Сообщение об ошибке

Notice: Undefined variable: layout_width в функции include() (строка 18 в файле /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
04 Oct 2025
Submitted by Admin
67

Забон сармояи зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии қавму миллат аст. Ин сармояи бебаҳоро вай дар тули ҳазорсолаҳо барои нигоҳ доштани ҳувияташ, захоири маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаи зеҳнияш андухта, нигаҳ дошта, дар эҷоди фикрию ҳунариаш афзуда, то ба ин рӯз овардааст.

Забони куҳанбунёди мо собиқаи таърихии беш аз 2,500 сола дорад ва дар тули таърих ҷабру фишори зиёде кашидааст: охирин даврони форсии бостон ба давраи шоҳони Ҳахоманишӣ ба миёнаҳои қарни чаҳоруми пеш аз мелод рост меояд ва то аввалин намунаи осори форсии миёнаи нимаи дувуми асри I пеш аз мелод аз ин сохтори қадима чизе боқӣ намондааст. Давраи тасаллути юнониён бар Эрон ва дар тули ҳукумати Сулукиён то замони рӯйи кор омадани Ашкониён, забони форсии тоҷикӣ чӣ дигаргунӣ ва таҳаввулотеро аз сар гузаронид, ба гӯшаи норушани таърих мондааст. Аз ин рӯ, дигаргунӣ ва таҳаввули забон дар ин марҳала, қариб дар ду асри фосилаи замонӣ, дар гӯшаи торикӣ мондааст ва ин ду асрро муҳаққиқон «ҳалқаи гумшуда» ва «даврони торик номидаанд». Давраи дувум – форсии миёна пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шуруъ шуда, бо марҳалаи куҳантарин шавоҳиди форсии нав анҷом меёбад.

Давраи сеюм – забони форсии нав пас аз футуҳоти мусулмонон ва сарнагун шудани хонадони Сосониён рӯй дод. Муҳимтарин чизе, ки бар асари ин рӯйдод зоҳир гардид, ғайбати муваққатии забони порсӣ дар асрҳои VӀӀ – ӀХ аз доираи илму адаб ва сиёсат буд ва ин ғайбатро муҳаққиқон “ду қарни сукут” номидаанд. Ғайбати муваққатии забони форсӣ гарчи аз саҳнаи илм ва адаб ин забонро аз сайри такомули худ боздошт, вале ин амр ҳаргиз боиси ғайбати ин забон аз саҳнаи бузургтар ва нерумандтар, яъне аз саҳнаи зиндагии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дур нагардид.

Асрҳои IХ-Х замони ташаккулёбии забони порсии дарӣ ба ҳайси забони адабии кишвари паҳновари Эронзамин буд. Донишманди маъруф Хонларӣ ривоҷу густариши забони порсии дариро дар марҳилаҳои аввали инкишоф чунин менигорад: “Наҳзате, ки дар замони фармонравоии шоҳони Сомонӣ барои тарвиҷ ва ба кор бурдани забони форсӣ ба ҷойи тозӣ оғоз шуд, бо суръати тамом вусъат ёфт, то он ҷо ки андаке баъд, дар рӯзгори Ғазнавиён, форсии дарӣ забони адабии кишвар шуд”.

Ин забони куҳанбунёд замоне дар Ғарб то кишварҳои Балкан, дар Шарқ – аз Хуросону Мовароуннаҳр то Ҳинду навоҳии Тсин-зияни Чину Туркияи Усмонӣ интишор ва нуфуз дошта, ба расмият шинохта шуда буд. Дар замони Темуриён сарзамини бузурги Ҳинд ба маркази фарҳангӣ ва рушди нави забони форсӣ табдил ёфт ва чанд қарн форсӣ забони расмиву давлатдорӣ дар ин кишвар буд. Маҳз дар Ҳиндустон бештар аз ду ҳазор луғату фарҳангномаҳои форсӣ таълиф шуданд, ки бо интишори “Фарҳанги Низом” дар соли 1921 ин анъана дар Ҳиндустон аз байн рафт. Ҳайҳот, ки пас аз омадани англисҳо забони форсӣ дар як минтақаи бузург аз истифода бозмонд. Вазъи фоҷиабори фарҳангӣ ин аст, ки ганҷинаи азими илмию фарҳангӣ ва адабии андухта дар ин сарзаминҳо бесоҳиб монд.

Дар охири асри ХIХ забони форсии тоҷикӣ дар аморати Бухоро забони расмии давлатӣ, дар хонигарии Қӯқанд тақрибан баробар тоҷикию ӯзбекӣ ва дар Хоразм аз ҳаштод фисад боло забони туркӣ буд. Аз ин ҷо маълум аст, ки дар тули дувуним ҳазор сол забони мо ҳамчун мавҷуди зиндаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста ба ҷунбишҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва қавмӣ, ки натиҷаи ҳаводиси бузурги сиёсӣ мебошанд, сайри ба худ хоссе доштааст.

Алҳол ҳаминро бигӯем, ки дар як сад соли охир дар баъзе кишварҳо бо амри сиёсӣ ва ба тариқи қонунӣ забони форсӣ аз мақоми расмию давлатии истифода ба пойин фуроварда шуд. Ин ҷараёни танг кардан ва маҳдуд гардонидани забони форсӣ, акнун бо иловаи тоҷикӣ дар кишварҳои маскуни соҳибони ин забон ба шиддат идома дорад. Дур нест, ки агар ганҷинаи адабӣ дар ин кишварҳо аз Рӯдакӣ ба баъд ба вуҷуд омадаро соҳибону созандагонашон пушти сар намоянд ва тақдири он чи дар Ҳинд бо илму фарҳанг ба забони форсӣ рӯй дод, ба сари инҳо ҳам биёяд.

Дар саросари Осиёи Миёна ва Афғонистон дар асри ХӀХ ҳар касе забони форсиро забони модарии худ медонист, худро тоҷик мешинохт. Ба ин маънӣ забон як навъ шиносномаи қавмию нажодии тоҷикон буду ҳаст. Дар он ҷое, ки бо гузашти замон ва ҳаводиси ногувор, инчунин тағйири таносуби нажодию қавмӣ ба суқути забони форсӣ ва лаҳҷаҳои маҳаллии он оварда расонд, нишонаи тоҷикӣ ва мавҷудияти тоҷик боқӣ намонд. Дар даврони нав дар бисёр мавзеъҳои Осиёи Миёна иҷборан ё бо зарурати сиёсию иҷтимоӣ шинохти тоҷиконро на аз рӯйи авсофи этникию забонӣ, балки тибқи мавқеи сиёсӣ ва фузунию бартарии дигар қавмҳо ба миён оварданд. Дар натиҷа забон аз мавқеи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ бар канор монд ва соҳибони он ба макони сукути таърихӣ афтоданд. Чунин вазъи фоҷиаборро дар кишвари ҳамсоя дар он сӯйи руди Ому, ки қариб нисфи ҷамъияти онро мардуми тоҷиктабор ташкил медиҳад, мушоҳида мекунем, яъне вазъияти забони онҳо рӯ ба харобӣ оварда ва касе ҷуръату ёрои садо баланд кардан ҳам надорад.

Забони имрӯзаи тоҷикии Тоҷикистон минбари забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Ӯзбекистон аст ва ба қавле “дар ҳадду сарҳадшиносии ҷаҳон, сарҳадди тоҷик забони тоҷик аст”. Дар таҳқиқи рушди имрӯзаи забони тоҷикӣ намояндагони ҳамаи тоҷикони кишварҳои мазкур дирӯзу имрӯз ширкат доштанд ва доранд. Забони китобии имрӯзаи тоҷикиро Садриддин Айнӣ, Деҳотию Зеҳнию Раҳим Ҳошим ва даҳҳо намоянда аз Самарқанду Бухоро ва ҳатто Лоҳутию Ализода ва Баҳром Сирус барин касон ва дигарон бунёд гузоштаанд.

Ҳамзамон бо касби истиқлоли кишвар мавқеи забони тоҷикӣ ба зинаи бартар расида, мақоми давлатиро соҳиб шуд. Истиқлоли давлатӣ, яъне истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию забонӣ аст. Истиқлоли давлатӣ боис шуд, ки дар кишвари мо – Тоҷикистон, рӯзи забон ва Қонуни забон бо қарори Ҳукумат ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин шудаанд. Мавқеи забони миллӣ дар даврони истиқлол устувор ва аз банди фишору маҳдудият раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни ҶТ дар бораи забон, “забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ”-и кишвар истифода мешавад. Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати ҶТ бештар шуда, қонунҳои мутааддид дар бораи рушду устуворӣ ва дар амал татбиқ кардани забони давлатӣ қабул шудаанд.

Аз сӯйи дигар, дар ҳоли ташаккул наёфтани гӯйиши ягонаи наздик ба забони адабӣ (забони меъёр) тамоюли такя кардан ва рӯй овардан ба гӯйиши маҳаллӣ ва ҳатто дар пайи баъзе равияҳои гуфтории ҳамзабонони бурунмарзии мо рафтан вусъат меёбад. Чунин ҳолати забон баъзе ноҳинҷориҳо дар гуфтору навиштор ба вуҷуд меорад.

Ёдовар мешавем, ки забони ҳазорсолаи мо забони илмӣ ва фарҳангӣ аст ва забони гуфтору навиштори имрӯза бояд ба фарогири ҳамон қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ ғановат ёфта, ҳусну зебоӣ ва умқи маънӣ бигирад. Содагии омиёнаи забон ишора ба гусастагӣ аз суннатҳои илмӣ ва фарҳангии забонӣ медиҳад ва барои гӯшу ҳуш гуворо нест. Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯйиши ом аз боло ба поён, дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ лозим аст.

Дар раванди ҷаҳонишавӣ ва фазои бози иттилоотӣ садди роҳи вуруди сели луғоти бегона шудан хеле мушкил аст. Мафҳумҳо ҳамроҳ бо номҳояшон шуруъ карда аз молу колои бозор, то техникаву технологияи навин, номи мафҳумҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва мафҳуму истилоҳоти илмӣ вориди ҷомеа ва рӯзгори мо мешаванд. Сарвари давлат перомуни покизагии забон, қайд намуданд: “зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”. Ҳукумат ва идораҳои зирабти он, бахусус Кумитаи забон ва истилоҳот, Институти забон ва адабиёт, олимони соҳаҳои мухталиф барои ба танзим даровардани луғоту истилоҳоти наву бегона тамоми чораҳои заруриро андешида истодаанд, аммо пешорӯи раванди босуръати рушди илму техника, муомилоти иҷтимоиву фарҳангӣ ва афзоиши коммуникатсия истодагарӣ кардан ва зери назорат гирифитан ва ба низом даровардани ин ҳама тағйироту табаддулот дар таркиби луғавии забон кори чандон саҳл нест. Моро зарур аст, тамоми ин луғотро дар якҷоягӣ бо тамоми ниҳодҳои дахлдор ба танзим дарорем. Сарвари давлат дуруст қайд карданд, ки “Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад”.

Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни номатлуб ва басо нороҳаткунанда ва нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва ба назари беътиноӣ ба забони давлатӣ менигаранд. Ҷиҳати аламангезу ҳузновари ин қазия дар он аст, ки пастии маданияти фикрию фарҳангии забон доман паҳн кардааст. Вакте ки аз ҷониби афроде забони тоҷикӣ аз назари маънавият, аркони суннатӣ, муносибат ба мероси гузашта беарзиш гардонида шуд, пас чӣ гуна метавон аз ин гуна афрод шахсияти комили ҳувияти миллӣ дошта ва меҳандӯсту фарҳангпарварро интизор буд.

Ходимони илмии Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакӣ ҳам дар роҳи рушду такмили забони давлатӣ кору фаъолияти босамар мекунанд. Аз ҷумла дар соли 2023 забоншиносони Институт ҷилдҳои 3-6 «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ», ҷилди дувуми «Фарҳанги русӣ-тоҷикӣ»-ро мураттаб гардонидаанд. Ходимони илмии Институт истилоҳоти илмии давраи бостон ва миёнаи забонро гирдоварӣ ва тафсир карда, сипас онро дар шакли комил бо иловаи истилоҳоти марҳилаи аввали забони адабӣ ба чоп омода хоҳанд кард. Инчунин “Фарҳанги гӯйиши ҷанубии шарқӣ” дар шакли мусаввада гирдоварӣ ва тадвин шудааст.

Сарвари давлат дар мулоқоти рӯзи 27-уми сентябр соли 2022 ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи давлатии забонҳои хориҷии Тоҷикистон зарурати таҳияи луғати якҷиладаи забони тоҷикиро қайд намуда буданд, ки ин пешниҳоди Сарвари давлатро кормандони институт дастгирӣ намуда, фарҳанги тафсирии якҷилдаи забони тоҷикиро ба чоп омода карданд. Умед аст, ки ин фарҳанг бо теъдоди зиёд интишор ёфта, дар рӯйи мизи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ қарор гирад. Инчунин дар мулоқот бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар соли 2021 Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “грамматикае, ки чил-панҷоҳ сол пеш навишта шуда буд, ҷавобгӯи талаботи илм ва ҷомеаи имрӯзаи мо нест”, бинобар ин Институт лоиҳаи илмии панҷсоларо барои таҳияи грамматикаи академии забони тоҷикӣ омада намуда, аз соли 2025 бо ҷалби мутахассисони варзидаи ҷумҳурӣ ба навиштани он оғоз мекунад. Гузашта аз ин, омӯзишу пажуҳиши забонҳои бостон боиси таҳкими забони муосири тоҷикӣ хоҳад буд, зеро гуфтаанд, “то реша дар об аст, умеди самаре ҳаст”. Дар Институт ба омӯзиши забонҳои бостон таваҷҷуҳи махсус дода, шуруъ аз соли 2025 дар лоиҳаи 5-солаи илмӣ дар мавзуи “Таҳқиқи диахронӣ ва синхронии забонҳои ориёӣ” ба пажуҳишҳои илмӣ дар ин замина мепардозанд.

Забон муҳимтарин унсури фарҳангии миллат буда, монанди дигар аносири фарҳангӣ, дар навбати аввал, такмилу тақвият ва ба ҳимояти соҳибони худ ниёз дорад. Умед аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ин асоси ҳувияти миллии хешро дар мақоми шоиста нигаҳ хоҳад дошт.

Фарангис Шарифзода - директори Институти забон ва адабиёти АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ