16 Mar 2026
Submitted by Admin
28

Ғарти сари гул йкта

Тавуши булбул йкта

Ғарти парай марғ дамта

Суғдӣ мени ид та

Сари Сол аво виротей!

Нава мет аво виротей!

Дараи Яғноб байни силсилакӯҳҳои Зарафшон (аз шимол) ва силсилакӯҳҳои Ҳисор (аз ҷануб) қарор дорад. Забони мардуми Яғноб забони яғнобӣ (суғдии нав) буда, ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ дохил мешавад.

Мардуми Яғноб дар қадим бо мардумони соири сарзаминҳои ҳамҷавораш танҳо дар фасли гармо имконпазир мегашт. Бинобар ҳамин яғнобиён то ҷое дар инзиво қарор доштанд ва ҳанӯз ҳам чунин аст. Ин масъала боис шудааст, ки забони қадимаи мардум ин ҷо ҳифз шавад. Инчунин бисёре аз суннатҳои ниёкони худро то имрӯз нигоҳ доранд, ки яке аз онҳо ҷашни Наврӯз аст.

Дар ин мақола бархе аз вижагиҳои баргузории Наврӯз, ки бо номи «сари сол» низ ёд мешавад, баррасӣ мегардад.

Идибарон (idiyi varak). Даҳ-понздаҳ рӯз пеш аз Наврӯз дар хонавода хонаву ҳавлии худро тоза намуда, деворҳои дохили хонаро бо хоки махсус сафед мекунанд, чунки дар Яғноб гаҷ мавҷуд нест. Пас аз он хешону пайвандони худро (духтар, хоҳар, хола, амма…) ба меҳмонӣ даъват мекунанд. Ҳудуди се рӯз пеш аз Наврӯз аз хонаи падар ба хонаи духтар ё хоҳар, хулоса соири хешовандони наздик кулчаҳои наврӯзӣ, ки аз қаймоқу шир, маскаву орд омода шудааст, ба унвони ҳадяи наврӯзӣ мебаранд. Ин маросими idiyi varak «идӣ бурдан» ном дорад.

Шахсе, ки идӣ мебарад, аз тарафи хешони худ ба унвони меҳмони олиқадр пазируфта мешавад ва ба ин муносибат барои мардуми деҳа зиёфате ороста, қисме аз он кулчаҳои идонаро рӯйи дастархон мениҳанд. Субҳи рӯзи дигар меҳмон ба хонаи худ бармегардад. Инчунин идӣ бурдан маънои даъват карданро дорад. Ҳадаф аз ин маросим ин аст, ки бо ҳам дар гирди як дастархон Соли навро истиқбол гиранд.

Оташдони наврӯзӣ. Дар остонаи ҷашни Наврӯз дар ҳар хонавода ҳаталимкон як оташдони наврӯзӣ барои омода кардани ғизоҳои наврӯзӣ аз қабили «кочӣ, суманак, кашк, далда» ва ғайраҳо мемонанд.

Байни мардуми Яғноб бештар кашк маъмул аст, ки онро бонувон-занҳо мепазанд, ки таҳияи он чунин аст:

Аввал дар зарфе, ки «карсон» ном дорад, гандум рехта, бо оби гарм онро тар мекунанд ва онро дар ҳован (ӯғурак) мекӯбанд. Пас аз он, ки пӯсти гандум ҷудо шуд, онро дар табақе рехта бод дода, пӯф мекунанд, то пӯстҳои ҷудошуда дур шаванд. Дубора гандумро ба ҳован андохта мекӯбанд, то мисли биринҷ сафед шавад, пас ба дег рехта, бо обу гӯшт як ду соат меҷӯшонанд, то нимпухта шавад. Баъди нимпухта шудан онро аз дег гирифта ба кӯза мерезанд. Маъмулан бонувон дар ду кӯза кашк мепазанд: дар яке кашкро бо обу гӯшт ва дар дигаре бо ширу гӯшт.

Кӯзаҳоро дар қури оташ «чалма» мегузоранд ва то субҳ кашк оҳиста-оҳиста ҷӯшида мепазад. Бонувон то субҳ бо чӯби махсусе, ки «тирак» ном дорад, даруни кӯзаҳоро мекобанд, то ки таги кӯзаҳо насӯзад. Субҳи зуд, ки кашк омода шуд, кадбонуҳо интизори омадан ва табрикоти наврӯзии бачаҳо мешаванд, то онҳо аз ин ғизо бичашанд.

Табрикоти бачаҳо. Субҳи зуд писарон ва духтарон сару либосҳои нав ё тоза ба бар карда ва халтачаҳое, ки махсус барои анҷоми маросими наврӯзӣ дӯхта шудаанд, бо худ гирифта барои табрики хонаводаҳо ҷое ҷамъ мешаванд. Онҳо якеро аз байни худ сардор ва роҳбалад интихоб карда, чӯберо, ки дар нӯгаш сабзаи навруста дорад, ба дасти ӯ медиҳанд. Роҳбалад чӯбро ба даст гирифта, боло мебардорад. Писарону духтарон дар гирди ӯ саф мекашанд ва байти зайлро хонда, ба роҳ медароянд:

Inur idi met ast, pullāt šād vant!

Iki ruγani kulčašint tifarant āzād vant!

Имрӯз рӯзи ид аст, бачаҳо шод шаванд!

Яктоӣ равғанӣ кулчашон диҳанл озод шаванд!

Дар болои боми хонаҳои Яғноб равзанаи махсусе ба баландии 70-90 сантиметр мавҷуд аст, ки кадбонуҳо субҳ надамида пеш аз омадани бачаҳо, аз ғизои наврӯзии худ як коса кашкро гирифта ба болои ба болои бом мебароянд ва дар се тарафи равзана як миқдор-як миқдор кашк мерезанд, ки дар ин маврид яғнобиҳо мегӯянд: Ин барои (саҳми) аккаҳо аст.

Вақте бачаҳо ба табрикот меоянд, ба болои бом мебароянду назди равзан рафта гирду атрофии онро аз назар мегузаронанд. Агар атрофи равзан кашк гузошта шуда бошад, бачаҳо мефаҳманд, ки ғизои наврӯзӣ омода аст. Пас аз он яке аз бачаҳо сари худро дохили равзан намуда, ҳамроҳ бо бачаҳои дигар мегӯянд:

Sālāmadi sāli naw nubārak vāt!

Kulčai ruγanivu daldai baguštam mebād!

Омадани Соли нав муборак бошад!

Кулчаи равғаниву далдаи багӯштам мебояд!

Пас аз шунидани ин суханҳо кадбону аз даруни хона мегӯяд: nek vāt!, nek vāt!, nek vāt!,-«нек бошад!» ва пас аз се маротиба «нек бошад»-гуфтан чумчаи калони чӯбиро аз дохили равзан ба болои бом мепартояд ва аз бачаҳо мепурсад, ки чумча рӯ ба боло афтод ё парӯ. Ин суннати чумчапартоӣ се маротиба такрор мешавад. Агар қошуқ рӯ ба боло афтода бошад, сол соли нек ва сериву пурӣ ва комёбӣ хоҳад буд. Агар парӯ афтад, барои кишоварзон соли нокомӣ ё бебарору хушксолӣ хоҳад буд.

Пас аз шунидани посухи бачаҳо кадбону ба ҳар кадоми онҳо як коса кашки бо гӯшт ё бо шир ва як кулча, ки дар рӯи он маска гузошта шудааст, медиҳанд. Ҳамин тавр, бачаҳо тамоми хонаводаҳои деҳаи худро табрик мекунанд ва бо халтаҳои пур ба хонаҳояшон бармегарданд.

Зимни бозгашт ба хона бачаҳо аз ҳар калонсоле, ки дар масири роҳ вохӯрад, ҳадя (идона) талаб мекунанд ва калонсолон низ аз онҳо тақозо мекунанд, ки барояшон шеъри наврӯзӣ бихонанд. Ҳар бачае яке аз ин ашъори наврӯзиро мехонад:

Наврӯз шуд ёрон,

Ман хурдтаракам нодон.

Лек дар талаби илмам,

Рӯзӣ бидиҳад субҳон.

Наврӯзи нав баланд аст,

Гулҳо мисоли қанд аст.

Бобо, бидеҳ ду танга,

Устози мо лаванд аст.

Бояд зикр кард, ки дар канори ин ашъори тоҷикӣ бо забони яғнобӣ низ хонда мешавад, ки намунае аз онҳо чунин аст:

Nava sāl nubārak vāt!

Čumča partāw čungak vāt!

Živar tifar sinčāwak,

Kumākaiišt māmāyk?

Či pullāti napiraxsām

Axtit ušttār man γārak/

Nawa sāl nubārak vāt!

Čumča partāw čungak vāt!

Соли Нав муборак бошад!

Чумча бипарто рост (рӯ ба боло) бошад!

Биёр, ба мо бидеҳ кулча,

Дар куҷостӣ момояк?

Аз бачаҳо пас намонам,

Онҳо истода ба ман нигоҳ доранд.

Соли нав муборак бошад!

Чумча бипарто, ростак бошад!

Идгоҳи наврӯзии мардон. Мардони деҳ дар макони баргузории ҷашн, ки «идгоҳ» ном дорад, дар вақти муайян ҷамъ мешаванд. Ҳар касе бо худ як табақ, як кӯмочи гарм, тоза (нав) аз танӯр гирифта шудааст ва вазнаш ҳудудан 10-12 кило аст (албатта ин ба ҳунари кадбону вобастагӣ дорад), ҳамчунин як миқдор равғани зард ё маска меоварад. Пас аз ин ки ҳама-аҳли деҳ гирд омаданд, яке аз пирони рӯзгордидаро садри ҷашн интихоб мекунанд, ки вай яке аз сураҳои Қуръонро қироат намуда ва дасти дуо бармедорад. Сипас чанд нафар ба омода кардани ғизои наврӯзӣ, ки бо номи «чанголӣ» ёд мешавад, оғоз менамоянд.

Аввал кӯмочҳои гармро ба табақҳо реза намуда, болои он ширу равған мерезанд ва бо чангол ё чумчаи чӯбӣ омехта мекунанд. Пас аз омода шудани чанголӣ як нафар ғизои табақҳоро ба як зарфи калон рехта ва бо қошуқи калони чӯбӣ, ки «кафлес» ном дорад, омехта мекунанд.

Ин амал маънии рамзӣ дорад, яъне ҳадаф аз бо ҳам омехта кардани чанголии табақҳо, ки ҳар яке аз хонаводае мебошад, ин аст, ки нону намаки тамоми хонаводаҳо бо ҳам бишавад, то мардум аз он чашида, тамоми сол бо ҳам дӯсту бародар бошанд. Дӯстиву рафоқати аҳли деҳ бо чашидани нону намаки ҳамдигар боз ҳам мустаҳкамтар ва қавитар гардад. Бесабаб нест, ки дар уруфият гӯянд: «Вақте нону намаки касеро хӯрдед, бояд онро то чил сол пос дошт».

То омода гаштани ғизои наврӯзӣ хурду бузург ба идгоҳ ҳозир мешаванд ва садри ҷашн ҳозиронро ба гирди хони наврӯзӣ даъват мекунад. Садри ҷашн чанголиро ба табақҳову лаълиҳо мекашад ва мизбонон зарфҳои чанголиро ба пеши меҳмонон мегузоранд. Қисме аз он ғизо ба сурати лундашуда ба бачаҳо дода мешавад ва боқӣ ба хонаводаи касоне фиристода мешавад, ки бо сабаби беморӣ ё мусофират ва хидмати сарбозӣ дар ҷашн хузур надошта бошанд. Аз ин ғизо набояд касе аз аҳли деҳ бенасиб бимонад.

Дар поёни ин маросим домулло сураҳоеро аз Қуръон қироат карда, ҳамагонро табрик менамояд ва барои кишоварзон кишту кори бобарор ва пурбаракатро орзу мекунад.

Сайфиддин Мирзоев, н.и.ф., сарходими шуъбаи забони тоҷикии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

Баҳодиҳии муҳтаво : 
0%

ПАМЯТНИКИ

СТАТЬИ