро...», Носири Хусрав) донистаанд, метавон ҳадс зад, ки вожаи «ориёӣ» бо вожаҳои «озода» ё «озодзода» муродиф мебошад ва маънии саҳеҳи луғавии калимаи «ориёӣ» ҳамон «озода» ё «озодзода» аст.

Ёдовар бояд шуд, ки дар таърихи пурифтихори мардуми мо, аз рӯзгори қадим то ба имрӯз, ифтихор аз асли ориёӣ ба суратҳои мухталиф, гоҳе пуррангу пурҷило ва гоҳе камрангу камнамо ҷилва кардааст, вале шуълаи фурӯзони ин ифтихор дар тули таърих ҳаргиз хомӯш нагардидааст. Ба баёни дигар, ҳар гаҳ, ки таърих барои рушду боландагии миллии мо шароити созгору имкони мусоид фароҳам овардааст, фурӯғи ин шуъла фурӯзонтару тобандатар зуҳур карда, ҳар гаҳ, ки зулму ҷаври таърих мардуми моро ба ҳошия кашидааст, дурахши он камтар ба мушоҳида расидааст.

Ин нукта ҳам шоистаи таъкид аст, ки ниёгони бузурги мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забону миллат, аз рӯзгори қадим забони модарии худро низ «ориёӣ» ном бурдаанд. Масалан, дар бузургтарин сангнавиштаи ҷаҳон – катибаи маъруфи Бесутун, ки ба се забони дунёи қадим: эломӣ, аккадӣ ва порсии бостон сабт шуда, дар батни матни он сарзаминҳои аҷдодии мо тоҷикон – Суғду Бохтару Хоразм дар баробари бештар аз бист кишвари дигар ҷузъи таркибии императории Ҳахоманишӣ ба шумор рафтаанд, забони порсии бостон забони ориёӣ номбар шудааст. Аз ҷумла, дар банди 20-и сутуни чоруми ин катиба чунин омадааст: «Дориюшшоҳ гӯяд: .... ин набишта... ба [забони] ориёӣ буд...».

Дар сангнавиштаи дигари рӯзгори куҳан – катибаи Работак, ки соли 1993 дар наздикии Сурхкӯтали Афғонистон ошкор гардид ва ба забони бохтарӣ – аз забонҳои шарқии ориёии давраи миёна ва ба хатти юнонӣ сабт гардидааст, ҳамчунин забони катиба – забони ориёӣ ёд шудааст. Дар сатри 3-и катибаи мазкур шоҳи давлати Кушониён – Канишка аз соли аввали ба тахти шоҳӣ нишастанаш шоистаи эҳтиромэътироф гардида, таъкид шудааст, ки: «вай [ба] юнонӣ маншур содир кард, баъдан онро ба забони ориёӣ овард».

Чунонки ба мушоҳида мерасад, ҳам дар марҳалаи оғозин ва ҳам дар давраи миёнаи рушду такомули забон пешиниёни мо забони худро “ориёӣ” ном бурдаанд. Гузашта аз ин, дар ин катибаҳо ҳам Дориюш ё Дорои I (522-486 то мелод) – аз бузургтарин шоҳони сулолаи Ҳахоманишӣ (705-330 то мелод) ва ҳам Канишка (78-101) – севумин шоҳи силсилаи Кушониён (15-250), яъне шоҳоне, ки бо дастури онҳо ин катибаҳо ҳак гардидаанд, асолат, бузургӣ, шоистагӣ ва шукӯҳу азамати давлатдории худу пешиниёни худро ситоиш кардаанд.

Бино бар ин, мафҳуми «ориёӣ» бо вожаи «тоҷик» ва ба таъриху забону фарҳанги мо пайванди азалӣ дошта, рукни муҳимми ҳувияти миллии моро ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси Пешвои миллат дар Тоҷикистон соли 2006 Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон гардид. Ҳадафи олӣ аз ин иқдом на бартариҷӯйии нажодӣ, балки эҳёи ҳофизаи таърихӣ, рушди худшиносӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва гиромидошти арзишҳои забонию фарҳангӣ ва таърихии мардуми тамаддунсозу фарҳангофари мо буд, ки дар рӯзгори нави давлатдории миллӣ моро ба пайванд додани гузаштаву имрӯза ва ояндасозии муваффақ фаро мехонад.

Дар баробари мафҳуми ҳувиятсози «забони ориёӣ» дар таърихи куҳани мардуми мо мафҳуми «забони паҳлавӣ» ё «забони паҳлавонӣ» ҳам ба мушоҳида мерасад.

Ин мафҳум, ки дар зеҳни мардуми мо бо вожаи «паҳлавон» ба маънии бузургворию қудрату шуҷоат айният дорад, ҳамчунон ба асолату наҷибзодагӣ пайванд мехӯрад ва мояи ифтихор маҳсуб мешавад. Дар байти маъруфи

«Маснавии Маънавӣ»-и Мавлавӣ,

Ҳаст Қуръон дар забони паҳлавӣ,

ки ба Баҳоуддини Омулӣ ё Абдурраҳмони Ҷомӣ нисбат медиҳанд, ибораи «забони паҳлавӣ» ба сифати муродифи забони модарии мо корбаст шудааст.

Ба сифати «дарӣ» тавсиф гардидани номи дигари забони модарӣ, ки ғолибан ба дарбори шоҳону хусравон иртибот мегирад, аз наҷобату ашрофияти мардуми мо гувоҳӣ медиҳад. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» забони моро ҳамчунин бо номи забони «хусравӣ» ёд кардааст, ки ба ҳамин сифати «дарӣ» муродиф мебошад.

Шоистаи таъкид аст, ки дар давраи ба истилоҳ нави рушди забонҳои ориёӣ, бо шарофати дигарбора ба сари қудрат омадани хонадонҳои маҳаллии Тоҳирию Саффорӣ, бахусус хонадони Сомонӣ, забони модарии мо ба сифати василаи ҳувиятсоз ва мояи ифтихор рушду боландагии бештар пайдо кард.

Сомониён тавассути пешбурди сиёсати фарҳангпарварона ба пайкари забони модарӣ ва ҳувияти миллии ориёӣ руҳи тоза дамиданд ва бақои забони модарӣ ва руҳи миллии ориёиро барои садсолаҳои баъд таъмин карданд.

Шуруъ аз замони давлати Сомониён ва шояд ҳатто пештар аз он, то ба ин рӯзгор бузургони мо забони модариро ҳамчун омили ҳастӣ, ҳувият ва ҳамбастагии миллӣ ва бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ, фасоҳату балоғат, арзишмандию гаронмоягӣ ва шукӯҳу ҷалолаш, бо беҳтарин сифатҳо: порсии дарӣ, дурри дарӣ, ганҷи дурри дарӣ, дурри лафзи дарӣ, қанди порсӣ, шакари порсӣ, порсии дарии роҳи рост, паҳлавонизабон, гулбонги паҳлавӣ, забони хусравӣ ва ғ. ситоиш кардаанд.

Қавли маъруфи Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол:

Ниёгони мо тоҷдорони даҳр,

Ки аз додашон офарин буд баҳр,

далели нахустин хусравони соҳибтоҷ будани ниёгони шарафманди мост, ки бори дигар ҳамон суханони шоҳони ҳахоманишию кушониро дар катибаҳои Бесутун ва Работак ба забони ба истилоҳ «ориёӣ» доир ба шукӯҳу азамати пешиниёни мо таъйид мекунад.

Пешиниёни мо ҳамчунин бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ ва шукӯҳу азамат забони модарии моро забони аҳли биҳишт ва забони малакутӣ ба қалам овардаанд.

Чунин тавсифу озинбандии забони модариро дар осори мансур ва сурудаҳои аксари шоирони гузаштаву имрӯзаи мо метавон ба мушоҳида гирифт, ки ҳама бастагӣ ба асолат ва ҳувияти миллӣ дорад.

Расмият бахшидан ба истифодаи мафҳуми «забони тоҷикӣ» дар рӯзгори сиёсатҳои нави ҷаҳонӣ ва ибтидои садаи сарнавиштсози бист низ бастагӣ ба ҳувияти миллӣ дорад. Зеро маънои худи калимаи «тоҷик» ҳам, бо бузургию бузургворӣ, соҳибтоҷӣ ва асилзодагию наҷибзодагӣ пайванд мехӯрад.

Дар асарҳои Пешвои миллат ва Сарвари давлати тоҷикон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар ойинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» ва «Забони миллат – ҳастии миллат» (ҷилдҳои 1 ва 2) ҳам ҳамин ҳақиқати ҳампайвандии забону миллат ва роҳи пуршебу фарози тайкардаи забони модарии мо дар дарозои таърих аз забони ориёӣ то ба забони тоҷикӣ ба мушоҳида мерасад.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки забони модарии мо дар тули ҳазорсолаҳо аз забони ориёӣ то ба забони тоҷикӣ на танҳо роҳи такмилу такомул паймудааст, балки рисолати худро ба сифати муҳимтарин омили ҳастӣ ва унсури ҳувиятсоз ба ваҷҳи аҳсан идома бахшидааст.

Ҳасани СУЛТОН, - узви вобастаи АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ