14 Oct 2024
Submitted by Admin
175

«Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати оинни меҳрпарастӣ таъбир кардаанд».

Эмомалӣ Раҳмон

Меҳргон ба монанди Наврӯз агарчи дар «Авесто», ки китоби динӣ аст, ёд нашудааст, вале аз замонҳои бостонии пеш аз дини зардуштӣ, яке ҷашнҳои бузургу бошаҳомати мардумӣ буда, оинҳои марбути ин ду ҷашн бо якдигар монандиҳо доштааст. Тавре ки А.Кристенсен, М.Баҳор, Ҳ.Разӣ ва дигарон ишорат намудаанд дар замони қадим шоҳон барои шунидани доди мардум, дар ин ду ҷашн маросими борро, яъне ҳадя додан ва ҳадя гирифтанро, анҷом медоданд. Дар ҳар ду ҷашн марде чун «Пайки Хуҷаста» вориди дарбори шоҳ мешудааст ва оини хосае баргузор мегаштааст. Дар ҳар ду ҷашн дастрахони зебои пурнозу неъмате паҳн мекардаанд. Ҳар ду ҷашн шаш рӯз идома ёфта, Меҳргон низ ба мисли Наврӯз аз «Меҳргони омма» ва «Меҳргони хоса» иборат будааст. Ҳамчунин дар сарчашмаҳо ишорат шудааст, ки ҳар ду ҷашнро дар замони баъзе шоҳон то як моҳ таҷлил менамуданд. Бостонӣ будани ин ду ҷашн боз дар он аст, ки бун-ёдгузорони он ба даврони Пешдодиён расида, Наврӯзро ба Ҷамшед ва Меҳргонро ба Фаридун мансуб медонанд. Нуктаи дигари муҳимтарин он мебошад, ки Наврӯз оғози сол, баробарии шабу рӯз, дар бурҷи ҳамал буда, Меҳргон оғози нимаи дуюми сол дар тирамоҳ мебошад. Зимнан бояд ёдовар шуд, ки дар замони бостон Меҳргон оғози соли Ҳахоманишӣ буда дар тирамоҳ аз вориди Хуршед дар бурҷи мизон оғоз мешудааст. Ҳатто пажӯҳандагон ишорат менамоянд, ки дар даврони Ҳахоманишӣ ба ҷашни Меҳргон таваҷҷуҳ бештар будааст. Дар ин бора таърихнигорони Юнон ва Руми қадим ёдовар шудаанд. Шояд ин ба он вобаста аст, ки ҷойгоҳи эзади Меҳр дар он замон хеле баланд будааст.

Вожаи Меҳргон (митракона; арабиаш: меҳрҷон) аз ду ҷузъ иборат буда, онро дар луғатномаҳо чунин шарҳ додаанд: «меҳр» – муҳаббат, самимият, дӯстӣ ва «гон» – далел бар нисбат, яъне ба чизе мансуб будан аст. «Гон» одатан дар охири исми рӯз ва моҳи хуршедӣ омада, исми амшоспанд (ҷовидони муқаддас) ва фариштае аз устураҳои қадимаи мо мебошад. Мардуми ориёитабор дар замони бостон чунин рӯзеро, ки дар охири рӯзу моҳаш пасванди «гон» мегирифт, бо шукуҳи хос ҷашн мегирифтанд. Барои мисол метавон аз рӯзҳое ёд намуд, ки охирашон пасванди «гон» доранд ва мардум ба онҳо эҳтироми фавқулодда дошта, ин рӯзҳоро ба таври хос таҷлил менамуданд. Инҳо рӯзҳои обонгон, обрезгон, хурдодгон, фарвардгон, меҳргон ва ғайраҳо мебошанд, ки дар ин бора А.Деҳхудо, М.Муин ва дигарон ба таври муфассал сухан гуфтаанд. Ҳарчанд ҷашни Меҳргон дар «Авесто» ва «Ведо» дида намешавад, вале меҳр ба забони санскрит дар шакли митра [mitra], дар «Авесто» митҳра [mithra], дар паҳлавӣ [mitr] буда, ба маънои пайвандгари рӯшноӣ ва нури азалӣ омадааст. Гарчанде иддае аз муҳаққиқон дар баъзе навиштаҳои худ Меҳрро хуршед мегӯянд, вале Меҳр на фақат хуршед аст, балки дар «Авесто» яке аз эзадони устуравии бузург маҳсуб ёфта, ба он ниёгони бостонии мо ниёиш мекарданд ва аз он омурзиш мехостанд.

Тибқи ишорати Ҳ.Разӣ эзади Меҳр дар миёни қавмҳои ҷудогона ҷойгоҳи махсус дошта, ба маънии дӯстӣ, муҳаббат ва довари бузург ва адолатпарвар амал мекард ва миёни мардум ин хислатҳои башардӯстонаро талқин менамуд ва дигаронро низ ба риояи ин арзишҳои эзадӣ ҷалб месохт. Доир ба ин хусусиятҳои эзади Меҳр бостоншиносон аз минтақаи Буғозкӯй дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Хурд лавҳи гилине пайдо кардаанд, ки ба номи Капатука [kapatuka] машҳур буда, марбут ба 1400 сол пеш аз мелод мебошад. Ин лавҳ ва даҳҳо лавҳои дигар, ки аз ҷониби бостоншиносон ба даст омадааст, шаҳодат бар он медиҳанд, ки эзади Меҳр дар замонҳои пеш дар ҳаёти мардуми ҳиндуаврупоӣ ҷойгоҳи махсус доштааст.

Меҳр дар адабиёти навишторӣ низ маъмул буда, ба шакли Митро яке аз бузургтарин эзадони мардумони ҳиндуэронӣ будааст. Дар осори санскрит «Ведо» ва «Ригведо» аз он ёд шудааст. Эзади Меҳрро дар китоби «Ведо» ба маънии дӯсту ҳамдами ёрирасон маънидод намудаанд. Ин навъ далелҳо шаҳодат бар он медиҳанд, ки дар замонҳои бостон ҷашни махсусе барои ин эзад доир мегаштааст ва баъдҳо он ба Меҳргон табдил ёфтааст. Чи тавре ки дар боло ишорат рафт дар «Авесто» Меҳр яке аз бузургтарин эзад маҳсуб ёфта, доир ба он борҳо дар ин китоби муқаддас ёдоварӣ шудааст. Чунончи, дар «Меҳряшт»-и Авесто омадааст, ки Аҳура Маздо Меҳрро мисли худ мешуморад: «Аҳурамаздо ба Спитмон Зартушт гуфт: Эй Спитмон! Ба-д-он ҳангом ки ман Меҳри фарохчарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш, баробар бо худ, ки Аҳура Маздоям биофаридам».

Аз худи ҳамин ишорат маълум мешавад, ки Меҳр дар низоми бисёрэзадии даврони зардуштӣ ва пеш аз он мақоми хос дошта, барои деҳқонон ва чорводорон арзишманд будааст ва ба тарзи махсус ситоиш ёфта, одамон низ ба он меҳри беандоза доштаанд. Ҳамин пайванди Меҳр бо рӯзгори мардум буд, ки оини Меҳр ва ҷашни Меҳргон арзи ҳастӣ намояд.

Маъмулан дар бештари солҳо дар яке аз моҳҳои қадимӣ, ки «боғёдиш» ном доштааст, иди Митро баргузор мешудааст. М.Муин ба такя ба Тақизода чунин ишорат намудааст: «Исми ин моҳ аз ҳамин ид иқтибос шуда, ки моҳи иди бағ – яъне Митро – бошад (бағ дар порсии бостон усулан ба маънии мутлақи худоён буда, лекин баъдҳо ба тадриҷ ба тариқи алам ба ғалаба ба Митро атлоқ шуда) чунон ки моҳи бобулӣ муодили он, яъне ташрӣ, моҳи шамш (худои офтоб) буд ва моҳи зартуштӣ муодили он дар адвори баъд ҳамон меҳрмоҳ будааст ва ҳамчунин дар моҳҳои арманӣ, исме, ки муодили ин моҳ аст «меҳргон» ном дорад, ки зоҳиран аз исми иди Меҳргон ахз шуда, чунонки исми моҳи суғдӣ муодили он «фағкон» ба исми иди бағ (дар суғдӣ, фағ) зоҳиран асаре аз исми қадими моҳи боғёдиш аст».

Баъди пайдо шудани тасаввуроти асотирӣ доир ба Меҳр он ташаккул ёфт. Дар миёни мардум маҳбубияташ бештар гардид. Аз доираи устураӣ ба як оини мукаммали Меҳр табдил гашт. Мувофиқи баъзе сарчашмаҳои таърихӣ оини Меҳр дар замони ҳукумронии Ардашери дуввум (405-395 п.м.) ва Ардашери Севвум (395-338 пеш аз мелод) дубора роиҷ гардида будааст. Сипас тавассути кишваркушоии Ҳахоманишиён он ба кишварҳои дигар ба монанди Осиёи Хурд ва Рум густариш ёфтааст. Ба хусус сипоҳиёни румӣ ҳар кишвареро тасхир намуда, баъдан мардуми онро маҷбур мекарданд, ки ба оини Меҳр ниёиш кунанд ва рукнҳояшро риоят намоянд. Ҳамин асос шудааст, ки мардумони гуногуни кишварҳои аврупоӣ оини Меҳрро бо худоёни худ, махсусан бо худои Офтоб як бидонанд. Мувофиқи маълумоти Ҳошим Разӣ ва пажӯҳандагони дигар, ки ба таҳқиқи устураҳои қадим ва муқоисаи онҳо машғул будаанд, ҳатто Юпитер ва Зевсро юнониҳо ва румиҳо ба Меҳр монанд мекардаанд.

Аз ишораҳои мазкур маълум мегардад, ки оини Меҳр ба зиндагии мардуми Аврупо роҳ ёфта, бо тарзи хос унсурҳои гуногуни он эҳтирому ниёиш мегардидааст. Дар садаҳои аввали пеш аз мелод бошад, ба воситаи худи румиҳо оини меҳрпарастӣ ба Аврупои ғарбӣ, шимоли Африқо ва баъдтар дар атрофи Баҳри Сиёҳ, Осиёи Хурд паҳн гашта, бо шаклҳои мухталиф густариш пайдо карда будааст.

Дар садаи чоруми мелодӣ кишвари Рум дар Константинопол дини масеҳиро пазируфта, аз оини Меҳр даст мекашад. Вале баъзе унсурҳо ва рукнҳои онро нигоҳ дошта, дар дини масеҳӣ бо тарзу мазмуни нав ҷойгузин менамояд. Сипас бо мурури замон суннатҳои оини Меҳр ба оини месеҳият табдил меёбанд. Ҳатто се рӯзи пас аз таваллуди Хуршедро, ки ба 22 декабр (шаби ялдо) рост меояд, ба 25 декабр наздик сохта, онро шаби таваллуди Исои Масеҳ эълон намуданд ва ба ин санаи асотирию бостонӣ ҷанбаи қадимию таърихӣ ворид намуданд. Ҳамин зоиши Хуршедро дар Олмон «sonntang», дар Англия «sunday» меноманд. Пажӯҳандагони устурашинос бар он назаранд, ки Рум рӯзи таваллуди Митро – хуршеди шикастнопазир, яъне «Sol-Invictus» таваллуди Митро аст ва онро «sol-Natalis Invictus» низ мегӯянд. Аммо калисои масеҳиён зодрӯзи Хуршедро ба таври расмӣ ба таваллуди Исои Масеҳ табдил дод. Ҳолон ки пажӯҳанда Ф.Кумонт (F.Cumont) бовар дорад, ки дар Рум таваллуди Митро ин ҳамон ҷашни Меҳргон аст. Ин гуна трансформатсияи рамзҳову улгуҳои асотирӣ, ки аз як макон ба макони дигар, аз як оин ба оини дигар, аз як шахсият ба шахсияти дигар гузаштаанд, дар устрашиносӣ ва осори фолклорӣ ниҳоят зиёд буда, қадимияти ин арзишҳои мутақаддимро бори дигар исбот менамоянд.

Бешак, дар миёни қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла тоҷикон, эҳтиром ба эзади Меҳр роиҷ гардида буд ва тайи садсолаҳо ҷойгоҳи парсатишӣ дошт ва мардум онро ситоиш карда, рукнҳои ин оинро риоя ва иҷро мекарданд. Ба ин ҷиҳат то ҳол мардуми Эрони имрӯза зодрӯзи Меҳрро, ки ба шаби дарозтарин – 22 декабр (шаби ялдо) рост меояд, ёд мекунанд. Ба гуфти баъзе пажӯҳандагон шояд ҳамин ҷашн бо мурури замон ба ҷашни Меҳргон табдил шуда бошад.

Аксари пажӯҳандагон бар ин назаранд, ки Меҳргон ба монанди Наврӯз ҷашни муҳим буда, ба бардоштани самари кишту кор, натиҷаи ҷамъоварии ҳосил ва баракати кишоварзӣ марбут мебошад. Пажӯҳандагон эзади Меҳрро бо Меҳргон пайванд медонанд.

Меҳрдоди Баҳор дар асоси сарчашмаҳои бостонӣ ишорат бар он кардааст, ки Меҳргон ин ҷашни хеле бостонии пеш аз зардуштӣ, ҳатто пеш аз ориёии ниёгони мо буда, собиқаи Байнаннаҳрайнӣ дорад. Ба гуфти эшон Меҳргон низ ба монанди Наврӯз «ба наҳве бо баракат марбут аст».

Ҳамин тавр Меҳргон низ ба монанди аксари оинҳо ва ҷашнҳои бостонии ниёгон чун Наврӯз, Ялдо ва Сада бо зиндагии мардум, тақвими кишоварзӣ, мушоҳидаҳои одамон бар табиат, тасаввуроти инсон нисбати ҳаркати офтобу моҳу замин, баракати зиндагӣ, ҷамъоварии самари кори кишоварзон ва монанди ин пайванди ногусастанӣ дорад.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

Академики АМИТ

Равшан Раҳмонӣ - сарходими илмии шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0
No votes yet

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ